17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 163

Амалиёти вежаи КДАМ дар Язгулом ва саркӯби сокинон

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар водии Язгуломи Вилояти Мухтри Кӯҳистони Бадахшон амалиети вежа гузаронидист.

Рӯзи сешанбе, 21-уми майи соли ҷорӣ як манбаъ дар тамос бо Azda tv гуфт, ки амалиёт дақиқ маълум нест дар бораи чист, чун то ба ҳол ҳукумат онро иҷро накарда аст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, рӯзи 16-уми май кормандони КДАМ аз қишлоқи Жамаг ҳудуди 18-20 нафар ҷавононро бо иттиҳоми номаълум боздошт карда, ба Душанбе интиқол додаанд. Ва то ҳол дар бораи макон ва сабаби боздошти онҳо мақомот чизе нугфтаанд.

Кормандони амният як нафарро ба исми Хоҷаев Аслиддин ба дасташ завлона заданд ва макони кадом силоҳеро аз вай талаб карданд, вале дар роҳ ҳамон корманди амният ва Аслиддин аз баландӣ ба дарёи Язгулом меафтанд, баъдан ҳам Аслиддин ва ҳам корманди амниятро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд. Аз зинда ва ё мурда будани ин ду нафар касе маълумот надорад.“, мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи сокинон, мақомоти амниятии Тоҷикистон шахсиятҳои баобрӯ ва чеҳраҳои мардумии ин водиро “шикастан” мехоҳанд, то мардум дар гирди онҳо ҷамъ нашаванд. Аз ҷумла, “як нафар бо номи Лайлиев Дилбаршоро, ки тоза аз Русия омада буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар байни язгуломиҳо аст, ӯро бо фарзандаш дар қатори дигарон ба Душанбе интиқол доданд.” Манбаъ таъкид мекунад, ки мақсади кормандони КДАМ “шикастани чунин ҷавонмардҳо аст.”

Манбаъ инчунин афзуд: “Рӯзи 18-05-2024 боз ҳам бо туҳмати навбатӣ ба қавле 13 ва ба қавли дигар 15 нафарро аз қишлоқи Андарбаг ҳамсояқишлоқи Жамаги водии Язгулом барои аз “мясорубка” гузарондан ба Душанбе интиқол доданд.

Ҳамчунин як манбаи дигари сокини Язгулом ба Azda tv ин боздоштҳоро тасдиқ кард ва афзуд, яке аз наздиконашро, ки чанде пеш ба Душанбе омада буд, гӯё зери кадом наворе дар Ютуб “лайк” мондааст, боздошт карданд ва то ҳол пайвандонаш намедонанд барои чӣ боздошт шудааст ва дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Шикояти сокинони Язгулом аз фишору боздошти ҷавонони ин водии ВМКБ дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри як баёния аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон хост, то ҳодисаҳои хунини моҳи майи соли 2022-ро, ки дар ҳамин вилоят, ба хусус дар Хоруғу Рӯшон рух дода буд, ба ёд оранд ва аз мақомоти кишвар посухгӯйиро талаб кунанд.

Ин созмони байналмилалӣ дар ин баёнияи худ гуфта аст, ки эътирозҳо рӯзи 16-уми майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо талаби қатъи таъқибу зулми сокинони маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба таври осоишта оғоз шуда буданд, вале мақомот онро ба шиддат саркӯб кард.

Таҳдиди Толибон алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон

0

Баъд аз он ки парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ”-ро қабул, ва “ҳиҷоби исломӣ”-ро моли “фарҳанги бегона” донист, Толибон аз тоҷикон хостанд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро сарнагун кунанд.

Абдулҳамид Хуросонӣ, яке аз қумандоҳои тоҷиктабори Афғонистон, ки дар тӯли беш аз ду соли ахир изҳороти ҷанҷолӣ ва баҳсбарангези зиёде доштааст, дар тозатарин изҳороти худ хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ман ба унвони як тоҷик шарм мекунам, ки туро тоҷик бугӯям!”

Абдулҳамид Хуросонӣ мегӯяд, бархе кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон ҳангоми дар Узбекистон қарор доштанаш бо ӯ мулоқот карда, аз вай хостаанд, ки дар баробари гирифтани пул дасти кам чор нафар аз тоҷикистониҳое, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, ба қатл бирасонад, вале ӯ ба онҳо ҷавоби рад додааст.

Инчунин вай хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон дар идома таъкид кардааст, ки “ту ба мардуми Тоҷикистон хиёнату ҷиноят кардӣ, ту дар Тоҷикистон ба ҷуз тарвиҷи фаҳшо ва беҳаёӣ, на дар рушди иқтисод, ва на дар рушди ободӣ ҳеч хидмате накардаӣ.”

Ҳамзамон ин намояндаи Толибон дар хитоб ба ҷавонони тоҷикистонӣ афзуда, “касоне, ки ошкорона дар муқобили Худову Расул ва шаъоири исломӣ душманӣ мекунанд, дар муқобили онҳо ошкоро қиём кунанд” ва аз ҳеч гуна қонун ва муҷозоте ҳарос надошта бошанд.

Пеш аз ин 8-уми майи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода Лоиҳаи нави таҳриру такмил ва тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ”-ро ба вакилони парлумон шарҳ дода буд.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, табқи тарҳи нав “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо”-ро манъ кардааст.

Инчунин раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросми миллии Тоҷикистон дар ҳузури вакилон гуфта буд, ки бар асоси тағйиру иловаҳои ҷадид “дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Вай сабаби чунин тасмимро “тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон” номида, иддао кардааст, ки дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”.

Ҳар чанд намояндаҳои сиёсии Ҳукумати муваққати Аморати исломӣ тайи се соли ахир борҳо эълон кардаанд, ки ҳеч кишвари ҳамсояи Афғонистон набояд аз самти Толибон эҳсоси хатар кунад, аммо ин изҳороти таҳдидомези ахири Абдулҳамид Хуросонӣ, ки бо бисёр алфози ракик алайҳи Президенти Тоҷикистон ва ҳукумати он мавзеъгирӣ намуда, мардумро ба сарнагун кардани ҳукумати вай даъват кардааст, камсобиқа мебошад.

Суди олии Тоҷикистон Ҳаракати Толибони Афғонистонро як созмони террористӣ медонад ва бар асоси қарори ҳамин додгоҳ ҳама гуна ҳамкории шаҳрвандони Тоҷикистон ва тарғиби мафкураи идеологии Толибон дар байни тоҷикистониҳо ҷурм шинохта мешавад. Аммо, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон худи Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳҳои мухталиф бо онҳон ҳамкорӣ мекунад ва солона миллионҳо киловатсоат нерӯи барқ ҳам ба онҳо мефурӯшад.

Гуфта мешавад, баҳси “идгардак”-и кӯдакон чанд сол боз дар Тоҷикистон доғ боқӣ мемонад ва бори охир ин масъала дар аввали моҳи апрели имсол баъди расонаӣ шудани як номаи Вазорати маориф ба мактабҳои кишвар бештар доғ шуд.

Раҳматилло Зоиров даргузашт

0

Собиқ раиси Ҳизби соатсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ дар пайи бемории тӯлонӣ дар синни 67-солагӣ аз дунё даргузашт.

Наздикони Зоиров ба расонаҳо гуфтаанд, ки ӯ чанд соли ахир хонашин шуда буд ва бо касе, ҳатто хешу табор ҳам рафту омад надошт.

Ҷанозаи ӯ рӯзи шанбе бо ҳузури андеке аз хешу табор ва дӯстонаш баргузор шуд. Шоҳидон мегӯянд, касе аз мақомоти давлатӣ барои таслият ба хонаи ӯ нарафтаст.

Зоиров дар гузашта устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикитон буд дар мақомҳои давлатӣ низ кор кардааст. Аз ҷумла ӯ аз соли 2001 то 2003 мушовири калони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд, вале баъдтар бо ташкили ҳизбаш аз мақоми давлатӣ истеъфо дод.

Ӯ солҳои ахир борҳо аз фишори мақомот болои ҳизбаш ва шахси худаш шикоят карда буд. Ва чанд маротиба ҳам аз ҷониби шахсони номаълум мавриди латтукӯб қарор гирифт, ки онро кори дасти мақомот медонист.

Ёдовар мешавем, ки се сол қабл, дар таърихи 26-уми майи соли 2021 Раҳматилло Зоиров, баъд аз 20 соли раҳбарияш дар Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз ин мақом истеъфо дод. Ба ҷойи ӯ Қиёмиддин Азизов раиси нав интихоб шуд. Аммо муовинони Зоиров аз таъйин шудани Азизов ба мақоми раиси ҳизб изҳори норозигӣ намуда, онро бархилофи оинномаи ҳизб дониста буданд.

HRW аз шарикони Тоҷикистон хост ҳодисаҳои хунин дар Бадахшонро фаромӯш накунанд

0

Бо гузашти ду сол аз эътирозҳои моҳи май дар Бадахшон ва кушта шудани даҳҳо сокини маҳаллӣ дар ин вилоят ҳамоно касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри як баёния аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон хостааст, то ҳодисаҳои хунини моҳи майи соли 2022-ро дар Хоруғу Рӯшон ба ёд оранд ва аз мақомоти кишвар посухгӯйиро талаб кунанд.

Дар ин баёния, ки рӯзи 16-уми май нашр шудааст, гуфта мешавад, ки эътирозҳо рӯзи 16-уми майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо талаби қатъи таъқибу зулми сокинони маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба таври осоишта оғоз шуда буданд.

Аммо пулис бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар эътирозгаронро пароканда карду даҳҳо сокинони маҳаллиро кушт ва беш аз дусад эътирозгарро худсарона боздошту шиканҷа ва дар мурофиаҳои пушти дарҳои баста равонаи зиндон карданд.

Cийнат Султоналиева, намояндаи Human Rights Watch мегӯяд, ки барои саркӯби эътирозгарон, ки мақомот онро “амалиёти зиддитеррористӣ” номиданд, касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. 

Дар ин баёния инчунин гуфта мешавад, ҳадди ақал шаш фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҳуқуқи помириҳо ҳимоят мекарданд, аз ҷумла, Улфатоним Мамадшоева, рӯзноманигори 67-солаи мустақил ва ҳомии ҳуқуқ ва Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Сийнат Султоналиева мегӯяд, пас аз ин ҳодиса садҳо созмон баста шуда, пайравони Исмоилия аз гузоштани намоз дар хонаҳояшон маҳрум гардиданд.

Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки вокунишҳои байналмилалӣ ба ин буҳрон нисбатан суст шуда, моҳи июли соли 2022 Парлумони Аврупо ва моҳи декабри соли 2022 гузоришгари вежаи СММ оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар Мэри Лоулор аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки ҳодисаҳои хунин дар ВМКБ-ро тафтиш кунанд. Аммо ба гуфтаи хонум Султоналиева чизи бештаре лозим аст.

Ҳамзамон дар баёнияи HRW гуфта шудааст, ки бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи даст доштани Тоҷикистон дар саркӯбҳои фаромилӣ, нишонаҳое аз ҳамкориҳои амниятӣ миёни бархе аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия бо Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва шарикони байналмилалии Тоҷикистон воқеаҳои моҳи майи соли 2022 дар Хоруғро ба ёд оварда, аз мақомоти Тоҷикистон посухгӯйиро талаб мекунанд.

Паёми таслияти Раҳмон ва мухолифин ба мардуми Эрон

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи изҳори тасаллӣ ба Алии Хомании, Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, ҳамдардии худро ба мардуми Эрон баён кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 20-уми майи соли 2024, Президенти Тоҷикистон дар ин номаи худ ба Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, ки “хабари даргузашти фоҷеавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон, таъкид кардааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем” ва ҳамзамон “ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.”

Ҳамзамон Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷ бо нашри изҳороте ба раҳбарият ва марудми Эрон таслият гуфтааст. Дар изҳороти ПМТ чунин омадааст: “Паймони Миллии Тоҷикистон аз ба вуқуъ пайвастани ин ҳодисаи нохуш, ки дар натиҷаи он раисҷумҳур, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мақомдорони Эрон қурбон шуданд хеле андӯҳгин шуда ба хонаводаи мӯҳтарами қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда ба онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.

Инчунин ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ бо нашри изҳороте дар сомонаи худ даргузашти Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонашро ба мардуми Эрон таслият гуфтааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимиро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми Эрон ва наздикони даргузаштагон баён медорад. Мо аз даргузашти Иброҳими Раиси ва ҳамроҳонаш, бисёр андӯҳгин ва мутаассирем. Дар ин фоҷеаи бузург мо ба аҳли хонавода, азизон ва мардуми Эрон ғамшарикем.“, омадааст дар изҳороти ин гурӯҳи сиёсии мухолифони тоҷик.

Бар асоси манобеи мақомоти расмии Эрон ва расонаҳои ин кишвар чархболи ҳомили Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳангоми парвоз ба самти Табрез дар минтақаи Варзақон бар асари шароити нохуби боду ҳаво суқут кардааст ва аз зуҳри дирӯз то соатҳое аз шаб ҷутстуҷӯҳо идома дошт ва дар ниҳоят ҳайти имдодгарон ба сахтӣ ба ҷои суқути чархбол расиданд ва субҳи имрӯз мақомоти эронӣ ба сурати расмӣ хабари вафоти онҳоро эълон карданд.

Дар вақти сонеҳа ҳамроҳи раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ инчунин Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Молик Раҳматӣ, устондори Табрез, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Оли Ҳошим, имомҷумъаи Тарбез, раиси ягони ҳифозати раисҷумҳур ва халабонҳо ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 19-уми май Иброҳим Раисӣ дар сафари якрӯза ба устони Озарбойҷони Шарқӣ бо Илҳом Алиев, президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дидор карда, сарбанди “Қизқалъаси”-ро, ки бо ҳамкории ду кишвар бар рӯдхонаи марзии Орас сохта шуда буд, ифтитоҳ карда буданд.

Раисҷумҳур ва вазири хориҷаи Эрон ба ҳалокат расиданд

0

Рӯзи 19-уми май бар асари суқути чархбол Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Амир Абдуллоҳиён ба ҳалокат расиданд.

Ба иттиллои хабаргузории давлатии Эрон “Тасним”, чархболи Иброҳим Раисӣ зуҳри рӯзи якшанбе дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи сарбанди “Қизқалъаси” ба Табрез дар минтақаи Варзақони Озарбойҷони Шарқӣ дучори сонеҳа шуд.

Ба иттилои манбаъ, чархбол бар асари шароити нохубу боду ҳаво суқут кардааст ва аз зуҳри дирӯз то соатҳое аз шаб ҷутстуҷӯҳо идома дошт ва дар ниҳоят ҳайти имдодгарон ба сахтӣ ба ҷои суқути чархбол расиданд.

Гуфта мешавад, ҳамроҳи Иброҳим Раисӣ инчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Молик Раҳматӣ, устондори Табрез, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Оли Ҳошим, имомҷумъаи Тарбез, раиси ягони ҳифозати раисҷумҳур ва халабонҳо ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 19-уми май Иброҳим Раисӣ дар сафари якрӯза ба Озарбойҷони Шарқӣ бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дидор карда, сарбанди “Қизқалъаси”-ро, ки бо ҳамкории ду кишвар бар рӯдхонаи марзии Орас сохта шуда буд, ифтитоҳ карднд.

Пас аз ҷон бохтани Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон расонаҳои ин кишвар гузориш доданд, ки то замони баргузории интихоботи президентӣ Муҳаммад Мухбир, муовини аввали ӯ “бо мувофиқати раҳбаоӣ” салоҳият ва масъулиятҳои Раисиро бар уҳда мегирад. Гуфта мешавад, интихоб шудани Муҳаммад Мухбир ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи президенти Эрон бар асоси моддаи 131-и Қонуни асосии ин кишвар анҷом шудааст.

Ёдовра мешавем, ки Иброҳим Раисӣ соли 2021 дар интихоботи президентӣ ширкат кард ва бо гирифтани аксари ороъ, раисҷумҳури Эрон интихоб шуд. Ӯ қаблан соли 2017 дар интихобот ширкат ва бо Ҳасан Руҳонӣ рақобат карда буд, вале шикаст хӯрд.

Раисӣ соли 1960 дар Машҳад ба дунё омада, оиладор соҳиби ду фарзанд аст. Ӯ аз соли 1980 дар мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла дар мақомҳои додситону додрас кор кардааст. Вай аз соли 2014 то соли 2019 додситони кулли Эрон ва дар соли 2019 раҳбарии ниҳодҳои қазоии ин кишварро бар дӯш дошт.

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

0

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо “рейд” гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шудааст, ки дида мешавад, дар назди даромадгоҳи як беморхон чанде аз кормандони давлат ва кормандони беморхона занҳои ҳиҷобдорро медоранд ва онҳоро маҷбур месозанд, ки рӯймолҳои худро аз сарашон бигиранд, агар нагиранд 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ин корманди давлатӣ, ки шувияташ маълум нест, дар хитоб ба занҳои ҳиҷобпӯше, ки намехоҳанд рӯймолҳояшон гирифта шавад, мегӯяд, “Ман ҳоло туро акс мегирам, туро боздошт карда, 3500 сомонӣ ҷарима мекунанд.” Вале он зане, ки намехоҳад рӯймолаш гирифта шавад, ин корманд бо ғазаб мегӯяд: “Бгир аз сарат, ҳамин чӣ фоида дорад ба худат?”

Ин кормандони давлатие, ки дар назди дари бемористонҳо истодаанд, далели корашонро фармони мақомот мегӯянд, ки барои “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” қабул кардаанд.

Дигарбора сатргирии иҷборӣ аз сари занҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле шиддат гирифта, ки рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ парлумони кишвар ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид кард. Аз ҷумла, тибқи қонуни нав, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо”-ро манъ кардааст.

Аксар коршиносон мегӯянд, танзими либоси шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти тоҷик мисли чанд соли қабл боз нафрати мардумро ба ҳукумат бештар карда, сафи мухолифонро зиёд мекунд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” танҳо шакл ва либосҳои исломиро дар мегирад ва ба он навъ либосҳои нимурён, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ҳеч наздикӣ надоранд, коре гирифта намешавад.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

0

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Сӯиқасд ба ҷони Роберт Фитсо замоне рух дод, ки сарвазир баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе ва пас аз хуруҷ аз як нишасти ҳукуматӣ ба назди сокинони маҳаллӣ баромада буд ва дар ин ҳолат як марди ношинос ба ӯ чанд тир холӣ кард.

Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷои ҳодиса нашр шудааст, дида мешавад, ки посбонҳои амниятӣ Фитсои маҷруҳро ба мошин савор мекунанд ва пулис ҳамлагарро дар ҳол боздошт мекунад. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, сарвазир аз меъдааш тирхӯрдааст.

Расонаҳои ҷаҳон дар бораи вазъи саломатии ӯ гузоришҳои зиддунақиз нашр кардаанд. Гуфта мешавад, Фитсои 59-сола беш аз се соат ҷарроҳӣ шуда, вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешавад ва табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Словакия Матус Сутай Эсток ба хабарнигорон гуфта, ки “Вазъи саломатии сарвазир вазнин аст, ҷони ӯ дар хатар аст ва ӯ то ҳол дар утоқи ҷарроҳӣ қарор дорад”.

Аммо дар ҳамин ҳол ВВС аз қавли муовини нахуствазири Словакия Томаш Тараба хабар дод, ки тадобири пизишкон муваффақ буда, ҳаёти сарвазирро хатаре таҳдид намекунад. “Амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузашт. Ман фикр мекунам, ки ӯ дар ниҳоят зинда мемонад. Айни замон ҳаёти ӯ дар хатар нест.”-гуфт Тараба.

Мақомоти давлатии Словакия ҳувияти муҳоҷимро фош накардаанд, аммо расонаҳои ин кишвар бо такя ба манобеи худ навиштаанд, ки ҳамлагар як марди аз 50-сола боло, шоир, нависанда ва фаъоли сиёсӣ буда, шаҳрванди ҳамин кишвар аст.

Расонаҳои Словакия ҳамчунин хабар доданд, ки гумонбар муассиси яке аз маҳфилҳои адабии ин кишвар буда, фаъоли ҳизби либералии оппозисиюнии Словакия мебошад.

Мақомот ангезаи ин сӯиқасдро ба масоили сиёсӣ марбут медонанд. Ва аз наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маълум аст, ки худи муҳоҷим пас аз боздошт мегӯяд, ки Фитсоро ба далели розӣ набудан аз сиёсатҳои ҳукуматаш паррондааст.

Дар пайи ҳамла ба ҷони сарвазири Словакия кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ вокуниш карданд. Аз ҷумла, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико онро маҳкум карда, аз омодагии кишвараш барои кумак хабар дод. Ҳамзамон Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ гуфта, ки “ин ҷинояти ваҳшиёнаро ҳеҷ гуна сафед кардан мумкин нест.” Путин дар барқияи таслиятишя ӯро “марди қавӣ ва ҷасур” номидааст.

Сарвазири Словакия Роберт Фитсо бо мухолифати сахти худ аз ирсоли кумакҳои таслиҳотӣ ба Украина маъруф буд ва ӯ аз ин сиёсати Амрико ва Аврупо пуштибонӣ намекард. Ӯ мегӯяд, имрсоли силоҳ ба Украина танҳо хунрезиро зиёд мекунад.

Роберт Фитсо аз соли 2006 то ин дам сарвазири Словакия аст. Бори охир тирамоҳи соли гузашта барои бори чорум сарвазири ин кишвар интихоб шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

0

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

16-уми майи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мурофиаи навбатии чор зодаи Тоҷикистон, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола баргузор гардид.

Мақомоти Русия ин афродро бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ (“банди “б”, қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия) гумонбар медонанд. Тибқи ин модда ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бо қарори додгоҳ ин афрод то 22-уми августи соли 2024 дар ҳабс хоҳанд монд, аммо сабаби барои 3 моҳи дигар дароз кардани ҳабси пешакии онҳо маълум нест.

Инчунин гуфта нашуда, ки гумонбарон пас аз судури ин қарор вокунише кардаанд ё не, аммо дар наворҳо дида мешавад, ки сари ҳамаашон хам асту хеле ошуфта ва хаста ба назар мерасанд ва чунин менамояд, мӯи сари онҳо бар асари шиканҷа бо даст чинда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт. Хадамоти амнияти федералии Русия иддао дорад, ки хадамоти махсуси Украина низ дар ин ҳамла даст дорад, аммо мақомоти Украина онро рад карданд.

Дар пайи ин ҳодиса чандин зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, боздошт шуданд.

Мақомоти рус ин чор зодаи Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар дар “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд.

Ҳатто Владимири Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо мақомдоронаш гуфт, ки сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд “аз реша дигар шавад” ва ба онҳо супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд ва ВКД-и Русия низ тарҳи нави қонунеро пешниҳод, кардааст, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро сахттар хоҳад кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

0

Дар Тоҷикистон “идгардак”-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.

Бино ба иттилои нашрияи Садои Мардум, рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар ҳузури вакилони парлумони кишвар дар бораи таҳриру такмил ва тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” гуфтааст.

Тибқи тарҳи нави ин қонун ва ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, “дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Раиси Кумитаи дини кишвар сабаби чунин тасмимро “тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон” номида, иддао кардааст, ки дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”.

Бояд гуфт, баҳси “идгардак”-и кӯдакон чанд сол боз дар Тоҷикистон доғ боқӣ мемонад ва бори охир ин масъала дар аввали моҳи апрели имсол баъди расонаӣ шудани як номаи Вазорати маориф ба мактабҳои кишвар бештар доғ шуд.

Ин ниҳод бо ирсоли дархосте ба боғчаву мактаб ва ҳатто донишгоҳҳо аз омӯзгорон ва падару модарон талаб кардааст, ки рӯзи Иди Рамазон пеши роҳи “идгардак”-и фарзандон ва донишомӯзонро бигиранд, дар акси ҳол то 600 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ҳамчунин тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо”-ро манъ кардааст.

Сулаймон Давлатзода шарҳ надод, ки дар қонуни мазкур дар бораи кадом навъи либосҳо гап меравад, аммо чанде пеш сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар хабар дода буданд, ки кормандони мақомот дар кӯчаву мағозаҳо ва ҳатто дохили нақлиёти ҷамъиятӣ даромада, занони сатрпӯш ва мардони ришдорро бидуни фаҳмондан ва пешниҳоди қарору дастуре маҷбур кардаанд, ки сатрро аз сарашон бигиранд ва ришашонро битарошанд.

Бояд гуфт, аввалин шуда мисли манъи “идгардак”-и кӯдакону донишомӯзон, Вазорати маорифи кишвар бо қароре пӯшидани сатр ва гузоштани ришро манъ карда буд ва пас аз он инак чанд сол мешавад мақомдорони тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои кишвар “рейд” мегузаронанд.

Инчунин дар тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдудиятҳо дар гузаронидани тӯйи домодию арӯсӣ ва хатнаи кӯдакон ҷорӣ шуда, дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими тӯҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст.

Сулаймон Давлатзода мегӯяд бар ивази гузаронидани тую маърака барои ҳочиён беҳтараш мардум ба корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо машғул шаванд.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки агар мардум роҳҳоро таъмир кунанду иншооти иҷтимоӣ созанд, ҳукумат чӣ кор мекунад?