13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 164

Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа мепайвандад

0

Тоҷикистон қасд дорад дар моҳи майи соли ҷорӣ ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа бипайвандад. Дар ин бора расонаҳои узбекистонӣ хабар медиҳанд.

Вазири энергетикаи Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов зимни нишасти “Ҳафтаи энергетикӣ”, ки имрӯзҳо дар Тошкант ҷараён дорад, гуфт: “Дар ин моҳ мо нақша дорем, ки Тоҷикистонро ба шабакаи умумии худ – ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст кунем.

Ба иттилои Мирзомаҳмудов, кишварҳои Осиёи Марказӣ пайвастани Тоҷикистонро ба ин низоми ягона мунтазир буданд ва онро хӯш пазируфтанд.

Бояд гуфт, ки “шабакаи ягонаи энергетикӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1960, вақте ки тамоми кишварҳои минтақа зери давлати Шӯравӣ буданд, ба вуҷуд омада буд. Ин низоми ягона имкон медод, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба қувваи барқ ва талабот ба об дар давраи обёрӣ мувозинат карда шавад. Маркази аслии он дар Тошкант буд ва аз онҷо назорат карда мешуд. Дар соли 2009 бо сабабҳои гуногун, ин низоми ягонаи энергетикӣ аз кор боз монд, вале интиқоли барқ дар асоси шартномаҳои дуҷониба идома ёфт. Ва инак пас аз 10 сол кишрваҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтанд, ки онро дубора эҷод кунанд.”

Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин кишвар моҳи апрели соли 2024 ба низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ мепайвандад.

Гуфта мешавад, Узбакистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон қасд доранд, ки низоми энергетикии кишварҳояшонро муттаҳид созанд, то ба Аврупо нерӯи барқи “сабз” содир кунанд.

Манбаъ: Podrobno.uz

Ихроҷи 10 муҳоҷири тоҷик аз Русия

0

Мақомоти Русия аз Славянск-на-Кубании вилояти Краснодар 10 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар пайи тафтиши як хона муайян шудааст, ки ин муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар баробари ихроҷ аз Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бояд 2000 рублӣ ҷарима супоранд.

Гуфта мешавад, чанд моҳи охир “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия бештар шуда, дар аксар ҳолат муҳоҷирони тоҷик тафтиш ва аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Афзоиши мавҷи нави муҳоҷират ба Олмон

0

Ба иттилои мақомоти Олмон, рӯзона то 700 паноҳҷӯи ҷадид ба ин кишвар ворид мешавад.

Тибқи иттилио расмии Идораи муҳоҷирати Олмон, аз аввали соли ҷорӣ беш 100 ҳазор паноҳҷӯи ҷадид вориди хоки ин кишвар шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон ин рақам афзоиш меёбад.

Идораи Федероли муҳоҷират ва паноҳандагон (BAMF) омори ҷадидеро ироа кардааст, ки бар асоси он, дар ҳоли ҳозир рӯзона 700 паноҳҷӯи ҷадид ба Олмон меоянд. Дар омор гуфта мешавад, ки аз аввали моҳи январ то поёни моҳи апрели соли ҷорӣ ин идора 84 ҳазору 984 дархости аввалияи паноҳандагӣ дарёфт кардааст.

Масъулини Идораи муҳоҷирати ин кишвар мегӯянд, то охири моҳи майи соли ҷорӣ эҳтимол шумори паноҳҷӯён аз марзи 100 ҳазор хоҳад гузашт.

Дар омор гуфта мешавад, аз ин шумора 26 ҳазору 193 нафар аз Сурия, 13 ҳазору 11 нафар аз Афғонистон, 11 ҳазору 789 нафар аз Туркия 3 ҳазору 685 нафар аз Ироқ будаанд.

Тибқи ин омор, аз шумораи умумии паноҳандагони ҷадид беш аз 11 ҳазораш кӯдакони поёни 4-сола ҳастанд ва ҳудуди 71,6% онҳо камтар аз 30 сол умр доранд.

Мақомоти кишварҳои аврупоӣ солҳои ахир қавонини худро нисбати қабули муҳоҷирон тағйир дода, раванди таҳқиқи парвандаҳоро аз 6 моҳ ба 3 моҳ ва ҳатто камтар аз он поён овардаанд. Ва инчунин дар ин авохир шумори ихроҷи муҳоҷирон аз кишварҳои аврупоӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.

Писари Маҳмадсаид Убайдуллоев барканор шуд

0

Имрӯз, 14-уми май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амре Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаидро аз мақомаш барканор кард.

Амирҷон Маҳмадсаид, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумони кишвар, аз моҳи январи соли 2019 то ин дам дар мақоми мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури иқтисодӣ кор мекард.

Писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз соли 2014 ҳамчун муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президент кор кардааст ва қабл аз он намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул буд.

Дар амри Президент сабаби барканории Амриҷон “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст. Аммо то ҳанӯз маълум нест ӯ ба кадом мақоми давлатӣ таъйин шудааст. Ва ҳамчунин маълум нест кӣ ба вазифаи ӯ таъйин шудааст.

Ҳабси пешакии ронандаи автобус

0

Додгоҳи Санкт-Петербург ронандаи автобусеро, ки рӯзи 10-уми май ба дарёи “Мойка” сарозер шуд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, нисбати Раҳматшоҳ Қурбонов бо иттиҳоми “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст”, парванда боз шуда, ба ӯ то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ аз қурбониён ва наздиконашон узр хоста, гуфтааст, ки аз кор баромадани тормоз боиси ин садама гашт.

Дар наворҳое ҳам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки Раҳматшоҳ талош дорад автобусро боз дорад, автобус ба ду мошин бархӯрда, ба дасти рост мегардад ва деворро шикаста ба дарё сарозер мешавад.

Дар ҳамин ҳол ширкати “Такси”, ки Қурбонов дар он ба ҳайси ронандаи автобус кор мекард, иддао дорад, ки автобус пеш аз баромадан ба роҳ дар ҳолати хуб қарор дошт ва ронанда низ пас аз истироҳат ба кор баромадааст.

Аммо ҳамсари Қурбонов ба шабакаи телевизионии «78» гуфт, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса шавҳараш қариб як рӯз кор карда, баъд аз он ӯ ҳамагӣ панҷ соат пеш хоб карда, боз ба кор баромадааст.

Гуфта мешавад, нисбати ҶДММ “Такси” низ аз рӯи моддаи пешниҳоди хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт Петербурги Русия як автобуси ҳомили 20 мусофир ба дарёи “Мойка” сарозер шуд, ки дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор доранд.

Ронандаи ин автобус Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола зодаи Тоҷикистон буда, шаҳрвандии Русияро дорад ва ҳамроҳи зану се фарзандаш дар ин кишвар зиндагӣ мекунад.

Пас аз боздошти Қурбонов, Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ӯ як парвандаи дигари ҷиноӣ бо иттиҳоми сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ, боз кардааст. Назари худи Қурбонов дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

USCIRF: Бар зидди Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ карда шавад!

0

Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ аз мақомоти кишварарш хоста, ки алайҳи бархе мақомодорон ва ниҳодҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунанд.

Ин созмони байналмилалӣ дар гузориши ахири худ вазъи диндорӣ ва озодиҳои динӣ дар ҷаҳонро давоми соли 2023 арзёбӣ карда, хулосаи онро аввали моҳи майи соли ҷорӣ нашр кардааст. Ин созмон Тоҷикистонро дар гурӯҳи “кишварҳои нигаронкунандаи хос” ва поймолкунандагони ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон шомил кардааст.

Дар гузориши ин созмон таъкид шуда, ки кишварҳои Бирма, Чин, Куба, Эритрея, Эрон, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳуқуқи озодии динӣ ва эътиқодии шаҳрвандонашонро ба атври ҷиддӣ нақз мекунанд.

Соли 2023 шароити озодии дин дар Тоҷикистон вазнин боқӣ мемонад, зеро ҳукумат маҳдуд сохтани ҳуқуқҳои динӣ ва ҷазо додани фаъолонро, аз ҷумла онҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд идома медод.“, омадааст дар гузориш.

Муаллифон таъкид мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон таълими динӣ, воридот ва паҳнкунии адабиёти диниро маҳдуд карда, шаҳрвандонро ба хотири иҷрои ин амалҳо зиндонӣ мекунад. Ва инчунин гуфта мешавад, дар мавриди бақайдгирии масҷидҳо ва таъйини рӯҳониёни мусалмон маҳал ва шинос будан нақши асосиро мебозад.

Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ мегӯяд, “мисли солҳои пеш, ҳукумати Тоҷикистон афроде, ки қонуни динро вайрон карданд, онҳоро бо ҳабс, шиканҷа, ҷарима ва таъқиб ҷазо медиҳад.

Дар гузориш низ қайд шуда, ки мақомоти тоҷик дар соли 2023 болои пайравони мазҳаби Исмоилӣ ва “Шоҳидони Яҳво” фишор овард ва ин фишорҳо сол ба сол шадидтар мешаванд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро, ки бар пояи динӣ таъсис шудааст, бо баҳонаи интиқод аз шахси Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ “ифротгаро” хонда, барои саркӯби аъзоёнаш даст ба фишору таъқибҳои зиёд зад. “Ҳатто онҳоеро, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, ба Тоҷикистон бармегардонад ва зиндонӣ мекунад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2023 ҳукумати Олмон Абдулло Шамсиддин, писари яке аз масъулини баландпояи ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон ихроҷ кард ва ӯ дар он ҷо ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.”

Ҳамчунин гузоришгарон аз зӯран бастани масҷидҳо ҳангоми нарафтани сарбозон ба артиш дар вилояти Суғд ва дигар манотиқи кишвар ёдовар шудаанд.

Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ ба Вазорати корҳои хории кишвараш тавсия дода, ки ба Тоҷикистон фишор оварда шавад, то дар “Қонуни дин ва озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон” ислоҳот ворид кунад ва инчунин омӯзиши динӣ дар мактабҳо ҷорӣ шавад. Ҳамзамон ба ин вазорат тавсия дода, ки болои Тоҷикистон фишор биёрад, то “онҳоеро, ки барои фаъолияти осоиштаи динӣ ё мансубияти динӣ зиндонӣ шудаанд, фавран раҳо кунад”.

Яке аз тавсияҳои асосии ин созмони амрикоӣ ба мақомоти кишвараш ин аст, ки бар зидди он идора ва мансабдорони Тоҷикистон, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, таҳримҳои мақсаднок ҷорӣ кунад.

То ҳанӯз вокуниши мақомоти тоҷик вобаста ба ин гузориш дастарс нест. Аммо дар вокуниш ба гузоришҳои қаблӣ Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта буд, ки на “ҳама арзёбиҳои ин ниҳоди амрикоӣ баёнгари воқеият ҳастанд.”

Фишор болои модари Бахтовар Ҷумъаев

0

Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои пайвандонаш хабар дод.

Ба қавли Ҷумъаев, субҳи рӯзи 9-уми май кормандони мақомот модарашро ба 6-ум отдели ВКД дар ш. Панҷакент бурдаанд ва ӯро то ҳол онҷо нигоҳ медоранд.

Ин ҳомии ҳуқиқи муҳоҷирон мегӯяд, тамоми пайвандонашро номнавис доранд ва ҳатто аз мақомот гуфтаанд “падару модарро ҳам аз пушти фарзанд ҳабс карда истодаанд”.

Бахтовар дар саҳфаи фейсбукиаш навиштааст: “Бо чунин афрод аз номусу қонун сухан гуфтанд ҳайф аст. Мардум худ қазоват кунед, аз мову инҳо ки ифротгаро аст? То ба кай ин бесаробонӣ давом мекунад? Чаро ақалан як касе нест, ки камтар имону виҷдон дошта бошад ва лаҷоми инҳоро кашад?! Охир дар куҷо рост меояд, фарзанде, ки даҳаи чаҳорумаш рафта истодааст, 2 маълумоти олӣ дорад, аз пушти ӯ волидайн ё хешу ақрабо ҷавобгар бошанду дар зери таҳқиру тавҳини чунин афрод монанд?”.

Мақомоти тоҷик аз пайвандони Бахтовар хостаанд, ки омада бахшиш пурсад ва ӯро мебахшанд.

Аммо ин ҳуқуқшиноси ҷавон мепурсад, ки “Охир аз кадом гуноҳи кардаам ва аз ки бахшиш пурсам? Магар ин қадар вазне, ки болои мардуми мо, имрӯз омадаст, бас набуд, ки шумо боз зам карда истодаед? Моро дар ҳама ҷо радди маърака карданд, ҳатто қазоқҳо…. ба худ савол надодед “чаро”? Камтар ба худ оед.”.

Инчунин ӯ гуфтааст, ки бо сабабҳои урзнок хоки Русияро ҳоло тарк карда наметавонад ва хеле вақт шуд, ки дар “даҳон об гирифта” гашта буд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД-и шаҳри Панҷакент алайҳи Бахтовар Ҷумъаев, ки дар гузашта бо Иззат Амон дар “Маркази Тоҷикон”-и Русия кор кардааст, бо моддаи 307 қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд. Он замон Бахтовар аз айбномаи мақомоти интизомии Панҷакент изҳори норозигӣ карда буд.

Пештар аз ин фаъолон ва мухолифони тоҷик аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои хонаводаҳояшон шикоят карда буданд. Вале мақомот ҳечгоҳ сабаби чунин рафторашонро бо хонаводаҳои мухолифон расман шарҳ намедиҳанд. 

Ҳалокати 3 нафар дар пайи сарозер шудани автобус ба дарё

0

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як автобус бо 20 мусофир ба дарёи “Мойка” сарозер шуд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки автобус дар аввал ба ду мошин бархӯрда, ба дасти рост мегардад ва деворро шикаста ба об сарозер мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар пайи ин щодиса 3 нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҳоло дар ҳолати “марги болинӣ” ва ду нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор доранд.

Ронандаи автобус, ки аз ӯ Раҳматшоҳ Қурбонов ном мебаранд, аз ҷониби пулис боздошт шуда, дар бемористон қарор дорад. Маълум нест Раҳматшоҳ зодаи кадом кишвар аст, аммо гуфта мешавад, ки ӯ 44 сол дошта, дар ширкати “Такси” кор мекардааст.

Гуфта мешавад, Кумитаи тафтишоти Русия дар пайи ин ҳодиса нисбати ронанда парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

То ҳол сабаби асосии ба садама дучор шудани автобус маълум нест, аммо тибқи фарзияи пешакӣ, ронандаи автобус кӯшиш кардааст, ки аз бархӯрд ҷилавгирӣ кунад ва дар натиҷаи як талоши бебарор автобус бо мусофирон ба об сарозер шудааст.

Дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ бардошта шуд

0

Ширкати “Барқи Тоҷик” аз қатъи маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар кишвар хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, дигар мардум 24 соат барқ доранд.

Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, масъули тавзеъи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта, ки “шуруъ аз 7 май тамоми маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар кишвар лағв шудааст.”

Ин масъули барқрасонии кишвар таъкид карда, ки “Аҳолии кишвар ҳоло шабонарӯзӣ 24 соат барқ дастрас мекунанд ва ҳеҷ гуна маҳдудият ё лимите вуҷуд надорад.”

Вале мардум дигар чиз мегӯянд. Имрӯз, 10-уми май бархе аз сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, рӯзона барқ доранд, аммо аз тарафи шаб чанд соат барқ қатъ мешавад. Ва бархе дигар гуфтанд, рӯзона ҳам чанд соате барқ надоранд.

Раҳматзода таъкид карда, ки маҳдудияти барқ дар сартосари кишвар бардошта шудааст ва аммо сабаби қатъи барқро дар баъзе ноҳияҳо ва ҳатто дар беъзе нуқоти пойтахти кишвар ба “мушкилоти техникӣ ва корҳои таъмиркунӣ” марбут донистааст.

Имсол маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ бештар давом карда, дар сармои сахти зимистон қариб, ки аҳолии кишвар бебарқ буданд. То онҷо, ки ба сабаби ин маҳдудиятҳои зиёд ва сармои сахт наздики 20 нафар бар асари дуди ангишт ҷон бохтанд, ки аксарашон кӯдакони ноболиғ буданд,

Ҳалокати шаҳрвандон дар пайи истифодаи ангишт ҳангоми сармои сахти охири моҳи феврал ва аввали моҳи март дар камтар аз ду ҳафта дар чор ҳодисаи ҷудогона рух дод, вале мақомот ин фоҷеаҳоро ба бебарқӣ марбут надонистанд ва масъулияти онҳоро ҳам ба дӯш нагирифтанд.

Бо вуҷуди шикояти зиёди корбарон масъулони ҳукумати кишвар ҳатто сабаби барқхомушкунии сартосариро ҳам шарҳ надоданд. Мсъулони “Барқи Тоҷик” пайваста таъкид мекарданд, ки дар кишвар, бахусус дар шаҳри Душанбе “лимит” ҷорӣ накардаанд ва қатъи барқ ба камшавии об дар обанборҳо рабт дорад.

Мулоқоти Эмомалӣ ва Путин дар Маскав

0

9-уми майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз иштирок дар ҷашни бахшида ба 79-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи Кремлин, Путин дар мулоқот аз раиcҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович ном бурда, аз ӯ барои иштирокаш дар ҷашни “Рӯзи Ғалаба” ва ҳамдардияш пас аз ҳодисаи хунини “Крокуси Сити Ҳолл” изҳори сипос кардааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот аз рушди муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла дар бахши иқтисод ва ҳамкории Хадамоти махсуси онҳо барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои умумӣ (терроризм) ёдовра шуданд.

Ҳамзамон Путин қайд карда, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва кишвараш аз ҷиҳати муомилоти мол ҷои якумро ишғол мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар посух аз Путин барои даъваташ ба Маскав изҳори сипос карда, Русияро шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон дониста, таъкид кардааст, ки Душанбе ин мавқеашро тағйир доданӣ нест ва бе овардани ҷузъиёт гуфт, ки “душманон мехоҳанд, бо роҳҳои гуногун моро ҷанҷол андозанду пароканда кунанд”.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон мисол зад, ки пойгоҳи калонтарини низомии Русия берун аз қаламраваш маҳз дар Тоҷикистон аст ва ӯ давоми ин солҳо мавқеашро дигар накардааст ва дигар карданӣ нест.

Раҳмонов дар ин мулоқот аз муҳоҷирони кории тоҷик ёдовар шуда, танҳо гуфт, ки “ин мавзуъ барои мо ҳассос ва яке аз масъалаҳои асосӣ аст.”

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба Путин гуфт, ки “муносибати манро бо фарҳаг, таърих ва забони Русия ва дар умум дар масъалаи эътимоди шахсиямон медонад. Барои ҳамин мо дар ҷаҳони мутамаддин зиндагӣ кардан мехоҳем. Маскав, Русия ҳамеша маркази тамаддуни дунявӣ дар фазои пасошуравӣ буд ва фикр кунам мемонад.”

Бояд гуфт, ин аввалин сафари Раҳмон ба Русия пас аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосии он зодагони Тоҷикистонанд, мебошад.

Ва ин сафар ҳам дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар ин кишвар рӯз ба рӯз бадтар шуда, фишору тафтиш ва ихроҷи бедалели онҳо афзоиш ёфтааст. Пештар расонаҳо аз банд мондани ҳазорҳо зодаи Тоҷикистон дар фурӯдгоҳҳо ва марзҳои Русия хабарҳо дода буданд.

Муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия изҳори умедворӣ мекунанд, ки пас аз ин мулоқот муносибати мақомоти кишвари мизбон бо онҳо беҳтар мешавад, аммо тағйири вазъиятро вақт нишон хоҳад дод.