10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 165

Боздошти 17 муҳоҷир дар Варшава

0

Кормандони нерӯҳои марзбонии Лаҳистон (Полша) дар шаҳри Варшава ва гирду атрофи он 17 нафарро бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубоши ин кишвар боздошт карданд.

Мақомоти марзбонии Лаҳистон бе овардани номе иттилоъ додааст, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Гурҷистон, Ироқ, Туркманистон, Ветнам ва Ҳиндустон мебошанд.

Бино ба иттилои марзбонӣ, ҳамаи боздоштшудаҳо ҳаққи иқомаи қонунӣ дар Лаҳистонро надошта, 8 нафарашон қарореро, ки онҳоро водор месозад, то ин кишварро тарк кунанд, иҷро накардаанд.

Боқӣ нафарони дигар раводиди беэътибор доштанд ва ё аз мақомоти ин кишвар ба онҳо иҷозати иқомати муваққатӣ дода нашудааст. Гуфта мешавад, дар миёни боздоштшудаҳо нафароне низ ҳастанд, ки ғайриқонунӣ марзро убур карда, аз Олмон ва Литва вориди Лаҳистон шудаанд.

Инчунин як шаҳрвандии Гурҷистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ду шаҳрванди Ветнам, ки яке дар баробари доштани будубоши ғайриқонунӣ ҷаримаашро пардохт накарда будааст ва дувумӣ барои дағалона рафтор кардан бо корманди Нерӯҳои марзбонӣ боздошт шудаанд.

Мақомоти Лаҳистон нисбати аксари боздоштшудаҳо, барои тарки хоки Лаҳистон қарор қабул карда, ду нафарро ба маркази хориҷиён ва чор нафарри дигарро ба ҳабс гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистон дар Лаҳистон барои вайрон кардани қоидаҳои ин кишвар боздошт мешаванд.

КҲФ аз боришоти шадид дар кишвар ҳушдор медиҳад

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони кишвар ва меҳмононро аз боиршоти сахт ҳушдор медиҳад.

КҲФ дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзҳои 10-12 майи соли 2024 дар аксар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “(шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Лучоб, Қаратоғ), дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ ва Даштиҷум), дар вилояти Суғд (шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Деваштич, Ашт) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ) бориши боронҳои шадид, раъду барқ, жола дар назар дошта шудааст.”

Ин ниҳод таъкид карда, ки ба эҳтимоли хеле зиёд чунин боронҳои сахт “дар манотиқи ёдшуда метавонанд боиси омадани селҳо шаванд.” Ва ҳамзамон дар рӯзҳои 10-12 майи соли ҷорӣ болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои кишвар низ пешгӯӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодааи ҷумҳурӣ аз сокинон хоста, ки ҷӯйборҳо ва каналҳоро тоза кунанд то аз селҳои харобиовар пешгирӣ шавад. Инчунин аз меҳмонон ва сайёҳон хоста шуда, ки дар ин рӯзҳо ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва ба кӯҳҳо барои тамошо сафар накунанд.

Ин ҳушдори КҲФ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта низ дар аксар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ борҳои шадид борид ва селҳо ҷорӣ гашт, ки дар натиҷа хонаву заминҳои зироатӣ, роҳҳо ва пулҳоро шуста валангор кард. Ҳатто аз ҷон бохтани 3 зан низ гузориш шуда буд.

Сафари Раҳмонов ба Маскав

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ бо як сафари расмӣ ба Русия рафт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, қарор аст Раҳмонов зимни ин сафараш дар ҷашни бахшида ба 79-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намояд.

Эмомалӣ бо даъвати раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Маскав рафта, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Дар ҳоли ҳозир аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи Раҳмонов инчунин президентҳои Қирғизистон ва Узбекистон Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев низ дар “Рӯзи Ғалаба” иштирок хоҳад кард.

Раҳмонов пеш аз сафараш ба Русия ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ ва вазири дифои кишвар Шералӣ Мирзо ба ифтихори 79-солагии “Рӯзи Ғалаба” дар дар назди “Оташи ҷовидон”-и “Боғи Ғалаба”-и Душанбе гулчанбар гузошт.

Бояд гуфт, ин аввалин сафари Раҳмон ба Русия пас аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосии он зодагони Тоҷикистонанд, мебошад.

Дар ҳоли ҳозир вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар бадтар шуда, ҳатто пештар аз банд мондани садҳо зодаи Тоҷикистон дар фурӯдгоҳҳо ва марзҳои Русия хабарҳо нашр шуда буд.

Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафараш бо Путин вазъи муҳоҷиронро баррасӣ хоҳад кард ё не.

Аммо дар сафари гузаштаи Раҳмонов ба Маскав, ки он замон низ масъалаи ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ва ё ба ҷанги Украина фирисотдани онҳо зиёд расонаӣ мешуд, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Путин гуфта буд, ки “Ман хеле хушҳолам, ки дар Маскав ҳастам, пазмон шудам, ташаккур барои меҳмондорӣ. Шодам, ки боз Шуморо мебинам.”

Инчунин, дар доираи ин мулоқотҳо Путин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон орден “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи III-ро супурда буд.

Кудето дар ҲДТ. Исмонзода меравад?

0

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз баргузор шудани Анҷумани ҳизбаш аз тарафи “гурӯҳи номаълум” ҳушдор додааст.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш изҳороти Шӯрои сиёсии ҲДТ-ро нашр кардааст. Дар изҳорот гуфта мешавад: “Гурӯҳи номаълум мехоҳанд Анҷумани ғайринавбатии ҳизбро баргузор кунанд.”

Зимни нашри ин изҳорот Шӯрои сиёсии ҲДТ аз аъзоёни худ хоста, ки ба Анҷумани ғайринавбатии ҳизб, ки ба гуфтаи он, як “гурӯҳи номаълум” онро барпо карданиянд, ширкат накунанд.

Ба маълумоти ҳамаи аъзоён ва тарафдорони ҲДТ расонида мешавад ки 11 майи соли 2024 гуруҳи номаълум бо сардории Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мехоҳанд Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ ро баргузор кунанд. Ин рафтори ғайриоинномави буда ба Шурои Сиёсӣи ҲДТ алоқаманд нест. Аз ин ру аз иштирок дар чунин чорабиниҳои ғайриқонунию ғайриоинномави худдори намоед! Ин рафтори ғайриоинномавии ин нафарон рузи 8 май соли 2024 дар Шурои сиёсии ғайринавбатии ҲДТ мавриди муҳокима қарор гирифта қарори Шурои сиёсии ҲДТ қабул карда шуд.“, омадааст дар изҳороти ин ҳизб.

Дар вокуниш ба ин изҳорот Абдуҷаббор Юлдошев, раиси ҲДТ дар вилояти Суғд навишта, ки “Аз се ду ҳиссаи аъзоёни Шӯрои сиёсӣ ба ҷонибдори даъвати Анҷумани ғайринавбати овоз доданд.” Ба гуфтаи ӯ, “Аъзоёни Шӯрои Сиёсӣ тибқи оинномаи ҲДТ амал карданд.” Юлдошев дар хитоб ба навиштаи Раҷаби Мирзо мегӯяд: “Аз пашша фил сохтан лозим набуд.”

Ин баҳси дохилиҳизбии аъзои аршади ҲДТ дар мавриди баргузории Анҷуман дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи июни соли 2021 Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки то он дам раҳбарияшро Раҳматилло Зоиров бар дӯш дошт, низ Анҷуман барпо кард ва масъулияти раҳбарии ҳизбро ба муовинаш Қиёмиддин Азизов дод. Аммо бархе аз аъзоёни ҳизб, аз ҷумла муовинони собиқи Зоиров раҳбарии Азизовро қабул накарданд. Ва бо ҳамин дигар фаъолияти ин ҳизб дар саҳнаи сиёсати кишвар камранг шуд. Ба гуфтаи корбарон, эҳтимол ҳангоми оғози маъракаҳои интихоботӣ боз пайдо шавад.

Аксар фаъолон ва корбарон ҲДТ-ро ҳам ба қатори “ҳизбҳои кисагӣ” ворид мекунанд ва онро ҳизби наздик ба ҳизби ҳоким медонанд, ки дар масоили муҳим мавқеи мухолиф надорад. Аммо раҳбарияти он ин иддаоро рад мекунад.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон таҳаммули пазириши ҳизбҳои сиёсии қавиро надорад ва пас аз байн бурдани ҲНИТ дар соли 2015 тавонист нақши ҲКТ ва баъдан ҲСДТ ва инак ҲДТ-ро дар ҷомеа камранг кунад.

Густариши тазоҳуроти донишҷӯён аз Амрико ба Аврупо

0

Чандест донишҷӯёни беш аз 15 донишгоҳи Амрико барои ҳимоят аз мардуми Ғазза даст ба эътирозҳои густарда мезананд.

Донишҷӯёни амрикоӣ бар иловаи хостори хотима додани ҷанг дар Навори Ғазза, инчунин аз мусъулони донишгоҳҳо талаб доранд, ки равобити академӣ ва илмияшонро бо Телавив қатъ кунанд ва ба донишгоҳҳое, ки барои онҳо силоҳу фанноварӣ медиҳанд сармоягузорӣ накунанд ва пажӯҳишҳои муштарак бо Вазорати дифои Исроилро низ қатъ кунанд.

Эътирозгарони Донишгоҳи Колумбияи Амрико як феҳристеро пайдо кардаанд, ки тибқи он аз соли 2015 то кунан буҷаи таҳқиқотии муштараки ин донишгоҳ бо донишгоҳҳои исроилӣ беш аз 11 миллион долларро ташкил додааст. Ба вежа тарҳи амалкарди паҳподҳои ҷосусии артиши Исроил барои радёбии аҳдоф, ки онҳо ғайринизомиён дар Ғазза ҳастанд, аз ҷумлаи тарҳҳои мушатарк будааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар ин тазоҳуроти густардаи донишҷӯёни донишгоҳҳои амрикоӣ пулис дахолат карда, то кунун ба таври умум беш аз 720 эътирозгар боздошт шудааст, ки дар байни онҳо устодони донишгоҳҳо низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, тазоҳуроти донишҷӯён аз донишгоҳҳои Амрико ба донишгоҳҳои Аврупо низ кӯч баст. Ҳафтаи ахир низ дида мешавад, ки дар чандин кишварҳои бузурги аврупоӣ чунин эътирозҳои густарда барпо шуда, донишҷӯён аз мақомоти кишварҳояшон талаб доранд, пеши роҳи қатли оми мардуми Ғазза гирифта шавад ва ҳукуматҳояшон аз кумак ба Исроил, ки 7 моҳ боз мардуми Ғаззаро бомборон мекунад, даст бикашанд.

Аз ҷумла, донишҷӯёни Донишгоҳи Озоди Берлин дар Олмон низ бо талаби таваққуфи доимии ҷанг дар Ғазза ва хотима додани қатли оми мардуми бегуноҳ даст ба эътироз заданд. Пулиси Берлин дирӯз чандин донишҷӯро бо ҳукми ғайриқонунӣ будани ин тазоҳурот дастгир кард ва таҷаммуи онҳоро пароканда сохт. Аммо донишҷӯён мегӯянд, онҳо аз майдони донишгоҳ берун набаромадаанд ва ҳақ доранд дар ин минтақа озодона ибрози андеша кунанд.

Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Марзбонони кирғиз сӯйи чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар марз тир кушоданд.

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, 7-уми сентябри соли ҷорӣ, марзбонони қирғиз тақрибан соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии деҳаи Ак-Босогои ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкант чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дидаанд, ки дар қаламрави Қирғизистон чорво мечаронданд.

Марзбони қирғиз иддао кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба талаби онҳо дар бораи тарки қаламрави Қирғизистон беэътиноӣ карда ва ба тарафашон санг партоб карданд ва яке аз чӯпонҳо гӯё ба сӯи марзбони Қирғизистон ду-се тир холӣ кардааст, аммо аз марзбони қирғиз касе осеб надидааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ташдиди вазъ марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушодаанд.

Аммо тибқи маълумотҳои таъйиднашуда, яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса аз пояш захмӣ шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, маълум нест, ки ин шахс дар кадом ҳолат захмӣ шудааст, зеро кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон танҳо як аксро пешниҳод кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон мисли ҳарвақта то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, вазъ дар марз муътадил буда, бояд дар соатҳои наздик мулоқоти намояндагони марзбонии ҷонибҳо сурат бигирад.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам садҳо километр марзи муштарак доранд ва нуқтаҳои баҳсбарангезе, ки солҳои ахир сари онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифт, то ҳол номуайян боқӣ мондааст.

Вақтҳои охир дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд вохӯрии гурӯҳҳои корӣ дар масъалаи марз баргузор мешавад ва охирин нишаст дар миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ сурат гирифта буд.

Пештар аз ин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саимумин Ятимов гуфта буд, ки то ин дам ҷонибҳо ба таъйин ва аломатгузории беш аз 90% хати марзи муштараки ду кишвар, ки дар маҷмуъ 987 км-ро ташкил медиҳад, ба мувофиқа расидаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, нуқтаҳои муайян нашудаи марзи ду кишвар камтар аз 100 километр боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки дар аввали соли ҷорӣ гуфта мешуд, баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳтимоли зиёд то моҳи марти ҳамин сол ба поён мерасад, вале дида мешавад, ки то ҳанӯз ин масъала ҳали ниҳоии худро наёфтааст.

ВКХ муҳоҷирони тоҷикро барои сафар ба Қазоқистон ҳушдор дод

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте шаҳрвандони кишварро аз сафар ба Қазоқистон ҳушдор медиҳад.

Дар пасманзари тафтишу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ва татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои Қазоқистон, Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ гиранд.

Дар изҳорити ВКХ, ки 7-уми май нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳангоми пурсишу тафтишҳои мақомоти Қазоқистон муҳоҷирони кории тоҷик бояд ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони будубош, ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб дода, дар сурати лозим будан, суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефони онҳоро барои тамос пешниҳод намоянд.

Инчунин аз муҳоҷирони тоҷик хоста шудааст, ки дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон бо шумораҳои (тел: +77761760043 – WhatsApp, [email protected]) ё консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато (тел: +77775883115 – WhatsApp, [email protected]) муроҷиат кунанд.

Дар изҳороти ВКХ-и кишвар таъкид шуда, ки и миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад.

Изҳороти ВКХ дар ҳоле нашр мешавад, ки санҷишу боздошт ва ихроҷи зодагони Тоҷикистон дар Қазоқистон афзуда, мақомоти ин кишвар ҳатто нафаронеро, ки иҷозаи муваққатии иқомат доштанд, боздошту ихроҷ кардаанд.

Бояд гуфт, тафтиши зодагони Тоҷикистон дар баъзе кишварҳо пас аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” дар Русия, ки аксар гумонбарони ин ҳодиса тоҷикон мебошанд, бештар шудааст.

Ҳамлаи Исроил ба минтақаи Рафаҳи Ғазза

0

Субҳи рӯзи 7-уми майи соли ҷорӣ артиши Исроил бо ҳамлаҳои густарда вориди шаҳри Рафаҳи Навори Ғазза шуд.

Ба иттилои расонаҳо, ҷангандаҳои исроилӣ бомдоди имрӯз хонаҳои мардуми оддиро дар Рафаҳ бмоборон карданд, ки дар натиҷа 24 нафар кушта шуда, даҳҳо каси дигар захмӣ шудааст. Эҳтимол меравад, шумори кушташудагон бештар шавад, чун то ҳол гурӯҳи наҷот натавониста шахсони зери биноҳо дармондаро пурра берун барорад.

Артиши Исроил субҳи имрӯз эълон кад, ки амалиёти ҳуҷум ба шаҳри Рафаҳро оғоз карда ва аллакай гузаргоҳи Рафаҳ ва Карм Абусолим, ки ягона роҳи расондани ғизо ва даво ба мардуми Ғазза дониста мешуданд, аз ҷониби артиши Исроил баста шудаанд ва ворид шудани тамоми анвои кумакҳои инсониро манъ кардааст.

Вазорати беҳдошти Ғазза аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки болои Исроил фишор биёранд, то аз ҳамла ба Рафаҳ даст кашад ва дар акси ҳол ҷони 2 миллион паноҳанда, ки дигар ҷое барои рафтан надоранд зери хатар қарор дорад ва набояд ҷомеаи ҷаҳонӣ тамошогари гурснагии шадиду қатли ом мардуми Ғазза бошад.

Ин ниҳод дар Ғазза гуфт, ки артиши Исроил тамоми кумакҳое, ки барои 2 миллион нафар мерасид, манъ кардааст ва мардум танҳо барои як рӯз хӯрок доранд. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки боздошти кумакҳои инсонӣ дар Ғазза ҷони беш аз 600 ҳазор кӯдакро таҳдид мекунад ва бояд Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ пеши роҳи ин қатли омро бигиранд.

Аҳолии шаҳри Рафаҳ ба “Ал-Ҷазира” гуфтанд, ки шоми дирӯз мардум аз шунидани тавофуқи оташбас байни ҲАМОС ва Исроил хушҳолӣ мекарданд, вале якбора бомдоди имрӯз бомборони хонаҳо оғоз шуд ва нерӯҳои исроилӣ вориди ин шаҳр шуданду гузаргоҳи Рафаҳро бастанд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки шоми дирӯз ҲАМОС эълон кард, ба оташбас розӣ аст. Ба гуфтаи масъулини ин ҳаракат, оташбас аз се марҳила иборат буда, дар марҳилаи дувум бояд артиши Исроил аз хоки Ғазза берун барояд ва ҷанг комилан хотима дода шавад. Аммо Натанёҳу ва ҳукуматаш ба ин банди оташбас розӣ нестанд ва ҳамлаҳои имрӯзаро фишори бештар овардан болои ҲАМОС гуфтаанд.

Ҳамзамон Созмони Милали Муттаҳид бо шумули масъулини аксари кишварҳои дунё борҳо аз Исроил хоста буданд, ки ба шаҳри Рафаҳ ҳуҷум накунад, зеро садҳо ҳазор овора аз дигар манотиқи Ғазза ба онҷо паноҳ бурдаанд ва дар ҳолати ҳамлаи низомӣ аксари онҳо кушта хоҳанд шуд. Ҳатто Амрико ҳамла ба ин минтақаро “хатти сурх”-и худ эълон карда буд, вале ба назар мерасад, ки Натанёҳу ба гуфтаҳои касе эътино накард.

Ба гуфтаи коршиносон, ба эътибор нагирифтани нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби ҳукумати Натанёҳу ва шахси ӯ нишонаи пуштибониҳои пасипардагии қавие ҳаст, ки ӯро барои иқдом ба ин кор ангеза медиҳад ва ҳушдори кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳониро ба назар намегирад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи октябри соли гузашта ҷанг дар Ғазза идома дорад ва дар давоми ин 7 моҳи ҳамлаҳои бевақфаи Исроил болои сокинони Ғазза беш аз 34 ҳазор нафар кушта шуданд, ки 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд ва инчунин наздики 76 ҳазор нафари дигар дар пайи ин ҳамлаҳо захмӣ шудаанд.

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

0

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-уми майи соли ҷорӣ боронҳои шадид боиси омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ гардид, ки дар натиҷаи ин офати табии 3 зан ҷони худро аз даст дод.

“5-уми майи соли 2024 соати 04:30 дар натиҷаи боришоти шадид дар як қатор деҳаҳои ҷамоати деҳоти шаҳри Ваҳдат, аз қабили А.Абдулвосиева, Нӯъмонаи Розик, Чӯянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, ба номи К.Исмоилов ва кӯчаҳои Ғалаба дар маркази шаҳр сел омада, дар натиҷа пулҳо, сарбандҳои муҳофизатӣ, каналҳо, иншоотҳои гидротехникӣ, роҳҳои маҳаллӣ, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон, ва иншоотҳои ёрирасони онҳо зери об мондаанд. Сокинони ҷамоатҳои зери хатар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.”, омадааст дар хабар.

Ба иттилои ин ниҳод, дар обхезиҳои ноҳияи Варзоб ду зан ҷони худро аз адст доданд, ки яке 40 ва дуюмӣ 67-сола будааст. Аммо дар бораи ҳувияти ҷонбохтагон чизе гуфта нашудааст.

Инчунин КҲФ мегӯяд, шоми 5-уми май бар асари боришоти шадид дар деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд як зани 20-сола “ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи деҳа” ба ҳалокат расидааст. “Ҷасади ӯро кормандони шуъбаи КҲФ дар Истаравшан пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.”

Ин ниҳод дар гузоришаш оварда, ки бар асари селҳои зиёд, дар ноҳияи Рӯдакӣ “28 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Навобод зери об монда”, инчунин дар ҷамоатҳои Навобод ва М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор “72 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинонро об пахш кард.”

Низ гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи 5-уми май “сел пули мошингарди роҳи Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сари Ҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб кард. Ҳамчунин, дар километри 21-уми деҳаи Дашти Ғурк ва 39-уми деҳаи Рубоднол, километри 18 ва 5-уми шоҳроҳи Лаби-ҷар – Сангвор борон боиси зери об мондани роҳҳо гардид. Дар натича роҳ муваққатан баста шуд.”

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодааи кишвар дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки рӯзи 6-уми майи соли 2024 дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар “парад”-и низомӣ бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” ба Русия меравад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сафари Раҳмонов ба Маскав бо даъвати раисҷумҳури Русия Владимир Путин сурат мегирад.

Раҳмон ин даъватро дар гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Русия, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла масоили муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд, дарёфт кардааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш инчунин бо раҳбарони кишварҳои ИДМ мулоқот хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи Раҳмонов инчунин раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов низ дар “Рӯзи Ғалаба” иштирок хоҳад кард.

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик баъд аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” дар Русия бадтар шудааст.

Чанде пеш баъд аз банд мондани донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик дар фурӯдгоҳҳо ва марзҳои Русия, вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия суҳбати телофонӣ доштанд. Зимни ин суҳбат Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфта, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Ситти Ҳолл” сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти ин кишвар гаштааст.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Лавров гуфтааст, ки чунин бархурди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад.

Аммо вазири рус иддао карда, ки “чорабинии ахир хусусияти муваққатӣ дошта, он зидди кадом миллату дине равона нашудааст ва ин ҳолат ба оҳистагӣ дар гузаргоҳҳо одӣ мешавад”.

Инчунин дар пасманзари ин мушкилиҳо раҳбарони Тоҷикистону Русия низ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бе овардани ҷузъиёт навиштааст, “мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо дар бораи бештар фаъол гардондани кор дар самти муҳоҷират дастурҳои дахлдор дода шаванд”.

Аммо Кремлин дар эъломияе бидуни овардани номи гурӯҳе бозтоби қазияи муҳоҷирони кориро “кӯшиши нерӯҳои муайян” барои “ба таври сунъӣ шиддат бахшидани масъала” номида, гуфтааст, дар ҳамоҳангӣ пеши роҳи онро хоҳанд гирифт ва ин ҳолат “ба равобити собиқадору бародаронаи миёни ду мардум осеб нахоҳад расонд.”

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, дар Русия ҳудуди 2 миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд, ки ба гуфтаи худи муҳоҷирон, дар миёни муҳоҷирони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз тоҷикон бештар мавриди тафтишу фишор ва ихроҷ қарор мегиранд.