10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 167

Эътирози мухолифон дар кишварҳои аврупоӣ бар зидди сафари Раҳмонов ба Италия

0

Фаъолон ва мухолифони тоҷик дар шаҳрҳои гуногунони Аврупо алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Италия гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо карданд.

Имрӯз, 25-уми апрел Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар назди бинои Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон бо шиори “Фикр мекардам Аврупо тарафдори зиндагӣ аст”, эътироз кард.

Алим Шерзамонов дар суҳбат бо Azda.tv ҳадаф аз баргузории якчунин эътирозро дар он гуфт, ки набояд кишварҳои ИА диктатор ва ҷинояткори ҷангиеро мисли Раҳмонов бо баҳонаи берун баровардан аз нуфузи Путин қабул кунанд.

“Расо ду сол пеш, дар моҳи майи соли 2022 пас аз Бучаи украинӣ, Раҳмон Бучаи худро ба саҳна гузошт – дар миқёси даҳшатноктар ва ғайриинсонӣ. Ин ҳодиса дар шаҳраки Вомари ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар замине ки ниёгонам дар он асрхо умр ба cap бурдаанд, рӯй дод. Дар ин фоҷиаи хунин на танҳо сарбозони ӯ, балки зархаридони рус низ ширкат доштанд. Қариб панҷох нафар одамони бегуноҳ кушта шуданд, фарзандони онҳо ятим монданд” – мегӯяд муовини раиси ПМТ.

Шерзамонов инчунин мегӯяд, ки Раҳмонов қабл аз сафараш ба Аврупо ба хадамоти вежааш амр додааст, ки хешу табори фаъолонро дар Тоҷикистон гаравгон бигиранд, то фаъолони сиёсии дар Аврупобуда, алайҳи сафари ӯ гирдиҳамоӣ ва пикетҳо ташкил накунанд.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин намояндагони ПМТ дар Лаҳистону Литва ва Олмон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгарии Италия дар Варшава, Вилнюс ва Дортмунд гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карда, изҳороти ПМТ-ро дар мавриди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ба дипломатҳои итолиёӣ супориданд.

Афзоиши фурӯши металҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон

0

Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ фурӯши сангу филизоти гаронбаҳо ба хориҷ аз кишвар нисбат ба ҳамин давараи соли гузашта ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Тавре Spetnik Тоҷикистон менависад, “тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 1250% боло рафтааст.”

Гуфта мешавад, дар умум Тоҷикистон аз фурӯши филизоти қиматбаҳо, аз ҷумла тилло ва дигар сангҳои гаронарзиш ҳудуди 298 млн доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.

Аммо ҳаҷми умумии содироти ин металҳои қиматбаҳо дар ин давра 614 млн долларро ташкил карда, ки танҳо наздики 50% аз он ба кишвари Швейтсария рост меояд.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2023 ҳудуди 2 млрду 448,8 млн доллар ба хориҷи кишвар молу маҳсулот содир карда буд, ки ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо дар ҷойи авввал буда, 46,6%-ро ташкил дод.

Бино ба иттилои расмӣ, захираи тилои тасдиқшуда дар кишвар ҳудуди 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Агарчи Тоҷикистон садҳо навъи молу колоро ба хориҷ содир мекунад, вале дар ин чанд соли ахир содироти сангу металҳои гаронбаҳо бо маблағҳои зиёд таваҷҷуҳи таҳлилгарону коршиносонро ба худ ҷалб карда, суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Ба гуфтаи огоҳон, корхонаҳои истихроҷи филизот ва сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон асосан дар дасти чиниҳо ва русҳо аст ва аммо ҳиссаи Тоҷикистон, ки хеле кам аст, қисме ба давлат ва қисми дигар дар дасти шахсони аввали кишвар қарор дорад ва тиҷорати ин маҳсулотро низ онҳо идора мекунанд, ки фоидаи ками он ба буҷаи давлат ворид мешавад.

Озодии аъзои “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Рум

0

Намояндаҳои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Рум, пойтахти Итолиё боздошт гардида буданд, озод шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, мақомоти Рум, пойтахти Итолиё, намояндагони боздоштшудаи “Гурӯҳи 24”-ро, ки барои иштирок дар тазоҳурот бар зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар рафта буданд, баъд аз 26 соати тафтишу таҳқиқ кардан ҳамаи онҳоро озод кардаанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мақомоти Тоҷикистонро ба он муттаҳам кардааст, ки пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Итолиё маълумоти хусусии аъзои “Гурӯҳи 24”-ро дар ихтиёри мақомоти Итолиё гузоштаанд, то аз ташкили гирдиҳамоии аъзои ин гурӯҳ бар зидди сафари Раҳмонов пешгирӣ кунанд.

Ба қавли манбаъ, ин афроди боздоштшуда, “аз санаи 23-уми апрел, соати 15:00 дастгир шуданд ва дар санаи 24-уми апрел, соати 17:00 бо вақти Аврупо озод карда шуданд. Полисҳои шаҳри Рум пас аз тафтишоти мақомоти шаҳри Рум аз ҳисоби оне, ки ҳеч асари қонуншикание аз онҳо пайдо накарданд, озод карданд.”

Пеш аз ин иҷрокунандаи вазифаи раҳбарии “Гурӯҳи 24” Ҳусейн Ашӯров бо нашри як навори видеоӣ аз мақомоти Итилоё, ҳамчун як кишвари демократӣ хоста буд, ки намояндаҳои ин гурӯҳро, ки дар Рум боздошт шудаанд, озод кунанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ду моҳ пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони мухолифин бо роҳҳои мухталиф паём дода буданд, ки аз фарзандону пайвандони худ дар Аврупо бихоҳанд, ки ин дафъа ба мисли сафари қаблии Эмомлаӣ ба Берлин гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил накунанд. Мухолифин Эмомалӣ Раҳмонро соли гузашта дар Берлин бо ҷамъомадҳои эътирозӣ ва тухмҳои рангин “пешвоз” гирифта буданд.

Раҳимзода дар Италия истирдоди паноҳандагонро баррасӣ кард

0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо ҳамтои итолиёияш Маттео Пянтедози масъалаи истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст.

Мулоқоти вазирони корҳои дохилаи ду кишвар 23-уми апрел дар шаҳри Рум сурат гирифта, дар он ҳамзамон ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон баррасӣ гардидаанд.

Дар рафти мулоқот Раҳимзода иддао кардааст, ки “баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд ва ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат намояд”.

Вазири тоҷик аз шахсони муайяне ном набурдааст, аммо ба кишварҳои аврупоӣ асосан мухолифони режими имрӯзаи Тоҷикистон паноҳ овардаанд ва мақомоти кишвар онҳоро барои танқид аз ҳукумат ҷинояткор медонад.

Инчунин гуфта мешавад, байни вазоратҳои дохилаи Тоҷикистон ва Италия дар соҳаи амниятӣ шартнома ба имзо расида, механизми дар амал татбиқ намудани он дар сафари вазири корҳои дохилии Италия ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Аммо гуфта нашудааст кай вазири итолиёӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 22-уми апрел бо сафари расмӣ дар Италия қарор дорад. Зимни сафараш Раҳмонов бо президент ва сарвазири ин кишвар мулоқот карда, 7 санади нав ба имзо расондаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба яке аз кишварҳои аврупоӣ ва демократӣ сафар кард, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳоҳукумати Тоҷикистонро худкома номида, ӯро барои поймолкунии ҳуқуқу озодҳои мардум, набуди озодии баён ва вуҷуди садҳо зиндонии сиёсии дар кишвар, танқид мекунад.

Ҳамзамон мухолифони тоҷик пеш аз сафари ӯ ба ин кишвари аврупоӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Италия ва дигар кишварҳои Аврупо хоста буданд, ки президенти худкома ва диктаторро пешвоз нагиранд ва мисли дигар прездиентҳои кишварҳои ИДМ алайҳи ӯ низ таҳрим ҷорӣ кунанд.

Барои муҳоҷирони тоҷик вуруд ба Русия мамнуъ шудааст?

0

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доранд, ки марзбонони Русия онҳоро намегузоранд вориди ин кишвар бишаванд.

Ба дасти Azda tv наворҳое расид, ки гурӯҳи зиёде аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, аз Тоҷикистон бо мошин ба Русия сафар кардаанд ва чанд рӯз аст, ки дар марз бо Русия банд мондаанд ва танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати вуруд ба хоки Русия дода намешавад.

Марзбонони рус ба муҳоҷирон гуфтаанд, барои шаҳрвандони Тоҷикистон фақат аз 14-сола поён ва аз 60-сола боло барои ворид шудан ба Русия иҷозат ҳаст, барои боқии тоҷикистониён иҷозат нест.

Дар яке аз сабтҳо гуфта мешавад: “Бародароне, ки аз Тоҷикистон ба Русия омаданӣ ҳастед, агар шаҳрвандии Русияро надошта бошед, шуморо ворид шудан намегузоранд, ҳама марзҳоро аз ҳамин рӯз то 15-уми инюни соли ҷорӣ бастаанд. Метавонед, ки наояд, на бо ҳавопаймо ва на бо мошини майда. Худи ҳамин рӯз тамоми бачоҳоро гардонданд.

Ба гуфтаи муҳоҷирони бандмонда, марзбонони Русия танҳо шаҳрвнадони Тоҷикистонро намегузоранд вориди ин кишвар шаванд, аммо барои шаҳрвандони Узбекистону Қирғизистон ва ғайра ин мушкилот вуҷуд надорад.

Ҳамзамон дар навори дигаре дида мешавад, ки ҳудуди 200 мошини майдаву калон ва одамони зиёде дар канори ҷода мунтазиранд, ки тақдири онҳо чӣ мешавад. Дар он навор зикр мегардад, ки муҳоҷирон дар марзи Қазоқистону Русия аз рӯзи 22-уми апрел қарор доранд, вале то ҳол ба онҳо иҷозати вуруд дода намешавад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки марзбонони Русия ба онҳо гуфтаанд, ки “система кор намекунад”, вале барои шаҳрвандони дигар кишварҳо чунин чизе гуфта нашудааст.

То ҳол дар бораи дармондани муҳоҷирони тоҷик дар марзи Русия мақомоти ин кишвар маълумоти расмие пешниҳод накардааст. Ва ҳамзамон на сафорати Тоҷикистон ва на мақомоти дахлдори кишвар ба ин қазия вокунише накадаанд.

Маълум нест, ин гуна бархурд бо муҳоҷирони тоҷикистонӣ тасмими мақомоти болоии Русия аст ва ё иқдоми марзбонон. Вале ба гуфтаи аксари муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Русия, пас аз ҳамлаи хунини “Крокус Сити” вазъи онҳо хеле нигаронкунанда аст. Бархурди мақомот ва ҳатто мардуми оддӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон тағйир кардааст.

Боздошти 8 узви “Гурӯҳи 24” дар Италия

0

Мақомоти Италия 8 узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро, ки рӯзи 22-уми апрел ба шаҳри Руми Италия рафта буданд, боздошт карданд.

Гуфта мешавад, ин афрод барои барпо кардани гирдиҳамоии эътирозӣ бар зидди сафари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Италия рафта буданд.

Ҳамаи боздоштшудаҳо ҳуҷҷати паноҳандагии кишвари Олмонро доштаад. Онҳо рӯзи 23-уми апрел дар назди қасри президенти Италия, ки мунтазири берун шудани Эмомалӣ Раҳмон буданд, аз ҷониби пулис боздошт шудаанд.

Бино ба навиштаи сомонаи “Гурӯҳи 24”, мақомоти Тоҷикистон пеш аз сафари Эмомалӣ ба Рум, барои пешгирӣ аз эътирози фаъолони ин гурӯҳи сиёсии тоҷик мақомоти Италияро огоҳ карда будааст.

Ба эҳтимоли зиёд аъзои дастгиршудаи “Гурӯҳи 24” то поёни сафари Эмомалӣ Раҳмон дар боздошт хоҳанд монд.

Боздошти аъзои “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Руми Италия дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде аз аъзои ин ҳаракат дар сафари охири Эмомалӣ ба Берлин ба корвони мошинҳои ӯ тухм партоб карданд ва ин боиси хашми мақомоти тоҷик гашт, ки дар натиҷа пайвандони мухолифнро дар дохили Тоҷикистон зери фишори сахт қарор доданд.

Нақшаи давъвати сарбозон ба артиш дар ВМКБ 100% иҷро шуд

0

Дар давоми 20 рӯзи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, нақшаи даъватро 100% иҷро кард.

Тавре Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамчунин дар ин муддат ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав ва шаҳри Норак нақшаи ба онҳо пешбинишударо комилан иҷро кардаанд. Аммо дар умуми вилоят бошад, нақша 76% иҷро шудааст.

Бар бунёди иттилоияи ин ниҳод, дар муддати 20 рӯзи даъвати сарбозон нақшаи хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Суғд 47% ва дар шаҳри Душанбе 41% иҷро шудааст, аммо ин омор дар сартосари ҷумҳурӣ 62 дарсад иҷро шудааст.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ин зудӣ иҷро шудани нақшаи даъват дар баъзе шаҳру ноҳияҳоро натиҷаи заҳмату фаҳмондадиҳӣ ва ҳисси масъулиятшиносии кормандони давлатӣ, аз ҷумла маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ аст. Аммо воқеияти ҳол, ки ҷараёни сарбозгириро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузорад, чизи дигар аст.

Пас аз оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш хабарҳои зиёде аз рафти “сарбозшикор” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Аз ҷумла, тибқи иттилои расонаҳо, 12-уми апрели соли равон як ҷавони 24-сола дар шаҳри Ваҳдат аз ошёнаи панҷум худро ба замин андохта, ҷон бохт, ки шоҳидон сабаби онро гурехтан аз “облава” гуфтаанд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи бархе сокинони кишвар, мақомоти Тоҷикистон ҳоло услубҳои нави даъват ба артишро ёд гирифтаанд. Аз ҷумла, мақомот раисони маҳаллаҳо ва имомони масҷидҳоро таҳдид мекунанд, ки сарбозони даъватшударо пайдо намуда, ба дасти маъмурони ҳарбӣ бисупоранд, дар акси ҳол масҷидҳоро мебанданд.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз он шикоят доранд, ки мақомот хонаҳои ҷавонон рафта, волидайни онҳоро маҷбур мекунанд фарзандашонро ҳарҷо бошад, пайдо кунанд ва агар писарашон пайдо нашавад, таҳдид мекунанд, ки барқи онҳоро хомӯш мекунанд.

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, Раҳмонро дар ин сафар вазирони корҳои хориҷӣ ва дохилӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Рамазон Раҳимзода, ёвари Президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомдорон ҳамроҳӣ доранд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол аз ҷузъиёти барномаи сафар ва мулоқотҳои Раҳмонов дар Италия чизе нагуфтаанд.

Аммо cомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти дар пешбудаи сарвазири Итолиё хонум Ҷорҷия Мелонӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов дар рӯзи 23-уми апрели соли 2024 дар дафтари кории сарвазирдар Рум иттилоъ дода буд.

Инчунин Azda.tv аз баргузории нишасте дар бораи Тоҷикистон, ки онро Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар ташкил мекунанд, хабар дода буд.

Интизор меравад, ин нишаст 24-уми апрели соли ҷорӣ дар қароргоҳи Оҷонсии ICE дар шаҳри Рум баргузор шавад.

Бино ба навиштаи баргузоркунандагон, ҳадафи ин нишаст ба ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои итолиёвӣ намоиш додани имкониятҳои бозори иқтисодии Тоҷикистон, мавқеи стратегии ҷуғрофӣ, вуҷуди захираҳои табиӣ ва нақши марказии энергетикии Тоҷикистон дар минтақа, мебошад.

Муҳаммадҷон Кабиров, мудири пойгоҳи хабарии Azda.tv мегӯяд, ки нуқтаи қобили аҳмият дар сафари Раҳмонов ба Италия ҳамроҳии Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дихила аст, чун Эмомалӣ Раҳмон на ҳамеша вазирони қудратиро дар сафарҳои хориҷӣ бо худ мебарад ва будани Раҳимзода дар ин сафар шояд ба боздошти тоҷике, ки бо иттиҳоми узвият дар ДИШШ дар пайгард қарор дошту дар Итолиё боздошт шуда буд, рабт дошта бошад.

“Мутаассифона Ҳукумати Тоҷикистон тамоми мухолифонашро бо иттиҳоми терроризм дар рӯйхати пайгарди “Интерпол” қарор додааст. Як муддат Аврупо ин дархостҳои Тоҷикистонро ба инобат намегирифт ва танҳо ба хотири он ки афрод дар рӯйхати “Интерпол” ҳастанд, депорт намекард. Вале солҳои охир дида мешавад, ки вазъият тағйир кардааст ва мо шоҳиди он будем, ки аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Литва, Лаҳистон, Олмон, Утриш ва ғайра шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва баҳонаҳои дигар истирдод шудаанд” – гуфт Муҳаммадҷон Кабиров.

Инчунин Кабиров мегӯяд, ки Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо қарордоди истирдоди дутарафаро бастааст ва эҳтимол дорад дар ин сафар якчунин қарордоде бо баъзе кишварҳои аврупоӣ, ба мисли Итолиё баста шавад.

“Ҳузури Рамазон Раҳимзода дар ин сафар бе аҳамият нест ва ин бояд барои паноҳандагон ва мухолифини сиёсӣ, ки дар Аврупо қарор доранд, ҷойи нигаронӣ бошад. Ва бояд талош шавад, ки мақомоти кишварҳои аврупоӣ ба ҳар дархост ё аризаҳои бардурӯғи мақомоти Тоҷикистон таваҷҷуҳ накунанд ва ҳадди ақал бо чашми тардид нигоҳ кунанд” – таъкид мекунад Муҳаммадҷон Кабиров.

Гуфта мешавад, Ҳукумати Раҳмон талош мекунад сафарҳои аврупоии ӯро аз тарси тазоҳуроти мухолифин то охирон лаҳза пинҳон дорад ва ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон чанд моҳи ахир фишор болои пайвандони фаъолони тоҷикистонии муқими Аврупоро дар дохили кишвар бештар кардаанд. Мақомоти тоҷик ба онҳо ҳушдор доданд, ки дар ҷараёни сафари Эмомалиӣ Раҳмон ба Аврупо дар тазоҳуротҳои зидди ӯ ширкат накунанд ва дар сурати ширкати пайвандони онҳо дар чунин тазоҳурот хешовандони онҳо дар Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд.

Салим Султонзода, сухангӯи Паймони миллии Тоҷикистон, имрӯз ба Azda tv гуфт, ин эътилоф ба таври ҳатмӣ дар тазоҳурот бар зидди сафари Раҳмон ширкат намекунад, аммо намояндагони ин эътилоф дар назди сафорати Италия дар кишварҳои аврупоӣ пикетҳои эътирозӣ ташккил мекунанд.

Сухангӯи ПМТ мегӯяд, ба ду сабаб натавонистанд дар Рум тазоҳурот ташкил кунанд: “Якум, ки сафари Раҳмон дар рӯзҳои корӣ рост омадааст ва мардум дар ин кишварҳо кор мекунанд ва наметавонанд барои ду рӯз кори худро тарк кунанд. Ва бояд барои чунин кор ҳадди ақал ду ҳафта қабл ба корфармоҳо иттилоъ додан лозим аст, ки то ду ҳафта қабл сафари Раҳмон маълум набуд.” Ӯ иллати дигари иштирок накарданро барои баъзе мухолифон, ки дар кишварҳои дуртар зиндагӣ мекунанд, гаронии роҳу шароити иқтисодӣ арзёбӣ кард.

Дар ҳамин ҳол намояндаи ПМТ дар Литва Илҳомҷон Яъқубов дар тамос бо Azda tv гуфт, имрӯз ҳудуи 15 нафар дар назди сафорати Италия дар Вилнюс тазоҳурот барпо карданд. Ба гуфтаи ӯ, намояндаи сафорат ба назди онҳо баромада, шикояташонро қабул кардааст ва ваъда дода, ки эътирозашонро ба мақомоти Италия мерасонад.

То ҳол маълум нест, ки дигар мухолифон ва фаъолони тоҷики муқими Аврупо, аз ҷумла аъзои “Гурӯҳи 24” алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Италия дар шаҳри Рум тазоҳурот ташкил мекунанд ё на.

Ин дар ҳолест, ки мухолифон қаблан дар ҷарёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия, Швейтсария, Фаронса ва Олмон тазоҳурот баргузор карда буданд. Аз ҷумла, дар сафари охири Раҳмон ба Берлин аъзои “Гурӯҳи 24” ба корвони мошинҳои ӯ тухм партоб карданд ва ин боиси хашми мақомоти тоҷик гашта, пайвандони мухолифнро дар дохили Тоҷикистон зери фишори сахт қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол сомонаи “Isloh.net” дар истинод ба манобеаш аз фиристодани даҳҳо нафар аз Тоҷикистон ба Рум “барои таъмини амнияти ҷараёни сафари Раҳмонов” ва ҷалби даҳҳо донишҷӯ ва варзишггарони тоҷики муқими Аврупо барои пешвози ӯ хабар додааст.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

0

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Тавре Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, қарор аст вазири корҳои хориҷии Британия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кунад ва ӯ нахуст ба Тоҷикистон ташриф оварда, мулоқоти ӯ бо Раҳмон рӯзи душанбе дар Қасри миллат доир гашт.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир, аз ҷумла муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомлаӣ Раҳмон бо Дэвид Кэмерон масъалаи муҳоҷирати кориро баррасӣ кардаанд. Аммо маълум нест дар ин робита Раҳмон ба намояндаи Британия чӣ пешниҳодҳо кардааст.

Низ гуфта мешавад, ки роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим ва инчунин “гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буд.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин мулоқот сармоягузории Британияи Кабирро дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур хондааст.

Дар хабар таъкид мешавад, ки ҷонибҳо масъалаи амну суботро низ баррасӣ намуда, дар робита ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди “энергияи сабз”, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди “иқтисоди рақамӣ” низ гуфтугӯ каданд.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

0

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Дар хабар омада, ки мулоқоти Сарвазири Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 23-уми апрели соли 2024 дар дафтари кории сарвазир (Palazzo Chigi) баргузор хоҳад гашт.

Нуктаи ҷолиби таваҷуҳ он аст, ки Ҳукумати Италия раисҷумҳури Тоҷикистонро бо насаби “Раҳмонов” муаррифӣ кардааст ва маълум нест, ин паёми хоссе дорад ё натиҷаи сатҳи савод ва фаъолиятҳои дипломатҳои тоҷик мебошад, ки бо гузашти як даҳа аз тағйири насаби Эмомалӣ ҳамоно ӯро дар Аврупо ба “Раҳмонов” мешносанд.

Чанд рӯз пеш AZDA.TV бо нашри хабаре аз сафари эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон ба Италия иттилоъ дода буд, аммо ҷузъиёт ва макони сафар маълум набуд ва инчуни то лаҳзаи нашри ин хабар расонаҳои давлатии Тоҷикистон сафари Раҳмон ба Италияро таъйид ва ё рад накардаанд. Ҳукумати Раҳмон талош мекунад сафарҳои аврупоии ӯро аз тарси тазоҳуроти мухолифин то охирон лаҳза пинҳон дорад.

Ин дарҳолест, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон чанд моҳи ахир пайваста пайвандони фаъолони тоҷикистонии муқими Аврупоро дар дохили кишвар бозпурсӣ карда ва ба онҳо ҳушдор доданд, ки дар ҷараёни сафари Эмомалиӣ Раҳмон ба Аврупо дар тазоҳуротҳои зидди ӯ ширкат накунанд ва дар сурати ширкати пайвандони онҳо дар чунин тазоҳурот хешовандони онҳо дар Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини тоҷики муқими Аврупо қаблан дар ҷарёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия, Швейтсария, Фаронса ва Олмон тазоҳурот баргузор карда буданд. Аз ҷумла, дар сафари охири Раҳмон ба Берлин ба корвони мошинҳои ӯ тухм партоб шуд ва ин боиси хашми мақомоти тоҷик гашт ва пайвандони мухолифнро дар дохили Тоҷикистон зери фишори сахт қарор доданд.

Ва ҳоло мухолифини тоҷики муқими Аврупо дар Фейсбук навиштаанд, ки ин бор низ барои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Руми Итолиё барномарезӣ доранд.