32.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 168

Стратегияи миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон

0

Ирмӯз, 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ масъалаи Стратегияи миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ҳамоиш бо ташаббуси ниҳоди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зери унвони “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он” баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат кардаанд.

Дар ҳамоиш Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфта, ки Ҳукумат эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, “таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлат”-ро яке аз мақсадҳои асосии кори худ қарор додааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳоле аз “эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон” дар кишвар суҳбат мекунад, ки то имрӯз даҳҳо маротиба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ аз помол шудани оддитарин ҳуқуқу озодиҳои шахс дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Мувофиқи шохисҳои созмонҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон дар мақоми поинтарин қарор гирифта, ҳамчун кишвари диктотуртарини дунё шинохта шудааст. Ҳатто дар ин радабандиҳо Тоҷикистон дар қатори Куриёи Шимолӣ ва Туркманистон ҷой гирифтааст.

Созмони Милали Муттаҳид 4-уми июли соли ҷорӣ бо нашри эъломияе аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.

Дар ин эъломия коршиносони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки барои беҳтар кардани вазъи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони зиндонӣ ба уҳдадориҳои худ пойбанд бимонад.

Коршиносон ба ҳукумати кишвар хотиррасон карданд, ки ҷиноят эълон кардани кори осоиштаи ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқии инсон мувофиқат намекунад. 

Инчунин дар ин эъломия таъкид мешавад, ки омехта кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон амали бисёр хатарнок аст.

СММ аз парвандаи хабарнигорону блогерон, фаъолонони маданӣ ва вакилони дифоъ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромӯз Иргашов ёдовар шуда, мегӯяд, ки аз ин 9 нафар 8 нафар ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор шудаанд. 

Коршиносони СММ аз ин ки Қонуни “мубориза бар зидди терроризм” барои пахши садоҳои интиқодӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомдорон мавриди суиистифода қарор гирифтааст, изҳори нигарони ҷиддӣ карданд.

Фаврӣ! Дархости кумак барои дарёфти гумшудаҳо

0

Пайвандони ду бонуи гумшуда дар шаҳри Душанбе эълон кардаанд, ки ҳар касе дар бораи гумшудаҳои онҳо маълумоти дақиқ пешниҳод кунад, то 500 ҳазор сомонӣ туҳфапулӣ дарёфт хоҳад кард.

Бино ба иттилои пайвандон ва наздикони ин гумшудаҳо, Зарина Мирзоеваи 22-сола ҳамроҳ Рухшона Аббосова, сокинони муваққатӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Ба қавли Ризвоншоҳ Ҳокимов, ҳамсари Зарина Мирзоева, онҳо 25-уми августи соли 2023 аз хонаашон дар кӯчаи Афзалии шаҳри Душанбе, хонаи рақами 45 баромада, дигар барнагаштаанд.

Рухшона Аббосова зодаи ноҳияи Рашт ва Зарина Мирзоева зодаи ноҳияи Тоҷикобод буда, ҳарду амакдухтар мебошанд. Онҳо вақте аз хона баромаданд, ҳар ду сиҳату саломат ва аз нигоҳи равонӣ ҳеч мушкиле ҳам надоштаанд.

Волидон ва пайвандони ин бонувон дар бораи гум шудани онҳо ба мақомоти Тоҷикистон ҳам хабар дода, онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва ба қавли Ризвоншоҳ Ҳокимов, ҳар касе дар бораи онҳо маълумоти дақиқ пешниҳод кунад, то 500 ҳазор сомонӣ туҳфа дарёфт мекунад. Телефон барои тамос: +992555561289

Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирони тоҷик дар Русияро фаромӯш кард?

0

Президенти Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо Прзеденти Тотористон дар мавриди таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик чизе нагуфт.

Бино ба иттилои расмӣ, 4-уми сентябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Рустам Минниханов, Президенти Тотористон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳангоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорон ба Тоҷикистон дар тарҳҳои муштарак ва ғайра суҳбат карданд, аммо дар ин васат дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва таъмини амнияти онҳо чизе гуфта нашудааст.

Пеш аз ин се моҳ қабл Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо муовини раиси Ҳукумати Русия Марат Ҳуснуллин дар шаҳри Душанбе дар бораи “тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар” суҳбат карда буд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳизир Русия мизбони беш аз 2 миллион муҳоҷирони тоҷикистонӣ аст, ки қисме ба сурати муваққат ва қисме дигар ба сурати доим ин кишварро барои кору зиндагии худ ва фарзандонашон интихоб кардаанд. Аз ҷамъи ин теъдоди бузурги муҳоҷирон, ки беш аз 30% аҳолии Тоҷикистон ва наздик ба 75% нерӯи кории кишварро ташкил медиҳанд, даҳҳо ҳазори онҳо дар Тотористон кору зиндагӣ мекунанд.

Тоҷикистон 90 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ месозад

0

Тоҷикистон қасд дорад барои тақвияти ҳифзи сарҳадот дар ҳудудҳои марзии кишвар даҳҳо дидбонгоҳи нав бисозад.

Эмомалӣ Раҳмон, эълон кард, ки Тоҷикистон барои ҳифозат аз сарҳадот ва таъмини суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар ба як артиши нерӯманд ниёз дорад ва ба ҳамин сабаб иқтидори низомии кишвар бояд қавитар карда шавад.

Президент Тоҷикистон дар ин суҳбаташ гуфт, “худи ҳамин сол мо 90 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта ба истифода медиҳем. Инда маблағ даркор, инда масолеҳи сохтмон даркор, яроқу аслиҳа даркор, сарбоз даркор” мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз таъсиси 90 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ дар марзҳои Тоҷикистон хабар дод, ки пеш аз вай 4-уми августи соли ҷорӣ Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии кишвар низ гуфта буд, Тоҷикистон шумори дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар марз бо Афғонистонро ба беш аз 100 адад расонидааст.

Гуфта мешавад, аз замони дубора ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон (15-августи соли 2021) раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон пайваста аз минбарҳои баланд иддао мекунанд, ки таҳдидҳои амниятӣ аз самти Афғонистон суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро зери хатар қарор додаанд.

Аммо дар айни ҳол, бо тавофуқи худи Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарияти Толибон рӯзи 2-юми сентябри соли ҷорӣ бозорҳои наздимарзӣ дар Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон боз шуд, ки мақомоти тоҷик ин иқдомро тақвияти робитаҳо ва коҳиши танишҳо арзёбӣ карданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Дар давоми 10 соли гузашта бештар аз ҳама амнияти Тоҷикистон, суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз самти Қирғизистон дар манотиқи наздимарзӣ ҳадаф қарор гирифта буд, ки дар натиҷа садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуда, сокинони маҳаллӣ низ хисороти зиёде дидаанд.

Бо ин вуҷуд, ҳанӯз маълум нест, ки ин 90 дидбонгоҳи ҷадиди сарҳадӣ танҳо дар марзҳои муштарак бо Афғонистон сохта мешаванд ё дар қисме аз онҳо дар марзҳои муштарак бо Қирғизистону Узбекистон ҳам таъсис дода хоҳанд шуд.

Ба зарардидагони сел Ҳукумат кумак кард ё созмонҳои хайриявӣ?

0

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаи граждании Тоҷикистон, созмонҳои хайриявӣ ва байналмилалӣ ба зарардагони сел дар кишвар кумак карданд.

Кумитаи КҲФ хабар дод, ки “бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар кишвари мо ва созмони ҷамъиятии “Дили хайрхох” ба аҳолии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, сари вакт кӯмак расонида шуд.

Гуфта мешавад, давоми ҳафтаи гузашта ин созмонҳои байналмилалӣ ва хайриявӣ ба 446 хонавода дар ҷамоати деҳоти шаҳри Ваҳдат ва 90 хонавода дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сели рӯзҳои 27-28 августи соли 2023 зарар дидаанд, маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, кӯрпаву бистари хоб, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об, лавҳаҳои поксозии оби ошомиданӣ ва ғайра кумак кардаанд. 

Ин дар ҳолест, ки аксари сокинон дар рӯзҳои аввали ҳодиса шикоят мекарданд, ки мақомоти давлатӣ ба онҳо ба ҷуз об, ки он ҳам аз ҷониби шахсони хайрхоҳ расонида шуда буд, чизе кумак накардааст. Онҳо ҳамчунин аз набуди обу барқ, таҷҳизоти техникӣ ва дигар васоили муҳим барои бартараф кардани паёмадҳои сел шикоят карда буданд.

Аммо дар ахбори телевизионҳои давлатӣ кумаки худи сокинон ба якдигарро ташаббуси мақомоти маҳаллӣ унвон мекарданд.

Як манбаи огоҳ аз вазъият бидуни зикри номаш рӯзи душанбе ба Azda tv гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Ваҳдат намегӯянд, ки кумакҳо аз дигар созмонҳост, баракс мардумро ба шукргузорӣ аз “Пешво” маҷбур доранд ва ин ҳамаро аз “сиёсати хирадмандона” ва “лутфу марҳамти ӯ нисбати мардум” талаққӣ мекунанд.

Яке аз созмонҳои кумакрасоне, ки ба осебдидагони сели рӯзҳои 27 ва 28-уми август дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ кумак расондааст, ин Агентии Оқхон оид ба Муҳити зист мебошад. Кумакрасонии ин созмон дар ҳолест, ки мақомоти кишвар алайҳи ниҳодҳои марбут ба Оқохон мубориза эълон карда, ахиран чанд муассисаиҳои таълимии онро давлатӣ эълон карданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27-ум ва субҳи 28-уми августи соли ҷорӣ дар пайи боришоти сахт дар чандин шаҳру ноҳияи кишвар сел ба вуҷуд омад. Аз ҳама бештар сел ба сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ зарар расонд. Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи ин селҳо дар ноҳияҳои мазкур 21 нафар ба ҳалокат расида, садҳо хонаи дигар зарари ҷиддӣ диданд.

Боздошти модари Дилшоди “СБ” ва марги Ахмедов дар пайи шиканҷаи бераҳмона

0

Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, маъруф ба Дилшоди “СБ” ё “красавчик” аз ҷониби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар боздошт шудааст. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Соҷида Саидмуроваи 64-сола, ки ҷое кор намекард ва бознишаста аст, бо иттиҳоми “авбошӣ” рӯзи 30-уми август боздошт шудааст. Мақомот то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд ва маълум нест Саидмуродава дар куҷо ва кай даст ба авбошӣ задааст. 

Ин бори аввал нест, ки дар қазияи Шуҳрат Исматуллоев, мақомот модари гумонбаронро боздошт мекунанд. Пештар аз ин Радиои Озодӣ аз боздошти модари Акбар Аҳмедов хабар дода буд. 

Бино ба иттилои манбаъ, мақомот аввали моҳи август модари Ахмедовро дастгир карда, ба боздоштгоҳ бурдаанд ва барои фишор ба писараш чанд муддат онҷо нигоҳ доштанд.

Акбар Ахмедов миёнаҳои моҳи август ночор аз Маскав ба Душанбе бармегард ва худро ба мақомоти интизомӣ таслим мекунад. Аммо чанд рӯз баъд аз боздошташ ҳангоми бозпурсӣ дар натиҷаи шиканҷа ва латтукӯби бераҳмонаи кормандони мақомот дар боздоштгоҳ мефавтад ва ӯро пинҳонӣ дар зодгоҳаш ба хок месупурданд.

Мақомот мисли ҳамеша чунин ҳодисаҳоро шарҳ намедиҳад. Аммо Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов аз гумонбарони қатли муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев ба шумор мераванд. Онҳо баъд аз нопадид шудани Исматуллоев ба Русия фирор карда буданд. 

Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 28-уми август ба Русия сафар кард ва яке аз ҳадафҳои ин сафар боздошту ба ватан баргардондани Дилшод Саидмуродов гуфта мешуд. 

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш хабар дода буд, ки ду гумонбар дар қатли Шуҳрат Исматуллоевро дар ҳудуди Федератсияи Русия боздошт кардаанд. Эҳтимол мерафт, ки боздоштшудаҳо Дилшод Саидмуродов, раҳбари ин гурӯҳ ва Акбар Ахмедов бошанд. Аммо дертар хабари марги Ахмедов дар пайи шиканҷаи бераҳмона расонаӣ шуд. Инчунин дақиқ нест, ки Дилшод Саидмуродов боздошт шудааст ё не.  

Бино ба иттилои мақомот, Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода 23-юми июни соли ҷорӣ рабуда шуда, дар натиҷаи шиканҷа ҷон додааст. Ҷасади ӯро нимаи аввали моҳи август дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо карда, 30-юми август дар Душанбе ба хок супориданд.

То ҳол мақомот бо гумони даст доштан дар қатли Исматуллоев 13 нафарро боздошт кардааст, ки номи баъзеи онҳо расонаӣ нашудааст. Инчунин яке аз гумонбарон дар қатли Исматуллоев, бо номи Рустам Ашӯров, собиқ корманди ВКД дар пайи як тирпаронӣ дар Фурӯдгоҳи Кишинёви Молдова ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористон фавтид. 

Ифтитоҳи бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон

0

Фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон дубора барқарор шуд.

Тавре расонаҳои афғонистонӣ хабар доданд, рӯзи 2-юми сентябри соли ҷорӣ мақомоти ВМКБ-и Тоҷикистон бо мақомоти Толибон расман дар ифтитоҳи ин бозорҳои муштарак ширкат карданд.

Ҳаётуллоҳ, вулусволи Ишкошими Афғонистон ба расонаҳои маҳаллӣ хабар дода, ки бозори мазкур бо мувофиқа бо мақомоти ҳукумати сарпарасти Толибон ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтанд.

Ба иттилои вулусволи Ишкошими Афғонистон, ин бозорҳо дар як ҳафта як маротиба, рӯзҳои шанбе боз мешаванд ва шаҳрвандони наздимарзии ду кишвар мисли қаблӣ аз он истифода хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҷиҳати коҳиши танишҳо байни ду кишвар, мақомоти Тоҷикистон ба ин кор иқдом карданд. Ин бозорҳо дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим боз шудаанд.

Ин бозорҳо то омадани Толибон ба сари қудрат дар соли 2021 фаъолият доштанд ва мардуми ду кишвар байни ҳамдигар хариду фурӯш ва табодули коло мекарданд, аммо баъдтар бино ба далоили амниятӣ фаъолияти ин бозорҳо муваққатан қатъ шуд.

Боздошти Абдуқодири Рустам

0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон нависандаи номдори тоҷик Абдуқодири Рустамро шоми рӯзи 31-уми асгусти соли ҷорӣ дар манзили зисташ боздошт кардаанд. Дар ин бора Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҳаракати “Ватандор” дар саҳфаи фейбукиаш хабар дод.

Бино ба иттилои Атовуллоев, “Гуноҳи собиқ журналисти «Чароғи рӯз» ҳамкор ва дӯсти Абдухалил Холиқзод – молики шифохонаи ба номи Ибни Сино будан аст, ки чандест дар паси милаҳои зиндон аст!”.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Душанбе дар суҳбат ба Azda tv хабари боздошти Абдуқодири Рустамро таъйид кард, аммо аз додани ҷузъиёти он худдорӣ кард.

Абдуқодири Рустам дар ҳоле боздошт мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони “Ибни Сино” молики нашриёти “Эр-граф”-ро низ боздошт карда буданд.

Рӯзи 28-уми август як манбаъ аз Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, мудири кулли нашриёти “Эр-граф” як рӯз пас аз боздошти Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби баҳсбарангези “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шудааст. Манбаъ гуфт, ки китоби мазкур дар ин чопхона ба табъ расида буд ва шояд боздошташ ба ҳамин масъала рабт дошта бошад.

Ба иттилои манбаъ, пайвандонаш дар бораи боздошти ӯ суҳбат намекунанд, вале ба гуфтаи ӯ, қаблан мақомот мудири кулли нашриётро ду маротиба барои бозпурсӣ даъват карда, ҷавоб доданд. “Аммо баъди як рӯзи боздошти Холикзода ӯро ба бозпурсӣ даъват кардаанду аз он замон то имрӯз касе ӯро дар ҷои кораш, яъне чопхона надидааст.“, мегӯяд манбаъ.

Тамосҳои Azda tv ба идораи чопхонаи мазкур бенатиҷа буд ва ҳамзамон шумораи телефони мудири ин чопхона низ “дастнорас” шудааст.

Бо пайдо шудани маълумоти бештар хабар такмил мешавад.

Нигаронии Эмомалӣ аз таҳлилгарон: Шумо соҳаи маорифро интиқод накунед!

0

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1-уми сентябр зимни суханронияш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара бо нигаронӣ аз таҳлилгарон гуфт, ки набояд соҳаи маорифро мавриди интиқод қарор бидиҳанд, зеро шумори аҳолӣ зиёд шуда ва талабот барои ҷойи нишаст дар мактабҳо ҳам афзоиш ёфтааст.

1-уми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи дониш ҷанш гирифта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар ин рӯз бо гузаронидани “Дарси сулҳ” суханронии вежае дорад.

Ӯ имрӯз зимни суханронӣ дар “Дарси сулҳ”-аш мисли ҳамеша аз солҳои ҷангу вазъияти номуносиб барои таҳсил мисол оврада, таъкид кард, ки ӯ бо ҳукуматаш пас аз соли 2000-ум имкон пайдо карданд, ки ба соҳаи маориф машғул шаванд.

Эмомалӣ ҳамчун ишора кард, ки дар қиёс ба солҳои то истиқлол нуфуси аҳолӣ афзоиш ёфта, теъдоди донишомӯзону макатабҳо низ зиёд шудааст. Ӯ мегӯяд, дар қиёс ба он солҳо шумораи донишгоҳу донишкадаҳо чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст.

Зимни суханронияш раисҷумҳур аз баъзе таҳлилгароне, ки ба қавли Хадамоти Президент, бунёдкориҳои соҳаи маорифро нодида мегиранд, изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки “Онҳо фаромӯш намудаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид. Афзоиши аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф таъсир мерасонад. Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад.” Вале ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ин дар кишвар ҳар сол то 200 мактаб барои хонандагон бунёд мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар баъзе минтақаҳои дурдасти кишвар чанд деҳа як мактаб доранд ва он ҳам дар солҳои 80-90-уми асри гузашта сохта шудаанд. Аммо дар баъзе манотиқи кишвар мактабҳои замонавӣ зиёд сохта мешаванд.

Ду рӯзи пеш манобеи Azda.tv аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, ки мақомоти ноҳияи Дарвоз фаъолияти бархе мактабҳои ҳамагонии деҳаҳои атрофи ҷамоати деҳоти “Қалъаи Хумб”-ро қатъ ва ё маҳдуд карда, волидони хонандагони мактабҳоро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба мактаби нав фиристанд.

Чанде пеш дар ин ноҳия Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат дар ҷамоати деҳоти “Қалъаи Хумб” сохта шуд, ки 15-уми августи соли ҷорӣ худи Эмомалӣ Раҳмон онро ифтитоҳ кард. Ин мактаб барои 840 хонанда пешбинӣ шудааст.

Сокинони деҳаҳои Умарак ва Даштаки ноҳияи Дарвоз аз он шикоят доштанд, ки ҳар дуи ин деҳаҳо мактабҳои нави худро доранд, вале мақомот дари онҳоро баста, волидонро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба Гимназияи нав дар Қалъаи Хумб шомил кунанд. Масофа байни ин гимназия ва деҳаи Умарак ҳудуди 3 километр роҳ будааст.

Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилоти зиёд дар соҳаи маориф, аз қабили ришварву фасод, хешутаборбозӣ ва нарасидани кадрҳои мутахассис ба сабаби кам будани маош, боз Эмомалӣ Раҳмон аз

Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилоти зиёд дар соҳаи маориф, аз қабили ришварву фасод, хешутаборбозӣ ва нарасидани кадрҳои мутахассис ба сабаби кам будани маош, боз Эмомалӣ Раҳмон

Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилоти зиёд дар соҳаи маориф, аз қабили ришварву фасод, хешутаборбозӣ ва нарасидани кадрҳои мутахассис ба сабаби кам будани маош, боз Эмомалӣ Раҳмон аз таҳлилгарон ва озодандешон мехоҳад дар бораи ин мушкилот ҳарф назанд.

Сарпечии омӯзгорони ҷавон аз кор дар мактабҳо

0

Зиёда аз 50 дарсад омӯзгорони ҷавоне, ки барои кор ба мактабҳо роҳхат гирифтаанд, ба муассисаҳои таълимӣ нарафтаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 1-уми сетябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки имсол зиёда аз 260 ҳазор нафар кӯдакон дар мактабаҳои Тоҷикистон ба синфи якум рафтаанд.

Президенти Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар зодгоҳаш дар ноҳияи Данғара суханронӣ мекард, бо нигаронӣ гуфт: Соли ҷорӣ 3 ҳазору 432 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои кор ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шудаанд, ки то имрӯз 49 фоизи онҳо ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз кам шудани сафи донишҷӯён дар муассисаҳои олии таълимии кишвар нигаронӣ карда, изҳор доштааст, ки тибқи оморҳои расмии Маркази милии тестӣ (ММТ), соли равон нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст, ки хеле кам аст.

Гуфта мешавад, дар замони беш аз 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсатҳои ғалати раҳбарияти кишвар ба ботлоқи буҳронҳо гирифтор шуда, эътимоди мардум ва бахусус ҷавонон ба ояндаи неки худ дар Тоҷикистон беш аз 50% коҳиш ёфтааст. Ба ҳамин хотир, на майли хондан ва касб омӯхтан дар Тоҷикистонро доранд ва на вақте донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии кишварро хатм кунанд, тибқи роҳхатҳо ба ҷои кор ҳозир мешаванд.