11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 180

Туркия шаҳрвандии раҳбари ихвониҳоро бекор кард?

0

Мақомоти Туркия шаҳрвандии раҳбари Ҷамоати “Ихон-ал-муслимин” дар Миср Маҳмуд Ҳусейнро ҳамроҳи ҳамсараш бекор карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои мисрӣ, Маҳмуд Ҳусейн раҳбари ихвониҳо аз соли 2014 дар Истанбул зиндагӣ мекунад ва ӯ пештар шаҳрвандии Туркияро ҳамроҳи ҳамсараш ба даст оварда буданд. Сабаби лағви шаҳрвандии онҳо мухолифат ба шартҳои шаҳрвандии ин кишвар мебошад.

Гуфта мешавад, мақомоти Туркия раҳбари ин ҷамоатро ҳамроҳи беш аз 40 нафар дигар аз пайравонаш дар мухолифат ба шартҳои гирифтани шаҳрвандӣ аз роҳи дороии моликият, аз ҷумла харидани хона дар Туркия муттаҳам кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, ин гурӯҳ дар шаҳри Истанбул ва дигар шаҳрҳои Туркия хона харида ва ба ин восита шаҳрвандии Туркияро соҳиб гаштанд, вале дар давоми камтар аз се сол хонаҳоро боз ба дигарон фурӯхтаанд. Тибқи қонунҳои ин кишвар, шаҳрванди хориҷие, ки бо роҳи харидани манзил ва дигар моликиятҳо соҳиби шаҳрвандии Туркия мешавад, то 3 сол ҳаққи фурӯхтани хонаҳоро надорад.

Аммо бархе расонаҳо аз манобеи наздик ба ҷамоати “Ихвон-ал-муслимин” дар Туркия менависанд, ки ба эҳтимоли зиёд қарори ҳукумати ин кишвар барои бекор кардани шаҳрвандии Маҳмуд Ҳусейн ва ҳамроҳонаш дар пайи сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба Миср ва мулоқоти ӯ бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Сисӣ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзноманигори мустақил Сомӣ Камолуддин дар ҳисоби “Х”-аш ин иддаоҳоро рад карда, мегӯяд, ки ин ҳама овозаи дурӯғ асту асосе надоранд. Ба гуфтаи ӯ, овозаи бекор кардани шаҳрвандии раҳбари ихвониҳо се моҳ пеш аз сафари Эрдуғон ба Миср аз ҷониби расонаҳои Миср ва Саудӣ паҳн шуда буданд.

Аксари рӯзноманигорону таҳлилгарони мустақил низ дар навиштаҳои худ таъкид мекунанд, ки як овозаи беасос аст.

То ҳанӯз дар ин бора мақомоти Туркия маълумоти расмӣ нашр накардааст ва назари худи раҳбарони ихвон ҳам дар ҷое вобаста ба ин хабар расонаӣ нашудааст.

Мусобиқоти Тоҷикистону Арабистон

0

Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи интихобии мусобиқоти “Ҷоми ҷаҳон-2026” оид ба футбол бо ду дастаи пурқувати кишварҳои арабӣ бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи Футболи Тоҷикистон, 21-уми марти соли 2024 дастаи мунтахаби миллии футболи кишвар дар даври дувум марҳилаи интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2026 бо Арабистон Саудӣ бозӣ мекунад.

Тоҷикистон дар ин даври дувуми марҳилаи интихобии дастаҳо дар гурӯҳи “G” бозии сеюми худро баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор мешавад. Замони бозӣ соати 23:59 ба вақти Душанбе гуфта шудааст.

Гуфта мешавад, 26-уми марти соли ҷорӣ дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бозии худро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мекунанд. Оғози ин бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ эълон шудааст.

Афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистону Русия

0

Соли гузашта гардиши ҳамҷми молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Русия афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми феврали соли 2024, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар ҳошияи расми ифтитоҳи “Бозиҳои оянда”-и шаҳри Қазони Тотористон мулоқот карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар рафти ин мулоқот “ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.”

Инчунин таъкид гардидааст, ки дар соли 2023 ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол байни Тоҷикистону Русия 2,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ расид ва Русия пешсафии худро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.”

Имрӯз, 22-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Тотористон Рустам Минниханов низ мулоқот карда, музокироти дуҷониба байни ҳайатҳои расмии ду кишвар низ баргузор гардидааст.

Инчунин пас аз ин мулоқот, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов ба Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб дониста аст.

Ёдовар мешавем, ки зуҳри дирӯз Эмомаль Ращмон барои иштирок дар расми ифтитоҳи мусобиқоти “Бозиҳои оянда”-и шаҳри Қазон дар раъси як ҳайати расмӣ ба Тотористон рафта буд.

Сармурабби нави дастаи футболи Тоҷикистон

0

Гела Шекиладзе, сармураббии нави дастаи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми феврали соли 2024, Гела Шекиладзе, мутахассиси 53-солаи гурҷӣ сармураббии нави дастаи миллии футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба қавли манбаъ, ин мутахассиси шинохтаи Гурҷистон дар давраи бозиҳои “Ҷоми Осиё-2023” ёвари Петр Шегрти, сармураббии харватӣ дар тими миллии футболи Тоҷикистон буд ва футболбозони кишварамон ҳам бо вай аз наздик ошно ҳастанд.

Инчунин дар ин давра Тамаз Бокерия, мутахассиси дигари гурҷӣ ёвари Гела Шекиладзе дар тими миллии футболи Тоҷикистон хоҳад буд. “Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста боқӣ мемонанд.”

Гуфта мешавад, “Гела Шекиладзе айёми футболбозӣ дар дастаҳои “Динамо-Батуми” (Гурҷистон), “Лйерс” (Белгия), “Руселаре” (Белгия), “Арсенал” (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ кардааст. Вай дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.

Солҳои 2007-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намуда, инчунин ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.

Боздошти кормандони ширкати “Барқи тоҷик”

0

Ду корманди ширкати “Барқи тоҷик”, ки бо роҳҳои сохтакорӣ беш аз ду миллион сомониро ба фоида худ харҷ карда буданд, боздошт шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми феврали соли 2024 Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо нашри матлабе хабар дод, ки ду корманди “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”-ро бо иттиҳоми “азони худкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон” боздошт кардааст.

Ба қавли манбаъ, “Эргашев Б.С., сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул” ва “бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ” даст ба ҷиноят задаанд.

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон ин афродро ба он муттаҳам мекунад, ки дар давоми соли 2023 таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори Шабакаҳои барқи Панҷакентро ба маблағи умумии 2 миллиону 136 ҳазору 613.31 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф кардаанд, ки бо ин рафторашон ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Агнентии зидди фасод бо нашри ин хабар, назари муттаҳамон, наздикон ва ё адвокатҳои онҳоро зикр накардааст, вале таъкид мекунад, ки нисбати онҳо бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Интиқоди Эрон аз Тоҷикистон

0

Тоҷикистон ҳаҷми молиёти гумрукӣ барои баъзе колоҳои воридотӣ аз Эронро ба сурати ногаҳонӣ зиёд кардааст. Ин кор интиқоди Эронро ба бор овардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Самад Ҳасанзода, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маъодин ва кишоварзии Эрон бо Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон мулоқот кардааст.

Дар ин мулоқот ҷониби эронӣ аз он интиқод кардааст, ки “афзоиши ногаҳонии таъруфаҳои гумрукӣ барои бархе колоҳои воридотии Эрон аз сӯи Тоҷикистон монеи дар ҷиҳати афзоиши муносибатҳои тиҷории ду кишвар аст.”

Инчунин ҷониби Тоҷикистон аз он нигаронӣ кардааст, ки “дар 30 соли гузашта беш аз 250 санади ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар имзо шуда, ки агар фақат ниме аз онҳо иҷроӣ шуда буд, ҳаҷми табодулоти тиҷории Эрону Тоҷикистон ба як миллиард расида буд.”

Гардиши ҳамҷми молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2023 мелодӣ аз 100 миллион доллари амрикоӣ, ки дар солҳои гузашта буд, ба 270 миллион доллар афзоиш ёфт, аммо ин рақам ҷонибҳоро қаноатманд намекунад, зеро сарони кишварҳо таъкид карда буданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуд ин рақам ба 500 миллион доллар расонида шавад.

Гуфта мешавад, ҳамҷи табодулоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар беҳтарин шароит, ки ба солҳои 2008-2013 рост меояд, он ҳам дар соли 2012 аз 350 миллион доллар фаротар нарафтааст. Он замон миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки шиносномаи тоҷикӣ ҳам дошт, чандин тарҳи бузургеро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд.

Аммо тирамоҳи соли 2013 вақте Бобаки Занҷонӣ дар Теҳрон боздошт шуд ва вакилони ӯ талаб карда буданд, ки пулҳояш дар ҳаҷми 3,5 миллиард доллари амрикоӣ аз Тоҷикистон ба Эрон интиқол дода шаванд, билофосила равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва муносибатҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва тиҷорӣ байни Душанбе ва Теҳрон сард шуд.

Он замон Тоҷикистон пулҳои Бобаки Занҷониро ба Эрон таҳвил надод. Бобаки Занҷонӣ 10 сол инҷониб зиндонӣ аст. Аммо мақомоти Эрон чанд рӯз пеш хабар доданд, ки пулҳои Бобаки Занҷонӣ ба сурати нақдӣ аз хориҷ ба Эрон интиқол дода шуданд. Аммо нагуфтаанд, ки ин пулҳо аз кадом кишварҳо ба Эрон интиқол дода шуданд. Бо ин вуҷуд, акнун имкони озод шудани Бобаки Занҷонӣ вуҷуд дорад, аммо ӯ барои дубора соҳиб шудан ба дороиҳояш ба Тоҷикистон бар мегардад ё хайр, номаълум аст.

Афзоиши саркӯби фаромилӣ дар ҷаҳон

0

Давоми 10 соли гузашта фишор болои фаъолони сиёсӣ дар ҷаҳон нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст.

Аз соли 2014 ба ин тараф беш аз 20 дарсади ҳукуматҳои ҷаҳон барои хомӯш кардани фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон, ҷонибдорони собиқи режим, намояндагони ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар хориҷ, даст ба саркӯби фаромилӣ задаанд.

Бино ба гузориши созмони ҳуқуқии “Freedom House”, танҳо дар соли гузашта мақомоти 25 кишвари дунё дар 125 ҳолати саркӯби фаромиллӣ, аз ҷумла куштор, одамрабоӣ, ҳамла, боздошт ва ихроҷи ғайриқонунӣ, даст доранд.

Дар солҳои 2014 то 2023, созмони “Freedom House” 1034 ҳодисаи мустақими физикии саркӯби фаромиллиро, ки аз ҷониби ҳукуматҳои 44 кишвар дар 100 кишвари дунё сурат гирифтаанд, ҳуҷҷатгузорӣ кардааст.

Ҳукуматҳои Чин, Туркия, Тоҷикистон, Русия ва Миср дар маҷмуъ аз соли 2014 омилони асосии саркӯби фаромиллӣ ба шумор рафта, танҳо ба Чин 25 дарсади ин навъи саркӯбҳо рост меояд. Аммо ба панҷгонаи аввали соли 2023 ҳукуматҳои Русия, Камбоҷа, Мянма, Туркманистон ва Чин шомиланд.

Майкл Ҷ. Абрамовитс, раиси созмони “Freedom House” бар ин бовар аст, ки саркӯби фаромиллӣ ба амнияти дохилӣ ва байналмилалӣ таҳдиди мустақим дорад ва ҷомеаҳои демократӣ бояд барои ҳалли фаврии ин мушкилот якҷоя кор кунанд.

“Мо ҷаҳонеро қабул карда наметавонем, ки дар он барои рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар афроде, ки аз режимҳои саркӯбгар интиқод мекунанд, бандари амн вуҷуд надошта бошад. Кишварҳои демократӣ бояд барои дифоъ аз соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои бунёдии худ бештар кор кунанд”- мегӯяд раиси созмони “Freedom House”.

Гуфта мешавад, созмони “Freedom House” дар гузориши соли 2022-и худ низ ҳукумати Тоҷикистонро “яке аз омилони саркӯби фаромиллӣ дар ҷаҳон” дониста буд. Ин созмон дар гузоришаш гуфта буд, ки танҳо дар соли 2022 ёздаҳ мухолифи сиёсиву мазҳабӣ аз Русия ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон баргардонда шуда, “бисёре аз онҳо бо иттиҳомҳои сохта” дар зиндон ҳастанд.

Он замон Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар соли 2022 наздик ба сад нафар аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шуданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 16-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон гуфт, ки бо дархости Тоҷикистон дар як соли ахир беш аз 200 нафаре, ки барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун нисбаташон парванда боз шуда буд, аз хориҷа ба кишвар истирдод шудаанд.

Гуфта мешавад, соли гузашта Билол Қурбоналиев, узви ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи дигари тоҷик аз Олмон, инчунин Низомиддин Насриддинов, узви собиқи “Гурӯҳи 24” аз Беларус ба Тоҷикистон иистирдод шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои бозиҳо ба Русия рафт

0

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 21-уми феврали соли 2024, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайъати ҳукуматӣ бо ҳадафи ширкат дар расми ифтитоҳи “Бозиҳои оянда” озими шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуд.

Ба қавли манбаъ, “дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.”

Бо вуҷуди он ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи ҳадаф ва ё сабабҳои аслии ин сафар чизе нагуфтааст, аммо бархе расонаҳои маҳалӣ дар шаҳри Қазони Русия хабар додаанд, ки ҳадаф аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардан дар расми ифтитоҳи “Бозиҳои оянда”-и шаҳри Қазон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон танҳо раиси ҷумҳуре нест, ки дар расми оғози ин бозиҳо ширкат мекунад, балки ҳамтоёни вай аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ҳам аз ҷумлаи меҳмонони даъватшуда дар ин маросими варзишӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон тайи камтар аз як ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тамошои бозиҳо ҳамроҳ бо ҷамъе аз зердастонаш дар ҳукумат ба хориҷ сафар мекунад. Вай 17-уми феврали соли ҷорӣ ба Қатар рафта, дар расми ифтитоҳи бозиҳои аспдавонӣ ширкат карда буд.

Гуфта мешавад, “Бозиҳои оянда”, як чорабинии васеъмиқёси варзишӣ дар чорроҳаи варзиш, илм ва технология, баҳамафзоии варзишҳои классикӣ ва рақамӣ мебошад. Ин мусобиқоти байналмилалӣ аз рӯи 21 фанни инноватсионӣ баргузор мешаванд. Макони асосии баргузории “Бозиҳои оянда” маҷмааи намоишгоҳи “Expo Kazan” аст.

Тоҷикистон тибқи раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар феҳристи фақиртарин кишварҳои дунё ҷой дорад. Бинобар фақир будан ва кишвари камбизоат эътироф шудан, дар соли 2023 ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби 63 кишвари дунё кумак дарёфт кардааст. Вале масрафи ин сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар раъси ҳайъатҳои расмӣ аз ҳукумат сурат мегиранд, даҳҳо миллион сомонӣ хароҷот доранд.

Тоҷикистон бо Қатар “истирдоди ҷинояткорон”-ро баррасӣ кард

0

Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Қатар хост, ки шаҳрвандонеро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар пайгард ҳастанд, боздошт ва ба Душанбе истирдод кунад.

Ин гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти давлати Қатар зимни сафари Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ба Давҳа рӯзҳои 17-18-уми феврал сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Юсуф Раҳмон бо ҳамтои қатарияш Исса бин Саад ал-Ҷафалӣ зимни мулоқот масоили марбут ба “татбиқи амалии шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, ки соли 2023 ба имзо расонида шуда буданд”-ро, баррасӣ карданд.

Дар хабари додситонӣ зикр гардида, ки ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории мақомоти ду кишвар дар бораи муқовимат бо терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар навъҳои ҷинояткориро муҳокима карда, тақвияти ҳамкориҳоро таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни Тоҷикистон ва Қатар дар мавриди истирдоди шаҳрвандони ҳамдигарро тасвиб карда буд.

Парлумони Тоҷикистон дар он ҷаласаи худ ҳамчунин Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои идомаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар ва Созишнома дар бораи ёрии дуҷонибаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатарро низ ба тасвиб расонд.

Интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба Афғонистон кам шуд

0

Ширкати барқрасони “Бришно” дар барои кам шудани интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба Афғонистон хабар додааст.

Ҳикматуллоҳ Майвандӣ, сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон дар саҳфаи “Х”-и худ хабар додааст, ки шуруъ аз дирӯз, 19-уми феврали соли 2024 интиқоли нерӯи барқи содиротии Узбекистон ба Афғонистон 50% камтар шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон сабаби асосии кам шудани интиқоли нерӯи барқи содиротии Узбекистон ба Афғонистон “мушкилоти фаннӣ” мебошад ва пас аз бартараф шудани ин мушкилот дубора ҳаҷми барқи воридотӣ ба реҷаи худ бар гардонда мешавад.

Интиқоли нерӯи барқи Узбекистон ба зеристгоҳҳои вилояти Кобул, Хулм ва Хинҷони Афғонистон маҳдуд шудааст. Ширкати “Бршино”-и Афғонистон ҳам бобати таҳаммули ин мушкил, ки эҳтимол чанд рӯз давом хоҳад кард, ба сурати расмӣ аз муштариёнаш узрхоҳӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Афғонистон бахше аз мардуми худро бо тавлиди нерӯи барқи дохилӣ таъмин мекунад ва қисми зиёди дигарро бо нерӯи барқи воридотӣ. Ин кишвар нерӯи барқи воридотии худро аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистону Эрон харидорӣ мекунад.