13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 186

Ваъдаи 200 ҳазор долар барои пирӯзии футбобозони тоҷик

0

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфтааст, ки агар дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мунтахаби футболи Урдунро шикаст диҳад, 200 ҳазор доллар дарёфт мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар даври чорякфинлаии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби футболи Урдунро дар Қатар шикаст диҳад, 200 ҳазор доллар дарёфт мекунад.

Ба қавли манбаъ, пеш аз ин замоне ки мунтахаби миллии Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ дар бозиҳои гурӯҳӣ ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳаи Қатар роҳ ёфт, аз ҷониби ФФТ барои ин даста “300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд.”

Инчунин вақте мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон “дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ғолиб омад, аз ҷониби ФФТ ба мунтахаби Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо шуда буд.

Гуфта мешавад, 2-юми феврали соли ҷорӣ соати 16:30 ба вақти Душанбе мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо тими миллии Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Қатар бозӣ мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки агар мунтахаби миллии футболи кишвар дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 пирӯз шавад, “мукофотҳои калон” ба онҳо тақдим карда мешавад.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Қатар дар робита ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 30-уми январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон мулоқот ва дар бораи рушди ҳамкориҳои дуҷониб баҳсу гуфтугӯ карданд.

Ба қавли манбаъ, ин мулоқот, ки дар бинои Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, “ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.”

Гуфта мешавад, ин мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муборак ибни Абдурраҳмон Муборак Ан-Наср, сафири фавқулъода ва мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор шуда, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қатар рафта буд.

Имрон Хон  ба 14 соли дигар маҳкум шуд

0

Пас аз он ки дирӯз додгоҳе дар Покистон собиқ Нахуствазири ин кишварро ба 10 соли зиндон маҳкум кард, имрӯз ҳам додгоҳе дар як парвандаи дигар ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои покистонӣ, имрӯз, 31-уми январи соли 2024 додгоҳе шаҳри Ровилпиндии Покистон собиқ Нахуствазири ин кишвар Имрон Хон ва ҳамсараш Бушро Бибиро ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Собиқ Нахуствазири Покистон ва ҳамсараш дар парвандаи мавсум ба “тӯшахона” бо иттиҳоми фурӯши туҳфаҳои давлатӣ, ки Имрон Хон дар замони нахуствазириаш тайи солҳои 2018-2022 аз хориҷ дарёфт карда ва гӯиё қисме аз онҳоро фурӯхтааст, муттаҳам мешаванд. Иттиҳомоте, ки ҷониби маҳкумшудаҳо онро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, рад мекунанд.

Инчунин бар асоси ҳукми содиршуда дар ин парванда, Имрон Хон ва ҳамсараш Бушро Бибӣ аз машғул шудан ба мансабҳои давлатӣ маҳрум ва ҳар кадом ба пардохти 787 миллион рупияи покистонӣ (тақрибан 2 миллиону 820 ҳаор доллари амрикоӣ) низ ҷарима карда шудаанд.

Бушро Бибӣ ҳамсари севуми Имрон Хон аст. Имрон Хон пеш аз вай ду бори дигар извоҷ карда буд, вале издовоҷҳои номуваффақ будаанд. Бушро Бибӣ ё Бушро Монико қабл аз издивоҷ бо Имрон Хон миллионер ва пайрави яке аз ҷараёнҳои тасаффув дар Покистон буд. Вай аз шавҳари собиқаш 5 фарзанд дорад. Имрон Хон гуфта, пеш аз издивоҷ ҳеч гоҳ чеҳраи ӯро надида буд.

Гуфта мешавад, 30-уми январи соли 2024 сухангӯи Ҳизби таҳрики инсофи Покистон раҳбари ин ҳизб Имрон Хон ва муовини ӯ дар ҳизбаш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ аз сӯи додгоҳе бо иттиҳоми фош кардани асрори давлатӣ ба 10 солии зиндон маҳкум шуда буданд. Иттиҳоме, ки онро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, ҳар ду онро рад карда буданд. Ин ҳукмҳо аз ҷониби додгоҳҳо дар ҳоле содир шудаанд, ки Имрон Хон пеш аз ин дар соли 2023 ба 3 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Баъд аз он ки дар апрели соли 2022 парлумони Покистон ба Имрон Хон раъйи адами эътимод дод ва ӯро аз мансаб барканор кард, дигар аъзои ҳукумати вай низ ҳама аз қудрат барканор шуданд. Имрон Хон инро тавтеаи сиёсӣ дониста, Амрикоро дар даст доштан ба ин қазия муттаҳам карда буд. Иттиҳомоте, ки Вошенгтон онро радд карда буд

Собиқ Нахуствазири Покистон дар давоми беш аз як соли баъди барканорӣ таблиғоти худро ба сурати гусутрад дар тамоми иёлатҳои ин кишвар ба роҳ монда, Ҳизби таҳрики инсофи Покистон тавонист дар интихоботҳои маҳаллӣ аксари курсиҳоро соҳиб шавад. Ҳукумати муваққати вақти Покистон ӯро дар чандин парванда муттаҳам дониста, соли гузашта ба се соли зиндон маҳкум карда буд.

Назарзодаҳоро аз Бадахшон ба Хатлон оварданд

0

Дар пайи ҷойивазкунии мансабдорон Эмомалӣ Раҳмон ду мақомомдорро аз Бадахшон ба Хатлон овард.

Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъйин гардидааст.

Бино ба иттилои саҳфаи фейсбукии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин ҷойивазкунии Назарзода дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон 29-уми январи соли ҷорӣ сурат гирифта, ӯро ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар Хатлон имрӯз, 30-уми январ муаррифӣ кардаанд.

Назарзода Шариф, ки дар гузашта ба ҳайси сардори Раёсатҳои ВКД дар Душанбеву Суғд ва муовини Рамазон Раҳимзода кор кардааст, моҳи феврали соли 2022 сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ таъйин гардида буд.

Баъд аз се моҳи кораш дар ин вазифа сокинон бо талаби таҳқиқи куштори сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ба эътироз баромада буданд. Пас аз ин эътирозҳо мақомот даст ба “амалиёт”-и ба гуфтаашон, “зиддитеррористӣ” зада, даҳҳо нафарро кушта, даҳҳо фаъол ва сокинони одиро бо иттиҳомоти сохта боздошту зиндонӣ карда буданд.

Инчунин дар пайи ҷойивазкунии ахир Аваз Назарзода, ки дар вазифаи додситони ВМКБ кор мекард, додситони нави вилояти Хатлон таъйин шудааст. Ӯ зодаи Исфара буда, дар гузашта додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд. Назарзода ба мақоми додситони ВМКБ дар аввалҳои соли 2023 ва баъди ба ҷиноятҳои сангин айбдор шудану ба ҳабс афтодани додситони қаблӣ Парвиз Орифзода таъйин шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле Назарзодаҳоро аз Бадахшон ба Хатлон меорад, ки рӯзи 19-уми январ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сардорони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар вилояти Хатлонро ҳамроҳи муовинонашон аз мақомҳояшон барканор карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа иқрор шуда буд, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар иловаи рушди фасод ва ришва, террористу экстремистон ҳам афзоиш ёфтааст ва ӯ вуҷуди чунин ҷинояткоронро дар байни мақомоти баланди кишвар ба “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва қабули шахсони тасодуфӣ” рабт дода буд.

Гуфта мешавад, чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ҷойивазкунии мансабдорон идома дорад ва танҳо дар як рӯзи охир Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 40 мақомдорро аз вазифа барканор карда, ба вазифаҳои дигар шинонд.

Аз ҷумла, дар пайи ин ҷойивазкуниҳо раиси ноҳияи Данғара, ки Исломиддин Раҳмон, ҷияни раисҷумҳур мебошад “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз мақомаш барканор ва Сиҷоуддин Саломзода, ҳамакнун собиқ муовини Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Данғара таъйин шудааст. Вазифаи нави Исломиддин Раҳмон то ҳол маълум нест.

Собиқ Нахуствазир ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳе дар Покистон собиқ Нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии пешини ин кишварро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 30-уми январи соли 2024 сухангӯи Ҳизби таҳрики инсофи Покистон, раҳбари ин ҳизб Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покистон ва муоини ӯ дар ҳизб Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳори хориҷии пешини ин кишвар ба 10 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба қавли манбаъ, додгоҳ раиси ҳизб ва муовини ӯро дар замони раҳбариашон дар раъси ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷӣ ба фош кардани асрори давлатӣ дар қазияи мактубҳои сафири Покистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муттаҳам кардааст. Иттиҳоме, ки онро дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, ҳар ду онро рад кардаанд.

Баъд аз он ки дар апрели соли 2022 парлумони Покистон ба Имрон Хон раъйи адами эътимод дод ва ӯро аз мансаб барканор кард, дигар аъзои ҳукумати вай низ ҳама аз қудрат барканор шуданд. Имрон Хон инро тавтеаи сиёсӣ дониста, Амрикоро дар даст доштан ба ин қазия муттаҳам карда буд.

Собиқ Нахуствазири Покистон дар давоми беш аз як соли баъди барканорӣ таблиғоти худро ба сурати гусутрад дар тамоми иёлатҳои ин кишвар ба роҳ монда, Ҳизби таҳрики инсофи Покистон тавонист дар интихоботҳои маҳаллӣ аксари курсиҳоро соҳиб шавад. Ҳукумати муваққати вақти Покистон ӯро дар чандин парванда муттаҳам дониста, соли гузашта ба се соли зиндон маҳкум карда буд.

Гуфта мешавад, содир шудани ҳукм дар бораи Имрон Хон ва муовини ӯ дар ҳолест, ки ҳафтаи оянда дар ин кишвар интихоботи сартосарӣ баргузор мешавад. Имрон Хон ва чандин тани дигар аз раҳбарони ин ҳизб ҳанӯз дар соли 2023 аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ин интихоботҳои мардумӣ маҳрум карда шудаанд.

Сомонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон фаъол мешаванд?

0

То имрӯз қариб ҳама мақомоти давлатӣ ва додгоҳҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сомонаи расмии худро доранд, аммо қариб, ки аксари онҳо фаъол нестанд.

Имрӯз 30-уми январ Агентии хидмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дошт, раҳбари ин ниҳод Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба арсонаҳо гуфт, ки “дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 нақша дорад мониторинги сомонаҳои тамоми мақомоти давлатиро гузаронад.”

Давлатов иддао дорад, ки тамоми сомонаҳои давлатии мақомоти кишварро аз санҷиш мегузаронад, зеро онҳо тибқи қарори ҳукумати кишвар бояд ҳамеша фаъол бошанд ва дастрасӣ ба маълумотро таъмин кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 Қоидаҳои ягона дар мавриди фаъол шудани сомонаҳои расмии идораву вазоратҳоро қабул карда буд ва тамоми ниҳодҳои кишвар вазифадор шуданд, ки ба он амал кунанд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз қабули “Қоидаҳои ягона татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” мебошад.”

Аммо бо вуҷуди он ки ҳама идораву вазоратҳои кишвар сомонаҳои расмии худро доранд, вале аксари кулли онҳо фаъол нестанд ва ё як хабаре аз кадом сафари чанд моҳи қабли Эмомалӣ Раҳмон ва ё мудири ҳамон ниҳодро гузоштаанд.

Аз ҷумла, сомонаҳои додгоҳҳои кишвар вазъи буҳронӣ доранд. Худи ҳамин рӯз, пас аз тафтиш маълум шуд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон охирин матлабашро 26-уми декабри соли 2023 нашр кардааст, аммо сомонаи Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳоло фаъол нест ва сомонаи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бошад охирин хабарашро 25-уми январи ҳамин сол нашр кардааст.

Вақте мехоҳед ахбори вилояти Хатлонро аз сомонаҳои расмии вилоят ҷустуҷӯ кунед, чизе пайдо намекунед. Сомонаи расмии мақомоти давлатии ин вилотро пайдо кардан мушкил аст, аммо саҳифаи расмии ин вилоят дар Фейсбук нашри охирон матлабаш 24-уми июни соли 2021 аст.

Аз байни сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ вилояти Суғд каме фаъолтар аст, вале сомонаҳои ноҳияҳои ин вилоят ё моҳҳо пеш охирон хабари худро нашр кардаанд ва ё умуман фаъол нестанд.

HRW: Ҳукумати Олмон буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро эътироф кард

0

Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) бо нашри як гузориш аз Олмон хост, то ба Тоҷикистон бигӯяд, ки фишор болои мухолифин ва пайвандони онҳоро қатъ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 30-уми январи соли 2024 Дидабони ҳуқуқи башар бо нашри як гузориш мегӯяд, ки мақомоти Олмон паноҳҷӯёни тоҷикистониро ба кишварашон ихроҷ мекунанд ва дар Тоҷикистон онҳо зиндонӣ мешаванд.

Ба қавли манбаъ, соли гузашта мақомоти олмонӣ фаъолони сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсид ва Билол Қурбонов, ки ҳар ду дар ин кишвар паноҳҷӯ буданд, ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Айни замон ҳам Абдуллоҳи Шамсиддин ва ҳам Билол Қурбоналиев дар Тоҷикистон зиндонӣ мебошанд. Олмон бояд таҳқиқ кунад, ки аз ин зиёдтар ин ду “бо хатари шиканҷа ё муносибатҳои ғайриинсонӣ рӯбарӯ нашаванд.”

Ин гузориш бархе ҷузъиёти замони боздошти Абдуллоҳи Шамсиддинро фош карда мегӯяд, ки мақомоти Олмон аз шахсияти аслии Абдуллоҳи Шамсиддин қабл аз ихроҷ шуданаш огоҳ буданд, зеро масъулони сафорати Тоҷикистон дар Берлин дар моҳи июни соли 2022 инро тасдиқ карда буданд. Ва “ӯ пас аз ихроҷ аз Омлон ва боздошт шуданаш дар Тоҷикистон беш аз ду моҳро дар як утоқи тангу торики зиндон пушти сар карда, мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст.”

Ҳамзамон ёдовар шудааст, ки айни замон бархе “вакилони Бундестаг қазияи Абдуллоҳи Шамсиддинро пайгирӣ мекунанд. Ҳукумати Олмон бояд аз Тоҷикистон тақозо кунад, ки ба нақзи ҳуқуқи башар хотима дода, Абдуллоҳи Шамсиддинро раҳо кунад ва ба ӯ иҷоза диҳад, ки кишварро тарк намояд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар пайи равобити наздиктар бо Аврупо аст, аз ин рӯ, Берлин дар музокироташ бо Душанбе ин фишангро дорад, агар омода бошад, метавонад аз он истифода кунад.”

Гуфта мешавад, дар давоми чанд соли ахир Дидабони ҳуқуқи башар бо нашри беш аз 470 матлаб дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гузориш додааст. Ин созмон ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро як ҳукумати худкома ва саркӯбгари ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандӣ ва инсонӣ медонад.

Эмомалӣ Раҳмони 72-сола, солхӯрдатарин раисҷумҳур дар минтақи Осиёи Марказӣ, Афғонистону Эрону ва Покистон аст. Вай аз соли 1992 то ҳол дар сари қудрат қарор дорад ва барои таҳкими ҳукуматаш ҳамеша ба нақзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд муттаҳам шудааст.

Афзоиши марказҳои забономӯзӣ дар Тоҷикистон

0

Марказҳои забономӯзии забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон афзоиш меёбанд.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистону Олмон “барои тақвияти фаъолияти марказҳои амалкунандаи омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.”

Ба қавли манбаъ, зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири кулли Институти Гёте (Goethe-Institut) Йоҳаннес Эберт “роҷеъ ба имконияти боз кардани марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳонсупории Институти Гёте дар яке аз марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ” ба тавофуқ расиданд.

Гуфта мешавад, баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии дувум садҳҳо ҳазор олмонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон бадараға шуда буданд ва аз ҳамон вақт таълими забони олмонӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд. Ин раванд як муддат дар Тоҷикистон хеле суст шуд.

Аммо баъд аз соли 2010 раванди омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон аз нав тақвият пайдо карда, теъдоди марказҳои забономӯзии забони олмонӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Акнун Тоҷикистону Олмон мехоҳанд, ки барои такмили ин раванд “ҳамкориҳои анъанавӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар ва такмили ихтисоси омӯзгорони соҳа”-ро зиёдтар кунанд.

Барои таркондани мошини раиси ҲХДТ бар зидди 8 нафар парванда боз шуд

0

Дар робита ба ҳодисаи таркиши мошини раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода алайҳи 8 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ иттилоъ дод, таҳқиқи парвандаҳоро маъмурони Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон пеш мебаранд.

Додситони минтақаи Кӯлоб Ҳамзаалӣ Музаффаров ба Радиои Озодӣ гуфта, ки “ин афрод бар асоси моддаҳои 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) муттаҳам ҳастанд.”

Ҳамчунин додситон бидуни зикри тафсилот таъкид карда, ки афроди боздоштшуда дар дигар минтақаҳо ва навоҳии Кӯлоб “низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд.” Аммо, ӯ нагуфт, ки дақиқан онҳо пеш аз боздошт чӣ ҷурмеро муртакиб шуда буданд.

Мақомоти шаҳри Кӯлоб ному насаб ва шахсияти боздоштшудаҳоро фош накардааст. Инчунин то ҳанӯз назари худи боздоштшудаҳо ва ё наздиконашон дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ мошини тамғаи “Шкода”-и Салим Сайвализода дар деҳаи Тудакафш таркид, ки дар натиҷа худи ӯ осеб дида, пойи росташ шикаст.

Гуфта мешавад, замони таркиши мошин раиси ҲХД дар шаҳри Кӯлоб аз назди мошин дуртар будааст ва ба гуфтаи огаҳон, ӯ пеш аз савор шудан мошинашро бо пулт рӯшан кардааст, то каме гарм шавад ва ҳамон вақт мошин таркидааст.

Дар пайи таркиши мошини Салим Сайвализода мақомоти шаҳри Кӯлоб як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафшро 9-уми январ дар фурӯдгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия боздошт карданд ва пас аз ӯ чаҳор каси дигарро бозпурсӣ карда буданд.

Як манбаъ аз ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб гуфта буд, ки мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда”-ро пайдо кардааанд, ки ба гуфтаи манбаъ, барои аз байн бурдани соҳиби мошин дар зери он ҷойгир карда шудааст.

То ҳол маълум нест, ки чаро ва бо кадом мақсад мехостаанд мошини раиси ҳизбро битарконанд. Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мошинҳои мақомдорон дар вилояти Хатлон оташ мегирад. “Шаби 26 ва 27-уми декабри 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси дафтари “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ оташ гирифт ва ҳанӯз мақомот сабаби онро шарҳ надодаанд.”

Идомаи ҷойивазкунии мансабдорон

0

Дар Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон мавсими тағйири кадрҳо ё худ ҷойивазкунии мақомдорон идома дорад. 

Бино ба иттилои расонаҳо, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон, имрӯз, 29-уми январ Матлубахон Сатториёнро аз мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон озод ва вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин кард. Дилрабо Мансурӣ, ки то ин дам вакили парлумон ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба ҷойи ӯ муовини нахуствазир таъйин гардидааст.

Зулфия Давлатзода, ки аз моҳи январи соли 2020 то ин дам вазири фарҳанги кишвар буд “бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар” аз мақомаш озод шудааст ва вазифаи нави ӯ маълум нест.

Инчунин бо фармони дигари Раҳмонов, Нуралӣ Асозода аз вазифаи президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Амонулло Салимзода таъйин шудааст. Амонулло Салимзода то ба ин мақом таъйин шуданаш аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекард. 

Дар пайи ин ҷойивазкуниҳо, Саъдӣ Қодирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ собиқ раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода таъйин гардид.

Бо фармони дигаре имрӯз собиқ раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода раиси Кумитаи занон ва оила таъйин шуд. Вазифаи нави Ҳилолбӣ Қурбонзода собиқ раиси ин кумита то ҳол маълум нест. 

Ҳамзамон Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба ин мақом таъйин гардид. 

Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд амру фармоне дар сохторҳои қудратии кишвар низ ҷойивазкунӣ гузаронд. Аз ҷумла, Нусратулло Мирзозода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давалатии амнияти миллии Тоҷикистон озод карда шуд, аммо маълум нест, ки ба кадом вазифа таъйин гардид. Ҳамчунин маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ таъйин шудааст.

Ичнуини муовинони Додситони кулли Тоҷикистон Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода аз мақомашон барканор шуда, ба ҷои онҳо, Умед Каримзода ба мақоми муовини аввали Додситони кулл ва Сарвар Азимзода ба мақоми муовини Додситони кулл пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин Икром Зоирзода аз вазифаи муовини Додситони кул – Сарпрокурори ҳарбӣ озод карда шуда, раисҷумҳур номзадии Ҳабибулло Воҳидзодаро, ки то кунун ба ҳайси директори Агентии зиддинашъа кор мекард, ба мақоми муовини Додситони кул – Сарпрокурори ҳарбии кишвар пешниҳод кардааст.  Пешниҳодҳои президентро бояд вакилони Маҷлиси миллии маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ кунанд.

Дар пайи ин ҷойивазкуниҳо бо қарори раиси ҳукумат, Саиднахш Раҳмонзода бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини Рамазон Раҳимзоа озод карда шуд, аммо то ҳол вазифаи нави ӯ маълум нест. 

Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд.  

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.