13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 20

Тошиев: Аломатгузорӣ дар марз бо Тоҷикистон қариб ба охир мерасад

0

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, раванди аломатгузорӣ байни нуқтаҳои муайяншудаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон қариб ба поён расидааст.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев 12-уми декабри соли ҷорӣ зимни боздид аз раванди алаоматгузорӣ дар вилояти Боткен, ки бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст, гуфт, ки ҳоло дар ин минтақа беш аз 80% қитъаи марзии муайяншуда бо монеаҳои амниятӣ, аз ҷумла симхор ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ таъмин шудааст. Ӯ мегӯяд, қарор аст, раванди аломатгузорӣ дар 20 дарсад аз нуқтаҳои боқимондаи давлатӣ соли 2026 ба поён расад.

Хадамоти матбуоти КДАМ-и Қирғизистон мегӯяд, Ташиев дар ин дидор ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришҳо дода, ки зерсохторҳои марзиро таҳким бахшанд, низоми марзиро пурзӯр намуда, сатҳи амниятро боло баранд ва суръати корҳои сохтмониро тезонанд.

Аммо ҳоло маълум нест ҷониби Тоҷикистон дар ин раванд ба куҷо расидааст ва тавофуқоти онҳо дар аломатгузорӣ чӣ будааст. Мақомоти тоҷик дар бораи марз ба расонаҳо гузориш намедиҳанд.

Корҳои аломатгузорӣ ва насби симхорҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки чанд соли ахир ба сабаби мушкилоти марзӣ байни ин ду кишвари ҳамсоя чанд маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурт гирифт, ки чандин нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд. Билохира, моҳои марти соли 2025 ҷонибҳо ин мушкилот нуқта гузошта, марзҳои давлатиро муайян карданд ва ҳоло раванди аломатгузорӣ идома дорад.

Оғози марҳилаи аломатгузорӣ дар марзҳо низ пас аз он оғоз гардид, ки ҷонибҳои музокиракунанда ба тавофуқи ниҳоӣ расиданд ва сипас парлумонҳо онро тасдиқ намуда ва дар охир расиҷумҳурони ду кишвар ба санади тавофуқномаи марзӣ имзо гузоштанд. Пас аз ин, муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ низ аз нар гирифта шуд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз равнди музокирот ва ҷойҳое, ки гузашт карданд ва ба Қирғизистон бахшиданд ва аз онҳо кадом минтақаҳоро ба даст оварданд, умуман маълумот намедиҳанд.

Зоҳидро баъд аз бахшидан дар Тоҷикистон зиндонаш карданд

0

Як сокини ноҳияи Ванҷро баъд аз пурсиши афв ва баргаштан ба Тоҷикистон боздошту зиндонӣ карданд.

Зоҳид Қувватов, маъруф ба Қорӣ Зоҳид, ки чанд наворе дар Ютуб дораду дар онҳо мардумро ба ислому риояти фарзҳои он даъват мекунад, дар Тоҷикистон ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Радио Озодӣ дар истинод ба наздикони Қувватов навиштааст, ки ӯ дар Русия дар маросимҳои тую азои ҳамватанони худ амри маъруф мекард.

Гуфта мешавад, Зоҳид Қуватови 30-сола зодаи деҳаи Ҷамаки Язгулом буда, соҳиби ду фарзанд аст ва мақомоти интизомӣ моҳи марти соли 2025 ба зидди ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда будаанд.

Ва ин ҷавон пеш аз баргашт ба Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ ба унвонии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода нома навишта, умед доштааст, ки ӯро бо истифода аз як истиснои Кодекси ҷиноӣ афв мекунанд.

Дар номаи Қувватов, ки онро Радиои Озодӣ нашр кардааст, навишта шуда, ки “Ман аз кирдори содиркардаи худ сахт пушаймон буда, сидқан ва самимона афсӯс мехӯрам. Мехоҳам аз Маккаи мукаррама, ки барои адои умра омадаам, ба Тоҷикистон баргашта ба ватани худ хизмат намоям. Аз ин лиҳоз бо боварии зиёд ва эҳтироми хоса аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар асоси дастурҳои президенти кишвар…. маро аз ҷавобгарӣ озод намоед”.

Ба гуфтаи наздиконаш ӯ дар Русия мезист ва баъди адои умра дар Арабистони Саудӣ ба номааш аз мақомоти амниятии ноҳияи Ванҷ посухи мусбат гирифтааст, ки афв мешавад.

Аммо баъди бозгашт ӯро дастгир кардаанд ва моҳи ноябри имсол додраси шаҳри Хоруғ бо гуноҳи ширкат дар созмонҳои ифротгаро ва мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гунаҳкор кардаанд.

Аммо хешовандонаш дақиқ намедонанд, ки ӯ аз чӣ роҳе ва ё чӣ гуна дар созмонҳои ифротгароӣ ширкат кардааст.

Боздошти Зоҳид Қувватов дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон бо ваъдаи афв талош доранд мухолифони худро ба кишвар баргардонанд.

Чанде пеш Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ шаҳри Душанбе аз шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд ва берун аз ҳудуди Тоҷикистон пинҳон мешаванд, даъват кард, ки ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванд ва қонунгузории ҷумҳурӣ барои онҳое, ки худ айбро эътироф карда, ба пулис худро таслим мекунанд, ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад.

Боздошти марде бо иттиҳоми фаъолият дар интернет бо ному чеҳраи занона

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дода, ки ӯ дар либоси занона дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтаво нашр мекардааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ шаҳрванд Одирматов Исфандиёр, соли таваллудаш 2001-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба маводҳои ғайриахлоқӣ ва паҳнсозии маълумоти хусусӣ дастгир намуданд.

Мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода ва паҳн кардани маводҳои порнографӣ, инчунин ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон бе иҷозат ҷиноят ҳисоб мешавад ва тибқи моддаҳои 241 ва 144 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии қонунӣ меорад.

Бинобар иттилооти ВКД, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки гумонбаршаванда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Малика” саҳифа кушода, пайваста маводҳои ғайриахлоқӣ ва тарғибкунандаи фаҳшро нашр мекардааст. Инчунин муайян шудааст, ки ӯ маълумоти хусусии шаҳрвандонро ҷамъоварӣ намуда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ паҳн намудааст.

Дар аксе, ки Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нашр кардааст, дида мешавад, ки гумонбар бо либосҳои занона, мӯи дароз ва ороиши занона ҳозир шудааст. Бо вуҷуди ин, дақиқ муайян нест, ки чунин намуди зоҳирӣ ҷузъи ҳувияти ҷинсии ӯст ё ӯ қасдан худро ба шакли занона нишон додааст.

Дар хабар гуфта шудааст, айни ҳол Одирматов И. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Вале назари худи ӯ ва наздиконаш дар ин бора мушахас нест.

Гирифтани шиносномаи Русия миёни зодагони Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ поин рафтааст

0

Дар соли 2025 ҳамагӣ 71 зодаи кишварҳои хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд. Ин дар ҳолест, ки шиносномаи русиро соли гузашта 209 ҳазор хориҷӣ ба даст оварда буданд.

“РИА Новости” бо такя ба як санаде навишта, ки аз ин шумора 32 зодаи Фаронса, 6 зодаи Амрико, 5 шаҳрванди Олмон, 5 нафар аз Италия, 3 зодаи Украина ва 2-нафарӣ аз кишварҳои Лубнон ва Сербия, инчунин якнафарӣ аз кишварҳои Марокаш, Босния ва Ҳерсеговина, Туркия, Қазоқистон, Сурия, Эрон, Камерун, Бритониё, Хорватия ва Югославия шиносномаи русӣ гирифтаанд.

Аз зодагони Тоҷикистон бошад 4 нафар, ки ду нафарашон кӯдак мебошанд шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои гузашта талабот барои дарёфти шаҳрвандии Русия миёни тоҷикон ба маротиб бештар буд ва тибқи оморҳои расмии мақомоти Русия, танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2023 беш аз 87 ҳазор зодаи Тоҷикистон шиносномаи ин кишварро ба даст оварда буданд. Вале баъд аз соли 2023 дигар мақомоти Русия омори хориҷиёне, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд, расман нашр намекунад.

Сабаби якбора афтодани талабот ба шиносмаи русиро мақомоти ин кишвар шарҳ надодаанд ва ҳамчунин дар бораи дурустии санаде, ки “РИА Новости” дар такя ба он ин оморро нашр кардааст, чизе гуфта нашудааст.

Талаби Чин аз Толибон ва Тоҷикистон

0

10-уми декабри соли ҷорӣ, нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди Афғонистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст намояндаи Чин дар СММ Фу Кунг аз ҳукумати Толибон ва Тоҷикистон талаб кардааст, ки назорат дар марзро тақвият диҳанд.

Ҳамчунин ин намояндаи Чин аз Толибон хостааст, ки дар бораи кушта шудани шаҳрвандони кишвараш дар марз бо Тоҷикистон, таҳқиқ кунад ва мавзуи терроризмро ҷиддӣ бигираду онро аз хоки Афғонистон решакан кунад.

Ба гуфтаи Фу Кунг бар асоси гузориши СММ талошҳое барои мубориза бо ДОИШ дар Афғонистон сурат гирифтааст, аммо ба иддаои намояндаи Чин гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Таҳрики Толибони Покистон ҳамчунон дар ин кишвар фаъол ҳастанд ва ҳамлаҳоеро алайҳи кишварҳои ҳамсоя тартиб дода ва иҷро мекунанд.

То ҳол посухи Толибон ва Тоҷикистон дар ин маврид дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ду ҳамла бо истифода “аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” анҷом шуда, 10 шаҳрванди Чин, ки дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд, куштаву захмӣ шуданд. 

То ҳол ҳадафи ин ҳамлаи маргбор маълум нашуда, ҳеч гурӯҳе ҳам масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.

Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст доранд, гуфтаанд, ки ҳамла кори дасти “душманонест”, ки қасд доранд, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон “беэътимодӣ” эҷод кунанд. Ҷониби Тоҷикистон низ гуфта, ки ҳамла кори дасти “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” аст. Аммо ҳам Толибон ва ҳам Ҳукумати Тоҷикистон аз гурӯҳ ё созмоне ном набурдаанд.

Боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар Душанбе

0
Screenshot

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятие хабар дод, ки дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аъзои ин гурӯҳ дар чандин ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ ва дуздиҳои махсусан калон гумонбар дониста мешаванд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳ дар тӯли чандин сол ба манзилҳои сокинон шабона ҳамла карда, бо таҳдид, зӯроварӣ ва истифодаи силоҳ маблағҳои калонро рабудааст.

Пулиси Душанбе рӯзи 10-уми декабр зимни шарҳи ҷузъиёти ҳодиса дар гузоришаш гуфт, ки ҳангоми амалиёти махсус аз аъзои гурӯҳ яроқи оташфишони тамғаи “Макаров” бо тирдон, кордҳои гуногун, ниқоб, дастпӯш ва дигар лавозими ҷиноятӣ мусодира карда шудааст.

Мақомот аз роҳбари гурӯҳ Фарҳод Мусоев ном бурда, мегӯяд, ӯ сокини 47-солаи пойтахт буда ва қаблан барои муомилои маводи мухадир зиндонӣ шудааст. Инчунин узви дигар ин гурӯҳ Иршод Азизови 42-сола сокини шаҳри Бохтар мебошад, ки панҷ маротиба барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва роҳзанӣ зиндонӣ шудааст. Аёмиддин Раҳмиддинзодаи 35-сола (пештар барои авбошӣ ва дуздӣ зиндонӣ шуда) ва Фирдавс Қурбонови 44-сола (қаблан дар Русия барои расонидани зарари ҷисмӣ маҳкум шудааст) аз аъзои дигари ин гурӯҳ гуфта мешаванд.

Пулиси пойтахт эълон карда, ки Суҳроб Маматови 33-сола ва Наҷибулло Исроилови 35-сола ҳарду аъзои ин гурӯҳ маҳсуб мешаванд ва ҳоло дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд.

Мақомот мегӯянд, ки фаъолияти ин гурӯҳ бо чандин парвандаи вазнин пайванд будааст. Аз ҷумла, дар пайи ҳамла ба манзили Олимҷон Яқубов, сокини 72-солаи пойтахт, гумонбарон ӯро латукӯб карда, 220 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Яқубов пас аз як ҳафта дар беморхона даргузашт.

Пулиси Душанбе меафзояд, ки дар ноҳияи Вахш онҳо дар тӯли як сол ду маротиба ба манзили Валӣ Додалиев ворид шуда, маблағҳои ӯро рабуда ва дар ҳамлаи дуюм соҳибхонаро захмӣ карда буданд. Инчунин аз ҷониби ин гурӯҳ дар шаҳри Ҳисор як соҳибхона латукӯб ва пулҳояш рабуда шудааст. Ва як сол пеш онҳо ба хонаи Маҳмадалӣ Ҳаётов дар шаҳри Ваҳдат ҳамла карда, пас аз муқовимати соҳибхона ӯро бо корд ба қатл расондаанд.

Ба иттилои ВКД, рӯзи 8-уми декабри соли 2025 ин гурӯҳ охирин кӯшиши дуздии худро дар кӯчаи Арбобхотуни ноҳияи Сино анҷом додаанд. Онҳо бо мақсади дуздӣ ба манзили Мирзошариф Мирзошарифов ворид шуда, баъди баргаштани соҳибхона аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

Боздошти гурӯҳи ҷиноятии мазкур дар замоне сурат гирифт, ки ахиран дар гӯшаву канори кишвар силсила ҷиноятҳои ваҳшатнок сабт шуда, ҷомеаро ба таҳлука андохта буданд. Аз ҷумла, шаби 5 ба 6-уми сентябри соли ҷорӣ ҳодисаи куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғаш дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷомеаро такон дод. 

Соли гузашта низ чандин куштори пайдарпай дар шаҳри Конибодом мардумро сахт нигарон карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки ангезаи ин ҷиноятҳо тасарруфи молу мулки сокинон будааст. Дертар мақомот чаҳор нафар дар иртибот ба ин ҳодисаҳоро ба ҳукми абад маҳкум карданд.

Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои ноболиғон манъ кард

0
High school student and her friends using their smart phones in a hallway.

Дар Австралия дигар кӯдакону наврасон наметавонанд ба шабкаҳои иҷтимоӣ дастарсӣ дошта бошанд.

Аз нисфи шаби 10-уми декабри соли ҷорӣ дар ин кишвар қонун мавриди амал қарор гирифт, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои афроди то 16-сола манъ мекунад. Қонуни нав, ки моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби парлумон қабул шуда буд. Ин қонун ҳадаф дорад кӯдакон ва наврасонро аз таҳқири киберӣ, маълумоти нодуруст ва мундариҷаи ғайриқонунӣ ҳифз кунад.

Гуфта мешавад, имтифодаи аксари платформаҳои маъруф, аз ҷумла TikTok, YouTube, Instagram, Snapchat, Facebook, Reddit ва X манъ шудааст. Аммо, паёмнависии WhatsApp, почтаи электронӣ, бозиҳои онлайнӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ шомили ин қонун намешаванд.

Сарвазири Австралия Энтони Албанез изҳор дошта, ки қонун кумак мекунад, то кӯдакон аз кӯдакии пурмазмун баҳра баранд ва ба волидон оромии хотир фароҳам оварад. Ба гуфтаи ӯ, қонун ҳамчунин метавонад барои дигар кишварҳо намуна шавад.

Ин чунин дар хабар омадааст, ки ширкатҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои риоя накардани қонун бо ҷаримаҳои сангин то 49,5 миллион доллари Австралия (тақрибан 33 миллион доллари ИМА) рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Мунаққидон бар инанд, ки қонун номутаносиб аст ва метавонанд ба Додгоҳи олии кишвар даъво пешниҳод кунанд. Бархе коршиносон низ мегӯянд, наврасон метавонанд ба дигар платформаҳо гузаранд, ки назораташон душвортар аст.

Қаблан, дар Малайзия, Дания ва Норвегия ин гуна пешниҳодҳо баррасӣ шуда буданд, ва парлумони Аврупо низ маҳдудиятҳои шабеҳро пешниҳод кардааст. Тибқи назарсанҷӣ дар Олмон, 77 дарсад аз пурсидашудагон гуфтанд, ки қонунро “пурра” ё “қисман” дастгирӣ мекунанд.

Ба назари коршиносони соҳаи тарбия, истифодаи аз ҳад зиёди фазои маҷозӣ дар саросари ҷаҳон боиси бадахлоқӣ ва паст шудани сатҳи дониш ва рафтори номуносиби ҷавонон ва наврасон шудааст.

Талаб: Масъулони барқ аз мардум узр пурсанд ё истеъфо диҳанд!

0

Бебарқӣ ва сардии хонаҳои баландошёна дар Душанбе сокинонро ба танг оварда, аз масъулони соҳа барои бемасъулиятӣ талаби истеъфо доранд.

Рӯзноманигори тоҷик, Раҷаб Мирзо бо нашри як ёддошт дар саҳифаи фейсбукии худ аз қатъи тӯлонии барқ дар Душанбе, махсусан ноҳияи Сино интиқод намуда, аз масъулони соҳа талаб кард, ки аз мардум узр пурсида ё истеъфо диҳанд. Ӯ мегӯяд: “Имкон надорад, ки як шаҳраки калон дар зимистони соли 2025 қариб 10 соат бе огоҳӣ аз барқ маҳрум монад”.

Раҷаб Мирзо бештар аз ҳама муовини соҳавии раиси шаҳр, сардори Идораи барқи пойтахт ва масъулони ноҳияи Синоро мавриди танқид қарор дода, мегӯяд: “Дар хонаҳои бетонии пойтахт тақрибан як рӯзи дароз бе барқ мондани мардум, хоса дар хонаҳое, ки бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст нестанд, чӣ ном дошта метавонад? Қонуннописандӣ? Бемасъулиятӣ? Эҳтиром накардани мардум? Беинсофӣ? Расидан ба асабҳои одамон? Ё боз чӣ? Ҳамаи он чи ки ном бурдем, метавонад ҷо дошта бошад.”

Ӯ дар идомаи суханҳояш менависад, ин “масъулон, ки ном бурдем, ҳанӯз моҳи август дастур гирифта буданд, ки ба зимистонгузаронӣ омодагӣ бигиранд. Аммо онҳо чӣ кор карданд? Бигузор ҳисобот бидиҳанд. Ва на танҳо ба роҳбарони худ. Пеши мардум низ.”

Инчунин рӯзноманигор идаоҳои масъулин барқ дар бораи аз ҳад зёд истифода бурдани нерӯи барқ аз тарафи сокинонро зери суол бурда, мегӯяд “Гуноҳро сари мардум ҳам бор кардан аз рӯи инсоф ва мантиқ нест. Оё мардум девона шудааст, ки барқи акнун хеле гаронарзишро беҳуда сарф кунад ва ҳар моҳ маблағҳои зиёдро пардохт намояд?”

Ба боварии ин рӯзноанигор мушкилро бояд дар ҷойи дигар ҷуст. Ба гуфтаи ӯ, савол ин аст: оё масъулони барқ дар ҳамаи зеристгоҳҳо ва трансформаторҳо воқеан таҷҳизоти нав насб кардаанд, ё шояд асбобҳои кӯҳнаро оварда, ҳамчун нав ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд?

Ӯ таъкид мекунад, дигар камбудиҳо низ ҳастанд. Чун мумкин нест, ки масъулон қариб ним сол омодагӣ ба зимистонгузаронӣ бинанд, аммо ҳар сол боз ҳамон мушкили тақсими барқ такрор шавад.

Дар ин изҳорот суоле матраҳ мешавад, ки оё баъзе масъулон қасдан мехоҳанд нишон диҳанд, ки дастуру супоришҳои Президент ва шаҳрдори Душанбе барояшон муҳим нест? Ё шояд онҳо мехоҳанд сокинони пойтахтро аз зиндагӣ дилгир кунанд?

Дархости рӯзноманигор аз масъулон барои узрхоҳӣ ва ё истеъфо дар ҳолест, ки маҳдудияти барқ зимистони ҷорӣ дар тамоми кишвар шиддат ёфта, мардуми ноҳияҳои дурдаст дар як шабонарӯз 2-4 соат барқ доранд. Сокинон бебарқии имсолро бесобиқа дониста, мегӯянд, вазъи барқу гармидиҳии Афғонистону Сурия, ки кишварҳои ҷангзада ҳастанд, аз мо беҳтар аст.

Аммо масъулон соҳа ҳамеша мардумро барои масрафи зиёди барқ муттаҳам мекунанд ва инчунин камбуди об дар обанборҳоро сабаби аслии ин мушкилӣ медонанд.

Дар кишваре, ки ҳуқуқи инсон риоя намешавад, “Рӯзи ҳуқуқи инсон”-ро ҷашн гирифтанд

0

Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсонро ҷашн гирифтанд. Кишваре, ки мувофиқи омори созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон риоят намешавад.

9-уми декабри соли ҷорӣ, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз ҳамоиш баргузор кардааст.

Дар ин ҳамоиш саҳми раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ҳуқуқи инсон хеле бузрг номидаанд ва таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои ӯ номидаанд.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намудааст.

Ба ин монанд ҳамоиш бо номи “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон” дар Хадамоти алоқаи кишвар низ баргузор шуда, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар шаҳрвандро заминаи таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа номидаанд.

Дар Хадамоти алоқаи кишвар таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Шӯрои ҳуқуқи инсон ҳамеша ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқ аст.

Дар ин ҳамоиш ҳам аз саҳми Эмолмалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон гуфта, иддао шудааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузории миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мунтазам такмил меёбад, муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъол гардида, дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ беҳтар шудааст.

Дар ҳоле дар Душанбе рӯзи ҳуқуқи инсонро ҷашн мегиранд ва аз дастовардҳои Президенту Ҳукумат дар ин самт мегӯянд, ки дар амал бисёре аз ҳуқуқҳои асосӣ, аз ҷумла озодии сухан, озодии ВАО, озодии иттиҳодияҳо, ҳуқуқ ба мурофиаи одилона, шиканҷаи зиндониён дар Тоҷикистон пайваста поймол карда мешаванд. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз вазъи бади ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ кардаву озодии маҳбусони сиёсиро талаб карда буданд.

Инчунин Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое ворид карда буд, ки озодии динро ҷиддан поймол мекунанд. Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ҳам Тоҷикистонро дар раддабандии озодии сухан дар миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 155 қарор дода буд.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми декабр соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид ва аз соли 1950 ҳамасола 10-уми декабр рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ иқтидори шабакаҳои барқи байнидавлатиро афзоиш медиҳанд

0

Кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон тасмим доранд иқтидори шабакаҳои барқи байнидавлатиро афзоиш диҳанд.

Гуфта мешавад, ин иқдом барои устувории низоми энергетикии минтақа аҳамияти стратегии дорад ва он дар манотиқи сарҳадӣ ва дар чорчӯби барномаи REMIT, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирии молиявӣ ва техникӣ пайдо кардааст, пеш бурда мешавад.

Дар бораи ҷузъиёти ин лоиҳа вазири нерӯи Қирғизистон Таалайбек Ибраев дар суҳбат бо телевизиони “O’zbekiston 24” тавзеҳот додааст. Ибраев тасдиқ намуда, ки корҳои таҳкими хати интиқоли барқ байни се кишвар аллакай идома доранд. Ин барои он зарур аст, ки “ҳалқаи энергетикии” минтақа бо қувваҳои нави тавлидӣ, ки баъди ба кор даромадани иншооти нав ба вуҷуд меоянд, мубодилаи устувор дошта тавонад.

Феълан интиқоли мунтазами захираҳои энергетикӣ байни кишварҳо ба роҳ монда шудааст, ҳамчунин транзити барқ низ анҷом мегирад, ки ин имкон медиҳад дар мавсими камбудӣ интиқоли барқ танзим карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки тавлиди барқ ҳоло дар дохили Тоҷикистон ба як мушкилии асосӣ тадил ёфта, мардум аз бебарқӣ сахт ранҷ мебаранд. Ҳоло дар як шабонарӯз ба аҳолии Тоҷикистон аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Мақомот сабаби ин маҳдудияти сахтро агарчи ба “камшавии обанборҳо” ва “набудани боришот” рабт медиҳанд, вале ба гуфтаи таҳлилгарон, мақомот на ҳамаи чизро дар ин бора бо сароҳат ба мардум мегӯяд. Сокинон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон захираи лозимии барқи худро дорад, вале доираҳои хоссе ҳастанд, ки аз фурӯш ва интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя кисаҳои худро пур мекунанд.