24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 206

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар моҳи ноябр ба Суғд меравад?

0

Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҷлил аз 31-солагии ҳукуматаш дар Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми ноябри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳре, ки се даҳа пеш алайҳи Ҳукумати муросои миллӣ инқилоб карда, сари қудрат расида буд, рафт.

Дар чанд соли ахир муд шудааст, ки бархе сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғдро маҳз дар моҳҳои ноябр танзим мекунанд ва ба ин васила ҳар дафъа аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки барои сарнагун кардани Ҳукумати Муросои Миллӣ ташкил шуда буд, бо тантана ёд мекунанд.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон аз 16-уми ноябр то 2-уми декбари соли 1992 дар Қасри маданияти “Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар ҳамин иҷлосия президенти вақт Раҳмон Набиевро маҷбур карданд, ки аз симати худ истеъфо диҳад.

Ҳукумати муросои миллӣ, ки 14-уми майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ташкил гардида буд, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Хуҷанд тавассути ҷонибдорони “Фронти халқӣ” барҳам дода шуд.

Дар яке аз қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон таъкид гардида буд, ки “ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад.” 

Эмомалӣ Рамҳонро дар ҳамин иҷлосия раиси Шӯрои олии Тоҷикистон таъин карданд. Вай пас аз он ки иҷлосия тамом шуд, қарор буд ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон биояд, аммо ӯ мустақим ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон рафт ва сипас болои тонкҳои Узбекистон аз тариқи шаҳри Турсунзода (собиқ Регар) ба Душанбе ҳуҷум карда омада буд.

Гуфта мешавад, рӯзномаи кории ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба сурати расмӣ ба расонаҳо эълон нашудааст, вале тибқи баъзе хабарҳои таъйиднашуда, ин сафар зиёда аз 4 рӯз дар ин вилоят давом хоҳад кард.

Шаҳрдории Хуҷанд ҳам дар ҳамонҳангӣ бо раиси вилоят барои пазироӣ аз Эмомалӣ Раҳмон наздик ба 1000 нафар аз донишомӯзону донишҷӯдухатронро беш аз як моҳ аз дарсҳо маҳрум карда, имрӯз ба истиқболи ӯ фиристодааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди пазироӣ дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, чанд мактабу кӯдакистон ва иншоотеро ҳам он ҷо мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Парчамҳои нимаафрохтаи СММ

0

Бино ба иттилои расонаҳо, Созмони Милали Муттаҳид ба ниҳодҳои зертобеи худ дар дунё дастур дода, ки ба поси эҳтиром беш аз 100 кормандаш, ки дар тӯли камтар аз 40 рӯзи ахир дар Ғазза кушта шудаанд, парчамҳои ин ниҳодро нимаафрохта кунанд.

Пеш аз ин Антониу Гуттериш гуфта буд, ки “ҳамлаи 7-уми ноябри Ҳамос ба минтақаи ғилофи Ғазза ҳеч тавҷиҳе надорад”. Сомзони Милали дар тӯли ин ҷанг 101 нафар аз кормандони худро аз даст додааст.

Гузоришҳо дар бораи нимаафрохтани парчами Созмони Милал дар бархе аз кишварҳои дунё дар ҳоле расонаӣ мешаванд, ки хабаргузории расмии Туркия (TRT) аз мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтани мақарри Сомзмони Милали Муттаҳид дар Ғазза гузориш додааст.

Гуфта мешавад, тибқи ин гузоришҳо, имрӯз садҳо нафар аз кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳрҳои Кобулу Пекин, дар Бонкуну Токио ба поси эҳтироми ҳамкорони кушташудаашон дар навори Ғазза як дақиқаи сукутро иҷро карданд. Дар шаҳри Душанбе низ даҳҳо нафар аз кормандони СММ ба поси эҳтироми ҳамкорони кушташудаи худ як дақиқаи сукутро ба ҷо оварданд.

Мувофиқи омори Вазорати тандурустии Фаластин, аз замони ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза беш аз 11 ҳазор нафар кушта шудааст, ки ҳудуди 70 дарсади онҳоро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд ва ба қавли Сомзони Милали Муттаҳид, ба ҳисоби миёна ҳар 10 дақиқа дар ин ҷанг як кӯдаки фаластинӣ кушта мешавад. Теъдоди фаластиниҳои кушташуда дар Каронаи Бохтарӣ ҳам аз марзи 180 нафар гузаштааст. Аз сӯи дигар, мақомоти исроилӣ теъдоди кушташудаҳои худро тибқи бархе оморҳои гузоришшуда, аз замони оғози ҷанг то ҳол ҳудуди 2000 нафар гуфтаанд, оморест, ки таҳқиқи дурустии он аз тариқи дигар манбаъҳо барои расонаҳо душвор аст.

Арабистон соли 2034 мизбони мусобиқоти футбол мешавад

0

Бино ба иттилои расонаҳо, Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) дар саҳфаи телеграмии худ эълон карда, ки кишвари Арабистони Саудӣ дар соли 2034 мизбони мусобиқоти ҷаҳонии футбол мешавад.

Ба қавли манбаъ, Ҷианни Инфантино, Президенти ФИФА гуфтааст, ҳеч варзише ба монанди футбол ҷаҳонро муттаҳид намекунад. Ҷоми ҷаҳонӣ витрине олӣ барои паёми ваҳдат ва мушорикат аст ва намунаи муҳимме аз ин ки чӣ гуна метавонанд, фарҳангҳои мухталиф дар канори ҳам бошанд ва якдигарро дарк кунанд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин кишварҳои Австралия ва Индонизия барои ба даст овардани мизбонии ин сабқатҳои ҷаҳонӣ пешниҳод дода буданд, вале ахиран аз ин пешниҳодҳои худ даст кашида, кишвари Арабистони Саудӣ номзади ягонае буд, ки пешниҳоди мизбонии Ҷоми ҷаҳони футбол дар соли 2034-ро ироа кард.

Раисони Фурӯдгоҳ “фақат ба сари вазифа омадану хурдану р..ну рафтан!!!”

0

Иддае аз мусофироне, ки тариқи Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе сафар мекунанд, аз бад шудани хидматрасониҳо шикоят кардаанд.

Субҳи имрӯз, 13-уми ноябри соли 2023, журналист ва фаъоли ҷомеаи маданӣ Шаҳноз Комилзода бо нашри як матлаби кӯтоҳе зери унвони “ҳамин фурудгоҳи байналмиллалии мо соҳиб дошта бошад?!“, аз бад шудани сатҳи хидматрасонӣ дар ин фурӯдгоҳ хабар дод.

Ин матлаби кӯтоҳ дарҳол ба вокунишҳои зиёд дар байни корбарон рӯбарӯ шуд. Хонум Шаҳноз Комилзода таъкид карда, ки “ҳоло аз ҳавопаймо фуруд омадам. 45 дақиқа дар навбати “назорати шиноснома” истодам.” Аммо корбаре бо номи Устораҳмат Додудов гуфта, ки “мо низ соати панҷ фуруд омада, то соати ҳафт навбат истодем. Хайрият шумо 45 дақиқа истодаед. Ман ду соату бист дақиқа истодам.”

Аммо хонум Нодира Мирхоҷаева меафзояд: “Бе навбат одамошона мегузаронан, на самом деле, 100% дуруст шикоятатон!!! Ин тақдири аэропортба давоми 30 соли истиклолият як одами дурусти чашмаш сер нафуромад, ки якбор обод кунад хамунчая, факат ба сари вазифа омадану хурдану р..ну рафтан!!!”

Фурӯдгоҳи байланмилалии шаҳри Душанбе борҳо ба яке аз марказҳои порадиҳӣ ва порагирӣ ном баровардааст ва корбаре ҳам бо номи Садриддин Толибов мегӯяд: “Аз ифлосии сатҳи баланди карупсия дар ин фурудгоҳ чаро ҳеҷ сухан нагуфтед. Аз ҳама ҷои ифлостарин дар бобати корҳои хусуссияти карупсионидошта, ҳамин даргоҳи муқадас аст…”

Корбарон решаҳои асосии ин ҳама бетартибиву бенизомӣ, чиркиниву ифлосиҳое, ки дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, ки онро дар фасоди идориву ахлоқӣ ва қавли Қурбоналӣ Бурҳонов, “Ақлу фаросату дониш набошад, аз куҷо тартибу интизом мешавад!”

Аз сӯи дигар, ин матлаб вокуниши хеле мусофироне фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷандро баровадааст. Корбарони зиёде ҳам дар ин байни кунишгарон вуҷуд дорад ва ба қавли Акмал Акрамов: Тамоми тобистон дар фурӯдгоҳи Хучанд ба толори пазироӣ роҳ набуд. Чаро ??? Касе посух намедод.”

Корбарон ва мусофироне, ки аз хидматрасониҳои ин ду фурӯдгоҳи номии Тоҷикистон норозӣ ҳастанд, бар иловаи хеле бад будани шароити хидматрасонӣ, вуҷуди коррупсия, аз надоштани ҳоҷатхонаҳои поку тамиз ва риоя накардани оддитарин шароити санитарӣ дар ин фурӯдгоҳҳои кишвар низ шикоят доранд.

Корбарони зиёде аз мақомоти қудратӣ ва интизомӣ, шаҳрдори пойтахт ва ҳатто аз Президенти Тоҷикистон хостаанд, ки вориди амал шаванд ва ҳарчи тезтар пеши роҳи ин ҳама бебандубориҳое, ки ба гуфта хонум Саноат Азизова, “дар ҳеч фурӯдгоҳи дунё вуҷуд надорад”-ро бигиранд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди мавҷи вокунишҳо, то замони таҳияи ин матлаб мақомоти расмӣ дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва Фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ин бора ҳеч гуна изҳори назаре ба сурати расмӣ накардаанд.

Сӯхтор дар бозори Ҷалолиддини Балхӣ

0

Пас аз зуҳри рӯзи 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сӯхтор рух дода, чандин мағоза ба коми оташ рафт.

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, ин сӯхтор дар бозори навбунёди ин ноҳия рух додааст, ки дар он растаҳо бештар хӯрока ва либоса фурӯхта мешавад. Хушбахтона, дар пайи ин сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта надоштааст.

Ба қавли шоҳидон, оташ тахминан соати 14-и пас аз зуҳри рӯзи шанбе сар задааст. Аввал аз як мағоза дар табақаи аввал шуруъ шуда, пас аз лаҳзае алангаи он ба табақаҳои болоии бозор расидааст.

То ҳол мақомоти давлатии ноҳияи мазкур дар бораи ҳаҷми зарар ва амволи аз даст рафтаи тоҷирон гузориши расмӣ нашр накардаанд, аммо ба гуфтаи шоҳидон, дасти кам 5 мағозаи бузург ба таври комил ба коми оташ рафта, ва мағозаҳои зиёди дигар қисман зарар дидаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бозрҳо оташ мегиранд. Бархе тоҷирони бозорҳо мегӯянд, бо вуҷуди он ки масъулони бозорҳо ҳамеша аз тоҷирон маблағ барои ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра мегиранд, аммо наметавонанд хатари сӯхторро кам ва моли савдогаронро ҳифз кунанд.

Намояндагони Думаи давлат Русия дар Тоҷикистон чиро баррасӣ карданд?

0

Ҳайати Думаи давлатии Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, мегӯянд, дар ин сафари худ ба Душанбе “он чизеро, ки ба касе писанд нест”, баррасӣ карданд.

Sputnik Тоҷикистон аз қавли Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ хабар дод, ки ҳайати Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон бо намояндагони парлумони кишвар дар робита ба масъалаи шуғл ва мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтугӯ кардаанд. Ин намояндаи ДДР таъкид карда, мегӯяд, масоилеро баррасӣ хоҳем кард, ки “дар он ҷо бояд чораҳои муайян андешида шаванд.”

Гуфта мешавад, вакилони рус барои баррасии “масъалаи мураккаби муҳоҷират” вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд. Аммо тафсилоти ин мулоқоту гуфтушунидҳо нашр нашудааст ва маълум нест дақиқан вакилони ду кишвар кадом масъалаҳоро ҳал карданд. Танҳо зикр мешавад, ки яке аз мавзуоти муҳими гуфтугӯи ҳайатҳои ду кишвар “бо кор таъмин кардани муҳоҷирон мебошанд.”

Аммо Леонид Калашников таъкид карда, ки “Он чизеро, ки ба касе писанд нест, муҳокима хоҳем кард, ки дар он ҷо бояд чораҳои муайян андешида шаванд.”

Ин вакили рус мушаххас нагуфтааст, ки он масъала чист, ки “ба касе писанд нест” ва онҳо мехоҳанд онро баррасӣ кунанд. Аммо муддати чандест мақомоти Русия муҳоҷирони корӣ, бахусус тоҷикони зиёдеро дар ин кишвар тафтишу боздошт ва ҳатто аз Русия ихроҷ карданд.

Ба иттилои бархе манобеъ аз муҳоҷирони корӣ, мақомоти Русия вақти боздошти муҳоҷироне, ки шаҳрвандӣ надоранд ва ё дар асноди будубошашон мушкили қонунӣ вуҷуд дорад, ба онҳо пешниҳод мекунанд, агар дар ҷанги Украина ширкат кунад, барояш маблағи зиёд ва шаҳрвандии Русия дода мешавад, вале агар инро қабул накунад барои солҳои тӯлонӣ аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 10-уми ноябр барои иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кард.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон зуҳри имрӯз хабар дод.

тибқи иттилои манбаъ, дар ин сафар Раҳмонро ёрдамчиаш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва дигарон ҳамроҳӣ доранд.

Гуфта мешавад, нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ фардо, 11-уми ноябр дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар ин нишаст сарони 57 кишвари узви ин созмон ҳодисаҳои охир дар Фаластин, оташбас дар Ғазза, фиристодани кумаки башардӯстона ба ин минтақа ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард.

Интиқоди 750 хабарнигор аз яктарафа пӯшиш додани ахбори Фаластин

0

Беш аз 750 хабарнигор бо нашри номае аз наҳваи пӯшиши ахбори марбут ба Фаластин интиқод карда, ҳадафи тир қарор додани рӯзноманигоронро дар ҷанг маҳкум кардаанд.

Рӯзномаи “Вошенгтонпост” 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо нашри як гузориш гуфт, беш аз 750 нафар аз хабарнигорон бо нашри номае мавриди ҳадафи тир қарор додани рӯзноманигорон дар ҷангҳои Фалатсин ва бахусус дар Ғаззаро маҳкум карданд.

Ба қавли манбаъ, имзокунандагони нома аз утоқҳои хабарии бархе расонаҳои ғарбие, ки дар вақти пӯшиш додани ахбори марбут ба Фаластин рисолати касбии худро дуруст иҷро намекунанд, низ сахт интиқод кардаанд.

Инчунин хабарнигорони мазкур, ки теъдоди онҳо ба беш аз 750 нафар гуфта мешавад, ҳайатҳои таҳририяи хеле аз идораҳои ахбори расонаҳои ғарбиро ба он муттаҳам кардаанд, ки дар вақти пӯшиш додани ахбор истилоҳоти маъруф ва қабулшудаеро ба мисли “наслкӯшӣ”, “поккории қавмӣ”, “ҷиноятҳои зидди башарӣ”, “ҷинояткорони ҳарбӣ” ва ғайраро дар ҳаққи фаластиниҳо дар Ғазза ва омилони ин ҳамлаҳо-исроилиҳо ба кор намерабаранд.

Интишори ин нома дар ҳоле дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифта, ки ба қавли расонаҳо, имрӯз садҳо нафар аз эътирозгарон ва ҳомиён поён додан ба ҷанги Ғазза вориди саҳни бинои рӯзномаи “The New York Times” аз масъулини он хостанд, ки аз эълони оташбас дар Ғазза ҳимоят кунанд.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҷанг дар Ғазза то кунун беш аз 50 хабарнигор, кормандони технекии расонаҳо, ҳамсарону фарзандон ва дигар афроди оилаи онҳо кушта шуданд. Кушта шудани 3 хабарнигори исроилӣ ва як 1 лубнонӣ ҳам то ҳол ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи теъдоди хабарнигорони захмишуда, омори дақиқе то ҳол нашр нашудааст.

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани низоъҳо

0

Президенти Тоҷикистон бидуни он ки аз кишваре ном бибарад, аз шиддат гирифтани низоъҳо дар дунё сахт нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 10-уми ноябри соли 2023 Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ аз шиддат гирифтани ҷангу низоъҳо сахт нигаронӣ кард.

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо милисаҳои Тоҷикистон гуфт, “имрӯз мебинем, мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ ба андозае шиддат пайдо кардаанд, ки оқибати раванду ҳодисаҳои дунёро ҳатто барои чанд рӯзи оянда пешгӯӣ кардан ғайриимкон гардидааст.”

Ин нигаронии Эмомалӣ Раҳмон замоне садо медиҳад, ки аксари кишварҳои дунё дар масъалаи Фаластин, бахусус ҳамлаҳои низомии Исроил ба Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ мардум ва давлатмардони ҷаҳонро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Мардум ва хеле аз давлатмардони кишварҳои исломӣ ва бархе кишварҳои ғарбӣ хостори поён додан ба ҷанг ҳастанд, аммо дар муқолиб сарони Исроилу Амрико ва бархе ҳампаймонони онҳо ҳамагуна эълони оташбасро шикасти худ унвон мекунанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон борҳо мавқеи худро дар пуштибонӣ аз Фаластин эълон кардааст. Ду рӯз қабл низ вақте Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон ба Тоҷикистон сафар карда буд, суханронии ӯро аз тариқи Шабакаи 1 телевизиони Тоҷикистон дар хусуси мавқеи муштарак доштани ду кишвар дар масъалаи Фаластин нашр карда буд.

Борону сел чанд хонаро дар Хатлон вайрон кард

0

Рӯзи 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар пайи боришоти борони зиёд дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел ба вуҷуд омада, чандин хона зери об мондааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи боронҳои шадиди рӯзи гузашта дар деҳаи 10-солагии Истиқлолияти давлатии ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ 4 хонаи истиқоматӣ ва 6 замини наздиҳавлигӣ зери об монда зарар дидаанд.

Ҳамчунин сел дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ зарар расонидааст. Ҳамзамон дар ҷамоати деҳоти Озодагон “бар асари боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Отчапар таҳхонаҳои 12 бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст.”

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, хушбахтона дар пайи ин борошоту омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. “Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ ва Комиссияи изтирории ноҳиявӣ барои муайян кардани хисорот ва расонидани кӯмак кор мекунанд”, омадааст дар хабари КҲФ.

Як рӯз қабл аз ин ҳодиса КҲФ дар истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба сокинон ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 8-ум ва 9-уми моҳи ҷорӣ дар ҳудуди кишвар ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ борон меборад.