24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 207

Борону сел чанд хонаро дар Хатлон вайрон кард

0

Рӯзи 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар пайи боришоти борони зиёд дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел ба вуҷуд омада, чандин хона зери об мондааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи боронҳои шадиди рӯзи гузашта дар деҳаи 10-солагии Истиқлолияти давлатии ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ 4 хонаи истиқоматӣ ва 6 замини наздиҳавлигӣ зери об монда зарар дидаанд.

Ҳамчунин сел дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ зарар расонидааст. Ҳамзамон дар ҷамоати деҳоти Озодагон “бар асари боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Отчапар таҳхонаҳои 12 бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст.”

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, хушбахтона дар пайи ин борошоту омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. “Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ ва Комиссияи изтирории ноҳиявӣ барои муайян кардани хисорот ва расонидани кӯмак кор мекунанд”, омадааст дар хабари КҲФ.

Як рӯз қабл аз ин ҳодиса КҲФ дар истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба сокинон ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 8-ум ва 9-уми моҳи ҷорӣ дар ҳудуди кишвар ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ борон меборад.

Ардуғон: Туркия омодаи ифои нақши зомин дар Ғазза аст

0

Президенти Тукрия дар Тошканд гуфтааст, ки кишвараш омодаи иҷрои нашқи зомин дар Ғазза аст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 9-уми ноябри соли 2023 Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон ҳангоми мулоқот бо ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисӣ дар Тошканд, пойтахти Узбекистон дар барои вазъи Фаластин ва бахусус ҷанг дар Ғазза гуфтугӯ кардааст.

Ба қавли манбаъ, Раҷаб Тайиб Ардуғон таъкид карда, ки “ҷаҳони ислом дар баробари ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза мавзеъи муштарак бигард ва бояд фишор ба Исроилро афзоиш диҳад.”

Пеш аз ин ҳам Президенти Туркия дар ҷамъи ҳаводорони худ дар Истанбул гуфта буд, ки Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) як созмони озодихоҳ ва размандагони он муҷоҳидоне ҳастанд, ки барои озодии сарзамини худашон мубориза мебаранд.

Ба дунболи ин мавзеъгирии раисҷумҳури Туркия ҷониби Исроил нороҳат шуд ва эълом карда буд, ки дипломатҳои худро аз Туркия фарохондааст. Туркия ҳам баъдтар ба баҳонаи он ки ҳамла ба мардуми Ғазза ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ арзёбӣ мешавад, сафири худ аз Ирсоилро фарохонд ва Ардуғон ҳам таъкид карда буд, ки “Нетаняҳу касе нест, ки бо вай суҳбат кард.”

Вазорати беҳдошти Фаластин, пас аз оғози диргирҳо миёни нерӯҳои ҲАМОС ва Исроил дар 7-уми октябри соли ҷорӣ то имрӯз, ки 34 рӯз сипарӣ мешавад, шумори кушташудагон дар Ғазза ба 10 ҳазору 812 нафар расида, ки аз ин теъдод 4412 нафар кӯдак ва 2918 нафаршон занон мебошанд. Ин ниҳоди фаластинӣ шумори захмиёнро то имрӯз наздик ба 27 ҳазор эълон кардааст.

Аммо мақомоти исроилӣ то кунун омори кушташудагонаро 1400 нафар ва асиронро, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд, байни 200 то 250 нафар мегӯянд. Инчунин мақомоти Исроил омори захмиёнро 5400 нафар гузориш додаанд.

Ҳамзамон расонаҳо аз шиддат гирифтани даргириҳо ва ҳамлаи нерӯҳои артиши Исроил ба Каронаи Бохтарӣ ва аз афзоиши боздошту куштори мардуми маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

0

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 9-уми ноябри соли 2023 Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди Узбекистон шуд ва бо Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ин сафари Президенти Тоҷикистон ба Узбекистон иштирок дар 16-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишасти минтақавӣ бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Инчунин Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки зарфиятҳои иқтисодии ин созмон барои рушд ва тавсеаи кишварҳои узв ҳанӯз пурра истифода нашудааст.

Бо вуҷуди он ки Афғонистон яке аз кишварҳои узви ин созмон аст, дар ин нишаст намояндаҳои воломақоми Толибон, ки ҳоло раҳбарии Афғонистонро дар даст доранд, касе даъват нашуда буд.

Аммо Президенти Узбекистон дар ишора ба Афғонистон ва вазъи кунунуии он гуфта, ки “мо наметавонем иҷоза диҳем, ки як кишвари чандмиллиятӣ, ки дар тӯли асрҳо наздиктарин ҳамсояи мост, бо нақшҳои мураккаби кунунии худ танҳо монад.” Бояд ба он кумак карда шавад, то аз буҳрони мавҷуди иқтисодӣ хориҷ шуда, шароити мардумаш беҳтар шавад.

Гуфта мешавад, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) як созмони иқтисодӣ-сиёсӣ ва фарҳангии минтақавӣ буда, “соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.

Дар соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон узви СҲИ шудаанд. 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардидааст. 

Патент барои муҳоҷирон қимат мешавад

0

Ба Думаи вилояти Волгоград лоиҳаи қонун дар бораи боло бурдани қимати “патент” барои муҳоҷирони корӣ пешниҳод шудааст.

Агар ин тарҳи қонун қабул шавад, пешпардохти андоз аз даромад ё нархи “патент” 2009 рубл боло рафта, ба 6912 рубли русӣ баробар хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони корӣ барои ин санад моҳона 4903 рубл пардохт мекунанд.

Муаллифони ин тарҳ афзоиши арзиши патентро бо афзоиши маоши миёна дар вилояти Волгогради Русия ва бо зарурати ҳифзи ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ дар бозори меҳнат рабт додаанд.

Ба иддаои ҳукумати вилоят, дар соли 2023 афзоиши музди меҳнат ба ҳисоби миёна 12,9% ва дар соли 2024 – 10,6%-ро ташкил хоҳад дод.

Коршиносон воқеияти ин рақамҳоро зери суол гузошта мегӯянд, ки боло бурдани нархи “патент” ба ҷайби муҳоҷирони кории тоҷик зарбаи калон мезанаду мушкилоташонро боз ҳам бештар хоҳад кард.

Аммо мақомоти вилояти Волгоград бо боло бурдани арзиши “патент” барои муҳоҷирон нақша доранд, ки дар давоми соли 2024 ба буҷаи вилоят тақрибан 1,1 миллиард рубли иловагӣ ворид кунанд, ки ин назар ба давраи пеш аз Covid-19 ду баробар зиёд аст.

Пештар аз ин, дар моҳи августи соли ҷорӣ намояндагони ҳизби “Справедливая Россия” бо роҳбарии Сергей Миронов тарҳеро омода карда, ба Думаи давлатии Русия пешниҳод карда буданд, ки тибқи он, нархи “патент” 4 баробар боло бурда мешавад.

Сабаби яку якбора афзудани нархи “патент”-ро намояндагони ҳизби миллатгарои “Справедливая Россия” ба афзоиши нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа рабт дода буданд.  

Сергей Миронов борҳо дар расонаҳо ва дар Думаи давлатии Русия бар зидди муҳоҷирон суханронӣ карда, ҳизби ӯ чандин тарҳҳои қонунеро омода кардааст, ки кори муҳоҷиронро дар Русия хело маҳдуду мушкил мекунад.

Аз ҷумла, ин ҳизб тарҳи қонунеро ба Думаи Русия пешниҳод кардааст, ки тибқи он, муҳоҷирони корӣ дар мактабҳо, таксӣ ва муассисаҳои тиббӣ кор карда наметавонанд.

Ба гуфтаи бархе муҳоҷирони муқими Русия, солҳои ахир ба таври чашмгир дар ин кишвар фазои муҳоҷирбадбинӣ авҷ гирифтааст ва аксар мақомдорони ин кишвар зидди муҳоҷирон дар минбарҳои гуногун суханронӣ намуда, хостори ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан бо Тоҷикистон ва ё надодани шаҳрвандӣ ба онҳо шуда истодаанд.

Инчунин ҳафтае пеш Вазорати корҳои дохилии Русия дар тарҳе пешниҳод кард, ки кушодани ҳисоби бонкӣ, сабтиноми мошин ва моликияту бастани ақди никоҳро ба муҳоҷирони будубошашон ғайриқонунӣ манъ кунанд.

Пештар аз ин вакилони Думаи давлатии Русия як лоиҳаи қонунро пешниҳод карданд, ки ҳадафаш аз байн бурдани издивоҷҳои қалбакии муҳоҷирон бо шаҳрвандони ин кишвар гуфта мешавад. Аммо дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, тартиби додани ҳаққи иқомати муваққатӣ (РВП) барои хориҷиёне, ки бо шаҳрвандони Русия издивоҷ кардаанд, сахттар хоҳад шуд.

Омодагии Путин барои ширкат дар интихоботи президентии Русия

0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои номзад шудан дар интихоботи президентии кишвараш омодагӣ мебинад.

Хабаргузории Ройтерз аз шаш манобеи худ хабар дода, ки Путин қасди тарки қудратро надорад ва ӯ, ки аз соли 2000 амалан дар Русия қудратро дар даст дорад, дар интихоботи президентии кишвараш, ки қарор аст моҳи марти соли 2024 баргузор шавад, боз қасд дорад номзадияшро ба мақоми президентӣ пешбарӣ намуда, барои 4 соли дигар қудраташро ҳифз кунад.

Тибқи тағйироте, ки дар қонуни интихоботи ин кишвар чанд соле пеш ба вуҷуд омад, Путин метавонад то соли 2036 дар курсии қудрат бимонад.

Дар аҳмин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи душанбе дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки “то ҳанӯз ҳеч тамоюле дар мавриди ширкат кардани Владимир Путин дар интихоботи оянда матраҳ нест. Ва инчунин ҳеч корзори интихоботие низ аз сӯи раисҷумҳур расман эълон нашудааст.”

Песков дар ҳоле аз омодагӣ надидани Путин барои ширкат дар интихоботи президентии ояндаи ин кишвар мегӯяд, ки чанде пеш гуфта буд, “Дар сурати номзад шудани Путин дар интихоботи соли 2024 бо ҳеч рақиби ҷиддие рӯбарӯ нахоҳад шуд.”

Ин изҳороти сухангӯи Кремлро аксари коршиносон дар рӯ ба диктотурӣ овардани режими Путин арзёбӣ карданд. Хусусан, пас аз сарнагун шудани ҳавопаймои Пригожен ва кушта шудани ӯ, ҳамчун “охирин мухолифи Путин”, ангушти иттиҳомот ҳама ба сӯи Путин равона шуд. Чун таҳлилгарон пас аз “исёни Пригожен” мегуфтанд, ки “Путин мухолифонашро намебахшад” ва ҳама аз пеш кушта шудани ӯро тахмин мезад.

Як манбаи Ройтерз гуфтааст, ки ҳоло Маскав аз як сӯ бо афзоиши фишорҳои ношӣ аз тӯлонӣ шудани ҷанг дар Украина ва аз сӯи дигар ба таҳримҳои Ғарб мувоҷеҳ аст, рафтани Путин аз қудрат, яъне “тағйироти бузург дар раҳбарии сиёсии кишвар” ба маслиҳат нахоҳад буд.

Раводид миёну Тоҷикистону Эрон бекор шуд

0

Баъди анҷоми мулоқоти Раҳмон ва Раисӣ, миёни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав ба имзо расид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон, дар доираи сафари Иброҳим Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Душанбе ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибҳо санаду ёддоштҳои тафоҳумӣ дар бораи ҳамлу нақл, минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, таҳқиқоту технология, дар бораи мубориза бо маводи нашъаовар ва ғайраро имзо карданд.

Инчунин дар ҳузури Раисӣ ва Раҳмон вазирони корҳои хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон санади рафтомади бе раводид (виза) миёни ду кишварро имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, то ҳол миёни Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид вуҷуд дошт ва борҳо шаҳрвандону фаъолони ду кишвар хоста буданд, ки ин низом бардошта шавад.

Дар пасманзари хабари сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, Паймони миллии Тоҷикистон– эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, бо навиштани номаи саргушода ба Иброҳим Раисӣ аз ӯ хоста буд, ки қазияи зиндониёни сиёсиро дар сафараш ба Душанбе бо Раҳмон дар миён бигузорад, аммо то ҳол маълум нест ин мавзуъро Раисӣ бо Раҳмон баррасӣ кардааст ё на.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳуриии исломии Эрон имрӯз, 8-уми ноябр бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд.

Сафари кории Раисӣ бояд дирӯз, 7-уми ноябр сурат мегирифт ва ду рӯз идома мекард, аммо бо сабабҳои номаълум он барои як рӯз ба таъхир афтод.

Ин сафари дувуми Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон аз замони ба курсии президенти Эрон нишастанаш дар соли 2021 мебошад. Раисӣ бори аввал 16-уми сентябри соли 2021 бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо сафари расмӣ ба Душанбе омада, аз “оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар” хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта пайваста ба Эрон сафар мекард, аммо дар давраи раёсатҷумҳурии Ҳасани Руҳонӣ аз соли 2013 то 2021 Раҳмон боре ҳам ба Эрон сафар накардааст.

Тира шудани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз замони зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ шуруъ шуда буд, аммо бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин муносибатҳо тиратар гашт. Танщо пас аз 9 соли вақфа муносибатҳои ду кишвар дубора гарм шуд ва Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 бо сафари дурӯза ба Эрон рафта буд.

Истиқболи Раҳмон аз Раисӣ: Меҳмон зери борон

0

Маросими пазироии Президенти Эрон дар Тоҷикистон тавре баргузор шуд, ки мизбон зери чатру меҳмон зери борон қарор гирифт.

Бино ба иттилои расмӣ, 8-уми ноябри соли 2023 Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвараш вориди Тоҷикистон ва бо истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон дар саҳни қасри Миллат дар маркази шаҳри Душанбе зери нам-нами борон баргузор шуд. Дар вақти баргузории ин маросим ҳама хайатҳои расмии ду кишвар зери борон қарор доштанд.

Дар як наворе, ки расонаҳои эронӣ онро нашр кардаанд, дида мешавад, ки ҳангоми муаррифӣ кардани ҳайатҳо ва бархе дигар аз бандҳои протоколӣ дар вақти баргузории ин маросим ёварони Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ чатрҳои махсуси худро гирифта, болои сари онҳо доштанд, то тар нашаванд.

Аммо Президенти Эрон вақте мебинад, ки ҳама ба ғайри онҳо зери борон қарор доранд, аз ёвараш мехоҳад ва таъкид ҳам мекунад, ки чатрро аз болои сари ӯ бигирад. Ёвар чатрашро гирифта, аз онҳо дур мешавад. Вале Эмомалӣ Раҳмон чунин кореро анҷом надода, то охири маросим болои сараш чатерор нигаҳ медоранд, то тар нашавад.

Инчунин дар ин навор ба хубӣ дида мешавад, ки дар байни ҳама ҳайатҳои расмии меҳмонону мизбонҳо, қаровулҳои фахрӣ ва дигарон дар қисме аз ин барнома танҳо худи Эмомалӣ Раҳмон зери чатр қарор дорад ва дигарон ҳама зери борон росто истода, тар мешуданд.

Гуфта мешавад, аз замони сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон ин бори дуюм аст, ки ӯ ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ин сафари ӯ бо даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Раҳмон ва Раисӣ аз Тоҷикистон ба Узбекистон мераванд

0

Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ субҳи 9-уми ноябри соли ҷорӣ барои иштирок дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз Душанбе ба шаҳри Тошканди Узбекистон мераванд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президент дар суҳбат бо “Asia-Plus” сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд тасдиқ карда, гуфтааст, ки он ҳамагӣ як рӯз давом мекунад ва бегоҳии рӯзи 9-уми ноябр раисҷумҳур ба Душанбе бармегардад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз сафари Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон сурат нагирифт ва қарор аст ӯ фардо, яъне 8-уми ноябр вориди Душанбе шавад.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ, ҳамчунин мулоқоти ҷонибҳо дар ҳайати васеъ, иштироки онҳо дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, дар назар аст.

Гуфта мешавад, субҳи 9-уми ноябр Иброҳим Раисӣ низ аз Душанбе ба Тошканд барои иштирок дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ меравад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябри соли 2023 дар Тошканд нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад.

СҲИ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфта, Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Узбекистон соли 1992 аъзои он шудаанд.

Дар ин нишаст бештар масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту иртиботот ва башардӯстона баррасӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти матбуотии Президенти Узбекистон хабар додааст, ки дар доираи ин нишастҳо мулоқоти дуҷонибаи Шавкат Мирзиёев бо як қатор раҳбарони кишварҳо дар назар аст.

Аммо Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки мулоқоти дуҷониба Раҳмонов бо сарони давлатҳои дигар дар назар нест.

Нишасти сарони кишварҳои исломӣ барои баррасии вазъи Фаластин

0

Нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми ноябри соли 2023 нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ дар шаҳри ар-Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Ин нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ ба хотири баррасии вазъи Фаластин ва бавежа ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза бо даъвати Арабистони Саудӣ, ки раҳбари давраии Созмони Ҳамкориҳои Исломиро бар уҳда дорад, сурат мегирад.

Гуфта мешавад, Исроил ҳамлаҳои худ алайҳи Навори Ғаззаро дар 7-уми октябри соли 2023 оғоз кард. Дар давоми ин як моҳи ҷанг дар Ғазза зиёда 10 ҳазору 328 нафар кушта, беш аз 25 ҳазор нафар захмӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ба гуфтаи намояндаи Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза, ҳудуди 70% қурбониёни ин ҷангро занону кӯдакон ташкил ташкил медиҳанд. Теъдоди кушташудаҳои фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ низ беш аз 150 нафарро тайи ин як моҳ ташкил додааст. Дар бораи теъдоди дақиқи захмиҳо ва афроди боздоштшуда омори дақиқе вуҷуд надорад.

Исроил ҳамлаҳои худ ба Навори Ғаззаро баъд аз як ҳамлаи ғофилгиронаи нерӯҳои муқовимати фаластинӣ ба чанд пойгоҳи низомиёни исроилӣ, ки дар минтақаи ғилофи Ғазза ҷойгир буданд, оғоз кард. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки нерӯҳои фаластинӣ дар вақти ҳамла ҳудуди 1400 нафарро, аз ҷумла ғайри низомиёнро куштанд. Оморе, ки ҷониби фаластинӣ ин иддаъоро рад мекунад. Бо ин вуҷуд, мақомоти исроилӣ теъдоди маҷруҳони худро беш аз 5 ҳазор нафар эълон кардаанд.

Шеваи нави сарбозгирӣ. Агар сарбоз наоред, масҷидро мебандем

0

Мақомоти вилояти Хатлон давоми як ҳафтаи ахир ба масҷидҳо рафта, мардумро маҷбур доранд, ки фарзандҳояшонро барои адои хидмати ҳарбӣ аз Русия даъват кунанд ва дар акси ҳол масҷидҳоро мебандаднд ва волидайнро ба ҷарима ва ё зиндонӣ шудан таҳдид мекунанд.

Як манбаъ, аз ноҳияи Ҷайҳун, ки нахост ном ва номи деҳааш зикр шавад, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки рӯзи 5-уми ноябр раиси маҳалла ҳамаро ба масҷид даъват кард. Пас аз ҷамъ шудани мардум, мақомот, аз ҷумла пулиси минтақавӣ, кормандони амниятӣ, комиссарияти ҳарбӣ бо шумули раисони маҳлла ва ҷамоат бо мардум соатҳо суҳбат карданд.

Пас аз намози шом дар ҳол кормандони амният дарҳои масҷидро бастанд, ки касе берун наравад, тақрибан 4 соат бо мардум суҳбат карданд ва касеро берун рафтан намегузоштанд. Ҳатто соат 10 шуд барқ ҳам қатъ шуд, вале онҳо бо навбат суҳбат мекарданд.“, мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаи мо, талаби асосии мақомот аз мардум ин буда, ки фарзандҳоятонро аз Русия даъват кунед барои хидмати ҳарбӣ ва дар акси ҳол масҷидро мебандем ва инчунин шуморо ҳам ҷарима ва ҳам зиндонӣ шудан интизор хоҳад буд.

Як манбаи дигар низ аз ноҳияи Ёвон ҳолати мушобеҳро нақл карда, гуфт, ки аз тамоми мақомтҳои ноҳиявӣ дар масҷиди деҳа ҷамъомада, аз онҳое, ки фарзандонашон ва ё ҳатто хешу наздиконашон ба синни хидмати ҳарбӣ расидааст, талаб доранд, ки ҷавононро дар Русия ҳам бошанд, даъват кунанд ва барои хидмати ҳарбӣ фиристанд, агар чунин накунанд, масҷидҳои деҳаро мебанданд.

“Ҳар як имоми масҷид ва раиси маҳалла вазифадор шудааст, ки дар мавсими даъват ба артиш чанд ҷавонписарро, ки хидмати ҳарбӣ нарафтааст, ёфта, бурда ба мақомот супоранд. Агар чунин накунанд шахсан худашон ҷарима мешаванд ва масҷидашон баста мешавад.” гуфт манбаъ.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки мақомоти кишвар шеваи наверо барои сарбозгирӣ пеш гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот ин ҳуқуқро надоранд, ки мардумро барои хидмати сарбозӣ нарафтани писаронашон ба зиндон шудан ва ё бастани масҷидҳо таҳдид кунанд. Ин бархилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Мақомоти ноҳияҳо дар аксар ҳолат аз мақоми худ сӯиистифода карда, по аз салоҳияти худ берун мегузоранд.