23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 208

Афзоиши содироти семент дар Тоҷикистон

0

15-умин корхонаи сементбарорӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”, ки дар наздкии Корхонаи сементбарории Душанбе сохта шудааст, 7-уми ноябри соли 2023 ба кори худ оғоз кард.

Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”, ки мансуб ба ширкати “Фароз”, ширкати домоди Эмомалӣ Раҳмон аст, дар ҳудуди 35 гектар аз заминҳои Корхонаи сементбарории “Душанбе” ки аз соли 1942 фаъолият мекард, сохта шудааст.

Корхонаи сементбарории “Душанбе” низ то соли 2014 Корхонаи “Тоҷиксемент” ном дошт. Соли 2014 бо Қарори Ҳукумат ба корхонаи “Сементи тоҷик” тағйири ном кард. 100% саҳмияҳои он моли давлат аст. Ин корхона бо ангишт кор мекунад ва дар он рӯзона 950-1000 тонна семент истиҳсол мешавад.

Аммо акнун ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, “баъди ба кор даромадани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”, корхонаи сементбарории “Душанбе”, ки аз соли 1942 солҳои дароз кор кардаву фарсуда шудааст ва ба муҳити зисти шаҳр ва экология таъсир мерасонад, то охири сол фаъолияташ манъ карда мешавад.”

Дар ҷои ин қисме аз заминҳои боқимондаи корхонаи сементбарории “Душанбе” биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар корхонаҳои хурд ба нақша гирифта шудааст.

 10-уми июни соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” як созишномаи сармоягузорӣ барои сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта имзо шуд.

Бар асоси ин Созишнома “Тоҷиксемент” муваззаф буд, ки бар иловаи истеҳсоли 1,2 миллон тонна семент 80 млн. дона халта истеҳсол кунад. Барои анҷоми ин лоиҳа ҷалби сармояи мустақим ба андозаи 100 млн. доллари амрикоӣ муқарра шуд. Аммо имрӯз дар хабарҳои расмӣ дар бораи истеҳсоли 80 миллион дона халта чизе гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад, тибқи “маълумоти оморӣ талаботи ҷумҳурӣ ба семент дар як сол 3,0 млн тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содиротӣ 33,0 фоизи сементи истеҳсолшударо ташкил медиҳад.” Ва Тоҷикистон дар давоми як сол беш аз 1,5 миллион тонна семент ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунад.

Иқтидори истеҳсоли семент дар Тоҷикистон дар як сол ба 5,5 миллион тонна баробар шудааст. Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2023 ҳаҷми содироти семент ба кишварҳои ҳамсоя ба 781,6 ҳазор тонна ва ҳаҷми воридоти семент ба ҷумҳурӣ ба 25,3 ҳазор тонна баробар гардид.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, раҳбарии корхонаи семетбарории “Душанбе”-ро Зайнуло Соҳибов, бародари Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ба ин сӯ бар уҳда дошт. Вай тавонист дар давоми ин даҳ сол албатта, бо кумаки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди заминҳои ин корхонаи давлатӣ як корхонаи хусусии худро сохта, қисме аз заминҳои боқимондаи онро дар оянда бо пули калон ба хонасозон бифурӯшанд.

Вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Ғазза ва тазоҳуроти ҷаҳонӣ

0

Рӯзи якшанбе, 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар чанде аз кишварҳои дунё тазоҳурот ва роҳпаймоиҳои бузурге дар пуштибонӣ аз мардуми бегуноҳи Ғазза ва вазъияти фоҷеабори инсонӣ дар ин минтақа доир шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар Вашингтони Амрико роҳпаймоӣ карда, дар назди Кохи Сафед аз мақомоти ин кишвар, хостанд ҷанг дар Ғазза ва кушта шудани нафарони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакону занон мутаваққиф шавад.

Ҳамчунин дирӯз дар кишварҳои Инданезия, Покистон, Туркия, Суед, Лаҳистон ва чанд кишвари дигар тазоҳуроти густардае доир гашта, садҳо ҳазор аз сокинони ин кишварҳо барои талаби таваққуфи ҷанг ва кушта шудани занону кӯдакони бегуноҳ роҳпаймоӣ карданд.

Ҳамзамон дирӯз, 5-уми ноябр масъулони 11 ожонси тобеи Сзмони Милали Муттаҳид бо шумули 6 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон бо нашри баёнияи муштарак хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шудаанд. Ин ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро, ки рӯзи 7-уми октябр анҷом ёфт ва беш аз 1400 нафар куштаву ҳудуди 250 кас асир гирифта шуд, маҳкум карда, дар баробари он талаб кардаанд, ки барои ҳифзи ҷони мардуми бегуноҳи Ғазза низ ҳарчи сареъ барои расондани кумакҳои башардӯстона ва маводи зарурӣ иҷозат дода шавад.

Дар ҳамин ҳол Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии Созмони Милали Муттаҳид (UNRWA) вазъи инсонӣ дар Ғаззаро фоҷеабор хонда, эълон кард, ки ҳамлаҳои бесобиқаи шаби гузаштаи артиши Исроил ба Ғазза садҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт. Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, ба таври миёнгин байни ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза ҷони худро аз даст медиҳад ва ду кӯдаки дигар захмӣ мешавад.

Ҳамчунин UNRWA мегӯяд, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза 50 мактаби зери ҳимояти СММ бомборон шуда, 80 коргараш кушта шудаанд. Ба қавли сухангӯи ин ожонси байналмилалӣ Аднон Абуҳасана, дар дохили Ғазза беш аз миллион нафар овора шудаанд, ки 700 ҳазори онҳо дар паноҳгоҳҳои марбут ба ин созмон паноҳ бурдаанд. Аднон мегӯяд, маводи ғизоие, ки ба дасти онҳо расидааст, танҳо барои 5 рӯз кифоят мекунад ва инчунин маводи сӯхт низ ба зудӣ ба охир мерасад. Вай меафзояд, ки дар ҳолати ба охир расидани маводи ғизоӣ ва сӯхт “вазъи фоҷебореро дар Ғазза шоҳид хоҳем шуд.”

Бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза зиёда аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. Ва аммо, омори захмиён аз 24 ҳазор ҳам бештар гуфта мешавад.

Даъвати ҳафт созмони ҳуқуқи башар барои озодии Холиқназаров

0

Ҳафт созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон иқдомеро барои дастгирӣ ва озодии Манучеҳр Холиқназаров ба роҳ мондаанд.

Cозмонҳои ҳуқуқии “International Partnership for Human Rights”, “Amnesty International”, “Freedom now”, “Norwegian Helsiki Committee”, “Frontline Defenders”, “The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders” ва “Helsinki foundation for human rights” аз ҳама нафароне, ки дар қазияи адвокати зиндонӣ Манучеҳр Холиқназаров бетараф нестанд, даъват кардаанд, ки барои дастгирии ӯ барояш ба зиндон нома фиристанд.

Инчунин ин созмонҳо аз мардум хостаанд, ки ба Вазорати корҳои хориҷа, Додситонии кул ва Президенти Тоҷикистон нома навишта, изҳори нигаронии худро аз ҳукми ноодилонаи ҳомии ҳуқуқ Мануҳер Холиқназаров баён намоянд ва аз мақомдорони тоҷик озодии беқайду шайрти ӯро талаб кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Манучеҳр Холиқназаров моҳи майи соли 2022 дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт ва моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳомоти сохта, (ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ) ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои байналмилаӣ боздошти ӯро ғайриқонунӣ ва иттиҳоми нисбати ин ҳомии ҳуқуқро сохта медонанд.

Холиқназоров то замони боздошташ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд ва моҳи ноябри соли 2021 ба “Комиссияи 44”, ки дар ҳамкорӣ бо муфаттишони Додситонии кул кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд, пайваста буд. Ҳоло аксари аъзои ин комиссия бо иттиҳомоти ҳамсон барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд.

Тазоҳурот ба хотири ихроҷ накардани Билол Қурбоналиев

0

Ҷамъе аз фаъолон ва мухолифони тоҷик аз мақомоти Олмон хостанд, ки паноҳҷӯи тоҷик Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Имрӯз, 06-уми ноябр аъзои Ҳарати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар назди бинои муҳоҷирати шаҳри Зирндорфи Олмон барои озодии Билол Қурбоналиев, узви фаъоли ин ҳаракат тазоҳурот ташкил карданд.

Тазоҳуркунандагон дар даст шиору дархостҳои мухталифе бо аксҳои Билол Қурбоналиев доштанд ва аз мақомоти кишвари Олмон талаб карданд, ки ин мухолифи тоҷикро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд.

Инчунин дар дасти ҷамъомадагон акси Абдуллоҳи Шамсиддин, як паноҳҷӯи дигари тоҷик, ки 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Олмон ӯро тариқи кишвари Туркия ба Тоҷикистон истирдод карда буд, дида мешуд.

Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ баъд аз ихроҷаш ба Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе аз ҷониби мақомоти тоҷик билофосила боздошт ва сипас бо ҳукми додгоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Фаъолон ва мухолифони дар ин тазоҳурот мегӯянд, мақомоти Олмон набояд иҷоза бидиҳанд, ки ҳодисае, ки болои сари Абдуллоҳ омад, боз бо Билол Қурбоналиев такрор шавад.

Ёдовар мешавем, ки Билол Қурбоналиев, узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки дар Олмон паноҳҷӯ буд, рӯзи 24-уми октябр аз ҷониби пулиси ин кишвар бо мақсади истирдод ба Тоҷикистон боздошт шуд.

Гуфта мешавад, Билол Қурбоналиев замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш, ба барномаҳои “Гурӯҳи 24” пайваста, фаъолона дар он барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекард ва баъдан дар баробари афзудани хатари боздошти мухолифони сиёсии ҳукумати Раҳмонов дар Русия ба Украина паноҳ бурд. Ӯ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ба Олмон рафт ва аз мақомоти ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии “Гурӯҳи 24”, “Билол Қурбоналиев мебоист мутобиқи банди 24 Қонуни ин кишвар новобаста аз санади паноҳандагии Укроин надоштан, дар сурати хатар доштани истирдодаш ба Тоҷикистон дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дарёфт кунад. Вале аз сабаби бекор шудани банди 24 ин Қонун ва мақоми паноҳандагӣ надоштанаш дар Укроин пулиси Олмон Билол Қурбоналиевро боздошт кард ва ӯро хатари истирдод ба Ватан таҳдид мекунад”.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯи “Гурӯҳи 24” дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки дар сурати истирдоди Билол Қурбоналиев ба Тоҷикистон ӯро азобу шиканҷа, зиндони тӯлонӣ ва ҳатто нобудшавӣ интизор аст, чунки дар эътирозҳои бар зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон ва дар партоби тухм ба мошини ӯ фаъолона иштирок карда буд ва ин кор мақомоти Тоҷикистонро сахт нороҳат кардааст.

З00 млн қарзи Талко аз шабакаи барқ

0

Ширкати алюминийи тоҷик “Талко” бо раҳбарии додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон наздик ба 300 миллион сомонӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздор аст.

Бино ба иттилои расмӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи тоҷик”, ки 320 миллион сомонӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздор буд, баъд аз аз дархостҳои зиёд раҳбарияти Талко камтар аз 0,7%-и онро пардохт кардааст.

Ба қавли манбаъ, қарзи ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” маъруф ба Талко то ба нимаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ “дар назди шабакаҳои барқ 297 миллиону 631 ҳазору 740 сомониро” ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” як корхонаи давлатӣ аст, ки тайи беш аз ду даҳсолаи раҳбарии онро Ҳасан Асадуллозода, додарӯси Эмомаӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта чанд бор даҳҳо миллион сомонӣ қарзҳои онро бахшида буд, аммо бо ин вуҷуд, тайи қариб се даҳсолаи ахир ҳамчун як ширкати зараррасон ба буҷаи давлат, вале фоидаовар ба кисаи хонаводаи Эмомаӣ Раҳмон ҳукумат онро нигаҳ медорад.

Номаи саргушодаи ПМТ ба президенти Эрон

0

Паймони миллии Тоҷикистон бо навиштани номаи саргушода ба Иброҳим Раисӣ, президенти Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ӯ хостааст, қазияи зиндониёни сиёсиро дар сафараш ба Душанбе бо Раҳмон дар миён бигузорад.

Рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ Салим Суотонзода, сухангӯи ПМТ – эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, дар саҳифаи фейсбукияш ин номаи саргушодаро нашр кардааст.

Дар номаи саргушодаи ПМТ гуфта мешавад, ки бо назардошти сафари Раисӣ ба Душанбе, ки қарор аст, фардо, 7-уми ноябр анҷом шавад, ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти кишвар чанд нуктаро бояд мади назар дошта бошад.

Аз ҷумла, ПМТ таъкид мекунад, ки Ҳукумати феълии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро ҳукумати қонунӣ ва машруъ намедонад, ба ин далел, ки Раҳмон “ба роҳи кудатои низомӣ дар соли 1992 сари қудрат расидааст, аз он замон то имрӯз талош карда қудратро дар мушташ бигирад ва ҳоло онро ба як ҳукумати комилан хонаводагӣ табдил додааст.”

Инчунин дар нома гуфта мешавад, ки Эрон ҳамчун кишвари зомини сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ки бадан Эмомалӣ Раҳмон ин созишномаи Сулҳро яктарафа нақз кард, Эрон бояд пайгири ин масъала бошад, зеро “он ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Паймони миллии Тоҷикистон ёдовра шуда, ки Ҳукумати Эмомлаӣ Раҳмон пас аз нақзи созишномаи Сулҳ раҳбарияти ҲНИТ-ро зиндонӣ ва ҳатто бархеро барои умрбод равонаи зиндон кард.

Чун масъалаи онҳо бидуни дахолати шахси Раҳмон ҳал нахоҳад шуд, мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари кафили сулҳ ва шахси шумо ҳамчун раисҷумҳур интизор дорем, ки масъалаи озодии онҳоро бо Раҳмон дар миён бигзоред. Зеро мо барои озодии онҳо аз тамоми васоил истифода хоҳем кард”, омадааст дар номаи саркушодаи ПМТ ба Иброҳим Раисӣ.

Дар нома низ зикр гардида, ки “Ҳукумат бо баҳонаи ҳифзи субот ва оромиш, саркӯби шадиди мухолифонашро идома медиҳад ва ба ҳеч арзише пойбанд нест. Аммо мо бар ин бовар ҳастем, ки амният ва субот дар кишвари мо бидуни як ислоҳоти куллӣ бо озодии зиндониёни сиёсӣ ва баргузории интихоботҳои шаффофе, ки ҳамаи нерӯҳо дар он ширкат кунанд, имконпазир нахоҳад буд.”

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, сафари расмии Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Душанбе рӯзҳои 7-8-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.

Дар назар аст, Иброҳим Раисӣ зимни ин сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд ва дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистону Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунад.

Ин сафари дувуми Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон аз замони ба курсии президенти Эрон нишастанаш дар соли 2021 мебошад.

Писари ректор ба 3 сол зиндон маҳкум шуд, гумонбари дигар чӣ?

0

Писари ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки сабабгори ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов гардид ба 3 сол зиндон маҳкум шуд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳукм нисбати Комёб Файзулло охирҳои моҳи октябр содир гашта, ӯ тибқи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст) гунаҳкор дониста шуд.

То ҳол вакили дифоъи Комёб ҳукми додгоҳро шарҳ надодааст, аммо падараш Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ гуфтааст, мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд.

Инчунин, Машраб Файзулло дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кардааст, ки “аз аввал тақозо кардаанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад. Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд, ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест. Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам”.

Дар ҳамин ҳол пайвандони Некрӯз Ниёзов низ гуфтаанд, дар мурофиа ширкат надоштанд, “чун фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд.”

Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кардааст, вале нагуфтааст, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят мебарад ё на.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми сентябр соатҳои 22:30 дар наздикии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”-и шаҳри Душанбе ду мошини гаронарзиши “Lexus RX350” бо ҳам бархӯрда, Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кардаанд.  

Пайвандони овозхони ҷавон он замон гуфта буданд, ки Некрӯз дар пайи зарбаи сахти мошин ба ҷӯйбори канори роҳ афтида, асосан аз сараш захм бардоштааст. Ӯро ронандаи таксӣ ба беморхона овард ва субҳи 22-юми сентябр овозхон дар Беморхонаи “Қарияи боло” даргузашт ва ҷасади ӯро дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурданд.

Хабари ҳалокати ин овозхони шинохта ва ҷавон сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хоста буданд, ки сабабгорони ҳалокати ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Яке аз ронандагон, ки Комёб Файзуллои 18-сола, писари ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Машраб Файзулло мебошад, ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Аммо нафари дуввум, ки аз ӯ Аҳтамзода Оятулло Хушбахт ном бурда мешавад, маълум нест, ки писари кӣ аст ва оё касе аз пайвандонаш дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ кор мекунанд ё на. Инчунин ҷое гуфта нашудааст, ки ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд ё на?

Гуфта мешавад, Комёб ва Оятулло ҳарду донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буда, дар гурӯҳҳои ҷудогонаи як курс таҳсил мекунанд ва вақти пурсиш гуноҳро ба дӯши ҳамдигар вогузор кардаанд.

Муллое, ки мусиқиро ҳаром гуфт, ба бозпурсӣ даъват шуд

0

Як руҳоние, ки мусиқиро ҳаром гуфту аз мазҳаби Имом Абуҳанифа далел овард, барои ин тарзи суҳбаташ бо мардум мақомоти ноҳияи Панҷакент ӯро ба бозпурсӣ даъват карданд.

Рӯзи 2-уми ноябр Абдулқодир Талбаков, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва собиқ мудири китобхонаи Лоҳутӣ навореро дар Фейсбук нашр кард, ки як руҳонӣ дар минбар бо мардум суҳбат дорад, ӯ зимни суханронияш мегӯяд, мусиқӣ ҳаром аст ва бахусус уламои мазҳаби ҳанафӣ ин масъаларо сахт гирифтаанд. “Худи Имом Абуҳанифа мегӯянд, ки гӯш кардани мусиқӣ дар тамоми динҳо ҳаром аст.”

Талбаков бо интиқод аз ин руҳонӣ навишта, ки 1150 сол пеш Рӯдакӣ “чангу уд мегирифту менавохту месароид”, аммо “ДАР АСРИ 21 ҲАМШАҲРИИ ШАРМАНДАИ ИН БУЗУРГМАРД АЗ МАСҶИДИ “НУРИ МОҒИЁН” – И ПАНҶАКЕНТ МУСИҚИРО НА ТАНҲО ДАР ИСЛОМ, ДАР ТАМОМИ ДИНҲО ҲАРОМ МЕҲИСОБАД.”

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон дар суҳбат ба “Asia Plus” гуфта, ки наворе, ки Абдулқодир Талбакаов нашр кардааст, “тақрибан 8 моҳ пештар, дар моҳи Рамазон дар масҷиди ҷомеи “Нури Моғиён”-и деҳаи Фони ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент бардошта шудаааст.”

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин, ин руҳонии ҷавон, ки “аз минбари масҷид мавъиза мекард, сикини шаҳри Панҷакент Манучеҳр Ҳабибуллоеви 31-сола буда, соли 2013 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст, вале дар масҷиди ҷомеи “Нури Моғиён” ҳеҷ гуна масъулият надоштааст.”

Гуфта мешавад, Ҳабибуллоев дар набудани имомхатиби масҷиди мазкур Баҳодур Бобоҷонов барои мардум мавъиза кардааст. Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин, мақомот ӯро барои ин ки бо кадом далоли мусиқиро ҳаром гуфтааст, бозпурсӣ карданд ва афзуда, ки “Кирдори ӯ аз ҷониби мақомоти ин шаҳр баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад”. Вале сухангӯи Кумитаи дин нагуфта, ки ӯ ҳоло дар куҷост ва оё алайҳаш парванда боз шуда ё на.

Мақомоти Тоҷикистон солҳост, ки ҷавонони зиёдеро бо баҳонаҳои андактарин, ба монанди “лайк” гузоштан зери мавъизаи руҳоние ё мухолифони сиёсӣ ба ифротгароӣ муттаҳам када, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад. Бо вуҷуди интиқодоти зиёд аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқи башарӣ мақомоти тоҷик ҳоло ҳам ба ин сиёсати худ идома медиҳанд.

Сафари қарибулвуқуи Раисӣ ба Тоҷикистон

0

Раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ бори дувум ба Тоҷикистон сафар мекунад. 

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо  “Азия-Плюс” сафари Раисиро ба Душанбе тасдиқ карда гуфтааст, ки сафари раисҷумҳури Эрон рӯзҳои 7-8-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.

Дар назар аст, ки Иброҳим Раисӣ зимни ин сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд ва дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистону Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунад.

Гуфта мешавад, ин дувумин сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.

Иброҳим Раисӣ бори аввал 16-уми сентябри соли 2021 бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо сафари расмӣ ба Душанбе омада, аз “оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар” хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта пайваста ба Эрон сафар мекард, аммо дар давраи раёсатҷумҳурии Ҳасани Руҳонӣ аз соли 2013 то 2021 Раҳмон боре ҳам ба Эрон сафар накардааст.

Тира шудани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ шуруъ шуда буд, аммо бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин муносибатҳо тиратар гашта буд.

Аммо, баъди 9 соли вақфа ва гармтар шудани муносибатҳои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 бо сафари дурӯза ба Эрон рафта буд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кумунистҳои Чин

0

Президенти Тоҷикистон бо намояндаҳои Ҳизби комунисти Чин мулоқот карда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 2-уми октябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо “узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй” мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “масъалаҳои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ” суҳбат кардаанд.

Чин пас аз Русия яке аз шарикони стратегӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузори асосӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 4-уми январи соли 1992 оғоз шудааст. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.