16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 221

Боздошти пайвандони “Гурӯҳи 24” баъд аз тазоҳуроти Олмон

0

Баъд аз тазоҳурот ва бо тухм задани мошини ҳомили раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон, мақомоти амниятӣ пайвандони аъзои “Гурӯҳи 24”-ро дар Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, мақомоти амниятӣ хонаводаи чанд тан аз аъзои ин ҳаракатро бо худ бурдаанд, ки яке аз онҳо падари Беҳрӯз Тағойзода буда, айни ҳол дар идораи амнияти шаҳри Душанбе қарор доштааст.

“Ин ҳукумат ва мақомоти қудратии Раҳмонов танҳо кораш бо пирамардону пиразанҳо ва ҷинсҳои заиф аст! Имрӯз сараш ба замин расида буд, ин аст, ки қасди худро мехоҳад аз падару модарони мухолифон бароварад!”- гуфта мешавад дар хабари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

Беҳрӯз Тағойзода, узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар суҳбат бо Azda.tv хабари боздошти падарашро тасдиқ кард.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

Раҳмонро бо тухму муҳофизашро бо шатта заданд (ВИДЕО)

0

Шоми 28-уми сентябри соли ҷорӣ, дар яке аз қаҳвахонаҳо ё шаурмахонаҳои шаҳри Берлин миёни намояндагони ҳукумат ва аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” занозанӣ рух додааст.

Дар наворҳое, ки ба дасти Azda.tv расид дида мешавад, ки 3 нафар аз намояндагони ҳайати Тоҷикистон дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Берлини Олмон ба хариди “шаурма” машғуланд ва дар пушти онҳо намояндагони мухолифон истодаанду ба навор мегиранд.

Ба гуфтаи шоҳидони ин ҳодиса, намояндагони ҳукумат вақте мухолифонро мебинанд, яке худро ронандаи таксӣ ва дигари худро корманди ин қаҳвахона муаррифӣ мекунанд.

Нафаре, ки худро корманди қаҳвахона муаррифӣ кард

Аммо сеюмӣ, ки гуфта мешавад, яке аз муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон аст, вақте мебинад, ки онҳоро сабт карда истодаанд бо пояш задда телефони яке аз мухолифонро меафтонад ва ин замон миёни ӯ ва мухолифон занозанӣ шуруъ мешавад.

Навори пурраи ин занозанӣ:

Беҳрӯз Тағойзода, узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, “Нафаре, ки дар дукони шаурмафурӯши бо аъзои “Гурӯҳи 24″ занозанӣ кард, яке аз муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон буд. Ва аз ин мешавад хулоса баровард, ягон нафар назди Раҳмон қадр надорад, ҳатто онҳое, ки ҷони ӯро ҳифз мекунанд, чун ба бечораҳо пуле дода нашудааст, ки рафта дар ягон тарабхонаи беҳтар ва замонавӣ хӯрок хӯранд”.

Гуфта мешавад, ин ягона ҳодисае нест, ки дар ин шабу рӯзе, ки Раҳмонов ба Олмон сафар кардааст рух медиҳад.

Замоне ки корвони мошинҳои раисҷумҳури худкома Эмомалӣ Раҳмон ба тарафи бинои садриаъзами Олмон ҳаракат доштанд, аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷониби ӯ “Диктатор” садо дода, мошинашро бо тухм заданд.

Дар аксҳое, ки баъдтар нашр шуд, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз мошине, ки тухмборон шудааст, фаромада истодааст ва хеле ғазабнок метобад.

Ёдовар мешавем, ки бо даъвати расмии мақомоти Олмон раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон барои ҳузур дар нишасти якҷояи ин кишварҳо бо Олмон ва мулоқот бо садриаъзам Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер ба Олмон омаданд. Қарор аст, ин сафар то фардо, 30-уми сентябр идома пайдо кунад.

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28 ва 29-уми сентябр дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор карданд.

Мулоқотҳои раҳбаряти ПМТ бо мақомоти Литва

0

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар раъси як ҳайат аз 26-ум то 30-уми сентябри соли 2023 ба кишвари Литва сафар кардааст.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти ПМТ, ҳайати он зимни сафар ба ин кишвари аврупоӣ бо мақомот, вакилони парлумон аз ҳизбҳои сиёсии мухталиф, чеҳраҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин сафар Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ-ро Шоҳнаим Карим, муовини раиси ҲНИТ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси Департаменти равобити хориҷии ПМТ, Бобоҷон Қаюмов, муовини раиси Департаменти расонаҳои ПМТ ва Илҳомҷон Ёқубов, намояндаи ПМТ дар Литва ҳамроҳӣ карданд.

Сухангӯи ПМТ Салим Султонзода дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки зимни мулоқот раҳбарияти ПМТ бо мақомоти гуногуни Литва вазъяти кунунии Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масоили муҳимро баррасӣ карданд.

Ҳамчунон гуфта мешавад, раҳбари ПМТ бо чанде аз расонаҳои маҳаллии ин кишвар, аз ҷумла телевизоини Delfi ва радиои LRT, мусоҳиба анҷом дода, ки муҳтавои он ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

“Барқи тоҷик” лимити барқро дар кишвар тасдиқ кард

0

Ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши изҳороте “лимит”-и нерӯи барқро дар кишвар тасдиқ карда, онро мисли ҳамеша ба”камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об” ва “зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ” номид.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 28-уми сентябр дар сомонаи “Ховар” нашр шудааст, гуфта мешавад, ки обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст“.

Инчунин ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа, соли равон низ норасоии мавсимии нерӯи барқ пешгӯӣ шудааст ва аз ҳама даъват карда, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.

Мисли солҳои гузашта ин ширкат таъмири сим ва зеристгоҳҳоро аз сабабҳои дигари қатъи барқ дар кишвар гуфта, онро барои таъмини сокинон бо барқ дар фасли зимистон зарурӣ хондааст.

Ин ширкат мегӯяд, ки “ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд ва захираҳои обу энергетикии дар рӯзҳои мусоид сарфашуда барои дар зимистон бештар бо нерӯи барқ таъмин намудани муштариён истифода бурда мешаванд“.

Аммо ин ширкат дар изҳороташ ба суоли мардум, ки кай лимит бардошта мешавад, чизе нагуфтааст.

Изҳороти ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки сокинон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ҳатто Душанбе ба расонаҳо аз набуди барқ дар фасли тирамоҳ шикоят карда буданд.

Камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, давоми 30 сол то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст. Аммо фурӯши он ба хориҷи кишвар бемушкилие идома дорад.

Тоҷикистон аз Қатар хост то 4 ҳазор муҳоҷир тоҷикро қабул кунад

0

Тоҷикситон аз давлати Қатар хост, дар лоиҳаҳои бузургу стратегии кишвар сармоягузорӣ кунад ва инчунин то 4 ҳазор муҳоҷири тоҷикро бипазирад.

Тавре расонаҳои ҳукуматии ду кишвар хабар доданд, 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар нишасти чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар дар мавриди ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гашт.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода ва ҷониби Қатарро вазири тиҷорат ва саноати он Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ намояндагӣ мекарданд.

Ба иттилои расонаҳо, зимни мулоқоти навбатии Комиссияи муштарак баъзе санадҳои лозимӣ ба имзо расид. Ва бар мабнои тавофуқоти ҳосилшуда, давлати Қатар аз омодагии худ барои сармоягузории васеъ дар Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳамчунин зимни мулоқот, ҷониби Тоҷикистон аз кишвари Қатар хоста, ки дар якчанд лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла дар “сохтмони НБО “Роғун”, лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ дар ноҳияи Данғара, замонависозии ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО)” маблағгузорӣ кунад.

Дар идома мақомоти тоҷик аз мақомоти Қатар дархост карданд, ки сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе”-ро идома дода, ҳамчунин дар сохтани биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбеву Давҳа саҳмгузорӣ кунанд.

Нуктаи аз ҳама муҳими ин нишаст ин буда, ки вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз кишвари Қатар хостааст, ки то 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири корӣ қабул кунад.

Кишвари Қатар ҳам мақомоти тоҷикро итминон дода, ки пас аз омӯзиши масоили гуфташуда, эҳтимол маблағгузорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ҷалби сармояи хориҷӣ байни кишварҳо як амри маъмулӣ аст, вале талаби як кишвар аз кишвари дигар барои қабули шаҳрвандонаш ҳамчун муҳоҷирони корӣ, ин баёнгари заъфи иқтисод ва вобастагии шадиди он ба кишварҳои дигар ва маблағи муҳоҷиронаш аст.

Мувофиқи оморҳои Бонки Ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон асосан бо маблағи муҳоҷирон, ки аз Русия ва дигар кишварҳо мефиристанд, мечархад. Соли ҷорӣ коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузорише гуфтанд, ки маблағи муҳоҷирони тоҷикистонӣ сеяки Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфтаи таҳлилгарон, оморҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳанд, ки наздики 3 миллион қувваи кории Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва бо вуҷуди ин, мақомоти тоҷик боз ҳам мехоҳанд ин шумораро афзоиш бидиҳанд.

Тазоҳуроти мухолифони тоҷик ва дигар кишварҳои ОМ дар Олмон

0

Имрӯз, 29-уми сентябр чанде аз мухолифони тоҷик бо шумули Паймони миллии Тоҷикистон ва шахсони алоҳида, инчунин мухолифони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон даст ба таҷаммуи эътирозӣ зада, сафари раҳбарони ин кишварҳоро маҳкум карданд.

Тазоҳуроти мухолифони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Берлин, муқобили қасри Садриаъзами Олмон, маконе, ки нишасти президентҳо идома дорад, баргузор шуд.

Эътирозгарон дар дасти худ овезаеҳоеро бо шиорҳои “озодӣ ба зиндониёнӣ зиёсӣ” ва озодӣ ба шахсиятҳои алоҳида бардошта, аз мақомоти Олмон хостанд, ки бо президентҳои диктатор ва онҳое, ки ҳуқуқи инсон барояшон арзиш надорад, муносибат накунанд.

Муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон Алим Шерзамонов зимни суханронӣ дар ин гирдиҳамоӣ, дар хитоб ба мақомоти Олмон таъкид кард, ки “Шумо чӣ гуна бо диктаторе, ки ҳуқуқи мардумашро поймол мекунад, бегуноҳ рӯзноманигорон, озодандешон ва мухолифонашро саркӯб мекунад ва ба зиндон меандозад, даст мефишоред?

Аммо то ҳол аз намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё аз намояндагони ҳукумати Олмон касе назди тазоҳуркунандагон набаромада ва бо онҳо суҳбат накардааст.

Ёдовар мешавем, ки бо даъвати расмии мақомоти Олмон раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон барои ҳузур дар нишасти якҷояи ин кишварҳо бо Олмон ва мулоқот бо садриаъзам Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер иштирок хоҳанд кард. Қарор аст, ин сафар то фардо, 30-уми сентябр идома пайдо кунад.

Субҳи имрӯз АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот карда, ҷонибҳо масоили “тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкории байниминтақавӣ”-ро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, Эмомлаӣ бо ҳамтои олмонияш зимни ин мулоқот низ дар мавриди “ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон” гуфтугӯ карданд.

Ҳамзамон бо расонаӣ шудани хабари мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, Дидбони Ҳуқуқи Башар бо нашри изҳороте аз мансабдорони Олмон хоста, ки зимни мулоқот бо раҳбароин ин кишварҳо вазъи бади ҳуқуқи инсонро дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон баррасӣ кунанд.

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ хабар дода буданд, ки рӯзҳои 28 ва 28-уми сентябр дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор мекунанд.

Оғози тазоҳуроти мухолифин дар Олмон

0

Мухолифини Тоҷикистон, ки бо даъвати Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” имрӯз дар Берлин ҷамъ шуда буданд, тазоҳуроти худ дар назди сафорати Тоҷикистонро оғоз карданд.

Имрӯз, 28-уми сентябри соли 2023, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо баргузории як барномаи махсуси онлайнӣ аз оғози тазоҳуроти мухолифини Эмомалӣ Раҳмон дар назди сафорати Тоҷикистон хабар додаааст.

Дар ҳамоиши эътирозӣ намояндаҳои қариб ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон ҳузур доранд ва пас аз чанд соли гузашта ин яке аз нахустин гирдиҳамоиҳои пуршукӯҳест, ки намояндаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” якҷо гирди ҳам муттаҳид шудаанд.

Дар аксу наворҳое, ки аз ҷои баргузории ин тазоҳурот дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки иштирокчиёни ин ҳамоиши эътирозӣ бархилофи тамоми тазоҳурот ва пикетҳои қаблӣ як намоишгоҳи хурди мева ва полезиҳои Тоҷикистонро низ, ки дар он ҷо кадуву картошка, себу анор ва ғайра низ дида мешавад, баргузор кардаанд.

Гуфта мешавад, бар иловаи тазоҳуроти кунунӣ, Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз тамоми тоҷикони муқими кишварҳои аврупоӣ даъват карда, субҳи 29-уми сентябри соли ҷорӣ ҳамроҳ бо мухилифини дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ як тазоҳуроти дигаре низ дар Берлин баргузор хоҳанд кард.

Боздошти кормандони фурудгоҳ

0

Ду маъмури Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иттиҳоми ғайриқонунӣ иҷозат додан ба қочоқи тилло ба Ҳиндустон боздошт шудаанд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ аз манобеи худ хабар дод. Гуфта мешавад, боздоштшудаҳо яке Азаматулло Маҳмадшоев ва Олим Ҷалолов ном доранд. То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора шарҳи расмие надодаанд.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Дар аввали моҳи сентябр ба воситаи мусофирон аз Душанбе ба Деҳлӣ тило фиристодаанд. Ин миқдор тилоро дар Ҳиндустон боздошт мекунанд. Хабараш ба Фурудгоҳ расид. Додситонии нақлиёт ҳодисаро таҳқиқ ва ду корманди фурудгоҳро боздошт кард.”

Ба иттилои манбаъ, “Додситонии нақлиёт ба зидди Азаматулло Маҳмадшоев ва Олим Ҷалолов ба иттиҳоми қочоқ ба миқдори калон (қисми 2-и моддаи 289-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парванда кушодааст.”

То ҳол маълум нест гумонбарон ин иттиҳоми алайҳашон эълоншударо қабул кардаан ё на. Назари наздикон ва вакилони дифоашон низ дастраси расонаҳо нашудааст.

Соли 2021 низ мақомоти Тоҷикистон аз як амлиёти қочоқи чандин кило тилло хабар дода буданд. Аммо сардори гумруки Хатлон гуфта буд, ки ин миқдор тилло ва маблағҳои зиёд аз гузаргоҳи марзии Панҷи Поён то Душанбе қонунӣ омада буданд. Аммо Додситонии кулли кишвар нахост дар бораи ин қазия шарҳ бидиҳад.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, мақомоти фурудгоҳи кишвар бо ситонидани ришва ва ё шиносбозӣ ба қочоқи ғайриқонунии ашёи мамнуъа зиёд роҳ додаанд.

Ду созмони ҷаҳонӣ аз мақомоти тоҷик озодии Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд

0

Ду созмони ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёровро фавран озод кунанд.

Иттиҳоди ҷаҳонии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (CIVICUS) ва Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) дар изҳороти якҷояе аз ҳаштумин солгарди боздошти Бузургмеҳр Ёров ёдовар шуда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ҳама иттиҳомот нисбати ин маҳбуси сиёсиро бекор ва ӯро озод кунанд. 

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 27-уми сентябр нашр шудааст, директори IPHR Бриҷит Дюфур боздошти Бузургмеҳр Ёровро худсарона номида, гуфтааст, ки ин адвокати шинохта ба хотири ҳимоят аз мухолифони сиёсии Тоҷикистон муҷозот шуд.  

Дар идома Бриҷит Дюфур аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба қазияи Бузургмеҳр Ёров таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуда, озодии фарии ӯро аз мақомот талаб кунанд. 

Гуфта мешавад, маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров соли 2015 замоне боздошт шуд, ки вакили мудофеи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. 

Мақомот баъд аз боздошт ӯро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла таҳқири мансабдорони давлатӣ, беэҳтиромӣ ба додгоҳ, тавҳин ба президенту қаллобӣ ва дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. 

Баъдан тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” соли 2019 шаш сол ва соли 2021 чор сол аз муҳлати иҷрои ҷазои ӯ дар зиндон кам гардида буд ва дар умум дар ин марҳила 10 сол аз иҷрои ҷазои ӯ кам карда шуд.

Вале дар моҳи июли соли ҷорӣ дар як мурофиаи дигар, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд, ба ҳукми ӯ боз даҳ соли дигар бо иттиҳоми сохтаи қаллобӣ изофа карда шуд.

Дэвид Код, намояндаи CIVICUS мегӯяд, ки ҳукмҳои ӯ таҳқир ба адолат аст ва бояд фавран қатъ карда шаванд. Ҷаноби Код дар идома таъкид мекунад, ки ҳашт соли зиндон хеле тӯлонӣ буда, набояд иҷозат дод, ки Ёров аз ин вақти бештарро дар зиндон гузаронад. 

Гуфта мешавад, Бузургмеҳр Ёрови 52-сола дар маҳбас борҳо мавриди фишор ва шиканҷа қарор гирифтааст.   

Соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баъд аз баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва дигар раҳбарони ҲНИТ, боздошти ӯро худсарона эълом карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки бидуни қайду шарт фавран ӯро  озод кунад, вале то имрӯз ҳукумати Эмомали Раҳмон ҳеч дархости ин кумитаи СММ-ро иҷро накарда ва ба таъаҳудоти байналмиллалии худ пойбанд набудааст.

CIVICUS ва IPHR Бузургмеҳр Ёровро ба маъракаи “Шоҳиди ман бош” шомил кардаанд, ки барои озодии фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон талош мекунад.

Коршиносони ин созмонҳо боздошт ва ҳабси Бузургмеҳ Ёровро бахше аз саркӯб дар Тоҷикистон номида мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳама кӯшишҳои тазоҳуроти осоишта ба таври бераҳмона саркӯб мешаванд, намояндагони мухолифони сиёсӣ нопадиду зиндонӣ мешаванд, вебсайтҳои расонаҳои мустақил баста мешаванд, ҳомиёни ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, блогерҳо ва рӯзноманигорон таъқиб мешаванд. 

Бино ба гузориши нави солонаи CIVICUS Monitor, ки вазъи озодиҳои ҷомеъаи шаҳрвандиро дар саросари ҷаҳон арзёбӣ мекунад, Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои “пӯшида” ҷойгир карда буданд.

Таркиш дар Тошканд даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт

0

Бар асари як таркиши сахте, ки шаби гузашта дар шаҳри Тошканд рух дод, даҳҳо нафар захмӣ ва дасти кам як нафар кушта шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, бомдоди рӯзи 28-уми сентябри соли 2023 тақрибан соати 02:43 дақиқа ба вақти маҳаллӣ таркиши сахте дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд рух дода, ки садои он аз дурии то 30 километр дуртар шунида шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъоддаи Узбекистон гуфтааст, ки ин таркиш дар яке аз анборҳои гумруки Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба амал омадааст. Дар натиҷаи ин таркиш даҳҳо нафар захмӣ шуда, дасти кам як нафар ҷон бохтааст.

Пеш аз ин Вазорати тандурустии Узбекистон ҳам дар ибтидо хабар дода буд, ки тамоми осебдидагон аз ҷои ҳодиса ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд ва дар байни онҳо ҳолати ҳолати ҳеч касе вазнин арзёбӣ намешавад.

Ин таркиш, ки дар анборҳои ширкати “Интер Логистик” рух додааст, шиддати он қадар сахт буда, ки ба қавли расонаҳо, аз ин анборҳо чизе солим боқӣ намондааст. Ҳатто дару тиреза, девору сақфу боми бархе хонаҳои наздик ба фурудгоҳ низ аз шиддати сахти ин таркиш осеб дидаанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии Mash бо нашри чанд навор аз ин ҳодиса хабар додааст, эҳтимол меравад, сабаби асосии таркиш дар Тошканд, вуҷуди батареяҳои акумулаторӣ барои мошинҳои барқӣ бошанд, ки дар он ҷо нигаҳдорӣ мешуданд.

Гуфта мешавад, мақомоти дахлдор пас аз ин ҳодиса таҳқиқоти худро дар бораи муайян кардани сабабу омилҳои ин таркиш оғоз кардаанд, аммо то замони таҳияи ин хабар гузориши расмие дар бораи ҳаҷми зарар, теъдоди пурраи маҷрӯҳон ва ҷонбохтагонро нашр накардаанд.

Тавре дар сомонаи расмии ин ширкат гуфта шудааст, “Интер Логистик” аз соли 2017 ба ин сӯ ба интиқоли борҳои содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар бандарҳои Федератсияи Русия, Украина ва Аврупои Ғарбӣ; интиқоли мол тавассути роҳи оҳан ва автомобилӣ дар саросари Русия ва ИДМ; интиқоли мол дар контейнерҳо ва ғайра мешғул будааст.