23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 226

Freedom Now озодии маҳбусони сиёсии тоҷикро талаб кард

0

Созмони “Freedom Now” аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро фавран озод кунанд.

Freedom Now, як созмони ҳуқуқии мустақар дар Вашингтон рӯзи 16-уми сентябр дар ҳисоби X (собиқ твиттер)-и худ аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ ёдовар шуда, навиштааст, ки “8 сол пеш Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳаит, раҳбари мухолифони сиёсӣ ва 12 ҳамкасбашро бо иттиҳоми сохта боздошт карданд. Онҳо бо вайрон кардани қонунҳои байналмилалӣ то ҳол дар зиндон боқӣ мемонанд. Мо даъват мекунем, ки онҳо фавран ва бечунучаро озод карда шаванд”.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамроҳи дигар аъзоёни аршади ҲНИТ 16-уми сентябри соли 2015 боздошт шуд.

Дертар яъне, моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А, ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд.

Гуфта мешавад, ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифта буд ва дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифта буданд.

Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро тавре шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Дар ин муддат борҳо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Сафари Раҳмон ба Амрико

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Амрико Ҷо Байдан ба шаҳри Ню-Йорк рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 18-уми сентябри соли 2023 Президент Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати расмӣ Душанберо бо қасади Ню-Йорк тарк кард.

Чанд моҳе пеш Ҷо Байдан, Президенти Амрико бо ирсоли номаи расмӣ аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки барои ширкат дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – ИМА”, ки қарор аст дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардад, иштирок намоянд.

Ба қавли Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин сафар “Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президенти кишвар дар умури равобити хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Амрико маъруф ба (С5+1) қарор аст рӯзҳои 19-20 сентябри соли ҷорӣ дар ҳошияи 78-умин иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк гузаронида шавад.

Президенти Тоҷикистон, ки дар чанд соли ахир хеле кам дар нишастҳои умумии Созмони Милалили Муттаҳид иштирок мекард, тайи камтар аз 6 моҳи ахир бори дуюм аст, ки барои иштирок дар нишастҳои Созмони Милалии Муттаҳид ба Амрико меравад.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои низомии Русия алайҳи Украина, фишорҳои кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Амрико алайҳи мақомоти Кремлин ва шарикони роҳбурдии онҳо, ки талош доранд, дар дур задни таҳримҳо ба Маскав кумаке кунанд, низ зиёд шудааст.

Инчунин ахири моҳи августи соли ҷорӣ хабаргузории “Reuters” бо нашри як гузориши таҳқиқотӣ кишварҳои Чин, Қирғизистон ва ду ширкат аз Тоҷкиистон бо номҳои “Истиқлолият 20” ва “Кафолати комил”-ро ба дур задани таҳримҳо алайҳи Русия аз тариқи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ муттаҳам карда буд.

Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Красногорск

0

Дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав занозании оммавӣ бо иштироки шаҳрвандони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон рух додааст.

Бино ба иттилои шабакаи телеграмии “Mash”, 13 шаҳрванди Узбекистон чун диданд, ки шумораашон аз муҳоҷирони дигар кишварҳо бештар аст, болои панҷ шаҳрванди Қирғизистон ва чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон фишор оварданд, ки дар натиҷа кор ба занозанӣ анҷомидааст.  

Гуфта мешавад, пас аз вуқуъи ҳодиса, кормандони пулис сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, муҳоҷиронро пароканда ва аксари онҳоро боздошт кардаанд.

Ба иддаои манбаъ, ин муҳоҷирон дар корхонаҳои гирду атрофи шаҳри Красногорск кор мекардаанд ва қаблан ҳам чанд маротиба баҳсу мунозираҳое кардаанд, аммо ин дафъа муноқишаи муҳоҷирон ба занозанӣ печидааст. 

Пештар аз ин дар деҳаи Илинское-Усовои ноҳияи Красногорск низ бар асари як занозании оммавӣ 16 муҳоҷир аз ҷониби пулис боздошт шуда буданд.

То ҳол сабаби аслии ин даргирии гурӯҳӣ аз ҷониби пулиси Маскав эълон нашудааст. Ва назари боздоштшудаҳо низ вобаста ба даргирӣ то ҳол маълум нест.

Ҳодисаи занозании гурӯҳӣ дар байни муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Русия бори аввал нест, ки рух медиҳад. Чунин ҷанҷолҳо борҳо ба далоили мухталиф, ки ба гуфтаи коршиносон, бештараш бартарихоҳӣ ва худбузургбинӣ аст, байни муҳоҷирон рух медиҳад.

“Пешво” аз “пешво” қадрдонӣ кард

0

Президентҳои Осиёи Марказӣ бо тақдими мукофоти “Нишони фахрӣ” ба собиқ президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов аз ӯ қадрдонӣ карданд.

Бердимуҳаммадов ҳоло ҳамчун “пешво”-и халқи туркман хонда мешавад ва ҳам раиси Халқ Маслахати Туркманистонро бар уҳда дорад. Ба таҳлили коршиносон, ин ба он маъност, ки ӯ то ҳол кишварашро худаш идора мекунад.

Маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри ин хабар дод, ки 14-уми сентябир соли ҷорӣ дар ҳошияи нишасти панҷуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин “мукофоти олии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро супорид.

Дар хабар гуфта мешавад, ки қадрдонии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қурбогнгулӣ Бердимуҳаммадов ба далели “саҳми барҷастаи ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои минтақа” будааст.

Ҳамчунин дар хабар таъкид мешавад, ки собиқ раисҷумҳури Туркманистон дар “таъмиқи ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ” саҳми бузурге доштааст.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аввалан, метавонад нишони посухи қадрдонии Бердумуҳаммадов аз Раҳмонов аст, ки чанде пеш дар Туркманистон қадрдноӣ шуда буд ва сониян, ӯ шояд мехоҳад ба дигарон бифаҳмонад, ки пас аз рафтанаш фаромӯшаш накунанд ва қадри ӯро низ бидонанд.

Мақомот боздошти нависандаи шинохта Абдуқодири Рустамро тасдиқ кард

0

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти нависанда, муҳаққиқ ва масъули шуъбаи кадрҳои Бемористони “Ибни Сино” Абдуқодири Рустамро тасдиқ кард. 

Дар ин бора Додситони кулли кишвар дар посух ба дархости хаттии “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ин нависандаи шинохта бар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” аз ҷониби мақомот рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шудааст.

Аммо додситонӣ бо ишора ба моддаи 177 Кодекси мурофиавии ҷиноии (КМҶ) кишвар ва моддаи 6, банди “ж” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст.

Инчунин ин ниҳод таъкид кардааст, ки тибқи талаботи моддаи 15 КМҶ ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми додгоҳ дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад.

Абдуқодири Рустам 65 сол дошта, дар гузашта дар нашриёти “Ирфон” кор кардааст ва як муддат рӯзноманигорӣ ҳам кардааст. Ӯ муаллифи чанд роман ва омодакунандаи “Девон”-и Рӯдакӣ мебошад ва дар вироиш ва тасҳеҳи матни китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода кор кардааст. 

Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба бор овард.

Муаллифи ин китоб, Абдухалил Холиқзода аввалҳои моҳи августи соли ҷорӣ бо фармони додситони кул Юсуф Раҳмон боздошт шуд ва дертар мақомот эълон карданд, ки ӯ бар пояи банди 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба он гумонбар мешавад ва гӯё “бо гурӯҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ” даст задааст. 

Пас аз боздошти Холиқзода хабари боздошти молики нашриёти “Эр-граф”, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар инҷо чоп шудааст, расонаӣ шуда буд. Аммо мақомот то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд. 

Таҳлилгарон сабаби боздошти Абдуқодири Рустамро низ ба ин китоб рабт медиҳанд. 

Ҳоло мақомот баъзе намояндаҳои ҳизби ҳоким, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба по хезондаанд ва онҳо зидди муаллиф ва ин китоб интиқодҳоеро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. 

Содир Ҷабборов дар “Шоми дӯстӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон ширкат накард

0

Президенти Тоҷикистон барои хуш кардани табъи ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе барномаи “Шоми дӯстӣ” баргузор кард.

Барномаи “Шоми дӯстӣ” дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ шоми 14-уми сентябри соли 2023 дар Кохи Борбарди шаҳри Душанбе бо иҷрои консерти муштараки кишварҳо баргузор гардид, аммо дар ин барномаи Президенти Қирғизистон, ки яке аз меҳмонони ин нишаст буд, ширкат накард.

Содир Ҷабборов на танҳо дар барномаи “Шоми дӯстӣ” ҳузур надошт, балки дар дигар чорабиниҳои иловагие, ки бо харҷи даҳҳо миллион сомонӣ таҳия ва созмондиҳӣ гардида буданд, дар паҳлӯи ҳамтоёнаш аз Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Туркманистон ва Озарбойҷон ҳузур надошт.

Пеш аз ин иттилоъ дода шуда буд, ки Содир Ҷабборов ба хотири иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рафтааст. Президенти Қирғизистон дар ҳошияи ин нишасти минтақавӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар алоҳидагӣ низ мулоқот карда буд.

Тавре дар аксу наворҳои нашршуда дида мешавад, Президенти Қирғизистон дар дигар барнома ва чорабиниҳои ҳошиявии ин нишаст, аз ҷумла “Шоми дӯстӣ”, боздид аз деҳкада дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ва намоишгоҳи моли стеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо харҷи даҳҳо миллион сомонӣ омода шуда буданд, ширкат накард. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба сурати расмӣ то замони нашри ин матбал дар ин бора ба расонаҳо чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, аз замоне ки Содир Ҷабборов дар Қирғизистон сари қудрат омадааст, баҳсҳои марзии ин кишвар бо ҳамсояҳояш ба мисли Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон борҳо ба хушунат кашида шуданд ва дар низоъҳои марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон садҳо нафар кушта ва захмӣ шуда, ҳазорҳо нафари дигар аз сокинони мулкӣ осеб дидаанд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, яке сабабҳои ширкат накардани Содир Ҷабборов дар ин барномаҳои ҳошиявии нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо дар бархе масоили марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад бошад ва агар ин фарзия дуруст барояд, эҳтимол дорад, вазъият дар марзи байни ду кишварҳо бори дигар ноором хоҳад шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов

0

Имрӯз, 14-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ҳоштяи нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар ин мулоқот президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон таъйину нишонагузории сарҳади ду кишварро баррасӣ кардаанд. Аммо тафсилоти ин суҳбат дар бораи марз расонаӣ нашудаст.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон навишт, ки президентҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла аломатгузории марзро баррасӣ карданд, аммо сомонаи расмии президенти Тоҷикистон мулоқоти Раҳмон ва Ҷабборовро тасдиқ карда, дар бораи марз чизе нагуфтааст.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷаббор дар ҳоле сурат мегирад, ки 13-уми сентябри соли ҷорӣ мулоқоти раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ва дигар мақомдорони ду кишвар дар марз баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон без аз 970 километр марзҳои муштарак доранд ва бо сабаби тақсимоти ноодилонаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва ба иҷора додани заминҳои манотиқи дигар ҷонибҳо, бо гузашти беш аз 30 соли истиқлоли ин кишварҳо аз ИҶШ ҳамоно натавонистаанд, ки беш аз 300 км онро муайян ва аломатгузорӣ кунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар даҳ соли ахир чандин бор вориди низоъҳои мусаллаҳона гардида, хунинтарини ин низоъҳо дар ду соли ахир дар манотиқи назди сарҳадии ду кишвар, ба хусус дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Уши Қирғизистон сурат гирифта буд, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта ва захмӣ гардиданд.

Эътимодномаи сафири Чин ба Толибон

0

Сафири тозатаъиншудаи Чин дар Афғонистон нахустин шуда дар байни дигар сафирони кишвраҳои дунё эътимодномаи худро ба Толибон супорид.

Бино ба иттилои расонаҳо, 13-уми сентябри соли ҷорӣ сафири ҷадиди Чин дар Афғонистон ба нахуствазири ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон мулло Муҳаммадҳасан Охунд эътимодномаи худро супорид.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи расмии Толибон бо нашри наворҳое аз ин фиристодаи нави Чин ба Афғонистон истиқбол карда, гуфтааст, сафири Чин Эътимодномаи худро ба нахуствазир тақдим намуда, ба кори худ дар Афғонистон оғоз кард.

Вай мегӯяд, “Чин ба сифати ҳамсояи хуби Афғонистон ба истиқлол, тамомияти арзӣ ва файсалаҳои он эҳтиром мегузорад” ва ба умури дохилиаш мудохила намекунад.

Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки Толибон сафири ҷадиди Чинро дар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон хеле бо шукӯҳ ва баргузории як режаи низомӣ истиқбол карданд.

Ҳамазон бо хушҳолии Толибон аз ҳузури фиристодаи ҷадиди Чин дар Афғонистон хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро маҳкум карда гуфтаанд, ки Иморати исломӣ ба хотири манофеи худ аз ҳад зиёд ба Чин дӯстӣ карда, беш аз ду миллион “мусалмони зиндонӣ” дар Туркистони Шарқиро фаромӯш кардааст.

Аз сӯи дигар хеле аз мухолифони ҳукумати Толибон ҳам ин амалкарди Чинро, ки ба сурати расмӣ сафири ҷадиди худро ба Афғонистон фиристода ва он эътимодномаашро ба мақомоти Иморати исломӣ тақдим кард, як қадам то ба расмият шинохтан хонда, гуфтаанд, ки дар баробари зулму симати Толибон мардуми Афғонистон ҳеч гоҳ ин иқдоми Чинро фаромӯш нахоҳанд кард.

Дар ин ду соли ахир Толибон даҳҳо маврид шартномаҳои мухталифи ҳамкорӣ ва тиҷоративу сармоягузориро бо чиниҳо ба имзо расонида, манобеи зиёдеро дар ихтиёри чиниҳо қарор доданд.

Чин яке аз нахустин кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст, ки аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон нисбат ба дигарон ба онҳо наздиктар шудааст. Ҳамчунин Чин ду рӯз қабл низ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз онҳо ҳимоят карда, хостори озод кардани пулҳои масдудшудаи Афғонистон шуд.

Қотили Ҳувайдои 5-сола ба ҳукми абад маҳкум шуд

0

Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола барои як умр равонаи зиндон гардид. 

Додгоҳи вилояти Маскав 15-уми марти соли ҷорӣ ин шаҳрванди Русияро дар таҷовуз ва қатли духтараки панҷсолаи тоҷик гунаҳкор дониста, ӯро ба 24 соли зиндон маҳкум карда буд.

Аммо он замон Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва мехоҳад аз болои ҳукм шикоят барад ва қотили фарзадандаш бояд ба ҳукми абад маҳкум шавад.

Дар натиҷаи шикояти кассатсионӣ додгоҳ рӯзи 13-уми сентябр ҳукми қаблан содиршударо бознигарӣ карда, Александр Сёминро барои як умр равонаи зиндон кард. Худи Сёмин пас аз эълони ҳукми нав эътироз кардааст ва тибқи қонунҳои Русия ӯ ҳақ дорад, то шаш моҳ аз рӯйи ҳукм шикоят барад.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода аз ҳукми нав изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҳамаи онҳое, ки давоми қариб панҷ соли ахир ӯро дастгирӣ карданд, изҳори сипос намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдои хурдсол 22-уми июли соли 2018 бераҳмона кушта шуд. Ӯ аввал аз ҳавлии як хона дар ноҳияи Серпухови шаҳри Маскав дуздида шуд ва пас аз як рӯз ҷасадаш аз дохили як халтаи варзишӣ пайдо гардид. Санҷиши додгоҳӣ нишон дод, ки Ҳувайдои хурдсол аввал таҷовуз шуда ва сипас бо корд кушта шудааст.

Дар ин қазия як сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин бо гумони даст доштан дар қатли ин кӯдак боздошт шуд.

Дар манзили ӯ муфаттишон изи пойафзоли духтар ва изи ангушти ӯро пайдо карданд. Тибқи яке аз фарзияҳо, гумонбари куштор духтарро ҳангоми бозиаш дар ҳавлӣ бо додани бозича ҷалб карда, сипас ӯро рабудааст.

Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25-уми июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.

Ин ҳодиса сару садоҳои зиёдеро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ба бор оварда, нафарони зиёде хоста буданд, ки ин қазия мунсифона таҳқиқ шавад. Аммо баҳсҳои додгоҳӣ беш аз панҷ сол тӯл кашид.

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

0

Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба хотири иштирок дар нишасти навбатии машваратии худ вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз сарони кишварҳои Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар раъси ҳайатҳои расмии кишварҳои худ вориди Тоҷикистон шуданд.

Ба қавли манбаъ, президентҳои кишварҳои Узбекистону Қирғизистон ва Туркманистону Қазоқистон ба хотири ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон сафар карданд.

Пеш аз ин, 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии кишрваҳои Осиёи Марказӣ низ баргузор гардида буд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта, ки дар ин нишаст “роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва ҳамоҳанг намуданд.” 

Ҳамзамон Президенти Озарбойҷон низ дар сафи меҳмонони Душанбе ҳузур дорад. Вай ба сифати узви давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон омадааст, то дар Шӯрои сарони он ширкат кунад. Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок менамояд. 

Гуфта мешавад, дар рафти ин мулоқотҳо маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ шудааст.