23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 227

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

0

Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба хотири иштирок дар нишасти навбатии машваратии худ вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз сарони кишварҳои Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар раъси ҳайатҳои расмии кишварҳои худ вориди Тоҷикистон шуданд.

Ба қавли манбаъ, президентҳои кишварҳои Узбекистону Қирғизистон ва Туркманистону Қазоқистон ба хотири ширкат дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон сафар карданд.

Пеш аз ин, 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии кишрваҳои Осиёи Марказӣ низ баргузор гардида буд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта, ки дар ин нишаст “роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва ҳамоҳанг намуданд.” 

Ҳамзамон Президенти Озарбойҷон низ дар сафи меҳмонони Душанбе ҳузур дорад. Вай ба сифати узви давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон омадааст, то дар Шӯрои сарони он ширкат кунад. Илҳом Алиев ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок менамояд. 

Гуфта мешавад, дар рафти ин мулоқотҳо маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ шудааст.

Русия сомонаи “Паём.net”-ро дар қаламрави худ баст

0

Мақомоти Русия дастрасӣ ба сомонаи маъруфи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон “Паём.net”-ро дар қаламрави ин кишвар масдуд кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба “Роскомсвобода”, ниҳоде, ки бахши алоқаи Русияро назорат мекунад, навишт, ки ин ниҳод сомонаи “Паём.net”, марбут ба мухолифини тоҷик ва “24.kg”-и Қирғизистонро ба далели нашри матолиб дар мавриди ҷанги Украина бастааст.

Гуфта мешавад, мақомоти Русия ду матлаби “Паём.net”-ро, ки дар мавриди ҷанги Украина навишта шудаанд, ҳамчун далели баста шудани ин сомона дар қаламрави ин кишвар қарор додаанд.

Ба қавли “Роскомнадзор”, яке аз ин матлабҳо дар мавриди басиҷ ё “мобилизатсия”-и зиндониён ба ҷанг дар Украина ва матлаби дигарӣ суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар робита ба ҷонибдорӣ аз Украина дар ин ҷанг будааст.

Мувофиқи иттилои манбаъ, мақомоти Русия қарори бастани сомонаи мухолифини тоҷик, “Паём.net”-ро моҳи ноябри соли 2022 қабул карда будаанд.

Ин хабарҳо дар бораи ҷанги Украина буданд ва дар бораи тирпаронии нерӯҳои Русия, талафоти ғайринизомиён, таҳримҳо алайҳи Маскав ва мобилизатсия нақл мекарданд. Қарор дар бораи бастани ин саҳифаҳо моҳи ноябри соли 2022 қабул шуда, он танҳо 12-уми сентябри имсол иҷро шуд.”, омадааст дар иттилоияи “Роскомсвобода”.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Русия сомонаҳои хабарӣ ва ё саҳифаҳои иҷтимоии касонеро, ки дар мавриди ҷанги Украина менависанду асрори мақомоти низомии рус ва фасодро дар ин кишвар фош мекунанд, мебанданд.

Русия пас аз ҳамлаи бедалали худ ба хоки Украина дар баробари тамоми кишварҳои дунё, ба ҷуз чанд кишвари зери султааш қарор гирифт. Таҳримҳои шадиде аз ҷониби кишварҳои Аврупо ва Амрико болои он ҷорӣ гашт, ки ба иқтисоди ин кишвар таъсири худро расондааст.

Шумори қурбонинёни обхезӣ дар Либия аз 5 ҳазор гузашт

0

Бино ба маълумоти расмии мақомоти Либия, шумори ҳалокшудаҳо дар обхезӣ дар шарқи ин кишвар ба 5300 нафар расида, шумори онҳое, ки беному нишон гаштаанд, марзи 35 ҳазорро ҳам гузашт.

Бархе расонаҳо бо такя ба дафтари матбуотии раиси парлумони Либия навиштаанд, ки оморҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳад, шумори кушташудаҳо дар пайи ин обхезӣ аз 7 ҳазор нафар ҳам бештар аст.

Мудири Салиби Сурх дар Либия рӯзи чоршанбе ба “Ал-Ҷазира” гуфта, ки ба сабаби харобу нобуд шудани роҳҳо ба қисмати шарқии кишвар, аз ҷумла шаҳри Дарна, расидани грӯҳи имдодрасонӣ душвор шуда, гурӯҳҳои наҷот наметавонанд сари вақт худро ба ҷойҳои офатзада бирасонанд.

Ӯ мегӯяд, вазифаи аввалиндараҷаи мо дар ин шаҳр, ки аз ҳама бештар зарар дидааст, ҷамъоварии ҷасадҳои беҷони одамоне аст, ки то ҳол дар аксар ҷойҳо вуҷуд доранд.

Ин масъули либӣ мегӯяд, зараре, ки ин обхезии мудҳиш ба шаҳри Дарна расондааст, ҳеч кас рух додани чунин фоҷеаро ба ин бузургӣ пешбинӣ намекард. Ӯ афзуд, ки ҳатто бартараф кардани паёмадҳои он ҳам дар қудрати ҳеч ҳукумате нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе, 10-уми сентябр тӯфони шадиде, ки “Дониёл” номгузорӣ шудааст, чанд шаҳри Либия, аз ҷумла Бинғозӣ, Байзо, Суса, Дарна ва дигар манотиқи ин кишварро зерурӯ кард.

Бино ба иттилои расмии Либия, тӯфони шадид 25 дарсади шаҳри Дарнаро пурра нобуд кардааст. Коршиносон гуфтаанд, ба сабаби он ки дар ин шаҳр саде барои пешгирӣ аз чунин тӯфонҳо бунёд ёфта буд, он дар пайи тӯфони мазкур канда шуда, шаҳр зери об мондааст.

Рӯзи душанбе раиси ҳукумати Либия Абдулҳамид Дбейба бо ташкили ҷаласаи изтирорӣ 3 рӯз дар тамоми кишвар мотам эълон кард ва ба тамоми масъулини ҳукуматаш амр дода, ки бидуни истисно дар кумаки мардуми зарардида ва бо онҳо бошанд.

Фоидаи 10 миллиардаи ширкатҳои наздикону пайвандони оила

0

Ширкатҳои мансуб ба наздикону пайвандони оилаи Эмомалӣ Раҳмон, ки аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ озод шудаанд, аз ин ҳисоб ҳудуди 10 миллиард сомонӣ дар як сол фоида гирифтаанд.

Агнетии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” бо нашри як гузориш гуфтааст, “дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.”

Тиқби қонунгузории Тоҷикистон маънои “имтиёзҳои андозӣ –бартарияти андозсупоранда вобаста ба пардохт накардани андоз ё пардохт кардани онҳо бо андозаи камтар, ки дар қонунгузории андозӣ пешбинӣ шудааст, мебошад.” Ва “батаъхиргузори (тамдид)-и муҳлати пардохти андоз имтиёзи андозӣ ҳисобида намешавад.”

Бар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки Кумитаи андоз онро нашр кардааст, дар феҳристи “Номгӯйи соҳаҳои афзалиятноке, ки ба онҳо имтиёзҳои андозӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои иловагӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дода мешаванд”, 22 соҳаро дар бар мегиранд, ки бахши соҳибкорӣ ва тиҷорат дар ин соҳаро аксаран ширкатҳои мансуб ба афроди хонаводаи Эмомалӣ Рамҳон ва ё наздикону пайвандони онҳо ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи коршиносон, додани имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои ширкатҳо ва соҳибкорон хуб аст, агар ин сиёсат як барномаи мукаммале дошта бошад, ки тибқи он имтиёзҳо баробар тақсим карда шаванд, аммо дар низоми феълии Тоҷикистон аксар ба ширкатҳое имтизҳои андозӣ ва гумрукӣ дода мешавад, ки ё ба сурати мустақим ба худи афроди хонаводаи Эмомалӣ Рамҳон ва наздикону пайвандони онҳо рабт доранд ва ё ин, ки дар фоидаи онҳо ба шаклҳои мухталиф саҳм доранд.

Афроди наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аз ин гуна имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ солҳо боз ба сурати фаровон истифода мекунанд. Барои мисол, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт зиёда аз 17 сол аз ин имтиёзҳо истифода кардааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, “фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буда, ба сохтмони он ширкати “Исмоили Сомонӣ – асри XXI” машғул аст. Ба навиштаи “Азия-Плюс”, раиси ширкат Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президент ва бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст.”

Тибқи гузоришҳо, “моҳи марти соли 2019 Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди ҳукумат созишномаеро тасвиб кард, ки тибқи он ширкати хусусии “Амирӣ” ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд.” Ин ширкат дар ҳоли ҳозир яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон Зарифбек Давлатов мебошад.

30-юми декабри соли 2020 парлумони Тоҷикистон ширкати “Ғаюр-Пак“, ки мутааллиқ ба Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломовро барои 5 сол аз пардохти молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда ё худ НДС озод карда буд. Акбар Ғуломов ҳамшаҳрии Эмомалӣ Рамҳон аз ноҳияи Данғара аст. Дар гузашта ширкатҳои дигари вай ба мисли “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр Индастриал” низ чунин имтиёзҳоеро дар Тоҷикистон соҳиб шуда буданд.

Инчунин сол 2021 “Ҳукумати Тоҷикистон “Мармарӣ”, ширкати азимеро, ки дар ҷануби кишвар ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод карда” буд. Ба қавли бархе манбаъҳо, ин ширкат мутаалиқ ба шарҳдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аст.

Гуфта мешавад, ширкатҳои дигаре, ки муталлиқ ба афроди хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, қудоҳо, домодҳо ва ё наздикону пайвандони онҳо ҳастанд ва аз имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ тайи солҳои ахир ба касрат истифода бурдаанд, кам нестанд. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам моҳи августи соли ҷорӣ дар нишасти хабариаш ба расонаҳо гуфта буд, агар ин имтиёзҳо намебуданд, наздик ба 3 миллиард сомонии дигар ба будҷети давлат ворид карда мешуд.

Аммо тибқи оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон дар баробари ин имтиёзҳое, ки ба бархе ширкатҳои бузург ва муфтхӯри наздикону пайвандони оилаи Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад, даҳҳо ҳазор ширкатҳои хурд ва навтаъсиси дигаре низ ҳастанд, ки бори гарони андозҳоро бардошта наметавонанд ва аз ин сабаб муфлис ва қарздор шуда, аз саҳна берун карда мешаванд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Дар Қирғизистон дастрасӣ ба сомонаи мустақили Kloop.kg масдуд шуд

0

Баъзе аз провайдерони интернетӣ дар Қирғизистон бо дархости Вазорати фарҳанги ин кишвар дастрасӣ ба сомонаи мустақили Kloop.kg-ро масдуд карданд.

Гуфта мешавад, масдуд шудани ин сомона дар Қирғизистон ба далели сарпечӣ аз пок кардани мавод дар бораи шиканҷаи сиёсатмадори мухолиф Равшан Ҷеенбеков дар СИЗО-и Бишкек мебошад.

Пештар аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз болои ин мавод шикоят карда,ж гуфта буд, ки ин хабар “ба қонун дар бораи фейк мухолифат мекунад ва обрӯи КДАМ-ро паст мезанад”.

Пас аз ин, рӯзи 7-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати фарҳанги Қирғизистон аз сомонаи Kloop.kg хоста буд, ки мавод дар бораи шиканҷаи мухолифи қирғизро дар боздоштгоҳ аз сомонааш пок кунад, дар ғайри ин сурат сомона дар тамоми Қирғизистон барои ду моҳ масдуд хоҳад шуд.

Дар посух ҳуқуқшиносони “Kloop” аз болои ин дархост шикоят кардаанд ва аз Вазорати фарҳанг хостаанд, ки қарорашро бознигарӣ кунад, аммо рӯзи 11-уми сентябр шикояти ин расонаи мустақил рад шудааст.

Ҳайати муҳаррирони сомонаи “Kloop” дирӯз, 12-уми сентябр бо нашри баёнияе хабар доданд, ки мавод дар бораи шиканҷаи Равшан Ҷеенбековро дар СИЗО пок намекунанд, чун дар он ягон маълумоти бардурӯғ вуҷуд надорад.

Инчунин муҳаррирони ин сомона таъкид мекунанд, ки мақомоти Қирғизистон бо пофишориашон барои хомӯш кардани онҳо таваҷҷӯҳи бештарро ба корҳои шубҳанокашон ҷалб мекунанд ва мақомоти ин кишвар мехоҳанд ваъдаҳои иҷронашашуда, фасод ва ғайраро аз чашми мардум пинҳон доранд.

“Ҳукуматдорони Қирғизистон ҳар чизеро аз мардум пинҳон карданӣ мешаванд, муваффақ нахоҳанд шуд. Мо ба ҳеҷ гуна пешниҳоди созиш ва махсусан ба ҳар гуна таҳдиди басташавӣ таслим намешавем. Мо роҳҳои зиёдеро меёбем, ки мардуми Қирғизистонро огоҳ созем”- омадааст дар изҳороти “Kloop”.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Қирғизистон кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти “Kloop”-ро боздоранд. Дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ додситонии Бишкек ба далели он ки матлабҳои ин расонаи мустақил гӯё ҳукумати кунуниро бадном мекунанд, барои барҳам додани “Kloop” ба додгоҳ шикоят бурда буд. Дар шикояти ин ниҳод гуфта мешуд, ки “Kloop” дар фаъолияти расонавӣ аз доираи оинномаи худ берун баромада, ҳамчунин “ба интиқоди шадид аз сиёсати ҳукумати кунунӣ нигаронида шудааст”.

Бояд қайд кард, ки “Kloop” расонаи мустақил буда, мунтазам таҳқиқоти журналистӣ, асосан дар бораи схемаҳои коррупсионӣ ва фишори ҳукумат мегузаронад, ки матлабҳои он сару садоҳои зиёдеро ба бор меоварад.

Сомонаи “Kloop” рӯзи 22 август боз як таҳқиқоти журналистиро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, хешовандони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев ва наздикони президент Саодир Ҷабборов дар қатори соҳибони франшизаи бошгоҳи футболи «Барселона» дар Қирғизистон номбар шудаанд. Инчунин рӯзи 11 сентябр дар ин сомона чанд матолиби дигари марбут ба хонаводаи президент Ҷабборов нашр шуд.

Қиёми ҳукумат алайҳи муаллифи “Ҳаводиси рӯзгори ман”

0
Акс аз сомонаи "Азия Плюс" Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои дифоъ аз худ намояндаҳои ҳизби ҳоким, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бархе зиёинро ба по хезондаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 13-уми сентябри соли 2023, Хайринисо Юсуфӣ, муовини Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо нашри як матлаб, ки АМИТ “Ховар” онро нашр кардааст, муаллифи китоби Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро “душмани хонагӣ” хондааст.

Муовини Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо тамоми тавони худ талош карда, аз ҳукумат ва бахусус раиси он Эмомалӣ Раҳмон дифоъ намояд, ва ӯро “сиёсатмадоре аз навъи хос ” унвон карда, таъкид намудааст, ки вай “муваффақ ва беназир мебошад.”

Хонум Хайринисо Юсуфӣ, ки ба назар мерасад дар вақти навиштани ин матлаб хеле ба эҳсосот дода шуда аст, ӯро бештар аз ҳама дар ин китоб ду ҷумлаи муаллиф, ки гуфтааст: “Яке аз сабабҳои асосии ҳарҷу марҷ дар кишвар парокандагии миллат аст, давлат гӯё ин мушкилро дарк карда, шиорҳоеро аз қабили “Ваҳдат асоси субот аст” ва амсоли инҳо рӯи даст гирифтааст. Вале дар асли ҳол ваҳдати миллӣ танҳо бо ҳамин шиорҳо хатм мешавад ва ба воқеият табдил нашудааст”, сахт нороҳат кардааст.

Пеш аз ин сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки ҳамзамон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ мебошад ва Эмомалӣ Насриддинзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо нашри матлабҳои ҳамсоне аз ҳамин нуктаи Абдухалил Холиқзода сахт интиқод карда буданд.

Гуфта мешавад, китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” марти соли ҷорӣ ҳам дар Теҳрон ва ҳам дар Душанбе чоп ва ба дасти хонанда расид. Се моҳ баъд аз нашри он иддае аз кормандони Вазорати фарҳанг ба он вокуниш карда, сару садоҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ андохтанд. Сипас Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон вориди қазия шуд. Бо супориши ӯ Абдухалил Холиқзода, муаллиф ва баъд аз он Абдуқодир Рустам, муҳаррири китоби мазкур низ бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ғайра боздошт шуданд.

Дар давоми баҳсу ҷанҷолҳое, ки тайи беш аз се моҳи ахир дар бораи нашри ин китоб дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад, хонум Хайринисо Юсуфӣ болотарин мақоми ҳизби ҳоким ва дар айни замон аз ҳамшаҳриҳои муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” аст, ки хеле сахт алайҳи Абдухалил Холиқзода тохтааст.

Ба гуфтаи огоҳон, зоҳиран аз вокуниши мақомдорони кишвар бармеояд, ки баъзеашон мақсади муаллифро дуруст дарк накардаанд ва ё калимотро нафаҳмидаанд, аз ҷумла маълум аст, ки аксарашон “ҳарҷ”-ро аз “харҷ” фарқ накарда, чунин вокуниши тунд кардаанд.

Мулоқоти Путин бо Ким Чен Ун. Вашингтон ҳушдор дод

0

Ким Чен Ун, президенти Кареяи Шимолӣ рӯзи чоршанбе бо сафари расмӣ вориди Русия шуда, бо Валидимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар мулоқот кард.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки бо даъвати расмии Владимир Путин ба ин кишвар омад, дар мулоқот бо Путин иброз дошта, ки ҳоло авлавияти аслии кишвараш таҳкими равобит бо Федератсияи Русия аст.

Дмитри Песков, сухангӯи Кремлин дар робита ба аҳдофи ин сафар гуфт, Путин ва Ким дар ин мулоқот муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити ду кишвар ва масоили муҳим ва ҳассосро баррасӣ хоҳанд кард.

Аммо Вашингтон мегӯяед, дар ин мулоқот Кареяи Шимолӣ дар муқобили ба даст овардани ғизо ва технологияҳои навин барои сохти киштиҳои ҷосусӣ Маскавро бо силоҳҳои пешрафта, аз ҷумла мушакҳои дурпаймо таъмин хоҳад кард. Чун Путин мехоҳад дар Украина аз онҳо истифода кунад.

Аммо сухангӯи Кремлин дар ишора ба изҳороти Вашингтон таъкид кард, он чизе, ки барои Маскав дар ин мулоқот муҳим дониста мешавад, баррасии манофеи ду давлат аст на ҳушдорҳои Вашингтон.

Ҳазамон бархе таҳлилгарон мулоқоти Ким Чен Унро бо Владимир Путин як навъ муқобила бо НАТО, аз ҷумла бо Амрико медонанд.

Президенти Кареяи Шимолӣ, ки нисбат ба дигар раисҷумҳурон ба хориҷ аз кишвараш хеле кам сафар мекунад, дар 5 соли ахир ин бори дувум аст, ки озими Русия мешавад. Ӯ бори аввал соли 2019 чунин сафаре анҷом дода буд.

Ким Чен Ун бар хилофи дигар раисҷумҳурон на бо ҳавопаймо, балки бо қатори махсусе, ки муҷаҳҳаз бо технологияи муосир аст, вале аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст, сафар мекунад.

Як зан пас аз 25 сол аз зиндони бародаронаш озод шуд

0

Дар шаҳри Кобули Афғонистон як зан аз ҷониби нерӯҳои пулиси Толибон пас аз 25 соли ҳабси хонагӣ, ки бародаронаш ӯро онҷо зиндонӣ карда буданд, озод карда шуд.

Холид Задрон, сухангӯи пулиси Толибон дар Афғонистон дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) навишт, ки пулиси Кобул бар асоси маълумоти дарёфтӣ дар минтақаи Даҳуми шаҳри Кобул амалиёти вежа гузаронид. Дар пайи ин амалиёт дар як хона нерӯҳои пулис тавонистанд занеро озод кунанд, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳабси хонагӣ будааст.

Ин мақоми Толибон мегӯяд, пулис бародарони он занро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳабси ӯ боздошт кард. Ва барои таҳқиқи вазъи саломатии зан, ӯро ба бемористон интиқол дода, таҳти муроқибати равонпизишк қарор додаанд.

Сухангӯи пулиси Толибон ҳамчунин навишта, ки аъзои ин хонавода аз панҷараи хона ба зан хӯрок партоб мекардаанд.

Ҳоло далели зиндонӣ шудани ин зан ба муддати 25 сол тавассути бародаронаш ва ҳамчунин гунаҳкори асосии ин ҷиноят мушаххас нашудааст. Вале ҳамчун гумонбар 4 бародараш ба боздоштгоҳ интиқол ёфта, таҳқиқоти ин парванда оғоз шудааст.

Усмонзода: Ҳукумати Тоҷикистон бо Толибон ҳамкорӣ мекунад

0

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, ки ба намояндагӣ аз Ҳизби демкорати Тоҷикистон вакили парлумон аст, дар суҳбат бо “Афғонистон Интернешнл” зери унвони “Балои террорисм гиребонгири Тоҷикистон мешавад?” мегӯяд: “Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон дар як сатҳе бо гурӯҳи Толибон ҳамкорӣ мекунад.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ин суҳбаташ Толибонро ба ҳамкорӣ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мутаҳҳам карда, таъкид кард, се нафаре, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани онҳо хабар дода буданд, онҳо ба хотири ноором кардани Тоҷикистон аз хоки Афғонистон вориди кишвар гардида, дар натиҷаи даргириҳо кушта шуданд.

Аммо Муҳаммадматин Муҳаммадхел, коршиноси масоили низомӣ аз Кобул ин иддаъоҳои мақомоти Тоҷикистонро зери суол бурда, гуфт, вақте Саидҷаъфар Усмонзода иддаъо мекунад, ки беш аз 1300 километр сарҳад байни Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби марзбонон ва нерӯҳои амниятӣ назорат карда мешавад, вуруди нерӯҳои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон имкон надорад. Ӯ афзуд, эҳтимол дорад онҳо тавассути тайёра ва ё чархбол аз ҷойҳои дигар интиқол ёфта бошанд.

Бо ин вуҷуд, Саидҷаъфар Усмонзода дар шарҳи ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо гурӯҳи Толибон изҳор дошт, ин ҳамкориҳо ба хотири ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошанд. Толибон бояд як ҳукумати фарогир “барои 500 нафар не, барои ҳамон 60-70 миллион (нафар) аҳолии Афғонистон кунанд.” Аммо тибқи охирин оморҳои расмӣ дар Википедия, Афғонистон дар соли 2021 ҳудуди 33,6 миллион нафар аҳолӣ дошатааст.

Ин намояндаи парлумони Тоҷикистон, ки ба зоҳир хеле ошуфтаҳол менамуд, мегӯяд, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” тавониста дар он сӯи марзҳои Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар нерӯ ҷамъ мекунад. Ин гурӯҳ зери фармони Толибон аст. Дар ояндаи назди бо паҳподҳои воридшуда аз Покистон ҳам муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ин амр як хатари ҷиддӣ аз ҷониби Афғонистон ҳаст. Толибон дар муддати як соли оянда пурқувваттар шуда, “нияти ба Тоҷикистон ҳамла карданро доранд”.

Инчунин дар ин барнома раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон вуҷуди ҳаргуна фаъолиятҳони низомии мухолифони Толибон дар хоки Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари нерӯҳои муқовимати Афғонистон як рӯз ин ҷо дар Тоҷикистон аст ва рӯзи дигар дар Аврупо. Онҳое, ки дар дохили Тоҷикистон ҳузур доранд, ба фаъолиятҳои фарҳангӣ машғул мебошанд.

Усмонзода аз як сӯ мегӯяд, “мо аз ҷониби Афғонистон эҳсоси хатар мекунем”, вале аз сӯи дигар таҳдид мекунад, ки “Мо Толибонро огоҳ мекунем, вақташон медиҳем, шумо вақт доред, бигурезед аз Афғонистон. Дар ҳолати ҳуҷуми шумо, мо шуморо дар муддати як моҳ аз Афғонистон нест мекунем.”

Дар ин барнома Муҳаммадматин Муҳаммадхел, коршиноси низомии Афғонистон ин иддаъоҳои раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро ба масхара гирифта мегӯяд, ки ” мо ҳизби сотсиалистиатро давондем- Шӯравиро ва ин биродархондаи дигарат, ки Амрико буд, гурехтанд, ту кудом…, 20 фисади даромади (ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон) ту аз ҳисоби маводи мухаддир ва 30 фисади дигараш аз тиҷорати сафед аст…”

Хабарнигори шинохтаи Афғонистон Муслим Шерзод низ яке аз меҳмонони ин барномаи буд, ки иддаъо кард, дар ҳоли ҳозир 5 ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон дар вилояти Бадахшон зери контрули “Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон” бо раҳбарии Маҳдӣ Арсалон аст. Иддаъое, ки дар ин барнома зери суол қарор гирифт.

Бо ин ҳол, агар ин иддаъои коршиноси афғонистонӣ Муслим Шерзод дар мавриди таҳти контрули Маҳдӣ Арсалон қарор доштани 5 ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон дар канори иддаъои Саидҷаъфар Усмонзода, ки гуфта, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” тавониста 5 ҳазор нерӯро ба худ ҷазб кунад, қарор дода шаванд, хулосааш чунин хоҳад шуд, ки дар ҳоли ҳозир “Ҷамоати Ансоруллоҳ” бо доштани 5 ҳазор нерӯи ҷангӣ дар 5 ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар Афғонистон қарор дорад ва ба як хатари бузург ба субот ва амнияти Тоҷикистон табдил шудааст.

Дар ин барнома раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон тавре суханронӣ кард, ки натанҳо барои коршиносон, балки барои хеле аз бинандаҳо низ, ки дар шарҳҳо назари худро коридаанд, яке аз заъифтарин суханронҳо дар бораи масоили Афғонистон будааст.

Инчунин мавқеъгириҳои Саидҷаъфар Усмонзода, ки президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғаниро “лаъин” ва Толибону дигар гурӯҳҳои ҳаммаслаки онҳоро “ғул” номида, хамши бархеҳоро дар он сӯи Омӯ барангехтааст, дар се мавриди дигари ин барнома низ ҳадафи масхара қарор гирифтааст: 1. Афғонистон 60-70 миллион нафар аҳолӣ дорад. 2. Тоҷикистон Толибонро дар муддати як моҳ аз Афғонистон нест мекунад. 3. Артиши Афғонистон муддати 20 сол муқобили НАТО ҷангидааст.

Корбарони зиёде дар зери ин барнома ҳам гуфтаҳои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаи 3 нафар аз “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро зери суол қарор дода, гуфтаанд, ки он силоҳу муҳиммоти ҷангиро, ки дар наворҳо нишон додаанд, 3 нафар не, балки 50 нафар ба якборагӣ дар он шароити кӯҳистонӣ бардошта, аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол дода наметавонанд.

Саидҷаъфар Усмонзодаро ҳам як “одами ҳукуматӣ” унвон карда, гуфтаанд, ки “чоплӯси рақами 1”-и ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ба вай бовар накунед, зеро ҳам воҳима мекунад ва дурӯғ мегӯяд ва мабодо агар ҷанге байни Тоҷикистон ва Афғонистон сурат бигирад, яке аз аввалинҳо шуда, нахуст ҳамин раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон бо зану фарзандон ва домодҳояш мисли Ашраф Ғанӣ фирор хоҳад кард ва дар он ҷанг фарзандони мардуми оддӣ қурбонӣ хоҳанд шуд.

Гуфтам мешавад, “Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон” тиқби як қарори Додгоҳи олии кишвар ҳамчун як созмони террористӣ ва экстримистӣ эътироф шуда, ҳамагуна фаъолиятҳои он дар хоки Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст.

Ин гурӯҳ дар соли 2022 бо номи Таҳрики Толибони Тоҷикистон тағйири ном карда буд. Моҳи гузашта бо нашри як китоб барномаи амали худ барои Тоҷикистонро бо хатти порсӣ нашр кард. Ин гурӯҳ сиёсатҳои феълии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар саркӯби диндорон ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандиро беҳтарин фурсат барои ҷазби нерӯ ва густариши фаъолиятҳои худ эълон кардааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Обхезии шадид дар Либия ҷони беш аз 3 ҳазор нафарро гирифт

0

Дар пайи тӯфон ва обхезии шадид дар Либиё беш аз 3 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод. Дар ин бора вазири тандурустии Либия Усмон Абдуҷалил рӯзи сешанбе ба расонаҳо хабар дод.

Вазири тандурустии Либия ба расонаҳо гуфта, ки “шумори онҳое, ки дар пайи тӯфони “Дониёл” ба ҳалокат расидаанд, аз 3 ҳазор гузаштааст.” Ин масъули либӣ мегӯяд, ин омори танҳо сабтшудаҳо аст, “ҳоло ин тӯфон баъзе шаҳрҳоро қариб аз байн бурдааст ва шумори дақиқи қурбониён сабт нашудааст.”

Усмон Абдуҷалил ба расонаҳои маҳаллӣ вазъ дар шаҳри Дарнаро “даҳшатбор” арзёбӣ карда, гуфтааст: “Мо ҳоло дар дохили утоқи ёрии таъҷилие, ки ҳукумат дар шаҳри Дарна таъсис дода, қарор дорем. Вазъ даҳшатбор аст.”

Мақомоти расмии Либия мегӯянд, эҳтимол шумори қурбониён хеле зиёд аст, вале то ҳол масъулин натавонистаанд омори дақиқро ироа кунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбе, 10-уми сентябр тӯфони шадиде, ки “Дониёл” ном гирифт, чанд шаҳри Либия, аз ҷумла Бинғозӣ, Байзо, Суса, Дарна ва дигар манотиқи ин кишварро зерурӯ кард.

Бино ба иттилои расмии Либия, тӯфони шадид 25 дарсади шаҳри Дарнаро пурра нобуд кардааст. Коршиносон гуфтаанд, ба сабаби он ки дар ин шаҳр саде барои пешгирӣ аз чунин тӯфонҳо бунёд ёфтааст, он дар пайи тӯфони мазкур канда шуда, шаҳр зери об мондааст.

Рӯзи душанбе раиси ҳукумати Либия Абдулҳамид Дбейба бо ташкили ҷаласаи изтирорӣ 3 рӯз дар тамоми кишвар мотам эълон кард ва ба тамоми масъулини ҳукуматаш амр дода, ки бидуни истисно дар кумаки мардуми зарардида ва бо онҳо бошанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Бинғозӣ дарсҳо дар мактабҳо таътил шуда, мактабҳоро барои пазириши зарардадагон омода мекунанд.