20.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 23

Муҳриддин бо Муттақӣ дар бораи чӣ гуфтугӯ кард?

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бори аввал бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ кардааст.

Суҳбати вазирони хориҷӣ дар пасманзари ҳамлаҳои охир аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони Чин сурат гирифтааст.

Дар иттилоияи ВУХ-и Толибон, ки 2-юми декабри соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки Муттақӣ дар ин суҳбат куштори шаҳрвандони Чинро маҳкум карда, ба Муҳриддин аз омодагии Толибон барои таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон, тақвияти амнияти марзӣ ва аз зарурати ҳамкориҳои муштарак барои суботи минтақа гуфтааст.

Вазири ҳукумати Толибон бе овардани номи гурӯҳ ё ҳалқае таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ва Афғонистон ахиран фазои эътимод барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, аммо бархе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб зананд.

Бино ба навиштаи Толибон, Сироҷиддин Муҳриддин аз таҳкими ҳамоҳангии марзӣ ҳимоят карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон барои беҳтар кардани муносибатҳо ҷонибдори таомули мусбат аст.

Ҳамчунин вазирон тавофуқ карданд, ки робитаҳои мунтазам байни нерӯҳои марзӣ, кумитаҳои муштараки ҳамкориҳои амниятӣ ва нишастҳои техникӣ идома ёбад, то минтақа шоҳиди эътимоди мутақобила ва суботи бештар бошад.

То ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ин гуфтугӯи телефонии вазирон чизе нагуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки давоми як ҳафтаи охир ду ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар натиҷа панҷ шаҳрванди Чин куштаву панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамлаҳоро ҷониби Тоҷикистон бе овардани номи созмоне “кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” номида буд. Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон низ гуфт, ки ҳамлаҳо “амали ғайриқонунӣ ва иғвоангезанд” ва аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон анҷом мешаванд.

Дар пайи ин ҳамлаҳо сафири Чин дар Тоҷикистон, Го Чжизюн бо вазири корҳои хориҷиӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини аввали раиси КДАМ Фарҳод Камолзода мулоқот карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини амнияти ширкат ва шаҳрвандони чинӣ “тамоми чораҳои заруриро биандешанд”.

Боздошти муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз ҳамлагарони “Крокус”

0

Дар шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири 28-сола аз Тоҷикистон бо гумони “дуруст шумурдан ва сафедкунии терроризм” боздошт шудааст.

Қудрат Қурбонов, муҳоҷири корӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон, бо қарори додгоҳи “Октябрский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия то 26-уми январи соли 2026 ба ҳабси пешакӣ фиристода шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург, Қурбонов гӯё моҳи марти соли 2024 дар паёмрасони худ шарҳҳои тарафдорона нисбат ба ҳамлагарони “Крокус Сити Ҳолл” нашр карда будааст. Мақомот ин амалро “ҳимоят ва сафедкунии терроризм” арзёбӣ карда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, ки Қурбонов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва “ҷонибдори гурӯҳи террористии ДИИШ” мебошад. Аммо назари худи Қурбонов ва наздиконаш ҳанӯз маълум нест. Додгоҳ иддао дорад, ки ӯ ба гуноҳи худ иқрор шудааст.

Бояд қайд кард, ки моҳи марти соли гузашта Баҳодур Зуҳуров, як муҳоҷири 26-солаи тоҷик, низ бо итиҳоми “ҳимоят аз аммали террористӣ” дар Санкт-Петербург боздошт шуда буд. Ӯ барои нашри навори ҳамла дар “Крокус” ва ҷонибдорӣ аз он мутаҳам шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2024 дар Маскав ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” рух дода буд. Дар пайи ин ҳодиса чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Баъд аз он муносибат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия боз ҳам шадидтар гардид. Ба гуфтаи фаъолон ва худи муҳоҷирон, аз ҳамон вақт то имрӯз фишор, боздошт ва бозгардондани тоҷикон аз марзҳои Русия бо баҳонаҳои гуногун идома дорад. Мақомот аксар вақт муҳоҷиронро танҳо бо гумони “хатар” ё “вайрон кардани қоидаҳои маъмурӣ” бозмедоранд, ки ин нигаронии ҷиддиро дар ҷомеаи тоҷикон ба бор овардааст.

Ҳукумат маҳдудияти барқро расман тасдиқ кард. Мардум аз 24 соат танҳо 2 соат барқ доранд

0

Дар пасманзари шикоятҳои зиёди сокинон аз бебарқӣ, ниҳоят мақомоти кишвар маҳдудиятҳои шадиди барқро расман эътироф карданд.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 27-уми ноябри соли 2025 тариқи паёмак ба телефонҳои сокинон нома ирсол кард, ки дар он ҳукумат аз мардум хостааст, дар истифодаи нерӯи барқ сарфа кунанд, то ба захираҳои обии кишвар фишори изофӣ ворид нашавад.

Ба тамоми истифодабарандагони барқи якфаза (220 В) паёмак фиристода шудааст, ки дар он сабаби асосии маҳдудият “камшавии резиши об дар дарёҳо” ва таъсири он ба истеҳсоли энергия гуфта шудааст. Дар паём таъкид мешавад, ки агар истеъмол аз 4 кВт зиёд шавад, интиқоли барқ ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад. Илова шудааст, ки ин маҳдудиятҳо муваққатӣ буда, барои сарфаи об дар обанборҳо амалӣ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки сокинон аз қатъи бардавоми нерӯи барқ норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2 соат барқ доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин навор нашр шудааст, ки дар онҳо мардум бо шиддат изҳори хашм ва нигаронӣ мекунанд.

Дар пасманзари маҳдудиятҳои сахти барқ, ки ба эътирози оммавии мардум дар фазои маҷозӣ сабаб гаштааст, манобеи огоҳ мегӯянд, ҳукумат аз эҳтимоли авҷи норизоият ва эҳсосоти ҷамъиятӣ нигарон шудааст. Тарафдорони давлат талош доранд, ки мардумро ба оромӣ даъват карда, сабабро ба “тағйироти иқлим” ва “таъсири табиат” рабт диҳанд.

Дар як навори садоие, ки дар шабакаҳо паҳн шудааст, корманди як ниҳоди давлатӣ аз раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони маҳаллаҳо хоҳиш мекунад, ки мардумро фаҳмонанд, то “безобита нашаванд”. Ӯ таъкид мекунад, ки бар асари коҳиши сатҳи об дар обанбори “Норак” танҳо 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Хуриннисо Ализода дар саҳифаи фейсбукии худ мардумро ба дарки вазъ даъват кардааст. Ӯ навиштааст: “Воқеан вазъи баамаломад хеле хатарнок аст. Онро касе ё идорае не, табиат ба миён оварда. Пас мо бо шуурнокиву ақламон бояд бо ваҳдату оромӣ онро қабул фармоем.

Хонум Ализода ҳамзамон аз мардум даъват кардааст, ки ба “провокаторҳо” гӯш надиҳанд ва бо иттиҳод ин давраи душворро паси сар кунанд. Ӯ дар идома мегӯяд: “Сахт аст, мушкил аст, вале муваққатист мардуме, ки аз ҷанг бо сулҳ берун шуд, пеши ин хатарҳои табии низ бо хости Худо дасӣболо хоҳад буд.

Ин талошҳо барои ором кардани мардум дар ҳоле сурат мегиранд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо навору изҳорот нашр мешаванд, ки дар онҳо мардум аз вазъи ногувори қатъи нерӯи барқ шадидан норозиянд.

Ҳамлаи навбатӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Дар пайи ҳамлаи навбатӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ду шаҳрванди Чин кушта шудаву ду нафари дигар захмӣ гаштаанд.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар изҳороте 1-уми декабр гуфта, ки ҳамла шоми 30-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вилояти Бадахшони Афғонистон сурат гирифтааст ва коргарони ширкати “China Road and Bridge Corporation” маҷруҳу кушта шудаанд.

Ин ниҳоди амниятии кишвар бе овардани номи созмоне ҳамларо “кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” номида, таъкид кардааст, ки “ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад”.

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон хостаанд, ки барои таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта тадбирҳои муассири саривақтӣ андешанд.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони “Тулуъ” ба нақл аз Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯйи фармондеҳии Бадахшони Афғонистон, гуфтааст, ки дар пайванд ба ҳамла ба коргарони чинӣ ду нафар дастгир шудааст, вале маълум нест гумонбарон аъзои кадом гурӯҳ мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Толибон аз ҷузъиёти дигари ин ҳамла чизе нагуфтаанд. Аммо Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Шодаки ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз замоне рух додааст, ки коргарони чинӣ дар яке аз нақбҳои хурд дар роҳи навбунёди Қалъаихумб-Ванҷ-марзи Рӯшон машғули кор буданд.

Гуфта мешавад, дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳамлаи маргбор аст, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат мегирад.

26-уми ноябри соли ҷорӣ низ аз хоки Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи “Шоҳин СМ” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон “бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” ҳамла сурат гирифта буд, ки дар натиҷа се корманди ширкати “Шоҳин СМ”, ки шаҳрвандони Чин будаанд, кушта шуда, як чинии дигар захмӣ шуда буд.

То ҳол ангезаҳои ҳарду ҳамлаи ахир ва гумонбарони онҳо маълум нест.

Толибон пас аз ҳамлаи якум бо нашри баёния ва ибрози ҳамдардӣ, ҳамчунин бе овардани номи ягон гурӯҳе гуфтааст, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бе овардани номи гурӯҳе гуфта буд, ки “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”. 

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1-уми декабри соли ҷорӣ, бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ баргузор намуда, вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи онро баррасӣ кардааст.

Сомонаи расмии Президент навишта, ки дар ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.

Ин ҳамлаҳоро Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистон номида, ба масъулин дастур додааст, ки пеши роҳи ин нооромиҳо дар марз гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо чораандешӣ кунанд.


Марги мармузи Шерик Карамхудоев дар зиндон

0

Шерик Карамхудоев, маҳбуси сиёсӣ ва собиқ раҳбари намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар дохили зиндон даргузашт.

Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохта бо такя ба манобеаи худ дар саҳфаи фейсбукияш навишта, ки Шерик Карамхудоеви 55-сола рӯзи 30-уми ноябр дар зиндони рақами 7-и Душанбе фавтидааст.

Ба гуфтаи хонум Саркорова, ин маҳбуси сиёсӣ чанд соат пеш аз марг дучори заъфи ногаҳонӣ, дарди меъда, дилбеҳузурии шадид ва қайкунӣ шуда, мақомоти зиндон ба ӯ ёрии пизишкии зарурӣ нарасонданд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Карамхудоев қабл аз маргаш худро хуб ҳис мекард ва аз ягон дард шикоят надошт. Онҳое, ки бо ӯ дар як ҳуҷра дар зиндон нигаҳдорӣ мешдуданд низ гуфтаанд, ки ӯ як рӯз пеш аз ин ҳодиса бо онҳо суҳбат карда, комилан солим менамуд.

Ин маҳбуси сиёсӣ дар ҳоле мефавтад, ки бояд чанд моҳи баъд аз зиндон озод мешуд ва марги ногаҳонияш пеш аз озодшуданаш гуфтумонҳо дар бораи қасдан кушта шуданашро миёни фаъолон ва мухолифони тоҷик бештар кардааст.

Дар ҳамин ҳол ҲНИТ бо нашри паёми таслият гуфта, “Шаҳид Карамхудоев зиндонии сиёсӣ 14 соли умри худро пушти панҷараҳои зиндон, гузаронд ва қарор буд озод шавад, аммо ҳукумат аз озодии чунин мардон хавф дорад ва иҷозат намедиҳад ба озодӣ бароянд, ҳамин буд ки ӯро ба қатл расонданд”.

Ёдовар мешавем, ки Шерик Карамхудоев собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, моҳи июли соли 2012 дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ки дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров роҳандозӣ шуда буд, боздошт ва соли 2013 бо иттиҳомоти сохтаи “ташкили гурӯҳи ҷиноӣ”, “ширкат дар беназмиҳои оммавӣ”, “зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ” ва “ғайриқонунӣ доштани силоҳ” айбдор ва ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Худи Карамхудоев ва наздиконаш иттиҳомҳоро напазируфта, гуфта буданд, ки баъди боздошт ӯ мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифтааст.

Ҳамон вақт ҲНИТ боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва иҷрои қарорҳои қабулшуда дар протоколи 32-20 номида буд.

Бояд гуфт, аз аввали соли ҷорӣ бо шумули Шерик Карамхудоев 6 маҳбуси сиёсии зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон мефавтанд.

Гуфта мешавад, Қулмамад Паллаеви 50-сола, фаъоли маданӣ аз Рӯшон моҳи январ, Боғшо Имматшоеви 67-сола моҳи феврал, Аслан Гулобови 35-сола аз Хоруғ моҳи июн, Музаффар Давлатмирови 61-сола, як рӯҳонии шинохта аз Хоруғ дар моҳи июн ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола моҳи июли имсол дар зиндонҳои кишвар фавтида буданд.

Пештар созмонҳоии ҳуқуқии байналмилаӣ аз мақомоти Тоҷикистон таҳқиқи фаврӣ ва беғаразонаи марги зодагони Бадахшонро талаб карда буданд. То кунун мақомоти Тоҷикистон расман ба расонаҳо қазияро шарҳ надодаанд ва ҳамчунин ба хонаводаҳои ин маҳбусони фавтида низ чизе нагуфтаанд.

БОР барои рушди иқтисоди Тоҷикистон $50 млн медиҳад

0

Бонки осиёии рушд (БОР) барои рушди иқтисоди “сабз” ба Тоҷикистон 50 миллион доллар ҳамчун грант тақдим мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, Бонки осиёии рушд рӯзи душанбе, 1-уми декабр лоиҳаи грантире дар ҳаҷми 50 миллион доллари амрикоӣ барои кумак ба рушди иқтисоди Тоҷикистон тасдиқ кард. Ба гуфтаи БОР, ин кумак бояд дар самти ислоҳоти сохторӣ, ки ҷойҳои кории “сабз”-ро рушд медиҳанд, тақвияти манбаъҳои иқтисодӣ ва идоракунии молиявӣ равона шаванд. Аз ҷумла, масъалаи густариши имкониятҳо барои занон таъкиди махсус мешавад.

Инчунин дар назар аст, ки тибқи лоиҳаи маблағгузории мазкур бояд, “Қонуни Тоҷикистон дар бораи лизинг” барои беҳтар кардани дастрасии корхонаҳои хурду миёна ба воситаи маблағгузорӣ тағйир дода шавад, “таксономия”-ҳои сабз барои роҳнамоӣ кардани сармоягузориҳои мутобиқ ба иқлим таҳия карда, имтиёзҳо барои ширкатҳои ба иқлим дӯст (green SMEs) ҷорӣ намуда ва қонуни нав дар бораи “истеҳсоли органикӣ” қабул карда шавад.

Бонки мазкур мегӯяд, ки бо татбиқи ин барномаҳо гузариши иқтисоди Тоҷикистонро ба самти иқтисоди сабз ва устувор дастгирӣ мекунад.

Ҳамзамон, рақамисозӣ бо роҳи пурзӯр кардани амнияти киберӣ, додани имтиёзҳои андозӣ барои фаъолиятҳои технологӣ, ва таъсиси Боғи технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) суръат дода мешавад.

Ин ислоҳот, ба гуфтаи БОР, рақобатпазирии Тоҷикистонро тақвият дода, талошҳоро барои ҷалби сармоягузорӣ пурқувват хоҳанд кард.

Зикр мешавад, ки барнома дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегардад, ки ин ҳамоҳангии муассир, истифодаи таҷрибаи муштарак ва беҳтарин таҷрибаи ҷаҳониро барои баланд бардоштани эътимоди сармоягузорон, рушди бахши хусусӣ ва беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ таъмин менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ҳамасола барои рушди иқтисоди худ миллионҳо доллар аз бонкҳои ҷаҳонӣ дар шакли кумак ва ё қарз мегирад, вале ба гуфтаи коршиносон, аз баски, ришва ва фасод дар Ҳукумат рушди васеъ кардааст, аксари ин барномаҳо ба охир намерасанд ва ҳамоно вазъи иқтисодӣ дар кишвар асафбор аст.

Толибон ва Покистон ҳамла ба Тоҷикистонро маҳкум карданд

0

Вазорати корҳои хориҷии Толибон ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки сабаби кушта шудани се шаҳрванди Чин шуд, маҳкум кард.

Толибон дар баёнияаш ибрози ҳамдардӣ намуда, бе овардани номи ягон гурӯҳе гуфтааст, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Ҳамчунин Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон таъкид кардааст, ки ба Тоҷикистон итминон медиҳад, ки барои муайян кардани омилони ин ҳодиса, табодули иттилоъ ва арзёбии муштарак омодаи ҳамкорӣ аст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Покистон низ рӯзи 28-уми ноябри соли ҷорӣ, бо нашри баёнияе ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ карда, кушта шудани се шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистонро “ҳамлаи шариронаи террористӣ” ва таҳдиди ҷиддӣ бархоста аз хоки Афғонистон хондааст.

Дар ин баёния ВКХ-и Покистон бо маҳкум намудани ин ҳамла гуфта, ки мардуми ин кишвар дарду ранҷи Чин ва Тоҷикистонро дарк мекунанд, зеро худ “борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористӣ созмондиҳишуда аз хоки Афғонистон” шудаанд.

Ҷониби Покистон ҳамчунин истифода аз паҳподҳои ҷангӣ дар ин ҳодисаро, умқи таҳдид ва нишонаи “ҷасорати гурӯҳҳое” номидааст, ки дар дохили Афғонистон фаъолият мекунанду ба иддаояшон таҳти ҳимояти режими Толибон мебошанд.

Вазорати хориҷии ин кишвар таъкид ҳам кардааст, ки хоки Афғонистон набояд ба пойгоҳи фаъолиятҳои террористӣ алайҳи ҳамсоягон ё ҳеч кишвари дигар табдил шавад ва истифодаи батакрори хоки Афғонистонро аз ҷониби ин гурӯҳҳо боиси эҷоди нигаронии ҷиддӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 26-уми ноябри соли ҷорӣ аз хоки Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи “Шоҳин СМ” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон “бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” ҳамла сурат гирифтааст.

Дар натиҷа се корманди ширкати “Шоҳин СМ”, ки шаҳрвандони Чин будаанд, кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки як шаҳрванди дигари Чин дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шуда, дар шифохонаи марказии шаҳри Кӯлоб бистарист ва сафири Чин дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр ба аёдати шаҳрванди кишвараш рафта будааст.

Ҷасади қурбониёни ҳамларо, ки гуфта мешавад аз 30 то 45-сола будаанд ва тири зиёде хӯрдаанд, аз Кӯлоб ба Душанбе бурдаанд, то аз онҷо ба ватанашон интиқол диҳанд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Чин ҷузъити дигаре аз ин ҳамла надодаанд.

Танҳо ВКХ-и Тоҷикистон бо нашри баёнияе, ин ҳамларо қотеона маҳкум намуда, аз “Толибон”-и ҳоким дар Афғонистон хостааст, барои таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад”.

Маълум нест, ин ҳамла аз ҷониби кадом гурӯҳ сурат гирифтааст, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.

Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2024 маҳз дар ҳамин минтақа гурӯҳҳои мусаллаҳ дар сарҳад ба шаҳрвандони Чин ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карда, як шаҳрванди Чинро куштаву панҷ тани дигарро захмӣ карда буданд.

Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2026-ро баррасӣ кард

0

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27-ноябри соли ҷорӣ зимни ҷаласаи навбатияш буҷети давлатии кишварро барои соли 2026 баррасӣ кард.

Дар сомонаи расмии парлумони кишвар зикр мешавад, ки ҳамзамон бо баррасии “Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” инчунин “дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028, лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2027-2028”-ро муҳокима карданд.

Вале аз ин ки буҷети давлатӣ барои соли оянда чӣ миқдор аст ва оё тасдиқ шудааст ё на, чизе гуфта нашудааст. Танҳо таъкид мешавад, ки дар нишасти вакилон масоили зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифта, “аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.”

Соли гузашта Ҳукумат буҷети кишварро аз ҳисоби даромадҳо 49,6 миллард сомонӣ ва хароҷотро 51,6 миллард сомонӣ, яъне бо манфии 2 миллард сомонӣ тасдиқ карда буд.

Ба назари коршиносон, Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми тартиби буҷети солонаи кишвар миллардҳо сомонӣ даромадеро, ки аз ҳисоби интиқоли маблағи шаҳрвандони дар берун аз кишвар кору фаъолият мекарда, эълон намекунад.

Бар асоси омори ғайрирасмӣ, танҳо ирсоли маблағи муҳоҷирон беш 40% Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳад. Соли гузашта мудири тарҳи муҳоҷират дар Академияи миллии илмҳо Анвар Бобозода дар нишасте гуфта буд, ки “Дар таърихи муосири Тоҷикистон ягон соҳаи хоҷагии халқ наметавонад ба андозаи муҳоҷирони корӣ давлату ҷамъиятро дастгирӣ кунад.” Ӯ таъкид ҳам кард, ки муҳоҷирон танҳо дар соли 2022 зиёда аз 5 милларду 220 миллион доллар фиристодаанд, ки ин миқдор маблағ 49,2% Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Вале мақомот ин оморро ҳаргиз эътироф намекунад ва саҳми муҳоҷиронро дар иқтисоди кишвар нодида гирифта, қасдан онро ночиз мешуморад ва эълон ҳам намекунад.

Шумори тоҷикони дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия ба 150 ҳазор расид

0

Мақомоти тоҷик мегӯянд, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки номи онҳо ба феҳристи шахсони таҳти назорати ҳукуматҳои Русия дохил шудааст, ба 150 ҳазор расидааст. Ин рақамро намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия нарш кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин рӯйхат аз 5-уми феврали соли ҷорӣ фаъол аст, асосан шаҳрвандони хориҷие ба он шомил мешаванд, ки дар қаламрави Русия қонуншиканӣ ё қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд. Мақомоти Русия то моҳи сентябр ба муҳоҷирон муҳлати иловагӣ дода буданд, то афроде, ки номашон дар ин рӯйхат қарор дорад, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ кунанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат аз муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирон даъват мекунад, ки маълумоти худро дар ин феҳрист санҷида, дар сурати мавҷуд будани номашон, ихтиёран Русияро тарк намоянд. Ба таъкиди онҳо, агар шаҳрванд кишварро ихтиёран тарк кунад ва дар сурати нодида гирифтани талабот, вуруди онҳо ба Русия метавонад барои солҳои зиёд манъ карда шавад.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон омори умумии шаҳрвандони ба “рӯйхати сиёҳ” воридшударо нашр мекунанд. Соли гузашта гуфта мешуд, ки зиёда аз 120 ҳазор тоҷикистонӣ ба ин рӯйхат дохил шудаанд. Баъзе муҳоҷирон дар гузашта шикоят карда буданд, ки номи онҳо бидуни асос ба рӯйхат ворид ва аз ворид шудан ба Русия манъ шудаанд.

Бояд зикр кард, ки пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар соли 2024, ки дар он чанд шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста шуданд, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯз то рӯз мураккабтар гашт ва ҳоло ҳам ин раванд идома дорад. Шумори боздоштҳо ва омори ихроҷи муҳоҷирон низ афзоиш ёфтааст.

Нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

0

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боз ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтаву чанд нафар кушта шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 27-уми ноябр бо нашри баёнияе гуфта, ки шаби 26-уми ноябри соли ҷорӣ аз хоки Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи “Шоҳин СМ” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон “бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” ҳамла сурат гирифтааст.

Дар натиҷа се корманди ширкати “Шоҳин СМ”, ки шаҳрвандони Чин будаанд, кушта шудаанд, вале дар бораи захмиён чизе гуфта нашудааст.

ВКХ-и кишвар, ин ҳамларо қотеона маҳкум намуда, аз “Толибон”-и ҳоким дар Афғонистон хостааст, барои таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад”.

Маълум нест, ин ҳамла аз ҷониби кадом гурӯҳ сурат гирифтааст, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.

Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2024 маҳз дар ҳамин минтақа гурӯҳҳои мусаллаҳ дар сарҳад ба шаҳрвандони Чин ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карда, як шаҳрванди Чинро куштаву панҷ тани дигарро захмӣ карда буданд.

То ҳол Толибон, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, дар бораи ҳамлаи ахир чизе нагуфтаанд, аммо Вазорати умури дохилии “Толибон” дар як баёнияи расмӣ имрӯз, 27-уми ноябр хабар додааст, ки ҳайате аз Толибон бо раҳбарии волии вилояти Бадахшони Афғонистон ва Мавлавӣ Абдулманнон Ҳасан, яке аз фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ин кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон сафар карда, бо мақомдорони Тоҷикистон, аз ҷумла Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ масоили ҳамкорӣ дар посбонии марзро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора мисли ҳамеша чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар як соли охир афзуда, пештар расонаҳо аз чанд ҳолати задухӯрд миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ ва кушта шудани чанд нафар хабар дода буданд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон дар ин муддат аз беш аз 10 ҳолати убури ғайриқонунии марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби қочоқбарон ва кушта шудани онҳо хабар дода буд.

Зиёд шудани задухӯрдҳо ҳам миёни марзбонон ва ҳам қочоқбарон дар марзи Тоҷикистон Афғонистон дар ҳолест, ки рафту омад ва мулоқоти мақомдорони Тоҷикистон ва Афғонистон ба кишварҳои ҳамдигар зиёд шуда, онҳо бештар аз ҳама масоили марзӣ ва мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

Аз ҷумла 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҳайати 14 нафараи Тоҷикистон дар Кобул бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон мулоқот намуда, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини аввали Кумитаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфта буд, ки мардуми ду тараф хоҳони амният ҳастанд ва бояд мушкилоти мавҷуда дар хатти марз аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад.

Мақомдори Толибон Нуруллоҳ Нурӣ дар посух ба ин суханҳо гуфта буд, ки онҳо бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон мубориза бурда истодаанд ва субот дар марзи муштарак нақши муҳиме дар амнияти ду кишвар дорад. Аммо дида мешавад, то ҳол ин мулоқотҳо натиҷаи назаррасе надодаанд.