15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 232

Нигаронии Тоҷикистон аз ҳузури мухолифин дар нишастҳои навбатии САҲА

0

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири фош нашудани аҳвол ва ахбори марбут ба нақзи ҳуқуқи инсон дар нишастҳои САҲА дар Варшава аз ҳоло нигор шудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 30-уми августи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Ба қавли сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.”

11-уми августи соли ҷорӣ ҳукумати кишвар барои ба намоиш гузоштани “моил будан ба ислоҳот”-и худ “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038”-ро тасдиқ карда буд.

Сипас Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Варшава, пойтахти Лаҳистон, ки нишастҳои солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар робита ба ченакҳои ҳуқуқи иснон дар ин шаҳр баргузор мешаванд, сафар карда масъалаҳои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба ҳамтоёни худ ба миён гузошта буд.

Гуфта мешавад, нишастҳои солонаи Созмони Амният ва Ҳакории Аврупо дар робита ба риояи ченакҳои ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор мешаванд. Ин нишастҳо, ки бо ҳузури намояндагони беш аз 55 кишвари дунё баргузор мешаванд, яке аз минбарҳои муҳим барои рӯбарӯ нишастани намояндаҳои ҳукуматҳо ва мухолифини онҳо ба ҳисоб мераванд.

Ҷанозаи муовини аввали Ҳасан Асадуллозода

0

Зуҳри имрӯз ҷанозаи муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” дар шаҳри Душанбе хонда шуд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, имрӯз, 30-уми августи соли 2023 маросими ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси ҶСК “Ориёнбонк” дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин маросим бо ҳузури наздикону пайвандон ва бархе ҳамкоронаш баъд аз адои намози пешин дар масҷиди Сари Осиёи ноҳияи Шоҳмансури похтахт гузаронида шуд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз пайдо кардани ҷасади муовини якуми додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар “Ориёнбонк”, ба хотири ташхису таҳқиқоти бештар наздик ба ду ҳафта манъ карда буданд.

Пеш аз ин Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки “23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш – муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар” рабуда шудааст.

Гуфта мешавад, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” дар ноҳияи Варзоб кушта шуда, ҷасади ӯро ба об андохта буданд ва мақомот баъди ҷусҷӯҳои зиёде ҷасади ӯро аз соҳили рӯдхонае дар шаҳри Панҷакент, пайдо карданд.

Шуҳрат Исматуллоев то замони боздошт ва рабуданаш зиёда аз 15 сол ҳамчун ёвари додаруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода дар ҶСК “Ориёнбонк” кор мекард. Шуҳрат Исматуллоев дар байни хеле аз муштариёни ҶСК “Ориёнбонк” ба бонкдори асосие, ки онро идора мекунад, низ шуҳрат дошт.

Нахуствазир Покистон аз зиндон озод шуд

0

Додгоҳи олии Покистон собиқ Нахуствазири ин кишвар Имрон Хонро аз зиндон озод кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 29-уми августи соли 2023 Додгоҳи олии Покистон ҳукми се соли ҳабс барои Имрон Хон, собиқ Нахуствазири ин кишварро бекор карда, аз дохили толор ӯро озод кард.

Мақомоти покистонӣ собиқ Нахуствазири ин кишварро бо иттиҳоми фурӯш ва аз худ кардани маблағи туҳфаҳои сарони давлатҳо, ки дар замони нахуствазирӣ дар давоми солҳои 2018-2022 дарёфт карда буд, муттаҳам карда буданд.

Пеш аз ин, 28-уми августи соли ҷорӣ хоҳари Имрон Хон аз додраси парванда хоста буд, ки ҳукми се соли зиндони бародарашро бекор ва ӯро озод кунад, вале додрас ин талаб ва хостаи ӯро иҷро накарда буд.

Додгоҳи олии ин кишвар дар шаҳри Исломобод ин иттиҳомотро ғайриқаноатбахш хонда, ҳукми қабли додгоҳеро, ки ӯро ба 3 соли зиндон маҳкум карда буд, бекор намуда, ӯро аз толор озод кардааст. Аммо ҳукми Бюрои марказии интихоботи ин кишварро, ки Имрон Хонро барои 5 сол аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум карда, бетағйир гузоштааст.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Имрон Хон аз иттиҳоми парвандаи фурӯш ва аз худ кардани туҳфаҳои сарони давлатҳо озод шуд, вале пас аз он ки ӯ аз қудрат канор зада шуд, то ҳол мақомот алайҳи ӯ ҳудуди 200 парвандаи дигар сохта, шикоят карда буд. Ба ин хотир, вакилони Хон мегӯянд, ки ирмӯз вай озод шуда, вале эҳтимол рӯзҳои оянда бар асоси дигар парвандаҳо дубора боздошт ва зиндонӣ карда шавад.

Аммо имрӯз, 30-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби як додгоҳи дигар бо иттиҳоми фош сохтани сирри давлатӣ бори дигар ҳукми боздошт ва зиндонӣ кардани ӯ содир шудааст.

Имрон Хон дар байни сиёсатмадорони покистонӣ яке аз маҳбубтаринҳост. Дар давоми камтар аз 15 моҳи баъд аз барканорӣ аз қудрат тайи солҳои 2022-2023 бо баргузории тазоҳурот ва вохӯриву суханрониҳои зиёде бо мардум дошт, маҳбубтар шуд.

Аксари коршиносони покистонӣ бар ин назаранд, ки бо доштани маҳбубиятҳои зиёд дар миёни мардум Имрон Хон агар дар интихоботи пешорӯӣ номзад шавад, ба эҳтимоли зиёд дубора сари қудрат хоҳад омад. Ба ҳамин хотир, мақомот ӯро аз машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсӣ барои 5 сол маҳрум кардаанд.

Раҳимзода барои боздошти Дилшоди “СБ” ба Русия рафт

0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи кишвар, Рамазон Раҳимзода дар рафти ин сафар бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев вохӯрӣ намуда, масъалаҳои ҳамкории ду вазорат дар мавриди будубоши муҳоҷирони корӣ, мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, тайи чанд моҳи охир муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Русия бо тафтишу боздошт ва бадрафторӣ нисбати онҳо аз ҷониби мақомоти интизомии Русия рӯбарӯ ҳастанд.

Инчунин ба навиштаи манбаъ, вазири тоҷик бо ҳамтои русаш масъалаи дастгир намудани Саидмуродов Дилшод маъруф ба Дилшоди “СБ” ё “красавчик”-ро, ки дар гаравгон гирифтан ва куштори муовини раиси “Ориёнбонк”, Исматуллоев Шуҳрат даст дорад, баррасӣ хоҳад кард.

Дарвоз: Кӯдакон қурбонии сиёсатҳои ғалат

0

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз хеле аз сокинонро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба мактаби президентӣ фиристанд.

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз фаъолияти бархе мактабҳои ҳамагонии деҳаҳои атрофи ҷамоати деҳоти “Қалъаи Хумб”-ро қатъ ва ё маҳдуд карда, волидон ва сарпарастони хонандагони мактабҳоро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба мактаби нав фиристанд.

Мактаби нав, ин ҳамон Гимназияи рақами як барои хонандагони болаёқат дар ҷамоати деҳоти “Қалъаи Хумб” аст, ки 15-уми августи соли ҷорӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин мактаб барои 840 хонанда пешбинӣ шудааст.

Сокинони деҳаҳои Умарак ва Даштаки ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ки ҳар дуи ин деҳаҳо мактабҳои нави худро доранд, вале мақомот дари онҳоро баста, волидонро маҷбур доранд, ки фарзандони худро ба Гимназияи рақами яки ноҳия дар Қалъаи Хумб шомил кунанд. Масофа байни ин гимназия ва деҳаи Умарак ҳудуди 3 километр роҳ аст.

Ҳамзамон бархе волидони кӯдакони деҳаи Умарак таъкид доранд, ки масофа байни деҳаи онҳо ва қишлоқи Зинг, ки он ҷо як мактаби хуби замонавӣ вуҷуд дорад, камтар аз як километр роҳро ташкил медиҳад, ва ба ҳамин хотир аз масъулин хостанд, ки ҳуҷҷатҳои фарзандони онҳоро баргардонанд, то дар наздиктарин мактаб фарзандони худро шомил кунанд, аммо ин хостаҳо ва талошҳои онҳо бенатиҷа будааст.

Ба иттилои манбаъ, ин мактаби замонавӣ барои хонандагони бо лаёқат дар ноҳияи Дарвоз сохта шудааст, вале дар ҳоли ҳозир мақомоти иҷироияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ноҳия ҳама хонандагони деҳаҳои Даштак ва Умаракро маҷбур доранд, ки рафта дар он ҷо дарс бихонанд.

Гуфта мешавад, ноҳияи Дарвоз яке аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Дар вақти мактабхонӣ аксари рӯзу моҳҳои сол боронӣ ва замини кӯҳистон барфпӯш аст. Ба гуфтаи сокинон, тай кардани ҳудуди 6 километр роҳ ҳангоми рафту баргашт, ки беш аз соати вақти кӯдаконро мегирад, дар шароити кӯҳистонӣ кори осон нест. Ба ҳамин хотир, пеш аз он ки фасли сармо фаро бирасад, ин иқдоми мақомот волидонро сахт нигарон кардааст.

Дар ин миён бархе ҳолдонҳо аз ноҳияи мазкур мегӯянд, аксари сокинони деҳаи Умарак аз нигоҳи мазҳабӣ пайрави аҳли суннат ҳастанд ва бештари сокинони деҳаи Даштак ҳам аз пайравони мазҳаби Исмоилӣ ва шиамазҳаб мебошанд.

Тайи ду соли ахир, мақомот дар деҳаи Даштак ҳар чи тавассути муассисаҳои мансуб ба Оқо Хон сохта шуда буд ва ё зери ҳимояи онҳо қарор дошт, аз ҷумла бунгоҳи тиббӣ, ҷамоатхона ва ахиран ҳам мактаб, бо баҳонаҳои мухталиф фаъолияти ҳамаи онҳоро қатъ карданд.

Биноан, мақомот ба хотири бастани даҳони мардум дар деҳоти атроф ва бахусус дар деҳаи Умарак, ки наздиктар аст, фаъолияти мактаби онҳоро низ қатъ карданд ва ба гуфтаи огоҳон, дар ҳоли ҳозир, кӯдакон дар деҳаи Умарак қурбонии ин сиёсатҳои ғалати мақомот шуданд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаластин

0

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Фаластин ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи рӯзи 29-уми августи соли 2023 Президенти Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Фаластинро, ки барои ифтитоҳи расмии сафорати ин кишвар вориди шаҳри Душанбе шудааст, ба ҳузур пазируфт.

Ба қавли Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар рафти ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Риёз Ал-Моликӣ ифтитоҳи расмии сафорати давлати Фаластин дар Тоҷикистонро ба фоли нек гирифта гуфтанд, ки он “ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф” кумак хоҳад кард.

Пеш аз ин ҳам дар соли 2018 Риёз Ал-Моликӣ бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ва дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ифтитоҳи Сафорати Давлати Фаластинро мавриди баррасӣ қарор дода буданд.

Гуфта мешавад, муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин аз 6-уми марти соли 1992 оғоз шудааст. “Давлати Фаластин нахуст Сафири ғайримуқими худ дар Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) 5 марти 2014 таъйин намуда буд. Соли 2020 Сафорати Давлати Фаластин дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шуруъ кард. Аз 18 феврали соли 2021 Сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон ҷаноби Луай Исо мебошад.”

Вазъи саломатии Муҳаммадиқболи Садриддин беҳтар шудааст

0

Вазъи саломатии Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар бемористон беҳтар шуда, ба ҳуш омадааст.

Умар Муҳаммадиқболиён, писари Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 29-уми август дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки дақоиқе пеш духтур аз беҳтар шудани вазъи саломатӣ ва ба ҳуш омадани падараш ба онҳо хабар додааст.

Инчунин Умар қайд кард, ки “баъд аз зуҳри имрӯз бояд падарамро дар бемористон бубинам, агар духтурон иҷоза доданд сабташон мекунам ва аз забони худашон ҳаводорону дӯстонаш аз шифо ёфтанаш хабар хоҳанд ёфт“.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 28-уми август Умар Муҳаммадиқболиён, фарзанди Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” бо нашри ду акс аз бад шудани вазъи саломатии падараш ва бистарӣ шуданаш дар бемористон хабар дода буд.

“Пас аз зуҳри рӯзи 28.08.2023 падарам аз ҳуш рафтанд. Намози зуҳрро хондем ва ҳолашон бад шуд. Чанд рӯзи охир хело машғули навиштан ва расидагии ҳолати мардум буданду қариб ки хоб намекарданд. Ҳоло дар шуъбаи эҳё (реанимация) қарор доранд. Табибон талоши худро доранд, бо дуъо бошед!” – навишта буд Умари Муҳаммадиқболиён дар саҳфаи фейсбукии худ.

Табибон сабаби аз ҳуш рафтани Муҳаммадиқболи Садриддинро хастагӣ ва баланд шудани қанд дар хун гуфтаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки чанд соли охир дар Аврупо зиндагӣ мекунад, яке аз чеҳраҳои мухолифи сарсахти ҳукумати имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор рафта, дар шабакаи ютуб ва сомонаи “Isloh” бештар аз мушкилоти мардум ва ҷиноятҳои режими имрӯза мегӯяд.

Чанде пеш мақомоти Тоҷикистон аз мақомоти Фаронса талаб карда буданд, ки Муҳаммадиқболи Садриддинро ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Боз ҷасади 4 нафари дигар дар шаҳри Ваҳдат пайдо шуд

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми август хабар дод, ки рӯзи гузашта кормандони ин ниҳод боз ҷасади 4 нафари дигарро дар шаҳри Ваҳдат пайдо карданд.

Тибқи иттилои расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, ҷасадҳои пайдошуда 3 нафарашон зан ва як нафари дигар мард будааст. Мақомот рӯзи гузашта шумори қурбониёни селу обхезиҳои кишварро 13 нафар эълон карда буданд, ҳоло ин шумор ба 17 нафар расид.

Гуфта мешавад, ҳангоми бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат ин ҷасадҳо пайдо шуда, барои муайян сохтани шахсияти онҳо ба мақомоти дахлдор супорида шудаанд. То ҳол маълум нашудааст ин ҷасадҳо сокинони кадом деҳа ҳастанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел 350 нафар аз сокинони маҳаллии ҷамоатҳои Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат ширкат карда, ба онҳо кумак расонданд. Ва то ҳол дар умум дар ҷамоатҳои мазкур 25 бинои истиқоматӣ аз лою лойоба пок карда шуданд.

Мақомоти кишвар то ҳанӯз омори ягонаи хисороти воридшуда аз ин селу обхезиҳои ахири кишварро нашр накардаанд. Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд, дида мешавад, ки бар асари ин боришоти ахир на танҳо хонаҳо, балки бузургроҳҳои кишвра аз Душанбе то Рашту Лахш ва нуқтаҳои алоҳидаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ осеб дидаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27-уми августи соли ҷорӣ дар аксар минтақаҳои кишвар борони шадиде борид. Бар асари ин боришоти сахт дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ обхезиҳои сахте рух дод, ки ҷони 17 нафарро гирифту чандин хонаву роҳҳоро вайрон кард.

Нигаронии сокинони пойтахт аз беобӣ

0

Ҷамъи зиёде аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки тайи ду рӯзи ахир дар биноҳои баландошёнаи пойтахт об надоранд.

Рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД) “Обу корези Душанбе” дар саҳфаи фейсбукии худ хабар дод, ки сокинони пойтахт барои беобӣ “ба таҳлука” наафтанд.

Ин ниҳоди обрасон дар бораи сабабҳои беобӣ дар шаҳри Душанбе таъкид карда, ки ин ҳолат “бинобар сабаби боридани боронҳои шадид ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб” рух додааст.

КВД “Обу корези Душанбе” баъд аз беобӣ ин муроҷиатномаи худашро нашр карда гуфтааст, онҳоро “дуруст” фаҳманд ва “ба таҳлука наафтанд”, зеро ин мушкил “ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад”.

Аммо сокинони пойтахт дар вокуниш ба ин кундкорӣ ва сари вақт бартараф накардани мушкили камобӣ мегӯянд, КВД “Обу корези Душанбе” бояд ин эълонашро як ё ду рӯз пеш нашр мекард ва бо назардошти вазъи боду ҳаво мардумро огоҳ менамуд, ки обро захира кунанд.

Гуфта мешавад, масъулини шаҳрдорӣ ва обтақсимкунӣ дар пойтахт ба сокинон дар бораи паст будани фишор об мегӯянд, вале шаҳрвандон даъво доранд, ки дар бархе минтақаҳо умуман об надоранд ва бояд мошинҳои обкашро ба ин минтақаҳо фиристанд ва мардумро бо оби ошомиданӣ сари вақт таъмин намоянд.

Болоравии қурби сомонӣ дар баробари рубл

0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ боло бурдааст.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 28-уми августи соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон, ки ягона ниҳоди тайъинкунандаи қурби асъор дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, арзиши пули миллӣ-сомониро дар барбари қурби рубли русӣ боло бурдааст.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русиро баробар ба 0,1158, 1 доллари амрикоиро баробар ба 10 сомонӣ ва 9613 дирам, арзиши 1 евроро баробар ба 11 сомонӣ ва 8535 дирам ва арзиши як юани чиниро баробар ба 1 сомониву 5039 дирам таъин кардааст.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Бонки миллӣ ягона ниҳоди таъйинкунандаи қурби асъори хориҷӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ дар Тоҷикистон аст, вале ҳангоми хариду фурӯши арзҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ дар кишвар тафовутҳое вуҷуд дорад.

Тоҷикистон дар Русия наздик ба 3 миллион муҳоҷири муқимӣ ва мавсимӣ дорад. Ба ин хотир иқтисоди кишвар ба даромад ва пули мефиристодаи онҳо сахт вобастагӣ дорад.

Аз замоне ки Русия дар 24-уми феврали соли 2022 ҳамлаҳои низомии худ алайҳи Украинаро оғоз кард, тайи беш аз якуним соли ахир қурби рубли русӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла пули миллӣ-сомонӣ зиёда аз 20% суқут кардааст. Агар пеш аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина қурби 1000 рубли ба 141 сомонӣ дар Тоҷикистон баробар бошад, дар ҳоли ҳозир 1000 рубли русӣ 111 сомонӣ ариш дорад.