13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 233

Вокуниши мардум нисбат ба бе эҳтиморӣ кардани Эмомалӣ Раҳмон ба масҷид

0
Аксҳо аз сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон боргирӣ ва нашр шудаанд

Ҷамъе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба бе эҳтиромӣ кардани Эмомалӣ Раҳмон ба масҷиди бузурги Қазоқистон вокуниш карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 26-уми августи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ ҳамтои қазоқистониаш Қосим-Жомарт Токаев аз масҷиди марказии шаҳри Остона дидан кардааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри чанд акс аз рафти ин боздиди сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз масҷид нишон додааст, ки тамоми ҳамроҳони Эмомалӣ Рамҳон, аз ҷумла Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, муҳофизонаш ва дигарон ҳама эҳтироми масҷидро ба ҷо оварда, бидуни кафш вориди масҷид шуда, болои фаршҳои он қадам мезананд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар дохили масҷид кафшҳояшро берун накардааст.

Ин кафшҳое, ки Президенти Тоҷикистон дар дохили масҷид ба пойҳояш пӯшида, болои фаршҳо ва ё ҷойнамозҳои он қадам мезанад, кафшҳои маъмулии вай нестанд, ки берун аз масҷид дар пойҳояш мебошанд, балки онҳо фарқ мекунанд.

Гуфта мешавамд, Президенти Тоҷикистон одат дорад, ки дар рафти дидору мулоқотҳо ва сафарҳои расмии худ пойафзорҳои пошнабаланд мепӯшад, то барои дигарон нишон диҳад, ки қоматаш 4-5 сантимметр баландтар аст, вале кафшҳое, ки дар дохили масҷиди марказии шаҳри Остона дар пойҳояш пӯшида, ҳамвор ва пошнабаланд нестанд.

Бо ин вуҷуд, ин рафтори Эмомалӣ Раҳмонро хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ноэҳтиромӣ нисбат ба масҷид қаламдод карда, гуфтаанд, ки Президенти Тоҷикистон на танҳо эҳтироми масҷидро ба ҷо наоварда, бакли шикастани ҳурмати садҳо ҳазор намозгузоре, ки дар он намоз мехонанд, ба миллати тоҷик низ иснод овардааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи оморҳои расмӣ, бо супориши худи Эмомалӣ Рамҳон тай 10 соли ахир зиёд аз 2 ҳазор масҷиди панвақта ва ҷомеъ дар Тоҷикистон баста шуда, қисмеро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғчаи кӯдакону бунгоҳҳои тиббӣ, сехҳои коригариву ҷойҳои саргамӣ табдил додаанду қисме дигарро ба музояда гузошатанд.

Масҷиди марказии шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон аз 18 марти соли 2019 корҳои бунёд кардани он оғоз шуда, 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор дода шуд. Ин масҷид “дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.”

Дар пайи боздошти Холиқзода мудири “Эр-граф” ҳам боздошт шуд

0

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони “Ибни Сино” молики нашриёти “Эр-граф”-ро низ боздошт кардаанд.

Наздикионаш мегӯянд, аз замони боздошт то ҳол ӯро наметавонанд бубинанд.

Як манбаъ аз Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, мудири кулли нашриёти “Эр-граф” як рӯз пас аз боздошти Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби баҳсбарангези “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, китоби мазкур дар ин чопхона ба табъ расида буд ва шояд боздошташ ба ҳамин масъала рабт дошта бошад.

Ба иттилои манбаъ, пайвандонаш дар бораи боздошти ӯ суҳбат намекунанд, вале ба гуфтаи ӯ, қаблан мақомот мудири кулли нашриётро ду маротиба барои бозпурсӣ даъват карда, ҷавоб доданд. “Аммо баъди як рӯзи боздошти Холикзода ӯро ба бозпурсӣ даъват кардаанду аз он замон то имрӯз касе ӯро дар ҷои кораш, яъне чопхона надидааст.“, мегӯяд манбаъ.

Тамосҳои Azda tv ба идораи чопхонаи мазкур бенатиҷа буд ва ҳамзамон шумораи телефони мудири ин чопхона низ “дастнорас” шудааст.

Манбаи мо ҳамчунин афзуд, ки чопхона, ки ширкати хонаводагӣ аст ва онро чанд бародар идора мекарданд, вақтҳои охир яке аз чопхонаҳои муваффақи кишвар ба шумор мерафт ва дар ҳоли рушд ёфтан буд.

Мувофиқи гуфтаи бархе огоҳони қазия, боздошти мудири кулли чопхонаи “Эр-граф” зоҳиран бо баҳонаи нашри китоби “Хаводиси рӯзгори ман” аст, аммо амалан ин ширкати муваффақро, ки рақиқби чопхонаи домоди Эмомалӣ Раҳмон “Нашриёти муосир” дониста мешавад, аз майдон берун кардан аст.

Ёдвар мешавем, ки соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки бо фармони худи Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха чоп шуда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ як нусхаӣ ҳамчун туҳфа тақдим шавад. Барои чопи ин миқдор нусха аз буҷаи давлат 136 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон, ки мудири он Зайнулло Шарифов, бародари Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст, барои чопи китоб моҳи феврали соли 2020 озмун, ё тендери кушода эълон кард. Дар ин тендер се чопхона, “Нашриёти муосир”, Ганҷ нашриёт” ва “Эр граф” ширкат карданд.

Мувофиқи маълумоти як таҳқиқоти журналистие, ки он замон Радиои Озодӣ гузаронид, барои чопи 1 миллиону 600 ҳазор нусхаи китоби “Тоҷикон” чопхонаи домоди Эмомалӣ Раҳмон, “Нашриёти муосир” 133 миллиону 280 ҳазор сомонӣ, “Ганҷ нашриёт” 149 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ва “Эр-граф” 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пешниҳод карданд.

Вале чун мудири Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон бародари Шамсулло Соҳибов аст, чопхонаи бародараш, “Нашриёти муосир”-ро барандаи тендер эълон кард ва боз ба ҷои 4,5 миллони пешниҳод кардаи “Эр-граф” 136 миллони буҷаи давлатӣ ба кисаи домоди Эмомалӣ Раҳмон рехта шуд.

Ба гуфтаи огоҳон, агар баҳона чопи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Холиқзода бошад, чопхона ба ҳеч ваҷҳ ҷавобгари муҳтавои китоб нест. Вале ин баҳона асту домоди Эмомалӣ Раҳмон моликони “Эр-граф”-ро рақиби худ донист ва бо баҳонаи кӯчаке мехоҳанд ӯро аз байн бардоранд. Зеро ҳеч рақибе дар Тоҷикистон наметавонад дар баробари тиҷорати домодҳои Эмомалӣ Раҳмон ва дигар наздиконаш қомат рост кунад.

Бобои Дона, яке аз собиқадорони ҲНИТ даргузашт

0

Донаёр Набиев маъруф ба бобои Дона, яке аз собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бегоҳи 27-уми августи соли ҷорӣ дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт.

Маҳмадӣ Тешаев, узви фаъоли ҲНИТ дар суҳбат ба Azda.tv хабари марги бобои Донаро тасдиқ карда, гуфт: “ бобои Дона дирӯз бегоҳ тақрибан соати 16:00 дар манзили зисташ дар деҳаи Гулбуттаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ даргузашт ва имрӯз соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ дар ҳамин деҳа ҷанозаашон баргузор гардид”. 

Ба гуфтаи Тешаев, бобои Дона вақтҳои ахир ва баъд аз озодияш аз зиндон аз бемории сил ва дарди гурдаҳояш ранҷ мекашид. 

Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Донаёр Набиевро рӯзи 27-уми августи соли 2020 бо иттиҳоми расондани кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ боздошт карда буд. Муҳокимаи ниҳои ӯ чаҳор моҳ баъд, рӯзи 28-уми декабри соли 2020 паси дарҳои баста дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифта, додгоҳ ин узви пешин ва солманди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо иттиҳоми “ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ” ба 7 сол зиндон маҳкум кард. ҲНИТ дар баёнияе ҳама иттиҳомотро сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани ин пирамарди бегуноҳ дониста буд.

Баъд аз зиндонӣ шудани бобои Дона чандин созмонҳои бонуфузи байнамиллалии ҳомии ҳуқуқи башр, аз ҷумла Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё “Human Rights Watch” ҳабси Набиевро маҳкум карда, озодии ӯро тақозо карда буданд. Парвандаи ин пирамард аз пурсарусадотарин парвандаҳои ахир дар Тоҷикистон буд, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати кишварро зиёд танқид карданд.

Билохира баъд аз чанд моҳи боздошт ва бад шудани вазъи саломатиаш бобои Дона аз зиндон озод шуда буд. 

Он замон пайвандонаш дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки қисме аз ҷазояш бар асоси қонуни афв кам шуд ва додгоҳ пиронсоливу бемориашро ба инобат гирифта, ӯро аз идомаи ҷазо дар маҳбас озод карданд. 

Донаёр Набиев яке аз собиқадорони ҲНИТ буда, то замони қатъ шудани фаъолияти он дар кишвар раиси комиссияи тафтишоти ин ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Фаврӣ! Ҳалокати беш аз 10 нафар дар як шаб дар шаҳри Ваҳдат

0

Дар шаҳри Ваҳдат шаби 27-уми августи соли ҷорӣ бар асари борандагии шадид ва омадани селҳо 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳалокшудагон, ки 3 нафарашон зан ва 8 нафари дигари онҳо мард гуфта мешавад, сокинони деҳаи Сириштии ҷамоати деҳоти Симинганҷи шаҳри Ваҳдат будаанд. Сокинони ин деҳа ду нафари дигарро аз дохили мошин зинда берун овардаанд.

Сел ба ҷамоатҳои Симинганҷ, Ромит ва Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат осеби ҷиддӣ расондааст. Ба иттилои “Ховар”, зиёда аз 100 хонавода аз сокинони ин ҷамоатҳо муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари омадани селҳо талафоти ҷонӣ дар дигар навоҳии кишвар низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар ҷон бохта, ба чанд иншооти дигар хасорат ворид шудааст.

Ҳамчунин бархе манобеъ мегӯянд, сел ҳатто ба шаҳрҳои Ҳисор, Душанбе ва ноҳияи Варзоб низ хасорат ворид кардааст, вале аз талафоти ҷонӣ гузорише нашудааст. Инчунин дар бораи зарарҳои умумии воридшуда аз ин селҳои шадиди дирӯза ниҳодҳои дахлдори кишвар то ҳанӯз гузориш надодаанд.

Ҳамзамон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд наздики 30 мошини сабукарв зери лой мондаанд. Гуфта мешавад, ҳоло гурӯҳи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба мошинҳои дармонда кумак мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми август дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво борандагӣ буд. Бар асари он дар минтақаҳои кӯҳии кишвар борандагии шадид ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа селҳо ба вуҷуд омада, хеле ҷойҳоро хароб кард.

Афасарони тоҷик ба Беларус мераванд

0

Афсарони тоҷик барои иштирок дар як размоиши муштараки низомӣ ба Беларус мераванд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Беларус мизбони як размоиши муштараки низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар моҳи сетябри соли ҷорӣ мегардад.

Ба қавли расонаҳо, дар ин ҳамоиши низомӣ, кишварҳои Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бо ҳузури беш аз 2500 афсар ва сарбозони худ иштирок мекунанд.

Ин размоиши муштараки низомӣ зери унвони “Бародарии размӣ-2023” ба муддат 6 рӯз гузаронида мешавад ва дар назар аст дар он аз 500 намуди силоҳҳои куҳан ва навини худ дар ин тамрин истифода кунанд.

Гуфта мешавад, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як созмони байналмилалии митақавии низомӣ буда, зери назари Русия қарор дорад. Ин созмони минтақавӣ соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 майи соли 1992) таъсис дода шудааст. Кишварҳои Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус изви ин созмон мебошанд.

Кушта ва захмӣ шудани зиёда аз 700 кӯдак дар Афғонистон

0

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Афғонистон мегӯянд, зиёда аз 85 дарсад қурбониёни мина ва маводҳои тарканда кӯдакон ҳастанд.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, (ЮНИСЕФ/UNICEF)-и Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориши худ эълон карда, ки тибқи оморҳои мавҷуда, беш аз 85 дарсад аз қурбониёни минаҳо ва дигар маводҳои тарканда дар Афғонистонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

ЮНИСЕФ гуфтааст, ки тибқи як барнома коршиносони ин ниҳод ба кӯдакон ёд медиҳанд, ки чӣ гуна минаҳо ва дигар маводҳои таркандаро ташхис диҳанд ва аз хатари онҳо маҳфуз бимонанд.

Гуфта мешавад, Дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид чанде қабл эълон карда буд, ки дар соли гузашта беш аз 700 кӯдак дар Афғонистон дар натиҷаи таркиши минаҳо ва дигар маводҳои таркандаи баҷо монда аз замони ҷанг кушта ва захмӣ шудаанд.

Пеш аз ин Созмони наҷоти кӯдакон ҳам эълон карда буд, ки дар 20 соли ҷанги Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ба ҳисоби миёнгин дар ҳар 5 соат як кӯдак кушта ва ё захмӣ мешуд ва дар умум дар ин муддат зиёда аз 33 ҳазор кӯдак кушта ва ё маъюб шудааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 25-уми августи соли ҷорӣ бо як сафари расмӣ озими Қазоқистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Остона Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешвоз гирифтааст.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ ва кадрҳо, вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Гуфта мешавад, дар ин сафараш Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқазаш ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ хоҳад кард.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, доду гирифти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли гузашта 1,4 миллиард долларро ташкил дода, Қазоқистон воридкунандаи асосии ғаллаву орд ва равған ба Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба Қазоқистон сафар мекунад, ки аз 26-ум то 28-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шавад. Мақомоти Тоҷикистон барои доир кардани ин чорабинӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз мардум маблағи маҳсулотро ҷамъоварӣ карда буданд.

Раисони ҷамоату маҳаллаҳо дар суҳбат бо Azda.tv ва дигар расонаҳо шикоят карда буданд, ки раисони шаҳру ноҳияи кишвар аз вилояти Суғду Хатлон шуруъ карда, то ноҳияҳои марказ ба қавле “ҷони мардумро ба лаб овардаанд.”

Инчунин аксар корбарон дар вокуниш ба пулҷамъкунии масъулин гуфта буданд, ки агар мақомоти Тоҷикистон барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангии худ дар кишвари дигар наметавонад аз ҳисоби худаш масраф кунад, чӣ лозим аст ин қадар мардумро озору азият карданд?

Боздошти гурӯҳе аз тоҷикони ДИИШ дар Афғонистон

0

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми пайравӣ аз ДИИШ аз ҷониби мақомоти Толибон дар Афғонистон боздошт шуданд.

Шабаки ютубии “Al Mirsaad Isdarat“, ки аз шабакаҳои наздик ба ҳукумати Толибон гуфта мешавад, навореро нашр кард, ки дар он гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикистонӣ ба узви ДИИШ будани худ иқрор карда ва аз кардаашон изҳори пушаймонӣ мекунанд. Дар навор ному насаб ва макони зисти онҳо низ ба таври комил нашр шудааст.

Дар навор гуфта мешавад, ки бахши умдаи гурӯҳи ДИИШ дар Хуронсонро ҷавонони тоҷикистонӣ ташкил медиҳанд. Ва аксари амалиёти интиҳорӣ ва таркишҳое, ки ҳоло дар Афғонистон иҷро карда мешаванд, онҳоро ин гурӯҳ анҷом медодаанд.

Маълум нест, диқиқан ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон кай боздошт шудаанд, вале онҳо, ки ҳама ҷавонанд, мегӯянд, нафаре бо номи “Абумуҳаммад” онҳоро фиреб дода, дар мавриди ДИИШ ва зиндагӣ зери қонуни шариъатро дар Афғонистон барояшон ваъда кардааст, аммо баъд аз расидан аз он гуфтаҳо хабаре набудааст.

Онҳо мегӯянд, даъватгарони ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Телегром ҷавонони тоҷикро, ки дар Тоҷикистон аз рафтан ба масҷид ва гузоштани ришу гирифтани таълимоти динӣ маҳруманд, бо ваъдаҳои ин ки дар онҷо рафта, таълимоти исломӣ мегиранду озодона аҳкоми шариъатро анҷом медиҳанд, мефиребанд. Аммо пас аз расидан, дар аввал чанд муддате зиндонӣ мешаванд ва сипас аз онҳо бо ваъдаи рафтан ба биҳишт шахсони интиҳорӣ ва истишҳодӣ омода мекунанд.

Дар мавриди роҳҳои даромад ва ба даст овардани маблағи ДИИШ ин ҷавонони тоҷик мегӯянд, ки ин гурӯҳ аз ду роҳ сармоя ба даст меорад, яке одамрабоӣ ва аз тариқи он аз соҳибонаш маблағи зиёд талаб мекунанд ва роҳи дуюм аз “Биткоин”.

Дар навор гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҳамаҷо аз гурӯҳҳои зиддитолибонӣ пуштибонӣ мекунад, худ бо маҳдуд сохтани фаъолиятҳои динӣ, фишор болои диндорон дар Тоҷикистон, сабаби нооромии минтақа гаштааст. Зеро аксари ҷавонони тоҷик аз фишори зиёди ӯ ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд.

Ҷавонони тоҷик низ дар навор таъкид мекунанд, ки ба сабаби фишори зиёд болои диндорон ва мамнуъ будани таълимоти динӣ, фирефтаи ақидаҳои такфирӣ ва ДИИШ шуда, ин ақидаи ин гурӯҳҳоро таълимоти дурусти динӣ пиндоштаанд.

Ному насаби ҷавонони тоҷике, ки дар ин навор зикр шудааст:

Валид Муҳаммадов, зодаи шаҳри Душанбе (Ном дар ДИИШ: Сайфуллоҳ)

Фаридуни Абдураҳим, зодаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (Ном дар ДИИШ: Салим)

Яъқуби Муҳаммадӣ, зодаи шаҳри Душанбе

Мусалмони Сулаймон, зодаи ноҳияи Файзобод (Ном дар ДИИШ: Абуаҳмад, Абдуллоҳ)

Ҷомии Абдусаттор, зодаи шаҳри Душанбе

Насимҷони Муҳаммадҷон, зодаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (Ном дар ДИИШ: Ҳанзала)

Нуриддини Мирзо, зодаи деҳаи Пашадараи шаҳри Кӯлоб (Ном дар ДИИШ: Сайфуллоҳ)

Кумаки Тоҷикистон дар дур задани таҳримҳо ба Русия

0
Акс аз Интернет

Бархе ширкатҳои тоҷикитсонӣ муттаҳам ба он мешаванд, ки дар дур задани таҳримҳо алайҳи Русия ба ин кишвар кумак кардаанд.

Хабаргузории “Reuters” бо нашри як гузориш Тоҷикистонро дар хариди қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳо дар соли 2022 кумак кардааст.

Ба қавли манбаъ, барои сабуксозии таҳримҳои Русия бар иловаи Тоҷикистон бархе ширкатҳо аз Чин, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қирғизистон ҳам ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо хариди қисмҳои эҳтиётӣ дар ҳаҷми беш аз 1,2 миллиард доллар ба Русия кумак кардаанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар дур задани таҳримҳо алайҳи Русия ду ширкат аз Тоҷкиистон бо номҳои “Истиқлолият 20” ва “Кафолати комил” саҳмгузорӣ кардаанд. Ин ду ширкат ба он муттаҳам мешаванд, ки дар моҳҳои июл ва сентябри соли 2022 тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бархе қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳоро ба Русия фиристодаанд.

Ройтерз мегӯяд, талошҳои онҳо барои гирифтани маълумоти бештар бо моликони ин ширкатҳо, ки яке Маҳмадбашир Ёқубов, раиси иҷроияи “Истиқлолият 20”, ва дигаре Комилчон Ёқубов, раиси иҷроияи ширкати “Кафолати Комил” бенатиҷа будааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “ИСТИҚЛОЛИЯТ 20”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 040033774 мебошад, аз 22-уми апрели соли 2011 дар назди мақомот сабт шуда, дар ҳоли ҳозир яке аз ширкатҳои амалкунанда дар Тоҷикистон аст. Суроғаи ин ширкат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сабти ном шудааст.

Тибқи бархе санадҳои расмӣ Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуд (ҶДММ) “КАФОЛАТИ КОМИЛ”, ки рақамаи мушаххаси андозсупорандааш (РМА) 010099789 нишон дода мешавад, дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 16/1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабти ном шуда ва дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хӯрд (ҶДДМ ТАҚХ) “Сомон-Тиҷорат” суратҳисоби расмӣ бо ин шумора: “20202972900000000172” дорад, аммо Кумиати андоз дар бораи ин ширкат ҳамагуна маълумотро дар сомонааш пинҳон медорад.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки ин ширкатҳо яке дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ва дигаре дар шаҳри Душанбе сабти ном шудаанд, аммо бархе санадҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки моликони онҳо бар иловаи насаби ягона доштан, ҳамкориҳои наздик доранд. Барои дур зудани афкори дигарон дар хусуси ин ҳамкориҳои зич дар назди мақомот худро “рақиби” ҳамдигар ба нишон дода, дар хеле аз тендерҳо барои ба даст овардани маблағ ва кор якҷо ширкат мекунанд.

Муҳокимаи Русия дар Додгоҳи Гаага оғоз мешавад

0

Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага аз 18 то 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи шикояти Украина алайҳи Федератсияи Русия муҳокимаҳои оммавӣ баргузор мекунад.

Бино ба иттилои ин додгоҳ, дар раванди муҳокимаи Русия, Украина ва 30 кишвари дигари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Гуфтанист, Киев рӯзи 27-уми феврали соли 2022, яъне се рӯз пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, расман алайҳи Маскав ба Додгоҳи байнулмилалӣ шикоят бурда буд.

Он замон раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз Додгоҳи байналмилалӣ хоста буд, ки Русияро барои шарҳи нодурусти конвенсияи байналхалқӣ дар бораи наслкушӣ ва сӯистифода аз он барои ҳамла ба ҳудуди Украина ба ҷавобгарӣ кашанд.

Инчунин Зеленский гуфта буд, ки Додгоҳ фавран ба Федератсияи Русия амр диҳад то амалиёти ҷангиро қатъ кунад ва ҳафтаи оянда муҳокимаро таъйин кунад.

Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага даъвои Украина нисбати Русияро рӯзи 7-уми марти соли 2022 ба баррасӣ гирифт ва аз Русия талаб карда буд, ки ба таври фаврӣ амалиёти ҷангиро дар ҳудуди Украина қатъ кунад, аммо ин ҷанг то ҳол идома дорад.