13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 234

Латтукӯби молики бемористони Ибни Сино дар боздоштгоҳ

0
Акс аз саҳфаи фейсбукии Абдухалил Холиқзода

Кормандони мақомоти қудратӣ дар боздоштгоҳ раиси бемористони Ибни Синои Тоҷикистонро шиканҷа ва латтукӯб кардаанд.

Бино ба иттилои раҳбари ҳаракати “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев, ки дар ин авохир аҳвол ва ахбори Абдухалил Холиқзода, молики бемористони Ибни Синои Тоҷикистонро дар шабкаҳои иҷтимоӣ зиёдтар пайгирӣ ва ба нашр мерасонад, “дар боздоштгоҳ Холиқзодаро латукӯб кардаанд. Барои ҳамин ӯро ба касе нишон намедиҳанд.”

Молики бемористони Ибни Синои Тоҷикистон бо супориши Додситонии кулли кишвар Юсуф Раҳмон дар шаҳри Душанбе боздошт шуда, дар боздоштгоҳе дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигардорӣ мешавад.

Юсуф Раҳмон молики бемористони Ибни Синоро ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)” муттаҳам карда, гуфта буд: “Мо наметавонем, ки ба кирдорҳои ҷиноии ӯ гузашт намоем ва ӯ бо тамоми талаботи қонун ҷавоб мегӯяд.”

Гуфта мешавад, мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи шиканҷа шудани молики бемористони Ибни Сино ба сурати расмӣ чизе нагуфтаанд, вале бархе наздикони ӯ дар суҳбатҳои алоҳида мегӯянд, ки на танҳо мавриди латтукӯб қарор гирифта, балки мақомот дар боздоштгоҳ ӯро зери фишорҳои шадиди равонӣ низ қарор додаанд. Ба ҳамин хотир аз вазъи саломатиаш ховотир мебошанд.

Абдухалил Холиқзодаи 57-сола аз дӯстони наздики вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов буд. Вай дар китоби дувуми худ, ки зери унвони “Ҳаводиси рӯзгори ман” 15-уми марти соли ҷорӣ ба нашр расида буд, қиссаи мавриди таҷовуз қарор гирифтани Нозанинро аз забони Рамазон Раҳимзода, ки дар ҳузури Саймумин Ятимов шунида буд, нақл кардааст. Ин қисса, ки қаҳрамонҳои асосии он зебодухтаре бо номи Нозанин аз Ховалинг ва қизлибош аз Афғонистон будааст, хашму ғазаби хеле аз фарҳангиёни минтақаи Кӯлобро ба бор оварда буд.

Абдухалил Холиқзода, нависанда ва соҳибкори тоҷик 20-уми декабри соли 1966 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. То замони боздошт ӯ раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино буд. Ӯ муаллифи китобҳои “Моҷарои рафта” ва “Ҳаводиси Рӯзгори ман” мебошад.

BRICS 6 узви ҷадид пазируфт

0
Акс аз Интернет

Созмони ҷанубии BRICS қарор кард, ки аз аввали январи соли оянда 6 кишвари довталабро ба узвияти доими ин сомзон пазируфт.

Бино ба иттилои расонаҳо, 24-уми августи соли 2023 раиси Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ эълон кард, ки BRICS аз январи соли 2024 6 кишвари довталабро ба узвияти ин созмон қабул мекунад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, BRICS ин шаш кишварро, ки иборат аз Эрон, Арабистони Саудӣ, Имороти Мутаҳҳидаи Арабӣ, Миср, Аргентина ва Эфиопия мебошанд, ба узвияти доими худ қабул кард.

Гуфта мешавад, созмони BRICS як созмони иқтисодисет, ки номи он аз ҳарфҳои аввали 5 кишвари узв, аз ҷумла Бразил, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шакл гирифтааст.

Ин созмони мазкур бо ширкати кишварҳои Бразил, Русия, Ҳиндунстон ва Чин, ки дорои иқтисоди заъифтаре аз Амрико ва кишварҳои “G7”-кишварҳои дорои иқтисоди бартар мебошанд, нимаи дуввуми даҳаи навади асри гузашта шакл гирифт ва дар соли 2009 ба сурати расмӣ бо номи BRIC таъсис дода шуд. Соли 2010 Африқои Ҷанубӣ ҳам ба он пайваст ва бо илова шудани ҳарфи аввали номи он ин созмон ба BRICS табдил шуд.

Созмони БРИКС-ро иттиҳоди кишварҳои ҷануб-ҷануб ҳам ном мебаранд. Ин созмон қасд дорад бо зиёд кардани кишварҳои дигар ба сафи худ дар муқобили султаи доллари амрикоӣ роҳкорҳои ҷадидеро ба роҳ монад. Эҳтимол меравад ин созмон воҳиди пулии ягонаеро барои тиҷорат ва доду гирифтҳои иқтисодӣ байни худ эҷод хоҳанд кард.

Роналду бо тимаш ба Тоҷикистон мераванд

0

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки ситораи футбол Криштиано Роналду онҷо бозӣ мекунад, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Имрӯз, 24-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор гардид. Тибқи ин қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар гурӯҳи “E” қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои аввал дар гуруҳи “Е” байни дастаҳои “Персеполис” ва “Ал-Наср” дар шаҳри Теҳрони Эрон ва миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” рӯзи 18-уми сентябр дар майдони марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Инчунин яке аз бозиҳои гурӯҳии “Истиқлол” бо “Ал-Наср” дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин маънои онро дорад, ки ситораҳои футбол Криштиану Роналду ва Садио Мане ба Душанбе хоҳанд омад.

Ихтилофоти тоза байни Ҳикматиёр ва Толибон

0

Гулбиддин Ҳикматиёр, ки то чанде пеш ба яке аз мубаллиғони ҳукумати Толибон табдил шуда буд, аз қарору амалкарди ахири онҳо ба хашм омадааст.

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматиёр дар робита қарори Толибон дар мавриди манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин кишвар вокуниш кардааст. Ӯ дар хитоб ба Толибон мегӯяд: “Аҳзоби исломӣ барои иттиҳоди миллат ва уммат як зарурат аст ва мухолифат бо он роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвора месозад.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки “Ин аҳзоби сиёсӣ ва фикрӣ аст, ки аз ақвом миллат месозад ва аз миллатҳо уммати дунёшумул месозад. Аҳзоб ва миллатҳо ё ба асоси ормонҳои муқаддас эҷод мешавад ё ҳам ба асоси ормонҳои қавмӣ.”

Гулбиддин Ҳикматиёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз собиқ фармондеҳони ҷиҳодии ин кишвар ба шумор меравад. Ӯ пас аз таъсиси ҳизбаш бо тамоми ҳукуматҳое, ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, ҷангидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми августи соли ҷорӣ сарпарасти Вазорати адлияи Толибон Абдулҳакими Шаръӣ гуфт, ташкили аҳзоби сиёсӣ хилофи шариъат ва хости мардум аст ва фаъолияти онҳо дар Афғонистон мутлақан мамнуъ аст.

Ӯ таъкид кард, ки “таҷрибаҳои мо ва шумо собит карда, ки ин миллат, ки шикастааст ва танҳо далели ин амр ҳамин аҳзоби сиёсӣ аст. Ба ҳеч ваҷҳ ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ иҷозат намедиҳем.”

Дар вокуниш ба суханҳои ин масъули Толибон бархе аз раҳбарони ҳизбҳо ва сиёсатмадорон эътироз карданд. Онҳо вуҷуди ҳизбҳои сиёсиро барои рушди кишварашон ҳатмӣ медонанд.

Ҳавопаймое, ки Пригожин дар дохили он буд, суқут кард

0

Шоми рӯзи чоршанбе мақомоти Русия хабар доданд, ки ҳавопаймое, ки дар дохили он Евгений Пригожин ҳузур дошт, дар шимоли ин кишвар суқут кардааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия эълом кард, ки ҳавопаймои хусусие, ки рӯзи 23-уми августи соли ҷорӣ аз Маскав ба самти Санкт-Питербург парвоз карда буд, дар роҳ дар ҳудуди вилояти Тверски суқут кард. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар дохили он Евгений Пригожин, фармондеҳи гурӯҳи зархаридони низомии “Вагнер” ҳузур доштааст.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, дар он ҳавопаймо бо шумули Пригожин 9 нафари дигар низ ҳузур дошт, ки 3 нафари онҳо хадамаи парвоз ва боқӣ аз фармондеҳони бузурги артиш ва гурӯҳи низомии “Вагнер” будаанд. Ба гуфтаи манобеъ, ҳамаи мусофирон ба ҳалокат расидаанд, аммо то ҳол ҷасади 8 нафари онҳо пайдо шудааст.

Аз сӯи дигар, Созмони ҳавопаймоии Русия низ таъйид кард, ки дар феҳристи мусофирони ҳавопаймои суқуткарда ному насаби Евгени Пригожин вуҷуд дорад. Ин созмон эълом кард, ки таҳқиқот дар хусуси ин фоҷеа оғоз шудааст.

То ҳол сабаби суқути ҳавопаймо муълум нашудааст. Аммо як гурӯҳи наздик ба “Вагнер” дар шабакаи Телегром муддаъӣ шуда, ки ҳавопаймо ҳомили Пригожин бо шиллики рокети як системаи дифоъи ҳавоӣ суқут кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 23-уми июни соли ҷорӣ алайҳи артиши Русия қиём кард. Нерӯҳои ширкати “Вагнер” он шабу рӯз бо сардории Евгений Пригожин минтақаи Ростови лаби Дон, Варонеж, чандин пойгоҳҳои низомӣ ва фурӯдгрҳҳоро дар Русия зери тасарруфи худ дароварда, то 200-километрии Маскав расида буданд.

Сабаби қиёмии гурӯҳи низомии “Вагнер” алайҳи артиши Русияро худи Пригожен дар “хиёнат”-и Вазорати дифои Русия алайҳи ин гурӯҳи хусусии низомӣ унвон карда буд. Пештар аз ин Пригожен артиши Русияро муттаҳам мекард, ки ба мавзеъҳои шибҳи низомиёнаш мушак партоб кардааст. Ӯ дар хитоб ба вазири дифои Русия Сергей Шойгу чунин гуфта буд: “Бояд пеши роҳи нерӯҳои аҳримании фармондеҳи аршади артиши Русия” гирифта шавад ва аз ҳаракат ба сӯи Маскав барои “барқарории адолат” хабар дода буд.

Вале ҳукумати Русия ин ҳаракатро “шӯриши мусаллаҳона” ва мухолиф ба тамоми қавонини ин кишвар хонд. Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ Додситонии кулли Русия аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ бар зидди ширкати “Вагнер” бо иттиҳоми “Ошӯби мусаллаҳона” иттилоъ дод.

Аммо баъдтар бо миёнҷигарии раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко Пригожин ба ин кишвар паноҳ бурд. То ду рӯзи қабл ӯ аз худ хабаре намедод, вале рӯзи сешанбе аз вуҷуди худ ва афродаш дар Африқои Марказӣ хабар дод.

Замони қиёми Пригожин бархе коршиносон бар ин назар буданд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳатман аз ӯ “қасос” хоҳад гирифт. Муҳаммадҷон Кабиров, коршиноси масоили сиёсӣ он замон дар суҳбат ба BBC гуфта буд, ки “Путин душманонашро намебахшад ва зинда мондани Пригожин ҳам зери суол аст”.

Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) ворид мешавад

0

Мақомоти олии Тоҷикистон барои шомил шудани кишвар ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) омода мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин барои такмил додани раванди шомил шудан ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “тақвияти равобити дуҷониба дар доираи абзорҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) мубодилаи афкор намуданд.”

Пеш аз ин Узбекистон аз кишварҳои ҳамсоя дар соли 2021 ба ин низом пайваста буд ва кишварҳои Қирғизистону Покистон Муғулистону Филипин ва чанд кишвари дигар дар интизори ворид шудан ба ин низом мебошанд.

Низоми умумии имтиёзҳо (GSP+) бар иловаи додани имтиёзҳо ба кишварҳои дар ҳоли рушд ва кам кардани арзиши бархе таъруфаҳои гумрукӣ ва барои содироти молу колоҳо кишварҳои узвро водор мекунад, ки ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи меҳнат риоя карда, муҳити зист ва ҳукуматро хуб идора кунанд.

Рустами Эмомалӣ бо $400 млн аз Чин бармегардад

0

Дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Чин байни чандин ширкати тиҷоративу истеҳсолии ду кишвар ба маблағи 400 миллион доллар созишнома ба имзо расидааст.

Бино ба иттилои расонаҳои расмӣ, дар ҷараёни сафари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ба Чин ширкати чинии “Рунҷаонг ҳолдинг груп” бо корхонаи “Азот”-и Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли карбамид ва бо ширкати “Азия кемикал” дар заминаи бунёди корхонаи истеҳсоли карбамид созишнома имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, як муддат бахше аз саҳмияҳои корхонаи “Азот”-и Тоҷикистон дар ихтиёри хонаводаи соҳибкор ва зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов буд ва ҳоло он дар ихтиёри ширкати “Осиё Кемикал”-и наздикони раисҷумҳур қарор дорад.

Инчунин миёни ширкати “Авесто гурӯҳ” ва ширкати чинии “Ҷинчуен” барои таъсиси корхонаи истеҳсоли электромобилҳо созишнома ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, дар ин корхона солона 1500 мошини барқӣ истеҳсол хоҳад шуд.

“Авесто гурӯҳ”, ки соли 2016 таъсис ёфтаааст ба Рустами Эмомалӣ тааллуқ дорад ва ин ширкатро наздикону дӯстонаш идора мекунад. “Авесто гурӯҳ” мисли дигар ширкатҳои оилаи Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои зиёдеро, аз ҷумла тавлиди оби “Сиёма”, бахши мусофирбарӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ ва ғайраро дар бозори кишвар монополия кардааст.

Ҳамзамон мақомоти Чин бо ҷудо кардани кумаки молӣ дар ҳаҷми 2 миллион доллари амрикоӣ қасд доранд дар шаҳри Душанбе як толори маҷлисгоҳ барои Ҳукумат ва бо ҷудо кардани чанд миллиони дигар 4 эстакадаи нав бисозад.

Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 20-уми августи соли ҷорӣ бо даъвати Жао Леи, раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Чин бо як сафари расмӣ вориди Пекин шуд ва ин сафараш то рӯзи 23-уми август идома хоҳад кард.

Шаҳрдори Душанбе зимни ин сафар бо мақомдорони чинӣ мулоқот карда, инчунин аз осорхонаву донишгоҳу намоишгоҳҳо дидан кардааст.

Ин аввалин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин мебошад ва сомонаҳои ҳукуматӣ ҳадафи ин сафарро тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯсти стратегӣ гуфтаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин сафар муаррифии Рустами Эмомалии 36-cола ба унвони меросбари асосии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гуфта мешавад, Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон танҳо аз “Эксимбонк”-и Чин беш аз як миллиард доллар қарздор аст.

Бо чӣ шарту шароите қарзҳои ҳангуфтро Чин ба Тоҷикистон медиҳад, расман эълон нашудааст. Аммо дар ивази ин қарзҳо ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдоранд ва истихроҷи маъданҳои нодиру гаронбаҳо дар дасти онҳост. 

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз ҳазору панҷсад километри мураббаъи замини Тоҷикистонро, ки бештар аз 1 дарсади масоҳати кишвар аст, ба Чин дода буд.  

Марги чанд муҳоҷири тоҷик дар як сонеҳаи мудҳиш дар Русия

0

Дар натиҷаи як сонеҳаи маргбор дар ноҳияи Мичурински Русия 9 нафар кушта ва захмӣ шуданд, ки дар байни онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳам ҳастанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, асри рӯзи 22-уми августи соли 2023 дар ин сонеҳаи маргбор, ки дар дар шоҳроҳи 384 Р-22 рух дод, 4 нафар, аз ҷумла як зан ҷони худро аз даст додааст.

Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар вилояти Тамбов мегӯяд, дар ин ҳодисаи маргбор 5 нафар, аз ҷумла 3 зан ва 2 марди дигар аз мусофирон захмӣ шуда, ба бемористони маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.

Ҳамзамон дар як наворе, ки аз ҷои ҳодиса ба “Azda.tv” фиристода шудааст, дида мешавад, ки шахсони ба садама дучоршуда, аз ҷумла ду нафар аз занони мусофир, ки дар тан лисобҳои тоҷикӣ доранд, сахт осеб дидаанд.

Бо вуҷуди он ки Вазорати ҳолатҳои фақулъодаи Русия дар бораи ҳувияти ин афрод чизе нагуфтааст, вале манобеи “Azda.tv” аз ҷои ҳодиса таъкид мекунанд, ки аксари онҳое, ки дар ин ҳодиса осеб дидаанд, тоҷикистонӣ мебошанд.

Мақомоти Русия тибқи таҳқиқоти пешакӣ эълон кардаанд, ки сабабгори асосии ин сонеҳаи маргбор ронандаи худрави “ЛАДА 217130” будааст, ки ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар натиҷа бо худрави «LADA GRANTA» бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин фоҷеаи маргбор ҳар ду нафар аз ронандаҳо ва ду нафар аз мусофирони онҳо низ ҷони худро аз даст доданд.

Дар роҳҳои Душанбе киҳо бештар қоиадҳои роҳро вайрон мекунанд?

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 22-юми августи соли ҷорӣ ному насаб ва рақами мошинҳое, ки аз ҳама зиёд қоидаҳои роҳро вайрон кардаанд, нашр кард.

Тавассути сабти наворҳои мадорбастаи “Шаҳри бехатар” Вазорати корҳои дохилии кишвар ному насаби онҳоеро тартиб дода ва нашр кард, ки қоидаҳои роҳро вайрон карда, қонуншиканиҳои зиёд анҷом додаанд, вале маблағи ҷаримаро то ҳол насупоридаанд.

Дар рӯйхати ВКД дида мешавад, ки бештари мошинҳое, ки соҳибонашон чунин қонуншиканиҳо мекунанд, мошинҳои мутааллиқ ба корхонаҳои давлтӣ ва ғайридавлатӣ, ё шахсони наздик ба мансабдорон ҳастанд.

Дар хабари ВКД зикр шуда, ки “Вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд.”

Аз ҷумла, дар ин рӯйхат мошини “Тойота Прадо”, рақами қайди давлатияш 843ZP01 сабт шудааст, ки гуфта мешавад, 23 маротиба қонуншиканӣ карда, то ҳол ҷаримаро насупридааст. Ин мошин марбут ба як муассисаи таълимӣ, ки дар шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, к.Лоҳутӣ-34 ҷойгир аст, мебошад. Гуфта мешавад, ин муассисаи таълимӣ ё Литсеи “Раҳнамо”, марбут ба Абдуллои Раҳнамо аст.

Барои тасдиқи ин хабар ба муассисаи таълимии мазкур тамос гирифтем, аммо мудири он, ки насабаш Ҳакимов гуфта мешуд, дар тамос бо Azda tv ба суолҳо посух надод ва гӯширо хомӯш кард.

Ҳоло дақиқ маълум нест ин мошин ба кӣ тааллуқ дорад ва онро кӣ меронад.

Ҳамзамон дар ин рӯйхат номи мошине марбут ба ҶДММ “Сайёҳон” низ сабт шудааст, 18 маротиба қонуншиканӣ кардааст. Ба иттилои бархе шахсони огоҳ, ин ширкат мутааллиқ ба наздикони хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳамчунин бархе шахсоне дар ин рӯйхат ҷо дода шудаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ё наздикони мансабдоронанд ва дӯсте дар мақомот доранд, ки то 50 маротиба қонуншиканӣ кардаанд.

   Тамға    Рақами қайди давлатӣШумораи қоидавайронкунӣНому насаби ронанда ё ташкилотСуроға                            
1«Тойота-Камри»4832АХ0150Раҷабиён Баҳодур Олмаҳмадш.Душанбе, н.Сино-1, к.Роҳи нав-28, хонаи 6\1
2«Тойота Королла»2841НР0114Ҳомидов Умедҷон Раҳматуллоевичш.Душанбе, н.Сино-1, к.Муҳаммадиева х.44.ҳ.82
3«Мерседес Бенс»1975ХЕ0120Пирназаров Ҳокимҷон Додарҷоновичш.Душанбе, к.Фирдавсӣ, х.50., ҳ.112
4«Мерседес Бенс»9664АЕ0334Яқубов Шермаҳмад Сариевичш.Ваҳдат, деҳаи Гулистон
5«Опел Астра»2668ЕМ0113Ҷобирзода Зиёрат Анварш.Душанбе, н.Сино-2, к.Ғафуров х.6\2, ҳ.31
6«Дэу-Тико»1015ВА0738Нарзуллоев Иброҳим Ашурбековичн.Рӯдакӣ, ҷамоати Сомониён, к.Ватан
7«Мерседес Бенс»5987МВ0120Рауфов Фаридун Давлатхуҷаевичш.Душанбе, н.Сино-1, к.Ғуломов, х.33, ҳ.38
8«Равон»4141СХ0150Раҳмонов Қурбоналӣш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, х.113, ҳ.22
9«Опел Астра»1680КМ0220Аюбов Саидбой Салимовичв.Суғд, н.Б.Ғафуров, ҷ.Ғозиён, к.Т.Юсупов-42
10«Равон»1932ТТ0918ҶДММ «Сайёҳон»ш.Душанбе, к.А.Қаҳҳоров-21
11«Тойота Прадо»843ZP0123Муасисаи таълимии хусусӣш.Душанбе, н. И.Сомонӣ,  к.Лоҳутӣ-34
12«Форд»8206ЕА0120Иброҳимов Мухаммаджон Файзуллоевичш.Душанбе, н.Сино-1, к.Ломоносов, х.216\2 ҳ.13

Нигаронии Маскав аз даъвати Вашенгтон

0
Акс аз Интернет

Маскав дар вокуниш ба даъвати Вашенгтон аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, Ҷо Бойдан, Президенти Иёлоти Муттаҳидами Амрико бо ирсоли номаи расмӣ аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хост, ки дар нишасти навбатии “С5+1” дар Амрико ширкат кунанд.

Ба қавли расонаҳо, нишасти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи Амрико дар соли 2023 қарор аст дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутаҳид, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню Йорк баргузор шавад, сурат бигирад.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар вокуниш ба ин даъвати Ҷо Байдан гуфтааст, “Ғарб дар талош аст, то муттаҳидони Маскавро аз тариқи таҳдид ва боҷхоҳӣ маҷбур кунад аз ҳамкорӣ бо Маскав худдрорӣ кунанд.”

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия дар доираи чанд созмон ва иттиҳоди минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхан ва ғайра бо ҳам муттаҳид шудаанд ва Маскав иҷозат нахоҳад дод, ки кишварҳои ғарбӣ байни онҳо ихтилоф ва ҷудоӣ андозанд.

Гуфта мешавад, аз замоне, ки Русия дар 24-уми феврали соли 2022 ҳамлаҳои низомии худ алайҳи Украинаро оғоз кард, зери фишорҳои шадиди хеле аз кишварҳои дунё, аз ҷумла таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз муттаҳидони онҳо қарор гирифт.

Дар ҳоли ҳозир Русия ҳар навъ тавсеа ёфтани ҳамкориҳои кишварҳои ғарбӣ бо муттаҳидони худ дар Осиёи Марказиро фишор болои худ медонад. Инчунин ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, кишварҳои ғарбӣ ҳамгоми вохӯриҳо муназзам ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ фишор меоранд, то дар дур задани таҳримҳои – ба назари Маскав “ғайриқонунӣ” ба Русия кумак накунанд.