Пайвандонаш ба расонаҳо гуфтанд, пас аз он ки як кумисиюн бо ҳузури раиси шаҳри Кӯлоб “дар бораи боздошту бозпурсии се маъмури милиса хабар дод”, ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқовро аз сардхона гирифтанд ва мардум ҳам пароканда шудаанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, мақомоти шаҳри Кӯлоб ба дасти се маъмури милиса завлона зада, ба мардум нишон додаанд, то онҳо пароканда шаванд.
Аммо баъд аз пароканда шудани мардум беш аз даҳ нафари онҳо аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудаву баъзеҳоро раҳо кардаанд. Ҳатто тибқи хабарҳои таъйидношуда пас аз боздошти эътирозгарон як нафари дигар ҳам дар натиҷаи шиканҷаи пулис ҷон бохтааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, хавфи он вуҷуд дорад онҳое, ки назди бинои ҳукумати Кӯлоб ва сардхона барои ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарон баромада буданд, дар оянда мисли эътирозгарони бадахшонӣ таъқиб ва қисме ҳам равонаи зиндон хоҳанд шуд.
Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки “Мутаассифона қазияи куштори Абдуқаҳҳор Розиқов дар боздоштгоҳ аввалин ҷинояти мақомот нест ва охирин ҳам нахоҳад буд. Мардум аз ҷиноятҳои мақомот аллакай безор шудаанд ва ба ҳамин хотир муҷозоти ҷинояткорони пагондорро талаб карданд. Мо медонем, ки аллакай бисёри эътирозгарон бозпурсӣ шуданду аз онҳо баёнот ҳам гирифтанд.“
Бобоҷон Қаюмов бар ин бовар аст, ки “мақомот метавонад бо муҷозоти ҷинояткорони пагондор ҳам эътимоди мардумро ҷалб кунад ва ҳам адолатро дар сохторҳои қудратӣ ниҳодина кунад. Аммо ҳукуматҳои диктотурӣ бештар ба фикри бақои худашон ҳастанд то ҷалби эътимоди мардум ва ниҳодина кардани адолат дар сохторҳояшон”.
Инчунин сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, ки бо вуҷуди боздошту зиндонӣ карданҳо эътироз бар зидди зулму куштор дар оянда ҳам идома хоҳад кард ва то барқарории адолат рӯз ба рӯз агар кунд ҳам бошад пеш хоҳад рафт.
Агентии федеролии транспорти ҳавоии Русия эълом кардааст, ки теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобро зиёдтар кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, Агентии федеролии транспорти ҳавоии Русия (Росавиатсия) бо ворид кардани тағйирот дар масири парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар теъдоди парвозҳои ширкати ҳавоии Урал (Уральские авиалинии)-ро зиёдтар кардааст.
Бар асоси ин тағйирот парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” аз шаҳри Уфа ба Душанбе то 5 маротиба ва аз Уфа ба Кӯлоб то 7 маротиба дар як ҳафта илова карда шуданд.
Пеш аз ин ширкати “Уралские авиалинии”аз “Росавиатсия” хоста буд, ки теъдоди парвозҳо ба шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ки ҳафтае 3 маротибаӣ анҷом мешуд, то 7 маротиба дар як ҳафта афзоиш диҳад.
Ин дар ҳолест, ки пас аз оғози ҳамлаҳои Русия дар 24-уми феврали соли 2022 алайҳи Украина ва дар натиҷа ҷорӣ шудани таҳримҳои зиёде алайҳи Маскав хеле аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз даромадҳои ҳангуфти худ, ки аз парвозҳо ба кишварҳои аврупоӣ ба даст меоваранд, маҳрум шуданд.
Аз сӯи дигар, аксари шаҳрвандони Русия низ дар ин вазъияти буҳронӣ барои мусофират ва хушгузаронии рухсатиҳои худ кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистонро интихоб мекунанд, зеро молу хидматрасониҳо дар ин кишварҳо нисбатан арзонтар мебошанд.
Гуфта мешавад, ширкатҳои дигари ҳавопаймоии Русия, аз он ҷумла ширкатҳои “Аэрофлот” ва “Победа“ низ хостори касби иҷозаи парвози мусофиркашонӣ ва боркашониро аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, аммо “Росавиатсия” бартариятро дар ин самт ба ширкати “Уралские авиалинии” додааст.
Инчунин тайи 20 соли ҷанг дар Афғонистон, ки нерӯҳои НАТОбо раҳбарии Амрико ва Бритониё дар алайҳи Толибон ҷанг мекарданд, нерҳои амрикоӣ ва нерӯҳои устролиёӣ низ ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои алайҳи башарият, ки дар натиҷа мардуми бегуноҳ, аз он ҷумла занону кӯдакон мавриди қатлҳо омм ва занҷиравӣ қарор гирифтаанд, низ муттаҳам шуда буданд.