26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 242

Коҳиши фурӯши барқи Тоҷикистон ба хориҷ

0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, соли ҷорӣ фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя коҳиш ёфтааст.

Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар рӯзи 31-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, вазорат дар стратегияи худ ворид карда, ки “то соли 2030 то 10 фоизи барқе, ки тавлид мешавад, аз ҳисоби дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ мебошад.”

Вазир дар ҳузури хабарнигорон таъкид кард, ки давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 10,7 миллард кВт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 3% мебошад.

Ҳамчунин вазири энергетикаи кишвар афзуд, дар соли ҷорӣ интиқол ва фурӯши барқ ба кишварҳои Афғонистон ва Узбекистон низ коҳиш ёфтааст. Вазир гуфт, давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар муҷмуъ 974 миллион кВт/соат нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 млн кВт/соат кам аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин 6 моҳи аввали сол Тоҷикистон ба ҳукумати Толибон дар Афғонистон 685 миллион кВт/соат ба маблағи 320 миллион сомонӣ ва ба Узбекистон 289 миллион кВт/соат ҳудуди 63 миллион сомонӣ нерӯи барқ фурӯхтааст.

Аммо дар хусуси қатъ шудани барқ дар баъзе навоҳии кишвар дар ин фасли гармо Ҷумъа Далер ин мушкилиро ба корҳои техникӣ ва қарздор будани мардум рабт дода, сокинонро гунаҳкор донист.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки 30 сол боз идома дорад ва бо вуҷуди ба кор даромадани чархаҳои Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боз ҳам дар кишвар шуруъ аз фасли тирамоҳ то моҳҳои апрел-май мардум барқ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи омори расмии Ҳукумат, “Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия,ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷои аввалро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд.

Низ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, айни замон танҳо4-5 дарсади он мавриди истифода қарор дорад. Худи мақомоти кишвар мегӯянд, “иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад.”

Вале бо вуҷуди бой будани Тоҷикистон аз ҳисоби захоири нерӯи барқ, мувофиқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси дастрасӣ ба нерӯи барқ соли 2020 кишвари мо дар байни 190 кишвари дунё мақоми 163-юмро ишғол кард.

Суолҳои бепосухе, ки ҳамеша сокинон ва корбарон матраҳ мекунанд, ин аст, ки агар Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар мақоми 8-ум ва дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор дошта бошад, пас чаро кишвар 6 моҳи сол барқ надорад ва мақомот ҳамеша аз камбуди обу захираҳои гидроэнергетикӣ ба мардум мегӯянд? Ва агар мо дар Осиёи Марказӣ аз ин ҳисоб дар мақоми аввал бошем, чаро дар кишварҳои ҳамсоя моҳҳо “лимит” ҷорӣ несту дар мо ҳаст?

Вокуниш: Ҳушёр чаро мастро зада кушту боз дар курсии раисӣ ҷавлон дорад?

0

Моҳи майи соли ҷорӣ Акбар Муҳиддинзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд шабона як марди пиёдагардро бо мошин зада кушт, вале раиси ноҳия ӯро бегуноҳ меҳисобад.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 31-уми июли соли 2023 Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт, муовинаш Акбар Муҳиддинзода дар як садамаи маргбори моҳи майи соли ҷорӣ бевосита ширкат дошт.

Ба қавли Нусратулло Салимзода, “Акбар Муҳиддинзода соати 1 – и шаб модари беморашро ба беморхона мебурдааст, ки садама рух додааст. Ронанда не, балки пиёдагард маст буд. Илова бар ин, ягон одам бе душман нест…”

Ин мавзеъгирии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст. Хеле аз корбарон бо зери суол бурдани мантиқи раиси ноҳия мегӯянд, оё “душман” худашро дар зери чархи мошин мепартояд?

Азизулло Мирзозода, яке аз фоъолони фейсбукӣ бо зери суол қарор додани ин ҳимоят ва мавқеъгирии раиси ноҳия пурсидааст: Хулосаи мантиқӣ мебарояд, ки агар маст набошад, пас дар марги пиёдагард гунаҳ надорад?

Корбаре бо номи Зулайхо Ҳасанова мегӯяд: “Маст буд набуд, ки одамро аз ҳаёт маҳрум кард. Магар дар назди қонун ҷавобгар нест. Ё кормандони ҳукумат лгота (имтиёз) доранд? Раисаш шарм надошта боз мегӯяд, ки пиёдагард маст буд. О набошад ин ҳушёр чаро мастро зада кушту боз дар курсии раисӣ ҷавлон дорад.”

Гуфта мешавад, мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура бо гузашти беш аз ду моҳ ба сурати расмӣ ҳодисаи марговаре, ки бо иштироки муовини раиси ноҳия Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд анҷом шуд, ҳеч гуна шарҳу тафсире ба расонаҳо ироа накардаанд. Аммо Рустам Амирдавлат мегӯяд: “Агар ягон шафёри мошиндори камбағал мебуду саги дари хонаи яке аз хуҷаинҳора мезад, 15 сол “строги” режим маҳкамуш мекарданд.”

Нусратулло Салимзода, дар корномаи худ беш аз 32 соли кор дар соҳаи тиббро дорад. Вай аз соли 1985 то 2004 ҳамчун пишзишк дар соҳаи тандурустӣ кор кардааст. Аз соли 2004 то 2006 директори Маркази идоракунии лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон, аз соли 2006 то 2008 муовини аввали вазири тандурустӣ ва аз соли 2008 то 2017 вазири тандурустии Тоҷикистон буд.

Акнун суол инҷост, ки собиқ вазири тандрустӣ бори аввал чунин мавқеъгирӣ карда ва ё дар гузашта ҳам дар тӯли беш аз 30 соли кор дар соҳаи тандурустӣ даҳҳо мансабдори ҷинояткори дигарро ҳам мисли муовинаш “сафед” ва даҳҳо ҷабрдидаро ҳам “душман” ва ё “маст” гуфта, гунаҳкор эълон кардааст?

Эмомалӣ Раҳмон аз худ дарак дод

0

Президенти Тоҷикистон, ки тайи беш аз 10 рӯзи ахир аз назари мардум ва чашми дурбини расонаҳо дур шуда буд, имрӯз Хадамоти матбуоти Президент бо нашри як паём аз ӯ дарак дод.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 31-уми июли соли 2023 Президенти Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи изҳори ҳамдардӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб аз ҳузури худаш баъди 12 рӯзи ғайбат хабар дода, марги бародари Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаёнро тасаллият гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён аз ҷумла гуфтааст: “Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки баъди сафари ахираш ба Арабистони Саудӣ барои ширкат дар нахустин Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ+Халиҷ, ки 19-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Ҷиддаи ин кишвар баргузор шуда буд, дигар дида нашуд.

Гуфта мешавад, дар мудддати се даҳи ахир бори нахуст дар Маҷлиси моҳанаи Ҳукуммати Тоҷикистон, ки дар рӯзи 28-уми моҳи ҷорӣ баргузор шуд, бидуни ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи Президент ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ багузор гардид. Ин маҷлис бо раҳбарии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳири Расулзода гузаронида шуд.

Бархе аз фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар бар ин назаранд, ки ҳавопаймои 92-миллион доллараи Эмомалӣ Раҳмон тариқи бархе сомонаҳои расадкунии ҳавопаймоҳҳо дида шуда, ки чанд рӯзи ахир дар яке аз фурӯдгоҳҳои Олмон ҳузур доштааст. Ба гуфтаи онҳо, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо фарзандонаш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва духтараш Озода Раҳмон дар сафари хориҷӣ қарор доштаанд.

Ҳар чанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон ҳадсу гумонҳоеро дар бораи хуб набудани вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузоштаанд, вале мақомоти Тоҷикистон бар сурати расмӣ на дар бораи сафараш ва на дар бораи вазъи саломатии ӯ ҳеч гуна шарҳу тафсире ироа накардаанд.

Шиканҷаи Насриддинов дар бинои КДАМ

0

Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷик, ки мақоми паноҳандагии кишвари Олмонро дорад пас аз истирдодаш аз Беларус ба Тоҷикистон, мавриди шиканҷаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор гирифтааст. 

Дар ин бора як корманди мақомот ба пайвандонаш хабар додааст. 

Саодат Насриддинова, модари Низомиддин ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи 24- уми июл нафаре ба ӯ занг зада, худро нафари наздик ба мақомот муаррифӣ намудааст ва хабар додааст, ки Низомиддин дар бинои амният аст ва ӯро латтукӯб кардаанд. 

Ман ин ҳарфҳоро шунида, фиғон кардам, ки телефонро хомӯш кард, ҳарчанд кӯшиш кардам, ки тамос гирам, нашуд”,- мегӯяд Саодат Насриддинов.

Баъд аз ин модари Низомиддин ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кумаки ҳуқуқӣ хоста ва ин созмон онҳоро бо вакили дифоъ таъмин кардааст. 

Имрӯз, 31-уми июл валили дифоъ Муҳаббатшо Баллаев бо Низомиддин Насриддинов дар боздоштгоҳи рақами яки КДАМ дар Душанбе мулоқот кардааст. 

Саодат Насриддинова, модари Низомиддин мегӯяд, ки адвокати писараш гуфтааст, ки “саломатии Низомиддин хуб асту шиканҷа нашудааст.” Адвокат гуфтааст, ки писараш ба либоси тоза ва хамирдандон ниёз дорад. 

Вакили дифоъ дар ҳоле аз шиканҷа нашудани Низомиддин Насриддинов мегӯяд, ки худи кормандони мақомот ба модари ин фаъоли тоҷик занг зада, аз латтукӯб шудани писараш дар бинои амнияти кишвар хабар додаанд. 

Мақомоти тоҷик то ҳол расман дар бораи боздошти Насриддинов чизе нагуфтаанд. 

Ёдовар мешавем, ки Низомиддин Насриддинов 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми гузаштан аз марзи Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар дастгир шуда буд.

Энира Бронитская масъули созмони ҳуқуқии “Human Constanta” дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврали имсол истирдоди Насриддиновро талаб кард ва Додситонии кулли Беларус паноҳандагии ӯро дар Олмон ба назар нагирифта, барои истирдод розӣ шудааст.

Ӯ дар Тоҷикистон ба “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” (мувофиқи моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст ва дар пайгард қарор дошт.

Насриддинов аз замони боздошташ дар боздоштгоҳи шаҳри Гроднои Беларус қарор дошт ва аз қарори Додситонии кулли Беларус шикоят карда буд, аммо шикояташ ба инобат гирифта нашуд ва 10 рӯзи пеш ба Душанбе истирдод шуд. 

Баъд аз боздошти Низомиддин Насриддинов нуҳ созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад.

Гуфта мешавад, Низомиддин Насриддинови 44-сола аз соли 2015 бо хонаводааш, аз ҷумла бо панҷ фарзандаш дар кишвари Олмон зиндагӣ мекард ва мақоми паноҳандагии ин кишварро низ дошт.

Ӯ дар гузашта дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ширкат ва суханронӣ карда, худро узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гуфта буд. Аммо соли 2018 аз узвияти ин ҳаракати сиёсӣ ихроҷ шуда, вақтҳои охир ба тиҷорати мошин машғул будааст.

Идомаи таблиғот барои сарбозгирӣ дар байни муҳоҷирон

0

Мақомоти низомии Русия дар байни муҳоҷирони корӣ таблиғоти густардаеро барои сарбозгирӣ роҳандозӣ кардаанд.

Чанд аксе аз варақаҳои таблиғотии мақомоти Русия дар бораи сарбозгирӣ ба дасти Azda tv расид, ки дида мешавад, тамоми маълумоти он бо забони тоҷикӣ навишта шуда ва онро дар байни муҳоҷирон паҳн мекардаанд.

Ин варақаи таблиғот, ки бо забони шикастаи тоҷикӣ навишта шудааст, барои шахсе, ки розӣ мешаваду баъд аз имзои шартнома ба сафи якуми ҷанг меравад, барои ҳар моҳ 204 ҳазор рубл барои як моҳ маош пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, сарбоз дар ҳолати розӣ шудан барои ширкат дар ҷанг, пас аз имзои шартнома ва пеш аз фиристодан ба майдони ҷанг барои ӯ 40-50 ҳазор рубл пешпардохт мешавад.

Инчунин гуфта мешавад, дар ҳолати овардани аҳли оила низ барои ҳар як анфари аз аъзои хонавода кумакпулиҳо дар назар гирифта шуда ва бардохти якбора ба миқдори 150 ҳазор рубл муқаррар шудааст.

Аммо дар он гуфта намешавад, ки дар сурати ҳалок шудани сарбоз ба хонаводаи ӯ чӣ миқдор кумакҳои иҷтимоиеро аз ҷониби давлати Русия пардохт мекунанд.

Ба гуфтаи як муҳоҷири тоҷик, чунин варақаҳои таблиғотӣ бар иловаи забонҳои русӣ ва тоҷикӣ низ ба забаонҳои узбекӣ, қирғизӣ, армиянӣ ва ғайра омода шуда, дар байни муҳоҷирони ин миллатҳо паҳн карда мешавад.

Маълум нест то куҷо ин пешниҳоди пардохти маблағҳои зикршуда барои онҳое, розӣ мешаванд аз тарафи Русия бар зидди Украина биҷанганд, пурра пардохт мешавад ё не. Вале ҳам мақомоти Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба шаҳрвандони худ таъкид кардаанд, ки мувофиқи қонунҳои ҷиноии онҳо ширкати як шаҳрванд дар ҷангҳои хориҷ аз кишвар ҷиноят маҳсуб мешавад. Ва фард агар зиндаву саломат баргардад, ӯро дар кишвари худаш боздошту зиндонӣ шудан таҳдид мекунад.

Чандест мақомоти низомии Русия барои афзоиши сафи сарбозонаш дар артиш аз ин услуб кор мегирад. Ва муҳоҷироне, ки ҷои кор надоранд ва ё мушкили аснод доранд, барояшон додани шаҳрвандии Русия пешниҳод мешавад, ки бархе ба он розӣ мешаванд.

Пештар расонаҳо гузориш дода буданд, ки мақомоти низомии Русия ҳатто аз ҳисоби маҳбусон сафи артиши худро зиёд мекунанд.

Бек Сабур куҷост? Чаро вазир дар нишастҳои матбуотӣ нест?

0

Рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор кард. Дар ин нишаст мисли нишастҳои қаблӣ сардори ин ниҳод Бек Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон ҳузур надошт.

Нишасти матбуотии имрӯзаро низ муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев бо рӯзноманигорон гузаронд.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар зимни қироати гузориши ниҳодаш гуфт, ки аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, хидматрасониҳои тиббӣ ва хидматрасониҳои комуналӣ ва дигар навъи пардохтҳо барои буҷа тариқи ғайринақдӣ амалӣ мегарданд.

Хабарнигорон аз муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар пурсиданд, ки чаро бо вуҷуди таъкиди расиҷумҳур аз паст будани сифати интернету гарон будани нархи он ҳоло ҳам ин мушкилӣ бартараф нашудааст, посухҳои мушаххас надода аз асли қазия фирор кардан мехост. Ӯ гуфт, барои беҳтар шудани сифати интернет дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ 443 истгоҳи базавӣ бо дараҷаи насли 3G 4G насб кардаанд.

Илҳомҷон Атоев таъкид дорад, ки суръати интернет беҳтар шудааст, вале корбарон ин гуфтаи муовини вазирро рад карда, мегӯянд, на суръати интернет хуб шудааст ва на нархи он арзон.

Ҳамчунин хабарнигорон аз Атоев пурсиданд, ки чаро худи сардори Хадамоти алоқа дар нишасти матбуотӣ ҳузур пайдо намекунад, ки ба суоли хабарнигорон худаш посух бидиҳад? Муовини ӯ гуфт, Бек Сабур имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат иштирок дорад ва ба ин хотир натавонист дар нишасти матбуотӣ ширкат кунад.

Аммо Бек Сабур ҳамчун сардори ин ниҳоди давлатӣ чанд солест дар чунин нишастҳо иштирок намекунад ва аз хабарнигорон рӯбарӯ намешавад. Сабаби ҳузур наёфтани Бек Сабурро бархе дар муомилаи дурушти ӯ бо рӯзноманигорон ва ё посухҳои берабт додан ба суолҳо ва аз ин хотир мавриди интиқоди корбарон қарор гирифтанаш марбут медонанд.

Дар Тоҷикистон ва дар фасли тобистон лимити барқ оғоз шуд?

0

Ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба сокинон ва дӯкондорон дар Конибодом мардумро сахт нигарон кардааст.

“Настоящее время” бо нашри як гузорише дар ин бора аз қавли сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳия Конибодом навишта, ки ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар реҷаи интиқоли нерӯи барқ онҳоро сахт нигарон ва зиндагиву корҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятии онҳоро мушкил сохтааст.

Сокинон мегӯянд, ки дар давоми як моҳи ахир ҳамеша се-чор маротиба дар рӯз нерӯи барқи хонаву корхона ва мағозаҳои онҳо қатъ карда мешавад, онҳо аз ин маҳдудият хеле зиёд зарар мебинанд.

Ба гуфтаи онҳо, агар аз як тараф қатъ кардани интиқоли нерӯи барқ ба кори ҳамагуна таҷҳизоти электронии онҳо таъсири манфӣ расонад, аз сӯи дигар, дар бисёр вақтҳо иқтидори нерӯи барқи истифодашаванда ҳам хеле заиф мебошад, то ҳадде, ки хеле аз таҷҳизоти барқӣ дуруст рӯшан намешаванд.

Гуфта мешавад, мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” иллатҳои аслии ҷорӣ шудани ин “лимит” ё маҳдудият дар реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро пурра шарҳ надодаанд. Дар Конибодом ба расонаҳо гуфтанд, ки қатъи нерӯи барқ ба хотири таъмир ва ё “корҳои профилактикӣ” ва дастур аз боло сурат мегирад.

Тоҷикистон ба кишварҳои Узбекистону Қирғизистон ва Афғонистон нерӯи барқ мефурӯшад, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ин маҳдудиятҳо ба хотири зиёд кардани фурӯши барқ ба хориҷи кишвар аст ва ё ин, ки ин амр дар Конибодом иллат ва сабабҳои дигаре ҳам дорад?

Тоҷикистон сӯзондани Қуръонро маҳкум кард

0

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар як изҳороте оташ задани китоби муқаддаси мусалмонон Қуръони Каримро дар Дания ва Шветсия маҳкум кард.  

Вазорат сӯзонидани Қуръони Каримро таҳқири мусалмонони ҷаҳон номида, гуфтааст, ки он боиси эҷоди ихтилоф дар ҷомеа ва баҳонае барои низоъҳои байнимазҳабӣ мешавад.

Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша тарафдори муколамаи созандаи байни тамаддунҳо буда, ҳар навъ зуҳури таҳаммулнопазирӣ, ифротгароӣ ва терроризм, хусумат ва ҷангу низоъро маҳкум мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳоле қуръонсӯзиро дар кишварҳои аврупоӣ маҳкум кардааст, ки чанде пеш Тоҷикистон дар радабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ яке аз кишварҳои ноозоди дунё шуморида шуда, дар масъалаи нақзи ҳуқуқи диндорон мавриди интиқод қарор гирифта буд. Тибқи гузоришҳои ин созмонҳо, мақомоти Тоҷикистон алайҳи диндорон, ба хусус занони ҳиҷобпӯшу мардони ришдор ва рафтани ҷавонон ба масҷиду Ҳаҷ маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ карда, як фазои тарсеро дар байни ин қишри ҷомеа ба вуҷуд овардаанд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ, ки рӯзи аввали Иди Қурбон буд, марди ироқитабор бо номи Силвон Мумико дар муқобили масҷиди бузурги Стокҳолм дар Суед Қуръони Каримро оташ зад. Ин амали ӯ хашми мусалмонони саросари дунёро барангехт ва амали ӯро маҳкум карданд. Инчунин аз кишвари Суед хостанд ба чунин иқдомоти таҳрикомез иҷозат надиҳад, чун ин иқдомро наметавон озодии баёну андеша номид. 

Мумико дубора рӯзи 20-уми июл дар пайи як тазоҳуроте дар назди сафорати Ироқ дар Стокҳолм китоби “Қуръон”-ро зери по кард, вале ин бор оташ назад.

Дар пайи сӯзондани Қуръон ҳазорҳо нафар дар Покистон, Афғонистон, Туркия, Ироқ, Фаластин, Сенегал ва дигар кишварҳои исломӣ бо барпо кардани тазоҳуроти густарда маҳкум карданд. Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон низ ин иқдомро маҳкум кард.

Рӯзи чоршанбе, 12-уми июли соли ҷорӣ Шӯрои ҳуқуқи Созмони Миллаи Муттаҳид дар пайи сӯзондани Қуръони Карим қатънома дар бораи нафратпарокании диниро қабул кард.

Инчунин Шайхул Азҳар бо нашри баёнияе омилони қуръонсӯзиро “ҷинояткор” ва “террорист” номида, таъкид кард, ки кишварҳои арабӣ ва исломиро лозим аст, мавқеъгириҳои ҷиддитаре алайҳи сиёсатҳои душманонаи кишвари Суед алайҳи Ислом ва мусалмонон дошта бошанд.

Пас аз ин ҳама вокунишҳо рӯзи 24-уми июл дар Копенҳагени Дания ду узви гурӯҳи миллатгарои “Патриотҳои Дания” назди бинои сафорати Ироқ Қуръонро оташ заданд. Панҷшанбеи гузашта низ гурӯҳе аз фаъолон ин корро дар назди сафорати Ироқ анҷом дода, парчами Ироқро зери по карданд.

Аввалин шуда миёни Президентҳои Осиёи Марказӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев сӯзондани “Қуръон” дар Суде ва Данияро маҳкум кард. 

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай

0

Президенти Тоҷикистон бо даъвати Президенти Имороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Дубай хоҳад рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти Сомзони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим озими Имороти Муттаҳидаи Араб хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, даъвтаномаи расмии Президенти Имороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳёнро сафири Имороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Муҳаммад Саид Муҳамад Ал-Ариқӣ ба Тоҷикистон овардааст.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Иморати Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Дар рафти ин мулоқот даъватномаи расмӣ ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “ҷиҳати иштирок дар Нишасти 28-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28)” сафири ин кишвар ба Сироҷиддин Муҳриддин тақдим кардааст. Ин нишаст аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Дубай баргузор хоҳад шуд.

Баъди қариб 40 сол аз қудрат меравад

0
Акс аз ББС

Нахуствазири Камбоҷа қасд дорад, ки пас аз наздик ба 40 соли сари қудрат будан, ба ихтиёри худаш аз курсии нахуствизирӣ истеъфо диҳад.

Бино ба иттилои расонаҳо, Хун Сен, Нахуствазири Подшоҳии Камбоҷа тасмим гирифтааст, ки дар моҳи оянда аз симати худ истеъфо дода, аз қудрат канор биравад.

Ба қавли расонаҳо, вай тасмим гирифтааст, ки пас аз канор рафтан аз қудрат раҳбарии ҳизби ҳокимро ба уҳда бигарад ва дар майдони сиёсат боқӣ бимонад.

Нахсутвазири Подшоҳии Камбоҷа, ки соли 1985 ба симат расида буд, ҳоло қасд дорад, ки баъди канор рафтан аз раъси қудрат Хун Манету, писарбузурги худашро дар ин маснад таъйин мекунад.

Гуфта мешавад, 23-уми моҳи ҷорӣ дар Подшоҳии Камбоҷа интихоботи парлумонӣ баргузор шуда буд ва тибқи оморҳои ғайри расмӣ, Ҳизби Халқии Камбоҷа бо гирифтани аксари оро барандани интихобот шудааст. Аммо интизор меравад Кумитаи миллии интихоботи ин кишвар натиҷаҳои расмиро дар муддати аз 9 август то 4 сентябри соли ҷорӣ расман эълон кунад.

Тоҷикистон ва Камбоҷа муносибатҳои дипломатии худро аз 29-уми ноябри соли 1995 о-оз кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон низ мисли Нахуствазири Камбоҷа яке аз диктаторҳои дарозумр дар сари қудрат аст, ки беш аз 30 сол инҷониб раҳбарии кишварро бар уҳда дорад.