18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 246

Душмании Хадамоти матбуоти Президент ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Хадамоти матбуоти Президинети Тоҷикистон бо нашри як навор дар бораи маротибаи панҷум умра кардани Эмомалӣ Раҳмон мусалмон будани ӯро зери суол бурдааст.

19-уми июли соли 2023 Хадамоти матбуоти Президенти бо нашри як гузориши видеоӣ дар телевизиони Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз умра кардани Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Маккаи Мукаррама хабар дод.

Дар оғози ин гузориш пас аз намои зоҳирии Каъба нишон дода мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо тарҷумонаш, раиси Кумитаи дин, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, раҳбари муҳофизонаш ва дигарон аз пилла пойин мешаванд. Дар ҳамин вақт бо садои баланд қироати Қуръон оғоз мешавад, ки маънояш чунин аст: “Танҳо тасаллути шайтон бар касонест, ки ӯро дӯст гирифтаанд ва касоне, ки ба Худо ширк меварзанд.” (сураи Наҳл, ояти 100)

Ровии ин гузориш бо беэҳтиромии хоссе нисбат Қуръони Карим, ки “Худо мефармояд, Вақте Қуръон хонда шавад, хомӯш истода ва ба он гӯш диҳед” (сураи Аъроф, ояти 204) садои тиловати Қуръонро пасттар карда, худаш бо садои баланд дар бораи ин сафари Эмомалӣ Раҳмон гузоришашро оғоз мекунад.

Вақте дар навор Президенти Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонаш вориди Каъба мешавад ва аз он берун мебароянд, садои ровӣ хомӯш ва қироати ояти 104-и сураи Наҳл баланд мешавад, ки тарҷумааш чунин аст: Медонем, ки мегӯянд:“Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзад”. Забони касе, ки ба ӯ нисбат мекунанд, аҷамист, ҳол он ки ин забони арабии равшанест.”

Ҷолиб он аст, ки вақте Эмомалӣ Раҳмон ба назди Ҳаҷаруласвад (санги сиёҳ) рафта, сарашро ворид мекунад, то ӯро бибӯсад, дар ҳамин вақт садои қироати ояти 105 аз ин сураи муборака баланд мешавад, ки тарҷумааш чунин аст: “Худо касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азобе дардовар муҳайёст.

Инчунин дар ин навор нишон дода мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Тоҷикистон дар атрофи Каъба тавоф мекунанд ва дар ҳамин вақти тавоф кардан садои қироати ояти 106 сураи Наҳл садо медиҳад, ки мефармояд: “Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Худо имон надоранд, инҳо худ дурӯғгӯянд.

Дар охир вақте дар навор нишон дода мешавад, ки пас аз саъй кардан байни Сафо ва Марва Эмомалӣ Раҳмон аз дохили меҳмонхонае ба сӯи Масҷиди Ҳаром ва саҳни Каъба назорра дорад, ин оятҳои таҳдидомез садо медиҳанд: “Ва азоби бузург барояшон муҳайёст. Ва ин ба он сабаб аст, ки инҳо зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд...”

Гуфта мешавад, дар мусалмон будани кормандони Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон касе шубҳа надорад, вале бо вуҷуди он, ки дар ҳайати ҳамроҳони Эмомалӣ Раҳмон касоне ҳастанд, ки забони арабиро хуб медонанд, нашр кардани ин гузориш бо ин шева чандин суолҳоеро дар зеҳни бинанда халқ мекунад, аз он ҷумла, оё таҳиякунандаҳои ин гузориш дӯсти раиси ҳукумат ҳастанд ва ё бадбину фурсатталаб…?

Бархе низ ин суолҳоро матраҳ мекунанд, ки ин оёти Қуръони Карим, ки дар ин навор садо медиҳанд, ҳама дар бораи таҳидиду ваъид бар кофиру золиму мушрик ва касоне, ки ба оёоти Ӯ бовар надоранд, нигаронида шудааст, оё ҳамсафарони арабидони Эмомалӣ Раҳмон ва масъули матбуоти Дастгоҳи Президент инро қасдан гузоштаанд ва раҳбари худро золим мешуморанд?

Тазаккур: Тарҷумаи ин оятҳо аз нусхаи тарҷумаи Қуръони Карим, ки бо дастури Эмомлаӣ чоп шудааст, гирифта шудаанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Аврупо: Русия масъули буҳрони ҷаҳонии маводи ғизоӣ аст

0

Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррел дар як изҳороте Русияро масъули сар задани буҳрони ҷаҳонии маводи ғизоӣ донист.

Изҳороти Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле равонаӣ мешавад, ки чанд рӯз пеш мақомоти Кремлин тавофуқи ин кишвар бо Украинаро дар мавриди содироти ғалладона аз тариқи баҳри Сиёҳ боздошт.

Ҷозеп Боррел дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба расонаҳо гуфт, ки ин амалкарди Русия, яъне ба ҳолати таълиқ даровардани содироти ғалла ба хориҷ аз Украина, як буҳрони ғизоии бузургеро дар ҷаҳон ба вуҷуд хоҳад овард.

Ин масъули сиёсати хориҷии Аврупо ҳамчунин Русияро ба он муттаҳам кард, ки амдан ба зерсохторҳои захирасозӣ ғалладона дар шаҳрҳои бандарӣ, аз ҷумла шаҳри Одесса, воқеъ дар ҷануби Украина ҳамла мекунад. Боррел мегӯяд, чунин иқдомҳои Русия буҳрони ғизоиро дар ҷаҳон амиқтар мекунад.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад бин Салмон

0

Президинети Тоҷикистон дар ҳошияи нахустин Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Халиҷ ба Валиаҳди Арабистони Саудӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 19-уми июли соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад бин Салмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дидор ва гуфтагӯ кард.

Дар рафти ин мулоқот, ки ҳайатҳои ду ҷониб низ ҳузур доштанд, раҳбарони ду кишвар бештар дар бораи ҳамкорӣ, ҷавлби сармоя ва “тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ суҳбат карданд.”

Ба гуфтаи Хадамати матбуоти Президенти Тоҷикистон, “ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ,  Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду кишвар ва Фонди рушди саудӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.”

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайти расмӣ барои иштирок дар Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Халиҷ асри дирӯз дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, бо сафари дурӯза 18-уми моҳи ҷорӣ вориди Арабистони Саудӣ гардида буд.

Pamir Daily News номашро тағйир доду корашро идома медиҳад

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи “Pamir Daily News”-ро, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, мамнӯъ эълон кард. 

Ҳалномаи Додгоҳи олӣ 14-уми июни соли ҷорӣ бар асоси аризаи даъвогии Додситонии кулли Тоҷикистон қабул карда шудааст. 

Бино ба иттилои Додситонии кулли кишвар, фаъолияти сомонаҳои интернетии “Pamir Daily News” дар ҳудуди кишвар баста шуда, шаҳрвандоне, ки бо ин сомона ҳамкорӣ мекунанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. 

дар вокуниш ба ин хабар масъулини сомонаи мазкур аз қавли нависандаи бритониёӣ Ҷорҷ Оруэлл мисол овардаанд, ки ӯ мегӯяд: “Дар замони умумӣ шудани дурӯғгӯӣ, гуфтани ҳақиқат ифротгароист.” 

Дар изҳороти масъули сомонаи Pamir Daily News омадааст, ки амалҳои мақомот ба рафтори шахси бадафт монанд аст, ки оинаро мешиканад, то камбудҳои ӯро нишон надиҳад.

Фаъолияти мо кайҳо боз хоре дар чашми мақомоти Тоҷикистон буд. Зеро мо яке аз охиринҳое ҳастем, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ хабар медиҳем. Нашрияи моро ғайриқонунӣ эълон намуда, мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки фикру мулоҳизаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро комилан аз байн баранд, ки дар он ҷо сиёсати ғайриахлоқӣ ва бемасъулиятонаро идома медиҳанд.” – мегӯянд масъулони Pamir Daily News. 

Масъулони ин сомона мегӯянд, кори худро бо нишон додани чеҳраи аслии ин ҳукумати дурӯғин, ғайриқонунӣ ва зиддихалқӣ идома хоҳанд дод. 

Инчунин, ба далели он, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти расонаи Pamir Daily News-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон карда, ҳайати эҷодии он тасмим гирифтааст, ки ребрендинг гузаронад ва номашро ба “Pamir Inside” тағйир диҳад.

Pamir Daily News ягона сомонаи хабарии мустақил нест, ки солҳои ахир ба рӯйхати вебсайтҳои мамнӯъ дар кишвар ворид карда мешавад. Пештар аз ин Додгоҳи олии Тоҷикистон чандин расона, аз ҷумла “Ахбор” ва “Payom”-ро низ мамнӯъ эълон карда буд. 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорону боздошти онҳо танқид мекунанд.

Freedom Now: Тамоми иттиҳомоти зидди Ёров бекор карда, бечунучаро озод шавад

0

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ Freedom Now 19-уми июли соли ҷорӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостори озодии бечунучарои Бузургмеҳр Ёров шуд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ қарори додраси шаҳри Ваҳдатро, ки ҳафтаи гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе мурофиаи Бузургмеҳр Ёровро пеш бурд ва бар ҳукми зиндони ӯ 10 солу 2 моҳи дигар афзуд, маҳкум карда, онро худсарона номид.

Дар изҳороти Freedom Now таъкид мешавад, ки тафсилоти дақиқи иттиҳомоти мақомот алайҳи Бузургмеҳр Ёров рӯшан нест. “Зеро мурофиаи додгоҳие, ки асосан бояд ошкор гузаронида шавад, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста баргузор шуд. Далелҳои пешниҳодшуда низ барои тасдиқи иддаоҳо ночиз буданд.

Ин созмон мегӯяд, тамдиди худсаронаи ҳукмҳои зиндон дар Осиёи Марказӣ як таҷрибаи маъмулӣ аст. Маҳбусони сиёсӣ аксар вақт қурбонии ин тамдидҳо мешаванд, зеро мақомот барои хомӯш кардани мунтақидони худ аз шароити номусоид ва ба ҳаёт таҳдидкунандаи зиндон ва иттиҳомоти бардурӯғро бар асоси қонунҳои норавшан истифода мебаранд.

Гузоришгарони ин созмон таъкид кардаанд, ки ғайриқонунӣ афзудан бар ҳукми зиндони Ёров ба истиқлолияти додгоҳҳо, ҳуқуқи инсон ва демократия дар Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳамчунин Freedom Now менависад, ки аз амният ва саломатии Ёров сахт нигарон буда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки:

– Ёровро фавран ва бечунучаро озод кунед; ва

– бехатарӣ ва саломатии ӯро тибқи стандартҳои байналмилалӣ таъмин намояд!

Ёдовар мешавем, ки муҳокимаи ин маҳбуси сиёсӣ рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури пайвандонаш баргузор шуд. 

Додрас Бузургмеҳр Ёровро ба “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” гумонбар донист. Худи Ёров иттиҳомоти мақомотро дар рафти муҳокимаҳо сохта номида буд. 

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва раиси бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат ба Аzda.tv ин ҳукмро туҳмат ва бераҳмона номид. Ёров мегӯяд, мурофиаи бародараш пушти дарҳои баста гузашт ва Бузургмеҳр ба адвокат дастрасӣ надоштааст.  

Ин парвандаро мақомот гӯё бар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” боз карданд. Ҳасан Ҳасанов иддао кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро туҳмати навбатии мақомот номида буд.

Хасбик ба Душанбе омад

0

Блогери шинохтаи доғистонӣ Хасбулло Муҳаммадов, ки миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо лақаби “Хасбик” маъруф аст, ба Душанбе сафар кардааст. 

Дар ин бора худи Хасбик бо гузаштони чанд аксу навор аз пойтахти Тоҷикистон, ки якеаш аз тирезаи меҳмонхои “Hyatt Regency Dushanbe” гирифта шудааст, дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дод.  

Маълум нест ин блогери шинохта, ки дар Instagram 8,6 миллион дунблкунанда дорад бо даъвати кӣ ва бо чӣ ҳадафе ба Тоҷикистон сафар кардааст. 

Аз чеҳраҳои шинохтаи Русия Хасбик аввалин нафаре нест, ки дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон меояд. Пештар аз ӯ каҳрамони муҳорибаҳои омехтаи “UFC” Ислом Махачеви доғистонӣ ҳамчун меҳмон дар мусобиқаи ҷудои “Гран- прии Душанбе” ширкат карда буд. 

Инчунин блогери рус Карина Кросс, ки дар Instagram 10,4 миллион дунболкунанда дорад, барои иштирок дар чанд маҳфиле, ки “Русский Дом” дар Душанбе ташкил кард, омада буд. 

Пештар аз ҳама дар моҳи апрели соли ҷорӣ бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи раисҷумҳури кишвар ва раиси Федератсияи ҷудо блогери озаритабор Ҳусейн Ҳасанов ба Тоҷикистон омада буд. Ҳусейн Ҳасановро дар Тоҷикистон дар сатҳи як президент пешвоз гирифтанд, ки вокуниши корбарон ва мардумро ба бор оварда буд.

Вокуниши фаъолон ба Телевизиони Тоҷикистон

0

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ телевизиони Тоҷикистонро ба хотири он ки Халиҷи Форсро Халиҷи Араб гуфтааст, мавриди интиқод қарор додаанд.

18-уми июли соли 2023, телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ барои ширкат кардан дар Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вокуниши корбаронро дар дохил ва хориҷи кишвар ба бор овардааст.

Шоир ва нависандаи тоҷики муқими Фаронса Зафар Сӯфӣ дар вокуниш ба ин мавқеъгирии телевизиони Тоҷикистон навиштааст: Ҳеч дипломатия ва манфиати молие арзиши онро надорад, ки ба ҳувияти нажодӣ пушт бикунӣ ва ҷойноми бостониро бар мазоқи бадхоҳони мардумат ном бибарӣ! Пуштибонӣ аз хостаи бегонагон бар зарари ҳамтаборон хиёнат ва нобахшиданист! Номи ин Дарё (халиҷ) барои ҳамешаи торих ва ба кӯрии чашми бадхоҳону ҳаводорони кавданашон ХАЛИҶИ ФОРС буду хоҳад монд! Чанд доллари ҳароми араб арзиши онро надорад, ки гузаштаи худро инкор кунӣ! Шарматон бод аз чунин бешарафӣ!

Зафари Сӯфӣ ҳамчунон хитоб ба ҳукуматдорони эронӣ мегӯяд: “Раҳмонов ҳамин аст… Иртиботаш ба ориёиҳо бар пояи манофеъ ва фақат дар сухан аст ва сарзамини онҳо барояш арзише надорад. Аммо онҳое, ки меросбари ин сарзаминанд ва ин гуна амалҳои ӯ ба зарарашон шудаву мешавад, чаро ҳар дафъа худро ба нодида мезананд? Магар намедонанд, ки бояд ҷойгоҳи як гадоро дар лаҳзаи лозим ба ӯ нишон дод, то беш аз ин, аз ҳаддаш фаротар наравад? Сухани кӯтоҳ, масъулони эрониро чӣ бало зада, ки такрор ба такрор амалҳои Раҳмоновро нодида мегиранд?”

Корбаре бо номи Муҳаммад Ризо Шабонкореҳ бо бознашр кардани ин гузориши телевизони Тоҷикистон фарёд зада мегӯяд: Куруш куҷое ки телевизиони Тоҷикистон, Халиҷи Форсатро ба арабҳо фурӯхтанд! телевизиони Тоҷикистон дар бахши хабарии ҷадиди худ густохиро аз ҳад гузаронида ва ХАЛИҶИ ФОРС-ро “Халиҷи араб” номгузорӣ кард! Ин ҳам навъе хушхидматии ҷадид ба шайхакҳои араби ХАЛИҶИ ФОРС метавонад бошад!

Рӯзноманигор ва муҳаққиқи пуркори тоҷик Обид Шакурзода дар вокуниш бо ин рафтори телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш ин масъаларо шарҳ дода, аз ҷумла гуфтааст: Халиҷи Форс ё Шохоби Порс оброҳест, ки дар имтидоди баҳри Уммон ва дар миёни Эрону шибҳиҷазираи Арабистон қарор дорад ва аз шарқ аз тариқи тангаи Ҳурмуз ва баҳри Уммон ба уқёнуси Ҳинд ва баҳри Араб ва аз ғарб ба резишгоҳи Арвандрӯд, ки аз пайванди ду рӯдхонаи Даҷлаву Фурот ва пайвастани рӯди Корун ба он ҳосил шудааст, хатм мешавад. Кишварҳои Эрон, Уммон, Ироқ, Арабистон, Кувейт, Имороти Арабӣ, Қатар ва Баҳрайн дар канораи Халиҷи Форс ҳастанд.

Ба гуфтаи Обид Шакурзода, Созмон ҷаҳони Моликияти фикрӣ (World Intellectual Property Organization (WIPO) дар таърихи 30 меҳри 1397 (22 октабри 2018) дар иқдоме номи Халиҷи Форсро ба моликияти Эрон ба сабти ҷаҳонӣ расонд. Аз ин пас ҳич давлат ва кишвар ва созмоне наметавонд ин халиҷро бо номи дигаре номгузорӣ кунад.

Инчунин Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигори дигари тоҷик ҳам дар вокуниш ба ин матлаб, гуфтааст: “Саркардаи ин иштибоҳ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Оғози ҷумлаи аввали як хабарашон: 18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.”

Донишманд ва фаъоли сиёсии тоҷик Сайидюнус Истаравшанӣ дар шарҳи сабабҳои ин иқдоми телевизони Тоҷикистон гуфтааст: Барои Раҳмон муҳим ин масолеҳу манофеъи шахсиаш аст, на манофеъи миллат ва мардум ва кишвар. Раҳмон, то модоме ки манофеъи шахсиаш бо “халиҷи Араб” хондан таъмин шавад, чаро барои хушхидматӣ барои аъроб ва барои чанд дулори беарзиш ва бемиқдор, “халиҷи Араб” нагӯяд?! Мегӯяд ва бо садои баланд ҳам мегӯяд. Ин таҳрифи ошкори таърих аст?! Ба дарак! Барои Раҳмон ин чизҳо муҳим нест. Он ҳама китобҳое, ки дар хусуси ориёиҳо ва таърихи онҳо навишта, ҳама кашканд. Раҳмон куҷо ва ориёӣ куҷо! Раҳмон ҳамон одаме аст, ки Каримовро “Ота” хондааст, чун ӯро сари қудрат расонда, фаромӯш накунем.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Созмон ҷаҳони Моликияти фикрӣ (World Intellectual Property Organization (WIPO) октабри 2018 номи Халиҷи Форсро ба моликияти Эрон ба сабт кард, боз ҳам мақомдорони Тоҷикистон хоста ё нохоста намехоҳанд номи қонунии онро ба забон биёранд.

Боздошти чанд зодаи ОМ бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дар Русия

0

Дар вилояти Томски Федератсияи Русия раҳбар ва чаҳор узви як гурӯҳро, ки дар минтақаи Сибир ба фурӯши маводи мухаддир машғул будаанд, пулис боздошт кардааст. 

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, кормандони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Томск ҳангоми гузаронидани амалиёт як зодаи 47-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ӯ раҳбари гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддир ном бурда мешавад, боздошт кардаанд. 

Кормандони пулис аз мошини ин зодаи Тоҷикистон чанд баста ҳероинро, ки маҷмӯи онҳо 1 кг-ро ташикил додааст,  дарёфт кардаанд. 

Ҳамчунин чаҳор узви дигари ин гурӯҳ – се шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон, ки солҳои таваллудашон 1984, 2003 ва 2002 ва як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1982 мебошад, боздошт шудаанд.  Тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо тавассути “махфигоҳ”-ҳо ба фурӯши чаканаи маводи мухаддир машғул буданд. Пулис зиёда аз онҳо 200 бастаи маводи мухаддирро мусодира ва беш аз 10 “махфигоҳ”-и онҳоро пайдо кардааст.

Гуфта мешавад, боздоштшудаҳо ба ҳабс гирифта шудаанд ва нисбаташон бо иттиҳомҳои сӯиқасд ба ҷиноят, истеҳсол, фурӯш ё интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. 

Мақомоти Русия то ҳол номи боздоштшудаҳоро расонаӣ накардааст ва назари худи зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ду нафарашон аз Тоҷикистон гуфта мешаванд, низ дар ин бора маълум нест. 

Панҷумин умраи Эмомалӣ Раҳмон

0

Субҳи имрӯз ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 19-уми июли соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайати Тоҷикистон аз шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ барои анҷоми маносики Умра вориди шаҳри Маккаи Мукаррама шуд.

Ин ҳайат пас аз анҷоми маносики ҳаҷҷи Умра дубора ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргашт, то дар нахустин Нишасти сарони кишварҳои арабии Халиҷ ваОсиёи Марказӣ ширкат кунанд.

Гуфта мешавад, аз замони ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон то кунун вай ба сурати расмӣ 6 маротиба ба Арабистони Саудӣ сафар карда ва дар ин муддат 5 маротиба ибодати Умраро ба ҷо овардааст.

Ин дар ҳолест, ки 27-уми июни соли ҷорӣ дар паёми идонааш ба муносибати Иди Қурбон гуфта буд: “Вақтҳои охир ҳангоми ба ҷо овардани маросиму маъракаҳо ва расму ойинҳои динӣ, аз ҷумла анҷом додани маносики ҳаҷ баъзе ҳамватанони мо зиёдаравӣ ва намоишкорӣ карда, зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил дода, чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд. Чунин рафтор дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки дар зиндагии оилаи аксари онҳо ва шароити хонаву дарашон мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.

Ҷолиб он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳар сафар ва анҷоми ибодати Умра зиддиятҳо ва мухолифату муборизаҳояш алайҳи ислом ва мусалмононро дар дохили кишвар зиёдтар мекунад. Вай борҳо алайҳи занони ҳиҷобдору мардҳои ришдор мавқеъ гирифта, онҳоро аз тариқи расонаҳои давлатӣ таҳқир ва таҳвин карда, рафтани ҷавонони то 18-сола ба масоҷидро манъ кардааст.

Инчунин рафтани афроди то 45-соларо ҳам ба ҳаҷҷи фарзӣ маҳдуд кардааст. Тибқи гузориши ахири Созмони Милали Муттаҳид, айни замон дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор зиндонӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа ва афроди мусалмон ташкил медиҳанд.

Амрико алайҳи Қирғизистон таҳрим ҷорӣ мекунад?

0

Эҳтимол меравад дар ояндаи наздик Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии Қирғизистон таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кунад.

Рӯзномаи “The Washington Post” 18-уми июли соли ҷорӣ бо нашри матлабе навишт, ки истихбороти Амрико аз вуҷуди ҳапоаймоҳои бесарнишини чинӣ дар Русия хабар дод. Ба иттилои манбаъ, маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз он нигаронанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини чинӣ тариқи Қирғизистон ба Русия интиқол ёфтаанд.

Ин рӯзномаи амрикоӣ менависад, ки пас аз ҳамлаи Кремл ба Украина ва хусусан дар моҳҳои охир Қирғизистон ба таври чашмгир ширкатҳои воридотӣ ва содиротии худро тавсеа дода, ки асосан бо Русия тиҷорат мекунанд. “Washington Post” бо такя ба як манбааш аз мақомҳои баландпояи амрикоӣ менависад, ки “ин ширкатҳо аз фурӯши афзояндаи молҳои таҳримшудаи чинӣ ва аврупоӣ – аз паҳподҳои интиҳорӣ ва қисмҳои ҳавопаймоҳо то тирҳои туфангча ва системаи пешрафтаи бомба – фоида ба даст меоранд, ки аксари онҳо тавассути ҳавопаймо ба ширкатҳои Русия интиқол дода мешаванд.” 

Ба иттилои манбаъ, Амрико метавонад дар посух ба эҳтимоли интиқоли таҷҳизоти технологӣ ва низомӣ ба Русия дар давоми ин ҳафта алайҳи Қирғизистон таҳримҳои иқтисодӣ эълон кунад.

Гуфта мешавад, маъмурияти раисиҷумҳури Амрико пас аз боздидҳои чанд моҳи ахири дипломатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ аз Бишкек ва бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтугӯҳо, ба таҳияи таҳримҳо шурӯъ кардааст.

Ҳоло мушаххас нест, ки Қирғизистон маҳз бо чӣ навъи таҳримҳо рӯбарӯ мешавад, аммо манбаи ин рӯзномаи амрикоӣ мегӯяд, ки Вошингтон қаблан алайҳи ширкатҳои қирғизӣ таҳрим ҷорӣ намуда, бахусус онҳоро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда буд.