Хона блог саҳифа 251

Сафари вазири корҳои хориҷии Инглистон ба Украина

0

Вазири корҳои хориҷии Инглистон нахустин сафари хориҷии худро аз Киев, пойтахти Уркиана оғоз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 16-уми ноябри соли 2023, Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Инглистон ба Украина рафтааст.

Владимир Зеленский, Президенти Украина, ки баъди оғози ҷанги Исроил алайҳи Навори Ғазза дар 7-уми окятбри соли 2023 ва шиддат гирифтани нооромиҳо дар Каронаи Бохтарии Фаластин борҳо гуфта буд, ки кишварҳои ғарбӣ ҷанги Украина бо Русияро фаромӯш карданд, имрӯз дар паёмрасони Телеграмиаш хабар дода, ки вазири корҳои хориҷии Инглистон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвараш вориди Киев, пойтахти Украина шудааст.

Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Инглистон дар вақти мулоқот бо Президенти Украина гуфт, ки кишвараш ҳамроҳ бо дигар ҳампаймонони худ ҳама талошҳоро барои тақвияти ҷабҳаҳои ҷангӣ, падофанди ҳавоӣ ва ҳифозат аз мардум ва зерсохторҳои ин кишвар ба Украина кумак хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, Дэвид Кэмерон, собиқ нахуствазири Инглистон, ки баъд аз шикасти пешниҳодҳо ва пофишориҳояш барои ҷудо нашудани Инглистон аз Иттиҳодия Аврупо дар қазияи машҳур “Брегзит” аз мақомаш истеъфо ва аз сиёсат канор рафта буд, ба тозагӣ баъд аз 7 сол дубора ба сиёсатҳои калони кишвараш бозгашта, ду рӯз қабл вазири корҳои хориҷии Инглистон таъйин шудааст.

Латтукӯби сокини ноҳияи Муъминобод дар милисахона

0

Дар натиҷаи латтукӯби шадиди кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Муъминобод, як сокини ҳамин ноҳия дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомот сокини ноҳияи Муъминобод Ҳикматулло Наҷотовро барои ҷалби писараш ба артиш ба Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даъват кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, кормандони пулис ӯро шадидан латтукӯб кардаанд, то писарашро барои рафтан бар артиш ҳозир кунад. Аммо дар ШВКД-и ноҳия иддао доранд, ки ӯ “худаш афтодааст”.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 4-уми ноябр рух дода, Ҳикматулло Наҷотов ҳоло ҳам дар бемористони ноҳиявӣ бистарист. Пизишкон тасдиқ карданд, ки дар бадани ӯ осори зарб дида мешавад, вале ҳолаташ муътадил аст.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Наҷотов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бистарӣ шудани ӯ дар беморхонаро тасдиқ карданд, вале аз гуфтани ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карда, танҳо гуфтаанд, ки “мақомоти тамоми ҷумҳурӣ аз қазия огоҳ ҳастанд”.

Инчунин як манбаъ аз Додситонии вилояти Хатлон гуфтааст, ки воқеан ин мардро барои писараш ба бинои ШВКД даъват карда будаанд.

Ҳоло додситонӣ ҳодисаро тафтиш доранд. Рафтанд, ҳамроҳаш суҳбат карданд, аз ташхис гузарониданд, ки дар ҳақиқат аз сараш осеб дидааст. Ӯ дар ҳузури муфаттишон гуфтааст, ки 14 рӯз ӯро дар ШВКД манъ кардаанд. Аммо дар пурсиш кормандон инро рад карда, гуфтанд, ки ӯ афтидааст. Ҳоло ҳамаи ҳолатҳо, ҳатто шиканҷа шудани ӯ тафтиш шуда истодааст,”-гуфтааст манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Аммо раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, 14 рӯз боздошт шудани Наҷотовро рад кардааст.

Ба гуфтаи Шарифзода, онҳо сокинони ноҳияро ташвиқ доранд, то фарзандонашро аз Русия даъват кунанд, ки рафта хидмати ҳарбиро анҷом диҳанд. Шарифзода афзуда, ки ба писари Ҳикматулло низ даъватнома дода буданд, аммо ӯ ҳозир нашуд ва милиса барои шарҳ падарашро даъват кардааст.

“Ба ман сардори милиса гуфт, ки Ҳикматулло ҳангоми ҳоҷатхона рафтан афтода, осеб бародоштааст”,-гуфтааст раиси ноҳияи Муъминобод.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, як рӯз пас аз ин ҳодиса писари Наҷотов ба Кӯлоб баргаштааст, вале ӯро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурда, ба артиш гусел кардаанд. Маълум нест, ки чаро ӯро на аз зодгоҳ, балки аз дигар ноҳия ба артиш фиристодаанд.

Бояд қайд кард, ки чанд соли охир ва баъд аз зиёд шудани наворҳои сарбозшикор мақомот барои ҷалби ҷавонон ба артиш аз шеваҳои нав кор гирифта истодаанд, аз ҷумла фишор ба волидайн, қатъ кардани барқи хонаҳо, бастани масҷидҳо ва ғайра.

Чанде пеш як манбаъ, аз ноҳияи Ҷайҳун, ки нахост ном ва номи деҳааш зикр шавад, дар суҳбат ба Azda tv гуфта буд, ки рӯзи 5-уми ноябр раиси маҳалла ҳамаро ба масҷид даъват карда, пас аз намози шом дар ҳол кормандони амният дарҳои масҷидро бастанд, ки касе берун наравад, тақрибан 4 соат бо мардум суҳбат карданд ва касеро берун рафтан нагузоштанд.

Ба гуфтаи манбаи мо, талаби асосии мақомот аз мардум ин буда, ки фарзандҳоятонро аз Русия даъват кунед барои хидмати ҳарбӣ ва дар акси ҳол масҷидро мебандем ва инчунин шуморо ҳам ҷарима ва ҳам зиндонӣ шудан интизор хоҳад буд. Вале, манбаъ афзуд, дар ниҳоят ҳам 4 нафарро ба артиш бурданд ва ҳам масҷидро бастанд, ки шумо ду сарбози дигар наовардед.

Як манбаи дигар низ аз ноҳияи Ёвон ҳолати мушобеҳро ба Azda.tv нақл карда буд.

Инчунин ин манбаъ аз ноҳияи Ёвон гуфта буд, ки ҳар як имоми масҷид ва раиси маҳалла вазифадор шудааст, ки дар мавсими даъват ба артиш чанд ҷавонписарро, ки хидмати ҳарбӣ нарафтааст, ёфта, бурда ба мақомот супоранд. Агар чунин накунанд шахсан худашон ҷарима мешаванд ва масҷидашон баста мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои кишвар, мақомот барқи хонаҳоро қатъ карда буданд ва ҳатто волидайни ҷавононро дар милисахонаҳо нигоҳ дошта буданд, то фарзандонашонро ба хидмат фиристанд.

Ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба беморхонаи Шифо дар Ғазза

0

Рӯзи чоршанбе, 15-уми ноябр нерӯҳои Исроил ба бемористони Шифо дар Ғазза, ки онҷо ба ҷуз беморон ҳазорҳо нафар аз мардуми оддӣ паноҳ бурдааст, ҳамла карда, нафарони зиёде кушта ва захмӣ шудаанд.

Мудири қисми ёрии таъҷилии ин беморхона Умар Зақут, имрӯз дар суҳбат ба “Ал-Ҷазира” гуфт, ки вазъи инсонӣ дар дохили беморхона ва дар тамоми Ғазза соат ба соат бадтар мешавад. Ӯ мегӯяд, нерӯҳои Исроил ҳангоми юриш ба дохили беморхона махсус захираҳои дорувориро аз байн бурданд. “Ҳатто онҳое, ки дар дохили бемористон барои берун баромадан парчами сафедро баланд бардошта буданд, бо мушак бомборон шуданд.”, – мегӯяд ӯ.

Дар пайи ин ҳамлаи нерӯҳои исролилӣ ба бузургтарин беморхонаи Ғазза, Миё Кила, вазири беҳдошти Фаластин дар як баёнияи матбуотие ин амалиётро “ҷинояти зидди башарии Исроил алайҳи беморхонаҳо ва пизишкону беморон” донист.

Ҳамзамон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Мартин Гриффитс дар изҳороте гуфт, ки “Беморхонаҳо майдони ҷанг нестанд.” Ӯ дар идома навишта, ки аз гузориши ҳамалоти Исроил ба бемористони Шифо “ваҳшатзада” шудааст.

Ба гузориши расонаҳо, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба беморхонаҳои Ғазза садҳо исроилӣ дар назди парлумони ин кишвар таҷаммуъ карда, истеъфои Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроилро талаб доранд.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун 11 ҳазору 320 нафар кушта шуданд, ки наздики 5 ҳазори онҳоро кӯдакон ва 3145 дигарро занон ташкил медиҳанд. Шумори захмиёнро беш аз 29 ҳазор эълон кардаанд.

Занозании муҳоҷирон дар анбор ба марги як нафар анҷомид

0

Дар вилояти Маскави Русия миёни кормандони анбори мағозаи “Wildberries” занозанӣ рух дод, ки дар натиҷа як муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин муноқиша рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ аввал миёни ду коргар Минкаил А.-и 23-сола ва Олимҷон А.-и 28-сола сар мезанад ва баъдан панҷ нафари дигар ба он занозанӣ ҳамроҳ мешаванд.

Аммо дар наворҳои нашршуда аз ин занозанӣ, ки ҳамагӣ чанд сония аст, дида мешавад, баъд аз баҳси лафзӣ як нафар ба назди нафари дувумӣ рафта ӯро бо мушт мезанад ва коргарони дигари ин анбор онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Дар вақти ҷудо намудан, коргаре нафари латтукӯбшударо, ки расонаҳо аз ӯ Олимҷон ном мебаранд ба дигар тараф мебарад, аммо Олимҷон ба замин меафтад ва ҳамон лаҳза дар гирдаш нафарони зиёд ҷамъ мешаванд.

Шабакаи телеграмии “Радовка” менависад, ки баъд аз ин занозанӣ Олимҷонро ба бемористон бурдаанд, аммо табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд. Тибқи баъзе хабарҳо, ин ҷавон ба далели мушкилоти саломатиаш даргузаштааст ва зарбаҳои мушту лагад вазъи саломатии ӯро бадтар кардааст.

То ҳол сабаби аслии ин муноқиша маълум нест, аммо баъзе расонаҳои русӣ менависанд, ки занозанӣ барои кадом ашёе сар задааст.

Гуфта мешавад, ки Минкаил қаблан барои дуздӣ, ки бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби як гурӯҳи шахсон содир шудааст, маҳкум ба зиндон шуда буд.

Бояд қайд кард, ки дар анбори мағозаи “Wildberries” асосан муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон кор мекунанд ва ба иттилои баъзе расонаҳои русӣ, Олимҷони кушта шуда шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Аммо ҳоло ин маълумот расман аз ҷониби мақомоти ин кишвар таъйид нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон: “бхур, бхур, мара чӣ ниго мекнӣ?”

0

Эмомалӣ Раҳмон, мӯсафеди 71-сола, ки зиёда аз 30 сол боз ҳукуматро идора мекунад, ҳамоно дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сафарҳои расмиаш дар байни мардум бо лаҳҷаи маҳаллиаш “бхр-бхр” гуфта суҳбат мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми ноябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҷашн гирифтани 31-кумин солгарди инқилоб алайҳи Ҳукумати муросои миллӣ ва сари қудрат омаданаш ба шаҳри Хуҷанд рафта буд.

Аммо акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дирӯз вақте Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд ва дигар мақомоти расмӣ аз як намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан мекард, ба ногаҳ назди сабади себҳо таваққуф карда, ду тан аз муҳофизонашро пайи ҳам садо карда, як донагӣ ба онҳо себ медиҳад то бихӯранд ва маззаи себҳоро таъриф кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ин ки дар Қасри маданияти “Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд дар соли 1992 раиси Шӯрои олии Тоҷикистон таъйин шавад ва ба ин тариқ қудратро дар қабзаи худ бигирад, дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара раиси яке аз колхозҳои он буд.

Вай ҳамчун як кишоварз то ҳол давлатро идора мекунад ва ҳар вақте ҳам ба дидани намоишгоҳҳои вобаста ба кишоварзон ва ё заминҳои корами онҳо меравад, дониста ё надониста “қилиқ”-ҳои зиёдеро анҷом медиҳад, ки чунин рафторҳои ӯ мавриди ханда ва ё таваҷҷуҳи дигарон қарор мегиранд.

Ин дафъа ҳам вақте ӯ ба як намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меравад, себҳои сурхро дида, ду донаи онро гирифта, ношуста ба дастони муҳофизонаш медиҳад, ва амр мекунад, “бхр-бхр, чӣ мара ниго мекнӣ? чхелай? овдорай? ширинай? чиба овозт набромад?”

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама суолҳои пай дар пайи худро замоне ба муҳофизи худаш ироа мекунад, ки ӯ себи ношустаро чанд гоз гирифта, даҳонаш пур аст ва дуруст гап зада наметавонад. Бо ин ҳол, собиқ раиси колхоз, ҷондори дигарашро садо мекунад ва як дона себи дигар ҳам ба дасти ӯ дода, мегӯяд, бо кияй, иҷа биё,-ку. Бгаз…”

Эмомалӣ Рамҳон моҳи ноябри соли 1992 Дар Иҷлосия 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон раиси ин шӯро таъин карда шуд. Вай пас аз он ки иҷлосия тамом шуд, қарор буд ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон биояд, то зимоми қудратро ба сурати мусолиматомез ба даст бигирад, аммо ӯ мустақим ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон рафт ва сипас болои тонкҳои Узбекистон аз тариқи шаҳри Турсунзода (собиқ Регар) ба Душанбе ҳуҷум карда омада буд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Сулҳи Афғонистон кобусе барои Покистон?

0

Намояндаи вежаи Покистон дар умури Афғонистон гуфтааст, ки сулҳ дар Афғонистон ба кобусе барои Покистон табдил шудааст.

Бино ба гузориши расонаҳо, Покистон зиёда аз 250 ҳазор муҳоҷири Афғонистонро дар зарфи камтар аз як моҳ аз хокаш берун кардааст ва ин раванд идома дорад.

Дар чанд моҳи ахир муносиботи сиёсӣ ва равобити дипломатӣ байни Исломобод ва Кобул хеле тира шудааст. Исломобод Кобулро ба он муттаҳам мекунад, ки аз нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон ҳимоят мекунад. Иттиҳоме, ки Кобул онро қабул надорад.

Покистон солҳо боз гирифтори буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фасодҳои густурдаи идорӣ аст. Бо ин вуҷуд мизбони миллионҳо нафар муҳоҷирони афғонистонӣ мебошад. Вале дар чанд моҳи ахир ҳамагуна муносибатҳои сиёсӣ ва равобити диполоматӣ байни ҳукумати муваққати Толибон дар Кобул ва Исломобод хеле тира шудааст.

Замони нахуствазирии Имрон Хон, Покистон талош мекард ба намояндагӣ аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз онҳо ҳимоят кунад. 10-уми апрели соли 2022 парлумони Покистон ба нахуствазири вақт Имрон Хон раъйи адами эътимод дода, бо ҳамин аз вазифа барканор шуд.

Аммо баъд аз он ки Имрон Хон аз қудрат барканор ва алайҳи он парвандасозӣ оғоз шуду худаш ба зиндон маҳкум ва ҳизбаш мамнуъ эълон гардид, буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фасодҳои идориву ахлоқӣ дар ин кишвар густурдатар шуд ва ҳукумат зери борони фишорҳои мухталиф қарор гирифт.

Дар авҷи ин фишорҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Покистон Исломобод Кобулро нахуст ба ноором кардани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва сипас ба ҳимоят аз бархе мухолифони мусаллаҳи худ дар мисоли нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам кард. Сарпарасти Вазири корҳои хориҷии Толибон дар Кобул билофосила ин иттиҳомотро рад карда, гуфта буд, “Покистон бояд барфи болои бомашро ба хонаи ҳамсоя наандозад.”

Ахиран мақомоти покистонӣ бори дигар дар идомаи иддаоҳои худ фаротар рафта Афғонистонро ба он муттаҳам карданд, ки он мизбони наздик беш аз шаш ҳазор нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) аст. Нерӯҳои Таҳрики Толибон бархе амалиёти худро аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон анҷом медиҳанд. Аммо сухангӯи Толибон гуфта, ки Покистон ҳеч санади муҳкаме барои ин иддаоҳояш надорад.

Аз сӯи дигар, замоне ки ихтилофоти сиёсӣ ва дипломатӣ байни Кобул ва Исломобод авҷ гирифта, Покистон тасмим гирифта, ки беш аз 1.7 миллион нафар муҳоҷирони афғонистонии бидуни санади иқоматро аз ин кишвар ихроҷ кунад. Аммо дар байни онҳое, ки то ҳол ихроҷ шудаанд, касоне ҳам вуҷуд доранд, ки мегӯянд, чор даҳа боз дар Покистон бо доштани санади иқомат зиндагӣ кардаанд.

Дар байни онҳое, ки ба ихроҷ таҳдид шудаанд, ҳазорҳо нафар аз нерӯҳои низомии ҳукумати пешини Афғонистон низ ҳузур доранд. Ба хотири эҳтимоли зери хатар қарор гирифтани ин низомиёни ҳукумати пешин бархе мухолифони Толибонро дар хориҷ нороҳат кардааст.

Гуфта мешавад, ин танишҳои лафзӣ замоне шиддат гирифта, ки чанд рӯз қабл Намояндаи вежаи Покистон барои Афғонистон Осиф Дурронӣ гуфта буд, “сулҳ дар Афғонистон ба як кобусе барои Покистон табдил шудааст.”

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам дар посух ба Дурронӣ гуфт, Иморати исломии Афғонистон масъулияти ҷилавгирӣ аз чолишҳои амниятии дохили Покистонро надорад. Онон бояд масоили дохилии хешро худашон ҳал кунанд ва маломати нокомиҳои худашонро ба Афғонистон роҷеъ насозанд.”

Ихроҷи як оилаи лӯлиҳои тоҷикистонӣ аз Русия

0

Мақомоти рус як зани 32-солаи лӯлии Тоҷикистонро аз шаҳри Новосибирск барои рафтори “беодабона”-и кӯдаконаш ихроҷ карданд.

Сабаби ихроҷи ин зан шикояти як муаллимаи рус аз болои ду фарзанди ӯ будааст. Ин муаллима, ки расонаҳо аз ӯ Мария ном мебаранд, чунин навиштаст: “Дар назди дӯконҳои сихкабобпазӣ дар кӯчаи Хилокская ду кӯдаки бепарастор, ки ба назар мерасид, аз қавми лӯлӣ буданд, талбандагӣ мекарданд. Онҳо ба тарафи ман санг партофта, маро масхара карданд, ба рӯям хандиданд ва дар умум хеле пархошҷӯёна рафтор карданд”.

Пас аз шикояти ин муаллимаи рус, додситонии шаҳри Новосибирск тафтишотро оғоз намуда, муайян кардааст, ки ин кӯдакон аз Осиёи Миёна буда, падарашон дар кишвавраш будаст ва писарчаи 12-сола ва духтарчаи 7-соларо модарашон ба Новосибирск овардааст.

Бино ба иттилои сомонаи “Вести Новосибирск”, ин зан будубоши худро дар ҳудуди Русия қонунӣ карда будааст, аммо фарзандонашро дар ягон ҷо ҳатто сабти ном накардааст. 

Гуфта мешавад, ин зан аз ҳисоби фаррошӣ ё ҷудо кардани меваву сабзовот дар бозори Хилокский рӯзи худро пеш мебурдааст, аммо кӯдаконро ба ҳоли худ бесаробон гузошта, онҳо дар бозор ба талбандагӣ машғул будаанд.

Гуфта мешавад, ин зани 32-сола қаблан барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ду маротиба ва барои иҷро накардани масъулияташ дар тарбияи фарзандон се маротиба ҷарима шудааст.

Ин нахустин ҳолати ихроҷи як оилаи муҳоҷир аз вилояти Новосибирск ба далели “беадабии фарзандон” мебошад. Мақомоти Русия, дар пайи шикоятҳои сокинони маҳаллӣ танҳо аз ноҳияи Ленини шаҳри Новосибирск 277 муҳоҷирро, ки аксарашон дар бозори Хилокский кор мекарданд, ихроҷ кардаанд.

Боздошти чанд тоҷик дар Лаҳистон

0

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон як марди 48-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи ғайриқонунии муҳоҷирон ба Аврупо боздошт кард.

Мақомоти марзбонии Лаҳистон навори боздошти ин шаҳрвнади Тоҷикистон ва чанд шаҳрванди Украинаро рӯзи 9-уми ноябр нашр кард, аммо дар бораи ному насаб ва ҳувияти боздоштшудаҳо чизе гуфта нашудааст.

Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии ин кишвар навишта, ки афсарони шуъбаи Подласкии Нерӯҳои марзбонӣ рӯзҳои 6, 7 ва 8-уми ноябри соли 2023 амалиёти махсусеро анҷом доданд, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди хориҷӣ дар вилоятҳои Мазоветски ва Поморски боздошт шуданд.

Рӯзи душанбе дар шаҳри Гданск аз ҷониби кормандони Раёсати фаврӣ-тафтишотӣ як шаҳрванди 46-солаи Украина боздошт шуд. Як шаҳрванди Тоҷикистон (48-сола) рӯзи сешанбе дар Варшава аз ҷониби афсарони Нерӯҳои марзбонии Августова боздошт шуд. Рӯзи чаҳоршанбе як шаҳрванди 31-солаи Украинаро дар вилояти Мазоветски кормандони посгоҳи марзии Черемша боздошт карданд.”, омадааст дар иттилоияи Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон.

Ҳамчунин мақомоти ин кишвар мегӯянд, ин шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда, бар хилофи муқаррарот ва қавонини ҷории кишвар “ба ташкили убури ғайриқонунии марзи давлатӣ машғул буда, ба қочоқи ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешаванд.”

Ин дар ҳолест, ки Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон рӯзи 26-уми сентябри соли 2023 низ хабар дода буд, ки дар рафти як амалиёти махсус бар зидди қочоқбарони марзӣ 3 шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони ташкили убури ғайриқонунии марз дар ин кишвар боздошт кардааст.

Як моҳ пас аз ин амалиёт, рӯзи 26-уми октябри соли 2023 Нерӯҳои марзбонии ин кишвар боз аз боздошти 2 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ба ҷурми ташкили қочоқи одам аз марзи Белорус ба кишвари Лаҳистон ва аз онҷо ба дигар кишварҳои аврупоӣ муттаҳам мешаванд, хабар дод.

Гуфта мешавад, дар ин амалиёт 6 нафар хориҷиёни муқими Лаҳистон, ки 2 нафарашон тоҷикистонӣ будаанд, мехостаанд шаҳрвандони хориҷӣ аз Эритрея, Яман, Сурия, Арманистон, Ҳиндустон, Сомалӣ ва Афғонистонро ба дигар кишварҳои Аврупо бар ивази маблағҳои зиёд интиқол бидиҳанд, боздошт шуданд.

Аз хабарҳои нашршудаи мақомоти Лаҳистон фаҳмида мешавад, ки дар давоми камтар аз ду моҳ 6 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи одамон аз марз боздошт шудаанд. Аммо то ҳол назари худи боздоштшудаҳо ва ё наздикону вакилони дифоашон расонаӣ нашудааст.

Мақомоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ дар марзи Лаҳистону Беларус 480 нафар ёвар ва созмондиҳандагони убури ғайриқонунии марз боздошт шудаанд. Мусофикашоне, ки аксар вақт мусофирони худро аз марзи Лаҳистон гирифта, ба Олмон мебаранд.

Гуфта мешавад, ин нафарони боздоштшуда, бо иттиҳоми мусоидат дар ташкили убури ғайриқонунии марзи давлатӣ айбдор мешаванд. Илова бар ин, нисбати онҳо парвандаи маъмурӣ барои қабули қарорҳо оид ба баргардонидани онҳо ба кишвари аслии худ оғоз карда мешавад.

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар моҳи ноябр ба Суғд меравад?

0

Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҷлил аз 31-солагии ҳукуматаш дар Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми ноябри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳре, ки се даҳа пеш алайҳи Ҳукумати муросои миллӣ инқилоб карда, сари қудрат расида буд, рафт.

Дар чанд соли ахир муд шудааст, ки бархе сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғдро маҳз дар моҳҳои ноябр танзим мекунанд ва ба ин васила ҳар дафъа аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки барои сарнагун кардани Ҳукумати Муросои Миллӣ ташкил шуда буд, бо тантана ёд мекунанд.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон аз 16-уми ноябр то 2-уми декбари соли 1992 дар Қасри маданияти “Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар ҳамин иҷлосия президенти вақт Раҳмон Набиевро маҷбур карданд, ки аз симати худ истеъфо диҳад.

Ҳукумати муросои миллӣ, ки 14-уми майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ташкил гардида буд, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Хуҷанд тавассути ҷонибдорони “Фронти халқӣ” барҳам дода шуд.

Дар яке аз қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон таъкид гардида буд, ки “ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад.” 

Эмомалӣ Рамҳонро дар ҳамин иҷлосия раиси Шӯрои олии Тоҷикистон таъин карданд. Вай пас аз он ки иҷлосия тамом шуд, қарор буд ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон биояд, аммо ӯ мустақим ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон рафт ва сипас болои тонкҳои Узбекистон аз тариқи шаҳри Турсунзода (собиқ Регар) ба Душанбе ҳуҷум карда омада буд.

Гуфта мешавад, рӯзномаи кории ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба сурати расмӣ ба расонаҳо эълон нашудааст, вале тибқи баъзе хабарҳои таъйиднашуда, ин сафар зиёда аз 4 рӯз дар ин вилоят давом хоҳад кард.

Шаҳрдории Хуҷанд ҳам дар ҳамонҳангӣ бо раиси вилоят барои пазироӣ аз Эмомалӣ Раҳмон наздик ба 1000 нафар аз донишомӯзону донишҷӯдухатронро беш аз як моҳ аз дарсҳо маҳрум карда, имрӯз ба истиқболи ӯ фиристодааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди пазироӣ дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, чанд мактабу кӯдакистон ва иншоотеро ҳам он ҷо мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Парчамҳои нимаафрохтаи СММ

0

Бино ба иттилои расонаҳо, Созмони Милали Муттаҳид ба ниҳодҳои зертобеи худ дар дунё дастур дода, ки ба поси эҳтиром беш аз 100 кормандаш, ки дар тӯли камтар аз 40 рӯзи ахир дар Ғазза кушта шудаанд, парчамҳои ин ниҳодро нимаафрохта кунанд.

Пеш аз ин Антониу Гуттериш гуфта буд, ки “ҳамлаи 7-уми ноябри Ҳамос ба минтақаи ғилофи Ғазза ҳеч тавҷиҳе надорад”. Сомзони Милали дар тӯли ин ҷанг 101 нафар аз кормандони худро аз даст додааст.

Гузоришҳо дар бораи нимаафрохтани парчами Созмони Милал дар бархе аз кишварҳои дунё дар ҳоле расонаӣ мешаванд, ки хабаргузории расмии Туркия (TRT) аз мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтани мақарри Сомзмони Милали Муттаҳид дар Ғазза гузориш додааст.

Гуфта мешавад, тибқи ин гузоришҳо, имрӯз садҳо нафар аз кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳрҳои Кобулу Пекин, дар Бонкуну Токио ба поси эҳтироми ҳамкорони кушташудаашон дар навори Ғазза як дақиқаи сукутро иҷро карданд. Дар шаҳри Душанбе низ даҳҳо нафар аз кормандони СММ ба поси эҳтироми ҳамкорони кушташудаи худ як дақиқаи сукутро ба ҷо оварданд.

Мувофиқи омори Вазорати тандурустии Фаластин, аз замони ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза беш аз 11 ҳазор нафар кушта шудааст, ки ҳудуди 70 дарсади онҳоро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд ва ба қавли Сомзони Милали Муттаҳид, ба ҳисоби миёна ҳар 10 дақиқа дар ин ҷанг як кӯдаки фаластинӣ кушта мешавад. Теъдоди фаластиниҳои кушташуда дар Каронаи Бохтарӣ ҳам аз марзи 180 нафар гузаштааст. Аз сӯи дигар, мақомоти исроилӣ теъдоди кушташудаҳои худро тибқи бархе оморҳои гузоришшуда, аз замони оғози ҷанг то ҳол ҳудуди 2000 нафар гуфтаанд, оморест, ки таҳқиқи дурустии он аз тариқи дигар манбаъҳо барои расонаҳо душвор аст.