26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 253

Бузургмеҳр Ёровро боз ба утоқи ҷаримавӣ интиқол доданд

0

Мақомоти зиндонҳо дар Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқ ва зиндонии сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёровро боз барои 15 рӯз равонаи утоқи ҷаримавӣ (карцер) кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бунёди “Бузургмеҳр”, ин ҳомии ҳуқуқро барои сари вақт ва дуруст баён накардани эҳтиром ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.

Бунёди “Бузургмеҳр” менависад, ки “Мақомоти Тоҷикистон фишор ба зиндониёни сиёсиро идома медиҳанд. Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Президенти Тоҷикистон, Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқ бори дигар ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда шуд. Сабаби муҷозот, сари вақт ва дуруст баён накардани эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳур ва раҳбари кишвар будааст”.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Ёров, раиси Бунёд ва бародари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Президент мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд. Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ кормандони зиндони нави шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёровро барои ширкат накардан дар ҳозир-ғоиб (перекличка) ба утоқи ҷаримавӣ андохта буданд.

Он замон Ҷамшед Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки вақте бародараш Бузургмеҳр Ёров дар китобхонаи маҳбас будааст, “дарро касе қасдан қулф мекунад, аз ҳамин хотир ӯ наметавонад, ки аз он ҷо берун шавад ва дар “перекличка”-и маҳбусон ширкат кунад”. Кормандони зиндон инро баҳона карда, Бузургмеҳр Ёровро барои 10 рӯз ба ШИЗО интиқол доданд.

Ҷамшед Ёров сабаби интиқоли бародашро ба ШИЗО ба фаъолиятҳои Бундёди “Бузургмеҳр” ва иштироки аъзои он дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА рабт дода гуфта буд, ки кормандони зиндон қасдан ӯро дар китобхоҳа маҳкам карда, баъдан барои набудан дар ҳозир-ғоиби маҳбусон ҷазо додаанд.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

5 сол зиндон шудани додраси додгоҳ барои гирифтани $800

0

Собиқ додраси Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои гирифтани 800 доллар ришва равонаи зиндон шуд.

Раҳмиддин Раҳимзода, ки моҳи майи соли ҷорӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон “2барои содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Сино барканор шуда буд, барои панҷ сол равонаи зиндон шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳукмии Раҳимзода миёнаи ҳафтаи гузашта аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон шуда, ӯро ба гирифтани $800 ришва гунаҳкор донистаанд.

Ҷузъиёти бештари ин ҳукм дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест, ки Раҳимзода ин миқдор маблағро кай ва аз кӣ гирифтааст.

Назари худи собиқ додрас ва наздиконаш низ маълум нест.

Пештар аз Раҳимзода, рӯзи 11-уми ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳомидҷон Муҳаммадзода, собиқ раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷандро ҳамроҳи як зердасташ бо номи Рустам Муҳаммадсаидзода бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми 2500 доллар гунаҳкор дониста, барои 2 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳамчунин маълум нест, ки чаро ва бо кадом далоил раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 2500 доллар ба 2 соли зиндон маҳкум шуд, вале собиқ додрас Раҳимзодаро бо гирифтани 800 доллар барои 5 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Гуфта мешавад, додрасҳоро дар кишвар раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъйин ва барканор мекунад.

Дар Душанбе ду эстакадаи дигар сохта мешавад

0

Дар Душанбе боз ду эстакадаи нав дар хиёбони Саъдӣ Шерозии назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон сохта шавад, вале кай кори он расман оғоз мешавад, маълум нест.

Акс аз Интернет

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе хабар дод, ки баррасии ин лоиҳа оғоз шудааст, вале “масъалаҳои муайян кардани манбаъҳои маблағузории он идома доранд.

Гуфта мешавад, эстакадаи мазкур бо ҳадаф бартараф кардани “танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт” бунёд мешавад.

Ба иттилои манбаъ, “бунёди эстакадаи сесатҳа дар хиёбони Саъдӣ Шерозии назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шуда, дар доираи он навсозии роҳҳо аз буриши хиёбони С. Шерозӣ то буриши кӯчаи Қаҳҳоров дар назар аст.”

Дар пойтахти Тоҷикистон то имрӯз ду роҳи сетабақа вуҷуд дорад. Ба иттилои манбаъ, муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов гуфта, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2025 дар пойтахт 20 адад чорроҳаҳои сетабақа дар пойтахт сохта мешавад.

Иттиҳоди Аврупо 29 млн. евро ба Тоҷикистон кумак карданист

0

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ду созишномаеро баррасӣ карданд, ки тибқи онҳо Тоҷикистон 29 миллион евро кукам дарёфт хоҳад кард.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар“, имрӯз, 18-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва оби Тоҷикистон ҳамроҳ бо муовини директори генералии Мудирияти генералии шарикии байналмилалӣ (DGINTPA) Мариета Ягер мулоқот карданд.

Ба қавли манбаъ, дар ин дидор Далер Ҷумъа бо Мариета Ягер бандҳои ду созишномаеро дар соҳаи энергетика ва об мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин хабар таъкид мешавад, ки “ин созишномаҳо на фақат аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ доранд. Дар доираи ин созишномаҳо Тоҷикистон ҳамкорӣ бо дигар кишварҳоро низ рушд медиҳад.”

Гуфта мешавад: “Созишномаи якум ба кумаки техникӣ равона гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ислоҳоти соҳаи энергетикаро мегузаронад. Маблағи кумаки техникӣ 15 млн евроро дар бар мегирад. Созишномаи дуюм ба соҳаи об нигаронида шудааст, ки маблағи он 14 млн евроро ташкил медиҳад”.

Баргузории Конфронси робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ

0

Иттиҳоди Аврупов мехоҳад сармоягузорӣ дар бахши рушди иқтисоди сабз ва ба хусус энергетикаро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳад.

Бино ба иттилои расонаҳои узбекистонӣ, имрӯз, 18-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд Конфронси робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зери унвони “Gateway Global” баргузор шуд.

Дар кори ин конфрос вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳайатҳои ҳамроҳонашон ва раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар раъси як ҳайат иштирок карда, дар бораи рушди ҳамкориҳо вобаста ба пайвасти рақамӣ, ҳамлу нақл ва пайвасти энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ каданд.

Гуфта мешавад, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ин шабу рӯз бо буҳрони энергетикӣ дасту панҷа нарм мекунад ва ба хусус Тоҷикистону Узбекистон бо камбуди тавлид ва кӯтоҳӣ дар тақсими нерӯи барқ ба сокинони худ мебошанд, Иттиҳоди Аврупо мехоҳад бархе ниҳодҳои байналмилалии молиявиро барои сармоягузорӣ кардан дар ин бахш дар минтақа ҳавасманд кунад.

18 ноябр, HRVP Borrell ҳамзамон конфронси пайвастани Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Gateway Global хоҳад буд. Конфронс се мавзӯъро баррасӣ мекунад: пайвасти рақамӣ, алоқаи нақлиётӣ ва пайвасти энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо. Дар ин замина, Иттиҳодияи Аврупо дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ дар минтақа ҳадаф қарор хоҳад дод. HRVP изҳороти ифтитоҳро дар соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ (06:00 CET) медиҳад.

Қодиров: Ақибнишинии нерӯҳои Русия аз Херсон қарори дуруст буд

0

Рамазон Қодиров, расиҷумҳури Чеченистон дар як изҳороташ гуфт, ақибнишинии нерӯҳои Русия аз Херсон ва канори рости дарёи Днепр қарори дуруст буд.

Раисҷумҳури Чеченистон дар як паёми телеграмие аз қарори Сергей Суровикин, фармондеҳи кулли артиши Русия дар Украина ҷонибдорӣ карда мегӯяд, ки ин фармондеҳи рус қарори дурустро саривақтӣ қабул кард ва ҷони ҳазорҳо сарбозро наҷот дод.

Қодиров мегӯяд: “Генерал Суровикин байни қурбонӣ доданҳои беасос ба хотири эълоноти дурӯғин ва наҷоти ҷони бебаҳои сарбозон интихоби душвор, вале дурустеро қабул кард.”

Қодиров мегӯяд, барои Русия Херсон шаҳри муҳим ва стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз он сарфи назар намекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин минтақа минтақаи душвор буда, дар он таъмини устувор ва мунтазами лавозими ҷангӣ ва ташкили ақибгоҳи пурқуввати артиш имконнопазир аст. Вале, ӯ бо таассуф мегӯяд, ки “чаро ин қарор аз рӯзҳои аввали “амалиёти махсус” гирифта нашуд?”

Раисҷумҳури Чеченистон дар ҳоле аз пуштибонии худ аз қарори ақибнишинии Русия дар Херсон мегӯяд, ки худи ӯ борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегфт, Украинаро ба куллӣ забт хоҳанд кард ва “як қадам ба қафо” намегарданд.

Рамазон Қодиров яке аз ҷонибдорони сарсахти Путин ба шуомр рафта, аз шуруи ҷанги Русия бо Украина нерӯҳои низомияшро ба хоки ин кишвар ворид карда буд.

Самарқанд: Мулоқоти Ҷозеп Боррел бо Сироҷиддин Муҳридин

0

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанди Узбекистон мулоқот мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон, қарор аст имрӯз, 18-уми ноябри соли 2022 раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Самарқанд бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Ин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи нишасти Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ҳар чанд рӯзномаи нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бештар рӯи масоили вобаста ба амният, иқтисод, тиҷорат, ҳамлу нақл ва рушди иқтисоди сабз баҳс мекунад.

Аммо пеш аз баргузории он бархе созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз Ҷозеп Боррел хоста буданд, ки дар мулоқот бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон масоили вобаста ба нақзи ҳуқуқи башар, боздошту шиканҷа ва зиндонӣ кардани эътирозгарон, журналистон ва блогеронро ҳам ба миён гузорад.

Ширкати “IRS” аз баста шудани роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод

0

Ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS), ки нигоҳдории роиҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, субҳи 17-уми ноябр хабар, ки ба сабаби фаромадани тарма дар роҳ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Ин ширкат субҳи имрӯз хабар дода буд, ки бо сабаби бориши барф зиёд ва фаромадани тармаи бузургҳаҷм дар километри 159 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ “бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, барои гузариши “Фура” ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдудият ҷорӣ гардидааст.”

Аммо ин ширкат барои ҳаракати дигар намуди мошинҳо, аз ҷумла мошинҳои сабукрав маҳдудияти ҷорӣ нагардид.

Аммо баъдар бо навиштае дар Фейсбук масъулони ширкати мазкур иттилоъ доданд, ки “ҳоло роҳ кушода буда, маҳдудияте, ки барои “Фура” ва автомобилҳои боркаши ядакдор муваққатан ҷорӣ гардида буд, аз байн бардошта шуд.”

Ёдовар мешавем, ки ширкати (IRS), ки гуфта мешавад, ба яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, аз соли 2010 масъулияти нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқро бар уҳда дорад. Ва ҳамасола дар ин роҳи кӯҳӣ ва хатарнок чандин мошин, аз ҷумла мошинҳои боркаш аз баландӣ ба умқи то 300 метр сарозер мешаванд. Вале то ҳанӯз роҳ комилан бехатар нашудааст.

Вокуниши Кабирӣ ба изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон

0

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва ҳамзамон раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмон, ки ҲНИТ-ро сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ хонд, гуфт, ки ӯ ҳодисаҳоро яктарафа баҳо дода, иттиҳоми сохтаро дар зеҳни ҷомеа ҷо мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр дар тамос бо Azda tv иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмонро, ки дирӯз ҲНИТ-ро сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ хонд, рад карда афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон аз худи Раҳмон шуруъ карда, то дастгоҳи таблиғотии он ва инчунин ба ном баъзе коршиносон ё мухолифини мухолифин ҳама якҷоя талош доранд, ки ин иттиҳоми сохтаро дар зеҳни ҷомеа ҷо кунанд.

Аммо, ӯ мегӯяд, ҳанӯз ҳам ҳастанд шоҳидони зиндае, ки ҳодисаҳои 30 соли пеши Тоҷикистонро аз наздик ё дур пайгирӣ мекардаанд, онҳо сабабҳои аслии он ҳодисаҳоро хуб медонанд, ки он “як табаддулоти низомӣ буд аз тарафи қудратҳои минтақа барои он ки дар Тоҷикистон як давлати воқеан ҳам миллӣ ва мустақил шакл нагирад. Миллати тоҷик табдил ба як миллати пешрафта ва миллати мустақил шавад, ки мутаассифона, имрӯз баъд аз 30 сол ҳам мо мебинем, ки он касоне, ки дунболи ин ҳадаф буданд, ба ҳадафашон расида истодаанд. Яъне ҳанӯз ҳам Тоҷикистон қашоқтарин давлати минтақа, дорои як низоми худкомаи фасодзада аст ва миллат ҳам пароканда ва заиф, нисфаш муҳоҷир ва нисфаш дар ҳолати хафақон қарор дорад.”

Ӯ гуфт, ҳамеша ҳамаи айбро бар дӯши ҲНИТ бор кардану худи раҳбарияти Тоҷикистон ва дигар масъулинро бегуноҳ донистан, “ин як навъ масъулиятро аз дӯши худ соқит кардан аст.

Кабирӣ аз он нафароне, ки аз воқеиятҳои 30 соли пеш ба хубӣ огоҳанд, хост, ки “бояд тамоми талошро кунанд, ки ҷомеа аз асли кор бохабар бошад ва иҷозат надиҳанд, ки як гурӯҳ битавонад ривояти худро болои зеҳни ҷомеа таҳмил кунанд.”

Раҳбари ҲНИТ бо ишора ба мақомоти Тоҷикистон гуфт, “Мутаассифона, то имрӯз эҳсос мешавад, ки онҳо яктарафа ва бо истифода аз он ки тамоми васоити таблиғотӣ дар ихтиёрашон аст ва аз тарафи дигар нерӯҳои мутсақил, нерӯҳои мухолиф ва коршиносони мустақил дасткӯтоҳ ҳастанд ва марказҳои имлӣ ва таҳлилӣ вуҷуд надорад, бо истифода аз ин вазъият талош мекунанд ҳодисаҳоро яктарафа баҳо бидиҳанд.

Илон Маск ба Twitter пардохту саҳмияи “Tesla” поин рафт

0

Пас аз харидорӣ шудани Твиттер аз ҷониби Илон Маск саҳмияи Тесла 3% поён рафтааст, ки ин кор саҳҳомони ширкати худравсозро нигарон кардааст.

Илон Маск, молики нави шабакаи иҷтимоии Твиттер рӯзи чоршанбе гуфт, ки талош дорад вақти худро дар он кам кунад ва барои мудирияти ин ширкат раҳбари наве пайдо кунад.

Гуфта мешавад, пас аз он ки Элон Маск Твиттерро харидорӣ кард, бештари вақти худро дар ин ширкат масраф мекунад, ки ин боис шуда, саҳмияи “Tesla” 3% поин биривад. Саҳҳомони ин ширкат аз он ки Маск вақти бештари худро дар Твиттер масраф мекунад, нигаронанд.

Ин дар ҳолест, ки Илон Маск пас аз хариди ин ширкат аксари мудирони собиқи он ва инчунин шумори зиёди кормандонашро барканор кард. Ва ҳоло барои он мудири нав меҷӯяд, то битавонад ба кори “Tesla” расидагӣ кунад.

Пас аз моҳҳо баҳсу муноқишаҳо бо моликони пешини Твиттер, Илон Маск охири моҳи октябр хабар дод, ки ин шабакаи иҷтимоиро харидааст.