13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 257

Боздошти 46 нафар бо гумони даст доштан дар таркиши Истанбул

0

Вазорати корҳои дохилии Туркия субҳи рӯзи душанбе аз боздошти 46 нафар бо гумони даст доштан дар таркиши дирӯза дар Истанбул хабар дод.

Мақомоти Туркия субҳи рӯзи душанбе хабар дод, ки як занеро бо номи Аҳлом Ал-Башир бо иттиҳоми гумонбари аслии ҳодисаи таркиш дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул боздошт карда, аз паси ӯ 46 нафари дигарро низ боздошт гардидааст. Гуфта мешавад, ин зани боздоштшуда дар ҷосозӣ кардани маводи мунфаҷира дар кӯчаи Истиқлол, ки макони сайёҳӣ ва серодам аст, даст дорад.

Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу гуфт, “тафтишҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки шибҳи низомиёни курд дар ин кор даст доранд”.

Дар ҳамин ҳол

Гумонбар дар таркиши Истанбул

Вазорати корҳои дохилаи Туркия мегӯяд, гумонбар нафарест, ки назди нерӯҳои силоҳбадасти Ҳизби коргари Курдистон маъруф ба (PKK) тамрин дида ва фармонро мутсақим аз Айн-ул-Араби Сурия мегирифтааст.

Ҳамчунин расонаҳои туркӣ хабар медиҳанд, ки ҳамроҳи ин зан 46 нафари дигарро низ бо гумони ҳамкорӣ ва даст доштан дар ин таркиш боздошт кардаанд ва ҳоло тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми ноябр дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул, макони сайёҳӣ ва серодаме бо номи Тақсим таркиш ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа 6 нафар кушта ва 81 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳолати 2 нафар аз маҷруҳон “хатарнок” гуфта мешавад.

Дар пайи ин ҳамлаи террористӣ аксари кишварҳои дунё бо ирсоли паёми таслият ва ҳамдардӣ ба раисҷумҳури Турикя Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин амалро маҳкум карданд.

Зеленский: Нерӯҳои вежаи мо вориди Херсон шуданд.

0

Нерӯҳои низомии Украина имрӯз ҷумъа, 11-уми ноябр пас аз ақибнишинии нерӯҳои Русия вориди Херсон шуданд. Владимир Зеленский дар як суханронияш имрӯз гуфт, “мо ин минтақаро пурра бармегардонем.”

Акс аз Интернет

Ин минтақаи ҷанубии Украина дар аввали даргирҳо ба дасти нерӯҳои Русия суқут карда буд, аммо имрӯз қисман дигарбора ба дасти нерӯҳои украинӣ баргашт.

Зеленский дар суханронии имрӯзааш таъкид кард, ки Украина ҳама минтақаҳои аз дастрафтаашро бармегардонад. “Ҳатто шаҳр аз ҳузури душманон комилан пок нагардида  буд, ки худи сокинони Херсон аллакай рамзҳои Русия ва ҳама гуна осори ишғолгарон дар ин шаҳрро аз кӯчаву биноҳо дур карданд”, – гуфт Зеленский.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуда, ки дида мешавад, мардум аз вуруди низомиёни Украина ба ин минтақа ба гармӣ истиқбол мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Кремлин эълон кард, ки бо вуҷуди ақибнишинии артиши Русия ин минтақа ҳамоно “хоки Русия боқӣ мемонад”. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи ҷумъа баён дошт, ки Русия аз ин амалаш “пушаймон нест” ва дар масъалаи ҳамапурсии моҳи сентябр “ҳеч тағйире сурат нахоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ Русия бо гузарондани ҳамапурсӣ чор минтақаи Украина, аз ҷумла Херсонро шомили хоки худ карда буд, ки онро Киев ва кишварҳои ғарбӣ напазируфтанд.

Пас аз гузарондани ҳамапурсӣ барои ҳамроҳ кардани Херсон ба хоки Русия, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ таъкид карда буданд, ки ба Киев кумак хоҳанд кард, то минтақаҳои аз дастрафтаашро дигарбора озод кунад.

Сергей Хлан: Вазъ дар Херсон ба шиддат нигаронкунанда аст

0

Ба гузориши расонаҳои украинӣ, вазъияти башарӣ дар Херсон ба шиддат нигаронкунанда мебошад. Мардум на барқ доранд ва на обу ноне барои хӯрдан.

Рӯзи ҷумъа, 11-уми ноябр вакили Шӯрои вилоятии Херсон Сергей Хлан дар ҳузури хабарнигорон дар Киев гуфт: “Вазъи нону хӯрок хеле мушкил аст, сӯзишворӣ нест, қариб як ҳафта аст, ки барқ ​​нест. Корхонаи нонпазӣ, ки дар Херсон кор мекард, аз кор мондааст, зеро барои кор ба нерӯи барқ ​​ниёз дорад. Вазъияти башардӯстона воқеан душвор аст.”

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар ин шаҳр “интернети мобилӣ пайдо мешавад, аммо он чунон заиф аст, ки танҳо паём фиристода мешавад, на бештар.”

Гуфта мешавад, шаби гузашта нерӯҳои Русия пас аз ақибнишинии нерӯҳояш аз ҷониби рости дарёи Днепр пули Антонов ва нерӯгоҳи обӣ барқии “Каховска”-ро тарконданд. Ба иттилои расонаҳо, қабл аз ин ҳам аксари зерсохторҳои барқӣ дар ин шаҳр аз ҷониби нерӯҳои Русия хароб карда шуда буданд, вале бо хароб кардани нерӯгоҳи мазкур мардуми зиёде бебарқу об мондаанд.

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 81,4% иҷро шудааст

0

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш то имрӯз, 11-уми ноябр 81,4 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Avestа.tj дар истинод ба сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фариддун Маҳмадализода хабар дод.

Ба гуфтаи Маҳмадализода нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар вилояти Суғд 70%, дар вилояти Хатлон 79%, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ 93% ва дар шаҳри Душанбе 95% иҷро шудааст.

Гуфта мешавад комиссариатҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар рӯзҳои аввали даъват ба хидмати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавононе, ки солҳои таваллудашон 1995-2004 мебошад, ба артиш бурда мешаванд.  

Пештар сухангӯи Вазорати дифоъ аз зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва дар сари вақт иҷро шудани нақшаи даъват гуфта, онро ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт дода буд. Аммо хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои Маҳмадализодаро нишон дода, гуфта мешавад, ки сафи ҷавононе, ки ба артиш мераванд, кам шуда истодааст. Ҳатто мақомот маҷбур шудаанд барқро дар баъзе деҳаҳо қатъ кунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб кардаанд.

Инчунин, Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар мавсими тирамоҳии имсол 124 нафар аз фарзандони мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуданд. Аммо миёни онҳо фарзандони мансабдорони калидӣ, ба монанди вазирону вакилон дар шаҳри Душанбе, ҳатто хешу табори онҳо вуҷуд надорад.

Шароити адои хидмат дар артиши Тоҷикистон хеле бад арзёбӣ мешавад. Яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон ин бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани ҷавонон бар асари лату кӯб дар қимсҳои низомии кишвар гуфта мешавад.

Солҳост, ки мақомоти Тоҷикистон барои пур кардани сафи артиши кишвар аз усули “облава” ё ҳамон сарбозшикор истифода намуда, ҷавононро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо ва баъзе нафарони бемору маъюбро низ боздошт карда, зӯран ба артиш мебаранд.

Тоҷикистон имсол маҳсулоти нафтиро бештар ворид кард

0

Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24,3% бештар маҳсулоти нафтӣ ворид карда, ки арзиши умумии онҳо наздик ба 500 миллон доллар мерасад.

Avesta.tj дар истинод ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба кишвар беш аз 558,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 485,6 миллион доллар ворид шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,3% бештар ворид ва аз рӯи арзиш 1,7 баробар афзудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, дар ин муддат дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 19,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол шудааст.

“Avesta” менависад, ки дар давоми 9 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 7,4 миллиард сомонӣ (беш аз $749 млн) маҳсулоти нафтӣ фурӯхта шудааст.

Тоҷикистон бештар маҳсулоти нафтиро, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон беш аз 20 воридкунандаи сӯзишворӣ сабти ном шудааст. Яке аз воридкунандаҳои асосӣ ширкати “Газпроми Тоҷикистон”-у ширкатҳои фаръии он бо номҳои мухталиф сабти ном шудаанд ва воридкунанда ва фурӯшандаи аслии дигари сӯзишворӣ дар кишвар ширкати “Фароз” мебошад, ки ба Шамсулло Соҳибов домоди Эмомамалӣ Раҳмонов тааллуқ дорад.

Бо вуҷуди зиёд ворид гаштани маҳсулоти сӯзишвории нафтӣ, он ҳамоно гаронтар аз қабл боқӣ монд ва сол то сол нархи ин навъи маҳсулоти муҳим боло меравад.

Коршиносон сабаби аслии гароншавии нархи сӯзишвориро дар инҳисор шудани ин бозор аз ҷониби шахсони наздик ба шахси аввали кишвар ва аз хориҷ ворид шудани он рабт медиҳанд.

Оғози нишасти кишварҳои туркзабон дар Самарқанд

0

Субҳи имрӯз дар шаҳри Самарқанди бостонӣ нишасти навбатии сарони Созмони кишварҳои туркзабон ба кори худ оғоз кард.

10-уми ноябри соли 2022 Президенти Узбекистон бо нашри чанд акс тариқи саҳфаи фейсбукиаш хабар дод, ки сарони кишварҳои Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистонро пазироӣ мекунад.

Имрӯз дар расми ифтитоҳои ин нишаст Шавкат Мирзиёев, Президети Узбекистон ба унвони раиси давраии Созмони кишварҳои туркзабон Раҷаб Тайиб Урдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раиси Шӯрои мардумии Шӯрои миллии Туркманистонро бо нишони олитарин нишони ҷаҳони турк сарфароз кард ва инчунин нависандаи машҳури Қирғизистон Чингиз Айтматовро ҳам ба нишони Алишер Навоӣ қадрдонӣ карда, онро ба дасти Содир Ҷабборов, Президенти Қирғизистон супорид.

Гуфта мешавад, Созмони кишварҳои туркӣ як созмони минтақавиест, ки соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои тукрзабон таъсис ёфт ва дар ибтидо чор кишвар, Қазоқистону Қирғизистон, Туркия ва Озарбойҷон узви он буданд ва соли 2019 Узбекистон ба он пайваст ва ҳоло кишварҳои Туркманистон ва Маҷористон узви нозири он мебошанд.

Интихоботи машваратчиёни халқии судҳо дар Тоҷикистон

0

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ ба муддати як моҳ интихоботи машваратчиёни судҳо баргузор мешавад.

Дирӯз, 10-уми ноябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон амр кард, ки “интихоботи машваратчиёни халқии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо аз 21 ноябр то 21 декабри соли 2022 гузаронида шавад.”

Дар ин фармон таъкид шудааст: “Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқиро мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.”

Гуфта мешавад, машвартчиёни халқии судҳо дар ҷаласаҳои парвандаҳое ширкат карда метавонанд, ки ба шакли боз баргузор шаванд ва дар ин бора ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов ба “Спутник” гуфтааст: “машваратчиёни халқии судҳо бо назардошти таҷрибаи зиндагӣ, рафтору эътибор ва маҳалли зисти онҳо интихоб мешаванд ва шарт нест, ки онҳо дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ бошанд.”

“Патент”-и Русияро аз Душанбе бигир. Муҳоҷират ба Русия осонтар шуд?

0

Дар шаҳри Душанбе 9-уми ноябри соли ҷорӣ “Маркази сершуғли муҳоҷират”-и Маскав ифтитоҳ ёфт. Ин марказ кори нафаронеро, ки мехоҳанд барои муҳоҷират ба Маскав ва атрофи он сафар кунанд, осон мекунад.

Акс аз сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи ин марказ муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва аз ҷониби Русия намояндагони мақомоти ваколатдор дар соҳаи муҳоҷират ҷонишини раиси ҳукумати Русия Алексей Логвинович Оверчук, Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва дигарон иштирок доштанд.

Ба гузориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Маркази сершуғли муҳоҷират “ба шаҳрвандони мо барои кори муваққат дар шаҳри Москва ва вилояти он мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар қаламрави Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба монанди бақайдгирии муҳоҷирати, бокортаъминшавӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он омода намоянд.

Гуфтанист, шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Маскав ва вилоятҳои он барои кор сафар кунанд, метавонанд баъзе асноди худро пеш аз сафар омода карда, барои гирифтани “Патент” ба ин марказ пешниҳод кунанд ва сипас худи ҳуҷҷати иҷозати кориро аз Маскав аз идораҳои дахлдор рафта мегиранд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё ин марказ ба монанди марказҳо ва фаъолиятҳои дигари байни ҳукуматҳо корро барои муҳоҷирон дар ҳақиқат осон мекунад ва ё як “биснези” байни ҳукуматҳосту муҳоҷир боз ҳам дар азоб?

САҲА ба фаъолияти Агентии зидди фасод “баҳои баланд” дод?

0

Имрӯз, 10-уми ноябри соли ҷорӣ намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо раҳбарияти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мулоқот карданд.

Тавре Агентии зидди фасоди кишвар хабар медиҳад, ин мулоқоти бо ҳузури масъулони Агентӣ ва коршиносони Раёсати мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ ва намояндагони Дафтари ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳити зисти САҲА сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи “ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ” изҳори назар кардаанд.

Ба иддаои Агентӣ, Дафтари ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳити зистии САҲА ба фаъолияти Агентӣ дар самтҳои болозикр баҳои баланд додааст. Инчунин ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкориҳо гуфтаанд.

Агентӣ дар ҳоле аз баҳои баланд додани САҲА ба фаъолияти ин ниҳод мегӯяд, ки тақрибан ҳар ҳафта чандин нафар бо ҷинояти коррупсионӣ дар Тоҷикистон боздошт мешавад. Ва фасоду ришва дар тамоми сохторҳои давлатӣ ба авҷи аълои худ расидааст.

Ва инчунин фаъолиятҳои ин ниҳод дар масъалаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои муқовимат ба коррупсия ва ё ҳамкориҳои он бо қишрҳои дигари ҷоме расонаӣ нашудааст ва маълум нест кай ва дар кадом сатҳ ин чорабинҳо иҷро шудаанд.

Ширкати “Meta” кормандонашро ихтисор мекунад

0

Ширкати “Meta”, молики Фейсбук гуфтааст, аз дирӯз, 9-уми ноябри соли 2022 ба ихтисори бахши зиёди кормандонаш шуруъ кардааст. Ин ширкати бузурги технологӣ то имрӯз 87 ҳазор корманд доштааст.

Ба гузоирши “Wall Street Journal“, Марк Зукербег мудири ширкати “Meta” эълон карда, ки шуруъ рӯзи чоршанбе, 9-уми ноябр бахши зиёди кормандонашро дар бахшҳои гуногуни ин ширкат ихтисор ва баъзе дигарро ба истироҳатӣ дарозмуддат фиристод.

Гуфта мешавад, ба рухсатии дарозмуддат фиристодан шояд ҳазорҳо корманди ин ширкатро дарбар бигирад.

“Wall Street Journal” аз қавли раҳбари захираҳои инсонии “Meta” Лори Голер менависад: “ба кормандоне, ки ҷои кори худро аз даст медиҳанд, ҳадди ақал маоши чаҳормоҳа ва ҳамчунин ҳаққи барканорӣ низ дода мешавад”.

Марк Зукерберг, раҳбари “Meta” дар мавриди иллати ихтисор кардани кормандонаш мегӯяд, таваққуъ ва хушбинии аз ҳад зиёди ӯ дар бораи рушду тараққӣ боиси азоиши шумори кормандон дар ин ширкат шудааст.

“Meta” дар охири моҳи сентябр гузориш дода буд, ки беш аз 87 ҳазор корманд дар ин ширкат кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол гузориш мешавад, ки ширкатҳои бузурги тиҷоратии ҷаҳон, ба монанди “Amazon”, “Aple”, “Tweetter” ва ғайра низ талош доранд вобаста ба вазъияти иқтисодии ҷаҳонӣ сафи кормандонашонро кам кунанд ва ё бахши аъзами онҳоро ба рухсатии дарозмуддат бифиристанд.