18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 267

Раҳбари ҲНИТ боздошт ва зиндонӣ шуд

0

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тунис Рошид Ғанушӣ рӯзи 15-майи соли ҷорӣ пас аз боздошташ бо ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар барои як сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳи ин кишвар раҳбари ҲНИТ-ро ба иттиҳоми “таҳрики мардум алайҳи давлат” айбдор карда, рӯзи душанбе ҳукми зиндони ӯро содир кард.

Вакили дифои ӯ ба расонаҳо гуфт, ки худи Ғанушӣ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо қабул надорад ва онҳоро “сиёсӣ ва ғаразнок” гуфта, бойкот кардааст, ҳатто дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳузур надошт.

Дар ҳамин ҳол ҳизбаш бо нашри изҳороте зиндонӣ шудани Ғануширо маҳкум карда, онро “ҳукми сёсии золимона” хонда, озодии фаврии ӯро талаб кардааст.

Ғанушӣ раҳбари як ҳизби умдаи исломии Тунис то замони боздошт ва зиндонӣ шудан раиси парлумони Тунис буд.

Раҳбари ҲНИТ, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи Тунис ва ҳатто ҷаҳони исломӣ аст, аз ин қабл ду мароитаба низ зиндонӣ шудааст. Ӯ то соли 2011 тақрибан баъд аз 20 соли зиндагӣ дар ҳиҷрат ва пас аз сарнагун шудани ҳукумати Бин Алӣ ба ватанаш бозгашт.

Ғанушӣ соли 2019 дар пайи интихоботи парлумонӣ вориди парлумони Тунис гашт ва то замони бекор кардани парлумон аз ҷониби Президенти ин кишвар Қайс Саъид дар соли 2021 раиси он буд.

Аввалин сафари Раҳмон бо ҳавопаймои $92 миллионӣ

0

Субҳи рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Чин шуд. Ӯ бо ҳавопаймое, ки аз Мексик харидорӣ карда буд ва дирӯз ба Душанбе расонида шуд, ин сафарашро анҷом дод.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар Саммити сарони давлатҳои “Чин + Осиёи Марказӣ” ба Чин сафар кардааст.

Дар ин сафар ӯро “вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ин аввалин сафари Эмолмалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳавопаймои гаронқимате, ки моҳи апрел аз ҳукумати Мексика бо нархи 92 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ кард ва онро дирӯз пас аз рангубор кардан ба Душанбе расониданд, анҷом мешавад.

Расонаҳои Мексика менависанд, ки президенти кунунии ин кишвар хеле хушҳол аст, ки тавониста аз дарди сари ин ҳавопаймои гаронқимату пурмасраф халос шавад.

Ин ҳавопаймои Боинг 787, ки Раҳмон аввалин бор бо он сафар мекунад, тавассути ҳукумати Фелипе Калдерон дар Мексика моҳи ноябри соли 2012, замоне ки Энрике Пена Нието расиҷумҳури ин кишвар буд харидорӣ шудааст.

Ин ҳавопаймо бо тамоми васоили техникӣ ва интернет муҷаҳҳаз буда, барои 80 нафар ҷои нишаст дорад. Дар он инчунин макони нишастҳои махсус, утоқи хоб ва дигар шароит фароҳам карда шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳатто барои як сафари кӯтоҳ бо ин ҳавопаймо садҳо ҳазор доллар масраф дорад. Ва низ сабаби аслии фурӯхтани он аз ҷониби президенти Мексика гаронарзиш ва пурҳазина буданаш гуфта мешавад.

Андрес Мануэл Лопес Обрадор, президенти кунунии Мексика пас аз сари қудрат омадан дар соли 2018 талош кард ин ҳавопайморо бифурӯшад. Гуфта мешавад, ҳатто яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Андрес Мануэл фурӯхтани ин ҳавопаймо ва масраф кардани маблағи он ба ҷойҳои зарурӣ буд.

Президенти Мексика ин ҳавопаймои гаронарзишро моли дуздии ҳукумати қаблӣ ҳисобида, бо фурӯхтани он хушҳолӣ кардааст. У пас аз фурӯхтанаш гуфт, ки бо маблағи ба дастомада дар сохтани ду беморхонаи замонавӣ сармоягузорӣ мекунад.

Болоравии қурби пули миллӣ дар баробари рубли русӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ боло бурдааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 16-уми майи соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон арзиши рубли русиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ пойин бурдааст.

Бар асоси арзишгузории нархномае, ки имрӯз Бонки миллӣ дар сомонаи расмиаш нашр карда, нархи 1 рубл баробар ба 0,1370 сомонӣ, 1 доллари амрикоӣ 10,9141 сомонӣ ва 1 евро ҳам 11,8800 сомонӣ эълон шудааст.

Гуфта мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон ягона ниҳоди расмии кишвар аст, арзиши пули миллӣ-сомониро дар баробари дираг асъори хориҷӣ таъйин мекунад ва бар асоси нархномаи дирӯзаи ин бонк арзиши 1 рубли русӣ баробар ба 0,4100 сомонӣ таъйин шуда буд, аммо имрӯз қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ 2,2% боло бурда, ба ин тартиб нархи 1000 рубли русӣ 137 сомонӣ таъйин шудааст. Аммо ҳангоми хариду фурӯш дар бонкҳои тиҷоратӣ ин рақамҳо фарқ мекунанд.

Омодагии мухолифони Беларус

0

Пас аз зиёд шудани сару садоҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии Александ Лукашенко, Президенти Белару мухолифони ин кишвар барои ҳар гуна сенарияҳои эҳтимолӣ омода мешаванд.

Свитлана Тихановская, раҳбари мухолифини Беларус аз мардуми ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳар гуна сенарияҳои эҳтимолӣ омода шаванд, то тавонанд кишварро дубора ба самти низоми демократӣ баргардонанд.

Раҳбари мухолифини Беларус бо нашри чанд паём дар саҳфаи Твиттриаш таъкид кард, ки: “Мо на танҳо бар зидди зулму ситамҳои Лукашенко, балки бар зидди ишғоли Русия низ дар Беларус мубориза мебарем. Мисли украинҳои ҷасур, мо барои озодии худамон мубориза мебарем.

Свитлана Тихановская дар идома афзуда, ки мардуми Балерус низ ҳақ доранд дар кишвари худашон орому осуда зиндагӣ кунанд, ва дар он ҷо ҳуқуқи инсон риоят шаваду дар ҷомеа озодии баён вуҷуд дошта бошад, то тавонанд озодона ақидаҳои худро баён кунанд.

Ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои расидани мардуми Белорус ба демократия фаъолона кумак кунанд. “Дар бораи саломатии диктотур Лукашенко овозаҳои зиёд вуҷуд дорад. Ин барои мо танҳо як маъно дорад: мо бояд ба ҳама гуна сенария хуб омода бошем. Барои роҳ додан ба Беларус дар роҳи демократия ва пешгирии дахолати Русия, мо ба кумаки ҷомеаи байналмилалӣ ниёз дорем ва мехоҳем фаъол ва зуд амал кунанд.”, мегӯяд Тихановская.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он, ки дирӯз расонаҳои расмии Беларус дар бораи сиҳату саломат будани президенти ин кишвар хабар дода буданд, вале чун дар рӯзҳои гузашта хабарҳои зиёде дар расонаҳои дохил ва хориҷи ин кишвар дар бораи бемор шудани Александ Лукашенко нашр шуда буд, раҳбари мухолифони ин кишвар низ аз ҷонибдоронаш хост, ки барои ҳар гуна сенарияҳои эҳтимолӣ дар ин кишвар омода шаванд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ин паёмро дода, ки мардуми ин кишвар ба кумак ва пуштибонии онҳо ниёз доранд.

Собиқ омӯзгори бознишаста дар Исфара боздошт шуд

0

Маъмурони амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара як омӯзгори 70-соларо, бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт карданд.

Гуфта мешавад, мақомот Камолиддин Шарофов, собиқ омӯзгор ва сокини ин шаҳрро ба хотири интиқодаш аз низоми даъвати сарбазон ба артиш боздошт карда, сипас ба ӯ иттиҳоми ифротгароӣ задаанд.

Пайвандони Шарофов 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ пас аз интиқод кардан аз низоми даъвати ҷавонон ба артиш ба ифротгароӣ гумонбар шуда, ҳоло ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, “баҳс дар бораи хидмати ҳарбӣ рӯзи 5-уми майи имсол дар идораи ҷамоати Сурхи Исфара сурат гирифтааст.” Ба гуфтаи пайвандонаш, “ӯро пас аз он боздошт карданд, ки аз мақомот хост, дуруст рафтор кунанд, вагарна ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ ТВ” шикоят менависад.

Гуфта мешавад, мақомот як дӯсти Камолиддин Шарофовро барои ҳозир нашудани фарзандаш ба хидмат ба идораи ҷамоат даъват карда, ӯро маҷбур сохтаанд, ки писарашро аз Русия барои рафтан ба артиш даъват кунад ва Шарофов ба ин тарзи муомилаи онҳо мухолифат нишон додааст ва бо аҳмин мушкилоташ шуруъ мешавад.

Ҳамчунин дар хабар гуфта мешавад, ки Камолиддин Шарофов собиқаи омӯзгорӣ дошт ва ҳоло ӯ бознишаста буду шароити зиндагияш чандон хуб нест, ҳатто наздиконаш наметавонанд барои ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ вакили дифоъ кироя кунанд.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тамошо ва ё “лайк”-и наворҳои “Ислоҳ ТВ” ва ё дигар мухолифон боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндонӣ мешаванд.

Ба иттилои як манбаи огоҳ, “маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар тамоми кишвар як сиёсатро пеш гирифтаанд, бо ҳарки суханашон мувофиқ наомад ва ё пул кор кардан хоҳанд, дилхоҳ ҷавонро ба ин иттиҳом айбдор мекунанд, агар ӯ тавонист ҷонашро бихарад, маъмурони амниятӣ даромади муфте ба даст меоранд ва агар натавонад ҳаёти ӯ месӯзад.”

Манбаъ афзуд, ки “дар ноҳияҳои дурдаст садҳо ҷавон ва ҳатто мардони миёнасолу калонсол, ки баъзеяш шояд фейсбукро умуман нафаҳмад, бо иттиҳоми “лайк” мондан ба наворҳои “Ислоҳ ТВ” равонаи зиндон шудаанд, ки боздошти онҳо расонаӣ нашудааст.” Вай таъкид мекунад, ки “хабарҳое, ки дар ин бора дар расонаҳо нашр мешавад, шояд 20 дарсади кулли ин воқеаҳо бошад.”

Дигар ба тоҷикистониҳо шаҳрвандии Русия дода намешавад?

0

Вакили Думаи давлатии Русия Сергей Миронов пешниҳод кард, ки барои додани шаҳрвандии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон моратория ҷорӣ карда шавад.

Ба гуфтаи ин вакили Думаи давлатӣ, тадбирҳои пешгирифтаи феълии ҳукуматаш дар самти сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар кофӣ нестанд.

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия лоиҳаи қонунеро барои муҳокимаи умум пешниҳод кард, ки ба иддаои ин ниҳод, он барои беҳбуди вазъи назорати муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст. 

Аммо Сергей Миронов, вакили парлумони Русия дар вокуниш ба ин лоиҳаи қонун гуфт, ки “барои ба роҳ мондани тартиботи қатъӣ дар самти муҳоҷират ба ҷои сардории Вазорати корҳои дохилӣ, як хадамоти тавонои мустақили муҳоҷират лозим аст, ки бевосита ба Президент итоат кунад”.

Инчунин Миронов пешниҳод кардааст, ки моратория ба додани шаҳрвандии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ карда шавад. Ба гуфтаи Миронов, то ҷорӣ шудани раводид аз муҳоҷироне, ки ба Русия ворид мешаванд изи ангушт гирифта, пул ҷамъоварӣ карда шавад ва аз ин маблағ барои ихроҷи муҳоҷироне, ки қонунҳои Русияро вайрон кардаанд, истифода гардад. 

Пешниҳоди Миронов барои моратория дар додани шаҳрвандии Русия ба зодагони Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар байни умуми муҳоҷирони кории ин кишвар, тоҷикистониён дар гирифтании шаҳрвандии он пешсафанд. 

Тибқи оморҳои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 44 ҳазору 854 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд, ки тақрибан ҳар рӯзе 500 тоҷикистонӣ шаҳрванди ин кишвар мешавад.

Дар ин чанд рӯзи охир номи зодагони Тоҷикистон дар расонаҳои русӣ ва аз забони вакилони рус бисёр садо медиҳад. 

Пештар аз ин, вакили рус Михаил Матвеев бо тарҳи ин суол, ки “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” ва “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?”, масъалаи фиристодани тоҷиконро ба ҷанг дар Украина бардошта буд. 

Вакили парлумони Русия гуфта буд, сабаби асосии дар ҳошия мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг мақоми душаҳрвандии онҳо аст ва аз мақомоти кишвараш дархост карда буд, ки ба ин қонун ҳарчи зудтар тағйирот ворид карда шавад ва тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки иҷоза медиҳад нафарони дорои душаҳрвандӣ барои хидмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҷалб карда шаванд. 

Дар ҳоле Михаил Матвеев ин тарҳи қонунро пешниҳод дорад, ки аз шуруи ҳамлаи беасоси Русия ба хоки Украина ҳазорҳо нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ ба таври иҷборӣ ва шартновӣ ба ҷанг бурда шуда, қисми зиёдашон дар онҷо кушта шудаанд.

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

0

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов телефонӣ суҳбат кардааст.

Ба қавли манбаъ, “дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.”

Ба гуфтаи як манбаъ, аз Ҳукумати Тоҷикистон, таъкиди Хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” пеш аз ҳама баррасии аҳвол ва авзои кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки дар доираи чанд созмон равобит ва ҳамкориҳои худро ҳифз кардаанд, мебошад.

Вай илова кард, вақте сарони кишварҳои Осиёси Марказӣ бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунанд ва дар хабарҳои расмӣ ҳам барои мисол таъкид мешавад, ки “ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ сурат гирифт”, ин маънои онро дорад, ки чун аксар раҳбарони ин кишварҳо бар иловаи доштани равобити хуби сиёсӣ ва ҳамкорӣ, дӯстони хуб ва рафиқони бо эътимоде низ барои якдигар дониста мешаванд, пеш аз ҳама муҳимтарин мавзӯъҳои рӯз ва ё вокунишҳои мардумӣ дар бораи ин ё он ҳодиса мавриди таваҷҷуҳ ва ба гунаи мисол, хабарҳои ахир дар бораи бедарак ва ё бемор шудани раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко мавриди баррасии онҳо қарор мегирад.

Гуфта мешавад, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар поёни ин хабар афзуда, ки “ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима карданд.”

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея

0

Мақомоти олии Тоҷикисто ва Кореяи Ҷанубӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми майи соли 2023, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Ҷумҳурии Корея “таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президенти он кишвар, котиби аршад оид ба сиёсати ояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Корея, Ҷанг Сун Мин” мулоқоту гуфтугӯ кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин “мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.”

Гуфта мешавад, Корея яке аз кишварҳоест, ки ҳанӯз дар соли 1991, пас аз соҳиб шудан ба истиқлол робитаҳои дипломатии худро бо Тоҷикистон барқарор кард ва дар муддати беш аз се даҳсолаи ахир тавониста муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дипломатии худро густариш диҳад.

Ҳавопаймои як миллиардаи Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе расид

0

Ҳавопаймои гаронқимате, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои Эмомалӣ Раҳмон аз Мексика харидорӣ карда буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст.

Субҳи имрӯз, 14-уми майи соли 2023 яке аз масъулини ширкати Nomadic Aviation Group аз шаҳри Сан- Бернардинои аёлати Аризонаи Амрико бо нашри чанд акс хабар дод, ки ҳавопаймое, ки Тоҷикистон аз Мексика харида буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

Ба гуфтаи Боб Ален, як масъули ин ширкат, ки таъмир ва рангу бор кардани ин ҳавопаймои гаронқиматро ба уҳда доштааст, субҳи 15-уми майи соли ҷорӣ ин ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе расонида шуд.

Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон ин ҳавопайморо бо қимати 92 миллион доллар, муодили 1 милларду 4 миллиону 38 ҳазору 800 сомонӣ аз Мекасика махсус барои сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон харидорӣ кардааст.

Президенти Мексика ба хотири фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати шаҳрвандонаш ин ҳавопаймои гаронқиматро фурӯхт то бо пули он чанд беморхонаи хуб ва ба талаботи рӯзгор ҷавобгӯ бисозад, то шаҳрвандон ва сокинони Мексика тавонанд дар дохили ин кишвар табобат ва муолиҷа шаванд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ яке аз қашшоқтарин кишварҳои дунёст, онро барои сафарҳо ва сайру саёҳатҳои худаш харидорӣ кардааст.

Ҳамзамон аксар вақт, замоне аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва ё аъзои ҳукумати кишвар бемор мешаванд, чун ба духтурон ва беморхонаҳои Тоҷикистон бовар надоранд, барои муоилиҷа кардани худ ба хориҷи кишвар, ба хусус кишварҳои Аврупоӣ, Чин, Ҳиндустон ва ё Эрон сафар мекунанд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Мексика эълон карда буд, ки ин ҳавопаймои гаронқиматро ба Тоҷикистон фурӯхтааст, аз он замон то ҳоло хабари ин муомилаи тиҷоратӣ вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба вуҷуд овардааст, аммо ба сурати расмӣ, мақомоти Тоҷикистон чизеро шарҳ намедиҳанд ва ба мардум гузориш намедиҳанд, ки чиро бо ин қадр пули зиёд, ки аз буҷаи давлат гирифта шудааст, ин ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.

Даргирии мусаллаҳона байни Толибон ва марзбонони Эрон

0

Субҳи рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ байни марзбонони Толибон ва Ҷумҳурии исломии Эрон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як марзбони эронӣ кушта шудааст.

Хабаргузории “Ҳолваш” бо такя ба манобеи маҳаллӣ хабар дод, ки ин ҳодиса рӯзи гузашта дар шаҳристони “Ҳерманд”, нуқтаи марзии ду кишвар рух додааст.

Бар асоси ин гузоришот, задухӯрд миёни марзбонони ду кишвар пас аз он сурат гирифта, ки марзбонони эронӣ ба самти гурӯҳе аз қочоқчиён, ки мехостаанд марзро убур кунанд, шилик карда ва як нафари онҳоро куштаанд. Дар натиҷа марзбонони Толибон ин постгоҳро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Гуфта мешавад, чанд рӯзи пеш низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда буд, ки аз даргириҳои мусаллаҳона байни марзбонони ин ду кишвар ҳикоят мекард.

Аммо расонаҳои эронӣ ин ҳодисаро дигар тавр шарҳ додаанд. Аз ҷумла, хабаргузории “Форс” навишта, ки даргирии мазкур байни марзбонони эронӣ ва гурӯҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир дар нуқтаи марзии “Нимрӯз” сурат гирифта, касе ҳам кушта нашудааст.

Вале дар баробари ин, то ҳанӯз дар мавриди ин хабар расман аз ҷониби ҳукумати Толибон дар Афғонистон вокунишие нашуда ва ин ҳодисаро ҳеч масъули он шарҳ надодааст.