22.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 268

Дар интихоботи президентии Туркия кӣ пештоз аст?

0
ANKARA, TURKIYE - APRIL 14: A person holds the ballot displaying presidential candidates in front of a text translating "Supreme Election Council of Republic of Turkiye" ahead of the presidential and parliamentary elections to be held on Sunday, May 14th in Ankara, Turkiye on April 14, 2023. (Photo by Muhammed Selim Korkutata/Anadolu Agency via Getty Images)

Дар Туркия рӯзи якшанбе, 14-уми майи соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор шуд. То ин лаҳза бо шумориши 99,1%-и овози интихобкунандагон Раҷаб Тайиб Эрдуғон 49,36 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, пешсаф аст.

Тибқи охирин омори Комиссияи олии интихоботи ин кишвар, рақиби аслии Эрдуғон дар ин интихобот Камол Қличдороғлу 45 дасрсади возои мардумро касб кардааст. Ҳамин тавр, номзади дигар дар ин рақобати сиёсӣ Синон Оган 5,21 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

Ба эҳтимоли хеле қавӣ интихоботи Туркия ба даври дувум мегузарад. Агарчи Комиссияи олии интихоботи Туркия ба даври дувум гузаштани интихоботро расман эълон накардааст, аммо бархе расонаҳо аз гузаштани он ба даври дувум хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар сурати ба даври дигар гузаштан интихобот, пас аз ду ҳафта дар ин кишвар боз байни ду рақиб, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Камол Қличдороғлу рақаб оғоз меёбад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон президенти феълии Туркия шаби гузашта гуфт, ки дар сурати ба даври дувум гузаштани интихобот ба он эҳтиром хоҳад гузошт. Ҳамчунин Камол Қличдороғлу низ таъкид карда, ки дар даври дувуми интихобот пирӯз мешавад.

Бино ба иттилои Комиссия олии интихоботи Туркия, шумораи интихобкунандагон дар кишвар беш аз 60 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар умум 88,75% онҳо дар интихоби президенти ояндаи худ ширкат карданд.

Ҳамзамон дирӯз дар Туркия 24 ҳизби сиёсӣ ва 151 номзади худпешбар барои ворид шудан ба парлумон рақобат карданд, ки натиҷаҳои ниҳоӣ то ҳол эълон нашудааст.

Рӯзона беш аз 3000 тоҷик ба Русия меравад

0

Дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба Русия сафар кардаанд, ки ба таври миёна рӯзона беш аз 3 ҳазор тоҷикистонӣ ба ин кишвар мерафтааст.

Бино ба иттилои Хадамоти федералии амнияти Русия (маъруф ба ФСБ) дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 1 миллиону 300 ҳазор муҳоҷири корӣ вориди Русия шудаанд, ки ин нисбат ба се моҳи аввали соли гузашта 1,6 маротиба бештар аст.

Гуфта мешавад, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 беш аз 840 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо ҳадафи кор вориди хоки Русия шуда будаанд. 

Тибқи оморҳои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон (630 859 нафар), Тоҷикистон (349 357), Қирғизистон (172 591), Арманистон (47 337), Қазоқистон (34 783) Озарбойҷон (28 690) ва Чин (10 528) ба Русия бо ҳадафи кор сафар кардаанд. 

Аз кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама кам шаҳрвандони Туркманистон (996 нафар) бо мақсади кор ба Русия рафтаанд. 

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), дар соли 2022 тақрибан 3,5 миллион муҳоҷири корӣ, аз ҷумла аз Узбекистон – беш аз 1 миллиону 450 ҳазор нафар, Тоҷикистон – қариб 987 ҳазор нафар, Қирғизистон – беш аз 562 ҳазор нафар ва Қазоқистон – ҳудуди 164 ҳазор нафар ба Русия рафтаанд. 

Даъвати баҳорӣ ба артиш 76% иҷро шуд

0

Дар 40 рӯзи даъвати баҳории сарбозон ба артиш дар ҳудуди кишвар нақша 76% иҷро шудааст. 

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисли ҳамеша нақшаро дар рӯзи аввали даъват ва шаҳри Душанбе дар як моҳ 100% иҷро кардаанд. 

Ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат даъвати ҷавонон ба артишро пурра ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, то имрӯз ба 77 дар баробар шудааст.

Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Вахш, Данғара, Фархор ва шаҳри Леваканд даъвати ҳарбиро пурра иҷро карда, аммо дар тамоми вилоят бошад, нақша 73 дарсад иҷро шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Суғд иҷрои нақша ба 68 дарсад расидааст.

Вазорати мудофиаи кишвар, даъват ба артишро маъракаи муҳими сиёсӣ номида, 76% иҷро шудани нақшаи даъвати сарбозон ба артишро дар сатҳи ҷумҳурӣ мисли ҳамеша ба “натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват” рабт додааст. 

Аммо дар ин муддат наворҳо ва аксҳои ҷалби иҷбории ҷавон ба артиш ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки ҷавононро бо зарби мушту лағат ба мошин савор карда ба комиссариятҳои ҳарбӣ мебаранд. 

Нишасти сафирони кишварҳои узви НАТО дар Душанбе

0

Сафирони кишварҳои узви Паймони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар пойтахти Тоҷикистон гирди ҳам ҷамъ шуданд.

Бино ба иттилои, Сафорати Туркия дар Тоҷикистон, зуҳри имрӯз, 12-уми майи соли 2023 сафирони кишварҳои узви Паймони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе ҷаъм шуданд.

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки сафирони кишварҳои узви НАТО-ро масъулини ин сафоратхона барои чоштхӯрӣ ва баррасии масоили марбут ба НАТО даъват кардааст.

Ба қавли манбаъ, ин нишаст бо ҳадафи “талошҳои иттилоотӣ ва таблиғотии НАТО ва дипломатияи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Сафорати Туркия Маркази тамосҳои НАТО Дар Тоҷикистон дар солҳои 2023 ва 2024 мебошад. Туркия ягона кишвари исломиест, ки узви НАТО мебошад.

НАТО, як эътилофи низомӣ ва сиёсиест, ки пас аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар соли 1949 ба хотири ҳимояти кишварҳои узв аз ҳар гуна ҳамлаҳои хориҷӣ, ба хусус аз самти собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва пешгирӣ кардан аз танишҳои низомӣ таъсис дода шуда буд, ва фаъолиятҳои худро аз ҳисоби аъзои наву куҳна зиёдтар карда, то ҳол амал мекунад.

Нархи Ҳаҷ-2023 дар Тоҷикистон

0

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон нархи Ҳаҷ-2023-ро барои зоирони кишварамон эълон кард, ки аз гаронтарин нархҳо дар минтақа маҳсуб мешавад.

Бино ба иттилои ин Кумита, ки масъулияти сафарбаркунии зоиронро дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ бар уҳда дорад, ҳар як зоири довталаб метавонад бо пардохти 59 ҳазор сомонӣ, муодили 5 ҳазору 406 сад доллар ба Ҳаҷ биравад.

Кумитаи дин мегӯяд, ки имсол нисбат ба соли 2022 нархи хидматрасониҳои худро ҳудуди 1520 сомонӣ, муъодили 140 доллар арзонтар кардааст. Бо ин вуҷуд, бархе довталабон мегӯянд, ки бар иловаи ин 59 ҳазор сомонӣ, нархе, ки расман таъйин шудааст, барои номнавис кардан, барои пештар навбат гирифтан, барои обуна шудан ба чанд нашрияи ҳукуматӣ ва ғайра ҳам масъулин дар шаҳру ноҳияҳо аз довталабони зиёрати Хонаи Худо пул меситонанд.

Ин Кумита бидуни он, ки ба тафсилоти хароҷотҳои худро шарҳ диҳад, мегӯяд: “Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла билети рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хизматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб доир ба ҳаҷ ва бейҷикҳоро дар бар мегирад. Сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 10 июн то 20 июн тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома мекунад.”

Гуфта мешавад, ин нархи таъйин шуда, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар нисбат ба ҳамин гуна хидматрасониҳо дар Русия камаш 400 доллар зиёдтар аст. Ба ҳамин хотир, хеле аз тоҷикистониҳое, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, бо нархҳои арзонтар ва кайфияти беҳтар аз тариқи ширкатҳои русӣ ба Ҳаҷ сафар мекунанд.

Нархи Ҳаҷ-2023 дар Қирғизистони ҳамсоя 1 ҳазору 500 доллар камтар аз нархи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон буда, ҳар довталабони Ҳаҷ дар ин кишвар бо пардохти чизе кам 3 ҳазору 900 доллар метавонад ба Арабистони Саудӣ сафар карда, ин фаризаи Илоҳиро ба ҷо биоранд. Нархи Ҳаҷ-2022 дар Қирғизистон 4 ҳазору 500 доллар буд.

Зиндон тарбият накард. Бори дуюм аст бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт мешавад

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо ҷурми азхудкунии наздики 400 ҳазор сомонии пули мардум муттаҳам мешавад.

Тавре дар хабари ВКД омадааст, ин сокини 32-солаи пойтахт, ки аз ӯ ном бурда намешавад, пештар бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ ба миқдори калон” зиндонӣ шудааст.

“Номбурда, моҳи феврали соли 2021, дар назди беморхонаи Қарияи Боло бо роҳи фиреб ба боварии марди 56 ва бародараш, марди 53-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, даромада аз онҳо 238 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба онҳо 6,5-сотих замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”, мегӯяд ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ин марди 32-солаи пойтахт як нафари дигарро низ фиреб дода, аз ӯ 136 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи додани мошини “Лексус РХ-350” гирифта, дигар барнагардондааст.

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки як зани 40-солаи сокини шаҳри Бустони Вилояти Суғд аз ду нафар беш аз 400 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб аз худ кардааст.

Номбурдааз дигарӣ 285 ҳазор сомонӣ ва аз нафари сеюм 120 ҳазор сомонӣ гирифта, дигар барнагардонидааст.

“Номбурда, моҳи августи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 285 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол мадлағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.”,
омадааст дар хабари ВКД.

Тибқи ин хабар, маҷмуи маблағҳои аз мардум бо роҳи фиреб гирифтаи ин сокини шаҳри Бустон 405 ҳазор сомниро ташкил додааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин зани гумонбарро боздошт карда, алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Имрон Хон аз зиндон озод шуд

0

Додгоҳи олии Покистон боздошти собиқ Нахуствазири ин кишвар тавассути мақомоти қудратӣ ва тамдиди ҳабсаш то 17-уми май ғайриқонунӣ хонда, Имрон Хонро аз зиндон озод кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, зуҳри рӯзи 11-уми майи соли 2023 Додгоҳи олии Покистон ҳукми фавран озод шудани собиқ Нахуствазири ин кишвар Имрон Хонро, ки ду рӯз пеш аз дохили бинои додгоҳе дар Исломобод боздошт гардида буд, содир кард.

Ин ҳукми Додгоҳи олии Покистон пас аз он содир шуд, ки гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи Имрон Хон боздошти ӯро тавассути нерӯҳои Идораи миллии ҳисоботдиҳӣ (National Accountability Bureau) аз дохили бинои додгоҳе дар Исломобод ғайриқонунӣ хонда буданд.

Умар Ато Бониёл, раиси Додгоҳи олии Покистон ҳукми боздошт ва тамдиди онро ҳам ғайриқонунӣ хонда, ҳукми фавран озод шудани Имрон Хонро содир карда, гуфтааст, ки худаш рӯзи 12-уми майи соли ҷорӣ ба додгоҳ ҳозир шавад.

Гуфта мешавад, пас аз боздошти Имрон Хон садҳо ҳазор ҳаводорони ӯро билофосила ба майдонҳо, дар бузургшаҳрҳои Покистон баромада, хеле аз биноҳо ва амлоки марбут ба артиши ин кишварро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳукумати Покистон барои контрол кардани авзоъ аз артиш кумак хост, вале ворид шудани артиш ҳам натавонист, ки пеши роҳи хашми ҷонибдорони Имрон Хонро бигирад. Даргириҳое низ байни артиш, полис ва ҳаводорони Имрон Хон сурат гирифта, дар натиҷа дасти кам 10 нафар кушта ва ҳудуди 200 каси дигар аз ду ҷониб захмӣ шуданд.

Имрон Хон, собиқ Нахуствазири Покистон раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсофи ин кишвар аст, ки тавониста дар интихоботҳои миёнадавраии як соли ахир ду ҳизби пурнуфузи ин кишварро дар иёлатҳои Панҷоб ва Синд, ки солҳо ҳоким буданд, низ канор бизанад. Иёлатҳои Сарҳад, Хайбарпахтунхоҳ ва Балучистон аксаран аз ҳаводорони Имрон Хон мебошанд.

Афзоиши фишорҳо барои сарбозгирӣ дар Тоҷикистон

0

Кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ки солона дар ду мавсим-тобистон ва тирамоҳ аз кисаҳои мардум “ҳосили кор”-ашонро меғундоранд, имсол фишорҳои худро болои онҳо зиёдтар кардаанд.

Гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки аксар маврид ахбор ва ҳодисаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон пайгирӣ ва пӯшиш медиҳад, шикоятеро нашр карда, ки дар он таъкид мешавад, “таҳдид, зӯрӣ, маҷбурӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ” афзоиш ёфтааст.

Муаллифи ин матлаб ин шеваи кори мақомот ва кормандони комиссариатҳои ҳарбиро “шармандагӣ” хонда мегӯяд: “Модоме, ки аз уҳдаи вазифа намебароед, пас бигзоред шоистагон ба миллат хидмат кунанд! Бо оне, ки волидайнро бо зуриву маҷбурӣ (сӯистифода аз ваколатҳо ва гузашан аз он) ба комиссариати ҳарбӣ мебаред, то фарзандонро аз мардикори ба Ватан биёранд ва адои хизмати ҳарбӣ кунанд, ин РОҲИ ҲАЛ НЕСТ!!!”

Дар вокуниш ба ин матлаб бархе ҳуқуқшиносони тоҷик низ ба мисли Каримҷон Ёров низ ҳамроҳ шуда, гуфтааст: “Кадом волидайнеро ки маҷбурӣ ба коммисарияти ҳарбӣ бурдан бо дилхоҳ қувва ба даҳонашон мушт занеду ба рӯяшон туф кунед. Чунки онҳо ваколати шуморо барои фарзанд даъват кардан ё таҳдид надоранд. Ба хонаатон омаданд бе ҳуҷҷати расмӣ аз дар даромада намонед, бо дилхоҳ чиз ба фарқи сарашон занед, иҷозат доред, чунки ин хонаи шахсии шумост ва қонун кафолати амнияти шуморо додааст дар манзилатон.

Аз сӯи дигар Баҳодур Раззоқов, фаъоли ҷомеаи маданӣ барои решакан кардани ин мушкили ҷомеа, ки тӯли 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сол то сол зиёдтар мешаваду камтар не, пешниҳод кардааст:” “Реформа” (ислоҳот) зарур аст – барҳам додани комиссариатҳои ҳарбӣ ва пурра ба низоми қарордод гузаронидани хизмати ҳарбӣ.., проблема аз реша бардошта мешавад..”

Бархе корбарони дигаре, ки дар ин баҳс шарик шудаанд, мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон то 18-сола шудани фарзандони мардум дар фикри тарбияи ватандӯстии онҳо нестанд, вале ҳамин, ки бачаҳо 18-сола шуданд, дар ҳол онҳоро пайдо карда, маҷбур мекунанд, ки ватанро дӯст доранд ва рафта ду сол хидмат кунанд.

Гуфтанист, бархе коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз иллатҳои аслии саркашӣ кардани ҷавонон аз рафтан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мушкилоти иқтисодии мардум бошад, мушкили бадтар аз он дар дохили худи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст, ки сарбозозорӣ, шиканҷаи наваскарон ва лату кӯби онҳо тавассути ҳамхидматони худи онҳост. Ба ҳамин хотир, решакан кардани ин мушкили ҷомеа ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ичунин як таҳқиқи кӯчак дар Интернет нишон медиҳад, ки дар ин шабу рӯзҳо ибораи “облава дар Тоҷикистон” яке аз пур истифодатарин суолҳоест, ки мардум аз ҷустуҷӯгарҳо мепурсанд, то аҳвол ва ахбори тозаеро дар ин бора дарёфт кунанд.

Улфатхоним Мамадшоеваро ба зиндони Норак интиқол ёфт

0

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон рӯзноманигор ва маҳбуси сиёсӣ Улфатхоним Мамадшоеваро ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд.

Улфатхоним Мамадшоева аз замони боздошташ то 6-уми майи соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешуд.

Сабаби ба зиндони Норак бурдани ин маҳбуси сиёсиро “эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм” гуфтаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки “ӯро рӯзи шанбе, 6-уми май, ба маҳбаси Норак интиқол доданд. То он вақт пайвандон чанд дафъа бо ӯ мулоқот карданд, аз саломатӣ шикоят надошт. Барои бозбинии ҳукм низ ариза нанавишта буд”. 

Рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоеваи 66-сола баъд аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи соли гузашта дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, ҳамроҳи садҳо нафар аз фаъолони маданӣ аз ҷониби мақомоти кишвар боздошт шуд. 

Дар аввалҳои моҳи декабри соли 2022, Улфатхоним Мамадшоева дар мурофиае пушти дарҳои баста бар асоси 8 банди қонун, аз ҷумла “даъвати оммавӣ ба сарнагунии сохти конститутсинонӣ”гунаҳкор дониста шуда, ба бист сол зиндон маҳкум шуд. Худи Улфатхоним Мамадшоева ва пайвандонаш иттиҳомоти мақомотро рад карда, онро сохта номида буданд. 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар фаъолонро талаб намуда, хоста буданд, ки боздоштҳои ғайриқонунии дигарандешонро бас кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон талабу тавсияҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқро нодида мегирад. 

Муҳоҷиронро “қонунӣ” ба ҷанг мефиристанд?

0

Вакили парлумони Русия аз Ҳизби коммунистӣ Михаил Матвеев тарҳи қонунеро дар бораи фиристодани муҳоҷирон ба ҷанги Украина ба Дума пешкаш кард. 

Ба иддаои Матвеев, ин қонун пешнищод мекунад, ки муҳоҷирони дорои душаҳрвандь ба ҷанг даъват ва эъзом карда шаванд. Вакили Думаи Русия мегӯяд, ки бояд дар як взвод бештар аз ду-се муҳоҷир набошад, чун он ба маҳаллиҳо имкон намедиҳад, ки интизомро нигаҳ доранд. 

Матвеев қайд кард, ки муҳоҷиронро ҳамчун баталиони бинокорӣ, аз ҷумла дар хатти фронт фаъолона истифода бурдан мумкин аст.

Матвеев афзуд, лоиҳаи қонун бояд тартиби мавҷударо тағйир диҳад. Тибқи қонунҳои мавҷуда шахсони душаҳрвандӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд ва танҳо бо бастани шартнома метавонанд дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат кунанд.

Пештар аз ин низ вакили рус бо суол гузоштан, ки “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” ва “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?”, масъалаи фиристодани тоҷиконро ба ҷанг дар Украина бардошта буд. 

Ӯ гуфта буд, ки “Дар он ҷо мардони мардуми таҳҷоии Русия барои ватани худ, пеш аз ҳама русҳо кушта мешаванд, ки дар ин ҷо садҳо ҳазор осиёгиҳо онҳоро иваз мекунанд”.

Вакили парлумони Русия гуфта буд, сабаби асосии дар ҳошия мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг мақоми душаҳрвандии онҳо аст ва хоста буд зуд ин қонун дигар карда шавад.

Дар ҳоле Михаил Матвеев ин тарҳи қонунро пешниҳод дорад, ки аз шуруи ҳамлаи беасоси Русия ба хоки Украина ҳазорҳо нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ ба таври иҷборӣ ва шартновӣ бурда шуда, қисми зиёдашон дар онҷо кушта шудаанд.