Дар ҳоли ҳозир саҳифаи аксари ин блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ҳусейн Ҳасанов аз ҷониби “Роскомнадзор”-и Русия дар рӯйхати сомонаҳои мамнӯъ дароварда шудааст.
То ҳол назари худи ин блогер дастраси расонаҳо нест. Аммо ин хабар дар ҳоле расонаӣ шуд, ки Ҳусейн Ҳасанов дар Тоҷикистон қарор дошт ва мақомот ӯро бо як тантанаи бесобиқа пешвоз гирифт.
Гуфта мешавад, ин блогер бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи раисҷумҳури кишвар ва раиси Федератсияи ҷудо ба Тоҷикистон омадааст. Ӯро дар Тоҷикистон дар сатҳи як президент пешвоз гирифтанд, ки вокуниши корбарон ва мардумро ба бор овард.
Барои пешвози ӯ набераи раисҷумҳур ва раиси Федератсияи ҷудои кишвар Исмоили Маҳмадзоҳир то назди пиллаи ҳавопаймо рафта, бо тантана аз ӯ истиқбол кард. Ҳасанов ба ҳар минтақае мерафт ё аз ҷое дидан мекард, духтарони тоҷик бо нону ширинӣ ӯро пешвоз мегирифтанд.
Ҳусейн Ҳасанов ҳамарӯза дар саҳфаи Инстаграмаш наворе аз Тоҷикистон нашр мекард, ки дар яке аз онҳо мегӯяд, ки ӯро дар хонае ҷой кардаанд, ки беш аз 600 метри квадратӣ масоҳат дорад. Инчунин ин блогер чанд аксу навор аз мизи пур аз нозу неъват, хона, мошинҳои бо ҳашамат ва дар саҳфаи Инстаграмаш гузоштааст.
Корвони мошинҳое, ки блогери рус ва набераи раисҷумҳурро ҳамроҳӣ мекарданд, аксар мошинҳои гаронарзиш, аз ҷумла аз навъҳои “CADILLAC”, “Bentley”, “Ferrari”, “Lamborghini”, “McLaren”, “Rolls-Royce”ва ғайра иборат буда, нархи як адади он аз 100 ҳазор доллар боло ва нархи бархе дигар то 400 ҳазор доллар ва ҳатто гаронтар аз он ҳам буд.
Ба ҷуз ин мошинҳо, онҳоро ҳамчунин мошинҳои пулис ва муҳофизон ҳамроҳӣ мекарданд ва баъзе роҳҳои шаҳр баста буданд. Оддатан роҳҳои шаҳр замоне баста мешаванд, ки меҳмони олиқадре, ба монанди президентҳои кишварҳои дигар ташриф биёранд ва ё худи Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷо убур кунад.
Аммо мубалиғони ҳукумат сари он пофишорӣ мекунанд, ки ин блогер барои рушди саёҳӣ ва нишон додани фарҳанги волои Тоҷикистону муаррифии тоҷикистониён ба ҷаҳон ба кишвар даъват шудааст.
Фаъолон бо ҳазл мегӯянд, ки ин блогер дар кораш муваффақ буд ва ба навори ахири нашр кардаи Ҳусейн Ҳасанов, ки дар он як кӯдак аз наворгири дрон мегурезад, ишора доранд ва мепурсанд “ҲАМИН АСТ МУАРРИФӢ?”.