36.2 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 299

Кумак ба зарардидагони ҳодисаҳои ахир дар марз

0

Корвони мошинҳои пурбор иборат аз кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ дар вилояти Суғд расидааст.

Ирмӯз, 22-уми сентябри соли 2022 Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ки аз “шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид. Айни замон корвони мошинҳои пурбор ба шаҳри Исфара расид.”

Ба қавли манбаъ, ин кумакҳо “аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна  мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.”

Раҳбарияти вилояти Суғд мегӯяд, ин кумакҳо ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда дар “ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”-ро дар бар мегиранд.

Пеш аз ин раванди кумакрасонӣ ба мардуми зардида аз ҷониби мардум, тоҷирон ва афроди саховатманду мақомоти маҳаллӣ низ дар минтақа оғоз шуда буд ва то ҳол корҳои хайр идома дорад.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини минтақаҳои наздимарзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар торихи соҳибистиқолии ҳар ду кишвар бори аввал буд ба ин ҳади зиёда кушта ва захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Боздошти садҳо нафар дар эътирозҳои мардуми Русия ба қарори ахири Путин

0

Рӯзи 21-уми сентябр баъд аз судури фармони Пуртин, раисҷумҳури Русия дар бораи бисиҷкунии 300 ҳазор сарбоз ба артиш, дар 39 шаҳри ин кишвар мардум ба хиёбонҳо баромаданд.

Акс аз сомонаи “” гирифта шудааст

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, мадум ин қарори Путинро маҳкум карда, ҳама дар дастҳо шиорҳои “Не ба басиҷкунии артиш”-ро доштанд. Пулиси Русия аз дирӯз то субҳи рӯзи 22-уми сентябр дар натиҷаи ин эътирозҳо дар 39 шаҳри Русия дасти кам беш аз 1300 нафарро боздошт кардааст.

Расонаи русии “

Ба гузориши расонаҳо, баъд аз судури фармони Путин барои қисман басиҷкунӣ ба артиш, мардуми зиёде по ба фирор ниҳода, мехоҳанд аз Русия хориҷ шаванд. Ва дар марзҳои Русия бо Манголия ва Финландия анбуҳи мошинҳо ҷамъ шуда, мехоҳанд Русияро тарк кунанд.

Инчунин рӯзи 21-уми сентябр гурӯҳе аз муҳоҷирон дар тамос бо Azda tv гуфтанд, ки аллакай баъд аз эълони Путин ба аксар муҳоҷирони тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, аз комиссариятҳои ҳарбӣ даъватнома омадааст. “Ҳатто барои баъзе хонаводаҳо ҳам барои падар ва ҳам барои писар даъватнома омадааст”, мегӯянд, муҳоҷирон.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи низомии Русия ба Украина аз субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуда ва то имрӯз ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Бо вуҷуди талафоти зиёди артиши Русия ҳоло ҳам мақомоти ин кишвар онро “амалиёти махсуси низомӣ” меноманд.

Изҳороти Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

0

Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳодисаҳои хунини ахир дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистонро маҳкум кардааст.

20-уми сентябри соли 2022 Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар саҳфаи расмиаш дар Фейсбук ба наздикону пайвандони ҷонбохтагон тасаллият гуфта, изҳор доштааст: “Таҷовузкорон дар назди суди байналмилалӣ ва ҳам дар назди шариат бояд ҷавоб диҳанд.”

Дар ин изҳороти таъкид мешавад, ки ҳодисаҳои ахир “тасодуфӣ” нестанд ва низ “ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба ҳалокат расидани ҳамватанони мо ва расидани хисороти моддию маънавӣ гардид, қатъиян маҳкум менамояд.”

Ба ақидаи раҳбарони он, “Ҳизби аграрии Тоҷикистон муътакид аст, ки дар амалкардҳои ҷониби қирғиз танҳо масоили дохилиашон нуҳуфта нест, балки фаротар аз он аст ва имкон дорад аз ҷониби сеюм бо ҳадафҳои хос роҳандозӣ гашта, идорааш ҳам дар дасти онҳост.”

Ҳамзамон Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир минтақаи Осиёи Марказиро “дар меҳвари сиёсатҳои геополитикии дунё” дониста, меафзояд: “як иқдоми беандешаи сиёсӣ ва амали иғво маънии равған рехтан ба оташи душманони мардуми минтақаро хоҳад дошт.”

Муаллифони ин изҳорот мегӯянд, мо “мутмаинем, ки халқи қирғиз ба як иддае, ки популизми сиёсӣ ва лоббигариро меҳвари фаъолияти худ қарор додааст ва шиддати вазъро ба нафъи худ истифода кардан мехоҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳад то мақсадҳои нопоки хешро амалӣ сохта, фардои равобити ду кишвари ҳамсояро зери суол барад.”

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини рӯзҳои 14-18 моҳи ҷорӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 100 кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин даргириҳо ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози танишҳо муттаҳам карда, мегӯянд, ки бо амалҳои иғвоангезонаи худ ба танишҳо шиддат мебахшанд.

Хуруҷуи шаҳрвандони аз 18 то 65-сола аз Русия душвор шудааст

0

Ба гузориши расонаҳои украинӣ, баъзе ширкатҳои роҳи оҳан ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия фурӯши билетро барои шаҳрвандони аз 18 то 65-сола боз доштаанд.

Ба гузориши расонаҳои украинӣ, рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 баъд аз эълони қисман басиҷкунӣ барои артиш аз ҷониби Владимир Путин, расонаҳои украинӣ хабар додан, ки ширкати роҳи оҳани Русия ва ширкати ҳавоии “Аэрофлот”-и Русия аз фурӯши билет ба шаҳрвандони аз 18 то 65-сола бидуни доштани иҷозатнома аз комисарияти ҳарбӣ манъ кардаанд.

Аммо хабаргузории расмии Русия “РИА новости” ин хабарро рад кардааст ва мегӯяд, ширкати роҳи оҳнаи Русия ин хабарро рад карда ва фурӯши билетҳои қатор мисли пештара идома дорад ва монеае барои фрурӯши билет вуҷуд надорад.

Чанд муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Azda tv гуфтанд, ки субҳи имрӯз билети парвозҳои Москав-Истанбул 400 000 рубл бештар буд ва то зуҳр ҳама билетҳо ё фурӯхта шуданд ё ин ки дигар дар фурӯш нестанд.

“Парвозҳои Москав-Истанбул, Москав- Ереван, Москав-Ташкент, Москав-Душанбе ҳама пур ҳастанд ва билети фурӯшӣ вуҷуд надорад”, мегӯяд як муҳоҷири дигар.

Azda tv аз муҳоҷирине, ки дар Русия кору зиндагӣ доранд, мехоҳад таҷриба ва назарҳои худро дар мавриди ин ки оё вақти харидани билети ҳавопаймо ё қатор аз шумо иҷозатномаи комиссариати ҳарбӣ талаб карданд ё не?, зери хабарҳо бинависанд ва ё ба телеграми Azda tv бифиристанд.

Домани эъитрозҳои мардумӣ дар Эрон густариш меёбад

0

Рӯзи чаҳорум аст, ки дар чанде аз манотиқи Ҷумҳурии исломии Эрон мардум даст ба эътирозҳои хиёбонӣ мезананд ва то рафт домани ин эътирозот густариш меёбад.

Гуфта мешавад, пас аз марги Маҳсо Аминӣ, як зани 22-солаи эронӣ, мардуми зиёде ҳам дар дохили Эрон ва ҳам дар хориҷ аз он даст ба эътироз заданд ва масъулияти марги ӯро ба дӯши пулис ва ҳайти Иршод (ниҳоде, ки ба амри маъруф машғул аст), гузоштанд.

Тазоҳургарон бар ин боваранд, ки Маҳсо Аминӣ ба хотири “бадҳиҷобӣ” аз ҷониби пулиси Эрон мавриди лату кӯб қарор гирифта, ки ин боиси марги ӯ шудааст.

Дар пайи интишори ин хабар, наворҳое зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ки дида мешавад занҳои эронӣ дар эътироз ба фаъолияти ҳайати Иршод рӯсариҳои худро дар хиёбонҳо оташ мезананд.

Аммо пулиси Эрон мегӯяд, Маҳсо Аминиро лату кӯб накардааст ва ӯ худ ба сактаи қалбӣ дучор шуда ва баракс, маъмурони пулис ӯро кумак кардаанд, ки ба бемористон интиқол диҳанд, вале ӯ вафот кардааст. Ва дар ин росто наворе низ нашр карда, ки дида мешавад, як хонум дар назди маъмурони пулси ба замин меафтад ва дар ҳол мардуми дар гирди ӯ ҷамъ мешаванд.

Ба гузориши расонаҳо, дар эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар устони Курдистони Эрон маъмурони зидди ошӯб ба сӯи эътирозгарон оташ кушодаанд, ки дар натиҷа 4 нафар кушта ва 221 нафар захмӣ шудааст. Инчунин аз боздошти 250 нафар низ гузориш мешавад.

Волии Панҷшер барканор шуд

0

Толибон пас аз як сол аз таъсиси ҳукумати муваққат бо ворид кардани тағйироти кадрӣ волии пешини Панҷшерро ҳам аз мақомаш барканор кард.

20-уми сентябри соли 2022, бо амри раҳбари Иморати исломии Толибон мулло Муҳаммад Шуъайб Охунд, волии пешини Панҷшер аз мақомаш барканор шуд ва ба ин курсӣ собиқ муовини Вазорати умури дохилии Афғонистон Муҳаммад Муҳсин Ҳошимӣ, волии ҷадиди Панҷшер таъйин гардид.

Пеш аз ин мулло Муҳаммад Шуъайб Охунд дар ин мақом, ҳамчун волии Панҷшер, мавлавӣ Қудратуллоҳ Аминӣ такя зада буд, ки номи ӯ бо сабаби ихтилофоташ бо Абдулҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи полиси ин вилоят борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

Бар асоси ин тағйироти ҷадид, собиқ вазири маорифи Толибон мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир ҳам аз ин мақом барканор шуда, ба ҷои вай мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Оғо, раиси Шӯрои вилоятии Қандаҳор ба ин мақом таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, дар муддати наздик ба 13 моҳи ахир, ки Толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд, бори сеюм аст, ки волии Панҷшер, маркази нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати милллии ин кишварро иваз мекунанд.  

Русия то 300 ҳазор сарбози захиравияшро ба артиш басиҷ мекунад

0

Президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷаити видеоӣ ба сокинони кишвараш аз қисман басиҷкунӣ ба артиш хабар дод.

Матн ва видеои муроҷиат имрӯз, 21-уми сентябр дар сомонаи Кремл нашр шуд, ки Путин дар он мегӯяд, “барои ҳифзи Ватан ва якпорчагии худ зарур мешуморам, ки аз қисман басиҷкунӣ ба артиш дастгирӣ кунам”.

Президенти Русия гуфт, ки ба артиш онҳое даъват хоҳанд шуд, ки дар артиши Русия хизмат карда, дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Ва қабл аз фиристодан ба қисмҳо, ҳатман аз таълими иловагии ҳарбӣ мегузаранд.

Инчунин шаҳрвандони замони басиҷкунӣ ба хидмати ҳарбӣ даъватшуда, як мақоми муайянеро соҳиб шуда, ҳамаи пардохтҳои барои хизматитчиёни тибқи қарордод пешбинишуда, ба онҳо низ пардохт карда мешавад.

Дар идома Владимир Путин қисман басиҷкунӣ ба артишро “як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар” номида, Ғарбро ба “аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани Русия” муттаҳам кард.  

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар пайи фармони “қисман басиҷкунӣ” ба артиш ба расонаҳо гуфт, ки “мо на он қадар бо Украина, балки бо Ғарби дастҷамъӣ дар ҷанг ҳастем” ва “тамоми гурӯҳҳои моҳвораии НАТО алайҳи Русия кор мекунанд”.

Ба гуфтаи Сергей Шойгу дар доираи маъракаи қисман басиҷкунӣ ба артиш ҳудуди 300 ҳазор нафар ҳайати захираҳои ҳарбӣ даъват мешаванд.

Инчунин Шойгу иддао дорад, ки Украина аз ҳисоби сарбозонаш ҳудуди 61 ҳазору 207 нафар кушташуда ва 49 ҳазору 368 нафар маҷруҳ дорад. Аммо талафоти ҷониби Русияро 5 ҳазору 937 нафар эълон кард.

Дар ҳоле фармони қисман басиҷкунӣ ба артиш ба имзо мерасад, ки расонаҳо аз ҷалби муҳоҷирон ва зиндониён ба артиши Русия хабар медиҳанд.

Инчунин худи ҳамин рӯз гурӯҳе аз муҳоҷирон дар тамос бо Azda tv гуфтанд, ки аллакай баъд аз эълони Путин ба аксар муҳоҷирони тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, аз комиссариятҳои ҳарбӣ даъватнома омадааст. “Ҳатто барои баъзе хонаводаҳо ҳам барои падар ва ҳам барои писар даъватнома омадааст“, мегӯянд, муҳоҷирон.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи низомии Русия ба Украина аз субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуда ва то имрӯз ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Бо вуҷуди талафоти зиёди артиши Русия ҳоло ҳам мақомоти ин кишвар онро “амалиёти махсуси низомӣ” меноманд.

Аввалин варзишгар аз Тоҷикистон ба UFC роҳ ёфт

0

Нурулло Алиев, варзишгари шинохтаи тоҷик дар қувваозмоии “Dana White’s Contender Series”, ки шаби 20-ум ба 21-уми сентябр дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА баргузор гардид, рақиби амрикоиаш Ҷош Уикро дар сонияҳои охири раунди якум бо нокаути техникӣ шикаст дод.

Нурулло Алиев то имрӯз дар ҳафт қувваозмоиаш пирӯз шуда, ягон шикаст надорад. Рақибаш Ҷош Уики 27-сола бошад, 17 қувваозмоӣ карда, дар 12-тоаш пирӯзӣ ба даст овардааст.

Ин варзишгари ҷавони тоҷик, баъд аз пирӯзиаш дар “Dana White’s Contender Series” аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба яке аз ташкилотҳои варзишии шинохтаи ҷаҳон “Ultimate Fighting Championship” (UFC) роҳ меёбад.

Пас аз ғалабааш Нурулло бо президенти UFC Дейна Уайт суҳбат карда, гуфтааст, ки аллакай баъди як ҳафта омода аст дар UFC аввалин қувваозмоии худро баргузор намояд ва дар идомаи суҳбаташ қайд карда, ки баъд аз 2 сол қаҳрамони ин ташкилот мешавад.

Президенти UFC Дейна Уайт баъд аз анҷоми қувваозмоиҳои шаби 20-ум ба 21-уми дар “Dana White’s Contender Series”, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки “вақте навори тамрини варзишгаронро дар ҳисоби инстаграмам гузоштам, дар зери навори дигар варзишгарон 30 шарҳ навишта шуд. Аммо дар зери навори тамрини Нурулло Алиев 1500 шарҳ пайдо шуд, ки ин нишондиҳандаи он аст, ки тамоми кишвараш аз пушти ӯст”.

Ҳоло ин навори тамрини Нурулло, ки пеш аз қувваозмоиш сабт шудааст дар муддати 9 соат беш аз 6 ҳазор шарҳ дорад, ки бештари онро тоҷикон навистаанд.

Нурулло Алиев 22 сол дошта, зодаи Ванҷи ВМКБ мебошад. Ӯ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳаводорони зиёде дошта, ба хотири шабоҳаташ бо Ҳабиб Нурмагамедов “Уқоби тоҷик” низ меноманд.

Нурулло Алиев ҳунарнамоии касбии худро дар ММА соли 2018 оғоз намуда, дар ташкилоти “Fight Nights Global” низ қувваозмоӣ намудааст. Ӯ аввалин варзишгари тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ “First Round Management” қарордод бастааст.

ВКХ ҶТ: Қириғизистон нақшаи ҳуҷуми гусутрдаеро мекашад

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки паҳподҳои таҷассусии Қирғизистон ба хотири ҷамъоварии иттилоот борҳо ҳарими ҳавоии кишварамонро таҷовуз кардаанд.

Имрӯз, 21-уми сентябри соли 2022, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти худ гуфтааст, ки рӯзҳои 19-20-уми сентябри соли ҷорӣ парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Рашт ва Лахши Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон аз Қиризистон хостааст, ки протоколҳои имзошударо риоя кунад, дар ғайри ин сурат ҳушдор дода мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳам ин иқдомҳои Қирғизистонро ҳамчун омодагӣ барои ҳамлаҳои навбатӣ талаққӣ карда, масъулияти авоқиби он ба дӯши Қириғизистон хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини рӯзҳои 14-18 моҳи ҷорӣ дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда 100 кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин даргириҳо ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози танишҳо муттаҳам карданд.

Вокуниши Тоҷикистон ба изҳороти Марат Имонқулов

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба изҳороти ахири котиби Шӯрои амнияи Қирғизистон Марат Имонқулов вокуниш кард.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар изҳороти худ маълумоти ироа кардаи Марат Имонқуловро “сохтакорӣ” ва “таҳрифи далелҳои қалбакӣ” номида, таъкид мекунад, ки чунин маълумоти “бардурӯғ” метавонад вазъиятро боз ҳам душваор гардонад.

“Дар робита ба мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов аз 19 сентябри соли 2022, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, чунин изҳорот дар асоси сохтакорй ва таҳрифи далелҳои қалбакй, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст. Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халкҳои мо душвор гардонад.”, омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, рӯзи сешанбе Azda tv изҳороти дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро нашр кард, ки ин мақоми қирғизӣ 19-уми сентябр дар нишасти хабарие иддао карда буд, ки бар асари даргирҳои хунини ахири марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 200 сарбоз кушта ва ҳудуди 400 нафар маҷруҳ шуданд. Ӯ ҳамчунин кушташудаҳои ҷониби Қирғизистонро 40 ва маҷруҳонро 70 нафар гуфта буд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон омори кушташудаҳои муноқишаи марзиро 41 нафар гуфта буд ва мақомоти расмии Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 59 нафару захмӣ шудани 164 кас хабар дода буд.