Хона блог саҳифа 300

Уфти қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

0

Бонки миллии Тоҷикистон, тайи даҳ рӯзи ахир дасти кам се маротиба қурби рубли русиро дар баробари пули миллӣ-сомони поён овард.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, 14-уми майи соли 2023 қурби 1 рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ баробар ба 0,1300 қимат дорад ва дар муқобили ҳар 1000 рубли русӣ 130 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Бо ин вуҷуд ҳангоми хариду фурӯш дар бонкҳои тиҷоратии кишвар ин рақамҳо фарқ мекунанд.

Бархе коршиносон мегӯянд, Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун бузургтарин муассисаи молии давлат, ки ҳамзамон ягона ниҳоди расмӣ дар раванди таъйини қурби асъори хориҷӣ дар кишвар дониста мешавад, боло бурдани қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ бар асоси додаҳои биржаҳои молии ҷаҳонӣ таъйин кардааст, на ин ки дар воқеъ арзиши пули миллӣ-сомонӣ дар баробари дигар асъори хориҷӣ боло рафта бошад.

Ин коршиносон иддаъои худро бар асоси тағйир наёфтани арзиши пули миллӣ-сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ ба милси доллари амрикоӣ ва евро арзёбӣ карда, мегӯянд, агар дар асл арзиши пули миллӣ-сомонӣ боло мерафат, Бонки миллии Тоҷикистон қурби доллари ИМА ва евроро ҳам тағйир медод.

Гуфта мешавад, бар асоси нархгузии Бонки миллӣ ба ҳолати имрӯз, 1 доллари амрикоӣ баробар ба 10,9140 сомонӣ, 1 евро муодили 11,7817 сомонӣ ва 1 юани Чин баробар ба 1,5263 сомонӣ баҳогузорӣ шудаанд. Қурби рубли русӣ дар биржаҳои молии ҷаҳонӣ низ баробар ба қурби таъйин кардаи Бонки миллӣ коҳиш ёфтааст.

Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ

0

Мақомоти сатҳи баланди кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон бо ҳам дидору гуфтугӯ намуданд.

13-уми июни соли 2023 ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Вазорати коҳои хориҷи Тоҷикистон мегӯяд, дар 10-умин нишасти Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим намояндагӣ кард.

Гуфта мешавад, иштироккунандагони ин нишаст дар бораи “ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ” ибрози назар карданд.

$18 млн кумаки Амрико ба Тоҷикистон

0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад барои кумак ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон то 18 миллион доллар ҷудо кунад.

Ожонси рушди байналмилалии Амрико (USAID) тасмим гирифтааст, ки барои қишри ҷавони дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ таъсис диҳад ва соҳибкоронро дастгирӣ намояд. Гуфта мешавад, дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба шаҳрвандони ҷавони кишвар ва муҳоҷирони кории бозгашта хоҳад буд.

Ҳадафи аслии ин барнома эҷоди шуғли муносиб ва пурсамар барои ҷавонон, занон ва мардони тоҷик тавассути рушди соҳибкорӣ, омӯзиши ҳунарҳои гуногун ва осон кардани дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар бахшҳое мебошад, ки дорои потенсиали бузурги рушди иқтисодӣ ҳастанд“, — омадааст дар хабари USAID.

Масъулони USAID дар Душанбе мегӯянд, ки “бахши хусусии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ ва иқтидори таъсиси ҷойҳои корӣ, ки қаблан аз оқибатҳои пандемияи COVID-19 ва дигар мушкилоти ҷаҳонӣ зарари ҷиддӣ дида буд, ба кумак ниёз дорад.”

Ҳамзамон ин ниҳоди молиявии Амрико дар моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон барои кумак ба оилаҳои осебпазир 13 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ин кумакҳои Амрико барои рушди Тоҷикистон дар ҳолест, Русия аз забони вазири корҳои хориҷияш ба мақомоти тоҷик ҳушдор дода буд, ки ба кумакҳои рушди Амрико ва Ғарб камтар таваҷҷуҳ кунанд ва ба онҳо нигоҳи интиқодӣ дошта бошанд, бахусус дар соҳаи низомӣ.

Сергай Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, ки рӯзҳио 5 ва 6-уми июни соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, зимни суханронияш дар Донишгоҳи Славиянии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону кишварҳои ғарбӣ ишора карда, гуфта буд: “Мо аз дӯстони худ мехоҳем, ки нисбат ба барномаҳои ҳамкории кишварҳои ғарбӣ дар соҳаи низомӣ ва хусусан барномаҳои омӯзишии нерӯҳои интизомӣ бо диди интиқодӣ нигоҳ кунанд.”

Кушта шудани ду ҷавони тоҷик дар Русия

0

Шаби гузашта дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия миёни ду гурӯҳи муҳоҷирон муноқиша сар задааст, ки дар натиҷаи он ду ҷавони тоҷик аз зарбаҳои корд кушта шудаанд. 

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳарду гурӯҳи даргир шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ҳоло тани беҷони ин ду нафар тоҷикро субҳи имрӯз, 13-уми июн сокинони маҳаллӣ аз кучаи Академик Бардин пайдо карда, ба кормандони пулис хабар додаанд. 

Дар натиҷаи тафтишоти пешакии пулис маълум гаштааст, ки ин ду гурӯҳ ҷавонон барои маблағ занозаниву кордкашӣ кардаанд. 

Фарух Мирзоев, раиси диаспораи тоҷикони вилояти Свердловск ба расонаҳо русӣ гуфтааст, ки “Яке аз онҳо аз як иштирокчии дигари занозанӣ қарздор будааст. Дар ин асос низоъ сар зад. Дар ин ҷо ягон муноқишаи миллигароёна нест. Онҳо барои гирифтани пул омаданд. Дар аввал муноқишаи лафзӣ, баъд занозанӣ бо корд оғоз шуд. Ду нафар ҷон бохтанд”.

Шумораи дақиқи иштирокдорони ин занозанӣ маълум нест. Аммо, гуфта мешавад, дар он як варзишгари тоҷик бо номи Суҳроб Давлатов ширкат доштааст ва ӯ ҳоло аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардидааст. 

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, ду нафари дигари ин занозанӣ бо ҷароҳатҳои гуногун ҳоло дар беморхона ҳастанд.

Раҳбари ин ниҳод Александр Бастрикин тафтишоти кушторро таҳти назорат гирифтааст.

Русия: Сухтор дар бозори Садоводи Маскав

0

Субҳи имрӯз яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ки аксари тоҷирону кормандони онро муҳоҷирон ташкил медиҳанд, ба коми оташ рафт.

Бино ба иттилои бархе манобеи Azda tv аз шаҳри Маскав, субҳи 13-уми июни соли 2023, тақрибан соати 10:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ қисме аз бозори Садоводи шаҳри Маскав ба коми оташ рафтааст.

Дар аксу наворҳое, ки аз маҳалли ҳодиса ба идора фиристода шуд, дида мешавад, ки даҳҳо дукони тоҷирон сӯхта нобуд мешаванд ва бархе тоҷирон ба хотири наҷот додани молу колои худ аз ин сӯхтор ҷони худро дар хатар гузошта, вориди мағозаҳо мешаванд.

Инчунин дар аксу наворҳо дида мешавад, ки алангаи оташ ҳар лаҳза бузургтар шуда, то рафт маконҳои зиёдеро фаро мегирад, вале хадамоти сӯхторнишонӣ наметавонанд ба осонӣ онро хомӯш кунанд.

Гуфта мешавад, бозори Садоводи шаҳри Маскав дар қисмати ноҳияҳои ҷанубу шарқии пойтахти Русия ҷойгир буда, маҳсулоти асосии тоҷирон дар ин бозор либос ва поафзор аст. Ин бозор аз солҳои 90-уми асри гузашта инҷониб амал мекунад ва аксари тоҷирони амалкунанда дар онро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Бархе шоҳидон мегӯянд, аксари зарардидагони ин сӯхтор зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳастанд. Ва ҳоло мақомоти дахлдори шаҳри Маскав ба ҷои ҳодиса рафта, таҳқиқоти худро дар бораи сабабу омилҳои сар задани оташ оғоз кардаанд.

Инчунин баъзе расонаҳои русӣ дар ин бора иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи ин сӯхтор чанд мағоза комилан сӯхта нобуд шудааст. Дар бораи хисороти ҷонӣ ва ҳаҷми зарар то лаҳзаи омода намудани ин матлаб аз манбаъҳои расмӣ гузорише нашр нашудааст.

Дар авҷи баҳси маҳалгароӣ КДАМ вориди амал шуд?

0
Акс аз манбаъҳои боз гирифта шудааст

Абдухалил Холиқзода, раҳбари бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон ба хонаводаи афсари кушта шудаи КДАМ ба шарти он, ки ба касе чизе нагӯянд, дар маркази шаҳри Душанбе манзили зистеро туҳфа кардааст.

Дар оғози июни соли ҷорӣ Раҳмоналӣ Мирализода, раҳбари Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як тақриз дар саҳфаи фейсбукии худ дар бораи китоби тозанашри раҳбари бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” як мавҷи ҷадиде аз маҳалгароиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.

Раҳбари Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар он матлаби худ, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ки бо ду хат ҳам срилик дар Тоҷикистону ва ҳам порсӣ дар Эрон нашр шудааст, ӯро ба маҳалгароӣ, тавҳину таҳқири сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ва худбартарбинӣ муттаҳам карда буд.

Ин матлаб дар як муддати кӯтоҳ ба вокунишҳои тунде аз ҷониби хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки худро зодаи минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ва ба хусус минтақаи Кӯлоб медонанд, рӯбарӯ шуд. Асли даъвои ишон он буда, ки муаллифи он китоб бо овардани қиссаи “Нозанин ва Қизилбошӣ” мардуми минтақаи Ховалинги вилояти Хатлонро таҳқир ва таҳвин кардааст. Қиссае, ки Абдухалил Холиқзода онро аз забони генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки худаш ҳам зодаи Ховалинг аст, нақл кардааст.

Дар ин баҳсҳо бархе мувофиқон ва мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон низ баъзан бо нармӣ ва дар мавридҳои дигар хеле тунд вориди амал шуда, бардоштҳо ва ё иттиҳомоти Раҳмоналӣ Мирализодаро дар ҳаққи Абдухалил Холиқзода дорои ангезаҳои сиёсӣ ба хотири ғасби моликияти ӯ талаққӣ карданд. Иддаъоҳое, ки раҳбари Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг онҳоро беасос ва худро аз ин иттиҳомот пок медонад.

Дар ин раванд, бархе аз мубаллиғони Ҳукумати Тоҷикистон, ки аксари онҳо зодагони ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ва бахусус минтақаи Кӯлоб ҳастанд, ба мисли Саъдӣ Маҳдӣ, Сайёф Мизроб, Абдуқодир Талбаков, Мирзоалӣ Миарлиев ва дигарон ва аз ҷониби дигар бархе аз зодагони минтақаи Зарафшону Хатлон, ба мисли шоир Исфандиёри Назар, тоҷир Шамс Саид, рӯзномагирон Додоҷон Атовуллоев, Исфандиёри Одина, Дорюши Раҷабиён ва дигарон, ки аксарашон дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, ва бардошти онҳо аз мутолеаи он китоб ба гунаи дигар аст, низ вориди баҳсҳои тезу тунде шудаанд…

Бо вуҷуди ин ҳама баҳсҳо, муаллифи китоб, ки худ зодаи Зарафшон асту ба қавли худаш дӯстони азизаш ба мисли Саймумин Ятимов, Риси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зодагони минтақаи Кӯлоб мебошанд, дар зарфи чанд рӯзи ахир ба сурати расмӣ ба ин баҳсҳо ворид нашуда буданд.

Аммо имрӯз, хонум Малоҳати Саидҷафар, ҳамсари Комрон Раҷабзода, собиқ сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ки моҳе пеш дар ноҳияи Дарвоз ба қатл расид, бо нашри як матлаб дар ҳимоят аз раҳбари бемористони Ибни Сино мегӯяд, пас аз қатли ҳамсараш Абдухалил Холиқзода ба хонаи иҷораи онҳо рафта, арзи тасалият карда ва як хонаи се ҳуҷрагӣ дар маркази пойтахт ба онҳо туҳфа кардааст.

Хонум Малоҳати Саидҷафар, ки худро зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ медонад, таъкид карда, ки ҳар чанд муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” пеш аз тақдими туҳфа шарт гузошта буд, ки дар бораи ин хайр ба касе чизе нагӯянд, чун “имрӯз ман бо чор фарзандам, дар ин хона, ки бо тамоми ҷиҳози барои зиндагӣ зарурӣ муҷаҳҳаз буда, дар маркази шаҳри Душанбе қарор дорад, зиндагӣ мекунем. Вале шарти акаи Абдухалилро шикастам. Ба хотири он ки нишон диҳам ӯ кист ва онҳое, ки ҷонибаш санги бухлу ҳасад мепартоянд, дар асл кистанд.”

Гуфтанист, ин матбали хонум Малоҳатро хелеҳо аз ҷумла бархе аз фейкҳои мансуб ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам дар саҳфаҳои худ бознашр карданд ва инро метавон ба сурати ғайрирасмӣ ворид шудани КДАМ ва дигар мақомоти интизомӣ ба ин баҳс арзёбӣ кард. Баҳсе, ки алангаи оташи он ҳанӯз шуълавар асту то рафт густараи доманаи он васеътар мешавад. Акнун баъд аз ворид шудани пойи КДАМ ба ин баҳсҳо охири он то куҷо мерасад, вақт муайян мекунад.

PS: Бинои асосии бемористони Ибни Синои Тоҷикистон дар қалби пойтахт, шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Ва бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳудуди 70 дарсад саҳмияҳои он моли сармоягузорони эронӣ ва 30 дарсади ахир ҳам аз сармоягузорони тоҷикистонӣ, бахусус Абдухалил Холиқзода ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов дониста мешавад. Ва ба гуфтаи раҳбари созмони Ватандор: “Бемористони Ибни Сино, бо шаҳодати мутахассисон, яке аз беҳтарин шифохонаҳои Тоҷикистон аст, ки ба ҳама меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ аст. Худи бинои он дар маркази пойтахт, хидматгузории он бо ҷалби пизишкони номвари Эрон ва кишварҳои дигар рашки ҳамшаҳриёни Нозанини таҷовузшударо меоварад. Гарчанде соҳиби он аз тарафдорони ҳукумат аст, «география»-аш рост намегирад.

Қизилбошӣ ва Нозанин танҳо баҳона ва замина оростан асту бас барои ба «худиҳо» додани ин сайди тайёр. Аз нашри китоб се моҳ гузашт, ҳама ҷо «гул» буд. Ҷӯгиҳо ҳам дар паи хӯрдану ридану талбидану таҷовуз буданд. Ҳоло чаро?!…”

АМРУЛЛОҲИ НИЗОМ

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ

0

Мақомҳои олии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-и Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барномаҳои кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои худ дар шаҳри Душанбе гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми июни соли 2023 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо раҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-и Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Ба гуфтаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ҳангоми мулоқот бо Осама Маккавӣ Аснои “ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ намуданд.”

Гуфта мешавад, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1993 то ин ҷониб “дар бахшҳои ҳифзи кӯдакон, тандурустӣ, сиёсати иҷтимоӣ, рушд ва таҳсилоти барвақтии кӯдакон, WASH (таъмини об, санитария ва беҳдошт), вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тағйирёбии иқлим ва омодагӣ ба офатҳои табии ЮНИСЕФ бо кӯдакон ва ҷавонони дорои маъюбият фаъолият менамояд.”

Оғози муҳокимаи додгоҳии парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров

0

Имрӯз, 13-уми июн дар Боздоштгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе баррасии муҳокимаи додгоҳии парвандаи чоруми адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров шурӯъ шуд.

Бародари ин адвокати шинохта Ҷамшед Ёров рӯзи сешанбе дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки Бузургмеҳр Ёров ин бор низ ба қаллобӣ муттаҳам мешавад ва парвандаро додраси шаҳри Ваҳдат баррасӣ мекунад.

Ба сабаби он ки адвокат аз баргузории муҳокимаи додгоҳӣ имрӯз огоҳ набуд, баррасии онро барои пас аз зуҳр мондаднд. Ва баъд аз танаффуси нисфирӯзӣ ҳоло марҳилаи дувуми баррасии парванда оғоз шудааст, наздикони мо ва ҷабрдидаҳову шоҳидон низ ба СИЗО ворид шудаанд.

Ӯ мегӯяд, тибқи гуфтаи намояндаи додгоҳ, раванди муҳокимаи парванда ошкор баргузор мегардад, “вале, вақте парванда дар дохили Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор мешавад мо онро баъдтар хоҳем дид, ки то куҷо он ошкор мегузарад.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорум)-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навишт, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Дар номаи Бузургмеҳр Ёров аз тафтишот хоста шудааст, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. 

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров ин иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида мегӯянд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Қазоқистон: 14 кушта дар Абай

0

Бар асари сухторе, ки масоҳати он ба даҳҳо гектар замини ҷангалзор паҳн шудааст, дасти кам 14 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи сӯхторе, ки дар вилояти Абайи Қазоқистон рух дод, то ҳол ҳудуди 60 ҳазор гектар замин ба коми оташ рафтааст.

Дар ин сухтор дасти кам 14 нафар аз кормандони сухторхомӯшкунӣ ҷони худро аз даст додаанд ва теъдиди дигаре ҳам аз шаҳрвандони ин кишвар осеб дидаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номаи фаврӣ ба ҳамтои қазоқаш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба хотири ҷон бохтани чанде аз сӯхторхнишонон ҳангоми сӯхторнишонӣ изҳори ҳамдарӣ кардааст.  

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз, сарони Қирғизистону Туркманистон ва Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам бо ирсоли номаҳо ба президент ва мардуми Қазоқистон изҳори ҳамдардӣ карданд.

Муҳаммадиқболи Садриддин ба Тоҷикистон истирдод мешавад?

0

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳукумати Фаронса талаб кардааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифини ашаддии Эмомалӣ Раҳмонро ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Муҳаммадиқболи Садриддин, раиси пойгоҳи “Ислоҳ.нет” 12-уми июни соли ҷорӣ дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки мақомоти Додситонии Тоҷикистон ӯро ба қаллобӣ муттаҳам карда, аз мақомоти Фаронса истирдоди ӯро талаб кардаанд.

Ин қазияи аз соли 2020 маншаъ мегирад. Ва раду бадалҳо ва ирсоли номаҳо ба давлате, ки мо қарор даорем ҳамеша вуҷуд дошт. Ва лобигариҳое низ анҷом гирифта истодааст, то ин ки бо ҳар шаклу услубе, ки бошад ва барои инҳо дуруст мегирад, ҳамонро омода доранд, то ин ки моро бо ҳамон иттиҳом истирдод намоянд.“, мегӯяд раҳбари сомонаи “”Ислоҳ.нет”.

Ӯ дар идмоаи суҳбаташ афзуд, ки Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ӯ хеш аст, ваъда додааст, ки “ман Муҳаммадиқболро бо Муҳиддин Кабирӣ” аз Аврупо бармегардонам.

Ин мухолифи Раҳмон мегӯяд, ин иқдомҳо ва давутозҳои мақомти тоҷик ва хостани истирдоди ӯ ба Тоҷикистон “як хобу хаёле ҳастанд, ки инҳо ҳамеша дар садади ин кор ҳастанд.”

Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ҳатто барои нобуд кардани ӯ аз қотилон низ истифода карданд, вале муваффақ нашуданд. Ва инчунин дигар иттиҳомоташон дар мавриди террористу экстремист ба дард намехӯрад ва инак иттиҳоми наверо таҳти пӯшиши “қаллобӣ” рӯи даст гирифтаанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба хостаи худ бирасанд.

Масъули пойгоҳи “Ислоҳ.нет” афзуд, ки мақомоти тоҷик барои хомӯш кардани садои мухолифонаш, тамоми равшанфикрон ва фаъолони ҷомеаи тоҷик, аз ҷумла Зайд Саид, Иззат Амон ва дигаронро бо иттиҳоми қаллобӣ ва моддаи 307 (ифротгароӣ ва террористӣ) зиндонӣ кардаанд, то ин ки касе аз “ҷиноятҳои ин режим” ҳарф назанад.

Ӯ гуфт, орзуям ин аст, ки агар ман истирдод шавам, охирин нафаре бошам, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон зиндонӣ ё кушта мешавад. Ва дигар ҳеч нафар аз миллати ман на истирдод ва на зиндонӣ ва кушта шавад.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон борҳо аз мақомоти кишварҳои аврупоӣ, ки аксар мухолифони тоҷик дар он кишварҳо паноҳанда шудаанд, бо иттиҳомоти ифротгароӣ хостори боздошту истирдоди мухолифинаш шудааст. Вале дар ҳолатҳои бисёр кам истирдоди бархе нафарон аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.