18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 305

Бензин гарон мешавад? Қазоқистон содироти бензинро боз медорад

0

Қазоқистон содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро ба хориҷ аз кишвараш ба муддати чор моҳ тариқи ҳама гуна воситаи нақлиёт боз медорад.

Бино ба иттилои Zakon.kz, тибқи фармони муштараки вазорату идораҳои дахлдори Қазоқистон, содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ, ба истиснои равғанҳои молиданӣ, сӯзишвории моеъ, сӯзишвории авиатсионӣ барои баргузории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин интиқол дар зарфҳои бензин аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунандаи нақлиёт пешбинишуда, аз қаламрави ин кишвар ба муддати чор моҳ боздошта мешавад.

Гуфта мешавад, фармони муштараки ниҳодҳои марбутаи ин кишвар пас аз даҳ рӯзи нашри аввалини расмии он ба кор медарояд.

Пештар аз ин, 20-уми январи соли 2023 бо фармони муштараки вазири энергетика, вазири молия, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мамнуъияти содироти сӯзишворӣ бо роҳи автомобилгард барои шаш моҳи дигар тамдид карда шуда буд.

Манъи содироти ин маҳсулот ба хотири таъмини бозори дохилии Қазоқистон бо маводи сӯзишворӣ гуфта мешавад ва эҳтимоли зиёд ба нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон таъсири чашмрасе нахоҳад дошт. Зеро воридоти дизелу бензин аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба миқдори начандон зиёд сурат мегирад. Асосан аз Қазоқистон ба Тоҷикистон гази моеъ оварда мешавад, ки он 84,1% аз ҳаҷми умумии воридоти газро ташкил медиҳад.

Тақрибан 90%-и сӯзишвории дизелӣ ва бензин ба Тоҷикистон аз Русия ворид карда мешавад.

Путин: “Алқоида” дар Афғонистон тақвият меёбад

0

Панҷумин давраи нишасти мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон рӯзи чоршанбе, 8-уми феврал дар Маскав оғоз шуд.

Дар ин нишаст мушовирони миллии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Чин, Русия, Ҳиндустон ва Эрон ҳузур дошта, дар масоилӣ амниятӣ, ҳуқуқи башарӣ мубориза бо терроризм ва дигар масоили мубрами Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон созмонҳои ҳаросафкан ва террористии байналмилалӣ дар ин кишвар фаъолтар шудаанд. Ӯ афзуд, аз ҷумла “Алқоида” дар ҳоли афзоиши зарфиятҳои худ аст.

Путин Афғонистонро барои Русия муҳим хонд ва таъкид кард, ки ба хусус дар ин авзои кунунӣ “аҳаммияти Афғонистон барои Русия ду баробар шудааст.” Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, маншаъаи 80% маводи мухаддири дунё Афғонистон аст.

Низ дар нишасти мазкур ишора шуд, ки силоҳҳои баҷо мондаи Амрико дар Афғонистон, ки миллиардҳо доллар арзиш доранд, мумкин аст ба гурӯҳҳои террористӣ фурӯхта шаванд ё дар ҷанги эҳтимолӣ миёни афғонҳо истифода шаванд.

Ҳамчунин мушовирони амниятии кишварҳои минтақа аз адами ташкили давлати фарогир дар Афғонистон нигаронӣ карда, зимнан ҳушдор доданд, ки таъхир дар эҷоди як давлати ҳамашумул сабаби ба вуҷуд омадани тамоми мушкилоти ин кишвар хоҳад буд.

Дар ин нишаст, бо вуҷуди он ки масоил амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа баррасӣ мешавад, намояндаи Толибон ҳузур надорад ва дар нишастҳои гузашта боре ҳам даъват нашудаанд.

Толибон мегӯянд, дар ҳар нишасте, ки Афғонистон дар он баҳси меҳварӣ бошад, ҳузури намояндаи Иморати исломӣ ҳатмӣ аст.

“Бидуни шак дар чунин нишастҳо баҳсҳои интиқодӣ ва ё ҳам дидгоҳ ва ё супоришоте вуҷуд хоҳад дошт ва ин намояндаи Иморати исломӣ хоҳад буд, ки бо ҳузури худ дар чунин нишастҳо ба масоили мубҳам посух хоҳад дод ва далоили худро баёно хоҳад дошт.”, омадааст дар посухи Толибон.

Ёдовар мешавем, ки сеюмин давраи ин нишаст дар Деҳлии Ҳиндустон ва чорумин давраи он моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд. Он замон низ бар рӯи ташкили ҳукумати ҳамашумул, мубориза бо терроризм таъкидоти зиёде шуда буд.

Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 09.02.2023 | AZDА TV

0

Олмониҳо: Абдуллоҳи Шамсиддинро озод кунед!

Ихроҷи як оилаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Кумаки Тоҷикистон ба Туркия

Мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистн дар Бишкек

Кумаки Тоҷикистон ба Туркия

0

Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаҳои ахири Туркия дар ҳаҷми наздик ба 100 тонна маводи хӯрока ва дигар ашёи зарурӣ фиристод.

Субҳи имрӯз, 9-уми феврали соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон ба сурати расмӣ ба зарардигони заминларзаҳои ахир дар Турия кумакҳои худро ирсол кард.

Тибқи иттилои расмӣ, “кумаки башардӯстона аз маҳсулоти зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.”

Инчунин хабаргузории расмии Тоҷикистон АМИТ Ховар иттилоъ медиҳад, ки ҳамзамон “ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда мешавад.”

Гуфта мешавад, “ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздик ба 100 тонна мебошад.” Инчунин 50 нафар имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумлаи мутахассисони омӯзишдида, духтур-ҷарроҳ ва травматологҳо низ барои кумак расонидан ба зарардидагон фиристода шуданд.

Ихроҷи як оилаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

0

Мақомоти рус як навраси тоҷикро ҳамроҳи модар, хоҳар ва бародараш аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд.

Кормандони интизомии шаҳри Самараи Русия як навраси тоҷикро, ки дар занозании гурӯҳӣ дар маркази савдои “Эл Рио”-и вилояти Самара ширкат дошт, бо аҳли оилааш ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ фиристоданд. Дар ин бора Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии ин вилоят хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар яке аз ошхонаҳои маркази савдои “Эл Рио” занозанӣ миёни ҷавонон рух дод, ки чанд рӯзи охир навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад. Дар навор дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонон бо ҳам занозанӣ карда, курсиҳоро ба тарафи якдигар ҳаво медиҳанд.

Бо вуҷуди он ки ҳеҷ яке аз иштирокдорони муноқиша ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё муассисаҳои тиббӣ муроҷиат накардааст ва маъмурияти маркази савдо низ дар бораи ҳодиса ба мақомоти салоҳиятдор хабар надодааст, дар робита ба ин ҳодиса пулис аз рӯи моддаи 213 (Авбошӣ) парванда боз карда, онро ба додгоҳ фиристодааст.

Гуфта мешавад, баъд аз нашри навори занозанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, худи раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин дастур дода буд, ки ин ҳодиса тафтиш шавад.

Бино ба иттилои ВКД-и Русия, ҳангоми санҷиш маълум гардидааст, ки иштироккунандаи ноболиғи занозанӣ, инчунин модар ва бародару хоҳари ноболиғаш, муҳлати будубош дар Федератсияи Русияро вайрон кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Промишленнийи Самара дар бораи ихроҷи иҷбории онҳо аз Русия ба Тоҷикистон қарор содир кардааст. Ҳоло ин хонаводаи тоҷик то анҷоми ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд.

Аммо то куҷо ҳақиқат доштани ин ки ин оилаи тоҷик қоидаҳои будубошро дар Русия вайрон кардаст, аз ҷойи дигар маълум карда нашуд.

То ҳол сабаби аслии сарзадани занозанӣ ва тақдири дигар иштирокдорони ин маълум нест. Ҳамчунин назари навраси тоҷик ва пайвандонаш низ дастраси расонаҳо нашудааст.

Олмониҳо: Абдуллоҳи Шамсиддинро озод кунед!

0

Ҷамъе аз фаъолони олмонӣ ва тоҷикистонӣ бо баргузории як тазоҳурот дар шаҳри Дортумнд аз мақомоти кишварашон талаб доранд, ки суд бояд иштибоҳашро ислоҳ кунад.

Имрӯз, 9-уми феврали соли 2023, Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷики муқими Олмон, ки дар ин тазоҳурот ширкат дорад, мегӯяд, ҳадаф аз ин тазоҳурот додхоҳӣ барои зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин аст.

Пеш аз ин мақомоти Олмон рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро аз тариқи Турия ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд. Пас аз ихроҷ дар шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин  билофосила боздошт ва нопадид шуд.

Эътироъгарони ҳамоиши имрӯз ҳам ба ҳамин хотир аз мақомоти Олмон талаб доранд, ки барои озод кардани ин фаъоли сиёсии тоҷик аз банди зиндон ва шиканҷаи мақомоти Тоҷикистон даст ба кор шавад.

Инчунин ширкаткунандагони ин ҳамоиши эътирозӣ талаб доранд, ки суд иштибоҳашро ислоҳ кунад ва барои пайвастани Абдуллоҳи Шамсиддин ба ҳамсар ва фарзандонаш дар Аврупо ва баргардонидани ӯ ба Олмон иқдом кунад.

Ҳамзамон Ҳизби сабзҳои Олмон низ дар ин қазия ҳамроҳ шуда, бо ҷамъоварии имзоҳо мехоҳад парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддинро ба парлумони ин кишвар бибарад ва ин масъаларо дар сатҳҳои болотари давлат низ ба миён бигузорад.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон ҳам пас аз нишастани ҳавопаймо ба фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, Абдуллоҳи Шамсиддинро аз дохили ҳавопаймо боздошт карда бо худ бурданд, ва расман бо гузашти беш аз 3 ҳафта то ҳол дар бораи дар куҷо ва дар чӣ шароите нигоҳ доштани ӯ ҳеч иттилое надодаанд.

Мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистн дар Бишкек

0

Гурӯҳҳои кории топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Ғирғизистон аз 3-ум то 9-уми феврли соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии худро гузарониданд.

Акс аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Имрӯз, 9-уми феврал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз доир шудани вохӯрии ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз хабар дод.

Тибқи иттилои  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин вохӯрии навбатӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда, як ҳафта идома пайдо кардааст.

Гуфта мешавад, дар охири ҷаласаи чандрӯза ҳайатҳои корӣ ба мувофиқатҳое даст ёфтанд ва “протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.” Аммо ба таври мушаххас гуфта нашудааст, ки ҳайатҳои топографӣ ба чӣ тавофуқоте даст ёфтанд ва чанд километр аз нуқтаҳои баҳсии марз мушаххас шудааст.

Тибқи иттилои вазорат, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки байни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки муноқишаҳои идома дорад. Ҳатто чанд соли ахир ба дахолати нерӯҳои низомӣ ва кушта шудани даҳҳо нафар аз ду ҷониб анҷомид.

Аммо дар ин моҳҳои ахир аз беҳбуд шудани робитаҳо гуфта мешавад. Моҳи январи соли ҷорӣ сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз тамосҳои телефонӣ гуфта буданд, ки вазъияти буҳронӣ байни ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ аст. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон чанде пеш бо таъйиди ин раванд гуфт буд, ки авзоъ хеле беҳтар шудааст.

Афзоиши омори қурбониён. Беш аз 17 ҳазор кушта дар Туркияву Сурия

0

Ду заминҷунбии ҷадиде бо бузургии 3,6 ва 4,5 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер манотиқе аз ҷанубу шарқи Туркияро бори дигар такон доданд.

Бино ба иттилои

Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои наҷот дар Туркия аз он хабар медиҳанд, ки пас аз 73 соат ду тифлеро ҳамроҳи модарашон зиндаву саломат аз зерои оворҳои ба ҷо монда аз ин заминҷунбиҳои вайронгари рӯзи душанбеи 6-уми феврал наҷот доданд.

Мақомоти расмӣ дар Туркия гуфтаанд, ки то кунун аз 61 кишвари дунё кумак дарёфт кардаанд. Аммо мақомоти Сурия аз камбуди имконот хабар дода мегӯяд, ки новобаста аз вазъи сиёсӣ бояд ба осебдидагони ин кившар низ кумак карда шавад.

Нахустин кумакҳои Созмони Милал ҳам субҳи имрӯз аз тариқи Туркия вориди Сурия шуд. Ин кумакҳо бештар маводи гармидҳӣ, аз ҷумла хайма, курпаву курпача ва ғайра иборат мебошанд.

Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо ҳам аз кишварҳои узви ин иттиҳодия ва дигарон хостааст, ки новобаста аз ҷойгиршавии сокинони зарардида дар Сурия бояд ба онҳо кумакҳои инсонӣ расонида шавад.

Гурӯҳҳои наҷот корҳои кумакрасонӣ ба мардумони зарардида ва зери оворҳо боқӣ монданро идома медиҳанд. Субҳи имрӯз як гурӯҳи наҷот иборат аз 50 нафар аз Тоҷикистон ҳам вориди Турия шуд.

Гуфта мешавад, мақомоти Туркия қавл додаанд, ки тамоми сокинони зарардида ба ҷои амн таъмин карда мешаванд ва дар муддати камтар як аз сол тамоми хонаҳои сокинони зарардида сохта ба истифода дода хоҳанд шуд. Парлумони Турия низ имрӯз барои эълони ҳолати фавқулъода дар 10 вилояти зарардида ба муддути се моҳ раъйгирӣ мекунад.

Олими ҷавони тоҷик дар Украина кушта шуд

0

Як донишмандони ҷавони тоҷики муқими Украина бо номи Бежан Шарифов, ки дар сафи нерӯҳои Украина меҷангид, кушта шудааст.

Беижан Шарофов, зодаи Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, ходими илмии Донишкадаи физиологии Богомолетси Украина (Bogomoletz Institute of Physiology) дар майдони ҷанг, ки аз ҷониби Украина меҷангид, кушта шудааст.

Дар ин бора рӯзи 8-уми феврал Донишкадаи физиологии Богомолетси Украина дар

Акс аз саҳифаи фейсбукии Dmytro Lavrenchuk

Гуфта мешавад, дар оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина моҳи феврали соли 2022 Бежан аз ҷумлаи касоне буда, ки ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайвастааст. Вале ӯ аз моҳи апрели соли гузашта бедарак шуда буд. Кормандони Донишкадаи мазкур мегӯянд, санҷиши ДНК марги ӯро тасдиқ кард.

Дар расонаҳои украинӣ гуфта мешавад, ки Бежан Шарифов ҳамроҳи хонаводааш чанд соле пеш аз Тоҷикистон ба ин кишвар рафта буд. Бежан дар хонавода писари ягона будааст ва модараш бо маблағи таксиронӣ талош мекарда писараш таҳсилоташро ба охир расонад.