Ширкатҳои Бег Сабур то ҳол дар “рӯйхати сиёҳ”
Бонки исломии рушд миллионҳо доллар барои бунёди “Роғун” ҷудо мекунад
Шумори қурбониёни Туркияву Сурия аз 11 ҳазор нафар убур кард.
Ширкатҳои Бег Сабур то ҳол дар “рӯйхати сиёҳ”
Бонки исломии рушд миллионҳо доллар барои бунёди “Роғун” ҷудо мекунад
Шумори қурбониёни Туркияву Сурия аз 11 ҳазор нафар убур кард.
Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар твиттер аз ҷомеаи дар Тоҷикистон барои ҳамбастагӣ ва ҷамъоварии кумакҳои мардумӣ барои зилзилазадагони Туркия изҳори ташакурӣ кардааст.

Чилахон Холов, сарояндаи шинохтаи Тоҷикистон, ки аксар вақт сурудҳои халқиро замзама мекард, пас аз бемориҳои тӯлонӣ вафот кард.

Чилахон Холов, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, ки чанд моҳи ахир дар бистари беморӣ қарор дошт, дирӯз, 7-уми феврали соли 2023 дар синни 66-солагӣ вафот кард.
Ба қавли пайвандонаш, маросими намози ҷанозаи Чилахон Холов, имрӯз, 8-уми феврали соли ҷорӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт баргузор шуд.

Чилахон Холов чанд соли ахир аз беморӣ ранҷ мебурд ва соле пеш як амалиёти ҷарроҳии гурдаашро ҳам анҷом дода буданд. Бо ин вуҷуд, вай яке аз сермаҳсултарин ҳунармандони кишвар буд.
Чилахон Холов, Гуфта мешавад, Чилахон Холов, дорандаи унвони “Ҳунарманди шоисатаи Тоҷикистон” аст. Ӯ зодаи Кангурти минтақаи Кӯлоб аст, ки худро яке аз пайравони Карими Шиш медонист. Вай бисёратар таронаҳои халқӣ месароид ва бо ҳамин сурудаҳояш зиёдтар дар байни мардум мухлис пайдо карда буд.
Оморҳои расмӣ аз Турияву Сурия аз он ҳикоят мекунанд, ки теъдоди қурбониёни заминларзаҳои ахир аз марзи 11 ҳазор нафар гузаштааст.

Тибқи иттилои охирин оморҳои нашршуда дар расонаҳо, мақомоти давлатӣ ва пизишкон мегӯянд, ки бар асари заминларзаҳои бузурги ахир дасти кам 11 ҳазор нафар дар Туркия ва Сурия ҷон бохтааст.
Бар асоси ин омор, теъдоди қурбониён дар Туркия ба беш аз 8 ҳазору 574 нафар ва дар Сурия ба 2 ҳазору 662 шахси дигар расидааст. Инчунин оморҳои нашршуда аз он ҳикоят доранд, ки тибқи охирин гузоришҳо шумори захмиҳо дар Туркия ба беш аз 41 ҳазор нафар расидаву ин теъдод дар Сурия 11 ҳазору 236 нафарро ташкил медиҳад.
Пеш аз ин Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом карда буд, ки эҳтимол меравад, теъдоди қурбониёни ин ҳодисаҳои ғамангез ба 20 ҳазор нафар бирасад ва бар асари ин ҳодисаҳо дасти кам 23 миллион нафар ҳам дар ин минтақа зарар дида бошад.
Кумитаҳои ҳолатҳои изтирорӣ ва дифои мандании Туркия гуфтааст, ки 375 бино пурра хароб гардида, ва зиёда аз 1200 бинои дигар қисман зарар дида, дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Танҳо дар Туркия ҳудуди 100 ҳазор нафар дар гурӯҳҳои кумакрасонӣ барои наҷоти мардумони зери оворҳо боқӣ монда ҳузур доранд.
Аз сӯи дигар Кумитаҳои ҳолатҳои изтирорӣ ва дифои мандании Сурия ҳам эълом карда, ки теъдоди қурбониёни кишвар дар ҳоли афзоиш аст ва бо вуҷуди шароити сахт, сардиҳо ва надоштани имконот ва лавозимоти зарурӣ сари вақт наҷот додани шаҳрвандон ба мушкил дучор шудааст.
Гуфта мешавад, заминларзаҳои субҳи душанбеи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия, ки тибқи ҷадвали Рихтер 7,9 дараҷа ва пасларзаҳои он 7,5 баллро ташкил дод, бар иловаи баҷо гузоштани талафоти зиёди инсонӣ ва молӣ садҳо ҳазор нафарро низ дар Сурияву Туркия ба моташ шинонд.
Биноҳои баҳсбарангези Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳанд.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар, имрӯз, 8-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ дар назди шаҳрдори Душанбе комиссияи корӣ ташкил шудааст ва онҳо дар робита ба биноҳои ширкати “Комил-2010” корбарӣ карда истодаанд. Ба гуфтаи Мирзозода, Хадамоти назорати сохтмон ҳангоми санҷиш дар ин иншоот камбудиҳоро ошкор кардааст.
Мирзозода мегӯяд, ки “аз сабаби он ки аллакай барои сохтмон маблағ сарф шудааст, дар оянда биноҳоро мустаҳкам ва ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳем”.
Ба гуфтаи Низом Мирзозода ширкати “Комил-2010” то ҳол ҳаққи сохтмони бинои навро дар пойтахт надорад.
Баъд аз интиқод ва изҳори норозигӣ аз сифати кори ширкатҳои “Комил-2010” ва “Ниагара” аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва сокинон, ин ду ширкати Бег Сабур вориди “рӯйхати сиёҳ” шуда буданд ва ба онҳо дигар иҷозати сохтани биноҳои баландошёнаро надоданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми феврали соли 2021 Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Бег Сабур биноҳои нотамомашро ба анҷом расонад, иҷозатномаашро бозпас мегиранд ва ӯ аз рӯзноманигорон хоста буд, ки ба дигарон бирасонанд то бо ширкатҳои марбут ба Бег Сабур ҳамкорӣ накунанд.
Бо вуҷуди паст будани сифати биноҳои сохташуда аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии қудои Эмомалӣ Раҳмон, Бег Сабур ва шикояти зиёди сокинон, боз ҳам бархе мардум аз сабаби арзон будани хонаҳои ширкати ӯ хона харидорӣ мекунанд.
Дар гузашта, баъд аз шикоят аз кори ширкатҳои хонасозии марбут ба Бег Сабур, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳоми қаллобӣ барои 12 сол равонаи зиндон гардида буд. Ба гуфтаи бархе огоҳони умур, Иноятзода маҳз ба хотири интиқоди шадид кардан аз қудои Эмомалӣ Рҳамон зиндонӣ шуд.
Аммо тибқи қавонини мавҷуда дар Тоҷикистон мансабдори давлатӣ наметавонад дар ҳоли доштани вазифа боз ба соҳибкорӣ машғул шавад. Вале сокинони Душанбе мегӯянд, Бег Сабур Хадамоти алоқаро ба маркази тиҷоратӣ табдил дода, ҳар кас меравад аз худи Бег Сабур дар онҷо дар барои хонаҳо суҳбат мекунад ва ё мустақим аз худи ӯ хона мехарад.
Мақомоти расмии Тоҷикистону Эрон дар бораи рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 7-уми феврали соли 2023, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Эрон дар Душанберо ба ҳузур пазируфт ва дар бораи рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба суҳбат карданд.
Ба қавли сомонаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммадтақӣ Собир дар бораи “вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Эрон табодули назар карданд.”
Гуфта мешавад, пас аз эълони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 Эрон якумин кишваре буд, ки сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард ва дар муддати 32 сол робитаҳои ду кишвар нишебу фарозҳоеро таҷриба карданд.
Соли 2013 вақте миллиардери шинохтаи Эрон Бобаки Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон сармоягузориҳои зиёде карда буд, дар Теҳрон бо иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт шуд, муносибатҳои ду кишвар сард ва Душанбе фаъолияти хеле аз муассисаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии Эронро қатъ кард.
Интизор мерафт, бар асоси ҳукми додгоҳ Бобаки Занҷониро эъдом мекарданд. Аммо бо гузашти 10 сол ин кор анҷом нашуд. Теҳрон ҳам ахиран эълон кард, тамоми талошҳои худро анҷом медиҳад, то мол ва дороиҳои ӯро, ки дар ҳаҷми беш аз ду миллиард доллар дар хориҷ аз кишвар шиносоӣ кардааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба Эрон баргардонад.
Бонки исломии рушд (БИР) барои иҷрои чаҳор тарҳ дар Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 250 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Муовини раиси Бонки исломии рушд Мансур Мухтор зимни сафари корӣ ба Душанбе рӯзи 6-уми феврал бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо “масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз бӯҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима намуданд.”
Муовини раиси БИР дар фарҷоми ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт:
“Соли равон Бонки исломии рушд барои татбиқи чаҳор лоиҳа, ки аз лоиҳаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 250 миллион доллар ҷудо мекунад”.

Ӯ ҳамчунин дар идома таъкид кард: “Дар ин самт Бонки исломии рушд талошҳоро барои ҷалби сармояи дигар сохторҳо ва ниҳодҳои молиявӣ ба лоиҳаи НБО “Роғун” пурзӯр хоҳад кард.”
Тибқи иттилои муовини раиси БИР аз замони оғози ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бонки мазкур дар ин кишвар 92 тарҳро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва ғайра ба маблағи беш аз 620 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки БИР соли 1973 таъсис ёфта, як созмони байналмилалии молиявӣ мебошад. Мақарраш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ буда, бо ҳукуматҳои 57 давлати исломӣ ҳамкорӣ дорад ва лоиҳаҳаи стратегии давлатиро маблағгузорӣ мекунад.
Бино ба гузориши Бонки рушди АвруОсиё (БРА), дар соли 2022 гардиши муомилоти молӣ ва тиҷоратӣ байи Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 23,9% афзоиш ёфтааст.

Хабаргузории “РИА Новости” 7-уми феврали соли ҷорӣ бо такя ба дафтари матбуоти Бонки рушди АвруОсиё хабар дод, ки дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти молӣ байнӣ Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ҳисоби солона 23,9% афзоиш ёфтааст.
“Тоҷикистон доду гирифт бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро 23,9% афзоиш додааст. Ҳамин тариқ, 44%-и ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ба ИИА рост меояд, ки нисбат ба соли 2021 3,1% зиёдтар аст. 51,1 дарсади воридоти Тоҷикистон ва 27,1 дарсади содирот ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рост меояд”, – мегӯяд аз дафтари матбуоти БРА.
Тибқи гуфтаи ин ниҳоди молӣ, соли 2022 ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо ИИА 620,6 миллион доллар афзоиш ёфта, дар маҷмуъ 3,2 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 1,7 миллиард доллар (+321 миллион доллар), бо Қазоқистон 1,4 миллиард доллар (+263 миллион доллар) ва бо кишварҳои дигари ИИА 104,7 миллион доллар (+37 миллион доллар)-ро ташкил додааст.
Бино ба гузориши БРА, ҳаҷми гардиши мол ва тиҷорат байни Узбакистон ва Тоҷикистон низ дар ҳоли рушд буда, соли 2022 дар қиёс ба соли 2021 гардиши молу тиҷорат миёни ин ду кишвар 107,5 миллион доллар (ё 7,6 дарсад) афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 555,4 миллион доллар расидааст.
Ҳамчунин дафтари матбуоти БРА дар гузоришаш Русия ва Қазоқистонро аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дониста, саҳми онҳоро 22,9 ва 19,7 дарсадӣ баён кардааст.
Тоҷикистон соли гузашта сӯзишвории бештаре ворид кардааст
Русия дар Тоҷикистон 300 корхона сохтааст
Таваллуди навзоде зери оворҳо дар Сурия

Иттилоъоте, ки дастраси Паём мешаванд ва бархе хабару гузоришҳое, ки дар расонаҳо рӯзҳои ахир пайдо шудаанд, ин нигарониро ба бор меоваранд, ки мавҷи нави басиҷ ба артиши Русия дар пеш аст. Ва он на танҳо кулли ё ҳади ақал аксари зиндониёни зиндонҳои ин кишварро фаро хоҳад гирифт, балки ба зодагони Осиёи Миёна, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии Русияро доранд низ хатари бурда шудан ба артиш ва истифодаи онҳо дар ҷанги алайҳи Укроин таҳдид мекунад.
Дар ду ҳафтаи охир Паём иттилоъи ҳадди ақал 4 мавриди манъи хурӯҷи зодагони Тоҷикистон аз Русияро ба даст овард. Ҳамаи онҳо ҳангоми кӯшиши хориҷ шудан аз Русия ба маҳдудиятҳо рӯбарӯ ва баргардонида шудаанд. Дар ҳамин ҳол, яке аз онҳо дорои 3 ва дигаре 4 кӯдаки ноболиғ аст, ки тибқи қавонини Русия набояд ба артиш ҷалб шаванд. Ба ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки то 12 феврал ҳақи хориҷ шудан аз Русияро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, чанд иттилоъи дигар дар бораи бидуни ҳеҷ мамониъате хориҷ шудани ин гуна афрод аз Русия ба дасти мо расидааст. Яъне манъи хурӯҷ саросарӣ нест ва нисбати ҳамаи шаҳрвнадони Русия ё афроди дорои душаҳрвандӣ ба кор гирифта намешавад.
Аз тарафи дигар иттилоъоте дар бораи даъват шудани чанд зодаи Тоҷикистон ба пулис ва комиссариати ҳарбӣ “барои сӯҳбат” низ ба дасти мо расид. Баъди пурсуҷӯ ва гирифтани бархе маълумот, ба ҳамаи онҳо гуфта шудааст, ки набояд кӯшиши тарки Русияро кунанд. Ба ҳади ақал яке аз онҳо таҳдид шуда, ки дар сурати кӯшиши тарки хоки Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
Қаблан бархе мақомоти Русия гуфта буданд, ки бояд зодагони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ба ҷанги Укроин ҷалб шаванд, то “назди ватани навашон адои вазифа намоянд”. Хадамоти амниятии Укроин низ бо истинода ба додаҳои ҷосусонаш хабар дода буд, ки дар басиҷи оянда, ки ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд бештар зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳатто муҳоҷирони корӣ ҷалб мегарданд.
Ин хадамоти укроинӣ ду рӯз қабл иттилоъ дод, ки 50 нафар аз занони зиндонӣ дар яке аз маҳбасҳои Донетск, ки соли гузашта аз тарафи Русия забт шуда буд, ба Русия барои тамрин ва ҷалб ба артиш ирсол шудаанд.
Олга Романова, раҳбари созмони ҳуқуқии “Рус сидяшая”, ки ба масоили зиндониён сарукор дорад, аз таҳаввулот ва тағйироти аҷиби бархӯрди мақомоти Русия бо зиндониён хабар медиҳад.
Ӯ чанд хабари дарёфтакардааш аз як зиндони вилояти Волгоградро расонаӣ кардааст. Аз ҷумла менависад “ба маҳкумшудагони шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима ва варақаи ариза барои истирдоди ҳарчи зудтар ба ватанашон дода шудааст. Ҳар касе мехоҳад, метавонад дархости истирдод кунад”.
Коршиносон дар ин маврид назарҳои гуногун ироа кардаанд. Бархе ба ин назаранд, ки мақомоти Русия бо ин роҳ мехоҳанд онҳоро аз рӯйхати зиндониҳо хориҷ кунанд ва сипас ба ҷанг баранд. Бархе дигар ба ин назаранд, ки мақомот зиндоёнии зиёди шаҳрванди Русияро ба ҷанг бурданианд ва намехоҳанд дар зиндонҳо танҳо хориҷиҳо боқӣ бимонанд.
Ин фарзияро хабари дигаре, ки Олга Романова додааст, тасдиқ мекунад. Ӯ менависад “ҳафтае қабл аз тамоми зиндониён маълумот дар бораи ин ки кӣ дар куҷо хидмати ҳарбӣ кардааст ҷамъоварӣ карданд. Ду рӯз пас варақаҳои пуркардаашонро ба бархе баргардонида ва гуфтаанд бархе маълумотро дақиқтар кунанд. Рӯзи 4 феврал намояндаи Вазорати дифоъ омад ва ҳамаро дар клуби зиндон ҷамъ карданд. Ин намоянда гуфт ҳозир аст “онҳоеро, ки дар авлавият ҳастанд”, яъне ҳамонҳоеро, ки аз онҳо дархости дубора дақиқ кардани маълумот шуда буд, ба артиш барад. Дар ҳоли ҳозир ихтиёрӣ. Сипас гуфт “ҳама ҷанг хоҳанд кард, аммо дертар”. Аввал хидматкардаҳоро мебаранд, дертар ҳамаро. Ҳеҷ гуна иҷозаи наздикон лозим намешавад”.
Ба гуфтаи Романова ин намояндаи давлатӣ чандин бор таъкид кардааст, ки ӯ аз Вазорати дифоъ аст, на аз гурӯҳи “Вагнер”.
Қаблан ба ҷалби зиндониён ба ҷанг танҳо гурӯҳи “Вагнер” машғул буд. Тибқи додаҳои гуногун ин гурӯҳ беш аз 100 000 зиндониро ба ҷангҳо ҷалб кардааст ва ҳади ақал 50 дарсади онҳо кушта шудаанд. Қудрат гирифтани ин гурӯҳ ва рақобаташ бо Вазорати дифоъи Русия зоҳиран ба мақомоти ин кишвар хуш наомад ва онҳо мекӯшанд дасти “Вагнер” ва раҳбари он Евгений Пригожинро кӯтоҳтар кунанд.
Тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ, Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он минбаъд аз тамоми зиндониён, боздоштшудагон ва гумонбаршудагон намунаи ДНК гирифта мешавад. Коршиносон мегӯянд ин фармон зоҳиран ба он хотир содир шудааст, ки баъди марг дар Укроин мушаххас кардани шахсияти онҳо осонтар шавад.
Ҳамчунин бо истинод ба ин фармон, онҳо мегӯянд минбаъд имкони ҷалби на танҳо зиндониён, балки боздоштшудаҳое, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳанӯз ҳукмашон содир нашудааст низ ба ҷанг бештар мешавад.
Шавоҳиди бадастомада нишон медиҳад мақомоти Русия қасди шурӯъи басиҷи дигаре ба артиш ва ҷанги Укроинро доранд. Аммо саҳми зодагони кишварҳои Осиёи Миёна, ки дорои шаҳрвнадии Русия ҳастанд ва шуморашон ҳам ба чанд миллион нафар мерасад, дар ин басиҷ чи қадар хоҳад буд, номаълум боқӣ мемонад.
Қаблан бештари зодагони ин кишварҳо, бахусус тоҷикону узбекҳо бинобар доштани ва 3 ва зиёда фарзандони ноболиғ аз даъват ба артиш озод буданд. Аммо ин қоида дар басиҷи нав ҳам амал хоҳад кард ё на, суол боқӣ мемонад.
Ҳамчунин дар басиҷи гузашта чанд ҳолати ҷалби маҷбурии муҳоҷирони корие, ки аслан шаҳрвандии Русияро надоранд низ ба қайд гирифта шуда буд. Ду нафари онҳо дар натиҷаи баҳси мазҳабӣ дар яке аз урдугоҳҳо беш аз даҳ нафар сарбозу афсари русро парронданд ва баъди ин ҳодиса ҷалби муҳоҷирон ба артиш камтар гардид.
Бознашр аз Паём.net