13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 316

Иқдоми нек барои ҳифзи ҷони парандагон дар ин сармои сахт

0

Сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ташаббусҳои шахсӣ барои ҳифзи ҷони парандагон дар ин сармои сахт иқдом карда, масъулин ҳам ба онҳо шарик шуданд.

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон

Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон барои ҳифзи ҷони парандагон дар ин сармои сахт дар кӯҳҳо ва соҳилҳо дон пошиданд.

Хабаргузории “Ховар” бо такя ба бахши матбуоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар кормандони ин соҳа дар шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои ин вилоят барои ҳифзи парандагон аз сармо корҳои биотехнткӣ анҷом дода, дар талу теппаҳо дон пошиданд.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, аз ҷумла “18 январ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант (собиқ шаҳри Сарбанд) ҷиҳати сардии ҳаво барои ҳайвонону парандагон дар ҷойҳои муайни шаҳр корҳои биотехникӣ анҷом дода шуда, дону хӯрокӣ гузошта шуданд.”

Аммо дар хабар аз иқдомҳои сокинон дар ин бора ёдовар нашудааст. Дар ҳоле, ки тибқи гузориши Радиои Озодӣ, Иззатуллои Муродалӣ, як сокини ин шаҳр бо ташаббуси шахсияш ва бо кумаки ҳамдеҳагонаш парандаҳое, ки аз сардии ҳаво аз паридан бозмондаанд, ба гармхонаи худ оварда обу дон медиҳад.

Акс аз гузориши Радиои Озодӣ

Гуфта мешавад, Иззатулло ҳатто барои касоне, ки ба гармхонаи ӯ парандагони сармозадаро меоранд маблағ пешниҳод мекунад. Ва ҳоло то 1000 навъи гуногуни парандагон дар гармхонаи ӯ нигаҳдорӣ мешаванд.

Сармои шадиди имсол дар Тоҷикистон ва набудани барқу газ зиндагии сокинонро ба маротиб душвор кард. Ҳатто вафоти баъзе шахсони дар кӯчамонда ҳам гузориш мешавад. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезад, ки дида мешуд ҷасади як нафарро аз дохили истигҳо пайдо мекунанд. Корбарон зери он навор навиштаанд, ин ҳодиса дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, зоҳиран марҳум шаб дар ин сардӣ ҷои сарпаноҳе наёфтааст.

Ҷузъиёти истирдоди писари узви аршади ҲНИТ аз Олмон ба Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, адвокатҳо дар фурӯдгоҳи Истанбули Туркия талош карданд пеши роҳи истирдод шудани Абдуллоҳи Шамсиддинро бигиранд, вале муваффақ нашуданд.

Абдуллоҳи Шамсиддин

Яке аз адвокатҳое, ки имрӯз барои наҷоти Абдуллоҳи Шамсиддин талош мекард, бидуни зикри номаш ба Azda tv гуфт: “Ба далели ин ки Абдуллоҳ дар нуқтаи транзит қарор дошт, талоши адвакатҳо натиҷа надод. Инчунин ду пулиси олмонӣ ва кормандони сафорат дар парвоз ҳамроҳияш мекарданд дар. Интизор меравад, соати 1:00 шаби 19-уми январ ба Душанбе расад ва эхтимолан фардо маълум мешавад сарнавишташ.”

Гуфта мешавад Абдуллоҳ аллакай дар хатсайри рақами “TK 254” Истанбул-Душанбе парвоз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки зуҳри рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Имрӯз Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ дар тамос ба Azda tv гуфта буд, ки аллакай дар Истанбул ҳам адвокат гирифтаанд ва талош доранд пеши роҳи писарашро аз истирдод шудан бигиранд.

Ӯ гуфт: “Дар Истанбул аллакай адвокат мисле ки корашро шуруъ кардааст, вале он ҷо як мушкиле ҳаст, ки ҳамагӣ 2 соат вақт аст ва он ҳам дар қисми транзити фурудгоҳ аст, дар як ҷои озод нест, ки битавонанд бо ӯ дастрасӣ пайдо кунанд, вале кӯшишҳо рафта истодааст. Ҳамчунин дар Олмон ҳам бояд дар зарфи ҳамин чанд соат як додгоҳе ташкил шавад ва бо далелҳои ахире, ки адвокат пешниҳод кардаст ва иҳтемло дорад, ки инҳо ҳам ягон тасмиме бигиранд.”

Шамсиддини Саид дар идома афзуд, ки дар умум корҳо барои наҷот додани писараш аз истирдод шудан ба Тоҷикистон ҳам дар Олмон ва ҳам дар Туркия идома дорад.

Антониу Гутерриш: Ҷаҳон дар вазъияти асафборе қарор дорад

0

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш мегӯяд, ҷаҳон ба сабаби чолишҳои гуногун ва ба ҳам муртабит дар ҳолати “асафборе” қарор дорад.

Антониу Гутерриш рӯзи чоршанбе, 18-уми январ дар Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Давоси Швейтсария суханронӣ карда, ҳамлаи низомии Русия бар Украинаро яке аз сабабҳои аслии вазъияти ногуворӣ ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.

Ӯ дар бо изҳори нигаронӣ гуфт, “Ҷаҳон ба далели чолишҳои гуногун ва муртабит ба якдигар, аз ҷумла тағйироти обу ҳаво ва ҷанги Украина дар вазъияти асафборе қарор дорад.”

Дабири кулли СММ гуфт, ки ба ин зудиҳо ҷанг дар Украина поён ёфтанӣ нест ва афзуд, ки ба хабарҳо дар мавриди поён ёфтани ин чандон хушбин нест.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Ин ҷанг поён хоҳад ёфт, аммо поёни онро дар ояндаи наздик намебинем, чунки ихтилофоти амиқи торихӣ байни Русия ва Украина ёфтани роҳи ҳалли мабнӣ бар қавонини байналмилалӣ ва эҳтиром ба тамомияти арзиро душвор кардааст.”

Ба гуфтаи Антониу Гуттериш, дар чунин вазъият бисёр душвор аст, ки ин ду кишварро барои баргузории як музокираи ҷиддӣ, ки ба воситаи битавонанд ба як сулҳи домӣ даст ёбанд, дар кӯтоҳмуддат ташвиқ карда шаванд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки таҷовузи Русия ба Украина нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст.

Ҳудуди 1,5 миллион сайёҳи Тоҷикистон дар Узбекистон

0

Нархҳои арзон дар Узбекистон муҳоҷирони корӣ, мусофирон ва беморони тоҷикистониро водор кардааст, ки ба ин кишвар бираванд.

Имрӯз, 18-уми январи соли 2023 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” дар истинод ба Кумитаи омори Узбекистон хабар додааст, ки дар соли 2022 аз Тоҷикистон 1 миллиону 447,1 ҳазор нафар ба қасди сайёҳат ба кишвари ҳамсоя  сафар кардааст.

Пеш аз ин Кумитаи омори Узбекистон хабар дода буд, ки моҳона ба ҳисоби миёна то се ҳазор бемор аз Тоҷикистон ба қасди табобат ба ин кишвар ташриф меоранд. Ба қавли манбаъ, танҳо дар даҳ моҳаи аввали соли гузашта 30 ҳазору 547 нафар бемор аз Тоҷикистон ба Узбекистон барои табобат сафар кардаанд, ки дар маҷмуъ 56 дарсади беморони хориҷиро ташкил медиҳанд.

Инчунин ҳазорҳо нафар аз тоҷирон ва сармоядорони тоҷикистонӣ низ вақте диданд, ки авзоъ дар кишвар рӯз то рӯз бадтар мешавад, барои ҳифзи тиҷорат ва сармояҳои худ ба Узбекистон кӯч баста, бо роҳандозии тиҷорат, истеҳсолот ва таъсиси корхонаву ширкатҳои хусусӣ ва муштарак дар рушди иқтисоди ҳамсоякишвар сармоягузорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар, дар шароите, ки мардуми Тоҷикистон қарор доранд, бовар кардан ба ин омори нашр кардаи “Ховар” сахт аст. Аз Тоҷикистоне, ки 10 миллион нафар аҳолӣ дорад, агар дар як сол якуним миллион нафари онҳо ба қасди сайёҳат ба Узбакистон рафта бошад, маънои онро дорад, камаш аз ҳар як хонадон як нафар аз ҳамсоякишвар дидан кардааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, асли гап дар он аст, ки нархи хидматрасониҳо дар Узбекистон нисбат ба Тоҷикистон арзонтар аст. Нархи билетҳо ба Русия ва дигар кишварҳо низ хеле арзонтар мебошанд. Муҳоҷирон ва мусофирон ҳангоми рафту баргашт дониста ин роҳро интихоб мекунанд. Бархе пулдорҳо низ барои бозорёбӣ ва тарки бозори кор дар Тоҷикистон ба он кишвар рафта, боздид карда, меоянд.

Аз ин хотир як қисми зиёде аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Суғд, вақте қасди рафтан ба Русия ва ё дигар кишварҳои хориҷро доранд ва ё аз Русия ва дигар кишварҳо ба Ватан баргаштан мехоҳанд, роҳи арзонро интихоб карда аз тариқи Узбекистон ба Тоҷикистон меоянд. Пештар як қисми онҳо аз роҳи Қирғизистон рафту омад доштанд. Пас аз баста шудани марзҳо Узбекистонро ҷои муносиб ёфтанд.

Вазири қирғиз аз беҳтар шудани муносибат бо Тоҷикистон гуфт

0

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар як нишаст аз беҳтар шудани муносибатҳо бо Тоҷикистон хабар дод.

Ҷээнбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар як суҳбати онлайние гуфт, ки соли 2022 дар муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон соли сахт буд ва он айни замон каме беҳтар шудааст.

“Давраи сахти муносибатҳо бо Тоҷикистон буд: ҳодисаҳои сентябрӣ, баъди он гуфтугуҳои пӯшида тӯл кашиданд. Айни замон вазъ каме сабуктар шуд. Ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст, аз ҷониби мо ҳаст, ки ба ҳар ҳоле бояд гуфтугуҳои марзӣ ба поён расонида шаванд”, – гуфт Кулубоев.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама муҳимаш сулҳ дар минтақаи марзӣ аст ва ӯ илова кард, ки гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон дар соли 2023 идома дошта, суръати бештар гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзе пеш Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар як суҳбати телефонӣ аз пешрафт дар музокироти марзӣ суҳбат карда, ба зарурати ҳалли тамоми масоил фақат аз роҳи сиёсиву дипломатӣ таъкид кардаанд ва гуфтаанд, ки музокироти кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ суръат бахшида шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 987 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 300 километри дигари он то ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Солҳост, ки аломатгузорӣ нашудани марзи ду кишвар боиси сар задани муноқишаҳо мегардад. Муноқишаи охири марзӣ рӯзҳои 14-17-сентябри соли 2022 сурат гирифт, ки дар он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карда буданд.

Писари Шамсиддини Саид аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд

0

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, зуҳри рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Абдуллоҳи Шамсиддин

Манобеъ ба Azda tv гуфтанд, ки аз тафсилоти ихроҷ маълумоти дақиқ надоранд, вале айни ҳол танҳо ҳаминро медонанд, ки худи Абдуллоҳ субҳи имрӯз ба ҳамсараш занг зада хабар додааст, ки ӯро ба фурӯдгоҳ бурдаанд ва бо хатсайри Дюсселдорф-Истанбул ба Туркия ва аз онҷо ба Душанбе истирдод мекунанд.

Худи Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ дар тамос ба Azda tv ихроҷи писарашро тасдиқ карда, гуфт, ки аллакай дар Истанбул ҳам адвокат гирифтаанд ва талош доранд пеши роҳи писарашро аз истирдод шудан бигиранд.

Ӯ гуфт: “Дар Истанбул аллакай адвокат мисле ки корашро шуруъ кардааст, вале он ҷо як мушкиле ҳаст, ки ҳамагӣ 2 соат вақт аст ва он ҳам дар қисми транзити фурудгоҳ аст, дар як ҷои озод нест, ки битавонанд бо ӯ дастрасӣ пайдо кунанд, вале кӯшишҳо рафта истодааст. Ҳамчунин дар Олмон ҳам бояд дар зарфи ҳамин чанд соат як додгоҳе ташкил шавад ва бо далелҳои ахире, ки адвокат пешниҳод кардаст ва иҳтемло дорад, ки инҳо ҳам ягон тасмиме бигиранд.”

Шамсиддини Саид дар идома афзуд, ки дар умум корҳо барои наҷот додани писараш аз истирдод шудан ба Тоҷикистон ҳам дар Олмон ва ҳам дар Туркия идома дорад.

Наздикони Абдуллоҳ пештар гуфта буданд, мақомоти Олмон тамоми далоиле, ки вакилони дифоъ дар ҷараёни боздошташ пешниҳод карда буданд, ба инобат нагирифтанд. Ва аллакай ҳукми ихроҷи ӯро ба Тоҷикистон содир карданд.

Пайвандон ва шиносҳои ӯ мегӯянд, агарчи Абдуллоҳи Шамсиддин фаъолияти сиёсӣ надошт, вале дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву зиндон таҳдид мекунад.

Пас аз боздошти ӯ, 17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз олмониҳо ва ҳамкоронаш аз ҳукумати ин кишвар хоста буднд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро дар онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Ба ҳалокат расидани вазири корҳои дохилии Украина дар пайи суқути чархбол

0

Бар асари суқути чархбол дар шаҳри Бровари Украина субҳи 18-уми январ вазири корҳои дохилии ин кишвар Денис Монастирский, муовини аввали ӯ Евгений Енин ва Юрий Лубкович, котиби ин вазорат ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора раиси пулиси миллии Украина Игор Клименко дар саҳфаи фейсбукиаш хабар додааст.

Бино ба навиштаи Клименко “Дар натиҷаи суқут роҳбарияти ВКД: вазир, муовини аввали вазир ва сухангӯи вазорат ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмӯъ, ҳоло 16 нафар бо шумули 2 кудак кушта шудаанд. 9 нафари онҳо дар дохили  чархбол будаанд”.

Денис Монастирский,Евгений Енин ва Юрий Лубкович

Клименко навишта, ки чархбол ба вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина тааллуқ дошт.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои укроинӣ аз кушта шудани 18 нафар, аз ҷумла се кӯдак хабар медиҳанд. Теъдоди захмиён ба 29 нафар расида, 15 нафарашон кӯдак мебошанд.

Кирило Тимошенко, муовини раиси Дастгоҳи раисҷумҳури Украина дар навбати худ гуфт, теъдоди қурбониёни суқути чархбол дар ҳоли афзоиш аст.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз, 18-уми январ чархболи ҳомили мақомоти ВКД-и Украина ба самти яке аз нуқтаҳои доғи ҷанг дар парвоз буда, бо сабабҳои номаълум дар шаҳри Бровари дар назди боғчаи бачагона ва бинои истиқоматӣ суқут мекунад. Ҳангоми ин ҳодиса дар боғ кӯдакон ва кормандони муассиса будаанд, ки ин суқути чархбол боиси ҷон додани чанд нафар гаштааст.

Сабабҳои суқути чархбол то ҳол маълум нест, аммо Вазорати корҳои дохилии Украина сабаби суқути чархболро иштибоҳи халабон гуфтааст.

Мақомоти Украина аз таъсиси комиссиюн барои тафтиши сабабҳои суқути чархбол хабар доданд.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

Боздошти директори Корхонаи обтаъминкунии Истаравшан

0

Алиев Алӣ, директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан аз ҷониби Агентии зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт шуд.

Акс аз Интернет

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алиев Али, ки ба ҳайси директори корхонаи мазкур фаъолият дошт, аз як шаҳрванд барои ӯро ба кор қабул кардан дар ин корхона дар ҳаҷми калон, яъне гирифтани 14 ҳазор доллар пора дар утоқи корияш дастгир шуд.

“Алиев Али Ашурович зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14000 доллари ИМА гирифта, боз овардани 50000 сомонии дигарро талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алиев А.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 50000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Дар хабари Агентӣ гуфта нашуда, ки ин корманди давлатӣ кай боздошт шудааст, аммо гуфта мешавад, нисбати Алиев “бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида”, барои муҷрим донистани ӯ парванда ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ин банди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” номгузорӣ шуда, аз 8 то 12 сол зиндонӣ шудани шахси муттаҳамро бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян то муддати 5 сол пешбинӣ мекунад.

Русия шумори нерӯҳои мусаллаҳашро ба 1,5 миллион нафар мерасонад

0

Русия тасмим гирифтааст, ки ба хотири таъмини амният ва суботи марзҳои худ теъдоди нерӯҳои мусаллаҳашро ба 1,5 миллион нафар бирасонад.

Бино ба иттилои саҳифаи телеграмии Вазорати дифои Русия, Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар дар мулоқот бо раҳбарони низомӣ гуфтааст: “Президенти Федератсияи Русия тасмим гирифт, ки шумори нерӯҳои мусаллаҳ то ба 1,5 миллион нафар афзоиш ёбад.

Ба қавли вазири дифои Русия бархе сабабҳои афзоиши нерӯҳоро шарҳ дода гуфт: “Танҳо тавассути таҳкими ҷузъҳои асосии сохтории Қувваҳои Мусаллаҳ амнияти низомии давлат ва ҳифзи субъектҳои нав ва объектҳои муҳими Федератсияи Русия имконпазир аст.”

Русия дар ҳоле тасмим гирифтааст теъдоди нерӯҳояшро ба 1,5 миллион нафар бирасонад, ки бо гузашти наздик ба як сол аз оғози ҷанг дар Украина ин кишвар амалан ба ҳадафҳои худ нарасида ва дар хеле аз мавридҳо ба кишасти сахте рӯбарӯ шудааст.

Аксари ин нерӯҳои ҷалбшаванда зархаридоне мебошанд, ки тибқи қарордод дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекунанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои шаҳрвандии Русия ва ё иқомаи доимӣ мебошанд, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ вуҷудо доранд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Русия то ҳол теъдоди афасарону сарбозони ба кушташудаи худро дар ҷанги Украина дақиқ эълон накардааст, аммо бо таваҷҷуҳ ба ахбори расонаҳо ин кишвар дар хеле аз ин набардҳо амалан шикаст хӯрдааст.

Ин шикастҳо хисороти сангин ва талафоти зиёдеро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украина ба бор овардааст. Ва ба қавле ин тасмими Владимир Путин ду ҳафади асосӣ низ дорад: яке баланд кардани рӯҳияи пайкорҷӯёнаш дар набардҳои Украина ва дигаре пур кардани ҷои сарбозону афсарони кушташуда ва захмигардида, ки дигар қобилият ҷангро надоранд, мебошад.

Шаҳрдори Тошканд барои бемасъулиятияш барканор шуд, аз Душанбе чӣ?

0

Шаҳрдори Тошканди Узбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аз вазифааш сабукдуш ва ба эҳтимоли зиёд боздошт шудааст. Дар ин бора расонаҳои узбекӣ хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Президенти Узбекистон, рӯзи 16-уми январ роҳбарони ҳамаи сатҳҳои шаҳри Тошканд барои омода набудан ба зимистон аз ҷониби Шавкат Мирзиёев танқид ва чанд мақомдор аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае ҳамакнун собиқ шаҳрдори Тошканд Ортиқхоҷаевро “бешарм” номида гуфт, ки ӯро “барои баҳои дуруст надодани вазъи кунунӣ ва омода нашудан ба зимистон” ва “барои ҳарфҳои хушку холӣ ва гузориши бардурӯғ” аз кор рондааст.

Инчунин Шавкат Мирзиёев норозигӣ карда, ки теъдоди иншооти худсарона сохташуда ба бештар аз 250 адад расида, нақшаи куллии шаҳр то кунун тасдиқ нагардидааст.

Гуфта мешавад, пас аз сабукдӯш шудани раиси шаҳри Тошканд, муовини аввали ӯ Бахтиёр Раҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Тошканд таъйин гардидааст.

Дар баробари Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, ҳамчунин муовини вазири энержӣ, раиси ширкати “Иссиклик электр стансияларӣ” Фарҳод Абдураҳмонов, роҳбарони ноҳияҳои Юнусобод Баҳодур Абдувалиев, Мирзо Улуғбек Шавкат Иргашев, Учтеппа Фарҳод Абдуллоев аз мақомҳояшон барканор ва то ба сатҳи иҷрокунандаи вазифа пойин оварда шудаанд.

Мирзиёев ба Додситонии кул ва Хадамоти амнияти давлатӣ дастур дод, ки фаъолияти раҳбарони мазкурро санҷанд.

Дар ҳамин ҳол “Gazeta.uz” дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки эҳтимол меравад Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳангоми кушиши парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд дастгир шуда бошад.

Қарор буд, Ортиқхоҷаев ҳамроҳи хонаводааш ба ҳавопаймои ширкати “Uzbekistan Airways” таҳти рақами “HY 271”, ки бо таъхир ба шаҳри Истамбули Туркия парвоз кард, савор мешуд. То ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев моҳи апрели соли 2018 шаҳрдори Тошканд таъйин шуда буд.​

Дар ҳоле Президенти Узбекистон чанд мақомдор, аз ҷумла шаҳрдори пойтахтро барои омода нашудан ба зимистон интиқод ва аз вазифаҳояшон барканор мекунад, ки сокинони пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе чунин мушкилиҳоро паси сар мекунанд, аммо то ҳол ҳеч мақомдоре барои хунукназарӣ ва бемасъулиятияш ҷазо нагирифтааст.