Хона блог саҳифа 317

Ҳалокати 6 мусофир дар Дарвоз

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ 5 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, субҳи “2-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Рунер”, таҳти идораи Каримов Хумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шудааст.

Ба қавли манбаъ, “дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина: Суяров Ҳасаналӣ Ҷураевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рудакӣ, Тухтаев Бахтиёр Сангинович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рудакӣ, Макрамшоев Корвоншо Қурбонбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ишкошим, Азизхоҷазода Беҳзод Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дарвоз, Зиёев Хушқадам Хушвахтович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дарвоз, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Гуфта мешавад, бархе шоҳидони ин ҳодиса бо ирсоли чанд акс ба Azda tv гуфтаанд, ки сарнишинони ин мошин бо қасди саёҳат ва дидор аз шаҳри Карон ва дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ баромада буданд, вале дар роҳ ба сабаби ин ҳодисаи нохуш ҳамаашон ҷони худро аз даст доданд.

Гурснанишинии занони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ

0

Гурӯҳе аз занони тоҷик, ки дар зиндонҳои Ҷумҳурии Ироқ ба сар мебаранд, ба нишони эътироз нисбати иттиҳомоте, ки алайҳи онҳо аз ҷониби мақомоти ин кишвар эълон шудааст, гурснанишинӣ эълон карданд.

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, ҳудуди 7-8 зан бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ карда, мегӯянд, ки дар зиндони Ар-Расофаи шаҳри Бағдод бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи занони зиндонии тоҷик, наворро дар торихи 24-уми апрели соли ҷорӣ сабт кардаанд. Онҳо бо нашри он ва баёни эътирозашон аз мақомоти Ироқ хостори озодии фарвии худ шудаанд.

“Ҳамаи моро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи фиреб, таҳдид ва бо фишори Хадамоти махсус шоҳидӣ гирифта, дар натиҷа ҳамаи моро бо айбҳои беасос ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.”, мегӯянд занҳо дар навори муроҷиатӣ.

Занони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар амалиёти террористӣ ва ҷангҳо иштирок накардаанд, боз ҳам иттиҳомоти сангинеро алайҳи онҳо эълон карда, равонаи зиндонашон кардаанд.

Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки айни ҳол дар маҳбасе қарор доранд, ки “дар он ҷо мо аз имкони дидани фарзандон, хешу табор ва дӯстон ва ғизои муқаррарӣ маҳрумем“.

Ин занҳои маҳбуси тоҷик низ аз он шикоят карданд, ки аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ дар зиндони мазкур маҳруманд ва аз ин сабаб аксари маҳбусон ба бемориҳои музмин гирифтор шуда, ҳатто нафарони зиёде ҳам фавтидаанд.

То ҳол дар бораи ин навор вокуниши мақомоти кишвари Ироқ ва ё мақомоти тоҷик расонаӣ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар давлати Кувейт Зубайдулло Зубайдзода дар бораи баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикстон бо мақомоти он гуфтугӯ карда буд.

Аммо, ба гуфтаи бархе коршиносон, раванди бозгардонии шаҳрвандони тоҷик, ба хусус занону кӯдакон, ки бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дар зиндонҳои Ироқ ба шиканҷаҳои шадид рӯбарӯ ҳастанд, бисёр кунд пеш меравад.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳоло 36 зани тоҷик ҳамроҳи фарзандонашон дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд. То кунун мақомоти тоҷик ду занро ҳамроҳи фарзандонашон аз зиндонҳои ин кишвар ба Ватан бозгардонидааст. Омори дақиқ дар бораи теъдоди зиндониён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқ дастрас нест.

Бар асари як садамаи мудҳиш 6 нафар ҷон бохт

0
Акс аз сомонаи КҲФ

Рӯзи гузашта бар асари як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ 6 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳодисаи маргбор 1-уми майи соли ҷорӣ соати 04:10 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рух дод.

Ин ниҳод мегӯяд, як мошин дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз қаламрави ноҳияи Айнӣ убур мекард, ба ҷарӣ сарозер шуд.

“Маълум шуд, ки мошини тамғаи «Starex» ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Панҷекат ба ҷарии умқаш 200 метр сарозер шудааст. Сабаби ин ҳодиса дақиқ нест. Аммо ба эҳтимоли зиёд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.”, омадааст дар хабари КҲФ.

Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса 6 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафар, ки дар байнашон ду кӯдак ҳам ҳаст, захм бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Имдодгарон тавонистаанд ҷасади ронанда ва панҷ мусофири дохили мошинро берун оварда ва ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супуранд.

ИМА нисбати мақомдорони Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ мекунад?

0

Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ аз Ҳукумати кишвараш хостааст, ки нисбати он мақомомдори тоҷике, ки дар нақзи озодиҳои динӣ дар ин кишвар даст доранд, таҳрим ҷорӣ кунад. 

Комиссияи мазкур гузоришеро аз вазъи сиёсати кишварҳои ҷаҳон дар робита ба умури динӣ нашр карда, ки дар он Тоҷикистонро дар баробари кишварҳои Туркманистону Кореяи Шимоливу Чину Русия қарор дода, шомили рӯйхати сурхи кишварҳои мавриди нигаронии хос кардааст. 

Гузоришгарони ин Комиссияи байналмилалӣ Ҳукумати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, гуфта мешавад, ки дар соли 2022 озодии дин дар Тоҷикистон ҳамоно “вазнин” боқӣ монда, Ҳукумат ба саркӯби шадиди аксарияти мусалмонони ин кишвар идома дод. 

Комиссияи озодиҳои динии ИМА дар ин гузоришаш ба манъи рафтани кӯдакони то 18-сола ба масҷидҳо, мамнӯъ будани таълими хусусии динӣ, манъи рафтани шахсони то 35-сола ба Ҳаҷ, маҳдудият ҷорӣ кардан дар мотами мурдагони мусулмонон ва манъи пӯшидани либоси сиёҳ дар он, ишора кардааст. 

“Дар моҳи июн кормандони пулис як занеро, ки барои азодории марги писараш дар тан либоси сиёҳ дошт, боздошт ва 7 соат дар идораи пулис нигоҳ дошта, ӯро то беҳуш шудан лату кӯб карданд. Пас аз он ки хонаводааш ҷароҳатҳои ӯро дида, ба пулис шикоят бурданд, онҳоро ба 15 рӯзи ҳабс таҳдид карданд. Илова бар ин, пулис афродеро, ки ҳиҷоб ё риш доранд таъқиб карда, аз вуруди онҳо ба биноҳои давлатӣ монеъ мешавад.”, омадааст дар гузориш.

Инчунин гуфта мешавад, ки аз соли 2014 инҷониб Ҳукумат тамоми имомхатибонро худаш таъйин карда, аз онҳо пӯшидани либоси динии давлатиро тақозо кардааст ва мавъизаҳои онҳоро ба таври қатъӣ дикта мекунад. 

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон худсарона диндоронро, барои баёни осоиштаи эътиқоди худ, аз ҷумла онҳое, ки аз мавъизаҳои аз ҷониби давлат навишташуда даст мекашанд ва бе таъиноти расмии Ҳукумат мавъиза мекарданд, ё таълими динӣ додаанд ва ё кӯшиши паҳн кардани эътиқоди худро ба таври оммавӣ кардаанд, бо иттиҳомоти сохтаи терроризму экстремизм барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад. 

Комиссияи озодиҳои динии ИМА мегӯяд, ки моҳи августи соли 2022 мақомот як рӯҳонии мазҳаби Исмоилиро бо номи Музаффар Давлатмиров пас аз баргузории маросими дафни эътирозгарони кушташуда аз ҷониби Ҳукумат, ба иттиҳоми “ифротгароӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. 

Дар ин гузориш гуфта мешавад, соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон пайравони мазҳаби шиъаи исмоилияи кишварро, ки асосан сокинони ВМКБ ҳастанд, бештар саркӯб кард. “Мақомот дар ВМКБ дар пайи тазоҳуроти нимаи моҳи май эътирозгаронро саркӯб намуда, беш аз 200 нафарро боздошт кард. Бар илова, рӯзноманигорон ва онҳоеро, ки дар Русия қарор доштанд, ба Ватан баргардонда, зиндонӣ кард.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин афродеро, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) – як ҳизби сиёсии муътадили исломӣ, ки аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, андаке робита доштанд, бо истифода аз саркӯбҳои фаромиллӣ ва дархости истирдоди аъзоёнаш аз кишварҳои дигар, мавриди ҳадаф қарор додааст. 

Дар гузориш гуфта мешавад, ки яке аз раҳбарони ҲНИТ, Зубайдулло Розиқи 80-сола дар як соли ахир ду маротиба барои таълими динӣ ба зиндониёни дигар, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст, дар утоқҳои махсуси муҷозотӣ, шиканҷа ва муҷозот кард.

Гузоришгарони ИМА таъкид мекунанд, ки Ҳукумат ба қайд гирифтани ҳамаи ҷамоатҳои диниро талаб мекунад. Ҷамоатҳои динии ба қайд гирифтанашуда наметавонанд ба таври қонунӣ маҷлисҳо ё маҷлисҳои динӣ даъват кунанд, моликият дошта бошанду барои мақсадҳои динӣ истифода баранд, адабиёти динӣ истеҳсол ё ворид кунанд, хайрия гиранд, корҳои хайриявӣ анҷом диҳанд ва шахсони хориҷиро барои иштирок дар фаъолияти динӣ даъват кунанд. Мисли маҳдудиятҳое, ки барои мусалмонон гузошта шудаанд, фарзандони оилаҳои насронӣ наметавонанд ба калисо ё дигар фаъолиятҳои марбут ба монанди лагерҳои динӣ раванд.

Ҳамзамон ишора мешавад, ки моҳи сентябри соли 2022 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид муайян кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо саркашӣ аз сабти номи “Шоҳидони Яҳво” моддаҳои 18 (1) ва 18 (3) Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои динӣ ё эътиқоди шаҳрвандонро кафолат медиҳад, нақз кардааст.

Комиссияи ИМА дар умури дин ба мақомоти кишвараш дар бораи Тоҷикистон чунин тавсияҳоро пешниҳод карда:

  • Комиссияи байналмилалии озодиҳои динӣ ба Ҳукумати ИМА тавсия додааст, ки Тоҷикистонро ҳамчун “Кишвари нигаронии хоса” ё CPC барои нақзи муназзаму дағалона вайрон кардани озодиҳои динӣ, ки Санади байналмилалии озодии дин (IRFA) муайян кардааст, дубора тасниф кунад;
  • Барои расондани кумакҳои амниятӣ ба Тоҷикистон, ИМА ба Тоҷикистон шарт гузорад, ки дар қонуни дини соли 2009 ислоҳот ворид кунад ва барои озодии дин ва эътиқод шароит фароҳам орад;
  • Ҷорӣ кардани таҳрими ҳадафмандона алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорони масъули нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабӣ тавассути масдуд кардани дороиҳои ин афрод ва ё манъи вуруди онҳо ба Иёлоти Муттаҳида тибқи муқаррароти мақомоти молӣ ва раводиди марбут ба ҳуқуқи башар бо овардани далели нақзи мушаххаси қонунҳои озодиҳои динӣ;
  • Ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи боло фишор оваред, то афроде, ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои осоиштаи мазҳабӣ ё мансубияти мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд фавран озод карда шаванд ва дар бораи макони будубоши ҳамаи маҳбусони виҷдон, аз ҷумла онҳое, ки бо сабабҳои динӣ зиндонӣ шудаанд, ҳисобот диҳад ва ба нозирони байнулмилалӣ иҷоза диҳанд, то вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро назорат кунанд.

Гуфта мешавад, ин чанд соли охир созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти тоҷикро барои нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои диниву эътиқодӣ мавриди танқид қарор медиҳанд, аммо бо вуҷуди ин ҳама дархосту интиқодҳо мақомдорони Тоҷикистон ба нақзи ҳуқуқҳои диниву инсонии сокинон идома медиҳанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо презиндентҳои ФИФА ва АФК

0

Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ФИФА ва Президенти АФК дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 2-уми майи 2023 “Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.”

Тавре Маркази матбуоти Дастгоҳи Президент хабар дод, дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои “такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кӯдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал)”-ро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон беш аз 7400 майдону майдончаҳои варзишӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар таъмиру таҷдид ва бунёд гардидаанд. Танҳо дар шаҳри Душанбе тайи панҷ соли охир беш аз 300 адад майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва айни ҳол дар пойтахти мо беш аз 470 майдону майдончаҳои бозии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Авзои инсонӣ дар Судон торафт вахим мешавад

0

Даргириҳои мусалллаҳона байни Нерӯҳои зудамал ва Артиш дар шаҳри Хуртум – пойтахти Судон торафт шиддат мегирад. Расонаҳои маҳаллӣ аз бад шудани авзои инсонӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Бо вуҷуди эълони оташбас миёни қувваҳои даргир, ҳамоно задухӯрд идома дорад. Ҷонибҳо якдигарро дар шикастани аҳдномаҳо гунаҳкор медонанд.

Дар ҳамин ҳол Созмони Миллали Муттаҳид дар гузориши ахираш аз вазъияти бади инсонӣ дар ин кишвари африқоӣ нигаронӣ кардааст.

Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба масъулини СММ иттилоъ дод, ки аз оғози даргириҳо дар Судон то кунун аллакай 100 ҳазор нафар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурда ва беш аз 330 ҳазор нафари дигар дар дохили кишвар овора шудаанд. Ва ҳамчунин беш аз 10 ҳазор шаҳрванди дармондаи хориҷиро созмонҳо ва кишварҳои кумакрасон аз ин кишвар берун карданд.

Ин созмон мегӯяд, танҳо барои рафъи эҳтиёҷоти инсонӣ давоми соли ҷорӣ дар Судон ба 1.5 миллард доллар ниёз дорем.

Гуфта мешавад, бо сабаби шиддат гирифтани даргириҳо дар вилояти Баҳри Сурх қисмати шарқии Судон ҳолати изтирорӣ эълон шудааст.

Судонро аз оғози даргирӣ, 15-уми апрели соли ҷорӣ то кунун ҳолати бебандуборие фаро гирифтааст. Даргирии шадид байни нерӯҳои Артиш, ки раҳбарии онро генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон бар уҳда дорад ва Нерӯҳио зудамал бо раҳбарии муовини ӯ генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу (маъруф ба Ҳамидтӣ) оғоз шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, то кунун дар натиҷаи ин даргирҳо дасти кам 500 нафар аз ду ҷониб кушта шуда, беш аз 5 ҳазор нафари дигар захмӣ шудааст. Аммо бархе манобеи маҳллӣ шумори кушта ва захмиёнро бамароти бештар аз оморҳои расмӣ медонанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, аксари беморхонаҳои марказии пойтахт ба сабаби тахриб ва ё қатъи барқу об аз фаъолият бозмондаанд.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

0

Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармонҳо ва қарорҳои худ раисони ду ноҳияи кишварро аз курсиҳояшон барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои ҷадидеро таъйин кард.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 2-уми майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Варзоб Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ва раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайруллоро аз мақомҳояшон барканор карда, бо фармонҳои алоҳида кадрҳои наверо ба ин мансабҳо таъйин кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар фармонҳои худ таъкид карда, ки раисони ноҳияҳои мазкур “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаҳои худ озод карда шуданд. Ва ба ҷои онҳо Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб ва Мирзозода Музаффар Бурҳон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъйин карда шуданд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин Мирзозода Музаффар Бурҳон, ки имрӯз иҷоракунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъйин шуд, дар курсии мувоини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон такия мезад, ва Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, ки раиси ноҳияи Варзоб буд, субҳи имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон “ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” таъйин гашт.

Русия дипломотҳои олмониро ихроҷ кард

0

Мақомоти Русия рӯзи душанбе, 1-уми майи соли ҷорӣ 20 дипломоти Олмонро аз кишвараш ихроҷ кард. Гуфта мешавад, ин иқдоми Русия дар пайи ихроҷи дипломатҳои Русия аз Олмон гирифта шудааст.

Вазорати хориҷаи Олмон бо нашри баёнияе гуфт, ки бахше аз коркунони намояндагиҳои дипломатии Олмон рӯзи душанбе хоки Русияро бо дархости Маскав тарк карданд. Маскав ҳам пештар хабар дода буд, ки 20 дипломати олмониро дар посух ба ихроҷҳои дипломатҳои рус аз Олмон ихроҷ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон дар миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ шуморе аз дипломотҳои русро ба далели “кам кардани ҳузури хадамоти истихборотӣ” аз ин кишвар берун кард. Бори аввал баҳори соли 2022 Олмон низ ҳудуди 40 дипломати Русияро ба ҳамин далел ихроҷ карда буд.

Бино ба гуфтаи хадамоти амниятии Олмон, аз замони оғози даргириҳо дар Украина, ҷосусии Русия дар Олмон бо суръат афзоиш ёфта, ки дар солҳои ахир бесобиқа будааст.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати меҳмони набераи Президент

0

Вазорати корҳои дохилии Русия нисбати блогери озаритабор Ҳусейн Ҳасанов (Гусейн Гасанов) бо иттиҳоми насупурдани андоз, пулшӯӣ ва таблиғи қимор парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар рӯйхати сиёҳи маъруф ба “инфоцыган” ворид кардааст. 

Бино ба иттилои хабаргузории русии “Mash”, номи Ҳусейн Ҳасанов дар баробари 29 блогери дигар дар ин рӯйхат ворид карда шудааст. Дар ин рӯйхат номи Мадина Басаева, блогери тоҷики муқими Русия низ барои насупурдани андоз ва пулшӯйӣ зикр шудааст.

Дар ҳоли ҳозир саҳифаи аксари ин блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ҳусейн Ҳасанов аз ҷониби “Роскомнадзор”-и Русия дар рӯйхати сомонаҳои мамнӯъ дароварда шудааст.

То ҳол назари худи ин блогер дастраси расонаҳо нест. Аммо ин хабар дар ҳоле расонаӣ шуд, ки Ҳусейн Ҳасанов дар Тоҷикистон қарор дошт ва мақомот ӯро бо як тантанаи бесобиқа пешвоз гирифт.

Гуфта мешавад, ин блогер бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи раисҷумҳури кишвар ва раиси Федератсияи ҷудо ба Тоҷикистон омадааст. Ӯро дар Тоҷикистон дар сатҳи як президент пешвоз гирифтанд, ки вокуниши корбарон ва мардумро ба бор овард.

Барои пешвози ӯ набераи раисҷумҳур ва раиси Федератсияи ҷудои кишвар Исмоили Маҳмадзоҳир то назди пиллаи ҳавопаймо рафта, бо тантана аз ӯ истиқбол кард. Ҳасанов ба ҳар минтақае мерафт ё аз ҷое дидан мекард, духтарони тоҷик бо нону ширинӣ ӯро пешвоз мегирифтанд. 

Ҳусейн Ҳасанов ҳамарӯза дар саҳфаи Инстаграмаш наворе аз Тоҷикистон нашр мекард, ки дар яке аз онҳо мегӯяд, ки ӯро дар хонае ҷой кардаанд, ки беш аз 600 метри квадратӣ масоҳат дорад. Инчунин ин блогер чанд аксу навор аз мизи пур аз нозу неъват, хона, мошинҳои бо ҳашамат ва дар саҳфаи Инстаграмаш гузоштааст.

Корвони мошинҳое, ки блогери рус ва набераи раисҷумҳурро ҳамроҳӣ мекарданд, аксар мошинҳои гаронарзиш, аз ҷумла аз навъҳои “CADILLAC”, “Bentley”, “Ferrari”, “Lamborghini”, “McLaren”, “Rolls-Royce”ва ғайра иборат буда, нархи як адади он аз 100 ҳазор доллар боло ва нархи бархе дигар то 400 ҳазор доллар ва ҳатто гаронтар аз он ҳам буд. 

Ба ҷуз ин мошинҳо, онҳоро ҳамчунин мошинҳои пулис ва муҳофизон ҳамроҳӣ мекарданд ва баъзе роҳҳои шаҳр баста буданд. Оддатан роҳҳои шаҳр замоне баста мешаванд, ки меҳмони олиқадре, ба монанди президентҳои кишварҳои дигар ташриф биёранд ва ё худи Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷо убур кунад.

Пешвози ин блогери русзабон, ки гуфта мешавад, маҳз бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир писари духтарбузурги Эмомалӣ Раҳмон, Фирӯзаи Раҳмон ба Тоҷикистон омадааст, дар ҷомеаи тоҷик, ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Корбарон мепурсанд, ки ин нафар чӣ кореро анҷом додааст, ки дар сатҳи президенти як кишвар пешвоз гирифта мешаваду барои пешвозаш духтуари тоҷик бо нону ширинӣ мебарояд ва ҳатто роҳҳои пойтахт баста мешаванд?  

Аммо мубалиғони ҳукумат сари он пофишорӣ мекунанд, ки ин блогер барои рушди саёҳӣ ва нишон додани фарҳанги волои Тоҷикистону муаррифии тоҷикистониён ба ҷаҳон ба кишвар даъват шудааст.

Фаъолон бо ҳазл мегӯянд, ки ин блогер дар кораш муваффақ буд ва ба навори ахири нашр кардаи Ҳусейн Ҳасанов, ки дар он як кӯдак аз наворгири дрон мегурезад, ишора доранд ва мепурсанд “ҲАМИН АСТ МУАРРИФӢ?”.

Баррасии ҳамкориҳои Бонки ҷаҳониву Тоҷикистон

0

Рӯзи 1-уми майи соли ҷорӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо мақомоти тоҷик дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки вазири ин ниҳод Далер Ҷумъа бо мудири иҷроия дар умури энергетикаи Бонки ҷаҳонӣ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Судешна Гош Банерҷӣ ва ҳайати ӯ вохӯрӣ кард.

Гуфта мешавад, Вазир зимни мулоқот аз раванди талошҳои Бонки ҷаҳонӣ дар самти ҷалби маблағгузорӣ ва ҳамоҳангии дигар шарикон барои маблағгузории неругоҳи барқи обии Роғун, изҳори сипос намуд.

Ба иттилои Вазорати энергетикай кишвар, ҳамзамон “дар мулоқот раванди омодасозии лоиҳаи хусусии нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Суғд (бо иқтидори 200 МВт), омодагиҳо ба таҳияи лоиҳаҳо дар самти таъмини гармӣ дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон, лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ, лоиҳаҳои минтақавӣ ва корҳои омодагӣ ба баргузории Конференсияи 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон соли гузашта 295 миллион доллар сармоягузорӣ карда, аммо омори ин бонк нишон медиҳад, ки дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ аллакай 200 миллион доллар дар кишвар сармоягузорӣ шудааст.