12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 332

Душанбе: Суд ҳукми Далери Имомалиро бетағйир гузошт

0

Мурофиаи кассатсионии журналист ва блогири тоҷик Далери Имомалӣ дар Сизои шаҳри Душанбе бетағйири суд ба поён расид.

Бино ба иттилои Азия Плюс, 2-уми декбари соли 2022 марҳилаи кассатсисонии парвандаи судии Далери Имомалӣ, блогери шинохтаи тоҷик ин дафъа ҳам дар Сизои шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро аз 17-уми октябри соли ҷорӣ бетағйир гузошт, ва “Саъдулло Қаююмзода афзуд, азм доранд аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳамчунин, ба зинаи болоии додгоҳ – назоратӣ шикоят баранд.”

Пеш аз ин Далери Имомалӣ бо фиристодани номае аз зиндон ба унвони Эмомалӣ Рамҳон ҳукми додгоҳро эътироф накарда, гуфта буд, ки тафтиши парвандаи ӯ “пур аз дурӯғу буҳтон ва духӯрагиҳо” аст.

Инчунин мақомоти Тоҷикистон Далери Имомалиро барои як суҳбати кӯтоҳаш бо яке аз аъзои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи -24” муттаҳам карданд, ки ҳам худи Далер ва ҳам ин ҳаракати сиёсӣ иддаои мақомотро рад карданд.

Гуфта мешавад, мақомоти додгоҳӣ ҳар ду мурофиаҳоро пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор карданд ва нагузоштанд, ки назидкону пайвандони ин журналист дар ҷаласаҳои додгоҳӣ ширкат кунанд.

Шоми 15-уми июни соли ҷорӣ Додситони ноҳияи Шоҳмансур рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро расман боздошт ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда буд.

Шоми 17-уми октябри соли 2022 рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомлӣ дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо ҳукми додрас Даврон Назарзода барои 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд.

Мухолифи машҳури Рамзан Қодиров дар Суид кушта шуд

0

Тумсо Абдураҳмонов, мухолифи машҳури Чеченистон, ки дар яке аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба сар мебурд, кушта шуд.

Бархе наздикону пайвандони Тумсо Абдураҳмонов, блогнавис ва мухолифи машҳури Рамзан Қодиров, Президенти Чеченистон аз кушта шудани ӯ дар Суид (Шведсия) хабар додаанд.

Наздикону пайвандони Тумсо Абдураҳмонов мегӯянд, ки шаби ҷумъаи 2-уми декбари соли 2022 тавассути гурӯҳе аз афрод бо зарби чанд тир кушта шудааст. Аммо дар ҳоли ҳозир дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса шарҳ намедиҳанд. Аз сӯи дигар, дар Суид мақомоти расмии кишвари мизбон низ дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ҳоло шарҳе ба расонаҳо ироа накардаанд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Aftonbladet” иттилоъ дод, ки ба пулиси Суид тамос гирифта, пулис хабари кушта шудан ё нопадид шудани Тумсоро тайид накардааст ва дар ин бора шарҳи бештаре низ надодааст.

Ин мухолифи шинохтаи Чеченистон пеш аз он ки як мухолифи сарсахти Рамзан Қодиров бошад, вай як фаъоли ҷомеаи маданӣ буд ва ба Қуръони Карим ва улуми қуръонӣ низ алоқаманд буд. Охири коридааш ҳам дар саҳфаи телеграмиаш тафсири ояти 54 сураи Зухруф аст, ки мефармояд: “Пас Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ба ӯ итоъат кунанд, ки мардуме табаҳкор буданд.”

Гуфта мешавад, пеш аз он ки хабари кушта шудани Тумсо Абдураҳмонов тасдиқ шавад, якуми декабри соли ҷорӣ низ овозаҳое дар бораи ба қатл расидани ӯ нашр шуда буд, вале баъдтар наздиконаш онҳоро рад карда буданд.

Тумсо Абдураҳмонов дар баробари мухолифи Қодиров ва блогнавис будан, як фаъоли ҷомаи маданӣ низ буд ва соли 2015 пас аз як даргирӣ бо наздикону пайвандони Рамзан Қодиров кишварашро тарк карда, ба Аврупо панаҳ овард.

Соли 2021 вақте хабаре нашр шуд, ки мақоми паноҳандагии сиёсии худро аз кишвари Суид дарёфт кардааст, як замоне алайҳи ӯ ва бародараш Муҳаммад Абдураҳмонов фишорҳо зиёдтар шуданд.

Муҳаммад Абдураҳмонов низ, ки яке аз мухолифони Чеченистон дар Аврупо аст ва ӯ борҳо мавриди таҳдидҳо қарор гирифта буд, вале расонаҳо менависанд, ки пас аз кушта шудани Тумсо иртибот бо бародараш Муҳаммад ҳам қатъ шудааст.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли САҲА

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии узви САҲА дар Лаҳистон бо дабири кулли ин созмон мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 2-уми декабри соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳелга Шмид, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Лодзи Лаҳистон мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ,  дар ин дидор “масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Гуфта мешавад “дар поёни мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА оид ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба имзо расид.”

Имзои ин тафоҳумнома дар ҳоле сурат гирифта, ки Тоҷикистон бинобар иштироки васеъи мухолифини Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои САҲА фаъолиятҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанберо маҳдуд ва борҳо расонаҳо ва мақомоти расмӣ таҳдид ҳам карда буданд, ки ин дафтар бояд баста шавад.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки чун мощщои ахир САҲА барномаи васеи кумакҳояшро ба Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯи даст гирифтааст, ҷониби Тоҷикистон ҳам ба хотири дарёфти бахше аз ин кумакҳо ба густариши ҳамкориҳо ба ин созмон таваҷҷӯҳ кардааст.

СММ: Барои кумак ба ниёзмандон $51,5 млрд лозим аст

0

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, барои кумак ба 230 миллион сокинони осебпазир дар 70 кишвари ҷаҳон, бояд соли оянда маблағи рекордии 51,5 миллиард доллар ҷамъоварӣ шавад.

Дар ин бора Мартин Гриффитс, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои изтирории Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 1-уми декабри соли ҷорӣ дар Женева хабар дод.

Гуфта мешавад, ин маблағ нисбат ба соли 2022 25% бештар буда, шумораи умумии ниёзмандон дар ҷаҳон, тибқи ҳисобҳои СММ, 65 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт, ки ин пеш аз ҳама ба ҷанг дар Украина, пандемияи COVID-19 ва тағирёбии иқлим марбут аст.

Ҳамзамон дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки  беш аз 100 миллион нафар дар ҷаҳон овора ҳастанд. Даргириҳо ва тағйироти иқлимӣ, буҳрони оворагиро суръат бахшидааст.

Бино ба иттилои ҷаноби Гриффитс аллакай 13,6 миллион шаҳрвандони Украина кумак гирифтаанд ва дар маҷмуъ дар соли оянда барои ин кишвар 5,7 миллиард доллар дархост шудааст.

Дар идома муовини дабири кулли СММ қайд карда, ки ҳадди ақал 222 миллион нафар дар 53 кишвари ҷаҳон то охири соли ҷорӣ бо ноамнии шадиди ғизо рӯбарӯ хоҳанд шуд ва соли оянда 45 миллион нафар дар 37 кишвари ҷаҳон хавфи аз гуруснагӣ мурданро доранд.

Мартин Гриффитс дар охир эътироф карда, ки ҷамъоварии пурраи маблағ “хеле мушкил” хоҳад буд, чун дар соли 2022 СММ тавонистааст танҳо 47% маблағи аз пеш муайшударо ҷамъоварӣ кунад.  

Истеҳсоли маҳсулот дар вилояти Хатлон 6% афзоиш ёфт

0

Ба гузориши “Ховар” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон то моҳи октябри соли ҷорӣ ба 21 миллиарду 832 миллиону 485,7 ҳазор сомонӣ расидааст.

Гуфта мешавад, ин миқдор истеҳсол шудани маҳсулот дар саросари вилоят назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 дарсад (ё 1 миллиарду 299 миллиону 455,2 ҳазор сомонӣ) зиёд аст.

“Тибқи маълумоти расмӣ, дар вилояти Хатлон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ ба ҳолати 1 ноябри соли равон як миллиону 47,2 ҳазор тонна ғалладона, 1 миллиону 513,1 ҳазор тонна сабзавот, 204,5 ҳазор тонна картошка, 651,4 ҳазор тонна полезӣ, 220,1 тонна мевагиҳо, 115,4 тонна ангур ва 24,7 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва гулҳо истеҳсол гардидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 106,4%, сабзавот 106,6%, полезӣ 104,6%, мевагиҳо 109,3%, ангур 110,8% ва ниҳолу кӯчат 123,7 фоизро ташкил медиҳад.”

Афзоиши маҳсулоти кишварзиро хадамоти таблиғотии ҳукумати кишвар аз дастуроти Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд. Ӯ дар ҳар мулоқоташ мардумро гушзад мекунад, ки ҷаҳонро гуруснагӣ таҳдид мекунад ва ҳар нафар бояд “захираи хӯрокаи дусола” дошта бошад.

Аммо дар баробари ин суханҳои батакрори Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти кишвар шароитро барои деҳқонону хоҷагидорон чандон фароҳам намекунад, ки битавонанд бидуни фишори мақомоти андозу дигар масъулин озод фаъолияти деҳқонии худро пеш баранд ва барои мардум маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кунанд.

Агарчи Ҳукумати кишвар дар гузоришоти расмияш аз лоиҳаҳои бузурги кишоварзӣ ёдовар мешавад, вале ба гуфтаи баъзе деҳқонони хатлонӣ, имтиёзҳои Ҳукумат бештар барои деҳқонони чинӣ ва дигарон аст, ки дар Хатлон заминҳои зиёдеро харидаанд ва кишту кор мекунанд, вале аксари кишоварзони худӣ ба хотири фишорҳои мақомоти андоз тарки ин соҳа мекунанд.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА: Русия ба Украина ҷубронпулӣ диҳад

0

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Лаҳистон гирди ҳам ҷамъа шуда, дар бораи паёмадҳои ҳамлаҳои Русия ба Украина суҳбат мекунанд.

1-уми декабри соли 2022, ҷаласаи 29-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Лодзи Лаҳистон бо ҳузури намоядаҳои 57 кишвари узви ин созмон ва шарикони он ба кори худ оғоз кард.

Дар ин ҷаласа баҳси асосӣ дар бораи ҳамлаҳои Русия ба Украина, зарарҳои он ба мардум ва ҳамсояҳои он, таъсиси кумитаи ҳақиқатёбе, ки хисороти ин ҷангҳоро ҳисобу китоб карда, сипас ҷуброни онро аз Русия талаб кунад, арзёбӣ шудааст.

Инчунин раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА Маргарета Седерфелт гуфтааст: “Мо наметавонем беҷазоиро таҳаммул кунем. Шӯрои вазирони САҲА бояд барои таъсиси як ниҳоди баландпояи таҳқиқи хисороти аз ҷониби Федератсияи Русия ба Украина расонидашуда ва арзёбии ҷуброни зарар ва ҷубронпулие, ки Русия бояд барои он масъул бошад, чораҳо андешад. Русия ин ҷангро оғоз кард ва бояд маблағи онро пардохт кунад.”

Гуфта мешавад, дар кори ин ҷаласа мақомоти олии Лаҳистон ҳам иштирок ва суханронӣ карданд. Ҷаласаи Шӯрои вазирони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА дар бораи ҳамлаҳои Русия ба Украина ва паёмадҳои он суҳбат мекунанд, ки шахси вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба он даъват нашудааст.

Бо нӯшидани шароб 20 соли ҳаёти худро барбод доданд

0

Ду сокини ноҳияи Рашт пас аз нӯшидани зиёди шароб маст шуда, як шаҳрвнди дигари ин ноҳияро сахт лату кӯб карданд, ки ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тавре Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр хабар дод, ки шаҳрвандон Ғайратов Ф.Ш. ва Саидов Ҷ.Н., ки ҳарду зодаи ноҳияи Рашт мебошанд, тобистони соли ҷорӣ дар ҳолати мастии сахт як шаҳрванди дигари ҳамин ноҳия бо насаби Юлчиевро то мурдан лату кӯб кардаанд.

Дар шарҳи ин қазия Додситонии кулли кишвар чунин менависад: “Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки Ғайратов Ф.Ш. 02.08.2022 сол соати 22 бо Саидов Ҷ.Н. дар назди чойхонаи “Болои об”, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рашт, Ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи Озодии занон бинои № 1 машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштанд. Онҳо шаҳрванд Юлчиев Н.О.-ро, ки бо рафиқаш дар наздикии онҳо ба хӯрдани хӯрок ва истеъмоли машруботи спиртӣ машғул буд, дида ба наздашон даъват карда, аз ҳиссиёти авбошӣ Юлчиев Н.О.- ро бо дасту пой лату кӯб карда, ба узвҳои ҳаётан муҳими бадан, сару рӯй ва гардан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мерасонанд, ки дар натиҷа охирин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Вобаста ба ин ҳодиса, Додситони ноҳияи Рашт бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “з, к”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Ғайратов ва Саидов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, пас аз таҳқиқ онро ба Додгоҳи Олии кишвар пешниҳод кард.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар торихи 10.11.2022 мутобиқи моддаҳои эълоншуда, Ғайратов Ф.Ш. ва Саидов Ҷ.Н.-ро гунаҳгор дониста, ҳардуи онҳоро ба муҳлати 20 солӣ, “бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт”, аз озодӣ маҳрум кард.

Ин бори аввал нест, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо нӯшидани шароби зиёд даст ба ҷинояти сангини одамкушӣ мезананд. Чанде пеш худи Додситони кулли кишвар хабар дода буд, ки дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон фарзанд падари худро пас аз нӯшидани шароб ва сархӯш шудан ба қатл расонда буд.

Бонки Рушди Авруосиё дар НОБ-и “Роғун” сармоягузорӣ мекунад

0

Бонки Рушди Авруосиё (БРА) имрӯз дар Душанбе эълом дошт, ки пас аз омӯзиши чанд тарҳи энержии бузург дар Тоҷикистон, барои бунёди онҳо сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ба гузориши “Авесто”, Виктор Лебедев, мудири Сарраёсати тарҳҳои стратегии Бонки Рушди Авруосиё, имрӯз дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфта, ки “дар Тоҷикистон теъдоде аз тарҳҳои энержӣ барои маблағгузорӣ ба таври муфассал мавриди омӯзиш қарор доранд. Аз ҷумла, маблағгузорӣ дар бораи ду лоиҳа дар рӯдхонаи Зарафшон ва НБО “Роғун” мавриди назар аст.”

Ин намояндаи БРА дар Душанбе таъкид карда, ки қарор аст боки мазкур барои рушди маҷмааи обу энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ то 400 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад ва дар оянда вобаста ба суботи молии лоиҳаҳо ҳаҷми маблағгузориро афзоиш хоҳад дод.

Директори Сарраёсати лоиҳаҳои стратегии БРА ҳамчунин қайд карда, ки татбиқи лоиҳаҳои энержӣ ба афзоиши содироти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Дар соли 2008 замоне, ки Ҳукумат тарҳи Роғунро шуруъ кард, он замон арзиши ин тарҳ то 3 миллиард доллар гуфта мешуд, аммо соли 2016 ин маблағ ба 3,9 миллард расид. Аммо дар соли ҷорӣ Вазорати энержии Тоҷикистон арзиши ин лоиҳаро 5 миллард доллар эълон кардааст.

“Муқовимати исломии Тоҷикистон”: ҳақиқат ё дурӯғ?

0

Бархе расонаҳои эронӣ аз вуҷуди гурӯҳе бо номи “Муқовимати исломии Тоҷикистон” хабар додаанд, ки Арабистони Саудиро таҳдид мекунад, вале коршиносони тоҷик мегӯянд, ин хабар “сохта ва фейкӣ” аст.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, гурӯҳе мавсум ба “Муқовимати исломии Тоҷикистон” бо нашри баёнияе гуфтааст, аз ташкили эътилофе барои кашондани ҷанг ба хиёбонҳои Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунем.”

Расонаҳое, ки ин хабарро нашр ва ё бознашр кардаанд, иддао мекунанд, ки ин гурӯҳ “Оли Сауд”, оилаи ҳукмрон дар Арабистони Саудиро ба дахолат дар умури кишварҳои исломӣ, аз он ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ муттаҳам карда, дар баёнияи худ дархост кардааст: “эътилоферо барои кашондани ҷанг ба хиёбонҳои Риёз ташкил диҳанд.”

Ин хабар дар ҳоле тайи ду рӯзи ахир ба касрат тавассути расонаҳои эронӣ нашр мешавад, ки ҳеч кадоми онҳо манбаи асосии хабарро нагуфтаанд. Инчунин ҷустуҷӯгарҳои “Гугл” ва “Яндекс” ҳам дар бахши тоҷикии Интернет аз вуҷуди чунин гурӯҳе ва ахбори он ҳеч иттилоеро рӯи даст надоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, бархе коршиносоне, ки аҳвол ва ахбори Эронро бештар пайгирӣ мекунанд, бидуни зикри ном дар суҳбат ба Azda tv ин “ҳамла”-ро як ҷанги равонӣ хонда, гуфтанд, “эҳтимол ин ҷанги равониро бархе ироқиҳои тарафдори Эрон роҳандозӣ кардаанд.”

Бобоҷон Қайюмзод, cухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки ин хабар фейк асту ҳеч нукоти муътамаде дар он вуҷуд надорад, дар суҳбат ба Azda tv гуфт: “Фикр намекунам, ки ин як воқеият дошта бошад, ин як сӯиистифода кардан аз номи тоҷик ва миллати тоҷик аст.”

Ин фаъоли сиёсии тоҷик ва сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид кард: “Мутаассифона, Эмомалӣ Раҳмон бо ин амалиётҳо, бо ин барномаҳо, бо ин корҳое, ки кард, тавонист миллати тоҷикро дар дунё ҳамчун як миллати террорист муаррифӣ кунад. Имрӯз ҳар гурӯҳе, ки дар дунё пайдо шавад, метавонад аз номи тоҷик ба нафъи худаш бо ҳамин шакл истифода кунад.”

Гуфта мешавад, расонаҳои эронӣ дар ҳоле аз вуҷуди чунин гурӯҳе бо номи “Муқовимати исломии Тоҷикистон” ва он ҳам бо мавзеъгерӣ алайҳи кишвари Арабистони Саудӣ хабар медиҳанд, ки Теҳрон тайи чанд моҳи ахир даргири ҷангҳои шадиди иттилоотӣ бо Риёз аст.

Ҳар ду кишвар, ки як замоне даъвои пешво будан ба ҷаҳони исломро дар сар доштанд ва дар ин роҳ хеле сарфу харҷҳои зиёдеро анҷом доданд, вале на танҳо касе аз онҳо то ҳол ба ин кор муваффақ нашудааст, балки ихтилофоти сиёсиашон ҳам дар даҳ соли ахир ба маротиб зиёдтар шудааст.

Эрон Арабистони Саудиро ба дахолат кардан дар умури дохилиаш аз тариқи расонаҳо, ва минбарҳои сиёсӣ муттаҳам мекунад ва аз сӯи дигар Риёз ҳам Теҳронро ба дахолат кардан дар умури кишварҳои арабӣ, ба хусус Сурия, Яман, Баҳрайн ва Лубнон айбдор медонад.

Дархости 30 соли зиндон ба Фаромуз Иргашев

0

Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад ҷавонтарин рақиби худро, ки қасди номзад шудан ба мақоми президентиро дошт, баробар ба умри ҳукуматаш ба зиндон фиристад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳ аз судия хостааст, ки Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва собиқ довталаби номзад ба мақоми риёсати ҷумҳуриро ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора шарҳу тафсиле ироа накардаанд.

Фаромуз Иргашев, фаъоли ҷомеаи маданӣ ва узви “Комиссияи 44″ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон” буд, ки ба хотири миёнҷигарӣ байни мардум ва мақомот ва пешгирӣ аз хунрезиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ кор мекарданд.

“Комиссияи 44” тобистони соли ҷорӣ фаъолияташро қатъ кард, вале баъдтар бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳои Хоруғ қариб тамоми аъзои он зери пайгарди қонунӣ қарор гирифта, мавриди боздошту бозпурсиҳо қарор гирифта ва сипас қисме аз онҳо ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Гуфта мешавад, Фаромуз Иргашев, нахустин нафаре нест, ки ба сурати ҷиддӣ дар Тоҷикистон қасди номзад шудан ба мақоми президентиро карда бошаду сипас балоҳое ба сараш наоварда бошанд.

Аз ин пештар, соҳибкори шинохта Зайд Саидов, раҳбари Ҳизби сабти ном нашудаи “Тоҷикистони нав”, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам қасди ворид шудан ба сиёсати калонро доштанд, боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардида буданд.