Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо навиштани шикояти касатсионӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бекор кунанд.

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо навиштани шикояти касатсионӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бекор кунанд.

Танҳогузории Президенти Русия дар расми аксбардории дастаҷамъии сарони давлатҳои узви СААД дар Ереван хабарсоз шуд.

23-уми ноябри соли 2022, дар Ереван, пойтахти Арманистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрони амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфта, ки нишон медиҳад дар расми аксбардории сарони давлатҳои узви ин созмон Нахуствазири Арманистон ва Президенти Тоҷикистон аз Президенти Русия фосила гирифта, Владимир Путинро танҳо мегузоранд.
Дар ин навор дида мешавад, ки Никол Пашинян, ки аз самти рости Президенти Русия истодааст аз ҷои худ фосила гирифта, дур будани худ аз Владимир Путинро ба намоиш мегузорад ва инчунин Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паҳлӯи чапи ӯ қарор гирифтааст, ба тарафи Дабири кулли ин созмон рӯ гардонда, бо вай гап мезанад ва дар ҳамин ҳолат Валадимир Путин танҳо мемонад.
Гуфта мешавад, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд таъсис ёфта ва дар он Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ва Араманистон узв буданд. Беларус ҳам баъдтар ба ин созмон пайваст, вале Узбекистон бори ахир соли 2012 аз ин созмон хориҷ шуд ва дигар ба он ҳамроҳ нашуд.
Пулиси шаҳри Иланскии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи молу маҳсулоти стратегии муҳим дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

Пулис аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Даврон Ҳайдаров ном бурда, ба гуфтаи мақомот, ин муҳоҷири 39-солаи тоҷик ба додгоҳ ҳозир нашуда, худро пинҳон кардааст.
Мақомоти пулиси шаҳри Иланский ӯро ба интиқоли ғайриқонунии молу захираҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим айбдор кардаанд. Аммо то ҳол назари худи ин шаҳрванди Тоҷикистон ва ё аз наздиконаш дастраси расонаҳо нашудааст.
Гуфта мешавад, пулис аксҳои Даврон Ҳайдаровро дар истгоҳҳои шаҳр паҳн карда, аз шаҳрвандон хостааст, дар бораи ӯ ва макони будубошаш иттилое дошта бошанд, ба пулис хабар диҳанд.
Президенти Тоҷикистон, ки ба назар мерасад тайи ду моҳи ахир раванди камтар кардани вобастагиҳои худ аз Кремлинро нисбат ба гузашта суръат бахшидааст, дар ин чанд рӯзи ахир зери фишорҳои Маскав қарор гирифтааст.

21-уми ноябри соли 2022 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри чанд аксу наворҳо ва нашри як матлаб хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва яке аз муовинони он, нусхаи эътимодномаи Валерий Евдокимов, сафири фавқулъода ва мухтори Украинаро қабул кард.
Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Украина тавассути Президенти Тоҷикистон дар ҳузури сафирони Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Ҷумҳурии Латвия Рейнис Трокша, Шветсия Томас Данестад, Ҷумҳурии Финляндия Илка Райсанен ва Юнон хонум Екатерина Насика, дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Аз як сӯ, Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 9 моҳи ҷанг дар Украина ва ҳамлаҳои сангину хунини Маскав алайҳи Киев дасти кам дар малаи ом ва ё дар рӯбарӯи расонаҳо хомӯширо ихтиёр карда буд, ин амалкарди Президенти Тоҷикстон маънои онро дошт, ки мехоҳад ба дунё бигӯяд, дар ин қазия Душанбеи расмӣ дар канори Украина аст ва таҷовузҳои Русия алайҳи ин кишварро маҳкум мекунад.
Аммо аз сӯи дигар, Маскав ҳам ин паёми Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо пуштибонӣ ва ҳимоятҳои байналмилалӣ ва минтақавии Русия ба сари қудрат омада, 30 сол боз дар ҳолатҳои зарурӣ Кремлин ӯро барои ҳифзи қудрат бо кумакҳои пулӣ ва низомӣ таъмин мекунад, ин паёми Президенти Тоҷикистонро таҳдиде барои манофеи худ дар минтақа қабул кард.

Ҳамзамон ин паёми Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи дохилӣ ва минтақавӣ ин маъноро ҳам дошт, ки ҳар чанд Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир наметавонад алайҳи Русия, ки бинобар камтар шудани тавоноии иқтисодиаш кумакҳои молиашро коҳиш додааст, мавзеъгирӣ кунад, вале ба хотири ҷалби манофеъ омодааст ба таври муваққат ҳам, ки бошад ба Маскав пушт кунад ва ба Брюссел рӯ биорад.
Биноан, 22-уми ноябри соли ҷорӣ, як рӯз пас аз эълони ин хабар Маскав ҳам шахси ғайри низомӣ не, балки
Мизбони ин “чойгаштак” бале, дар давоми дуюним моҳи ахир ин созмон чор маротиба бо баҳонаҳои мухталиф дар Маскаву Остона, ва сипас дар Самарқанду инак дар Ереван ҷамъ шудаанд, онҷо Эмомалӣ Раҳмонро дар паҳлӯи Владимир Путин ҷо доданд. Вай бо дидани ҳамтои русиаш шод не, балки паёмҳои Сергей Наришкин дубора ба ёдаш расида, нороҳатиаш зиёдтар шуд. Акнун, ба ҷои хулоса, инро қайд кардан мумкин аст, ки чун Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи ин чанд моҳи ахир худро нисбатан мустақилтар аз гузашта ба намоиш мегузорад, хоҷаи бузургаш дар Кремлин ин ҳамаро ҷасорат пиндошта, мехоҳад ба вай бигӯяд, ки бештар аз ин “ба намакдон туф накун”, ношукрӣ кардан, сари соҳибашро ба бод медиҳад… Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda.tv
Масъулони маҳбасҳои кишвар ҳомии ҳуқуқ ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро барои ду сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” интиқол доданд.

Гуфта мешавад, пештар ин ҳомии ҳуқуқро дар остонаи “Рӯзи Президент” барои 15 рӯз равонаи утоқи ҷаримавӣ (карцер) карда буданд.
Бунёди “Бузургмеҳр”, ки аз ҷониби наздикону пайвандони маҳбусони тоҷик дар хориҷ таъсис ёфтааст, хабар медиҳад, ки ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳангоми дар утоқи ҷаримавӣ қарор доштанаш мавриди шиканҷаи шадиди кормандони зиндон қарор гирифта, дар натиҷа ӯро шоми 23-юми ноябри соли ҷорӣ дар беморхонаи муассисаи ислоҳӣ бистарӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Бунёд, субҳи имрӯз, 24-уми ноябри соли 2022 Бузургмеҳр Ёров ва 5 маҳбуси дигарро, ки то ҳол номашон маълум нест, ба колонияи пӯшида интиқол додаанд. Ҷойи дақиқи онҳо маълум нест, маъмурияти колония ё намояндагони Вазорати адлия ба наздиконашон дар бораи ин ки маҳбусонро ба ҷойи дигар мебаранд, чизе нагуфтаанд.
Бузургмеҳр Ёров танҳо тавонистааст ба пайвандонаш паём бидиҳад, ки ӯро ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” интиқол медиҳанд ва муддати 2 сол ӯ аз сӯҳбатҳои телефонӣ бо пайвандон ва дарёфти дастовез маҳрум хоҳад буд.
Пештар Ҷамшед Ёров, раиси Бунёд ва бародари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки дар остонаи таҷлил аз “Рӯзи Президент” мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд. Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.
Инчунин Бунёди “Бузургмеҳр” дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар зиндонҳои кишвар қасд доранд ошӯберо бо иштироки маҳбусони сиёсии ҲНИТ роҳандозӣ кунанд ва бо ин роҳ чанд тан аз зиндониёни сиёсие, ки ба гуфтаи ҳукумат барои онҳо дардисар соз аст, ба қатл расонанд.
Пештар аз ин, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбати он-лайнии худ шоми 27-уми октябр аз ошӯбе хабар дод, ки қарор аст мақомоти кишвар дар байни зиндониҳо роҳандозӣ кунанд.
Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, ки ошӯбе, ки дар роҳ аст ва Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад онро роҳандозӣ кунад, чанд ҳадаф дорад:
1.Бояд ин ошӯб ба дасти аъзоёни ҲНИТ роҳандозӣ шавад ва вазъияти кишварро амниятӣ нишон бидиҳанд. Ҳукумат мехоҳад бо ин кор нишон диҳад, ки ин ҳизб на танҳо дар берун аз кишвар фаъол аст, балки дар дохили Тоҷикистон ва ҳатто дар дохили зиндонҳо талош доранд амнияти кишварро халалдор кунанд;
2. Гунаҳкори асосӣ ва террорист нишон додани ҲНИТ;
3. Аз байн бурдани чанде аз нафарони маъруфу шинохтаи мухолифон дар дохили зиндон.
Хабари ошӯб дар зиндонҳо дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо дар дохили зиндонҳо чунин ошӯбҳоро роҳандозӣ карда, чандин нафар кушта мешаванд. Аз ҷумла дар ошӯби зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат, ки соли 2019 роҳандозӣ шуда буд, 29 зиндонӣ кушта шуд, аз ҷумла ду узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Каримов Абдусаттор ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва инчунин рӯҳонии шинохта бо номи Шайх Темурро ба қатл расонданд.
Ёдовар мешавем, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.
Рӯзи 23-уми ноябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ “Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ”-ор муайян карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, аз ин пас 6-уми май дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи касбии ин соҳа ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони кишвар Абдуллозода Аҳтам, сардори Саридораи ҳифзи сиррии давлатии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.
“Таъкид карда шуд, ки мувофиқи лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он минбаъд 6 май ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ” муайян карда мешавад.”, омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдоми вакилони пралумон, фароҳам овардани имконият, “то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.”
Дар Тоҷикистон ғайр аз идҳои касбии соҳаҳо боз идҳои қонунии зиёди дигар вуҷуд дорад, ки дар баъзе онҳо таътили умумӣ эълон шудааст, ба монанди:
1 январ — Соли нави мелодӣ;
23 феврал — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8 март — Рӯзи модар;
21 — 24 март — Иди байналмилалии Наврӯз;
1 май — Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;
9 май — Рӯзи Ғалаба;
27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ;
9 сентябр — Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5 октябр — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8 октябр — Иди Меҳргон;
6 ноябр — Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
24 ноябр — Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Иди Рамазон-1 рӯз — ҳар сол (мутобиқи тақвим);
Иди Қурбон — 1 рӯз — ҳар сол (мутобиқи тақвим);
Иди Сада.
Далери Имомалӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон аз дохили Боздоштгоҳи мувақатии 9/1-и Душанбе, бархе асрори пасипардагии мақомоти тафтишотии кишварро фош кардааст.

Дар нусхаи номаи Далери Имомалӣ, ки “Азия-Плюс” нашр кардааст, ин рӯзноманигор гуфта, ки ҳукми эълоншуда алайҳи худашро “эътироф” намекунд.
Ба навиштаи ин рӯзноманигори зиндонӣ, “рафти тафтишот ва суд аз дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд иборат буд.” Ӯ ҳама айбномаҳоеро, ки мақомот ба онҳо гунаҳкораш эълон карда ва барои 10 сол аз озодӣ маҳрумаш сохтанд, бо далел рад кардааст.
Ӯ мегӯяд, ҳамчунин дар дохили зиндон нисбаташ фишору таҳқири зиёд шуда ва аз ӯ бо шиканҷа навор сабт кардаанд. “Бо иштироки ман ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода агар ягон видео нашр шавад, пешакӣ хабар мекунам ба ягон ҷумлаи он бовар накунед. Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) аз тарафи капитан бори аввал сабт шудааст.“, – навиштааст Далери Имомалӣ.
Дар поён шакли комили номаи Далери Имомалиро, ки “Азия-Плюс” нашр кардааст, бознашр мекунем.
____________________________________________________
Номаи фарзандона
Дуруд ба Шумо. Аз маркази Душанбе, “Таваққуфгоҳи тафтишотии 9/1 СРИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Ман “маҳкумшуда” бо моддаҳои 259 қисми 2, 346 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2 Бобоиев Далер (Далер Имомалӣ).
Ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур аз санаи 17-уми октябри соли 2022, ки нисбати ман 10 (даҳ) соли маҳрум аз озодиро татбиқ намудааст, эътироф намекунам. Зеро рафти тафтишот ва суд аз дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд иборат буд. Талош мекунам дар шакли кутоҳ ба Шумо бирасонам.
Умедворам муҳтарам Президент, ки Шумо ҳамеша ҷонибдори ошкорбаёнӣ ҳақ гуфтан ва озодии ВАО ҳастед, ба ин парвандаи сохта таваҷҷуҳ мекунед.
Моддаи 307 иловаи 3 қисми 2, ки ҷонибдорӣ, ҳамрайъӣ ва иштироки фаъол дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар кишварро манъ мекунад, аз ҷониби муфаттишони ноҳияи Шоҳмансур ба ман татбиқ шудааст, пурра туҳмат мебошад.
Тамоми баҳси ин модда сари ҳамагӣ 10 (даҳ) ҷумлае меравад, ки дар мессенҷер суҳбати катбӣ шудааст. Ин суҳбат аз тарафи ман бо як блогери фаъол сурат гирифтааст, ки то замони тафтишот ман намедонистам, ки ӯ аъзои гуруҳи мамнуи “24” аст. Зеро дар рафти суҳбати мо умуман аз ин гуруҳ чизе ёд нашудааст. Дар акси саҳифаи ӯ низ ягон нишона аз ин гуруҳ набуд. Мазмуни асосии суҳбати мо сари он аст, ки асри 21 асри технолоҷӣ аст ва бояд ҳама гуна эътирозу шикоят ва гирдиҳамоӣ дар интернет бошад. Мардумро дигар кӯча даъват накунем.
Маҳз ҳамин мантиқи суҳбат гуё ба гуфти коршиносони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров К. ва Махатов Ботир муҳтавои ифротгароӣ доштааст. Агар ман медонистам, ки ҳамсуҳбати мо Вайсиддин Одинаев аъзои “24” аст, ҳеҷ гоҳ суҳбати катбӣ намекардам. Ин суҳбат ҳамагӣ як маротиба аст.
Дар кадом асос ҳукми суд маро аъзои ин гуруҳ донистааст, намедонам. Ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизбу ҳаракат набудам ва намешавам. Далели суд барои аъзои гуруҳи мамнуи “24” будани ман ягон ҳуҷҷат, аснод, факте нест, танҳо ҳамагӣ як суҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ, ки дар замима пешниҳод мекунам.
Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман аъзои ин гурӯҳи ифротӣ нестам:
1. Чаро ман, ки агар аъзои ин гурӯҳ бошам, то ҳол аз кишвар берун нашудам. Дар ҳоле ман ҳар сол як то се маротиба ба сафарҳои эҷодӣ берун аз кишвар мерафтам.
2. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро ин сӯҳбати катбиро тоза накардам?
3. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро телефон ва саҳифаҳои иҷтимоиямро дигар накардам?
4. Дар куҷои ин сӯҳбати мо ҳамраъйии ин гурӯҳ аст?
Ман ҳеч гоҳ ҷонибдори ин ва чунин гурӯҳҳои сиёсӣ нестам. Зеро позитсияи ман ба мушкилот ва иҷтимои кишварамон чун рӯзноманигор аст. Танҳо аз ҳамин сӯҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ ман 7 (ҳафт) сол аз озодӣ маҳрум шудам.
Баҳси моддаи 259 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пурра сохта ва тӯҳмат мебошад. Тибқи санади сохтаи Хадамоти алоқа, ки аз ягон барномаи компютерӣ ё шабакаи интернетӣ истифода нашудаасту танҳо ҳавоӣ зарбу тақсим шудааст, гӯё ман беш аз 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомонӣ кор кардаам. Асли воқеа, ки худи барномаи Ютуб инро пешниҳод мекунад, ман ҳамагӣ 8 600 (ҳашт ҳазору шашсад) доллари амрикоӣ кор кардаам. Саҳифаи зарбу тақсими Хадамоти алоқа ва пешниҳоди Ютубро замима мекунам.
4. Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман миллионер нестам!
1. Агар ман ин 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомониро аз Ютуб кор карда бошам, тавассути кадом бонк онро дастрас кардаам? Ё аз дасти кӣ гирифтаам?
2. Оё муҳтарам муфаттиш ва суд ба далелҳои ҳавоии Хадамоти алоқа бовар карда, чаро аз хизмати IT-технолог истифода набурданд?
3. Ин миллионро агар ман гирифта бошам, куҷо сарф кардам? Хона, мошин, сарват – чизе надорам!
Ман бо даъвати Кумитаи андоз, ки 04-уми июн ба ман расидааст, санаи 14-уми июн дар Хадамоти алоқаи ш. Ҳисор ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта ва омода будам аз 8600 доллар андоз супорам.
5. Қисми 2-и моддаи 259 зарар бояд бо 128 ҳазор сомонӣ бошад, аммо зарар чи, ки умуман фоидаи ман то ин ҳад маблағ намерасад.
Баҳси моддаи 346 қисми 2 низ, ки гӯё ман хабари бардурӯғ оид ба фаъолияти муовини раиси н. Шоҳмансур расонида бошам, пур аз духӯрагиҳо аст. Даъвогар Тоҳир Қаюмов ба ҳодисаи як сол пеш рух дода, нав аризаи шикоятӣ навишт. Дар ҳоле, ки баҳс баъди шикояти шифоии Қаюмов дар идораи амнияти ш. Душанбе ҳалшуда ба ҳисоб мерафт ва видеои мазкурро ман аз саҳифаам тоза кардаам.
Ин модда низ нисбати ман сохта аст.
1. Агар ман дар видеоям хабари бардурӯғ расонида бошам, он видео аз тарафи сокинони кӯчаи Шодии н. Шоҳмансур сабт шудааст на ман.
2. Ман ҷаноби Қаюмовро таҳқир карда бошам барои ин хатоям ман аз Қаюмов узр пурсидам ва видео ҳануз як сол пеш, моҳи сентябри 2021 аз саҳифаи ман пок шудааст.
3. Чаро дар вақти ҳодиса сентябри 2021, ки ба қабули худи Қаюмов Т. рафта будам, барои шарҳи воқеа эшон маро ба ҳузур напазируфтанд?
Рафти суд низ духӯрагиҳои зиёд дошт, ки ҳоло муфассал чанд ҳолатро шарҳ медиҳам.
1. Матни ҳукми судӣ пурра аз парвандаи тафтишотӣ нусха шудааст.
2. Нишондоди шоҳидон, ки пур аз духурагӣ буд, дар ҳукми суд умуман оварда нашудааст.
3. Чаро ҷараёни суди мо дар ҳузури ВАО нагузашт?
4. Чаро то вақти суд қариб 3 моҳ нагузоштанд, ки мо наздиконамонро бубинем?
5. Чаро далелҳои мо пешоварда дар ҷараёни суд ба инобат гирифта нашуд?
6. Магар ману дигар ҳамкасбонам аз террористӣ дар ДОИШ иштирок карда Парвиз Саидраҳмонов хавфноктарем, ки суди ӯ дар толори суд гузашту аз мо дар дохили тавқифгоҳ?
Аз ҳамаи Шумо, муҳтарам аҳли ВАО ва Президенти кишвар хоҳиш мекунам, ки ба қазияи ман ва дигар ҳамкасбонам бетаваҷҷуҳ набошед. Мо қурбонии бозиҳои як гуруҳи тоҷирон шудем. Шахсан ман, ки то ин вақт 28 ҷоизаву 3 диплом аз дохил ва хориҷи кишвар дар умри 35-солаам дорам, камтарин хизмат барои Ватан аст.
Зинда бод сулҳу субот ва оромиш дар дунё ва Тоҷикистон. “Ватан дигарай”.
Далери Имомалӣ 18.11.2022 сол

PS: Бо иштироки ман ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода агар ягон видео нашр шавад, пешакӣ хабар мекунам ба ягон ҷумлаи он бовар накунед. Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) аз тарафи капитан бори аввал сабт шудааст.
Бори дуввум боз бо иштироки ҳамин капитан, ки худашро корманди (контр-разведка) ба ман муаррифӣ карда буд, сабт такрор шуд.
Дар ошхонаи “Тавқифгоҳи тафтишотӣ”-идома ёфт. Ин навбат шояд иштироки Нусратулло Маҳмудзода буд, ки рафти сабт дашном накарданд. Умуман ба ягон ҷумлаи ман дар он навор хоҳиш бовар накунед, чун матн пешакӣ чоп шуда буд.
Хоҳиш, се фарзанди маро зинда ятим накунед!
Хоҳиш, мо нафарони эҷодкорро дар муассисаҳои ислоҳӣ баробари (дузд, қаллоб, одамкуш) набаред!
Хоҳиш, ҷурми 307-ро кам кунед(м), ки аксарият инҷо ҷавони зери 40-солаанд.
Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!
Хоҳиш, агар ҳақиқат ҳаст, марҳилаи баъдии судиро бо ҳузури ВАО гузаронед.
Субҳи рӯзи чоршанбе, 23-уми ноябр заминларзаи шадиде бо иқтидори 5,9 дараҷа бо миқёси Рихтер шимолу ғарби Туркияро ларзонд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Туркия “Anadolu“, дар натиҷаи ин заминларза, ки маркази он дар вилояти Дузҷа шимолу ғарби Туркия мебошад, 68 нафар осеб дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ҳолати бархе захмиён вахим арзёбӣ шудааст.
Вазири беҳдошти Туркия Фахриддин Коҷа дар шаҳри Анқара ба хабарнигорон гуфт: “Табобати 26 нафар аз маҷрӯҳшудагон дар бемористонҳо идома дорад. Ба ҷуз як бемор, ки вазъи саломатияш шадид аст, аммо вазъи умумии дигарон хуб аст, онҳо ҳеҷ мушкили ҷиддӣ надоранд.“
Ба гуфтаи ӯ, як шаҳрванди 28-солаи Афғонистон ҳангоми заминларза аз ошёнаи якум сарозер шуда, дар натиҷа сараш зарб хӯрдааст. Табибон гуфтаанд, ӯ ба хунравии мағзӣ дучор гашта, ҳоло ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст аст ва ҳолаташ вазнин гуфта мешавад.
Субҳи имрӯз. 23-уми ноябр панҷ узви як хонавода дар дохили масҷиде дар пойтахти Афғонистон кушта шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Толибон гуфтаанд, ки субҳи имрӯз, 23-уми ноябри соли 2022 панҷ узви як хонавода дар масҷиде дар минтақаи Хоҷаравош дар ноҳияи нуҳуми шаҳри Кобул кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.
Ба қавли сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Кобул Холид Зидрон, таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки шахси қотил бо афроди кушташуда собиқаи хусумати шахсӣ дошта аст.
Гуфта мешавад, шахси қотил ин афродро дар вақти адои намози субҳ тавассути туфангча ба қатл расонида, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст ва ҳоло пулис ва амнияти Толибон ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими Арманистон шуд.
