13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 36

“Freedom For Eurasia” сабаби марги Саидазам Раҳмоновро гуфт

0

Созмони байналмилалии “Freedom For Eurasia” (Озодӣ барои Авруосиё) марги шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Саидазам Раҳмоновро, ки дар Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздоҳт ва ба таври мармуз ҷон бохт, маҳкум кард.

Ба иттилои Созмони Freedom For Eurasia, Раҳмонов соли 2018 ба Олмон рафта, соли 2022 барои дарёфти паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Ӯ ҳамчунин бо як шаҳрванди Олмон издивоҷ карда буд. Бо вуҷуди ҳушдорҳои ӯ, ки бозгашт ба Тоҷикистон метавонад барои ҳаёташ хатарнок бошад, мақомоти Олмон ӯро маҷбур кардаанд, ки барои гирифтани визаи оилавӣ ба Тоҷикистон баргардад.

Рӯзи 6-уми октябр, ҳангоми кӯшиши сафар ба Русия, Раҳмонов дар фурудгоҳи Душанбе боздошт ва ба ҷойи номаълум бурда шудааст. Мақомоти тоҷик рӯзи 13-уми октябр хабар доданд, ки ӯ “худкушӣ” кардааст. Аммо наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, ҷасади ӯ нишонаҳои шиканҷа, аз ҷумла осори барқ, латтукӯб ва пои шикаста дида шудааст ва ба онҳо иҷоза надодаанд, ки ҷасадро аксбардорӣ кунанд. Дар ин бора azda.tv рӯзи 14-уми октябр хабар дода буд.

Ин созмон аз ҳукумати Олмон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват мекунад, ки тафтишоти мустақил ва шаффоф анҷом дода, сабаби марги Раҳмоновро рӯшан созанд ва аз такрори чунин фоҷиаҳо дар оянда ҷилавгирӣ шавад.

Ду тоҷик беҳтарин олимони ҷаҳон дар соли 2025 шинохта шуданд

0

Ду намояндаи илмии Тоҷикистон — профессор Маҳсуд Саидминов ва профессор Фаррух Шаропов ба рӯйхати «World’s Top 2% Scientists» (2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳон) барои соли 2025 шомил шудаанд.

Ин рӯйхатро ҳар сол Донишгоҳи Стэнфорди Иёлоти Муттаҳида таҳия мекунад. Ба он олимоне шомил мешаванд, ки корҳои илмии онҳо дар ҷаҳон бештар иқтибос меёбанд ва таъсири бузург ба рушди соҳаи худ доранд.

Ба гуфтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, таҳлили фаъолияти олимонро профессор Ҷон Иоаннидис анҷом медиҳад. Имсол дар феҳрист бештар аз 100 ҳазор муҳаққиқ аз кишварҳои гуногун ҷой гирифтаанд ва аз Тоҷикистон танҳо ду нафар Саидминов ва Шаропов тавонистанд ба он роҳ ёбанд.

Профессор Фаррух Шаропов муҳаққиқи Маркази “Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, дар соҳаи кимиёи органикӣ ва фитохимия фаъолият мекунад. Ӯ муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ аст, ки то имрӯз зиёда аз 6 800 маротиба иқтибос шудаанд.

Профессор Маҳсуд Саидминов бошад, дар Донишгоҳи Викторияи Канада дар самти “Маводҳои функсионалии пешрафта” тадқиқот мебарад. Ӯ дорои 170 мақолаи илмӣ аст ва корҳои ӯ беш аз 24 000 маротиба иқтибос ёфтаанд.

Феҳристи Донишгоҳи Стэнфорд бар асоси маълумотҳои пойгоҳи илмии Scopus омода мегардад. Дар он шумораи мақолаҳо, иқтибосҳо, саҳми муаллиф дар таҳқиқот ва нишондиҳандаҳои таъсири илмӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Танҳо 2 дарсади олимони дорои натиҷаҳои баланд дар бахшҳои худ ба ин рӯйхат дохил мешаванд.

Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, шомил шудани олимони тоҷик ба рӯйхати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки илми миллӣ дар роҳи пешрафт қарор дорад. Ин дастоварди Саидминов ва Шаропов метавонад барои боло бурдани эътибори илмии Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ нақши муҳим бозад.

Акнун туркнажодҳо метавонанд дар мақомҳои давлатии Туркия кор кунанд

0

Ҳукумати Туркия бо имзои президент Раҷаб Тайиб Эрдўғон қонуни наверо қабул кардааст, ки барои шаҳрвандони хориҷии туркнажод имкони васеъ барои кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии Туркияро фароҳам мекунад.

Тибқи ин қонун, ки дар “Рӯзномаи расмии Туркия” 5-уми октябри соли 2025 ба нашр расид, шаҳрвандони хориҷие, ки асли туркӣ доранд, метавонанд дар асоси муқаррароти нави Қонуни №2527 “Дар бораи иҷозати кор барои хориҷиёни туркнажод дар Туркия” фаъолият кунанд.

Пештар чунин шаҳрвандон танҳо ба корҳои маҳдуд иҷозат доштанд, вале ҳоло бо тасвиби ин қонуни нав онҳо ҳақ доранд дар соҳаҳои гуногун фаъолият кунанд, ба истиснои бахшҳои марбут ба амният, артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Барои дарёфти ин иҷозат, довталабон бояд асли туркӣ доштани худро бо санадҳои муайян исбот намоянд. Қабули аризаҳо тавассути мақомоти марбутаи Вазорати меҳнат ва амнияти иҷтимоии Туркия амалӣ мегардад.

Коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ин иқдоми Туркия як ҷузъи сиёсати васеътар барои таҳкими нуфузи геополитикии Анқара дар кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ мебошад.

Модаре, ки 4 фарзандашоро ба дарё андохт, раовнаи зиндон шуд

0

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Мадина Ҳалимоваро, ки моҳи июни соли ҷорӣ 4 фарзандашро ба дарё андохта буд ва ҳама ҳалок шуданд, ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре Радиои Озодӣ аз манобеи худ хабар медиҳад, ҳукми Додгоҳ рӯзи 9-ум октябр содир шудааст. Пайвандони Мадина Ҳалимова гуфтаанд, ки қасди аз болои қарори додгоҳ шикоят бурдан ба додгоҳи касатсиониро надоранд.

Мадина Ҳалимова, модари 27-солаи тоҷик ва сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон охири моҳи июни соли ҷорӣ 4 фарзандашро, ки хурдияш семоҳа ва аз ҳама бузургаш 5-сола буд, ба қасди худкушӣ ҳамаро ҳамроҳи худаш ба дарё андохт, дар натиҷа ҳама фарзандонаш ғарқ шуда, ҳалок шуданд, аммо худаш наҷот ёфт.

Мақомоти ноҳияи Фархор сабаби даст задани ин модари тоҷик ба ин фоҷеаро “мушкилоти оилавӣ” гуфтанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, пас аз он ки Ҳалимова фаҳмидааст, шавҳараш зани дуюм гирифтааст, тасмим гирифта, ки бо фарзандонаш ба ҳаёти худ нуқта гузорад. Аммо хонаводаи шавҳари Ҳалимова мушкилоти хонаводагӣ ва ҳамсари дуюм гирифтани шавҳари ӯро рад мекунанд ва мегӯянд, ки келини хонавода “бкмории рӯҳӣ” доштааст.

Аммо Радиои Озодӣ 13-уми октябр талош карда, қазияро аз падари Мадина Ҳалимова пурсид, ки духтараш дар додгоҳ чӣ гуфтааст, ӯ ба суоли хабарнигор ҷавоб надода, телефонро хомӯш кардааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин ҳодисаи фоҷиабор бори дигар ба мушкилоти равонии занон дар фазои хонаводаҳои ноором ва норасоии дастгирии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунад. Коршиносон мегӯянд, набуди кумакҳои равоншиносӣ ва заъфи низоми ҳифзи ҳуқуқи занон дар кишвар метавонад ба чунин фоҷиаҳо мусоидат кунад.

Дар шароите, ки сатҳи бекорӣ, муҳоҷират ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ дар кишвар афзоиш меёбад, занони осебпазир беш аз ҳар вақте ба дастгирии қонунӣ ва иҷтимоӣ ниёз доранд.

Иҷрои 78 дарсади нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар 10 рӯз

0

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон давоми 10 рӯзи аввал 78 дарсад иҷро шудааст.

Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар Илҳом Ализода, нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 101% дар рӯзи аввал иҷро намуда, дар 10 рӯз вилояти Хатлон 91 дарсад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 72 %, шаҳри Душанбе 71 % ва дар вилояти Суғд 64 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.

Дар умум аз 1-ум то 10-уми октябр 30 шаҳру ноҳияи кишвар пурра нақшаи пешбинишудаи даъватро иҷро намудаанд.

Мақомот муваффақияти иҷрои нақшаро бо зиёд шудани шумораи ихтиёриён, додани имтиёзҳо ба даъватшавандагон, мисли шаҳодатномаи ронандагӣ бар ивази хидмат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ рабт медиҳанд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои асосӣ оғози пешакии маърака дар баъзе минтақаҳо ва кам шудани шумораи нақшавии даъватшавандагон мебошад. Ҳамчунин тағйироти соли 2020 низ ба ин раванд таъсир расонидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур, хатмкардагони донишгоҳҳо пеш аз кор дар ниҳодҳои қудратӣ бояд хидмати ҳарбиро ҳатман анҷом диҳанд.

Ҳамзамон хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои мақомотро нишон дода, дар рӯзи аввал ҳадди ақал се навори ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш нашр шуд.

Ҳатто мақомот маҷбур шудаанд барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ кунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб кардаанд ва низ гузоришҳо мерасид, ки дар баъзе деҳаҳои ноҳияҳои дурдаст кормандони комиссарияти ҳарбӣ ба хонаҳои даъватшудагон рафта, вақте худи ҷавонро пайдо накардаанд, баъзе аз наздиконашонро то пайдо шудани ҷавон асир гирифтаанд.

Бояд гуфт, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон ин бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани онҳо бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомии кишвар гуфта мешавад ва мақомот барои иҷро кардани нақша аз услубҳои дар боло зикршуда истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавононе, ки солҳои таваллудашон байни 1998-2007 мебошад, ба артиш бурда мешаванд.  

770 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ мешаванд

0

770 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки аз се як ҳиссашон занону кудакон мебошанд аз Русия ихроҷ мешаванд.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия гуфта, ки ин муҳоҷирон дар рӯйхати зери назорати Вазорати корҳои дохилӣ қарор доранд ва то 10-уми сентябри соли 2025 мақоми худро дар ин кишвар қонунӣ нагардонданд.

Ба гуфтаи Володин, ин афрод бояд пешакӣ таърихи рафтан ва масири сафарро нишон дода, Русияро худашон тарк кунанд, дар ғайри ин сурат ҷарима ва маҷбурӣ аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Ҳамчунин ин афрод дигар наметавонанд дар Русия шаҳодатномаи ронандагӣ гиранд ва мошин идора кунанд, мошин ё амволи ғайриманқул харанд ё фурӯшанд, ақди никоҳ банданд ва суратҳисоби бонкӣ кушоянд ва ё пул фиристанд.

Володин таъкид мекунад, ки ин тадбирҳо ба танзими низоми муҳоҷират ва риояи қонунҳои Русия равона шудаанд.

Бояд гуфт, дар рӯйхати зери назорати ВКД-и Русия беш аз 120 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва маълум нест, чӣ қадари онҳо будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ гардондаанд.

Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли мағозаву бозор ва хобгоҳҳо идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.

Ва дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия аллакай беш 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. 

То ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, омори ихроҷшудаҳо аз тамоми Русияро нашр накардааст. Аммо пештар иттилоъ дода буд, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро гузаронда, нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир кардааст.

Марги мармузи як шаҳрванди Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Олмон ба Душанбе

0

Як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки солҳои охир дар Олмон зиндагӣ мекард пас аз бозгашт ба Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манобеи Azda.tv, ин шаҳрванди кишвар, ки аз ӯ Раҳмонов Саидаъзам ном бурда мешвад, соли 2018 ба Олмон рафта, дар шаҳри Франкфурт иқомат дошт. Вай соли 2022 расман аз Олмон дархости паноҳандагӣ карда, бо як зан шаҳрванди Олмон издивоҷ низ карда будааст.

Гуфта мешавад, ӯ барои гирифтани ҳуҷҷати иқомат ба идораи муҳоҷират дар Олмон муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатон, ба Рамонов гуфтаанд, ки бояд ба Тоҷикистон баргардад ва дар сафорати Олмон дархости визаи (пайванди хонавода) кунад. Ҳарчанд номбурда таъкид намудааст, ки Тоҷикистон барои ӯ кишвари амн нест ва баргаштан ба он метавонад хатарнок бошад, аммо зоҳиран идораи муҳоҷират ба гуфтаҳои ӯ бовар накардааст.

Барои гирифтани визаи (пайванди хонавода), ӯ чанд моҳ пеш ба Тоҷикистон баргашта, ҳуҷҷатҳои лозимаро ба сафорати Олмон супорида, интизори виза будааст. Рӯзи 6-уми октябр, ҳангоми талош барои сафар ба Русия барои иштирок дар тӯйи як дӯсти наздик, Раҳмонов дар фурӯдгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда, ба ҷойи номаълум бурда мешавад.

Рӯзи 13-уми октябр, ба хешовандонаш хабар медиҳанд, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеи наздик, мақомоти амниятӣ, зери назорати шадид ҷасадро ба хок супурда, ба хешовандонаш иҷозати дидани ӯро надодаанд, аммо хешовандонаш тавонистаанд танҳо руй ҷасадро бинанд.

Дар як навори видеоӣ, ки дар ихтиёри Azda.tv дода шудааст, дида мешавад яке аз пайвандони марҳум мехоҳад аз ҷасад филмбардорӣ кунад, аммо як мард, ки эҳтимолан маъмури амниятӣ бошад, бо гуфтани “Э апа ин кора накун” монеи филмбардорӣ мешавад.

Манобеи Azda.tv иддао доранд, ки Раҳмонов шиканҷа шудааст ва эҳтимолан аз ҳамин роҳ ба ҳалокат расидааст. Сабаби боздошташро риш доштан ва гумонбарӣ дар пайравӣ аз равияи “салафия” гуфтаанд.

Инчунин гуфта мешавад, ҳамсари номбурда, ки шаҳрванди Олмон аст, аз консулгарии Олмон дар Душанбе талаб кардааст, то дар бораи марги шавҳараш таҳқиқот гузаронанд ва сабаби асосии марги ӯро муайян кунанд.

Мақомот то ҳол дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ гуна изҳорот надодаанд ва назари расмии хешовандони ӯ низ рӯшан нест.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки солҳои охир шикоятҳо аз шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва фишор ба шаҳрвандоне, ки аз хориҷа бармегарданд, афзоиш ёфтааст.

Боҷи 100 дарсадӣ — посухи Трамп ба назоратҳои нави Чин бар металҳои нодир

0

Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба ҳамаи молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ (андози гумрукӣ) ҷорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Трамп, ин тасмим посухест ба иқдоми Чин, ки назорат бар содироти металҳои нодирро сахттар намудааст. Металҳои нодир яке аз унсурҳои асосӣ дар истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ, мошинҳои барқӣ ва силоҳҳои муосир ба шумор мераванд.

Трамп дар паёми худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social, навиштааст :“Иёлоти Муттаҳида ба ҳамаи маҳсулоти чинӣ боҷҳои 100 дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард, илова бар андозҳое, ки ҳоло пардохт мешаванд.” Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки имкон дорад иҷрои ин тасмим ҳатто пеш аз торихи 1-уми ноябр оғоз гардад, агар Пекин “ба сиёсати маҳдудкунии иқтисодӣ” идома диҳад.

Рӯзи 9-уми октябр ҳукумати Чин эълон кард, ки назорат бар содироти баъзе аз металлҳои нодирро шадидтар мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи Пекин, “барои ҳифзи амнияти миллӣ ва манфиатҳои стратегӣ” аст. Дар посух, Трамп ва ҷонибдорони ӯ ин тасмимро “таҳдид ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва саноати амрикоӣ” дониста, бар зарурати таҳримҳои иловагӣ таъкид карданд. Бар асоси маълумоти расонаҳои амрикоӣ, ИМА ҳамчунин аз 1-уми ноябр мехоҳад назорат бар содироти нармафзорҳои муҳим ва технологияи стратегиро низ ҷорӣ кунад.

Мақомоти Чин ҳушдор доданд, ки дар сурати амал шудани боҷҳои нав, онҳо “тадбирҳои ҷавобӣ” хоҳанд андешид. Расонаҳои давлатӣ навиштанд, ки “Пекин аз манфиатҳои қонунии худ ҳимоят хоҳад кард”.

Коршиносон мегӯянд, ки ин иқдом метавонад оғози марҳалаи нави ҷанги тиҷоратӣ миёни ду қудрати бузурги иқтисодӣ бошад. Ба гуфтаи таҳлилгарони иқтисодӣ, иқдоми Трамп метавонад ба нархи маҳсулоти воридотӣ дар бозори Амрико таъсир расонад ва эҳтимол дорад, ки бозорҳои ҷаҳонӣ ва занҷираҳои таъминотӣ низ осеб бинанд.

Аммо ҷонибдорони сиёсии ӯ мегӯянд, ин иқдом барои ҳимоят аз истеҳсолкунандагони амрикоӣ ва коҳиши вобастагӣ аз Чин зарур аст. Боҷи 100 дарсадии пешниҳодкардаи Доналд Трамп метавонад ба иқтисоди ҷаҳон ва равобити ИМА бо Чин таъсири ҷиддӣ расонад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон бар онанд, ки Пекин дар мавриди металҳои нодир кортҳои қавитар дар даст дорад, зеро беш аз 80 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии ин мавод дар худи Чин анҷом мешавад.

Хотимаи ҷанги Покистону Толибони Афғонистон

0

Шаби 11 ба 12-уми октябри соли ҷорӣ миёни нерӯҳои марзбонии Покистон ва Толибони Афғонистон задухӯрдҳои шадид рух доданд. Ҳарду тараф аз кушта ва маҷруҳ шудани даҳҳо нафар хабар доданд.

Расонаҳо менависанд, ки артиши Покистон гуфта, ки дар амалиётҳои ҷавобӣ 20 дидбонгоҳи Толибонро тасарруф карда, 200 узви Толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба онро дар хоки Афғонистон куштааст. Ҳамчунин аз кушта шудани 32 сарбози худ низ хабар додааст.

Аммо Толибони Афғонистон мегӯянд, ки дар “ҳамлаи интиқомҷӯёна” 57 сарбози покистониро кушта ва 35 тани дигарро захмӣ кардаанд ва 20 пойгоҳи низомии Покистонро аз байн бурда, силоҳи зиёдеро ба даст овардаанд.

Расонаҳо аз кушта шудани сокинон низ хабар додаанд, аммо шумораи дақиқашон маълум нест.

Бояд гуфт, рақамҳо ва даъвоҳои ду тараф мухталифанд ва аз тарафи манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудаанд.

Ҳоло задухӯрди ҷонибҳо бо миёнҷигарии Арабистони Саудӣ ва Қатар хотима ёфтааст, вале Толибон гуфтаанд, ки агар Покистон боз ҳарими ҳавоии Афғонистонро вайрон кунанд, посух хоҳанд гирифт.

Таниш миёни Покистон ва Толибони Афғонистон пас аз он боло рафт, ки нерӯҳои Покистон 9-уми октябр бо баҳонаи нобуд кардани Нурвалӣ Маҳсуд, роҳбари Таҳрики Толибони Покистон ва чанд аъзои баландпояи ин гурӯҳ ҳарими ҳавоии Афғонистонро вайрон карда, ба чанд минтақаи ин кишвар бомб партофтанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки то куҷо Покистон дар ин амалиёт муваффақ шудааст.

Инчунин Ҳукумати Покистон иддао дорад, ки Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд, вале Толибони Афғонистон ин иттиҳомро рад кардаанд.

Пас аз ҳамлаи ҳавоии Покистон нерӯҳои Толибон дар посух дар наздикии хатти марзии Дюранд алайҳи нерӯҳои амниятии Покистон амалиёт анҷом доданд.

ҲАМОС 20 асирро зинда ба Исроил супорид

0

Мувофиқи бандҳои тарҳи оташбас субҳи рӯзи душанбе, 13-уми октябр ҲАМОС 20 асири исроилиро ба намондагони Салиби Сурх таҳвил дод.

Гуфта мешавад, ҲАМОС аввалан 7 тан аз асиронро дар минтақаи Хон-Юнус ва 13 тани дигарро пас аз чанд соат дар минтақаи Дайрул Балаҳ, маркази Ғазза тариқи Салиби Сурх ба Исроил супорид.

Субҳи рӯзи душанбе, қабл аз супоридани асирон, ҲАМОС рӯйхати 20 асири исроилиро нашр кард. Зимни нашри рӯйхати асирон, ин ҳаракат иброз дошт, ки дар чорчӯби тавофуқномаи ахир асирони зинда пурра озод карда мешаванд.

Артиши Исроил ҳам дар навбати худ ва пас аз гирифтани асирон эълон кард, ки дигар ҳеч асири зиндае дар дасти ҲАМОС боқӣ намондааст ва дар гуфтушунидҳои баъдӣ масъалаи бозпас гирифтани асирони фавтшуда баррасӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба асирони фавтида, Исроил расман вафоти 26 тани онҳоро эълон кард, аммо тақдири ду тани дигар то ҳанӯз маълум нест.

ҲАМОС бо нашри баёнияе қаблан гуфта буд, ки барои супоридани ҷасадҳои асирони фавтида ниёз ба кумаки нерӯҳои байналмилалӣ дорад, зеро макони дафни аксари онҳо бар асари бомборонҳои шадиди Исроил номаълум шудааст ва пайдо кардани ҷасадҳо вақти зиёд мегирад.

Ин ҳаракати фаластинӣ таъкид мекунад, ки асирон дар натиҷаи ҳамлаҳои худи Исроил кушта шудаанд.

Тибқи ин тавофуқоти ахир байни тарафҳо, акнун қарор аст Исроил наздики 2000 ҳазор фаластиниро, ки 250 нафарашон аз шахсони калидӣ ва маҳкум ба умрбод шудаанд, озод кунад. Зиндониёнеро, ки Исроил озод мекунад, 1700 нафарашон аз касоне ҳастанд, ки пас аз 7-уми октябри соли 2023 аз тарафи Исроил боздошт шудаанд.

Аммо бархе расонаҳо бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ нақл мекунанд, ки Исроил мувофиқи тавофуқномаи оташбас бояд 250 асири маҳкум ба умрбодро озод мекард, вале дар ин тасмимаш тағйир эҷод карда, аз рӯйхат даҳҳо нафарро кам кардааст.