13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 363

Раҷаби Мирзо: Журналистика ва ифротгароӣ ду чизи аз ҳам ҷудо ҳастанд

0

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мегӯяд, ба 7.5 соли зиндон маҳкум шудани Абдуллоҳи Ғурбатӣ кори дасти додрасу доситонҳо набуда, балки кори дасти “марказҳои қабули қарор дар Душанбе” аст.

Раҷаби Мирзо дар саҳифаи фейсбукаш навишта, ки рӯзноманигорон ифротгаро нестанд ва меафзояд, ки “ба марказҳои қабули қарор фаҳмонанд, ки журналистика ва ифротгароӣ ду чизи аз ҳам ҷудо, балки ба ҳам мухолифанд.”

Ба 7.5 соли зиндон маҳкум шудани Абуддлоҳи Ғурбатӣ вокуниши аксари рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор овардааст.

Дар зер матлаби комили Раҷаби Мирзоро мутолиа кунед:

СУДЯ БЕҲРӮЗ ШАФО БОЗ КИРО МЕТАВОНАД ПАСИ ПАНҶАРА БАРАД?

7. 5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОН ГИРИФТАНИ АБДУЛЛО ҒУРБАТӢ ДАҲШАТЗОСТ!

Солҳои 2015 – 16 хабари муҳимтарини шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ин буд, ки дар кадом ноҳияи кишвар боз як парчами овехтаи ДОИШ (дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ) дарёфт шудааст.

Вале дар ягон шабакаи иҷтимоӣ он вақт оё боре дида будед, ки террористон насб кардани байрақи худро “таблиғ” карда бошад? Шахсан ман надидам.

Вале, мантиқан, террористҳо, агар ин байрақро часпониданд, мебоист онро сабт мекарданду дар шабакаҳои дастрасашон “таблиғ” менамуданд. Чун медонистанд, ки умри ин байрақҳо ҳамагӣ чанд лаҳза аст. Аз ҷониби дигар, онҳо тибқи тактикаву стратегияи хоси барояшон кашидашуда бояд хеле ҳадафмандона ва барои нишон додани ҷонибдоронашон дар ин ё он минтақа ин байрақҳоро овезон мекарданд.

Хулоса, мо дар Тоҷикистон ин байрақҳоро надидем, аммо овозаашро шунидему баъди чанд рӯз мақомот аз боздошти ҷинояткорон хабар додаву ба зудӣ онҳоро пушти панҷара бурданд. Дар Норак, Кӯлоб, Шаҳритус…ва ҳатто Душанбе.

Аз ҳама ҷолиб, балки даҳшатзо ин ҳодиса буд, ки ҳамон замон дар Гипроземи Душанбе, наздик ба пойгоҳи низомии Россия болои як баландошёна сурати байрақи террористии ДОИШ бо даст (!!) кашида шуда буд. Тасаввур мекунед, ки барои кашидани ин акс чӣ миқдор фурсат, имкон ва аз ҳама муҳимаш боварӣ зарур аст ва он ҳам дар як баландошёнаи назди пойгоҳи низомии як абарқудрат?!

Ҳамон шабу рӯз навишта будам, ки намедонам таҳти хабарҳои барзиёди овехтани байрақи як созмони террористӣ дар Тоҷикистон чӣ ниҳон аст, аммо маънии аз нигоҳи стратегӣ бад ва ҳатто хеле бад барои Тоҷикистон дошта метавонад. Чунин хабарҳоро оё дар марказҳои таҳлилии хадамоти махсуси абарқудратҳо, ки созмонҳои ифротӣ аксаран ҳосили дасти онҳост, ба тарзи худ намефаҳманд ва истифода намекунанд? Масалан ба ин маъно намефаҳманд, ки модоме ин созмони ифротӣ дар ин кишвар ин қадар ҷонибдор дорад, пас чаро “худро насанҷад”?

Воқеан, хабарҳои овехтани ин гуна байрақҳо ва боздошти ҷинояткорон пас аз ин кам шуд. Шояд чунин ҳодисаҳо ҷо доштанд, аммо дигар “овоза” намешуд.

ЧАРО ИН ҲАРФҲОРО ДАР РӮЗИ 7.5 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДАНИ АБДУЛЛОҲИ ҒУРБАТӢ МЕГӮЯМ?

Дар марказҳои қабули қарор дар Душанбе оё дар ин бора фикр намекунанд, ки бо маҳкум кардани чандин журналистону блогерҳои номвар ва ҳунарманд бо гуноҳи ифротгароӣ ба даҳони марказҳои таҳлилии хадамоти махсуси хориҷӣ луқма додаанд?

Оё ин тасаввуротеро ҳосил намекунад, ки агар дар ин кишвар журналистону огоҳони ҷомеа ифротгаро ҳастанд, пас мардуми одӣ шояд бештар аз онҳост?

Фаромӯш намекунем, ки Осиёи Миёна ҳоло дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсатҳои ҷаҳон қарор дорад ва дар сатҳи баланди роҳбарияти Тоҷикистон низ дар ин бора гоҳ – гоҳ сӯҳбат мекунанд. Вазъ воқеан пешгӯинашаванда мебошад. Маълум аст, ки ҳар қадами санҷида дар ин росто хеле муҳим бояд бошад…

Ман таваҷҷӯҳро ба марказҳои қабули қарор дар Душанбе махсус равона мекунам, на ба суд ва судя Шафо Беҳрӯз Назаралӣ. Ростӣ аз ин судя, ки қаблан дар бахши робита бо ВАО -и Суди Олӣ кор мекард, умеди дигар доштем. Шояд аз ӯ дигар чизе вобаста набуд. Дар матлаби чанд рӯз пеш дар ин маврид навиштаам гуфта будам, ки мутмаин нестам ин ҳукм ақаллан дар рӯзҳои таҷлили 70 солагии Президенти Тоҷикистон эълон мешавад. Зеро маънии дигар ба бор меорад…

Аммо…

Виҷдон азоб медиҳад, ман агар ин ҳарфҳоро нанависам. Дигарон худашон донанд.

Аммо ҳади ақалл судя метавонист, агар гуноҳи Ғурбатӣ ин қадар исботшуда аст, ки аз дархости прокурор ҳамагӣ ним солашро кам карда метавонад, пас бояд мурофиаи ошкор анҷом медод ва барои ҳама исбот менамуд.

Ҳоло, ки чунин нест, пас гуфтан мумкин бошад, ки ҳар журналистро акнун метавонанд барои гуфтани дилхоҳ камбуди ҷомеа, ё нишон додани гуноҳи мансабдорони бемасъулият, бо иттиҳоми “мувофиқ омадани мӯҳтавои матлабаш бо гуфтаҳои гурӯҳҳои мамнӯъ” паси дарҳои баста зиндон кунанд?

БОЗ ҲАМ ФАРОМӮШ НАМЕКУНЕМ, КИ ИН СОЗМОНҲОИ ИФРОТӢ НАВ ПАЙДО ШУДААНД, АММО ЖУРНАЛИСТИКАРО МЕДОНЕД ЧӢ ҚАДАР УМР ДОРАД ВА ВАЗИФАВУ ТАЪИНОТАШ ЧИСТ?

Фикр мекунам ҷомеа ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон бояд ин ҳукми судя Беҳрӯз Шафоро ҷиддӣ бигиранд ва ба марказҳои қабули қарор фаҳмонанд, ки журналистика ва ифротгароӣ ду чизи аз ҳам ҷудо, балки ба ҳам мухолифанд.

Агар инро фаҳмидан намехоҳанд, пас беҳтар нест журналистону расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз ин пас дигар ҳеҷ гуна матолиби интиқодӣ нашр накунанд ва мисли расонаҳои ҳукуматии хабарӣ танҳо ба таърифу тавсиф, “урагӯиҳо”, “матолиби мусбат ва оптимистона” (ҳукуматиҳо амалкардҳои худро чунин унвон доданӣ мешаванд) машғул шаванд?

Виҷдон азоб медиҳад? Аз ҳамаро?

Дар ин сурат, агар виҷдон воқеан азоб медиҳад, дар болои ҳар матлаб мешавад ин гуна навишт:

“ДАР ДОИРАИ ИМКОНЕ, КИ ИМРӮЗ ДОРЕМ. ПРОПАГАНДА!”

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Раҷаби Мирзо

Вокуниши ПМТ ба иттиҳомоти ҷониби Қирғизистон

0

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти САҲА аз марзбонони тоҷик, ки аз ҷониби намояндаи Қирғизистон “таҷовузкор” хонда шуданд, дифоъ кард.

Имрӯз, 4-уми октябри соли 2022, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар рафти баргузории ҷаласаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варашава қотеона аз афсарону сарбозони Тоҷикистон ҳимоят карда, гуфт, ки онҳо дар марз вазифа ва қарзи шаҳрвандии худро иҷро мекунанд.

Раиси ПМТ ва ҳамзамон раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон замоне аз марзбонони тоҷик дифоъ кард, ки дар нишасти имрӯзаи САҲА, ки вобаста ба мавзуи шиканҷа буд, яке аз фаъолони Қирғизистон бо номи Айдар Содиқов Тоҷикистонро таҷовузкор хонда, таъкид кард, ки афсарону сарбозони тоҷик ба ҳудуди маъмурии Қирғизистон таҷовуз карданд.

Айдар Содиқов гуфт, ки афсарону сарбозони тоҷик хонаҳои мардумро оташ заданд, мактабҳо ва дигар иншооти ҷамъиятро мавриди ҳамла қарор доданд ва асиронро шиканҷа карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон алайҳи Қирғизистон ҳамлаҳои густурдаи иттилоотиро роҳандозӣ намуданд. Дар ҳодисаҳои сентябри соли ҷорӣ 60 нафар, аз он ҷумла занону кӯдакони Қирғизистон кушта шуданд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ дар хитоб ба ҷониби Қирғизистон таъкид кард, ки мо дар хусуси он ки Тоҷикистонро як диктатор ва як режими худкома идора мекунад, розӣ ҳастем, вале ба ҳеч ваҷҳ розӣ буда наметавонем, ки дар ин ҳодисаҳо яктарафа Тоҷикистонро айбдор кунанд.

Ба гуфтаи раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон қурбониёни ҳодисаҳои назди марзӣ дар ҳар ду тараф вуҷуд доранд. Ба ин ҳодиса яктарафа баҳо додан иштибоҳ аст. Бар илова, афсарону сарбозони Тоҷикистон таҷовузкор нестанд, онҳо дар вақти низоъ қарзи шаҳрвандии худро дар ҳифзи марзу бумашон иҷро карданд.

Дар ин нишаст, ки навбати суханронӣ баъд аз Айдар Содиқов ба раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дода шуд, ӯ билофосила ба иттиҳомоти ҷониби Қирғизистон вокуниш карда, гуфт, ки мо ҳам ҷонибдори онем, ки САҲА дар раванди муайян кардани хатти марз кумак кунад ва инчунин талаб кард, ки вазъият дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро ҳам як комиссияи мустақил мавриди таҳқиқ қарор бидиҳад.

Идомаи эътирозоти мардумӣ дар Эрон

0

Дар Эрон домани эътирозҳои хиёбонӣ густариш ёфта, ба донишгоҳу мактабҳои миёна расидааст. Аммо раҳбари ин кишвар Алӣ Хоманаӣ ин эътирозоти умумиро кори дасти Амрико ва Исроил хонд.

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, шумори зиёде аз донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишомӯзони макотиби Эрон дар ин чанд рӯзи ахир бо эътирозгарон пайваста, алайҳи ҳукумат шиорпартоӣ карданд.

Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки донишҷӯёни Донишгоҳи санъатии Шарифи Теҳрон ва Донишгоҳи Озод ва дигар макотибу марокизи илмӣ ба хиёбонҳо баромадаанд.

Гуфта мешавад, ин эътирозҳои мардумӣ бо саркӯби мақомот рӯ ба рӯ шудаанд. Раснаҳо аз кушта шудани 68 нафар ва захмӣ шудани беш аз 300 нафар дар эътирозҳои рӯзи ҷумъаи гузашта дар Зоҳидон хабар медиҳанд.

Бархӯрди шадиди мақомот бо эътирозгаронро дар Зоҳидон, чеҳраҳои саршиноси ин минтақа маҳкум карданд.

Дар пасманзари саркӯби эътирозҳои мардумӣ дар Эрон 6 кишвари Иттиҳодияи Аврупо, ба монанди Фаронса, Олмон, Донморк, Испания, Ҷумҳурии Чек ва Италия пешниҳоди ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи ин кишвар шуданд.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои мардумӣ пас аз марги Маҳсо Аминӣ зани 22-солаи курди эронӣ сар заданд. Гуфта мешавад, полиси ахлоқ ё “маъмурони Гашти иршод” бону Маҳсо Аминиро барои тарзи либоспӯшиаш боздошт карда, чор рӯз пас аз он ҷасади беҷони ӯро ба хонаводааш таҳвил доданд.

Хонаводаи Маҳсо Аминӣ ва эътирозгарон мегӯянд, ки вай дар асари шиканҷа ҷон бохтааст, вале мақомоти эронӣ ин ривоятро рад карда мегӯянд, ки марги ин хонум ба далели сактаи қалбӣ будааст.

Гуфта мешавад, дар давоми ин эътирозҳо дар хеле аз манотиқи Эрон сабабгори беназмӣ, тахриби амлоки мардум ва давлат низ шудааст, даҳҳо нафар аз ду ҷониб эътирозгарон ва мақомоти эронӣ захмӣ ва кушта ҳам шудаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳкум ба зиндон шуд

0

Рӯзи сешанбе 4-уми октябри соли 2022 Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзноманигори ҷавон Абдуллоҳи Ғурбатиро барои 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Ба гузориши расонаҳои кишвар, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур имрӯз, 4-уми октябр мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатиро паси дарҳои баста бидуни ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон дар Боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор кард.

Ба иттилои Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, Додгоҳ Абдуллоҳ Ғурбатиро бо моддаҳои 328 қисми 1, 330 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди 3-и КҶ гунаҳкор ҳисобида, ба 7,5 соли зиндон ҳукм кард. Аммо худи Ғурбатӣ дар суханони охиронаш ҳама иттиҳомотро рад карда, гуноҳони эълоншуда алайҳи худашро эътироф накардааст.

Вакили дифои ин рӯзноманигор гуфта, ки аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи додгоҳии қаблии ин рӯзноманигори ҷавон айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ки ӯ ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шавад ва додрас ҳам ба хотири баррасии парванда ба хонаи машварат рафт ва қарор буд дирӯз, 3-уми октябр ҳукмашро эълон кунад, аммо ба имрӯз гузошта шуд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон се моҳ пеш бо роҳандозии як иқдом алайҳи бархе фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зарфи камтар аз як ҳафта журналист Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳамроҳ бо Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода боздошт карданд. То ҳукми се рӯзноманигори дигар эълон нашудааст.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Саудӣ

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд мулоқот кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 3-уми октябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро дар шаҳри Душанбе дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо дар рафти ин мулоқот “ба масъалаи татбиқи босамари стратегияҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи “Дидгоҳи – 2030”, ки бар нафъи мардумони ҳар ду кишвар амалӣ мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.”

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин мулоқот дар мавриди “фаъолгардонии кори Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар”, баррасӣ шудааст.

Ин сафари шоҳзода Файсал ибни Фарҳон дар раъси як ҳайъате ба Тоҷикистон аз қабл эълон нашуда буд. 2-уми октябри соли ҷорӣ дар торихи муносибатҳои 30-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои нахустин вазири корҳои хориҷии Саудӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Пирмуҳаммадзода барои “лайк”-и шеъри А.Раҳнамо ба ифротгароӣ муттаҳам шуд

0

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, барои “лайк” гузоштан зери шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо ба ифротгароӣ муттаҳам шуд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод, ки Пирмуҳаммадзода сахт шиканҷа шуда, бар асари он дасту нохунҳояш сиёҳ шудаанд ва дар ӯ афсурдагӣ дида мешавад.

Мақомоти боздоштгоҳ ва муффатишон дар бораи шиканҷа шудани ин рӯзноманигори шинохта чизе намегӯянд.

Пайвандон ва вакили мудофеи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар бораи шиканҷа шудани ӯ чизе намедонанд, вале ин ки гуноҳеро худаш ба дӯш гирифта бошад, шубҳаовар меноманд. Ҳамзамон онҳо мегӯянд, ки муҳокимаи рӯзноманигор ҳафтаи оянда дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуруъ хоҳад шуд ва мавзуъро онҷо мепурсанд.

Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода гуфтааст, ки ду мутахассиси Вазорати адлия дар хулосаашон навиштаанд, ки Абдусаттор “дар ифротгароӣ даст дорад”.

Ба гуфтаи бародари Пирмуҳаммадзода, ин рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери “Эъломияи инқилоб”, шеъри сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, ки Иттифоқи нависандагон дар посухаш ба вакили мудофеъ ватандӯстона номид, лайк гузошта будааст.

“Дар он шеър калимаи “наҳзат” омадааст, вале на ба маънои ҳизби мамнӯи наҳзат, балки ҳаракат ё равона шудан. Аммо мақомот ҳамонро асос гирифтаанд,” – нақл кард ӯ.

Инчунин мақомот баёнияи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар мавриди боздошти Далери Имомалиро, ки дар он навишта буд “Агар Далер ба муддати тӯлонӣ паси панҷара равад ҳам, барои мардум як намоди қаҳрамонӣ ва муборизи роҳи адолат ва симои журналистикаи нави тоҷик хоҳад буд. Ҳукумат бошад шарманда”, ифротгароӣ гуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомот дар рӯзи иди Қурбон, 9-уми июли соли ҷорӣ рӯзноманигор ва блогери шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боздошт карда, баъдан ӯро мақомот ба ифротгароӣ муттаҳам кард.

Боздошти рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар пайи боздошту фишор болои рӯзноманигорон сурат гирифта буд. Созмонҳои ҳуқуқи башар раҳои ӯ ва дигар рӯзноманигорони зиндониро талаб карда буданд, аммо мақомот мисли ҳамеша ба ин талаби созмонҳо эътибор надоданд.

Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, пештар дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик кор карда, пас аз ронда шудан аз ҷои кораш ба мусофиркашонӣ ва блогерӣ машғул буд.

Ӯ соли 2020 дар саҳифаи фейсбукии худ аз набуди ҷои кор, шароити пасти зиндагӣ ва болои ин ҳама фишору ҷаримабандиҳои кормандони БДА дар роҳҳо шикоят карда буд, ки ин шикояти ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.  

Хуросонӣ дар хитоб ба Толибон: Ба ман хиёнат кардед

0

Абдулҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи интизомии ҷонибдори Толибон дар Панҷшер мегӯяд, ки раҳбарони Толибон ба ӯ хиёнат карда ва ҳоло ӯро ба ҷонаш таҳдид кардаанд.

Ахиран наворе мансуб ба садои Абдулҳамид Хуросонӣ нашр шуда, ки ӯ мегӯяд, дар як соли гузашта масъулони Толибон ҳуқуқи ҳамроҳони ӯро надодаанд.

Гуфта мешавад, Шайх Мутиъ, фармондеҳи қулурдуи маркази Толибон аз ӯ хоста, ки тамоми таҷҳизот ва афродашро таслим кунад ва худаш дар марбутоти қулурду дар сафи низомиён хидмат кунад. Шайх Мутиъ ба Хуросонӣ ду рӯз муҳлат дода, ки ин фармонашро иҷро кунад ва дар акси ҳол таҳдид ба ҷонаш кардааст.

Вай ба ин фармон вокуниши сахт нишон дода, мегӯяд, ки “чӣ касе ҳақ дорад ва бо кудом чиз моро ахтор медиҳад? Агар ҷурми мо Панҷшерӣ будану тоҷик будан аст, бигӯед, ҳамин мулку ватан ба шумо неку муборак, торих қазовати худро мекунад.”

Хуросонӣ мепурсад, ки аз ҳама мақому мансаб дар замони ҳукумати қаблӣ гузашт ва қабул накард, вале ба сафи Толибон пайваст, вале имрӯз чаро онҳо бо ӯ чунин рафтор мекунанд.

Хуросонӣ, ки фармондеҳи Панҷшер аст, хитоб ба раҳбарони Толибон мегӯяд, “ин бароятон шармовар нест, ки дар як сол муҷоҳидини ман амалиёт карданд, низоми ҳасиби қувваҳои марказиро оварданд, вале шумо бародар дар ҳаққи мо хиёнат кардед, ки на маош барои муҷоҳидини мо додед ва на чизе дигар!”

Абдулҳамид Хуросонӣ, аз тоҷикони Панҷшери Афғонистон аст. Вай аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон дар ин вилоят адои вазифа мекунад. Баҳсҳои тунди ӯ бо собиқ волии Панҷшер ва мавзеъгириҳояш дар қиболи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд пештар зиёд расонаӣ шуда буд.

Оғози мурофиаи додгоҳии журналист Абдуллоҳи Ғурбатӣ

0

Нимаи дуюми имрӯз мақомот мурофиаи додгоҳии журналист Абдуллоҳи Ғурбатиро пушти дарҳои баста дар СИЗО аз нав оғоз карданд.

Коллаж аз Азия Плюс

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс” имрӯз “дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи навбатии додгоҳии журналисти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз шуд.”

Ба қавли манбаъ, ин бор низ муҳокимаи додгоҳии журналист ва блогери тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури наздикону пайвандон ва намояндаҳои ВАО анҷом ёфт. Вале ин бор ҳам Додгоҳ эълони ҳукми ниҳоиро ба рӯзи дигар гузоштааст.

“Зикр карда мешавад, ки дар ин мурофиа вакили дифоъ аз суд хоҳиш намудааст, ки нисбати зерҳимояаш Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳукми сафедкунанда қабул кунад ва ӯро аз толори суд озод намояд.”, омадааст дар хабар.

Пеш аз ин дар ҷаласаи додгоҳии қаблии ин журналисти ҷавон ва шинохтаи кишварамон айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ки Абдуллоҳи Ғурбатиро ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кунад ва додрас ҳам ба хотири баррасии парванда ба хонаи машварат рафт ва қарор буд имрӯз ҳукмашро эълон кунад, аммо боз ба таъхир гузошта шуд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон се моҳ пеш бо роҳандозии як иқдом алайҳи бархе фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зарфи камтар аз як ҳафта журналист Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳамроҳ бо Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода боздошт ва пушти миллаҳои зиндон фиристода буданд.

Ҳамсари Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҳам чанд рӯз пеш бо ирсоли ду номае аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки ба қазияи шавҳараш, ки бегуноҳ ва бо туҳмат дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе қарор дорад, дахолат кунад ва ҳақро ба ҳақдор бирасонад.  

Нафаре, ки аз Боздоштгоҳи Душанбе фирор карда буд, боздошт шуд

0

Аҳмадбек Саидов, шахсе, ки моҳе қабл аз Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе фирор карда буд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, боздошт шудааст.

Як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, ки маҳбуси фирорӣ Аҳмадбек Саидовро 1-уми октябр боздошт кардаанд, вале ҷузъиёти боздошти ӯро тавзеҳ надодааст.

Чанд рӯзе пеш мақомот барои пайдо кардани ӯ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо карда ва дар ҳамаҷо онро нашр карда буд.

Сабаби аслии боздошт ва фирори Сайдов то ҳол маълум нест. Аммо тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Аҳмадбек Саидов 35 сол дошта, сокини ҷамати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлон мебошад ва бо ҷурми “роҳзанӣ” гумонбар аст.

Гуфта мешавад, ӯ дар оғози моҳи августи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд ва шаби 18 ба 19-уми августи имсол аз Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе фирор кард.

Сафари намояндаи САҲА ба Тоҷикистон

0

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури расонаҳо ва озодии баён ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, имрӯз, 3-уми октябри соли 2022 намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури расонаҳо ва озодии баён хонум Тереза Рибейро бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад.

Ба қавли манбаъ, қарор аст хонум Тереза Рибейро дар ҷараёни ин сафари худ бо мақомоти баландпоя, инчунин намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораҳои мустақили Васоати ахбори оммаи Тоҷикистон дидор ва мулоқот кунад.

Гуфта мешавад, ин сафари чоррӯзаи хонум Тереза Рибейро дар ҳоле ба Тоҷикистон анҷом мешавад, ки имсол намояндаҳои расмии кишварамон дар ҷаласаҳои ин созмон оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава ширкат накарданд.

Инчнуин бархе аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои Тоҷикистон, ки солҳо боз аз ҷониби созмонҳои аврупоӣ маблағгузорӣ мешаванд ва тибқи маъмул дар нишастҳои солона САҲА оид ба ҳуқуқи инсон ширкат мекарданд, вале имсол дар ҷаласаҳои он дар Варашава ҳузур надоранд, ба ҳамин хотир дида мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин ҷаласаҳо танҳо намояндаҳои мухолифин намонядагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, 30-уми сентябри соли ҷорӣ дар ин ҷаласаҳои САҲА масоили марбут ба расонаҳо ва озодии баён мавриди баҳс қарор гирифта буд, Azda tv низ дар ҳамкорӣ бо Созмони Ҳелсинкӣ нишасти вижаеро таҳти унвони “Вокунишҳо ба саркӯби расонаҳо дар Тоҷикистон” бо ҳузури намояндаҳои САҲА баргузор карда буданд.