10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 37

Боздошти як сокини пойтахт ҳангоми фурӯши маводи мухаддир

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз иҷрои як амалиёти махсус бар зидди маводи мухаддир хабар дод.

Тавре ин ниҳод хабар медиҳад, дар натиҷаи амалиёт кормандони милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ як марди 29-соларо боздошт карданд, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, қасд доштааст миқдори зиёди маводи мухаддирро ба фурӯш барорад.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Фаррух Орипов, сокини пойтахт буда, аз ҷониби кормандони оперативӣ дар лаҳзаи фурӯши маводи манъшуда дастгир шудааст.

Дар вақти кофтукови манзили зисти ӯ, кормандони милитсия 363 дона ҳабҳои “экстази” ва 70 грамм моддаи кимиёвии “метамфетамин” пайдо ва мусодира карданд.

Тибқи маълумоти экспертиза, маводҳои мазкур ба гурӯҳи психотропҳои хатарнок шомил буда, гардиши онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон комилан манъ аст.

Нисбат ба гумонбар бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гирдиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мақомоти ВКД мегӯянд, амалиёти зидди маводи мухаддир дар пойтахт пайваста идома дорад, зеро Душанбе яке аз самтҳои асосии қочоқ ва паҳншавии маводи манъшуда ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи бархе сокинон, солҳои охир миёни ҷавонон тамоюли рӯ ба афзоиш дар истифодаи маводи мухаддир мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, шумори ҷавононе, ки ба истеъмоли ин моддаҳо рӯ меоранд, рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда арзёбӣ мегардад.

Ихроҷи 1800 муҳоҷир аз вилояти Ленинград

0

Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия аз аввали соли 2025 аз вилояти Ленинград беш аз 1 ҳазору 800 шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандиро ихроҷ кардааст. 

Сабаби ихроҷи онҳо вайрон кардани муҳлати иқомат дар қаламрави Русия ва рад кардани баромади ихтиёрӣ аз кишвар гуфта мешавад. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, муҳоҷирони ихроҷшуда аз кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин муҳоҷирон аз Миср, Камерун, Эрон, Малави, Сомалӣ, Куба ва дигар давлатҳо буданд.

Иҷрочиён ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшударо ба фурудгоҳи Пулково расонда, то нуқтаи гузариш тавассути сарҳад ҳамроҳӣ карданд ва ба марзбонон супориданд. Барои иқомати ғайриқонунӣ дар Русия аз онҳо аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима ситонида шуд. Вуруди онҳо ба Русия барои муҳлати аз се то даҳ сол манъ гардид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия беш 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. 

То ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, омори ихроҷшудаҳо аз вилояти Ленинград ва тамоми Русияро нашр накардааст. Аммо пештар иттилоъ дода буд, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро гузаронда, нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир кардааст ва аз ин шумор беш аз 450 нафарашон аллакай аз кишвар ихроҷ шудаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ин чанд моҳи ахири сол мақомоти рус метавонанд шумори бештари шаҳрвандони хориҷиро аз хоки ин кишвар берун кунанд. Зеро замони қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия рӯзи 10-уми сентябр ба охир расид ва ВКД гуфта буд, ки аз 11-уми сентябр нафаронеро, ки будубошашонро дар Русия қонунӣ нагардондаанд, ихроҷ ва ҳамчунин ворид шудан ба ин кишварро барои солҳои тӯлонӣ манъ мекунанд.

Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли мағозаву бозор ва хобгоҳҳо идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар Душанбе пас аз боздидаш аз Тоҷикистон изҳор дошт, ки Русия ба нерӯи кори хориҷӣ манфиатдор аст, вале ин бояд нерӯи кори зарурӣ бошад. Инчунин ӯ таъкид карда, ки муҳоҷирон бояд қонун ва қоидаҳои Федератсияи Русияро риоя кунанд. 

Баррасии вазъи озодии ВАО дар Осиёи Марказӣ

0

Дар пасманзари афзоиши фишорҳо бар ВАО-и мустақил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ коршиносони байналмилалӣ барои баррасии таҳдидҳо ба озодии матбуот ва тадбирҳои ҳифзи рӯзноманигорон дар шаҳри Варшава ҷамъ омаданд.

Ин нишаст рӯзи 9-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дар ҳошияи ҷаласаҳои САҲА аз ҷониби Маркази ҳуқуқи инсонии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико (ABA/CHR), ташаббуси TrialWatch-и Фонди адолати Клуни ва Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) ташкил шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ коршиносон аз таъқиб ва фишори рӯзноманигорон гуфта, тавсияҳои мушаххас барои ҳифзи ВАО-и мустақил ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти боэътимодро пешниҳод намуданд.

Коршиносон ва суханварони ин нишаст Ринат Тухватшин, ҳаммуассис Kloop Media (Қирғизистон), Болот Темиров, муассиси Temirov Live, Бахитжан Торегожина, фаъол аз Қазоқистон, раҳбари Ar.Rukh.Khak ва коалицияи Qantar 2022; Умида Ниязова, директор Uzbek Forum for Human Rights ва Мухамадҷон Кабиров, мудири Azda.TV ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон буданд.

Вохӯриро Ҷасмин Кэмерон, мушовири калони ҳуқуқии ABA Center for Human Rights, роҳбарӣ намуда, суханронии муқаддимавиро Кейт Левин, ҳуқуқшиноси сатҳи олии Clooney Foundation for Justice ва Ник Льюис, хабарнигори CPJ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, карданд.

Коршиносон инчунин дар ин нишаст таъкид карданд, ки таъқибҳои ҷиноӣ, фишор ва қонунҳои маҳдудкунанда дар кишварҳои минтақа “таъсири тарс” эҷод мекунанд, ки таҳқиқоти мустақили рӯзноманигорӣ ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти боэътимодро маҳдуд месозад.

Иштирокчиён аз давлатҳои узви САҲА ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуданд, ки ҳифзи рӯзноманигорон ва таҳкими ВАО-и мустақилро ҳамчун ҷузъи муҳими демократия тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Дар Тоҷикистону Русия намояндагиҳои ВКД таъсис мешавад

0

Русия ва Тоҷикистон қасд доранд дар қаламрави якдигар намояндагиҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва муҳоҷират таъсис диҳанд.

Гуфта мешавад, ин иқдом бо ҳадафи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва танзими ҷараёнҳои муҳоҷират роҳандозӣ мешавад.

Тибқи қарори ҳукумати Русия, ки онро ожонсии иттилоотии ТАСС нашр кард, ҷониби Русия дар шаҳри Душанбе намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро боз хоҳад кард.

Аз тарафи дигар, Тоҷикистон низ дар шаҳри Маскав ду намояндагӣ ифтитоҳ менамояд, ки яке аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигарӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар марбут аст.

Манбаъ меафзояд, ки намояндагиҳо барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марбута дар самтҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва масъалаҳои муҳоҷират масъул хоҳанд буд.

Дар санади байнидавлатӣ таъкид мешавад, ки намояндагиҳо шаҳрвандонро ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти худ қабул мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишварҳои худ ҳимоят хоҳанд кард.

Кормандони ин сохторҳо ва аъзои оилаҳои онҳо аз имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ бархурдор мешаванд. Назорати умумии фаъолияти онҳо аз ҷониби сафоратҳои ду кишвар анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, таъсиси намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия метавонад талоши Душанбе барои тақвияти назорати шаҳрвандони худ дар хориҷ, махсусан дар қаламрави Русия бошад.

Ҷанг дар Ғазза расман поён ёфт

0

Соати 12 ба вақти маҳаллии рӯзи ҷумъа, 10-уми октябри соли 2025 хотима ёфтани ҷанг дар Ғазза ба таври расмӣ эълон шуд.

Шаби гузашта ҳукумати Исроил ҷаласа баргузор кард ва пас аз баррасии созишномаи оташбаси сулҳ, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пешниҳод намудааст ва рӯзе пеш дар Шарму Шайхи Миср байни миёнҷигарҳо ва Исроилу ҲАМОС ба имзо расид, мувофиқат кард.

Қаблан гуфта мешуд, ки ҳукумати Исроил то нисфирӯзии рӯзи панҷшанбе мувофиқаташ ба созишномаи оташбасро эълон мекунад ва ҳамлаҳои исроилӣ дар Ғазза поён меёбад, аммо ҳукумати Исроил ҷаласаашро ба соати 5-и бегоҳ ва баъдтар онро ба соати 8-9-и шаб қафо андохт.

Хабарнигорони маҳаллӣ гузориш доданд, бо қафо андохтани эълони поёни ҷанг аз сӯи ҳукумати Исроил, артиши он дар Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро шиддат бахшидааст. Субҳи имрӯз, пас аз хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз шаҳри Ғазза сокинон ҷасади 37 нафарро, ки дирӯз кушта шудаанд аз зери овораҳо берун бароварданд. Гуфта мешавад, аксари кушташудаҳо занону кӯдаконанд, ки дар лаҳзаҳои ахири поён ёфтани ҷанг артиши Исроил онҳоро куштааст.

Акнун пас аз тавофуқи ҳукумати Исроил поёни ҷанг расман эълон шуд ва мувофиқи ин созишнома давоми 72 соат бояд 20 асири исроилӣ, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд ва 2000 асири фаластинӣ, ки дар Исроил зиндониянд раҳо мешаванд.

Вале лаҳзае пеш Дафтари матбуотии ҳукумати Ғазза ба расонаҳо хабар дод, ки то ҳанӯз дар бораи рӯйхат ва номгӯи асирон тавофуқи ниҳоӣ сурат нагирифтааст.

Дафтари матбуоти ҳукуматии Ғазза эълом кард, ки аллакай аҳолии Ғазза, ки аз минтақаҳои гуногун ба таври иҷборӣ ба дигар манотиқ кӯчонида шуда буданд, ҳоло ҳама ба сӯи хонаҳои вайроншудаи худ равонанд ва кӯчаҳо пур аз одам аст.

Хабарнигорони “Ал-Ҷазира” гузориш доданд, ки дастаҳои низомии қисмҳои 7 ва 188 аз Ғазза ба таври комил баромаданд, аммо боқӣ нерӯҳо ба марҳилаи тавофуқшуда ақибнишинӣ кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Исроил дар марҳилаи аввал ба “Хати зард” ақибнишинӣ кардааст, яъне то ҳанӯз 53% Ғазза дар зери тасарруфаш боқӣ мондааст. Аммо сухангӯи артиши Исроил бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳоло ҷанг ба поён нарасидааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба минтақаҳои ишғолшудаи фаластинӣ дар 7-уми октябри соли 2023, Исроил ба шиддат Ғаззаро бомборон кард ва ин ҷанг то субҳи имрӯз идома дошт. Вазорати беҳдошти Ғазза дар охирин омораш эълон кард, ки аз шури ҷанг то имрӯз беш аз 67 ҳазор нафар аз аҳолии Ғазза кушта шуда ва ҳудуди 10 ҳазори дигар зери овораҳо монда, бенишон гаштаанд.

Вазорати беҳдошти Ғазза мегӯяд, наздики 70 дарсади кушташудаҳоро занону кӯдакон ва пирионсолон ташкил медиҳад.

Ҷониби Исроил низ дар оморҳояш эълон кард, ки аз 7-уми октябри соли 2023 то 29-уми сентябри 2025 аз сарбозон ва ғайринизомиён 1665 нафар кушта шудаанд, ки 1200 нафарашон дар рӯзи аввали ҳамлаи ҲАМОС кушта шуда буданд. Аммо коршиносон ба омори Исроил шубҳа доранд.

Мария Корина Мачадо барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар 2025 шуд

0

Кумитаи Нобел дар Норвегия рӯзи ҷумъа, 10-уми октябри соли 2025 эълон кард, ки Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли ҷорӣ ба Мария Корина Мачадо, сиёсатмадори мухолифи Венесуэла дода мешавад.

Дар изҳороти расмии Кумита гуфта шудааст, ки Мачадо “дар тӯли солҳои зиёд барои барқарор кардани демократия, ҳуқуқи инсон ва озодии шаҳрвандӣ дар Венесуэла бо вуҷуди таҳдидҳо, зиндону фишорҳои доимии ҳукумат, мубориза бурдааст”.

Мария Корина Мачадо дар суханронии кӯтоҳи худ пас аз эълон гуфт: “Ин ҷоиза на танҳо барои ман, балки барои тамоми мардуми Венесуэла аст, ки бо орзуи озодӣ ва зиндагии шоиста мубориза мебаранд.”

Ҳамзамон бо мавҷи тахминҳо дар расонаҳо, президенти Амрико Доналд Трамп низ умед дошт, ки Кумитаи Нобел ба ӯ ҷоизаро барои “нақши миёнҷигарона” дар бархе аз ихтилофҳои ҷаҳонӣ медиҳад.

Трамп дар мусоҳибаҳои худ гуфта буд, ки “бо қатъ кардани ҷангҳо ва ташвиқи сулҳ дар чанд минтақаи ҷаҳон” сазовори Ҷоизаи Нобел аст. Бо вуҷуди ин, Кумитаи Нобел изҳор дошт, ки тасмимҳо танҳо бар асоси саҳмҳои воқеӣ ва дарозмуддати шахсони номзад гирифта мешаванд, на бар асоси фишор ё таблиғоти сиёсӣ.

Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, ки Кумита бо интихоби Мачадо мехост аҳамияти муборизаҳои осоишта барои демократия ва ҳуқуқи инсонро таъкид кунад, на дипломатияи расмии давлатҳоро.

Ба гуфтаи коршиносон, Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2025 ба рамзи пирӯзии мардумони озодихоҳ табдил ёфт. Мария Корина Мачадо бо муборизаи оромона, вале устувори худ ба яке аз чеҳраҳои асосии мубориза барои демократия дар Амрикои Ҷанубӣ табдил ёфт.

Путин ба Тоҷикистон омад. Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?

0

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ барои иштирок дар нишастҳои “Русия — Осиёи Марказӣ” ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ба Душанбе омад.

Шоми 8-уми октябри соли ҷорӣ, дар фурудгоҳи Душанбе Путинро раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. Пас аз маросими пешвози расмӣ ва боҳашамат, президентҳо ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ гулчанбар гузошта, сипас мулоқоти ғайрирасмияшон, ки дар аксҳо дида мешавад дасти ҳамро гирифта роҳ мераванд дар боғи ботаникии «Ирам» баргузор гардид.

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон китоберо бо номи “Тоҷикон” тақдим намуд, ки ҳамагӣ 25 нусхаи он дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Илова бар ин, роҳбари Русия ба Раҳмон расми рассоми маъруф Макс Бирштейн бо номи “Таджикские друзья” тақдим кард.

Рӯзи 9-уми октбяр дар “Қасри миллат” музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия оғоз ёфта, Эмомалӣ Раҳмон аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намудааст.

Ҳамзамон Раҳмон гуфтааст, ки “Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”. Путин низ борҳо ин идддаоро кардааст.

Худи Путин гуфтааст, рӯ ба рӯ бо Раҳмон мавзуҳои ҳассосро баррасӣ кардаанд. Аммо маълум нест, ки манзури Путин аз “мавзуҳои ҳассос” чӣ буда метавонад.

Инчунин маълум нест Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш вазъи муҳоҷирони тоҷикро, ки хеле бад арзёбӣ мешавад ва фиристодани иҷбории онҳоро ба ҷанги зидди Украина баррасӣ кардааст ё на.

Гуфта мешавад, пас аз мулоқоти раҳбарони кишварҳо музокироти васеи сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия баргузор гардида, дар натиҷа ҷонибҳо 15 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар саҳаҳои тиб, иқтисод, амният ва ғайраро ба имзо расондаанд.

Яке аз ин созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ин аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик қабл аз муҳоҷират дар ватанашон метавонанд аз “муоинаи тиббӣ” гузаранд. Пештар ташхис дар ҳудуди Русия анҷом мешуд ва даҳҳо муҳоҷирро бо баҳонаи гирифтор будан ба бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар ихроҷ мекарданд. Ҳоло маълум нест, ки ин созиши нав то куҷо ба муҳоҷирон дар ин самт сабукӣ меорад.

Инчунин ҷонибҳо бидуни додани ҷузъиёте гуфтаанд, ки созишномаи соли 2019 дар бораи “ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои муваққатӣ дар Русия”-ро тағйир додаанд.

Пас аз маросими имзои санадҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин нишасти матбуотии муштарак баргузор намуда, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро қаноатбахш арзёбӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро байни ду кишвар таъкид намуда, аҳамияти тавофуқоти бадастомадаро дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дифоъиву амниятӣ зикр кардааст. Ӯ дар бораи нақшаҳои таъсиси боғи индустриалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ иттилоъ дод ва аз кумаки Русия дар рушди соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳо ва театри русии ба номи В. Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.

Президентҳо ҳамкории муассири ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятиро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм қайд карда, наздикии мавқеъҳои ду давлатро дар масъалаҳои байналмилалӣ таъкид намудаанд.

Дар ҳоле аз Владимир Путин ботантана дар Тоҷикистон пешвоз гирифта мешавад, ки созмонҳои ҷаҳонӣ ба мисли HRW, World Liberty Congress ва ғайра аз Тоҷикистон хоста буданд, ки ба фармони боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ амал кунад ва ба Путин иҷозати вуруд надиҳад ва агар вориди Душанбе шуд, ӯро боздошт кунад.

Бояд гуфт дар баробари Владимир Путин барои иштирок дар ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил ва нишасти сарони “Осиёи Марказӣ ва Русия”, ки дар он масъалаҳои амният, ҳамкории энергетикӣ ва ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ мешаванд, раҳбарони кишварҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз онҳо, аз ҷумла Шавкат Мирзиёв, Содир Ҷабборов, Сардор Бердимуҳаммедов ва Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқот кардааст.

Ба хотири ин нишастҳо дар Душанбе рафту омади шаҳрвандон маҳдуд шуда, баъзе роҳҳо, масҷидҳо ва бозорҳо аз 9-уми октябр то 12 баста хоҳанд шуд.

Криштиану Роналдо аввалин футболбози миллиардер

0

Криштиану Роналдо ба қатори миллиардерҳо шомил шуд. Ӯ аввалин футболбози таърих ба шумор меравад, дороии беш аз 1 миллиард доллар аст.

Криштиану Роналдо, ситораи маъруфи футболи ҷаҳонӣ ва капитани дастаи мунтахаби миллии Португалия ва ҳамлагари дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, расман ба рӯйхати шахсони миллиардер шомил шуд. Тибқи гузориши Bloomberg, дороии умумии Роналдо ба 1,4 миллиард доллар мерасад ва ӯ аввалин футболбозест, ки ба чунин сатҳи молӣ расидааст.

Ин дастоварди таърихӣ на танҳо нишонгари муваффақияти Роналдо дар майдони футбол, балки бозгӯи нобиғагии ӯ дар идоракунии молу сармоя ва бренди шахсиаш мебошад. Ғайр аз маош дар дастаҳои футбол, бахши аъзами даромади ӯ аз шартномаҳои реклама, тиҷорати либос ва атр, сармоягузорӣ дар амволи ғайриманқул ва бренди “CR7” мебошад.

Криштиану Роналдо дар тӯли фаъолияти касбиаш дар дастаҳои маъруфи “Манчестер Юнайтед”, “Реал Мадрид”, “Ювентус” ва ҳоло дар клуби “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бозӣ кардааст. Ӯ бо тими миллии Португалия барандаи Ҷоми Аврупо ва дигар ҷоизаҳои муҳими байналмилалӣ гардидааст.

Мувофиқи баъзе таҳлилгарон, Роналдо дар як сол зиёда аз 100 миллион доллар даромад ба даст меорад, ки аз он тақрибан нисфаш аз фаъолиятҳои ғайриварзишӣ мебошад.

Шомил шудани Роналдо ба қатори миллиардерҳо нишон медиҳад, ки футболбозони муваффақ метавонанд на танҳо дар варзиш, балки дар тиҷорат низ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шаванд.

Ба ҳамин тартиб, Криштиану Роналдо на танҳо бо ҳунари варзишӣ, балки ҳамчун шахсияти ботаҷриба дар ҷаҳони молу сарват ва брендинг намунаи илҳомбахш барои миллионҳо ҷавон дар саросари ҷаҳон гардидааст.

ҲАМОС-у Исроил ба тавофуқи аввалӣ расиданд. Ҷанг дар Ғазза поён ёфт?

0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп шоми рӯзи чоршанбе аз расидан ба тавофуқи аввалии ҲАМОС ва Исроил дар Шарму Шайхи Миср хабар дод.

Ҳамзамон раҳбари сиёсии ҲАМОС Халил Ҳайя низ бо нашри изҳороте эълон кард, ки ба тавофуқи аввалӣ даст ёфтаанд ва бояд артиши Исроил фавран ҷангро хотима диҳад ва ба нуқтаи тавофуқшуда ақибнишинӣ кунад ва ҳамзамон дар давоми 72 соат асирони ду тараф озод карда шаванд.

ҲАМСО эълон карда, ки бо миёнҷигарии давлатҳои Амрико, Миср, Қатар ва Туркия тавонистанд ба тавофуқе бирасанд, ки ҷанг дар Ғазза пурра ва доимӣ хотима меёбад. Ин ҳаракат аз тарафҳои зомини сулҳ хост Исроилро барои татбиқ ва пойбанд буданд ба ин созишнома маҷбур созанд.

Субҳи имрӯз дафтари нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу хабар дода буд, ки зуҳри рӯзи панҷшанбе бо аъзои ҳукуматаш ҷаласа баргузор мекунад ва масъалаи созишномаро баррасӣ карда, соати оғози оташбасро эълон мекунад, аммо пас аз соате эълон кард, ки ҷаласаи аъзои ҳукуматш ба соати 5-и вақти маҳаллӣ ба таъхир гузошта шуд.

Мувофиқи ин созишнома, дар се марҳила артиши Исроил пурра аз Ғазза хориҷ мешавад. Дар марҳилаи аввал пас аз ихроҷи ҷузъӣ ҲАМОС якбора 20 асири зиндаро озод мекунад. Ва Исроил наздики 2000 фаластиниро, ки 250 нафарашон ҳукми абад доранд, озод мекунад. Аммо дар марҳилаи баъдӣ, ки бояд нерӯҳои сулҳи СММ вориди Ғазза шаванд ва Исроил боз ҳам ақибнишинӣ кунад, ҲАМОС ҷасади 22 асири мурдаро ба Исроил тавҳил медиҳад.

Гуфта мешавад, артиши Исроил ҳоло тақрибан 80% Ғаззаро зери тасарруфи худ даровардааст ва ба муҷарради эълони оташбас ба марҳилаи аввал ақибнишинӣ мекунанд, ки дар он сурат 53% Ғазза зери тасарруфашон хоҳад монд, аммо дар ду марҳилаи дигар пурра аз Ғазза хориҷ мешаванд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар лаҳзаҳои ахир ва пеш аз эълони оғози оташбас артиши Исроил ҳамлаҳои худро дар Хон-Юнус ва дигар манотиқи Ғазза шиддат бахшидааст, ки гуфта мешавад, танҳо дар Хон-Юнус аз субҳи имрӯз 15 нафар ҷон бохта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Мувофиқи созишномаи имзошуда, пас аз эълони расмии оташбас маводҳои ғизоӣ ва кумакҳои башардӯстона фавран вориди Ғазза мешаванд ва барои аҳолӣ тақсим мегардад.

Як зани тоҷикро дар Русия кушта, ҷасадашро оташ заданд

0

Ҷамила Нурзод, як зани 30-солаи тоҷик рӯзи 21-уми сентябр аз ҷониби як шаҳрванди Русия бераҳмона кушта шуд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон ва блогерони тоҷики муқими Русия, Ҷамила сокини шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон буд ва дар шаҳри Маскав дар як ошхона кор мекард, вале вақтҳои бекорӣ дар хонаҳои мардум поккорӣ ҳам мекардааст.

Ба иттилои расонаҳо, Додгоҳи Головинскии Маскав рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ як сокини 49-солаи шаҳри Головинскии Маскавро бо номи Владимир Упадишев дар қатли ин зани тоҷик гунаҳкор эълон карда, қарори ҳабси пешакии ӯро содир кард. Гуфта мешавад, ин мардро рӯзи 24-уми сентябр, пас аз се рӯзи ҳодиса боздошт карда буданд.

Додгоҳ Владимир Упадишевро ба он айбдор кард, ки зани 30-солаи тоҷикро бераҳмона кушта, амволашро нобуд кардааст.

Тавре Радиои Озодӣ хабар дода, “ин мард рӯзи 21-уми сентябри имсол Ҷамилаи Нурзоди 30-соларо, ки дар ошхонае кор мекард, барои тамиз кардани манзили зисташ киро кардааст. Зан ифлосии хонаро дида, аз тоза кардани он даст мекашад, вале ин мард ба ғазаб омада ба руй ва бадани ӯ бо печтоб ё отвёртка зарба мезанад. Вақте Ҷамила беҳуш мешавад, Упадишев барои руйпуш кардани ҷинояташ хонаро оташ задаву дарро баста гурехтааст. Ҳамсояҳо дуди хонаро дида, сӯхторнишонҳоро даъват намудаанд.”

Аммо гурӯҳи кумак барои наҷоти ҷони Ҷамила талош мекунанд ва ӯро ба беморхона мебаранд, вале дер шуда буд ва ӯ ба бемористон нарасида вафот мекунад.

Радиои Озодӣ аз манобеи худ хабар дод, ки онҳое, ки Ҷамиларо мешинохтанд, дар суҳбат бо ин расона гуфтаанд, ки “муноқиша ва муқовимат байни ӯ ва ин мард баъди он сар задааст, ки Упадишев мехостааст, ба номуси зан дастдарозӣ кунад.”

Чанд рӯз пеш ҳам чанде аз блогерони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳо нашр карда, гуфтанд, ки ҳоло ҷасади Ҷамила дар сардхонае дар шаҳри Маскав аст ва аз шаҳрвандони кишвар хостанд, ки барои ирсоли ҷасад ба Ватан кумак кунанд.

Гуфта мешавад, солона ҳудуди ҳазор ҷасади муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, аз заонону мардон ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Мунтақидони Ҳукумат мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон бояд дар чунин ҳолатҳо сари вақт ба соҳибони фавтида кумак кунанд ва ҷасади шаҳрванди худро ба Ватан бифиристанд. Аммо дар чунин ҳолатҳо ҳамеша худи муҳоҷирон даст ба кор мешаванд ва аз дигарон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, то ҷасадҳоро бифиристанд, вале Ҳукумат парвое надорад.