Хона блог саҳифа 374

Вазири қирғиз аз беҳтар шудани муносибат бо Тоҷикистон гуфт

0

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар як нишаст аз беҳтар шудани муносибатҳо бо Тоҷикистон хабар дод.

Ҷээнбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар як суҳбати онлайние гуфт, ки соли 2022 дар муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон соли сахт буд ва он айни замон каме беҳтар шудааст.

“Давраи сахти муносибатҳо бо Тоҷикистон буд: ҳодисаҳои сентябрӣ, баъди он гуфтугуҳои пӯшида тӯл кашиданд. Айни замон вазъ каме сабуктар шуд. Ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст, аз ҷониби мо ҳаст, ки ба ҳар ҳоле бояд гуфтугуҳои марзӣ ба поён расонида шаванд”, – гуфт Кулубоев.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама муҳимаш сулҳ дар минтақаи марзӣ аст ва ӯ илова кард, ки гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон дар соли 2023 идома дошта, суръати бештар гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзе пеш Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар як суҳбати телефонӣ аз пешрафт дар музокироти марзӣ суҳбат карда, ба зарурати ҳалли тамоми масоил фақат аз роҳи сиёсиву дипломатӣ таъкид кардаанд ва гуфтаанд, ки музокироти кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ суръат бахшида шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 987 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 300 километри дигари он то ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Солҳост, ки аломатгузорӣ нашудани марзи ду кишвар боиси сар задани муноқишаҳо мегардад. Муноқишаи охири марзӣ рӯзҳои 14-17-сентябри соли 2022 сурат гирифт, ки дар он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карда буданд.

Писари Шамсиддини Саид аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд

0

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, зуҳри рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Абдуллоҳи Шамсиддин

Манобеъ ба Azda tv гуфтанд, ки аз тафсилоти ихроҷ маълумоти дақиқ надоранд, вале айни ҳол танҳо ҳаминро медонанд, ки худи Абдуллоҳ субҳи имрӯз ба ҳамсараш занг зада хабар додааст, ки ӯро ба фурӯдгоҳ бурдаанд ва бо хатсайри Дюсселдорф-Истанбул ба Туркия ва аз онҷо ба Душанбе истирдод мекунанд.

Худи Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ дар тамос ба Azda tv ихроҷи писарашро тасдиқ карда, гуфт, ки аллакай дар Истанбул ҳам адвокат гирифтаанд ва талош доранд пеши роҳи писарашро аз истирдод шудан бигиранд.

Ӯ гуфт: “Дар Истанбул аллакай адвокат мисле ки корашро шуруъ кардааст, вале он ҷо як мушкиле ҳаст, ки ҳамагӣ 2 соат вақт аст ва он ҳам дар қисми транзити фурудгоҳ аст, дар як ҷои озод нест, ки битавонанд бо ӯ дастрасӣ пайдо кунанд, вале кӯшишҳо рафта истодааст. Ҳамчунин дар Олмон ҳам бояд дар зарфи ҳамин чанд соат як додгоҳе ташкил шавад ва бо далелҳои ахире, ки адвокат пешниҳод кардаст ва иҳтемло дорад, ки инҳо ҳам ягон тасмиме бигиранд.”

Шамсиддини Саид дар идома афзуд, ки дар умум корҳо барои наҷот додани писараш аз истирдод шудан ба Тоҷикистон ҳам дар Олмон ва ҳам дар Туркия идома дорад.

Наздикони Абдуллоҳ пештар гуфта буданд, мақомоти Олмон тамоми далоиле, ки вакилони дифоъ дар ҷараёни боздошташ пешниҳод карда буданд, ба инобат нагирифтанд. Ва аллакай ҳукми ихроҷи ӯро ба Тоҷикистон содир карданд.

Пайвандон ва шиносҳои ӯ мегӯянд, агарчи Абдуллоҳи Шамсиддин фаъолияти сиёсӣ надошт, вале дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву зиндон таҳдид мекунад.

Пас аз боздошти ӯ, 17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз олмониҳо ва ҳамкоронаш аз ҳукумати ин кишвар хоста буднд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро дар онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Ба ҳалокат расидани вазири корҳои дохилии Украина дар пайи суқути чархбол

0

Бар асари суқути чархбол дар шаҳри Бровари Украина субҳи 18-уми январ вазири корҳои дохилии ин кишвар Денис Монастирский, муовини аввали ӯ Евгений Енин ва Юрий Лубкович, котиби ин вазорат ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора раиси пулиси миллии Украина Игор Клименко дар саҳфаи фейсбукиаш хабар додааст.

Бино ба навиштаи Клименко “Дар натиҷаи суқут роҳбарияти ВКД: вазир, муовини аввали вазир ва сухангӯи вазорат ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмӯъ, ҳоло 16 нафар бо шумули 2 кудак кушта шудаанд. 9 нафари онҳо дар дохили  чархбол будаанд”.

Денис Монастирский,Евгений Енин ва Юрий Лубкович

Клименко навишта, ки чархбол ба вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина тааллуқ дошт.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои укроинӣ аз кушта шудани 18 нафар, аз ҷумла се кӯдак хабар медиҳанд. Теъдоди захмиён ба 29 нафар расида, 15 нафарашон кӯдак мебошанд.

Кирило Тимошенко, муовини раиси Дастгоҳи раисҷумҳури Украина дар навбати худ гуфт, теъдоди қурбониёни суқути чархбол дар ҳоли афзоиш аст.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз, 18-уми январ чархболи ҳомили мақомоти ВКД-и Украина ба самти яке аз нуқтаҳои доғи ҷанг дар парвоз буда, бо сабабҳои номаълум дар шаҳри Бровари дар назди боғчаи бачагона ва бинои истиқоматӣ суқут мекунад. Ҳангоми ин ҳодиса дар боғ кӯдакон ва кормандони муассиса будаанд, ки ин суқути чархбол боиси ҷон додани чанд нафар гаштааст.

Сабабҳои суқути чархбол то ҳол маълум нест, аммо Вазорати корҳои дохилии Украина сабаби суқути чархболро иштибоҳи халабон гуфтааст.

Мақомоти Украина аз таъсиси комиссиюн барои тафтиши сабабҳои суқути чархбол хабар доданд.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

Боздошти директори Корхонаи обтаъминкунии Истаравшан

0

Алиев Алӣ, директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан аз ҷониби Агентии зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт шуд.

Акс аз Интернет

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алиев Али, ки ба ҳайси директори корхонаи мазкур фаъолият дошт, аз як шаҳрванд барои ӯро ба кор қабул кардан дар ин корхона дар ҳаҷми калон, яъне гирифтани 14 ҳазор доллар пора дар утоқи корияш дастгир шуд.

“Алиев Али Ашурович зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14000 доллари ИМА гирифта, боз овардани 50000 сомонии дигарро талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алиев А.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 50000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Дар хабари Агентӣ гуфта нашуда, ки ин корманди давлатӣ кай боздошт шудааст, аммо гуфта мешавад, нисбати Алиев “бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида”, барои муҷрим донистани ӯ парванда ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ин банди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” номгузорӣ шуда, аз 8 то 12 сол зиндонӣ шудани шахси муттаҳамро бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян то муддати 5 сол пешбинӣ мекунад.

Русия шумори нерӯҳои мусаллаҳашро ба 1,5 миллион нафар мерасонад

0

Русия тасмим гирифтааст, ки ба хотири таъмини амният ва суботи марзҳои худ теъдоди нерӯҳои мусаллаҳашро ба 1,5 миллион нафар бирасонад.

Бино ба иттилои саҳифаи телеграмии Вазорати дифои Русия, Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар дар мулоқот бо раҳбарони низомӣ гуфтааст: “Президенти Федератсияи Русия тасмим гирифт, ки шумори нерӯҳои мусаллаҳ то ба 1,5 миллион нафар афзоиш ёбад.“

Ба қавли вазири дифои Русия бархе сабабҳои афзоиши нерӯҳоро шарҳ дода гуфт: “Танҳо тавассути таҳкими ҷузъҳои асосии сохтории Қувваҳои Мусаллаҳ амнияти низомии давлат ва ҳифзи субъектҳои нав ва объектҳои муҳими Федератсияи Русия имконпазир аст.”

Русия дар ҳоле тасмим гирифтааст теъдоди нерӯҳояшро ба 1,5 миллион нафар бирасонад, ки бо гузашти наздик ба як сол аз оғози ҷанг дар Украина ин кишвар амалан ба ҳадафҳои худ нарасида ва дар хеле аз мавридҳо ба кишасти сахте рӯбарӯ шудааст.

Аксари ин нерӯҳои ҷалбшаванда зархаридоне мебошанд, ки тибқи қарордод дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекунанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои шаҳрвандии Русия ва ё иқомаи доимӣ мебошанд, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ вуҷудо доранд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Русия то ҳол теъдоди афасарону сарбозони ба кушташудаи худро дар ҷанги Украина дақиқ эълон накардааст, аммо бо таваҷҷуҳ ба ахбори расонаҳо ин кишвар дар хеле аз ин набардҳо амалан шикаст хӯрдааст.

Ин шикастҳо хисороти сангин ва талафоти зиёдеро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украина ба бор овардааст. Ва ба қавле ин тасмими Владимир Путин ду ҳафади асосӣ низ дорад: яке баланд кардани рӯҳияи пайкорҷӯёнаш дар набардҳои Украина ва дигаре пур кардани ҷои сарбозону афсарони кушташуда ва захмигардида, ки дигар қобилият ҷангро надоранд, мебошад.

Шаҳрдори Тошканд барои бемасъулиятияш барканор шуд, аз Душанбе чӣ?

0

Шаҳрдори Тошканди Узбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аз вазифааш сабукдуш ва ба эҳтимоли зиёд боздошт шудааст. Дар ин бора расонаҳои узбекӣ хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Президенти Узбекистон, рӯзи 16-уми январ роҳбарони ҳамаи сатҳҳои шаҳри Тошканд барои омода набудан ба зимистон аз ҷониби Шавкат Мирзиёев танқид ва чанд мақомдор аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласае ҳамакнун собиқ шаҳрдори Тошканд Ортиқхоҷаевро “бешарм” номида гуфт, ки ӯро “барои баҳои дуруст надодани вазъи кунунӣ ва омода нашудан ба зимистон” ва “барои ҳарфҳои хушку холӣ ва гузориши бардурӯғ” аз кор рондааст.

Инчунин Шавкат Мирзиёев норозигӣ карда, ки теъдоди иншооти худсарона сохташуда ба бештар аз 250 адад расида, нақшаи куллии шаҳр то кунун тасдиқ нагардидааст.

Гуфта мешавад, пас аз сабукдӯш шудани раиси шаҳри Тошканд, муовини аввали ӯ Бахтиёр Раҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Тошканд таъйин гардидааст.

Дар баробари Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, ҳамчунин муовини вазири энержӣ, раиси ширкати “Иссиклик электр стансияларӣ” Фарҳод Абдураҳмонов, роҳбарони ноҳияҳои Юнусобод Баҳодур Абдувалиев, Мирзо Улуғбек Шавкат Иргашев, Учтеппа Фарҳод Абдуллоев аз мақомҳояшон барканор ва то ба сатҳи иҷрокунандаи вазифа пойин оварда шудаанд.

Мирзиёев ба Додситонии кул ва Хадамоти амнияти давлатӣ дастур дод, ки фаъолияти раҳбарони мазкурро санҷанд.

Дар ҳамин ҳол “Gazeta.uz” дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки эҳтимол меравад Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳангоми кушиши парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд дастгир шуда бошад.

Қарор буд, Ортиқхоҷаев ҳамроҳи хонаводааш ба ҳавопаймои ширкати “Uzbekistan Airways” таҳти рақами “HY 271”, ки бо таъхир ба шаҳри Истамбули Туркия парвоз кард, савор мешуд. То ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев моҳи апрели соли 2018 шаҳрдори Тошканд таъйин шуда буд.​

Дар ҳоле Президенти Узбекистон чанд мақомдор, аз ҷумла шаҳрдори пойтахтро барои омода нашудан ба зимистон интиқод ва аз вазифаҳояшон барканор мекунад, ки сокинони пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе чунин мушкилиҳоро паси сар мекунанд, аммо то ҳол ҳеч мақомдоре барои хунукназарӣ ва бемасъулиятияш ҷазо нагирифтааст.

Сафари раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ

0

Рӯзи якшанбе, 15-уми январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон бо  вазири умури исломи, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ мулоқот кард.

Тавре сомонаи

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин дидор вазъияти мусалмонон дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили динӣ ва пешгирӣ аз ифротгароиро баррасӣ карданд.

Дар навбати худ Давлатзода иброз дошта, ки Тоҷикистон низ мехоҳад аз сиёсати пешгирифтаи Саудӣ дар умури дин ва таҷрибаи мубориза бо ифротгароиро дар кишвар амалӣ созад. Ва аз ин кишвар барои нашри исломи муътадил ва бидуни ифротгароӣ ва фаҳми дурусти динӣ ибрози хушнудӣ кардааст.

Ситоиши раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз сиёсати диндории Саудӣ дар ҳолест, ки солҳост ҳар тоҷикистоние (ба ҷуз худи Давлатзода, ки худ таҳсилкардаи ин кишвар аст), дар ин кишвар таҳсил кардаанд, бо ҷурми салафӣгарӣ дар таъқиб қарор дода ва ҳатто зиндонӣ ҳам кардааст. Ва ҳатто маҷбуран донишҷӯни тоҷики ин кишаврро ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар мулоқотҳояш бо шарҳвандон аз таҳсили донишҷӯёни тҷик дар донишгоҳҳои давлатии Саудӣ ибрози нигаронӣ карда буд.

Гуфта мешавад, дар ин дидор ҳайати Тоҷикистон хостори имзои ёддошти тафоҳум дар масоили диниро кардаанд, вале дар охири нишаст ҳеч санаде байни тарафҳо ба имзо нарасидааст.

То омода шудани ин хабар расонаҳои давлатии Тоҷикистон (сомонаи Кумитаи дин, Вазорати хориҷа ва ғайра) дар мавриди ин мулоқот хабаре нашр накардаанд.

Шикояти сокинони пойтахт аз ноуҳдабароии Рустами Эмомалӣ

0

Сардиҳои чанд рӯзи дар Тоҷикистон фош кард, ки шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ, яке аз ноуҳдабаротарин мансабдорони кишвар аст.

Рӯзи

Ба гуфтаи бархе сокинони шаҳри Душанбе, ки дар ин рӯзҳо мушкилоти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамрасонӣ мекунанд, аҳволи хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар пойтахти кишвар, ки пеш аз ин ҳам бад, вале боридани барфу борон ва сард шудани дамои ҳаво ин мушкили сокинонро ба маротиб сахтар карда, то ҷое, ки барои як гӯша ба гӯшаи дигар шаҳр рафтан соатҳо нақлиётро бояд интизор шуд.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ, писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон 6 сол инҷониб шаҳрдори пойтахт аст. Дар кишвари фасодзадае чун Тоҷикистон, ки аксари раҳбарони сатҳи олии он ба милси ҳамин Рустами Эмомалӣ ва падараш Эмомалӣ Раҳмон дузд ва ғоратгар ҳастанд.

Бо ин вуҷуд, доштани пуштувонае чун президенти кишвар ҳар раису мансабдорро водор мекунад, ки бо масъулияти бештар кор кунад ва ҳадди ақал ниёзҳои аввалияи сокинонро аз қабили обу барқ таъмин кунад, аммо чун Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дуздӣ ва ғорат кардани будҷаи давлатро ҳамчун мерос аз падараш омӯхтааст, на парвои ободӣ дораду на бартараф кардани мушкилоти мардум…

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Ниҳоди зери раҳбарии набераи Эмомалӣ Раҳмон буҷа надорад?

0

Сомонаи интернетии Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон, ки раҳбарии онро набераи Эмомалӣ Раҳмон Исмоили Маҳмадзоҳир ба уҳда дорад, аз дастраси умум хориҷ шуд.

Имрӯз, 16-уми январи соли 2023, сомонаи интернетии Фердератсия ҷудои Тоҷикистон, ки президенти он Исмоили Маҳмадзоҳир, набараи Президенти Тоҷикистон аст, аз дастраси умум дар фазои маҷозӣ хориҷ шуд.

Ширкати REG.RU, ки таъминкунандаи ин хостинг аст, мегӯяд, ин хостинг ба сабаби напардохтани ҳаққи иҷора аз дастраси умум хориҷ шудааст. Ба гуфтаи ин ширкат, нархи иҷораи солонаи ин хостинг бо тахфифи 15% ҳамагӣ 1897 рубли русӣ, муолиди 27 доллару 77 сентро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи яке аз коршиносони соҳаи варзиш, ин курсии Фердератсия Ҷудои Тоҷикистонро “ғасб” карда, ба набераи Эмомалӣ Раҳмон додаанд. Касе, ки муфт ин мансабро касб карда бошад, кай парвои пешрафту пасрафти ин ниҳоди ифтихорофари Тоҷикистонро дар сар дошта метавонад?

Вай таъкид мекунад, Исмоили Маҳмадзоҳир на ҷудокори шинохта аст ва на яке аз ифтихороварони Тоҷикистон дар риштаи ҷудо. Вай набераи Эмомалӣ Раҳмон аст ва ба айёшӣ ва худнамоӣ шуҳрат ёфтааст. Падараш, Маҳмадзоҳир Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ғасби тиҷоратҳои дигарон, инҳисор кардани бархе бозорҳо ва ғорат кардани пули мардум дар Тоҷикистон машҳур аст, ин писараш аз ном ва пулҳои дуздии он гоҳ-гоҳ баъзе корҳои “хайр” ҳам мекунад.

Гуфта мешавад, сомонаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон пеш аз масдуд шудан ҳам чандон фаъол набуд ва сари вақт хабару гузоришҳо дар бораи пирӯзиҳо ва бурду бохти ҷудокорони тоҷикро нашр намекард. Аммо, бо ин вуҷуд ҳамчун як манбаи маълумоти соҳавӣ барои дарёфти маълумот дар фазои маҷозӣ ба корбарон кумак мекард.

Cуҳбати телефонии Раҳмон ва Ҷабборов

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов суҳбати телефонӣ анҷом дода, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Президенти Тоҷикистон, суҳбати телефонии президентҳои ду кишвари ҳамсоя, рӯзи 14-уми январ ба муносибати 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст.

Ин суҳбат дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як мулоқот дар Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба ҳам даст надода буданд.

Дар ин суҳбат ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ гуфтугӯ карда, ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мусбат арзёбӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов аз пешрафт дар музокироти марзӣ гуфта, ба зарурати ҳалли тамоми масоил фақат аз роҳи сиёсиву дипломатӣ таъкид кардаанд ва гуфтаанд, ки музокироти кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ суръат бахшида шавад.

Дар иттилоияи сомонаи Президенти Тоҷикистон омадааст: “Мавриди зикр аст, ки тайи замони ахир 100,25 километри хатти гузариши марзи давлатӣ муайян карда шудааст. Ба ин манзур хатти сарҳади то имрӯз мувофиқашуда дар маҷмӯъ 625 километр ё 63 фоизи тӯли умумии онро ташкил медиҳад.” Ҳамин тариқ аз 987 километр марзи муштарак беш аз 300 километри дигари он то ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Номуайянӣ дар марзи ду кишвар боиси сар задани муноқишаҳо гаштааст. Муноқишаи охири марзӣ  рӯзҳои 14-17-сентябри соли 2022 сурат гирифт, ки дар он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карда буданд.