16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 387

Бародарони Мамадбоқир Мамадбоқиров маҳкум ба зиндон шуданд

0

Ду бародари Мамадбоқир Мамадбоқиров низ бо ҳукми додгоҳи кишвар барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон шуданд.

Pamir Daily News дар истинод ба манобеаш аз шаҳри Хоруғ хабар медиҳад, ки бародарони Мамадбоқиров Акрам Мамадбоқиров ба 8 соли зиндон ва бародари дуюми ӯ Тоҳир Мамадбоқиров ба 28 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ҳамчунин омӯзгори тарбияи ҷисмонии маҳаллаи “Бархоруғ” Мазорбонов Мазорбон барои 8 сол ва Гулназар Имомёрбеков, яке аз дӯстони Мамадбоқир Мамадбоқиров барои 20 сол равонаи зиндон шудаанд.

Маълум нест, ки онҳо ба кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор шудаанд ва мурофиашон дар кадом шароит баргузор шудааст.

Пеш аз ин чор нафар даҳҳо зоддаи дигари Бадахшон боздошт, қисме барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон шуданду қисми дигар мунтазири ҳукми додгоҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳукмҳои тӯлонии эълоншудаи додгоҳҳоро алайҳи зодагони Бадахшон расман шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки 22-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии маҳаллаи Бойне Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбаронии мардумии Бадахшон аз сӯи хадамоти махсуси Тоҷикистон кушта шуда буд.

Ҳукми зиндони се тоҷик дар Дубай аз се сол ба 6 моҳ кам карда шуд

0

Додгоҳи олии Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳукми зиндони се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба одамрабоӣ ва ғоратгарӣ муттаҳам мешуданд, аз се сол ба шаш моҳ кам кард.

Ба маълумоти расонаи арабии “Ал-Халиҷ” Додкоҳи Дубай шикояти касатсионии ин се шаҳрванди Тоҷикистонро дида баромад ва рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ ҳукми зиндонии онҳоро ба шарти пардохти ҷарима дар ҳаҷми 29800 дирҳами иморотӣ (беш аз 8100 доллар) аз се сол ба шаш моҳ кам кард. Ва инчунин бо қарори додгоҳ ин се нафар пас аз озод шудан ва пардохти ҷарима аз Имороти Муттаҳида ихроҷ мешаванд.

Гуфта мешавад, моҳи ноябри соли 2021 як хонуми 26-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Чин барои ситонидани 20 ҳазор дирҳам (тақрибан 5.5 ҳазор доллр)-и қарзи додааш ба як марди ҳамватанаш, ин се марди тоҷикро киро кардааст.

Ба гуфтаи пулиси Дубай, ин се нафар он марди чиниро боздошт ва ба мошинашон савор карда, ба як саҳрои қумзор бурда, аз ҷузвдони ӯ 16 ҳазор дирҳам, телефон, соати гаронбаҳо ва ангуштари тиллояшро гирифтаанд. Сипас аз телефонаш ба хоҳари ӯ занг зада боз 17 ҳазор дирҳами дигар талаб кардаанд.

Хоҳараш ин хабарро ба пулис мерасонад ва пулис бо пайгирии дурбинҳои мадорбаста макони онҳоро пайдо карда, боздошташон мекунад.

Додгоҳи Дубай дар мурофиаҳои аввалӣ, ин се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз 18 то 35 сол умр доранд, ба се соли зиндон ва пас аз адои ҷазо ихроҷ аз кишвар ҳукм арада буд. Аммо додгоҳи касатсионӣ ҳукмро аз се сол ба шаш моҳ тахфиф кард, вале ҳукми ихроҷ аз кишварро бетағйир боқӣ гузошт.

Боздошту истирдоди бадахшониҳо аз Русия ба Тоҷикистон идома дорад

0

Мақомоти Русия блогери зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мақсуд Ғаёсовро аз дохили манзилаш боздошт ва ба ҷои номаълум бурдаанд.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, шоми 17-уми августи соли ҷорӣ ба манзили ӯ нафар бо либоси низомӣ зада даромада, ӯро бо худ ба самти номаълум бурданд. То ҳол маълум нест Ғиёсов барои чӣ боздошт шудааст ва дар куҷо нигоҳдорӣ мешавад.

Наздикони блогер Ғиёсов бар ин боваранд, ки мақомоти Русия ӯро низ ба Тоҷикистон ихроҷ мекунад ва эҳтимолан алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақсуд Ғаёсов муаллифи блоги ҳаҷвии “Бобинге” ва волонтёри ҷамъиятӣ мебошад.

Моҳҳои охир вай мавқеи бетарафро пеш гирифта буд ва дар бораи вазъияти ВМКБ ҳарф намезад.

Номи Мақсуд Ғаёсов низ дар гузашта ба хотири танқидаш аз маршировка бахшида ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ расонаӣ шуда буд. Мақомот он замон мехостанд ӯро бо талаби собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Ёдгор Файзов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ бикашанд.

Дар чанд моҳи охир хабари боздошту ба Тоҷикистон истирдод шудани чандин зодаи ВМКБ дар қаламрави Русия расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, фаъолони помирӣ аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Пештар аз ин, бо қарори додгоҳҳои Русия Парвиз Ғоибназаров, Руслан Лашкарбеков, Руслан Пӯлодбеков, Ҷонибек Чоршанбиев, Муслим Наврӯзов, Чоршанбе Чоршанбеев ва чанд тани дигар ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Ва қабл аз онҳо Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуда буд.

Чанд тани дигар дар боздоштгоҳҳои Русия интизори қарори истирдоданд ва дар Тоҷикистон хатари боздошту зиндонӣ шудан онҳоро таҳдид мекунад.

Инчунин сарнавишти Абдуллобеков Акбар, ки кормандони интизомии Русия ӯро бо дархости додситонии Тоҷикистон дар метрои “Кузминки” боздошт карда буданд, норушан боқӣ мемонад.

Ҳамаи ин афрод зодагони ВМКБ буда, дар Русия кору зиндагӣ мекарданд ва қисме фаъолони диаспораи помирӣ буда, бар зидди саркӯби мақомоти тоҷик алайҳи аҳолии Бадахшон садо баланд карда буданд.

Ҷалби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ба сафи артиши Русия

0

Чеченистон чаҳор дастаи низомиёни “довталаб”-ро ба ҷанги Украина мефиристад. Дар ин бора Сарраёсати истихбороти Украина хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин дастаҳои низомӣ аз ҷавононе, ки аз деҳот дуздида шудаанд ё бо таҳдиду шиканҷа зери шартномаҳо имзо гузоштаанд, иборатанд.

Бино ба иттилои Сарраёсати истихбороти Украина, шумораи шаҳрвандони Русия, ки хоҳиши ба ҷанг рафтан дар Украинаро доранд, кам шуда истодааст, аз ин рӯ, роҳбарияти Кремл саъй дорад, ки шаҳрвандони хориҷиро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ҷалб кунад.

Ба ҳамин хотир, дар вилояти Маскав барои ташкили воҳидҳои нави низомӣ раҳбарияти маҳаллӣ ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва шуъбаҳои пулис дастур додааст, ки бо шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбатҳо анҷом диҳанд ва онҳоро низ ба сафи артиш ҷалб кунанд.

Ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки барои ҷанг ба Украина мераванд, ба ғайр аз маблағ, инчунин додани шаҳрвандии Русия низ ваъда дода мешавад.

3 медали дигари Тоҷикистон дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ

0

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, боз 3 медали дигар, аз ҷумла 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, 16-уми августи соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҷудо паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90кг сазовори медали нуқра шуд.

Комроншоҳ ки дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, варзишгари турк Омер Айдин ва намояндаи Лубнон Карамноб Сагаиповро шикаст дод, аммо дар даври ниҳоӣ аз намояндаи кишвари мизбони ин бозиҳо Михаел Зганк мағлуб шуд.

Инчунин ду варзишгари дигари тоҷик дар мусобиқаи ҷудо, Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Пештар аз ин, дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар куштии юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон пас аз натиҷагирии ҳашт рӯзи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ бо ба даст овардани 7 медал мақомашро дар радабандии умумӣ тағйир надода, дар мақоми 27-ум қарор дорад.

Се мақоми аввалро Туркия бо 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ), мақоми дувумро Узбекистон бо 121 медал ( 43 медали тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ) ва мақоми сеюмро Эрон бо 116 медал (37 медали тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ) ишғол мекунанд.

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ аз рӯи 20 навъи варзиш то 18-уми август идома хоҳад кард.  Дар он зиёда аз 4 ҳазор варзишгар аз 56 кишвари дунё иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик аз рӯи 8 навъи варзиш иштирок мекунанд.

Толибон: мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид кушта шуд

0

Толибон даъво карда, ки мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар яке аз минтақаҳои ҳаммарз бо Эрон аз сӯи нерӯҳои онҳо кушта шуд.

Бино ба иттоли Алҷазира, имрӯз, 17-уми августи соли 2022 Вазорати дифои Толибон дар Афғонистон иддао карда, ки мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳиди 33-сола, собиқ фармондеҳи Иморати исломӣ, ки аз Толибон ҷудо шуда буд, ҳангоми фирор ба Эрон дар марз кушта шудааст.

Ба қавли Вазорати дифои Толибон, нерӯҳои марзбонӣ дар Ҳирот Мавлавӣ Муҷоҳидро ҳангоми кӯшиши фирор ба Эрон, пас аз шӯриш дар вилояти Сарипул (шимоли Афғонистон) куштанд.

Пеш аз ин бархе расонаҳои Афғонистон нодида гирифтани тақсимоти қудрат байни қавмҳо, аз он ҷумла ҳазораҳоро дар Иморати исломӣ аз омилҳои асосии ҷудо шудани мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид гуфта буданд, аммо “Алҷазира” мегӯяд, нофаҳмиҳо байни Муҷоҳид ва Толибон “бар сари иктишоф дар конҳои ангишт” сурат гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол манобеи бахши форсии хабаргузории “Independent” хабар доданд, ки мавлавӣ Маҳдӣ рӯзи душанбе 15-уми август аз роҳи заминӣ вориди Эрон шуд, аммо рӯзи сешанбе нерӯҳои эронӣ ӯро боздошт карда, ба Толибон таҳвил доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло ӯ дар дасти нерӯҳои Толибон қарор дорад ва Толибон пас аз ором кардани нерӯҳояш ба эҳтимоли зиёд ӯро эъдом хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид аз қавми ҳазора буд, ки аксари мансубини ин қавм шиамазҳаб ҳастанд, пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон нахустин ҳазорае буд болотарин мақомро дар ҳукумати Толибон ҳамчун раиси истихбороти ноҳияи Бомиёни Афғонистон касб кард ва сипас аз мансаб барканор шуд ва дар моҳи июни соли ҷорӣ ихтилофоти онҳо ба даргириҳои мусаллоҳона анҷомид ва ҷанги онҳо чанд рӯз давом кард.

Фирори яҳудиён аз Русия

0

Пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина суръат тарк кардани яҳудиён аз ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Як таҳқиқи

Гуфта мешавад, дар замони таъсиси давлати Исроил Русия нахустин кишваре буд, ки дар соли 1948 онро эътироф кард ва барои сафарбар кардани яҳудуёни дунё, ба хусус аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Исроил тайи 73 соли ахир кумакҳои зиёде кардааст.

Бо ин вуҷуд, бар асоси маълумотҳои оморӣ ҳудуди 165 ҳазор яҳудӣ дар Русия зиндагӣ мекунад ва ин кишвар аз нигоҳи доштани ҷомеаи яҳудиён дар байни кишварҳои дунё дар мақоми 8-ум қарор дорад.

48 ҳазор сомонӣ ҷарима барои меҳмонии 6 нафар

0

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як шаҳрванди ин ноҳияро барои даъвати 6 нафар ба ҷашни таваллудаш 48 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Акс аз Интернет

Тавре дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, соҳибкор Баҳронов Шоаббоз сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои вайрон кардани талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гунаҳкор дониста шуда, нисбати ӯ бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз карданд.

“Соҳибкори инфиродӣ Баҳронов Шоаббоз Умедович, 17.06.1970 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд, санаи 17 июни 2022 сол соати 19:00 дақиқа зодрӯзи худро дар ошхонаи таомҳои миллӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Деҳмой бо иштироки 6 нафар берун аз доираи оила баргузор намуда, талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон кардааст.”, мегӯяд Додситони кулли кишвар.

Додгоҳи ноҳияи Ҷ.Расулов, Баҳроновро барои даъвати дӯстонаш ба ҷашни зодрӯзӣ тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 48.000 сомонӣ (беш аз 4700 доллари амрикоӣ) ҷарима бастааст.

Чунин ҷаримаи зиёд бастани як шаҳрванд барои меҳмондории 6 нафар, ба гуфтаи огоҳони умур, дар ҳеч кишвари дунё вуҷуд надорад.

Дар ин хусус назари яке аз соҳибкорони тоҷикро пурсидем, ки бо шарти зикр нашудани номаш гуфт:

“Аз меҳмондорӣ ва айшу ишрати худи мансабдорон агар мисол оварда шавад, ҳолатҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз худи Президент шуруъ карда, то пасттарин мансабдорро бояд миллонҳо сомонӣ ҷарима баст. Вале дар Тоҷикистон қонун танҳо болои касоне татбиқ мешавад, ки ё пул надорад, ё восита ва ё мақомдорон аз ӯ қасос гирифтан мехоҳанд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳатто худи мақомот мувофиқи қонун амал намекунанд, баракс, онро таъвилу тафсир карда, гуноҳи набударо бар сарат бор мекунанд.”

Русия Амрикоро сабабгори идома ёфтани ҷанд дар Украина донист

0

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Конфронси даҳуми Маскав бахшида ба амнияти байналмилалӣ гуфт, ки Амрико талош дорад ҷанг дар Украина идома ёбад.

Вай дар муроҷиат ба ширкаткунандагон ва меҳмонони конфронси мазкур гуфт, “Вазъият дар Украина нишон медиҳад, ки ИМА талош дорад ин ҷангро идома бидиҳад.

Путин дар суханронияш таъкид кард, ки тасмим дар бораи оғози ин ҷанг, ки худи ӯ онро “амалиёти махсуси низомӣ дар Украина” меномад, комилан мувофиқи Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид сурат гирифтааст. Аммо Амрико ва кишварҳои Ғарбӣ ин ҷангро мухолиф ба Оинномаи СММ ва таҷовузи Русия ба Украина медонанд.

Путин дар ин конфронс изҳор дошт, ки дар ҷанги Украина комилан ба ҳадафҳои худ расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳо иборат аз “таъмини амнияти Русия ва шаҳрвандони он ва инчунин таъмини амнияти сокинони Донбасс ва ҳифзи онҳо аз наслкушӣ буд, ки комилан иҷро шуд“.

Путин дар хитоб ба Амрико гуфт, ки ӯ “барои ҳифзи фародастӣ ва салтанати худ дар ҷаҳон “барои мардуми Украина сарнавишти қурбонии тӯпҳо шуданашонро омода карда, лоиҳаи “зидди Русия”-ро амалӣ намуд ва ба нашри ғояҳои навмиллатгароёна, қатли оми сокинони Донбасс чашм пӯшида, режими Киевро бо аслиҳа, аз ҷумла аслиҳаи вазнин, таъмин карда ва то ҳол онро идома медиҳад.”

Аммо то ҳол мақомоти Амрико ба ин гуфтаҳои Путин вокунише накардааст.

Шуруъ аз 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия ҳамлаи низомияшро ба Украина оғоз кард. Ин амалкарди Русия аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ маҳкум шуд. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ барои даст кашидан аз ин ҷанг болои Русия таҳримҳои шадидеро ҷорӣ карданд. Инчунин тибқи оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар давоми тақрибан 6 моҳи ҷанг наздики 10 миллион украинӣ кишварашонро тарк карда ва садҳо ҳазори дигар дар дохили Украина овораву беҷо гаштаанд.

Путин сафири Русия дар Тоҷикистонро иваз кард

0

Президенти Русия Владимир Путин Игор Лякин-Фроловро аз мақоми сафири Русия дар Тоҷикистон барканор карда, ба ҷойи ӯ Семён Григорев ба ин вазифа таъин шуд.

Игор Лякин-Фролов 1-уми августи соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон таъйин шуда буд ва дар ин мақом нуҳ сол кор кард. Қабл аз ин, ӯ сафири ин кишвар дар Бурунди (1995-1999) ва Ботсвана (2003-2008) буд.

Семён Григорев то замони таъйин шуданаш ба ин вазифа дар ВКХ-и Русия роҳбарии департамент оид ба робита бо субъектҳои Федератсия, парламент ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба зимма дошт.

Ӯ донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва пашту буда, дар гузашта дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сиёсии дафтари САҲА (солҳои 2000-2001) ва дар сафоратҳои Русия дар Афғонистону Эрон ба ҳайси мушовир кор кардааст.

Қаблан ӯ тақрибан даҳ сол (2008–2018) сафири Русия дар Абхазия буд.