Ҷаноби Бореллаи 60-сола эълом дошт, ки қурси табобати шифоҳии “Пфайзер” бо номи Пиксловидро оғоз кардааст ва худ карантин аст ва итминон дорад, ки ба зудӣ сиҳат мешавад.
Қаблан, чанд нафар, аз ҷумла Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳида ва доктор Энтони Фаучӣ, сармушовири тиббии ӯ низ ба бемории Ковид-19 мубтало шуда буданд.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба буҷети кишвар аз ҳисоби андозбандии Google беш аз 1,5 миллион сомонӣ ворид гаштааст.
Тавре “Ховар” дар истинод ба маълумоти Кумитаи андози кишвар хабар дод, аз андозбандии даромади шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, аз аввали соли ҷорӣ то 1-уми август дар маҷмуъ 23 ширкати хориҷӣ, “аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва ғайраҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд.”
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи андоз, дар муддати беш аз ним сол ҳаҷми андози ҷамъоваришуда аз ҳисоби ширкатҳои мазкур беш аз 1,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт шудааст.
Тавре расонаҳои чинӣ хабар медиҳанд, давлатҳои Чин, Қазоқистон ва Узбакистон масири нави роҳи оҳанро барои боркашонӣ роҳандозӣ карданд, ки он вилоятҳои шарқии Чинро бо Осиёи Марказӣ мепайвандад.
Қатори боркаш рӯзи 13-уми августи соли ҷорӣ аз шаҳри Уси (музофоти Ҷянсуи Чини Шарқӣ) ба самти Осиёи Марказӣ ба роҳ баромад. Он беш аз 1000 тонна молу маҳсулот, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор ва қисмҳои эҳтиётии автомобилро интиқол медиҳад, ки арзиши умумии он ба 30 миллион юан (ҳудуди 4,4 миллион доллар) баробар аст.
Гуфта мешавад, ин қатор тақрибан дар давоми 20 рӯз аз бандари баҳрии Лянюнган (музофоти Ҷянсу) гузашта, ба Қазоқистону Узбакистон мерасад.
Масъулони шаҳри Уси гуфтаанд, ки аз оғози пандемия, корхонаҳои тиҷорати хориҷии маҳаллӣ дар содироти мол мушкилот доштанд ва пайдо шудани ин масри нави боркашонии роҳи оҳан барои ин корхонаҳо имкониятҳои навро мекушояд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, то имрӯз 4 медал – ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ, рӯзи 12-уми август бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр мақоми дувумро ишғол карда, соҳиби медали нуқра гашт.
Як нуқраи дигарро Екатерина Ишенко рӯзи 14-уми август дар мусобиқаи тенниси рӯимизӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд ба даст овард. Дар ин мусобиқа Екатерина ба финал баромад ва дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Неслиҳан Кавас аз Туркия шикаст хӯрд.
Инчунин рӯзи 12-уми август варзишгарони тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кг, ҳарду дар риштаи куштии юнониву римӣ медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Се мақоми аввалро Туркия бо 209 медал (79 тилло, 73 нуқра, 57 биринҷӣ), мақоми дувумро Эрон бо 94 медал (32 тилло, 24 нуқра, 38 биринҷӣ) ва мақоми сеюмро Узбекистон бо 86 медал (27 тилло, 24 нуқра, 35 биринҷӣ) ишғол мекунанд.
Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ аз рӯи 20 навъи варзиш то 18-уми август идома хоҳад кард. Дар он зиёда аз 4 ҳазор варзишгар аз 56 кишвари дунё иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик аз рӯи 8 навъи варзиш иштирок мекунанд.