Маркази мубориза бо табъиз мегӯяд, Тоҷикистон бо сӯиистифода аз қонунҳои зидди терроризму экстризм алайҳи рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза мебарад.
То ҳол аз талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани шаҳрвандони чинӣ ва ё афғонистонӣ иттилооте нашр нашудааст. Аммо Холид Зидрон, сухангӯи пулиси Кобул ба расонаҳо ҳамларо ба ин ҳутел таъйид карда, аммо аз ҷониби кӣ ва кадом гурӯҳ сурат гирифтани ин ҳамла тафсилоте надодааст.
Пеш аз ин Далери Имомалӣ бо фиристодани номае аз зиндон ба унвони Эмомалӣ Рамҳон ҳукми додгоҳро эътироф накарда, гуфта буд, ки тафтиши парвандаи ӯ “пур аз дурӯғу буҳтон ва духӯрагиҳо” аст. Ҳамчунин ҳамсараш ба Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, озодии ин рӯзноманигорро хоста буд.
Инчунин мақомоти Тоҷикистон Далери Имомалиро барои як суҳбати кӯтоҳаш бо яке аз аъзои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи -24” муттаҳам карданд, ки ҳам худи Далер ва ҳам ин ҳаракати сиёсӣ иддаои мақомотро рад карданд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус Далери Имомалӣ ва чанд тан аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.
Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон, аз ҷумла Мэри Лоулор, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.
Ҳамсари Фаромуз Иргашев навиштааст, ки зоҳиран 30 соли оянда ва ё “то охири умр” бо суолҳои “чаро ва барои кадом коре” зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ афзудааст: “Суолҳое, ки на аз Худованд ва на аз инсоне барои онҳо ҷавоб гирифта наметавонам.”
Маълум нест ҳукми додгоҳ кай эълон шудааст ва ин фаъоли маданиро айнан ба чӣ гуноҳ ва кадом моддаҳои КҶ айбдор кардаанд. Мақомоти кишвар низ дар ин бора чизе намегӯянд.
Пештар аз ин, хабаре нашр шуд, ки гуфта мешуд, Додситонӣ Фаромӯз Иргашевро ба ҷиноятҳои сангин аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам намуда, аз додрас хостааст, ки ин ҳуқуқшиноси ҷавонро ба 30 соли зиндон маҳкум кунад.
Фаромуз Иргашев, фаъоли ҷомеаи маданӣ ва узви “Комиссияи 44″ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон” буд, ки ба хотири миёнҷигарӣ байни мардум ва мақомот ва пешгирӣ аз хунрезиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ кор мекарданд.
“Комиссияи 44” тобистони соли ҷорӣ фаъолияташро қатъ кард, вале баъдтар бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳои Хоруғ қариб тамоми аъзои он зери пайгарди қонунӣ қарор гирифта, мавриди боздошту бозпурсиҳо қарор гирифта ва сипас қисме аз онҳо ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.