16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 407

Русия: ғайб задани Эмомалӣ Холов аз боздоштгоҳ

0

Адвокат ва пайвандони Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ки  бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буд, ӯро дар боздоштгоҳ пайдо накарданд.

Имрӯз, 1-уми июли соли 2022, яке аз наздикони Эмомалӣ Холов бо шарти фош нашудани номаш ба Аздо тв гуфт, дирӯз 30-юми июн адвокати Холов барои дидорбинӣ бо ӯ ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Курск рафта буд, вале Эмомалиро онҷо пайдо накардааст.

Кормандони боздоштгоҳ ба адвокати Эмомалӣ гуфтанд, ки мунтазир бошад, то зерҳимояашро барои мулоқот омода карда, ба наздаш биоранд. Аммо пас аз 4 соати интизорӣ яке аз кормандони боздоштгоҳ дубора танҳо ба назди адвокат баргашта гуфтааст, ки Эмомалӣ дар ин ҷо ҳузур надорад, ӯро аз боздоштгоҳ ҷавоб додаанд.

Сипас адвокат ва пайвандони ӯ ба ҷустуҷӯи оғоз карда, баъд аз талошҳои зиёд наздиконаш муайян кардаанд, ки Эмомалӣ Холовро аз Курск ба Маскав интиқол доданд, то ӯро ба Душанбе истирдод кунанд.

Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон бо дархости мақомоти Тоҷикистон рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченскийи вилояти Курски Русия аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда буд.

Эмомалӣ Холовро шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара аз моҳи марти соли 2021 ба гумони “тундгароӣ” дар ҷустуҷӯ қарор дода буд, вале пайвандон ва наздиконаш ин иттиҳомоти мақомотро рад мекунанд.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз як шабонарӯз аз замони ғайб задани Эмомалӣ Холов, то ҳол маълум нест, ки ӯ дар чӣ ҳолат қарор дорад ва оё ба Тоҷикистон истирдод шудааст ё не? Аммо наздикону пайвандонаш бо нигаронӣ мегӯянд, дар сурати истирдоди ӯ ба Душанбе, Эмомалиро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Баргузории маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе

0

Дар шаҳри Душанбе бо раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

30-юми июни соли 2022, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва Президенти Тоҷикистон супориш дода, ки “иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет” ва инчунин “кам кардани бақияпулиҳои андоз” тезонида шавад.

Дар кори ин маҷлиси аксари кулли аъзои ҳукумат ширкат доштанд, вале дар аксу наворҳое, ки аз ин нишаст нашр шуд, дида мешавад, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар он ҳузур надорад.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳодисаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо қатли бераҳмонаи Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар 25-11-2021 оғоз шуд ва сипас мавҷи эътирозҳои кӯтоҳмуддатеро дар бархе шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ба бор оварда буд, Саймумин Ятимов дар хеле аз нишастҳо ва маҷлисҳои ҳукуматӣ дида намешуд.

Мулоқоти Фарҳод Салим бо Питер Лански-Тиффентал

0

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия мулоқот кард.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Бино ба иттилои

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳайати Австрияро Герҳард Зайллер, Сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни ин мулоқотҳо ҷонибҳо омодагии худро “ҷиҳати идомаи тамосҳо ва машваратҳои муфид роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар сатҳҳои дуҷониба ва минтақавӣ иброз намуданд.”

Болоравии қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла рубли русӣ, доллари амрикоӣ ва евро боло бурдааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 1-июли соли 2022, Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъйинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ аст, қурби асъори хориҷӣ, аз он ҷумла доллари амрикоӣ, евро ва рубли русиро дар кишвар пойин бурд.

Дар ҳоли ҳозир Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русиро баробар ба 0,1773 сомонӣ, қурби 1 доллари амрикоиро баробар юа 10,5663 сомонӣ ва нархи 1 евроро баробар ба 11,0238 сомонӣ таъйин кардааст.

Пеш аз ин арзиши 1 доллар баробар бо 10 сомониву 58 дирам, 1 евро баробар ба 11,17 сомонӣ ва қурби 1000 рубли русӣ баробар бо 177,5 сомонӣ таъйин шуда буданд.

Гуфта мешавад, тайи чор моҳи ахир ва дақиқан пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина арзиши пули миллӣ-сомонӣ низ дар кишварамон шоҳиди марҳилаҳои зудтағйирёбанда буд, зеро иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия сахт вобастагӣ дорад.

Путин расман бо Толибон робита барқарор карданист

0

Русия дар талоши барқарор кардани равобит бо Толибон аст ва мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар идораи кишвар ба таври комил ширкат кунанд.

Ба қавлибархе расонаҳои ғарбӣ, Путин дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки Русия мехоҳад дар идораи ҳукумати Афғонистон тамоми ақаллиятҳои қавмии он кишвар ҳамроҳ бошанд.

Хадамоти матбуотии президенти Русия низ хабар дода, ки Путин бо ишора ба Афғонистон гуфтааст, Русия ҳама корро анҷом медиҳад, то вазъ дар ин кишвар ба эътидол ояд. “Мо талош мекунем бо нерӯҳои сиёсие, ки вазъиятро пурра назорат мекунанд, равобит барқарор кунем”, – гуфтааст Президенти Русия.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарчанд Русия Толибонро расман ҳамчун гурӯҳи “ифротгаро” ва “терруристӣ” шинохтааст, аммо қаблан намояндаи Толибонро ба ҳайси намояндаи расмии кишвари Афғонистон пазируфта буд. Инчунин ҳайъати Толибон дар Форуми иктисодии байналмиллалии Санкт-Петербург низ ширкат варзиданд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар ин бора тафсилоте наовардааст, танҳо ишора кардааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, “таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистон”-ро баррасӣ карданд.

Ҳамлаи муссалаҳона ба толори нишасти Толибон дар Кобул

0

Мақарри нишасти Толибон зери унвони “Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон” дар Кобул мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Имрӯз, 30-юми соли 2022, мақарри нишасти Толибон зери унвони  “Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон” дар шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст.

Гурӯҳе бо номи

Аммо Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, “дар атрофи гирдиҳамоӣ ҳеч кудом мушкиле вуҷуд надорад. Нерӯҳои амниятӣ ба як маҳалли машкук чанд файр (тир) карданд. Дигар ташвише вуҷуд надорад.”

Вуҷуди ин ҳамаро шабакаи хабарии “Алҷазира”-и Қатар ва чанд расонаи Афғонистон ҳам таъйид карда, гуфтаанд, ки хабарнигорони онҳо садои ин тирпарониҳоро шунидаанд.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯзи нахустин нишасти бузурги Толибон зери унвони “Гирдиҳамои бузурги уламои Афғонистон” бо ҳузури беш аз 3 ҳазор нафар аз сар то сари ин кишвар оғоз ба кор кард.

Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон дар Кобул

0

Субҳи имрӯзи нахустин нишасти уламои Афғонистон бо ҳузури беш аз 3 ҳазор нафар аз сар то сари ин кишвар оғоз ба кор кард.

30-юми июни соли 2022, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар саҳфаи тввитриаш дар бораи оғози “Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон” дар шаҳри Кобул хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин нишаст бо ҳузури раҳбарони воломақоми Аморати исломии Толибон дар Афғонистон оғоз ба кор карда, раисулвузарои ҳукумати Толибон ҳам таъкид карда, ки “тамоми талошамонро барои таҳкими низоми исломӣ ба харҷ диҳем.”

Раисулвузарои ҳукумати Толибон, ки дар ҷамъи уламои ин кишвар суҳбат мекард, таъкид карда, ки “Амороти Исломӣ дар ҳама заминаҳо талош мекунад, то норизоятиҳоро бартараф кунад. Мумкин дар баъзе ҷойҳо мушкилот вуҷуд дошта бошад, вале ҳар касе онҳоро бо мо дар миён бигузорад, барои ҳалли онҳо чораандешӣ мекунем.”

Аммо

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид карда, ки “ин гурӯҳи ишғолгар дар чунин шароити ошуфта ва беэътимодӣ дар талош аст, то бо тарфанде зери номи нишсати уламо ё ҷирга ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумро фиреб диҳад ва иддаои касби машруият аз роҳи чунин намоишҳои иғвогароёна намояд.”

Пеш аз ин Ҳизби ҷамъияти исломӣ шохаи Салоҳидин Раббонӣ ва Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон баргузории ин нишасти Толибонро тарфанде зери номи гирдиҳамоӣ ва ё ҷирга барои касби машруияти дохилӣ ва байналмилалӣ тавсиф карда буданд.

Аз сӯи дигар хабаргузории “Бохтар“-и Афғонистон ҳам бо нашри гузорише аз ин нишаст дар истинода ба қавли мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, як тан аз олимони тоҷиктабори Ҳироти Афғонистон, ки хеле изҳори назарҳояш дар гузашта ва ирмӯз ҳам ҷанҷолофар ва баҳсбарангез будааст, мегӯяд: “уламо бояд чунин фатво бидиҳанд, касе, ки дар баробари низоми кунунӣ меистад, сараш аз тан ҷудо шавад ва аз байн биравад.”

Пешниҳоди содир шудани ин “фатво” дар ҳоле ироа шудааст, ки тайи моҳҳои гузашта Толибон дар вилояти Панҷшер, Андаробҳои вилояти Бағлон ва ахиран дар Балхоби вилояти Сари Пули Афғонистон ба иртикоби қатлҳои омми мардумони мулкӣ, сар буридани бархе аз ғайри низомиён ва муҷозотҳои саҳроии эътирозгарон муттаҳам шудаанд.

Ин нишасти Толибон дар ҳоле бо ҳузури зиёда аз се ҳазор нафар аз тамоми шаҳристонҳои Афғонистон барои касби машрӯият баргузор мешавад, ки дар ҷамъи онҳо ягон зан вуҷуд надорад.

Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири Толибон дирӯз дар шарҳи ин масъала гуфта буд: занон ҳама модарон ва хоҳарони мо ҳастанд. Мо ба онҳо эҳтироми комил дорем ва ин, ки фарзандони онҳо дар ин нишаст ҳузур доранд, онҳо низ ба наҳве дар ин нишаст дахиланд(шомил ҳастанд).”

Яке аз эродҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Аморати исломӣ он аст, ки то кунун натавониста, ки занонро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи Афғонистон муаррифӣ кунад ва ба духтарони болои синфи шаш иҷозаи таҳсил диҳад, то ба мактабу донишгоҳҳо рафта таҳсилоти худро идома диҳанд.

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба рӯзи 15-уми августи соли 2021 беш аз даҳ моҳ гузашта, вале то кунун ҳеч кишваре ҳукумати муваққати онҳоро дар Кобул ба расмият нашинохтааст ва баргузории ин нишасти намодин ҳам яке аз талошҳои дигари онҳост, то касе дар дунё онҳоро эътироф кунад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Табрикоти зодрӯзии Раҳмон ба Бердимухамедов

0

Президенти Тоҷикистон бо анҷоми як суҳбати телефонӣ бо собиқ Президенти Туркманистон ӯро ба зодрӯзаш табрик гуфтааст.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, 29-уми июни соли 2022, собиқ Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов 65-сола шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар як тамоси телефонӣ ӯро ба ин муносибат табрик кард.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо собиқ ҳамтои туркманистониаш, ки айни замон дар маснади раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон такя задааст, ба “таҳкими равобити гуногунҷанбаи ду кишвар” таъкид кардааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин дар рафти ин суҳбат дар бораи “идомаи муколамаи доимии Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳҳои гуногун ҳамзамон андешидани чораҳои муштарак ба мақсади тавсеаи пайвастаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар” табодули назар карданд.

Боздошту истирдоди ду тан аз бадахшониҳои муқими Русия ба Тоҷикистон

0

Ҷонибек Чоршанбиев ва Наврӯзов Муслим зодагони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанде пеш дар Маскав боздошт шуда буданд, иҷборан ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Ҷонибек ва Муслим ширкаткунандагони як муроҷиати видеоӣ буданд, ки дар он аз мақомоти Тоҷикистон хоста мешуд қазияи куштори Гулбиддин Зиёбеков мунсифона таҳқиқ шавад.

Бино ба иттилои манобеи “Pamir Daily News” нисбати ин фаъолон дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парванда боз шудааст.

То ҳол маълум нест, Ҷонибек Чоршанбиев ва Наврӯзов Муслим кай боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Ба Аздо тв муяссар нашуд, ки муайян кунад, то ин ду зодаи Бадахшон дар чихел шароит нигоҳдорӣ мешаванд ва оё бо адвокат дастрасӣ доранд ё не? Аммо бо пайдо шудани маълумоти бештар хабар такмил мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабаре нашр шуда буд, ки ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон фаъолони помириро дар Маскав таҳдид доранд, то ба ватан баргарданд.

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз рақамҳои номаълум бо ирсоли паёмакҳои таҳдидкунанда аз тариқи WhatsApp-и ин фаъолон, талаб намуда буданд, ки бояд онҳо ба Тоҷикистон баргарданд, дар ғайри ин сурат онҳоро ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд.

Инчунин дар паёмакҳо маълумоти шахс ва моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ки фаъолони помирӣ ба онҳо айбдор карда мешаванд, навишта шуда буд.