5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 41

Тафтиши густурдаи муҳоҷирон дар яке аз корхонаҳои Новосибирск

0

Дар вилояти Новосибирски Русия кормандони пулис, Росгвардия ва Шуъбаи ҳарбии Кумитаи тафтиш дар яке аз корхонҳо дар деҳаи Крупская тафтиш (Рейд) гузарониданд.

Ба иддаои мақомоти рус ҳадафи ин тафтиш ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҳамчунин шаҳрвандоне буда, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, вале худро дар қайди ниҳодҳои ҳарбӣ нагузоштаанд.

Дар наворҳое, ки аз ин тафтиш дар шабакаҳо нашр шудаанд, дида мешавад, ки ҳамаи кормандони корхонаро ба кӯча бароварда, ҳуҷҷатҳои ҳамаро тафтиш мекунанд. Мақомоти рус мегӯянд, ки 450 нафарро санҷида, 17 нафареро ошкор кардаанд, ки дар ҳудуди Русия бо вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ қарор доштанд.

Дар натиҷа ба се муҳоҷир ҷаримаи маъмурӣ аз 2 то 40 ҳазор рубл таъйин шуда, ба 13 нафар қарори манъи вуруд ба Русия ба муддати 5 сол ва ба як нафари дигар ба муддати 10 сол қабул гардидааст. Ҳоло ин афрод ба Маркази муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, то ки аз Русия хориҷ карда шаванд.

Инчунин мақомоти Русия ҳангоми гузаронидани тафтиш дар боғу бустонсароҳои наздишаҳрии Новосибирск 51 шаҳрванди хориҷӣ тафтиш карда, панҷ нафарашонро ба шуъбаҳои ВКД бурдаанд. Маълум нест дар миёни боздоштшудаҳо зодагони Тоҷикистон ҳастанд ё на.

Ба ин монанд тафтишу бозҷӯиҳои муҳоҷирон дар дигар минтақаҳои Русия, бахусус ҷойҳое ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли қаҳвахонаву бозор, хобгоҳ ва ҳатто толорҳои варзишиву консертӣ идома доранд.

Дар баробари тафтиши асноди будубош, мақомоти рус, инчунин онҳоеро меҷӯянд, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанду худро дар комисариатҳои ҳарбӣ сабти ном накардаанд. Ба гуфтаи худи муҳоҷирон, ин гуна афродро ба комисариатҳои ҳарбӣ мебаранду ба ҷанги зидди Украина мефиристанд ва ҳар нафаре, ки рафтан ба хидмат ё ҷангро рад кунад, шаҳрвандияш бекор ва аз Русия ихроҷ мешавад.

Ҳар рӯз 100 сомонӣ. Шикояти ронандагон аз ширкатҳои таксӣ дар Душанбе

0

Агар таксӣ кор мекунӣ бояд аз меъёр зиёд кор кунӣ, то тавонӣ ҳам пули иҷро ва ҳам ҳаққи соҳибони ширкати таксиро пайдо кунӣ.

Яке аз баҳсҳои доғ миёни ҷомеаи Тоҷикистон шикояти ронандаҳои таксӣ аз ширкатҳои таксиронӣ мебошад. Ба гуфтаи онҳо, новобаста аз он ки рӯзона ба кор мебароянд ё не, маҷбуранд ҳар рӯз 100 сомонӣ ба ширкат супоранд.

Ронандаҳо мегӯянд, чунин талабот онҳоро водор мекунад, ки барои ба даст овардани маблағи зарурӣ соатҳои зиёд ва беистироҳат кор кунанд. Ин ҳолат боиси хастагӣ ва афзоиши садамаҳои нақлиётӣ, бахусус бо иштироки мошинҳои таксӣ шудааст.

Чанд ронандаи таксӣ бо нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хостаанд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. Ба гуфтаи онҳо, пардохти 100 сомонӣ ҳаррӯз барои ширкат хеле зиёд аст ва ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, мусофирон низ аз кори ронандаҳои таксӣ ва гарон будани роҳкиро норозиянд. Инчунин ба гуфтаи онҳо, таксистҳо на ҳамеша ба ҷойи зарурӣ меоянд ва баъзан ба самте, ки дилашон нахоҳад, намераванд.

Бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки бар иловаи вазъияти бади иқтисодӣ, зиёдахоҳии ширкатҳои таксӣ, ки ронандагонро маҷбур сохтааст, ҳар рӯз 100 сомонӣ бидиҳанд, сабаб шуда, ки онҳо дуруштрафторӣ кунанд. Дар асл, муомилае, ки ронандагон бо мусофирон дар Душанбе мекунанд ва ё соҳибони ширкатҳои таксӣ бо ронандагон, дар ҳеч гӯшаву канори дунё намебинед.

Истеҳсоли гӯшт зиёд шудааст, вале чаро нарх ҳамоно гарон аст?

0

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон нисбат ба шароити иқтисодии аҳолӣ хеле гарон маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли гӯшт, нархҳо дар бозорҳо арзон намешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ки дар расонаи давлатӣ нашр шудааст, дар моҳҳои январ–августи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар Тоҷикистон ба 164 055 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,3% зиёд шудааст. Саршумори чорвои калони шохдор ва гӯсфанду буз низ сол ба сол афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди афзоиш истеҳсоли гӯшт, нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ пайваста боло меравад. Айни замон як кило гӯшт дар бозорҳо аз 75 то 100 сомонӣ нарх дорад, ки назар ба соли 2018 қариб ду баробар зиёд аст. Сабабҳо ба афзоиши хароҷоти нигоҳубини чорво, арзиши хӯроки чорво ва фасли тобистон, ки чорво ба чарогоҳ мебаранд, рабт дода мешавад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки барои дастрасии арзон ва афзоиши истеҳсоли гӯшт бояд фермаҳои махсуси говҳои зотии гӯштӣ ва корхонаҳои хӯроки омехтаи чорво дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шаванд.

Нархи баланд ва дастрас набудани гӯшт ҳамеша боиси норозигии шаҳрвандон аст. Ба ин далел, аксари аҳолӣ тавони харидани гӯштро надоранд.

Додхоҳӣ! Пуламро гирифтанд худамро зада маъюб карданд

0

Як сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз он шикоят дорад, ки Холиқов Комил, соҳибкор ва сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара 980 ҳазор сомонияшро гирифта, то ҳол барнагрдондааст.

Масобиров Ҳасан, як сокини шаҳри Хуҷанд дар тамос ба Azda Tv гуфт, ки ӯ як замон ба тиҷорати чархҳои мошин машғул буд. “Соли 2013 аз Омлон ва Лаҳистон чархҳои мошин овардам, Холиқов Комил моҳи апрели ҳамин сол омада, аз ман ба миқдори 120 ҳазор доллар балон харид, вале гуфт, пулашро баъдтар меорад. Бо ҳамин пулро наовард, борҳо муроҷиат кардам надод. На танҳо пулро надод, балки ба одамҳояш супориш дод, маро сахт зада маъюб карданд, хонаву мағозаямро кашида гирифтанд. Ҳоло маъюби гурӯҳи 1 дар хонаҳои мардум иҷоранишинам.

Масобиров ҳамчунин гуфт, ки Холиқов Комил ҳамроҳи бародараш Холиқов Абдуҳаким ӯро зиёд озор додаанд ва аз сабаби он ки онҳо дар мақомоти вилояти Суғд шиносҳои зиёд дорад, ҳар ҷое, ки муроҷиат мекунад барои ҳақталабӣ, муроҷиаташ нодида гирифта мешавад.

Мусоҳиби мо мегӯяд: “Соли 2014 вақте ба ВКД муроиҷат карда, аз рафтори Холиқов шикоят кардам, маро ба 6-ум Отдел бурда, 8 нафар, ки танҳо номи дутояш – Далер ва Маҳмуд – дар ёдам мондааст, чунон заданд, ки гумон карданд мурдам, бурда дар қабристон андохтанд, вале баъдтар вақте фаҳмиданд зиндаам, маро раҳо карданд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин заданҳои сахт маъюб шудааст ва як дасту пояш кор намекунад. Ҳатто сухангӯияш ҳам душвор шудааст. Ҳоло маъюуби гурӯҳи 1-ум аст.

Зиёда аз 10 бор ба мақомҳои баланд, аз ҷумла 4-5 бор ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, чанд бор ба парлумон, чанд бори дигар ба Прокуратураи генералӣ ва ба милисаҳо муроҷиат кардам, барои ҳақам талош кардам, вале фақат мегӯянд, “дида мебароем” ё ба дигар ниҳодҳо вобаста мекунанду тамом. То ҳол ҳеч натиҷа нест.“, мегӯяд Масобиров.

Ӯ бо ирсоли чанд нусхаи нома ва посухҳои онҳо, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Додисотонии кулли кишвар, Додситнии нақлиёти Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо фиристодааст, ба мо гуфт, ки муроҷиатҳои пайдарпайяш бенатиҷа будааст. Чун Холиқов Комил аз баски дар мақомот шиносҳои зиёд дорад, касе ба доди ӯ намерасад.

Дар яке аз муроҷиатҳояш дида мешавад, ки Додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар торихи 19-уми майи соли 2025 ба сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нақлиёт генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода И.Р. нома исол намуда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки муроҷиати Масобиров пурра баррасӣ карда шавад.

Дар номаи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон зоҳиран Холиқовҳоро айбдор ҳисобида, чунин навишта шудааст: “Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон муроҷиати шаҳрванд Масобиров Ҳ.А.-ро нисбати кирдорҳои ғайриқонунии шаҳрвандон Холиқов А.М. ва Холиқов К.М. дар хусуси барнагардонидани маблағи 980 ҳазор сомонӣ барои баррасӣ ва қабули қарори қонунӣ ирсол карда шавад.

Ҳамчунин Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар торихи 15-уми августи соли 2025 зери рақами 13-447а/28 ба ШКВД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ нома ирсол намуда, талаб кардааст, ки муроҷиати Масобиров Ҳасанро “пурра ва ҳаматарафа мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба муаллиф хабар диҳанд.

Аммо Масобиров дар тамос ба Azda Tv гуфт, ки то ҳанӯз ҳеч посухе аз ҷониби ШКВД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дарёфт накардааст.

Ба ҳамин монанд Додситони кулли Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо низ ба якдигар нома ирсол намуда, аз бахшҳои ВКД талаб намудаанд, ки кори ҷабрдида “дида баромада шавад.”

Барои назари муқобилро шунидан Azda Tv талош кард, вале шумораи Холиқовҳо пайдо нашуд. Танҳо шумораи раҳбари ширкати ҶСК “Авитсена” Саидов Абдураззоқро пайдо кардем, ки ба гуфтаи Масобиров, ӯ бо Холиқов Комил ҳам қудо ва ҳам ҳамкори наздикаш аст. Ва ҳоло Холиқов Комил дар Қазоқистон бахши ҳамин ширкатро, ки ба хонасозӣ машғул аст, идора мекунад.

Саидов Абдураззоқ ҳангоми тамос нахост бо Azda Tv суҳбат кунад ва ҳамчунин аз қазияи Масобиров Ҳасан ва Холиқов Комил, ки дуюмӣ қудо ва ҳамкораш аст, комилан изҳори беиттилоӣ кард.

Дар сурати вокуниши тарафи муқобил Azda Tv омадааст назари онҳоро низ нашр кунад.

Ин бори аввал нест, ки ниҳодҳои қазоии кишвар наметавонанд мушкилоти шаҳрвандони ҷабрдидаро бартараф намуда, ҳақро ба ҳақдор бирасонанд. Ба сабаби шиносбозиҳо ва додани ришва ба масъулин, одатан ҷабрдидаҳо баракс, гунаҳкор ҳисобида мешаванд ва маҷбур мешаванд, мустақим ба Президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кунанд, то дар ҳалли мушкилоташон кумак кунад.

Амрико сиёсати худро дар қиболи Афғонистон бознигарӣ мекунад

0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сиёсати худро дар қиболи Афғонистон бознигарӣ мекунад ва қарор кардааст, ки ба Толибон мустақиман кумак нарасонад.

Ду мақоми баландпояи Вазорати хориҷаи Амрико ба Афғонистон Интернешнл гуфтанд, авлавияти асосии Вашингтон ду ҳадаф аст: пешгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба паноҳгоҳи террористон ва хотима додан ба дипломатияи гаравгонгирии Толибон.

Ин мақомдорони амрикоӣ вазъи кунунии Афғонистонро “фалокатбор” арзёбӣ карда, гуфтанд, ки ИМА барномаҳои марбут ба занону духтарони афғонро дастгирӣ мекунад, вале ба Толибон бевосита кумак нахоҳад кард. Ба гуфтаи онҳо, Толибон ҳуқуқи башарро поймол мекунанд ва ҳатто ба амалиёти наҷот пас аз заминларзаи ахир монеъ шуданд.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин аз талошҳои Чин барои нуфуз дар Афғонистон ва бахусус дар соҳаи маъдан нигарон аст ва таъкид мекунад, ки таҳаввулотро бодиққат пайгирӣ мекунад.

Чанде пеш Доналд Трамп ба расонҳо изҳор дошт, ки нерӯҳои ИМА бояд пойгоҳи низомии Багромро дар Афғонистон бозпас бигиранд. Таҳлилгарон бар инанд, яке аз сабабҳое, ки Амрико мехоҳад ин пойгоҳи низомиро пас бигирад, ҷойгоҳи муҳими стратегӣ ва наздикии он ба минтақаҳои ҳассоси Чин ва инчунин пешгирӣ аз нуфузи Чин дар Афғонистон аст.

Тафтишу бозҷӯии муҳоҷирон дар толори консерт

0

Дар вилояти Красноярски Русия қувваҳои махсуси ОМОН якҷо бо намояндагони ҳаракатҳои миллатгарои рус ҳангоми консерт бо мақсади гузаронидани рейд ногаҳон вориди толор шуданд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо силоҳ вориди толоре шуда, базми муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро барҳам мезананд.

Пас аз он, маъмурон асноди занону мардонро якто ба якто месанҷанд ва баъзе аз иштирокчиёнро аз толор мебароранд ва ба автобусҳо савор мекунанд. Дар умум 26 нафар шаҳрванди хориҷиро ба идораи пулис бурдаанд, ки 8 нафари онҳо дар Русия ғайриқонунӣ иқомат доштаанд.

Гуфта мешавад, шахсоне боздошт шудаанд, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил доштааст ё баъди гирифтани шаҳрвандии Русия худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд.

Бино ба навиштаи расонаҳои узбекӣ, ин рейд дар толоре гузаронида шудааст, ки овозхони шинохтаи узбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев он ҷо консерт баргузор мекард ва дар ин консерт қариб 620 меҳмон ширкат дошта, 210 каси онҳо муҳоҷирони корӣ будаанд.

Дар пайи ин рейд, мақомоти Русия барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират 19 парвандаи маъмурӣ боз карда, илова бар ин, бар асоси моддаи 322, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Русия (бақайдгирии ғайриқонунии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд) 3 парвандаи ҷониятӣ боз шудааст.

Қаблан чунин рейдҳо бештар дар хобгоҳҳо, қаҳвахонаву чойхонаҳо, бозорҳо ва ҳатто толорҳои варзишӣ гузаронида мешуданд, вале ин аввалин ҳолатест, ки дар вақти консерт ҳуҷҷати муҳоҷирон санҷидаву боздошт мешаванд.

Гуфтугӯи Трамп бо раҳбарони кишварҳои исломӣ дар бораи Ғазза

0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сарони бархе кишварҳои исломӣ дидори хусусӣ кард.

Гуфта мешавад, Трамп рӯзи сешанбе, 23-юми сентябр бо раҳбарони кишварҳои Урдун, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Покистон ва дигарон мулоқот дошт. Ба иттилои расонаҳо, ин дидор бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифт.

Қабалн Кохи Сафед хабар дода буд, ки дар ин дидор бештар ба қазияи Ғазза, ки ду сол боз зери ҳамлаҳои бевақфаи Исроил қарор дорад ва ҳарчи тезтар поён додани ҷанг дар ин борика гуфтугӯ мешавад.

Ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, Трамп дар ин ҷаласа гуфт: “Ин ҷанг ҳеҷ гоҳ набояд оғоз мешуд. Мо мехоҳем онро ба поён расонем ва гаравгонҳоро аз дасти ҲАМОС баргардонем.”

Ҳамчунин дар навбати худ Шайх Тамим бин Ҳамад, амири Қатар, дар ин нишаст ибрози нигаронӣ намуда, ки вазъ дар борикаи Ғазза хеле вазнин аст.

Хабаргузории амрикоии “Axios” пештар хабар дода буд, ки Трамп пешниҳоде барои сулҳ ва ояндаи идораи Ғазза пас аз ҷанг ба роҳбарони кишварҳои исломӣ пешниҳод хоҳад кард.

Ин сомона, илова бар мавзуи озодии гаравгонҳо ва поён додани ҷанг, хабар додааст, ки Трамп эҳтимолан баъзе шартҳоеро, ки ба хориҷ шудани Исроил аз ин минтақа ва ояндаи идоракунии он пас аз хатми ҷанг бидуни ҳузури ҲАМОС марбутанд, мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Гуфта мешавад, Амрико инчунин мехоҳад кишварҳои арабӣ ва исломӣ пас аз поён додани ҷанг дар Ғазза нерӯҳои посдори сулҳро дар Ғазза ва ҳамчунин тамоми масорифи молие, ки барои ободии Ғазза дар назар аст, аз худ таъмин кунанд.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Исроил аз моҳи октябри соли 2023 Навори Ғаззаро ба шиддат бомборон дорад. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, вазъи инсонӣ дар ин борика ба шидат вахим шудааст ва рӯзона бо сабаби бомборонҳои сахт даҳҳо зану кӯдаки фаластинӣ ҷони худро аз даст медиҳад.

Словакия як фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод накард

0

Амриддин Холмуродов, як паноҳҷӯи сиёсии тоҷик, ки чанде пеш дар Словакия боздошт шуда буд ва хатари истирдод ба Тоҷикистон ӯро таҳдид мекард, озод шудааст.

Холмуродов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст: Ман аз боздоштгоҳи Сечовтсе берун шудам. Мақомоти Словакия гуфтанд, бегуноҳият собит шуд, ту барои ҷомеа ҳеҷ хатаре надорӣ. Онҳо ҳамаи дархостҳо ва навиштаҳои ҷониби Тоҷикистонро тафтиш карда, ягон камбудӣ пайдо накарданд. Акнун дар наздиктарин фурсат ба зиндагии маъмулиам бармегардам.

Гуфта мешавад, вай борҳо дар Словакия боздошт ва озод шудааст. Амриддин Холмуродов барои бепарвоӣ ба расидаги парвандаш рӯзи 10-уми августи имсол дар боздоштгоҳи Кошитсеи Словакия даст ба гуруснанишинӣ зада буд. Ба гуфтаи вай, баъд аз ин эътироз мақомоти додситонӣ пас аз бозпурсӣ ба ӯ ваъдаи тафтиши ҷиддии парвандаашро дода будаанд.

Ба иттилои манбаъ, ӯ дар гузашта низ чанд маротиба боздошт ва баъдан озод шуда буд. Аммо ин дафъа мақомоти Словакия ба Холмуродов ҳуҷҷати паноҳандагӣ додаанд ва ӯ ҳоло ҳаққи иқомати расмӣ дар кишварро дорад.

Амриддин Холмуродов, ки қаблан дар Киев зиндагӣ мекард, моҳи феврали 2022 ҳангоми убур аз сарҳади Украина ба Словакия бо дархости Душанбе боздошт шуд. Баъд аз ду сол раҳо шуд, вале ҳангоми убур аз Олмон дубора дастгир гардид. Мақомоти Словакия ӯро “шахси хатарнок ба амнияти кишвар” номида буданд. Аммо дар Тоҷикистон ӯро ба “барангехтани кинаю адовати динӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам мекунанд. Холмуродов қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард.

Боғчаи кӯдакон фақат барои фарзандони кормандони давлатӣ аст?

0

Баъзе аз сокинони пойтахт аз он шикоят доранд, ки чун корманди давлатӣ нестанд, фарзандонашонро аз боғчаи кӯдон меронанд.

Як сокини пойтахт бо номи Муҳаммад дар Фейсбук аз таъбиз дар боғчаи кӯдаконаи рақами 68 шаҳри Душанбе ба Вазорати маориф шикоят кардааст. Ӯ менависад, мудири ин боғчаи кӯдакона, Ҷаборовна Дилафруз, ба ин шаҳрванд гуфтааст, ки кӯдаконе, ки модаронашон корманди давлатӣ нестанд, аз боғча ронда мешаванд. Вай хитоб ба масъулини Вазорати маориф навиштааст.

“Вазорат, шумо ин миллатро ба табақа ҷудо мекунед. Мо ҳаққи боғчаро сари вақт медиҳем, оё шумо ҳеҷ раҳму шафқат барои ин миллат надоред? Ва ё душмани ин миллат ҳастед. Ин чӣ қонуни аблаҳона аст, ки фарзандони моро, ки гуноҳашон танҳо дар он аст, ки модарашон корманди давлатӣ нест, аз боғча меронед? Агар дурӯғ бошад, чораи ин мудирро бинед”.

Корбарон дар зери ин хабар изҳори назар карда, амали мудири боғчаро нописанд хонда ва хостори вокуниши Вазорати маориф дар ин бора шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигар аз корбарон иддао карданд, ки ин хабар воқеият надорад ва туҳмат ба мудири боғчаи кӯдакони мазкур мебошад. Баъзеҳо низ навиштаанд, ки онҳо корманди давлатӣ нестанд, вале фарзандонашон дар ҳамин боғча тарбият мешаванд.

Бо вуҷуди ин, муаллифи ин хабар исрор дорад, ки гуфтаҳояш дуруст аст ва кормандони ниҳодҳои зидди коррупсия ва Вазорати маориф метавонанд масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки мудири муассиса айни ҳол дар рухсати меҳнатӣ буда, дар боғча ҳузур надорад.

То ҳол раҳбарияти боғчаи кӯдакони рақами 68-и пойтахт ва ё масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин бора вокуниш накардаанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсии ҲНИТ дар зиндон даргузашт

0

Субҳи рӯзи 24-уми сентябр зиндонии сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндон даргузашт.

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯзноанигор, донишманд ва рӯҳонии 80-солаи тоҷик дар ин авохир аз бемории ранҷ мекашид. Вай то рӯзи вафот дар зиндони Ваҳдат ба сар мебурд.

Марҳум сентябри соли 2015 дар қазияи пурсарусадои боздошти аъзои аршади ҲНИТ, ки дар ҳамдастӣ бо “ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим” муттаҳам мешуданд, аз ҷониби КДАМ боздошт шуд ва аз ҷониби мақомоти додгоҳии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум гардид. ҲНИТ пайваста ин иттиҳморо рад кардааст.

Ин чорумин узви Раёсати олии ҲНИТ аст, ки пас аз соли 2015 дар зиндонҳои Тоҷикистон мефавтад. Танҳо дар давоми як соли ахир 6 зиндонии сиёсӣ аз Бадахшон дар зиндонҳо ба сабаби бе таваҷҷуҳии масъулон нисбат ба саломатии зиндониён даргузаштааст.

Ӯ соли 2021 бо навиштани номаи саргушода ба Эмомалӣ Раҳмон, аз бегуноҳии худ гуфта буду бозбинии парвандаашоро талаб карда буд. Вале дар ҷавоб мақомоти зиндон ба ҷои бозбинии парванда, худи ӯро ба хотири навиштани нома ба утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) бурданд, ки вазъи саломатияш хеле вазнин шуда буд.

Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва чандин созмонҳои бо нуфузи байналмилалӣ Зубайдуллоҳи Розиқро ҳамроҳ бо дигар аъзои аршади ҲНИТ бегуноҳ эътироф карда, борҳо озодии онҳоро аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон талаб карда буд.

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ 8-уми августи соли 1945 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ ноҳияи Куйбишев) таваллуд шуда, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун сардабири нашрияи расмии ҲНИТ – рӯзномаи «Наҷот» фаъолият мекард. Ва то замони боздошт масъулияти Академияи ҲНИТ-ро ба уҳда дошт.