25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 417

Президент домодашро аз вазифааш барканор кард

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ барканор кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент ин фармон рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ ба имзо расида, дар он гуфта мешавад, ки “Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад”.

Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар гузашта дар мақомҳои гуногуни ҳукуматӣ кор кардааст, 4-уми майи соли 2015 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси БМТ таъйин гардида буд.

То ҳол маълум нест, ки Нуралиев баъд аз барканорияш ба кадом вазифа таъин мегардад. Аммо мешавад ҳадс зад, ки бо доштани падарарусе ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ӯ ба яке аз вазифаҳои калидии дигаре дар ҳукумат ба кор хоҳад рафт.

Ҷамолиддин Нуралиев 44 сол дошта, шавҳари раҳбари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи Анқара

0

Сафири Тоҷикистон дар Туркия барои фароҳамсозии пешзаминаи сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ректори Донишгоҳи Анқара мулоқот кардааст?

8-уми июни соли 2022, Ашрафҷон Гулов, домоди Президенти Тоҷикистон ва сафири кишварамон дар Тукрия бо ректори Донишгоҳи Анқара профессор, доктор Неҷдет Унувар дидор кард.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти ин мулоқот “ҷонибҳо оид ба масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаи мазкур, алалхсус вазъи таҳсил ва шароити зисти онҳо, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, мубодилаи афкор намуданд.”

Пеш аз ин дар даҳаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ ҷаноби Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср низ бо ректори Донишгоҳи Қоҳира мулоқот карда буд, сипас ҳамагӣ баъди камтар аз як ҳафта ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳира ва боздид аз ин донишгоҳ ба вай унвони доктори ифтихорӣ дода буд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, Президент Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад бо сафари расмӣ ба Туркия биравад, локин то ҳол шароит пурра фароҳам нашудааст. Сафир ва дигарон ба талошҳои худ идома медиҳанд, то дастовардҳои ин сафари эҳтимолӣ хеле хуб бошад.

Эмомалӣ Раҳмон бори ахир дар 18-уми декбари соли 2012 вақте Абдулло Гул, президенти Туркия буд бо сафари расмӣ озими Анқара шуда буд ва ҳар чанд дар муддати раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон зоҳиран муносиботи ҳар ду кишвар нисбат ба Эрон ва кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ хуб буд, вале дар 10 соли ахир расман ба Туркия нарафтааст.

Парвозҳои мутсақим байни Теҳрону Душанбе дубора барқарор мешаванд

0

Парвозҳои мустақим дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон пас аз танаффуси дусола, ки бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз рӯзи 13-уми июн дубора барқарор мешаванд.

Хабаргузории “IRNA” дар истинод ба вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии исломии Эрон Рустам Қосимӣ хабар дод, ки рӯзи парвози нахустин дар ин масир дар ҷараёни сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ба мувофиқа расида, ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад.

Рустам Қосимӣ гуфтааст, ки мувофиқи тавофуқ теъдоди парвозҳо оҳиста-оҳиста то чаҳор парвоз дар як ҳафта расонда мешавад.

Пештар дар бораи азсаргирии парвозҳо бо Эрон, Азия-Плюс дар истинод ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дода буд. Дар хабар гуфта мешуд, ки парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Теҳрон тавассути ҳавопаймоҳои “Iran Air” анҷом дода мешавад ва дар сурати имкониат ширкати “Сомон Эйр” ҳам дар ин масир парвозҳо анҷом хоҳад дод.

Тоҷикистон тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” тими Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Ду голи Шервон Мабатшоев, голи Манучеҳр Ҷалилов ва голи Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” пирӯзӣ овард.

Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” тими миллии Қирғизистон дастаи мунтахаби футболи Сингапурро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Бо анҷоми даври аввали бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” Тоҷикистон дар ҷойи якум ва Қирғизистон дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Тоҷикистон дар ду бозии дигари худ 11-уми июн бо мунтахаби Сингапур ва 14-уми июн бо дастаи мизбон – Қирғизистон – бозӣ хоҳад кард.

Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста, аз ҷумла шаш дастае, ки ғолиби гурӯҳҳоянд ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтар дар ҷойҳои дувум қарор доранд, роҳ меёбанд.

Қирғизистон ба Тоҷикистон 66 ҳазор доллар кумаки башардӯстона кардааст

0

Ҷумҳурии Қирғизистон давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон то 66 ҳазор доллари амрикоӣ кумаки башардӯстона расондааст.

“Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон хабар дод, ки дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ (январ-апрели соли 2022) аз 50 кишвари дунё ба маблағи 66 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 баробар бештар аст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми бузурги ин кумакҳои башардӯстонаи ба Тоҷикистон тақдимшуда 43,7% саҳми ИМА ва 30% саҳми кишвари Чин аст. Ҳамчунин Ҷопон (6,1%), Ҳинд (4,1%), Шветсия (3,4%), Узбекистон (2,3%), Русия (2,2%) низ саҳми дар ин кумакҳо саҳм доранд.

Ба иттилои Агентии омори кишвар, саҳми Қирғизистон дар кумак ба Тоҷикистон аз ҳаҷми умумии кумакҳо 0,1% буда, ки он ҳудуди 66 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Аммо маълум нест, кумакҳои кишрвари ҳамсоя ба Тоҷикистон аз чӣ иборат буд ва дар куҷо масраф шуд. Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба намояндагони ВАО ва сокинони кишвар дар бораи тақсими кумакҳои башардӯстона маълумот намедиҳанд, ҳарчанд ин маълумот сирри давлатӣ ҳам набошад, вале мақомоти кишвар тақсимоти кумакҳои хориҷиро ба андозаи он ҳифз мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки баъди даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи майи соли 2021 Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон ба таври якҷониба баста буд. То ҳол марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста аст ва аз даргириҳои мусаллаҳона байни марзбонон, ки ҳатто ба кушта шудани онҳо меанҷомад тақрибан ҳар моҳе гузориш мешавад.

Изҳороти чор расонаи ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумат

0

Ду расонаи ҳукуматӣ ва ду расонаи наздик ба ҳукумат, ки ҳамроҳ бо созмонҳои журналистӣ пештар аз Далери Имомал ҳимоят карда буданд, бо нашри як изҳорот аз иқдоми худ қафокашиданд.

8-уми июни соли 2022 сардабирони рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, “Минбари халқ”, нашрияи расмии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “СССР” бо нашри як изҳорот гуфтаанд: “Дар баёния чанд масъала ва бархӯрдҳои дигаре низ оварда шудаанд, ки аслан мо аз тафсилоти онҳо хабар надорем ва зери он имзо нагузоштаем. Изҳорот бояд бо ному насаби мо, на бо унвони расонаҳое, ки дар он фаъолият дорем, мерафт.”

Сарони ин чор нашрия, ки иборатанд аз Самариддин Асозода, Бахтиёр Ҳамдамов, Шарифи Ҳамдампур, Сайёфи Мизроб, лату кӯби журналист ва блогери тоҷик Далери Имомалӣро тавассути кормандони мақомот зери суол бурда, гуфтаанд: “Ӯ, агар мавриди озору шиканҷа қарор гирифта бошад, итминон дорем, ки қонунгузор марҳилаи расмӣ ва ошкори ҳаллу фасли онро пешниҳод менамояд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд.”

Аммо аз сӯи дигар онҳо дар ин изҳороти худ то ҷое худи журналистони “ҷабрдида”-ро дар мисоли Далери Имомалӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ, Анушервон Орипов, Рамзия Мирзобекова ва Насим Исамовро “гунаҳкор” ҳисобида, таъкид ҳам кардаанд, ки “Агар ҳар як журналист, новобаста аз мансубияташ ба кадом як расона, берун аз доираи Қонун амал кунад, бояд ҳатман ошкоро ва бехотирбинӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.”

Гуфта мешавад, 6-июни соли ҷорӣ 10 созмони рӯзноманигорӣ ва расонаҳои муқими Душанбе бо интишори як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки бар асоси талаботи қонунгузории кишвар ҳамагуна таҳдиду фишорҳо алайҳи журналистонро хотима бахшида, омилони лату кӯби рӯзноманигоронро боздошт ва ба панҷаи қонун бисупоранд.

Баёнияи созмонҳо ва расонаҳои муқими Душанбе аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ истиқбол шуд, аммо ин изҳороти қафогардии сарони рӯзномаи “Садои мардум”, “Минбари халқ”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва “СССР” бо вокуниши хеле тунд рӯбарӯ шудааст.

Кумаки 17 млн евроии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

0

Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои беҳбуди системаи обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 17 миллион евро гранту қарз ҷудо мекунанд.

Ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳае ИА 8,4 млн евро грант ва БАТР 8,3 млн евро қарз ба Тоҷикистон медиҳанд.

Лоиҳа имрӯз, 8-уми июн аз ҷониби хонум Марета Ягер, муовини директори генералии Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо ва ҷаноби Марк Боуман, ноиби президенти БАТР ба имзо мерасад.

Гуфта мешавад, ки тибқи ин лоиҳа беҳтар кардани хадамоти обтаъминкунӣ ва канализатсия, харид ва насби ҳисобкунакҳо, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва ғайраҳо дар шаҳри Кӯлоб дар назар аст.

Норасоии вакили дифоъ дар Бадахшон

0

Дар як моҳи ахир дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон даҳҳо нафар боздошт шудаанд, вале аксари онҳо вакили мудофеъ надоранд.

Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба иттилооте даст пайдо карда, ки дар 8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 4 вакили мудофеъ амалан фаъолият доранд.

Ба иттилои манбаъ, “тибқи рӯйхати Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 7 вакили дифоъ иҷозати кор доранд. Ба иттилои дарёфтии мо, аз инҳо фақат 4 нафар амалан дар ВМКБ ҳастанд. ” Ва аз ин ҳисоб “як вакили дифоъ дар Ванҷ, як нафар дар Мурғоб ва ду нафар дар шаҳри Хоруғ ҳастанд”.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои шаҳри Хоруғ ва 7 ноҳияи дигар аст. Тибқи оморҳои то соли 2019 дар ҳудуди ин вилоят 226,900 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва ба ҳисоб барои ҳар 57 ҳазор нафар як адвокат рост меояд.

Гуфта мешавад, теъдоди адвокатҳо дар ин вилоят бозгӯкунандаи он аст, ки чун талабот ба адвокат камтар аст, амалан сатҳи ҷинояткорӣ низ дар шаҳру ноҳияҳои он ба маротиб камтар аз дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аст.

Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафири нав таъйин кард

0

Иттиҳоди Аврупо сиёсатмадори литвонӣ Раймундас Кароблис (Raimundas KAROBLIS)-ро сафири нави худ дар Тоҷикистон таъйин кард.

Раймундас Кароблис, сафири нави ИА дар Тоҷикистон

Ҷозеф Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми июн зимни фармоне 31 сафири нави ин иттиҳодия дар кишварҳои гуногунро муарифи кард.

Масъули сиёсати хориҷии Аврупо дар ин фармон, Раймундас Кароблис (Raimundas KAROBLIS), сиёсатмадор ва дипломати машҳури литвониро ба унвони раиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Гуфта мешавад, ҷаноби Кароблис айни ҳол ҳамчун муовини вазири умури хориҷии Литва фаъолият дорад ва дар гузашта ӯ вазифаи вазири дифои Литваро ба муддати 4 сол бар дӯш доштааст.

Ба гузориши расонаҳои Литва, ҷаноби Раймундас Кароблис тоза моҳи марти соли ҷорӣ ба курсии муовини вазири умури хориҷии Литва нишаста буд ва имрӯз баъд аз 3 моҳи муовини вазир шудан ӯро ҳамчун раҳбари Намояндагии Иттиоҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муаррифӣ карданд.

Дар мансаби раиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Кароблис хонум Мэрилин Йосефсонро иваз хоҳад кард. Хонум Мэрилин Йосефсон дипломати Шведӣ (Шветсиягӣ) буда, соли 2018 сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Дар тарҷумаи ҳоли ҷаноби Кароблис гуфта мешавад, ки ӯ 14 апрели 1968 дар шаҳракаи Вашкайи Литва ба дунё омада ва солҳои 1986 -1992 донишкадаи Ҳуқуқи Донишгоҳи Вилнюсро хатм намудааст. Аз соли 2016 то 2020 ҳамчун вазири дифои Литва кор кардааст ва аз марти соли 2022 то июни 2022 ҳамчун муовини вазири умури хориҷии Литва фаъолият доштааст.

21 кушта ва 50 захмӣ дар садамаи маргбори қатори мусофирбар дар Эрон

0

Субҳи имрӯз дар Эрон чанд вагони як қатори мусофирбар аз хатти роҳи оҳан хориҷ шуд ва дар натиҷа даҳҳо нафар кушта ва захмӣ гардид.

Акс аз ИРНА

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, тибқи охирин омори расмӣ дар ин ҳодиса 21 нафар кушта ва ба гуфтаи

Расонаҳои эронӣ иллати хурӯҷи ин вагонҳоро дар бархӯрд бо бели яке “кран”, ки дар шафти роҳ кор мекардааст, гуфтаанд, аммо мудири кулли роҳи оҳани Язд гуфтааст, ки “иллати ҳодисаи Табас дар дасти баррасӣ аст.”

Ин бори аввал нест, ки дар кишвари Эрон қаторҳои мусофирбар аз хатти роҳи оҳан хориҷ мешаванд ва ба садамаҳои мухталиф дучор мегарданд, балки тибқи иттилои расонаҳо танҳо дар соли гузашта беш аз 7 садамаи вагонҳо дар ин кишвар сабт шудааст, ки аксари онҳо талафоти инсонӣ доштаанд.

То замони таҳияи ин матлаб кишварҳои Покистону Озарбойҷон нисбат ба ин ҳодиса ба наздикону пайвандони қурбон ва мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ин қатор, ки дучори садама шудааст, дар маҷмуъ дорои 11 вагон буда ва 348 нафар (мусофир ва хадама) дошт. Пас аз расонаӣ шудани ин ҳодиса, масъулин ва созмонҳои кумакрасон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҳама захмиҳо ва мусофиронро аз ҷои ҳодиса ба макони амн интиқол додаанд.