Вакили парлумони Қирғизистон Султонбой Айҷигитов дар ҷаласаи навбатии “Жогорку Кенеш” хостааст, ки Тоҷикистон техникаи вазнини ҷангиро аз “анклавҳо” дар қаламрави Қирғизистон берун барад. Дар ин бора сомонаи қирғизии
Султонбой Айҷигитов гуфтааст, ки “тибқи меъёрҳои байналмилалӣ таҷҳизоти вазнин дар қаламрави анклавҳо ҷойгир шуда наметавонанд”. “Се рӯз пеш Тоҷикистон як иғвои ҳадафнокро оғоз кард. Мавзеъҳои моро аз миномётхо тирборон карда, техникаи вазнинро оварданд. Дар онҷо “Кик” ва деҳаи “Булок-Бошӣ” мавҷуд аст. Онҳо намехоҳанд, ки сокинони Боткен дар деҳа зиндагӣ кунанд. Аз анклави Ворух техникаи вазнинро бояд берун баранд” – мегӯяд ин вакили қирғиз. Дар ҳоле ин вакили қирғиз ҷониби Тоҷикистонро ба иғво ва шуруи ҳодисаҳои ахир дар марзи ду кишвар муттаҳам мекунад, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте онро “амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистон” хонда, аз ҷониби Қирғистон даъват карда буд, ки барои пешгирии чунин муноқишаҳо ҳамаи мувофиқаҳои бадастомадаро қатъиян риоя кунанд. Дар изҳороти ВКХ гуфта мешуд, ки 3-юми июни соли ҷорӣ задухӯрди мусаллаҳона баъди убури ҳадафмандонаи марзбонони қирғиз ба қаламрави таҳти назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст. Ба иттилои манбаъ, сарҳадбонони қирғиз ҳушдори марзбони тоҷикро барои тарки ҳудуди Тоҷикистон нодида гирифта, ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушодаанд. Гуфта мешавад, ки вазъият пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон мураккаб гардидааст. То ҳол омори дақиқи захмиён дастраси расонаҳо нест. Расонаҳои қирғизӣ аз захмӣ шудани ду тан аз сарҳадбононашон хабар дода буданд.
Вакили қирғиз Тоҷикистонро ба нооромиҳо дар марз муттаҳам кард
SIGAR: Ашраф Ғанӣ пулҳои Афғонистонро надуздидааст
Ниҳоди Бозраси вежаи Амрико барои бозсозии Афғонистон “SIGAR” дар гузориши ахираш гуфта, ки Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирораш аз Афғонистон маблағҳои ҳангуфтаеро бо худ набурдааст.

Бино ба иттилои ин ниҳоди амрикоӣ, гузориши мазкур бар мабнои посухҳое, ки аз худи Ашраф Ғанӣ, президенти собиқи Афғонистон пурсида шуда ва инчунин масъулоне, ки дар дохили чархболҳо ӯро ҳамроҳӣ мекарданд ва дигар шоҳидони айнӣ омода шудааст.
Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳанаш ба он муттаҳам мешаванд, ки ҳангоми фирор аз Афғонистон 169 миллион долларро бо худ бурдаанд. Аммо ин ниҳоди таҳқиқотӣ мегӯяд, бино ба гуфтаи шоҳидон, Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонаш ҷомадонҳои зиёде ҳамроҳашон набуд ва дар се чархбол ба эҳтимоли зиёд аз 500 ҳазор доллар бештар надоштаанд.
Яке аз мақомоҳои собиқи “SIGAR” таъйид мекунад, ки яке аз масъулон ҳамроҳ бо худ 200 ҳазор доллар ва яке дигар 240 ҳазор доллар ва боқӣ аз 5 то 10 ҳазор долларӣ бо худ доштанд. Ва ҳеч кадоме то 1 миллион доллар ҳамроҳаш надоштааст.
Бар пояи гузориши ин ниҳод, дар фосилаи парвози чархболҳо ва расидани Толибон ба Арки Раёсатҷумҳур 5 миллон доллар байни кормандон ва муҳофизон тақсим шудааст.
Аз ин пештар худи Ашраф Ғанӣ низ борҳо гуфта буд, ки маблағҳои миллюнии кишварашро надуздидааст, аммо мардум ва мухолифон ӯро ба дуздидани маблғҳои ҳангуфти кишвараш муттаҳам мекунанд.
Зеленский: Ҷанги Украина танҳо аз роҳи набард поён меёбад
Президенти Украина гуфтааст, ки ҷанг дар майдони набард Русияро водор мекунад, ки аз идомаи ишғоли кишвараш даст бикашад.

7-уми июни соли 2022 Владимир Зеленский дар мусоҳабае бо рӯзномаи “FINANCIAL TIMES” гуфтааст, “мо аз назари доштани таҷҳизоти низомӣ нисбат ба Русия дар сатҳи пойинтаре қарор дорем ва ба ин хотир тавоноии мо барои пешрафт камтар аст.“
Президенти Укараин меафзояд, ки “мардум дар авлавияти мо қарор доранд, вале ба хотири вуҷуди таҷҳизоти камтар дар майдони набард ба мо зарарҳои зиёдтаре ворид хоҳад шуд.”
Рабаҳри Украина дар ин мусоҳибаи худ бори дигар таъкид кардааст, ки ба ҳеч ваҷҳ розӣ нест, ки як гӯшаи хоки ватанаш зери ишғоли Русия бошад, бинобар ин аз кишварҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони кишвараш хостааст, ки дар ихтиёри онҳо таҷҳизоти низомии бештаре қарор диҳанд, то тавонанд пеши роҳи ишғолгариҳои Русияро бигиранд ва Маскавро маҷбур намоянд, ки ҷангро қатъ кунад.
Гуфта мешавад, субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия бо баҳонаи мубориза ба он чи гурӯҳҳои “фошистӣ” аз онҳо ёд мекунад, ҳамлаҳои худ ба Украинаро оғоз кард ва бо гузашти беш аз 100 рӯз то ҳол натавонистааст, ки ба аҳдофи худ даст пайдо карда, ҷангро қатъ кунад.
Чаро Далери Имомалиро писари вазиру домоди судя зад?
Прокуроре, ки журналист ва блогери тоҷик Далери Имомалиро задааст, писари Вазири адлия ва домоди раиси Суди олӣ мебошад, мегӯянд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Бо гузашти 4 рӯз аз лату кӯби журналист ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамоно ин қазия дар сархати расаҳонаҳои тоҷикистонӣ қарор дорад ва бо мурури вақт гардишҳои наверо дар худ ба вуҷуд меорад. Аммо то ҳол расман номи касоне, ки ин хушунатро раво дидаанд, расман ошкор нашудааст.
Аз сӯи дигар асли ҳамроҳ шудани Рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон ва ҳафтаномаи “Минбари халқ”, нашрияи расмии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ба ҷамъи созмонҳо ва расонаҳое, ки аз Далери Имомалӣ ҳимоят кардаанд, бесабаб набуд.

Ба иборати дигар, дар раъси ҳукумат хуб медонанд, ки “даст ба гиребон шудан” бо прокурори “муштзӯр”-е, ки писари Вазири адлия ва домоди Раиси Суди олӣ аст, дар шароити ҳозираи Тоҷикистон кори осоне нест. Шояд ба ҳамин хотир дар мақомот касоне, ки мехоҳанд аз ин қазия ба нафъи худ сӯиистифода ва бардоштҳои сиёсӣ кунанд, домани эътирозҳо ва додхоҳиҳоро рӯз то рӯз васеътар мекунанд.
Барои мисол, тамоми ҳизбҳои кисагӣ ва ба ном сиёсии Тоҷикистон то дирӯз ҳама хомӯш буданд, аммо пас аз изҳороти созмонҳо ва расонаҳои Тоҷикистон Аммо имрӯз, 7-уми июни соли 2022 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Аздо тв гуфтанд, ки иттилоъ дар хусуси он ки писари Музаффар Ашӯриён, Вазири адлияи Тоҷикистон ва домоди Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олии Тоҷикистон Далери Имомалиро задааст, “асоси воқеӣ надорад.” Бо ин вуҷуд, агар қазияи Далери Имомалӣ аз як сӯ барои дур задани афроки ҷомеа аз қатлу куштори оммавии сокинони осоишта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарҳрезӣ шуда бошад, аз сӯи дигар ба хотири латма задан ба кариераи сиёсии Вазири адиля ва Раиси Суди олӣ роҳандозӣ шудааст. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки кӣ ҷуръат карда, ин прокурори “муштзӯр”-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро ба бозӣ дарорад, то аз ин тариқ тавонад кариераи сиёсии Музаффар Ашӯриён, Вазири адлия ва Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олии Тоҷикистонро “хадшадор” кунад? Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв
Интиқоди намояндаи СММ дар Душанбе аз ҳамлаи Русия ба Украина
Муоивини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Душанбе аз ҳамлаҳои бесабаби Русия ба Украина интиқод карда, гуфтааст, Маскав бо ин иқдомҳои худ алайҳи Киев хатари гуруснагӣ дар ҷаҳонро афзудааст.

7-уми майи соли 2022 хонум Амина Муҳаммад Муовини Дабири кулли СММ дар нишасти ҷаҳонии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҷанги Русия алайҳи Украина норасоии ғизоӣ дар ҷаҳонро афзоиш додааст.
Хонум Амина Муҳаммад, ки дар раъси як ҳайъати баландпоя аз СММ вориду Душанбе шуда буд, пас аз ин нишасти Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.
Дар рафти суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон “ҷонибҳо алоқамандии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар самти дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин барқароршавии пас аз ҳамагирии КОВИД-19 изҳор намуданд.”
Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун талош карданд, ки бо гузашти беш аз 100 рӯз аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина дар ин бора изҳори назар накунанд, аммо дар ин муддат борҳо шудааст, ки мақомоти расмии кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки барои дидору мулоқот ба Тоҷикистон рафтаанд, аз шаҳри Душанбе истода қабл ва ё баъд аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон Маскавро ба хотири ин ҷанг интиқод кардаанд.
Варзишгарони тоҷик аз Тбилиси бе медал ба Ватан бармегарданд
Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои “Tbilisi Grand Slam 2022” иштирок доштанд, бе медал ба Ватан бармегарданд.

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2022” рӯзҳои 3-5 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тбилиси баргузор шуда, ҳамагӣ 278 варзишгар (173 мард ва 105 зан) аз 36 кишвар ширкат доштанд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 варзишгар: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.
Танҳо се варзишгари тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев – натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазнҳои худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд. Бо се ҷои ҳафтум Тоҷикистон дар миёни дигар кишварҳо мақоми 21-умро ишғол кард.
Гурҷистон бо касби 14 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи якум, Фаронса бо 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ дар ҷойи дуюм ва Кореяи Ҷанубӣ бо 2 тилло дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.
Душанбе: Оғози нишасти ҷаҳонии “об барои рушди устувор”
Нишасти ҷаҳонии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо ҳузури даҳҳо тан аз мақомҳои баландпояи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ ба кори худ оғоз кард.

Субҳи имрӯз, 7-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо ҳузури Президент Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.
Ин конфронс бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад, Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC), Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хонум Ҳелга Шмид ва дигарон иштрок ва суханронӣ карданд.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон пеш аз ин нишастҳое чун “Соли байналмилалии оби тоза – 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 – 2010” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013”-ро низ дар шаҳри Душанбе мизбонӣ карда буд.
Ба муҳлати ҳабси Иззат Амон боз 6 соли дигар илова шуд
Дирӯз, 6-уми июн додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муҳлати ҳабси Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия боз 6 соли дигар илова кард.

Гуфта мешавад, ҳукм дар ҳузури даъвогарон, вакили мудофеъ ва пайвандони Иззат Амон эълон шудааст.
Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки омода буданд, пули даъвогаронро дар ҳузури додрасу додситонӣ пардозанд, “вале бе ягон пурсишу посух ҳукмро хонданду рафтанд.”
Яке аз даъвогарон ҳам суханони Маҳадюсуфро тасдиқ карда гуфтааст, ки онҳоро наздикони Иззат Амон ба мурофиа хоста буданд, то биоянду пулҳои худро дар толори додгоҳ бигиранд. Аммо додрас назари онҳоро напурсида, ҳукмро эълон кардааст.
Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, бозбинии ҳукмро тақозо хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки пештар Додгоҳи олии Тоҷикистон дархости онҳоро барои бозбинии ҳукми пешинааш рад карда буд.
Иззат Амон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро қаллобӣ гуфта, алайҳи ӯ парванда сохтанд ва 19 октябри соли 2021 бо ҳукми додгоҳ барои напардохтани 220 сомонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
Мақомот чанд моҳи пеш бар зидди Иззат Амон парвандаи нав боз карда, гуфта буданд, ки ду даъвогар баргардондани 17 ҳазор доллари худро хостаанд.
Пайвандони Иззат Амон гуфта буданд, ки муомила солҳо пеш сурат гирифта, пули даъвогарон дода шудааст, аммо ба хотири раҳоии ӯ омодаанд, ин маблағро дубора бисупоранд.
Баъд аз ин ҳукми навбатӣ, бархе бар ин назаранд, ки мақомот ҷонибдори баргардондани пули даъвогарон ва раҳоии Иззат Амон нестанд, балки мехоҳанд муҳлати ҳабси ӯ дарозтар шавад.
Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.
Таҳдиди Илон Маск ба моликони Твиттер
Илон Маск, молики ширкати Тесла таҳдид кардааст, ки аз хариди 44 миллиардии ширкати Твиттер даст хоҳад кашид.

Ба гузориши ББС, Илон Маск, ширкати Твиттерро “ба мухолифат ва монеатарошӣ” муттаҳам карда гуфтааст, ки “ба дархостҳои ӯ барои маълумоти бештар дар бораи корбаронаш” посух надодаанд.
Оқои Маск дар номае ба мақомоти танзимкунандаи ин ширкат гуфтааст, ки худаш ин ҳаққро дорад, ки “ҳисобҳои спамро тафтиш кунад”. Аммо мақомоти танзимкунандаи Твиттер ҳам гуфтаанд, Илон Маск дар бораи вуҷуди ин ҳисобҳои ғайривоқеии фаъол аз пеш огоҳ буд.
25-уми апрели соли ҷорӣ Илон Маск бо пешниҳоди 44 миллиард доллари ИМА ризоияти моликони ширкати Твиттерро ба даст овард, то тамоми саҳмияҳои ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд.
Пеш аз ин, вай дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ бо қимати 2,89 миллиард доллари ИМА 9,2% саҳмияҳои ширкати Твиттерро харида, пас аз чанд рӯз пешниҳод карда буд, ки қасди хариди кулли саҳмияҳои онро дорад.
КДАМ Иргашев ва ҳамроҳонашро аз Бадахшон ба Душанбе интиқол дод
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 7 узви “Комиссияи 44”-ро боздошт ва онҳоро бо ҷурми “гирифтани маблағ аз хориҷа” муттаҳам карда, аз Бадахшон ба Душанбе интиқол додааст.

Тавре Радиои Озодӣ аз маноебаш хабар дод, аз ҷумлаи боздоштшудагон Фромуз Иргашев, ҷавони ҳуқуқдоне, ки соли 2020 дар интихоботи президентӣ номазадиашро пешбарӣ карда буд ва инчунин нафарони дигаре аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба монандӣ Музаффар Муборакшоев, Хурсанд Мамадшоев ва дигарон низ ҳастанд.
Як манбаъ бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфта, ки “Онҳоро гӯё ба гирифтани пул аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ду созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, муттаҳам донистаанд“.
То ҳол мақомоти амниятии кишвар сабаби боздошти аъзои ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро расман шарҳ надодаанд. Ва инчунин назари худи боздоштҳудаҳо ва наздиконашон дастари расонаҳо нашудааст.
Баъд аз кушта шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров мақомот дар Бадахшон боздошти фаъолони ҷомеаи маданиро шуруъ кард. Охири моҳи май расонаи Pamir Daily News хабар дод, ки беш аз даҳ нафар аз аъзои “Комиссияи 44” аз ҷониби мақомот барои бозпурсӣ даъват шуда, аксари онҳоро бо гузашти рӯзҳо ҷавоб надода буданд.
