Хона блог саҳифа 449

Дар Истаравшан шавҳар ҳамсари худро буғӣ карда кушт

0

Як сокини 36-солаи шаҳри Истаравшан ҳамсари 27-солаи худро дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ буғӣ карда куштааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Тавре ВКД хабар медиҳад, шавҳар ҳамсари худро дар аввал лату кӯби шадид намуда, сипас буғӣ карда куштааст. Ин ҳодиса 1-уми август дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд рух додааст. Аммо дар кадом деҳа рух додани он дар хабари гуфта нашудааст.

Дар шарҳи хабар гуфта мешавад:

“марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 1 августи соли 2022, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо ҳамсараш ҷавонзани 27-сола, бо дасту пойҳояш ба узвҳои муҳими бадани ӯ зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, сипас бо роҳи бӯғӣ намудан ӯро ба ҳалокат расонидааст.”

Ба иттилои Вазорати дохилаи кишвар, нисбати шахси боздоштшуда бо ҷурми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аммо назари худи боздоштшуда ва наздиконаш дар бобати ин қазия дастрас нест.

Дар пайи сафари Пелосӣ ба Тайван Чин сафири Амрико дар Пекинро эҳзор кард

0

Пас аз вуруди Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван, Вазорати корҳои хориҷаи Чин сафири Амрико дар Пекинро эҳзор кард.

Хонум Нэнси Пелоси, яке аз намояндагони баландмақоми Амрико бо вуҷуди таҳдидҳои Чин шоми сешанбе бо сафари расмие вориди Тайбэй пайтахти Тайван шуд.

Ӯ рӯзи чоршанбе бо намояндагони парлумони Тайван ва раисҷумҳури он Тсай Инвэн дидору гуфтгӯ кард.

Пелосӣ зимни мулоқот бо раисҷумҳури ин кишвар таъкид кирд, ки Амрико дар тааҳҳуди худ бо Тайван пойбанд мемонад ва афзуд, ки демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Амрико барои ҳимоят аз Тайван муттаҳид ҳастанд.

Дар навбати худ Тсай Инвэн, раисҷумҳури Тайван низ аз ҳузури Пелосӣ ба кишвараш изҳори сипос кард ва сафари ӯра дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Хонум Тсай Инвэн дар ин мулоқот бо ишора ба фишорҳои Чин афзуд, ки “мо қотеона аз ҳокимияти миллии худ дифоъ хоҳем кард ва бо ҳифзи хатти дифоӣ барои амнияти ҷаҳонии худ идома хоҳем дод.”

Дар ҳамин ҳол расонаҳои чинӣ хабар доданд, ки Вазорати корҳои хориҷаи Чин шоми сешанбе Николас Бернс, сафири Амрико дар Чинро фаро хонд, то эътирози шадиди Пекин нисбат ба сафари хонум Пелосӣ ба Тайванро эълом кунад.

Бо вуруди хонум Пелосӣ ба ин кишвар чанд ҷангандаи чинӣ дар тангаи “Тайван” ба парвоз даромаданд. Дар эътироз ба ин сафар Чин ълом кард, ки шуруъ аз рӯзи панҷшанбе размоиши низомии баҳрӣ ва ҳавоӣ дар ин минтақа мегузаронад.

Пештар барои пешгирӣ аз ин сафар Чин ба Амрико бо лаҳни шадид таҳдид карда гуфта буд, ки “бо оташ” бозӣ накунад. Аммо бо вуҷуди таҳдидҳои зиёди Чин ин сафар анҷом шуд.

Дар посух ба таҳдидҳо ва интиқодоти Чин Амрико мегӯяд, сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван нақзи сиёсати Чин аз сӯи Амрико нест ва хонум Пелосӣ аз ҳаққи худ барои сафар ба Тайван истифода кардааст.

Ҷумҳурии Чин ҷазираи Тайванро ҷузъи замини худ медонад ва ҳукумати онро расман эътироф намекунад. Аммо Тайван барои истиқлоли расмии худ аз Чин талош дорад. Давлати Чин соли 2004 қонуне қабул кард, ки дар ҳолати ҷудоихоҳии Тайван аз Чин ин кишвар метавонад аз ҳар “қуввае” барои бозгардондани он истифода кунад.

Яке аз рӯҳониёни шинохтаи бадахшонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

0

Музаффар Давлатмиров, яке аз рӯҳониён ва халифаҳои мардуми Бадахшон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Ба иттилои манобеъ, аз даъвати мақомот то судури ҳукми зиндони ин рӯҳонӣ ҳамагӣ як ҳафта тӯл кашидааст.

Дар ин бора расонаи “Pamir Daily News”, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, дар истинод ба манобеаш аз Хоруғ хабар дод.

То ҳол маълум нест мурофиаи додгоҳии Музаффар Давлатмиров дар кадом шароит, кай ва дар куҷо баргузор шудааст.

Музаффар Давлатмиров халифаи маҳаллаи Тирчид (УПД)-и Хоруғ буда, ӯ рӯзи 26-уми июли соли ҷорӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ барои “сӯҳбат” даъват шуда буд.

Мақомот дар бораи боздошт ва равонаи зиндон намудани Давлатмиров чизе нагуфтаанд ва маълум нест, ки ӯ ба кадом гуноҳ айбдор мешавад, ки тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ дар давоми як ҳафта ба охир расидааст.  

Рустами Ҷонӣ, журналист ва фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик, дар пайи боздошти халифа Музаффар Давлатмиров навиштааст, ки “Ӯ халифаи “ҳукуматӣ” набуду нашуд”.

Рустами Ҷонӣ мегӯяд, ки “қабл аз куштори помириҳо насиҳат кард, Ҳукумат аз зӯргӯйӣ даст бикашад ва пеши низомиҳои бенизомро бигирад. Аз Ҳукумат хост, бидуни далел помириҳоро ҷинояткор наноманд ва раҳзан тасвир накунанд”.

Музаффар Давлатмиров аввалин зодаи Бадахшон нест, ки баъд аз ҳодисаҳои охир дар ин вилоят боздошту равонаи зиндон мешавад. Пеш аз ӯ даҳҳо зоддаи дигари Бадахшон боздошт, қисме барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон шуданду қисми дигар мунтазири ҳукми додгоҳанд.

Ҳушдори Амрико аз интиқоми эҳтимолии гурӯҳи “Ал-Қоида”

0

Пас аз кушта шудани раҳбари “Ал-Қоида” Айман Аз-Завоҳирӣ дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул, Амрико аз эҳтимоли ҳамлаи ҷавобии ин гурӯҳ хабар дод.

Кушта шудани Завоҳирӣ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеаи Афғонистон ба бор овардааст. Аксари ҷонибдорони Завоҳирӣ Толибонро ба он гунаҳкор мекунанд, ки натонистанд аз ӯ ҳимоят кунанд. Ҳатто аз намояндагони бо нуфузи Толибон ҳам ин ҳамлаи Амрикоро маҳкум карданд.

Анас Ҳаққонӣ, бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати дохилаи Афғонистон ва яке аз нафароне, ки солҳо дар рӯйхати сиёҳи Амрико қарор дошт, бо навиштае дар Твиттер ин ҳамларо маҳкум намуда, таъкид кард, ки “Ин ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида як амали ваҳшиёна аст ва пайомадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.“

Хабаргузории Вашингтон Пост “The Washington Post” аз қавли таҳлилгарон навишт, ки куштани раҳбари Ал-Қоида бо ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ, метавонад муносибати Толибонро бо Амрико тағйир диҳад ва эҳтимол меравад “режими Толибонро ба оғӯши нерӯҳои ифротгаро тела диҳад.”

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе аз ҳамлаи ҷавобӣ ва ё интиқоми гурӯҳи АлҚоида ҳушдор дода, ки “кушта шудани Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида тавассути Амрико мумкин аст ҳомиёни Ал-Қоидаро водор кунад, то таъсисот ва ё шаҳрвандони амрикоиро ҳадаф қарор диҳанд.”

Бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз ба кор бурдани қувваи бештаре дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолӣ хабар дод.

Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида рӯзи 1-уми август дар як ҳамлаи ҳамопаймои бесарнишни амрикоӣ дар минтақаи Шерпури шаҳри Кобул кушта шуд.

Боздошти ду ронанда дар Лаҳистон барои интиқоли ғайриқонунии тоҷикон

0

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон дар қисмати сарҳади давлатӣ бо Литва ду ронандаро, ки 13 шаҳрванди Тоҷикистону Эронро ғайриқонунӣ ба ин кишвар интиқол медоданд, боздошт кард.

Акс аз “Polskie Radio Bialystok”

Бино ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон, рӯзи 1-уми августи соли ҷорӣ сарҳадбонон дар деҳаи Будзиско, ки наздик ба сарҳади Литва аст, ду мошини дорои рақамҳои давлатии Лаҳистонро барои тафтиш боздошт карданд. Дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки ронандагон зодаи Украина буда, хориҷиёни дигарро, ки ҳуҷҷатҳои лозима барои ворид шудан ва иқомат дар Лаҳистонро надоштаанд, ба ин кишвар ғайриқонунӣ интиқол медодаанд.

Ронандаи мошини тамғаи “Волво” шаш шаҳрванди Тоҷикистону як зодаи Эрон ва ронандаи мошини “Тойота” шаш шаҳрванди Эронро ғайриқонунӣ вориди хоки Лаҳистон кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷирон аввал аз Белорус вориди хоки Литва шуда, баъдан сарҳади Лаҳистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.  

Дар хабари Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо боздошт шуда, дар ихтиёри афсарони посгоҳи марзбонии Рутка-Тартак қарор доранд.

Ду ронандаи зодаи Украина дар кумак ба муҳоҷирон барои убури ғайриқонунии марз муттаҳам шуда, ба онҳо то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Нисбати 13 шаҳрванди Тоҷикистону Эрон парвандаи маъмурӣ оғоз шуда, онҳо муваззаф карда мешаванд, ки баргарданд.

Бино ба иттилои воҳиди марзбонии Подласке, аз аввали соли ҷорӣ сарҳадбонон танҳо дар марз бо Литва беш аз сесад муҳоҷирро боздошт кардаанд, ки аввал аз Белорус ба Литва ва баъдан ғайриқонуни марзи Лаҳистонро убур кардаанд. Инчунин 53 нафари дигар, ки дар кумак ба муҳоҷирон барои убури ғайриқонунии марзи Литва ва Лаҳистон гумонбаранд, боздошт шудаанд.

Аввалин киштии ҳомили гандум аз Украинӣ ба роҳ баромад

0

Субҳи 1-уми августи соли ҷорӣ аввалин киштии ҳомили гандум аз Украина барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ ба роҳ баромад.

Акс аз сомонаи “LIGA.net”

Тавре расонаҳо хабар додаданд, дирӯз аввалин киштӣ украинӣ бо 26 хазор тонна ғалладона аз бандари Одесса ба роҳ баромад. Аз охири моҳи феврали соли ҷорӣ бандарҳои Украина аз ҷониби Русия муҳосира шуда буд ва Украина наметавонист ҳосилоти зироатии худро ба бозори ҷаҳонӣ барорад.

Бо миёнҷигарии Туркия ва Созмони Миллали Муттаҳид байни Русия ва Украина тавофуқе ҳосил шуд, ки тибқи он Украина метавонад ғалладонагиҳои худро тариқи бандарҳои муҳосирашуда аз ҷониби Русия ба бозори ҷаҳонӣ барорад.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз ин тавофуқ истиқбол карда ва аз нақшаи асосии Туркия дар ба даст омадани чунин тавофуқот қадрдонӣ кард.

Ҳаракати киштиҳои ҳомили ғалладонаҳои украинӣ умедҳоеро бобати коҳиши камбуди ғизо ва гароншавии нон дар ҷаҳон ба вуҷуд омардааст.

Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар телеграм-канали худ навишт, ки “барои хулоса баровардан ва пешгӯии таҳаввулоти минбаъда ҳанӯз барвақт аст, аммо бандар ба кор даромад, содирот ғалладона оғоз шуд“.

Зеленский ҳаракати киштиҳоро “оғози мутбат” номида, таъкид кард, ки ин иқдом аз паҳншавии буҳрони ғизо дар ҷаҳон пешгирӣ хоҳад кард.

“16 киштӣ аллакай барои сафар дар навбат мунтазиранд ва мо омодаем, ки дар муътадил гардондани бозори ҷаҳонии озуқа саҳми муносиб гузорем”, – мегӯяд расиҷумҳури Украина.

Украина дар баробари Русия яке аз умдатарин кишварҳо дар содироти гандум ба шумор меравад, ки аксари кишварҳои дунё, ба хусус кишварҳио абариро бо гандуму ҷуворимакка таъмин мекунад.

Тақдими 5 млн воя ваксини зидди COVID-19-и Чин ба Тоҷикистон

0

Ҷумҳурии мардуми Чин ба Тоҷикистон 5 миллион воя ваксини зидди COVID-19 тақдим кард. Тақдими ин миқдор ваксина 1-уми августи соли ҷорӣ бо ҳузури вазирони хориҷии ду кишвар сурат гирифт.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Тавре Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, дирӯз вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро бо вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе мулоқот кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои гуногун баҳсу баррасӣ карданд.

Гуфтанист, пас аз мулоқот вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин дар маросими ифтитоҳи Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи “Лю Бан” ва инчунин дар маросими супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 ширкат карданд.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷаи Чин дирӯз бо Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот дошт, ки дар он мулоқот низ дар масъалаи тақдими ваксинаҳо гуфтугӯ сурат гирифта буд.

Ду сарбоз барои қатли ҳамхизматашон равонаи зиндон шуданд

0

Сардори гурӯҳи кофтуковӣ ва сарбози қатории дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” барои марги як сарбози дигар равонаи зиндон шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон, дар натиҷаи беназоратии капитан Довутиев Фарход Сайфиддинович, ки сардори гурӯҳи кофтуковиро дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” бар уҳда доштааст, сарбози қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш (АК-74) бе ягон сабаб қасдан аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сари ҳамхизматаш Қурбонзода К.С як тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар робита ба ин ҳодиса додситони ҳарбӣ нисбати Довутиев Ф. С ва сарбози қаторӣ Исоев М.Ш. парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва парванда пас аз баррасӣ ва такмил ба додгоҳ фиристода шудааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд 5-уми майи соли 2022 Довутиевро бо моддаи 392 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, барои як сол равонаи зиндон кард. Исоев Муҳаммадҷон, ки дар қатли ҳамхизматаш даст дошт, бо моддаи 104 қисми 1-и КҶ Чумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ва ӯ ин муддатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт паси сар хоҳад кард.

Афғонистон аз ширкати “Барқи тоҷик” $28 млн қарздор аст

0

Қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар назди ширкати “Барқи тоҷик” ба 28 миллион доллар расидааст. Дар ин бора Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод.

Имрӯз, 2-уми август раҳбари “Барқи тоҷик” зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин қарз ба далели мушкилоти интиқоли пул аз суратҳисобҳои ширкати “Брешно” дар бонкҳои Афғонистон ба вуҷуд омадааст. Гуфтанист, ин мушкилот баъд аз дубора ба қудрат расидани Толибон ва таҳрими бонкҳои Афғонистон пайдо шуд.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки ҳоло роҳбарияти ширкати “Брешно” барои рафъи ин мушкилот талош доранд.

Дар идома ӯ қайд кард, ки моҳи июли соли ҷорӣ ширкати “Брешно” ба суратҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 2 миллион доллар интиқол дода, “қарз марҳила ба марҳила баргардонида мешавад.”

Маҳмадумар Асозода мегӯяд, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон бе мушкилот идома дорад ва дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба ин кишвар 734 млн кВт соат барқ интиқол ёфтааст.

Тибқи шартномае, ки миёни ширкатҳои  “Брешно” ва “Барқи тоҷик” баста шудаааст, Афғонистон барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқи Тоҷикистон 4,67 сент пардохт мекунад.

Бо вуҷуди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи барқ ба ин кишвар ба шумор меравад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз мунтақидони ашаддии ҳукумати Толибон мебошад.

Ба ҷуз аз Афғонистон, Узбекистон аз муштариёни барқи Тоҷикистон буда, дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба ин кишвар 321,2 млн. кВт.соат барқ содир шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, қарзҳои кредитории худи ширкати “Барқи тоҷик” дар соли 2021 наздики 32,3 млрд сомониро ташкил медод.

Байден аз кушта шудани раҳбари “Ал-Қоида” хабар дод

0

Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи душанбе эълом кард, ки дар як ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон, Айман Завоҳирӣ, раҳбари “Ал-Қоида” кушта шудааст.

Ӯ бо эълони ин хабар гуфт, ки “ҳоло адолат барқарор шуд ва ин раҳбари террорист дигар вуҷуд надорад”. Аммо Толибон бо таъйиди ин ҳамла онро маҳкум карданд.

Байден гуфт, ки дастгоҳҳои иттилоотии Амрико пештар паноҳгоҳи Завоҳириро пайдо карда буданд ва ӯ шахсан барои аз байн бурдани Завоҳирӣ, пас аз пайдо шудани дақиқи макони будубошаш, дастури аз байн бурданашро додааст.

Айман Аз-Завоҳирӣ

Гуфта мешавад, Айман Завоҳирӣ баъд аз кушта шудани Усома бин Лодин дар соли 2011 раҳбарии “Ал-Қоида”-ро ба дӯш гирифт. Ва ӯро яке аз тарроҳони ҳамала ва “мағзҳои амалиётӣ” дар ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар Амрико медонанд.

Амрико баъд аз кушта шудани Айман Завоҳирӣ ба Толибон ҳушдор дод, ки тавофуқи Давҳаро нақз карданд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷаи Амрико дар суханроние рӯзи сешанбе гуфт, Толибон бо паноҳ додани Айман Завоҳирӣ дар Афғонистон тавофуқномаи Давҳаро ба шиддат нақз карданд.

Аммо Толибон бо маҳкум кардани ин ҳамла Амрикоро ба нақзи тавофуқномаи Давҳа муттаҳам карданд.

Дар ҳамин ҳол Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо навиштае гуфт, ин ҳамларо “ба ҳар далиле, ки анҷом шуда бошад”, маҳкум мекунад ва онро “нақзи ошкори усули байналмилалӣ ва мувофиқатномаи Давҳа” медоанд.