Хона блог саҳифа 448

Боздошти як муҳоҷири 30-солаи тоҷик дар Лаҳистон

0

Мақомоти марзбонии Лаҳистон аз боздошти як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба қочоқи инсон муттаҳам мешавад.

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон дар минтақаи марзии “Санок” дар ноҳияи Яслои вилояти Подкарпатияи Лаҳистон як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро ба ҷурми даст доштан дар қочоқи инсон боздошт карданд.

Гуфта мешавад, мақомоти Лаҳистон дар ҷараёни бозпурсӣ мушаххас кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон пештар дар Фаронса дархости паноҳандагӣ додааст ва бинобар ин, ӯро ба Фаронса ихроҷ (депорт) хоҳанд кард.

Ба маълумоти марзбонӣ, паноҳанда будани ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Фаронса вақте ошкор шуда, ки ӯ баъд аз боздошт барои пешгирӣ аз ихроҷ шудан аз кишвари Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти Фаронса низ пазируфта, ки ӯ дубора ба онҷо интиқол ёбад.

“Ин шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон хилофи муқаррароти паноҳандагӣ ва бидуни доштани гузарнома аз Фаронса ба Урупои Шарқӣ омада, ба корҳои ғайриқонунӣ машғул буд. Баъд аз боздошт бо ҳукми додгоҳ ӯро ба урдугоҳи баста барои хориҷиён интиқол доданд ва қарор аст ба Фаронса ихроҷ шавад”, омадааст дар хабар.

Дар Маскав беш аз 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба мусофиркашонӣ машғуланд

0

Ба иттилои Раёсати нақлиёти шаҳри Маскав, дар ин шаҳр дар маҷмуъ 220 000 ронандаи мусофиркаш сабти ном шудаанд, ки 59,4 ҳазор ё 27%-и онҳоро муҳоҷирони кории хориҷӣ ташкил мекунанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумора (59,4 ҳазор) 44,6 ҳазорашро шаҳрвандони Қирғизистон, 5,2 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва 3,4 ҳазор нафари дигаршро шаҳрвандони Узбакистон ташкил медиҳанд.

Ба иттилои шаҳрдории Маскав, дар пойтахт барои худравҳои мусофиркашонӣ аз моҳи августи соли 2021 системаи ягонаи идоракунӣ ҷорӣ шуда, ки дар он ба ҳар як ронанда ID-и ягонаи рақамӣ таъин шудааст ва дар он маълумот дар бораи мавҷудияти шаҳодатномаи ронандагии эътибордошта, иҷозат барои интиқоли мусофирон, миқдори соатҳои корӣ ва ҷаримаҳо мавҷуд аст.

Шаҳрдории Маскав умедворӣ мекунанд, ки бо низоми ҷоришуда, тартиботи кори ронандаҳоро назорат карда, аз садамаҳои нақлиёт ҷилавгирӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, зиёда аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар РУсия кору зиндагӣ мекунанд. Одатан муҳоҷирони кории тоҷик бештар дар сохтмонҳо ва корҳои душвор машғул ҳастанд, аммо дар корҳои ба монанди мусофиркашонӣ хеле кам фаъолият мекунанд.

Мусодираи 3 тонна маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

0

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Презденти Тоҷикистон аз мусодираи 3 тонна маводи мухаддир дар нуқтаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дод.

Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон 5-уми августи соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ аз се баробар зиёд шудани ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар як соли ба сари қудрат омадани Толибон хабар дод.

Ба гуфтаи директори Агентӣ “аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Ҳол он ки дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод”.

То ҳол назари Толибон дар ин бора дастари расонаҳо нест. Аммо дафтари СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар гузорише, ки моҳи ноябри соли 2021 нашр шуд, аз афзоиши 8-дарсадии истеҳсоли афюн дар Афғонистон хабар дода буд.

Дар идомаи ин нишаст сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ, генерал-майор Ҳотамшо Маҷидзода аз боздошти чанд қочоқбар хабар дод.

Инчунин Ҳотамшзода гуфт, ки Агентии назорати маводи нашъаовар номи 77 нафарро, ки дар қочоқу фурӯши маводи мухаддир даст доранд, дар кофтуков қарор додааст. Аз ин шумора дар соли ҷорӣ шаш нафар дар дохили кишвар ва чор нафар бо мактуби расмии директори Агентӣ дар Федератсияи Русия дастгир карда шуданд ва се нафари дигар то охири моҳи август ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз сиёсати “Чини ягона”

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 4-уми августи соли 2022 бо нашри изҳороте дар робита ба “масъалаи Тайван” аз сиёсати Ҷумҳурии Чин ҷонибдорӣ намуд.

Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати “Чини ягона” буда, таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад. Низ таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

“Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати “Чини ягона” ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем”- омадааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар “масъалаи Тайван” дар ҳолест, ки Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот ҷонибдории худро аз сиёсати Чин дар мавриди Тайван иброз дошта буданд.

Пештар аз ин Ҳизби комунистии Тоҷикистон, ки одатан вокунишҳояш дар масоили минтақа хеле кам аст, низ бо нашри изҳороте сафари Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайванро маҳкум карда, аз Вашингтон даъват намуд, “аз амалҳое, ки суботи минтақа ва амнияти байналмилалиро халалдор мекунанд, худдорӣ кунанд”.

Ёдовар мешавем, ки 3-юми августи соли ҷорӣ Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико бо вуҷуди таҳдидҳои Чин ба Тайван сафар карда, зимни зиёраташ аз ин кишвар аз низоми демократӣ ситоиш намуд ва таъкид кард, ки Амрико ба ҳамбастагии худ бо Тайван пойбанд мемонад ва хашми Чин наметавонад раҳбарони ҷаҳонро аз сафар ба ин ҷазира боз дорад.

Чин дар эътироз ба ин сафар, сафири Амрико дар Пекинро эҳзор кард ва инчунин воридоти маҳсулоти кишоварзии Тайванро низ мутаваққиф кардааст. Бар илова, размоиши низомии қавиеро эълом кард.

Ба иттилои расонаҳо, Чин ин размоишро дар 6 минтақаи ҷазираи Тайван оғоз карда ва он то рӯзи якшанбе идома хоҳад кард.

Чин Тайванро як минтақаи ҷудоиталаби худ медонад, аммо Тайван ба истиқлол ва худмухторияш исрор дорад.

Эълони ҳукми абад барои қотилони як хонавода дар Ҷайҳун

0

Додгоҳи вилояти Хатлон 4-уми августи соли ҷорӣ 3 нафарро ба гумони даст доштан дар қатли хонаводаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун боздошт карда, 2 нафари онҳоро бо ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Акс аз “Азия-Плюс”

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс”, Додгоҳи вилояти Хатлон гумонбарони ин ҷинояти мудҳиш Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоевро ба ҳабси абад ва Адолат Шерматова, нафари сеюм, ки дар ин ҷиноят гумонбар дониста мешавад, барои 28 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Тавре манбаъ хабар дод, ҳарсе гумонбарон ҳангоми ироаи сухани охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хостаанд, ки онҳоро сефед кунад.

Гуфта мешавад, ҳам худи маҳкумшудаҳо ва ҳам наздиконашон ба бегуноҳ буданашон исрор доранд ва мегӯянд, ки дар аввал гуноҳро бо фишори мақомот ба дӯш гирифта буданд.

Пайвандони маҳкумшудаҳо ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва давоми 10 рӯзи оянда аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти ксатсионӣ мебаранд.

Ёдовра мешавем, ки 12-уми июни соли гузашта хабари пурсарусадои қатли ваҳшиёнаи 4 нафар аз оилаи Маҳмадовҳо дар расонаҳо нашр шуд. Гуфта мешуд, ки қотилон шабона ба хонаи Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ворид шуда ӯ ва се фарзанди 8,13 ва 14-солаашро ба таври ваҳшиёна куштанд.

Аз ин куштори ваҳшиёна ҳамсари Аҳлиддин, Латофат Азизова ҳамроҳи як писараш наҷот ёфта буданд ва шоҳидони асосии ин ҳодисаи худи ҳамонҳо дониста мешавад.

18-уми августи соли 2021 ВКД хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун пас аз ду моҳи ҳодиса тавонистанд қотилони сокини ноҳияи Ҷайҳун, Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯро пайдо ва дастгир кунанд.

Дар гирифтани шаҳрвандии Русия тоҷикон дар ҷои аввал меистанд

0

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали соли 2022 то имрӯз беш 121 ҳазор нафар аз сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки тоҷикон дар ҷои аввал меистанд.

Тавре охири моҳи гузашта расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомоти расмии Русия хабар доданд, дар миёни (121089 нафар) гирандагони шиносномаи Русия тоҷикон дар ҷои аввал бо 74162 нафар қарор доранд ва дар ҷои дуюм Қазоқистон бо 21647 нафар, дар ҷои сеюм Узбекистон бо 13099 нафар будаанд. Ҳамчунин 10632 шаҳрванди Қирғизистон ва 1549 шаҳрванди Туркманистон шаҳрванди Русия шуданд. Аммо ба гуфтаи мақомот, ба таври умум дар шаш моҳ гузашта 287503 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки 104168 нафарашон шаҳрвандони Украина мебошанд.

Ба иттилои мақомоти Русия, ҳоло 109593 тоҷик, 78705 узбек, 44856 қазоқ, 14137 қирғиз ва 3775 туркман иҷозаи иқомат дар Русия доранд.

Соли 2021 беш аз 205000 шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта аз рӯи теъдоди шиносномаҳои гирифташуда низ Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дошт, ки 103700 нафар  шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд. Дар ҷои дуюм сокинони Қазоқистон – 49900 нафар, дар ҷои сеюм узбекҳо – 31900 нафар, дар ҷои чорум Қирғизистон – 19200 нафар қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 735400 нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрванди Русия шуданд, ки ин аз соли 2000 ҳисоби рекордӣ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти расмӣ, тоҷикистониён дар гирифтани шаҳрвандии Русия дар соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ 14,1% ва аз миёни шаҳрвандони Осиёи Марказӣ 50,5%-ро ташкил додаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 бошад, ин омор ба 26, 4% аз шумори умумӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва 61,2% дар байни шаҳрвандони Осиёи Марказӣ баробар аст.

Гуфта мешавад, агарчи тоҷикон дар нимсолаи аввали 2022 аз украиниҳо дар гирифтани шаҳрвандии Русия қафо монда бошанд ҳам, вале дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол менамоянд.

Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот бештар шудааст

0

Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиарду 215,2 миллион доллар маҳсулот содир кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион доллар бештар аст.

Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон 3-юми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар якҷоягӣ бо нерӯи барқ ​​1,18 миллиард долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2022 беш аз 27 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 15,5 миллион доллар ё 28,1 дарсад зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар умум беш аз 110 ҳазор тонна, аз ҷумла беш аз 75 ҳазор тонна сабзавот, 19 ҳазор тонна меваи хушк, беш аз 15 ҳазор тонна мева ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзиро ташкил додааст.

Тоҷикистон асосан чунин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, меваи хушк, сабзӣ, олу, ангур, зардолу, карам, лимӯ ва ғайраро содир мекунад.

Дар ҳоле Шавкат Бобозода аз зиёд шудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ мегӯяд, ки нархи пиёз дар бозорҳои кишвар аз 1,5-3 сомонии қабл то 8 сомонӣ расидааст.

Дар робита ба ин Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ба хотири коҳиши нархи пиёз дар бозорҳои дохилӣ ва захираи ин навъи маҳсулот содироташ ба Русия манъ шуд.

Қарор аз охири моҳи июл амал мекунад, вале нархи пиёз дар бозорҳо тағйир накардааст.

Эъдоми як нерӯи собиқи амниятии Афғонистон дар зиндон

0

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, нерӯҳои Толибон Муҳаммад Зобулӣ, собиқ узви нерӯҳои амниятии ҳукумати Ашраф Ғаниро дар зиндоне дар вилояти Дойкундӣ дар назди писараш эъдом карданд.

Пойгоҳи хабарии 8-и субҳи Афғонистон хабар дод, ки Толибон Муҳаммад Зобулиро дар пеши чашмони писараш эъдом карданд, аммо ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ аз тарси зиёд худкушӣ кардааст.

Аз сӯи дигар манобеи маҳаллӣ мегӯянд, оғои Зобулӣ ба сабаби шиканҷаи зиёд ҷон бохтааст.

Гуфта мешавад, Муҳаммад Зобулӣ, собиқ узви нерӯҳои амниятӣ дар ҳукумати пешини Афғонистон пас аз тасаллути Толибон ба ин кишвар ба Эрон фирор карда буд, аммо пас аз дастгир шудани писари 10-солааш аз ҷониби Толибон ба Афғонистон баргашт ва зиндонӣ шуд.

Аз ин пештар созмонҳои байналамилалии ҳуқуқи инсон борҳо ҳукумати Толибонро ба он муттаҳам карданд, ки бо вуҷуди эълони афви умумӣ садҳо нафаре, ки собиқ дар ҳукумати Афшраф Ғанӣ кор мекарданду ба умеди афв ба ватанашон баргаштанд, зиндонӣ ва ё кушта шуданд. Аммо мақомоти Толибон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Оғози размоиши бузурги Чин дар марзи Тайван

0

Имрӯз, 4-уми августи соли 2022 артиши Ҷумҳурии мардумии Чин дар фосилаи 20-километрии марзи Тайван размоиши бузурги низомиро оғоз кард.

Гуфта мешавад, ин размоиши бузурги низомии Чин дар эътироз ба сафари Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван баргузор мешавад.

Тайван мегӯяд, Чин ин размоишро дар роҳҳои обии байналмилалӣ ва масирҳои ҳавонавардӣ анҷом медиҳад, ки мухолифи муқаррароти Созмони Миллали Муттаҳида аст. Бо ин далоил Тайван размоиши Чинро “ғайримашруъ ва ғайримасъулона” хонда, мегӯяд, ки Чин талош дорад авзои амниятиро дар минтақа ноором созад.

Пелоси рӯзи чоршанбе пас аз дидору гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тайван ва намояндагони баландмақом он, ин кишварро ба қасди Куриёи Ҷанубӣ тарк кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико зимни зиёраташ аз Тайван аз низоми демократӣ ситоиш намуд ва таъкид кард, ки Амрико ба ҳамбастагии худ бо Тайван пойбанд мемонад ва хашми Чин наметавонад раҳбарони ҷаҳонро аз сафар ба ин ҷазира боз дорад.

Чин дар эътироз ба ин сафар, сафири Амрико дар Пекинро эҳзор кард ва инчунин воридоти маҳсулоти кишоварзии Тайванро низ мутаваққиф кардааст. Бар илова, размоиши низомии қавиеро эълом кард.

Ба иттилои расонаҳо, Чин ин размоишро дар 6 минтақаи ҷазираи Тайван оғоз карда ва он то рӯзи якшанбе идома хоҳад кард.

Чин Тайванро як минтақаи ҷудоиталаби худ медонад, аммо Тайван ба истиқлол ва худмухторияш исрор дорад.

Нопадид шудани боз як зодаи Бадахшон дар Русия

0

Руслан Пулодбеков, дӯсти наздики Амриддин Аловатшоев, ки охири моҳи июл барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират дар Маскав боздошт шуда буд, нопадид шудааст.

Пайвандони Пулодбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Руслан дар яке аз боздоштгоҳҳои Маскав нигаҳдорӣ мешуд ва ӯро аз рӯзи 29-уми июл дигар дар онҷо пайдо накардаанд.

Наздикони Руслан бар ин боваранд, ки ӯро ҳамроҳи Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо

Ёдовар мешавем, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо фаъолони зодаи Бадахшон рӯзи 29-уми июл соли 2022 аз фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав нопадид шуда буданд ва чанде баъд дар навори видеоие хабар доданд, ки дар Тоҷикистон дар назди мақомот қарор доранд.

Руслан Пулодбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон буда, ба гуфтаи наздиконаш мақомоти тоҷик ӯро танҳо барои наздиктарин дӯст ва мисли як муҳофиз ҳамеша дар канори Амриддин Аловатшоев будан, таъқиб мекарданд.

Ба гуфтаи айвандони Руслан, ӯ фаъоли иҷтимоӣ набуд ва дар бораи нооромиҳо дар Бадахшон наменавишту ҳатто саҳифаи фейсбукиашро ҳам баста буд.

Мақомоти тоҷик то ҳол дар бораи боздошт ва дар куҷо қарор доштани Руслан Пулодбеков чизе нагуфтаанд.

Амриддин Аловатшоев

Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон 11-уми январи соли ҷорӣ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Мақомоти тоҷик то рӯзи 2-юми феврал боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани ӯро рад мекарданд. Аловатшоевро мақомот охири моҳи апрел бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.