1.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 45

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

0

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд, як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев онҳоро фиреб дода, маблағҳояшонро гирифтааст.

Гилаев, яке аз собиқ мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки пас аз бозгашт ба Тоҷикистон ба ҳомиёни сарсахти ин ҳукумат табдил ёфта буд ва мухолифонро бо лафзҳои қабеҳ танқид мекард, муддати тӯлонӣ аз фазои маҷозӣ дур буд ва хабари наве аз ӯ нашр намешуд.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шуданд, ки зоҳиран ӯро дар яке аз кишварҳои арабӣ нишон медиҳанд. Дар ин наворҳо Гилаев бо либоси арабӣ ва риши баланд ба назар мерасад. Бархе корбарон ӯро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Дар наворҳои паҳншуда, Оятулло Гилаев ба аз худ кардани 18 ҳазор доллар ва ҳамчунин ба фиреби зиёда аз 700 нафар муттаҳам мешавад. Худи Гиляев дар посух ба ин суханҳо мегӯяд, ки назди пулис рафта гап мезанем.

Дар як навори дигар ӯ дар болои тахти хоб дар назди як зан сабт шудааст, ки вокунишҳои гуногунро дар миёни ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

Як корбар шикоят карда мегӯяд, ки Оятулло Гилаев роҳбари ширкати бо номи “Haj-аl-Masakin” буда, мардумро аз Душанбе ба зиёрати Умра мебарад. Ба гуфтаи ӯ, Гилаев дар Макка аз номи ислом истифода бурда, дар бораи зани дуюм гирифтан ҳарф мезанад ва духтарони бешавҳарро никоҳ мекунад. Сипас то анҷоми сафари Умра аз онҳо истифода бурда, баъд аз фиристодан талоқ медиҳад.

Худи Гилаев то кунун дар бораи ин тасвирҳо ва наворҳо шарҳе надодааст ва назараш маълум нест. Ва ҳамчунин маълум нест, ки ин наворҳо кай ва дар чӣ замоне гирифта шудаанд.

Azda TV омодааст назари худи Оятуллоҳ Гилаевро дар ин маврид нашр кунад. Ва ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ доранд ва ё ҷабрдида ҳастанд ва мехоҳанд онро нашр кунанд, метавонанд ба унвонии мо маълумоти худро бифиристанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

0

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.

Озодшавии рӯзномагорону сиёсатмадорон ва фаъолону ҳомиёни ҳуқуқи Беларус натиҷаи гуфтушунид дар Минск, ки 11-уми сентябри соли ҷорӣ миёни раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва ҳайати амрикоӣ бо роҳбарии ҳуқуқшинос Ҷон Коул баргузор гардид, мебошад.

Дар ин дидор Ҷон Коул ба Лукашенко номаи шахсии Доналд Трампро, ки зераш имзои “Donald” гузошта шуда буд ва туҳфаи рамзии “запонки”-ро бо тасвири Кохи Сафед тақдим кард. 

Дар пайи озод намудани маҳбусони сиёсӣ Иёлоти Муттаҳида аз сабуксозии қисмани таҳримҳо алайҳи ширкати миллии ҳавопаймоии “Belavia” хабар дод. Ҳамакнун ба ин ширкат дубора иҷозати хидматрасонии техникӣ ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ дода мешавад.

Илова бар ин, Вашингтон изҳор дошт, ки мехоҳад муносибатҳои пурраи дипломатиро барқарор кунад ва сафорати худро дар Минск боз кунад. 

Аксари озодшудагон ҳамроҳии ҳайати амрикоӣ дар ду автобус марзи Беларусро убур карда, ба Литва рафтанд. Онҳоро дар Литва наздикону пайвандонашон ва Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус пешвоз гирифтанд.

Аммо Николай Статкевичи 69-сола, яке аз чеҳраҳои асосии мухолифин ва номзад ба президентии Беларус дар соли 2010, тасмим гирифтааст сарҳади Литваро убур накунаду ба ин гурӯҳ ҳамроҳ нашавад ва дар дохили кишвар бимонад. 

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти Беларус 14 маҳбуси сиёсиро озод карда буданд. Дар байни рӯзноманигорону фаъолони озодшуда, ҳамсари Светлана Тихановская ва сиёсатмадори мухолиф Сергей Тихановский, ки соли 2020 боздошт шуда буд ва чанд шаҳрванди хориҷӣ аз Ҷопон, Лаҳистон, Латвия, Эстония, Шветсия ва ИМА ҳам буданд. Озодшавии онҳо низ дар пайи мулоқоти намояндагони амрикоӣ таҳти раҳбарии фиристодаи махсуси ИМА Кит Келлогг бо мақомоти Беларус дар Минск сурат гирифт. 

Гуфта мешавад, бо вуҷуди ин озодкуниҳо ба иттилои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ то ҳол дар зиндонҳои Беларус беш аз 1100 маҳбуси сиёсӣ боқӣ мондаанд.

Ба Пирмуҳаммадзода иҷозаи ҷарроҳиро надоданд

0

Мақомоти зиндонҳо ба рӯзноманигор ва зиндонии сиёсӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки талхааш пусидаасту ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, иҷозаи ҷарроҳиро надодаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони Пирмуҳаммадзода менависад, ки вазъи саломатии ин рӯзноманигор дар маҳбаси низомаш сахт (критий)-и Душанбе бениҳоят бад шудаву ҳатто чанд рӯз беҳушу беёд будааст ва баъдан ӯро ба бемористони зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пештар дар зиндони шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд ва пайвандонаш гуфта буданд, ки 6 моҳ боз ӯро надидаанд.

Ба гуфтаи онҳо аз моҳи март ба ин сӯ аз аҳволаш хабар надоштанду дар зиндони Хуҷанд ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. Аммо ҳоло наздиконаш мегӯянд, ки ӯ 6 моҳ дар ҳуҷраи ҷаримавӣ (ШИЗО) будааст ва пас аз 6 моҳ ба маҳбаси “критий” интиқол дода шудааст.

То ҳол мақомоти зиндонҳо сабаби интиқоли ӯро ба “ШИЗО” ва баъдан ба маҳбаси “критий” шарҳ надодаанд.

Яке аз пайвандони ин зиндонии сиёсӣ гуфтааст, ки чанд рӯз пеш аз як рақам ба онҳо занг зада гуфтаанд, ки Пирмуҳаммадзода дар маҳбаси Ваҳдат бемор аст. Пас аз ин ду хоҳарашу бародараш рафта бо ӯ мулоқот карданд. Ба гуфтаи онҳо ҳолаташ бениҳоят вазнин ва банди дастонаш зард шудаву худаш хеле лоғар шудааст.

Инчунин онҳо духтурҳоре барои муоина бурдаанд ва маълум шудааст, ки талхаи Пирмуҳаммадзода пусидаву дарди гурдаҳояш ба шиддат авҷ мегиранд ва бояд ӯро бурда дар яке аз беморхонаҳо ҷарроҳии лазерӣ кунанд. Аммо дар зиндон гуфтаанд, ки ӯ дар маҳбаси “критий” ҳасту иҷозат нест.

Наздиконаш гуфтаанд, ки ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо Мансурҷон Умаров муроҷиат хоҳанд кард, то иҷозаи интиқол ба бемористонро диҳад ва агар иҷозат надиҳанд намедонанд вазъи ӯ чӣ мешавад. Худи Абдусаттор ҳам дар зиндон розӣ нашудааст, ки ӯро бо буриш ҷарроҳӣ кунанд.

Хабари вазъи вахими Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳадди ақал 5 маҳбуси сиёсӣ бо сабаби беморӣ ва нарасондани кумаки тиббии саривақтӣ дар зиндоҳи кишвар фавтидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар пайи саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон, ки беш аз 10 рӯзноманигор боздошту зиндонӣ шуданд, соли 2022 дастгир ва бо иттиҳомоти сохтаи узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Пирмуҳаммадзода аз дохили зиндон борҳо аз шиканҷа дар рафти тафтишот ва вазъи бади зиндоҳои кишвар шикоят карда буд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ин зиндонии сиёсӣ ва дигар рӯзноманигорони боздоштшударо бегуноҳ медонанд ва раҳоии беқайду шарти онҳоро талаб карда буданд. Аммо режими имрӯзаи Тоҷикистон талаби созмонҳоро нодида гирифта, баръакс ба саркӯби дигарандешон дар кишвар ҳамоно идома медиҳад.





Аврупо аз Исроил рӯй гардонд?

0

Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар нишасти ахираш талаб кард, ки алайҳи вазирони ифротии исроилӣ таҳрим ҷорӣ карда шавад.

Иттиҳоди Аврупо ду вазири исроилӣ – Бин Гафир ва Смутришро аллакай вориди листи шахсони таҳримшуда аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо кардааст.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен рӯзи чоршанбе, 10-уми сентябр гуфт, ки Комиссияи Аврупо пешниҳод мекунад, ки бар зидди вазирони ифротгарои исроилӣ таҳрим ҷорӣ карда шавад ва ҳамчунин ҷузъе аз созишномаи тиҷоратӣ байни Исроил ва Иттиҳоди Аврупо муваққатан муъаллақ гузошта шавад.

Ӯ ҳамчунин афзуд: “Он чи дар Ғазза мегузарад, ҷаҳонро ба ларза даровардааст. Одамони зиёде ба аз гуруснагӣ мемиранд ва ба хотири як луқмаи ном кушта мешаванду занҳои бордор кӯдакони мурда ба дунё меоранд. Ин як даҳшат аст.” Раиси Комиссияи Аврупо таъкид кард, ки “Гуруснагии сунъиро набояд ҳамчун силоҳи ҷангӣ истифода кард.”

Дар нишасти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи чоршанбе баргузор шуд, чанде аз кишварҳои ин иттиҳодия, аз ҷумла Ирландия, Испания, Донморк, Галандия ва Шветсия бекор кардани созишномаи тиҷоратӣ бо Исроилро талаб карданд. Аммо кишварҳои дигаре, мисли Омлон, Венгрия ва Чехия ба ин пешниҳод мухолифат кардаанд.

Чарли Кирк, яке аз ҳомиёни Доналд Трап кушта шуд

0

Фаъоли ҷомеаи мадании Амрико Чарли Кирк дар назди дурбинҳо, ҳангому гуфтугӯ бо мардум бо тири гулула кушта шуд.

Кирк, фаъоли сиёсии маъруфи амрикоӣ ва муассиси созмони “Turning Point USA” буд. Ҳодисаи куштори ӯ дирӯз, 10-уми сентябр дар Донишгоҳи Utah Valley University ҳангоми суханронии дар назди зиёда аз 3 000 нафар рух дод.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Амрико, тир ба гардани ӯ расидааст ва кӯшишҳои духтурон барои наҷот додан натиҷа надод. Пас аз ҳодиса, қувваҳои маҳаллӣ ва федералӣ, аз ҷумла FBI тафтишро оғоз карданд. Яке аз гумонбарон дар аввал боздошт шуд, вале баъдан маълум гардид, ки ӯ шахси муҳоҷим набудааст.

Марги Кирк вокуниши васеи сиёсӣ ва иҷтимоиро ба миён овард. Сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруф аз тамоми гӯшаҳои Амрико ин ҳамларо маҳкум намуда, даъват карданд, ки хушунати сиёсӣ хотима ёбад.

Чарли Кирк чеҳраи калидӣ дар таблиғи арзишҳои муҳофизакорона дар байни ҷавонон шинохта мешуд. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои расонаӣ фаъол буд ва ҳамеша аз сиёсатҳои Доналд Трамп пуштибонӣ мекард.

Доналд Трамп дар як изҳороташ гуфт: “Марги Чарли Кирк талафоти бузург барои ҳаракати мо ва барои Амрико аст. Ӯ шахси бошараф, далер ва садоқатманд ба кишвараш буд.”

Баъзе мунтақидони Крик мегӯянд, ӯ аз наслкушии Исроил дар Ғазза пуштибонӣ мекард ва сиёсатҳои Натанёҳуро дар қиболи ишғоли Фаластин дуруст мешуморид. Ин сабаб шуда буд, ки дар байни гурӯҳи дигар аз фаъолони ҷомеаи мадании Амрико, ки аз наслкушии Исроил дар Ғазза интиқод мекарданд, танишҳои шадиди лафзӣ ва дидгоҳҳои мухталиф ба вуҷуд биёяд.

Эътирозҳо дар Фаронса

0

10-уми сентябри соли 2025, дар Фаронса як мавҷи навбатии эътирозҳои умумимиллӣ зери шиори “Ҳамаро бандед” (Bloquons tout) сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ин эътирозҳои хиёбӣ, ки бо иштироки васеи мардум, аз ҷумла донишҷӯён, омӯзгорон, пизишкон ва дигар табақаҳои аҳолӣ ташкил шудааст, пас аз эълони буҷаи давлатии соли 2026 дар ин кишвар рух медиҳад.

Бар пояи нақшаи нав, ҳукумати Фаронса тасмим гирифтааст, ки 43,8 миллиард евро хароҷоти давлатиро коҳиш диҳад. Ин иқдом коҳиши маблағгузорӣ ба бахшҳои муҳим, аз ҷумла нафақа, тандурустӣ ва таҳсилотро дар бар мегирад. 

Мардум, ки ин тасмимро ҳамчун беадолатии иҷтимоӣ ва фишори бештар ба табақаи миёнаву поёнии ҷомеа арзёбӣ мекунанд, дар роҳҳо ва марказҳои шаҳрҳо гирдиҳам омада, бо пулис вориди даргириҳо шуданд. Танҳо дар шаҳри Париж беш аз 200 нафар боздошт гардиданд, дар ҳоле, ки шумораи умумии боздоштҳо дар саросари кишвар аз 300 нафар гузаштааст.

Таъйини Севастиен Лекорну ба ҳайси нахуствазири нав низ бо вокуниши манфии ҷомеа рӯ ба рӯ шуд. Бисёриҳо ӯро ҳамчун идомадиҳандаи сиёсати нопопулярии президенти Фаронса, Эммануэл Макрон медонанд.

Русия: Муҳоҷирон хонаводаҳяшонро ба худ наоранд!

0

Гурӯҳи вакилон аз ҳизби “Справедливая Россия – За правду” таҳти роҳбарии Сергей Миронов 9-уми сентябри соли ҷорӣ, ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод намуданд, ки тибқи он ба аъзои оилаҳои муҳоҷирони корӣ вуруд ва иқомат дар ин кишвар манъ карда мешавад.

Дар ин лоиҳаи қонун танҳо шаҳрвандони Беларус истисно шудаанд. Дар сурати қабули ин қонун, он аз рӯзи нашри расмӣ ба қувваи амал медарояд.

Муаллифони лоиҳаи қонун қайд мекунанд, ки тадбири нав имкон медиҳад, бо маҳдуд кардани омадани аъзои оилаҳои муҳоҷирони корӣ ҷараёни муҳоҷират 15–20% коҳиш меёбад.

Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом фишор ба инфрасохтори иҷтимоиро кам мекунад ва хароҷоти буҷаи кишваро барои маориф, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ коҳиш медиҳад.

Сергей Миронов, раҳбари ҳизб дар шарҳи ин қонун гуфта, ки қабули қонун як қадами муҳим дар роҳи гузариш ба низоми “омад-кор кард-рафт” барои муҳоҷирон дар Русия мегардад.

Ҳизби “Справедливая Россия – За правду” муаллифи даҳҳо қонуни зидди муҳоҷирӣ буда, дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд сохтани фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар телеграм-боти “Стоп мигрант” фаъол кардааст.

Ба иддаи муаллифони тарҳ, тариқи ин бот шаҳрвандон метавонанд дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ аз ҷониби муҳоҷирон хабар диҳанд.

Ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, манъи ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Сергей Миронов раҳбари ин ҳизб борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад, то бо пули андози “русҳо” ин кор сурат нагирад.

Ҳамлаи Исроил ба чор кишвари арабӣ дар як рӯз

0

Исроил баъд аз зуҳри 9-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади аз байн бурдани раҳбарони ҲАМОС ба Давҳаи Қатар ҳамлаи мушакӣ кард.

Дар ҳоле, кисубҳи дирӯз Қатар ҳамлаҳои Исроил ба Сурияву Лубнонро маҳкум кард, вале шоми ҳамон рӯз худаш мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифт.

Гуфта мешавад, артиши Исроил танҳо дар як рӯз (9-уми сентябри соли 2025), аз як тараф бо вуҷуди ҷанг дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии Фаластин боз ба чор кишвари дигир, аз ҷумла Сурия, Лубнон, дарёҳои Тунис ва Қатар, ки дар масофаи наздик ба 1 ҳазору 800 километ дуртар аз худаш аст, ҳамла кард.

Ҳамлаи Исроил

Артиши Исроил масъулияти ҳамла ба Қатарро билофосила ба дӯш гирифта, эълон кард, ки ҳадаф аз он террор кардани раҳбарони сиёсии Ҳаракати Муқовимати Фаластин – ҲАМОС, ки барои баррасии пешниҳоди Доналд Тромп барои оташбасти ҷанг дар Ғазза дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар ҷамъ шуда буданд, анҷом шудааст. (Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ҲАМОС-ро як ташкилоти террористӣ мешиносанд.)

Мақомоти исроилӣ бовар доштанд, ки ин ҳамла бо муваффақият анҷом шуда ва дар натиҷаи чанд ҳамлаи пай дар пай раҳбарони ҲАМОС ҳама дар вақти баррасии пешниҳоди Доналд Тромп кушта шудаанд, ба ҳамин хотир яке пайи дигар аз артиш ва мақомоти амнияти дохиливу хориҷӣ барои ин амалиёти террор, ки дар хоки Қатар сурат гирифт, ситоиш мекарданд. Расонаҳои исроилӣ ҳам ба нақл аз Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар низ иттилоъ доданд, ки ин ҳамла дар ҳамоҳангӣ бо Амрико ва шахси Доналд Тромп анҷом шудааст. (Бенямани Нетаняҳу бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазза тавассути Додгоҳи Байналмилалии Гаага мавриди пайгарди ҷаҳонӣ қарор дорад.)

Исроилиҳо дар авҷӣ шодиву сурур буданд, ки ҲАМОС хабари кушта шудани раҳбаронашро рад карда гуфт, ки ҳамаи онҳо аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд. Аммо мутаассифона 5 нафар аз масъулин, аз ҷумла писари Халил Ал-Ҳайя ва як корманди амниятии Қатар ҳам дар пайи ин ҳамлаҳо ба шаҳодат расиданд.

Вокуниши ҲАМОС

ҲАМОС дар нахустин вокуниши худ нисбат ба ин ҳамла гуфт, ки хуни раҳбаронаш дар хориҷ ва дар дохили Фаластин аз хуни дигар занону кӯдакон ва ҷавонону пиронсолони фаластинӣ, ки бо гунаҳои мухталиф дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ тавассути Исроил ба шаҳодат расонида мешаванд, рангинтар нестанд. Дар ин ҳамла 5 нафар, аз ҷумла чор фаластинӣ бо номҳои Ҷиҳод Лабад Абӯ Билол, Ҳамом Ал-Ҳайя Абӯ Ҳамом (писари Халил Ал-Ҳайя), Абдуллоҳ Абдулвоҳид Абӯ Халил, Муъмин Ҳасуна Абӯ Умар, Аҳмад Абдулмолик Абӯ Молик, корманди амниятӣ аз Қатар ба шаҳодат расидаанд, вале ҳамаи он раҳбароне, ки мақомот ва расонаҳои исроилӣ дар бораи террори онҳо хабар медиҳанд, зинда ва саломат мебошанд.

Ин раҳбарони сиёсие, ки мақомоти исроилӣ аз онҳо ёд мекунанд, Халил Ал-Ҳайя, Зоҳир Ҷабборин ва Холид Мишъал мебошанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ҲАМОС бо Исроилро ба уҳда доранд. Халил Ал-Ҳайя, раҳбари Дафтари сиёсии ҲАМОС дар Ғазза, Заир Ҷабборин, раҳбари Дафтари сиёсии ҲАМОС дар Каронаи Бохтарӣ ва Холид Мишъал, раҳбари сиёсии Дафтари ҲАМОС дар хориҷ мебошанд.

Мавқеи Тромп

Пас аз он ки ҲАМОС иттилоъ дод, ин амалиёти террори раҳбаронаш номуваффақ будааст, Доналд Тромп, раисҷумҳури Амрико ҳам эълон кард, ки вай анҷоми ин ҳамлаи Исроил ба Қатар хушҳол нест. Телавив ба танҳоӣ ин тасмимро гирифтааст, ва пеш аз оғози ҳамла Стив Витков, намояндаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна Қатарро аз он огоҳ карда буд.

Аммо Вазорати умури хориҷии Қатар бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил ба Давҳа ва ҳадаф қарор додани сарони музокиракунандаи ҲАМОС дар пойтахти ин кишварро амали дур аз тамоми меъёрҳои ҷаҳонӣ ва диплумосӣ хонда, таъкид кард, ки ин “ҷинояти буздилона” бепосух намемонад.

Инчунин Вазорати корҳои хориҷии Қатар афзуд, ки ин гапҳо сиҳат надоранд, ки гӯё Амрико ё касе дигар пеш аз оғози ҳамла Давҳаро хабардор карда бошанд. Ӯ таъкид кард, ки Амрико 10 дақиқа пас аз ҳамла бо онҳо тамос гирифтааст.

Таллаи Тромп

Бисёре аз нерӯҳои сиёсии фаластинӣ дар хориҷ ва хориҷ аз он, ин ҳамларо ба номи “Таллаи Тромп” ёд мекунанд ва Амрикоро низ бо чанд далел бевосита дар анҷоми ин ҳамла масъул медонанд.

Онҳо мегӯянд, ба эътирофи худи мақомоти исроилӣ, артиш ва амнияти дохиливу хориҷии он барои анҷоми ин ҳамла чанд ҳафта пештар тасмимгирӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо Амрико ин нақшаҳои худро тарҳрезӣ карда буданд.

Доналд Тромп, ки чанд рӯз пеш эълон карда гуфта буд, ин охирин муҳлат барои ҲАМОС дода мешавад ва бояд ба пешниҳоди Амрико дар хусуси оташбас ва озод кардани гаравгонҳои исроилӣ розӣ шаванд, як фиреб барои ҷамъоварии сарони ҲАМОС барои аз байн бурдани онҳо дар Қатар буд.

Қатар мизбони бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Ховари Миёна аст. Қатар яке аз шарикони роҳбурдии низомии Амрико хориҷ аз НАТО мебошад, ва тибқи қарордодҳо Амрико вазифадор аст, ки амнияти Қатарро дар чунин ҳамлаҳо таъмин кунад ва аз ҳокимияти миллии он ҳимоят намояд, аммо шахси раисҷумҳури он аз пушт ба Қатар ханҷар зад.

Амрико ва Қатар

Пас аз ин ҳамла яке аз нухустин суолҳое, ки аксари мардум ва хабарнигорон аз мақомот ва масъулини Қатар мепурсиданд ва то ҳол ин кор давом дорад, он аст, ки чаро Амрико иҷозат дод, ки Қатар мавриди ҳамлаи Исроил қарор бигирад?

Тибқи баъзе маълумот, ҷангандаҳои исроилӣ бо убур аз осмони Урдун ва Арабистони Саудӣ ба Қатар ҳамла карданд. Урдун ва Арбистони Саудӣ ҳар ду аз ҳампаймонони Амрико дар минтақа дониста мешаванд. Масофа байни Исроил ва Қатар ҳудуди 1800 километр аст ва ҷангандаҳои исроилӣ бидуни сӯхтгирӣ ба танҳоӣ ин ҳама масофаро тай карда наметавонанд. (Биноан, бархе расонаҳои ҷаҳонӣ бо такя ба сомонаҳои родарӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои Бритониё ва Амрико дар минтақа ба ҷангдаҳои исроилӣ сухтрасонӣ кардаанд. Иттилое, ки ба сурати расмӣ таъйид нашудааст.)

Бо ин вуҷуд, ҳамоно дар байни раҳбарони расмӣ ва ғайрирасмии Амрико ва дигар шарикони роҳбурдиаш дар бораи ин ҳамлаи Исроил ба Қатар иттифоқи назар вуҷуд надорад. Хеле аз ҷонибдорони режими Исроил иддао доранд, ки Телавив ҳаққ дорад, ҳар куҷое хоҳад ва ҳар тавре бихоҳад, душманонашро саркӯб кунад, аммо онҳое, ки бори масъулияти имрӯзу фардои кишварашонро бар уҳда доранд, таъкид мекунанд, ки ҳеч кас ва ҳеч кишваре, аз ҷумла Амрико ва Исроил ҳақ надорад ҳокимияти миллии кишвари дигареро, ба мисли Қатар зери по карда, ба он ҳамла кунад.

Кишварҳои арабӣ

Вокуниши кишварҳои арабӣ ва исломӣ нисбат ба ин ҳодиса тақрибан яксон буда, ҳама – ба гуфти худашон – бо шадидтарин алфоз онро маҳкум карданд. Аммо хеле аз мардум ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ аз раҳбарони худашон дар ин кишварҳо мепурсанд, ки Қатар шашумин кишвари арабӣ аст, ки Исроил тайи ду соли охир ба он ҳамла кардааст, ҳоло шумо бигӯед, фардо навбати кист?

Бо ин вуҷуд, чун аз ибтидо вокуниш ва аксуламали раҳбарият ва мақомоти Қатар нисбат ба Сурияву Лубнон фарқ мекард, ба ҳамин хотир, вокуниши кишварҳои дуру наздик ба ин ҳодиса ҳам хеле тунд ва маҳкум кардани онҳо қавитар буд. Суол ин аст, ки оё кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва ҳампаймонони онҳо дар ҳамин ҳад иктифо мекунанд, ки ё ин навбат дар амал коре анҷом хоҳанд дод, вақт муайян мекунад.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои AZDA TV

Паҳподҳои Русия дар осмони Лаҳистон

0

Шаби 9-10-уми сентябри соли ҷорӣ, ҳангоми ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии Русия ба Украина, чандин паҳподи Русия вориди ҳарими ҳавоии Лаҳистон шуданд, ки артиши ин кишвар бо кумаки нерӯҳои НАТО чанде аз онҳоро раҳгирӣ карданд.

Расонаҳо дар истинод ба нахуствазири Лаҳистон Доналд Туск хабар додаанд, ки дар соатҳои гуногун ҳадди ақал 19 ҳолати нақзи ҳарими ҳавоии ин кишвар аз ҷониби паҳподҳои Русия сабт гардидааст.

Гуфта мешавад, аксари ин паҳподҳо аз Беларус вориди Лаҳистон шуда, қисме аз онҳо нобуд карда шуданд ва қисми дигараш сӯйи Украина парвоз кардаанд. Шумораи дақиқи паҳподҳои мавҳшуда маълум нест, аммо расонаҳо шумори онҳоро аз 3 то 8-то мегӯянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Лаҳистон марзҳои худашро пурра бо Беларус аз рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ ба хотири машқҳои низомии Русияву Беларус баста буд.

Тибқи гузоришҳо, пораҳои паҳподҳо ба чанде аз деҳаҳо дар шарқи кишвар афтодаанд ва чанд бинои манзиливу як мошин зарар дидааст. То замони нашри ин матлаб ҳеҷ маълумоти расмӣ дар бораи талафоти инсонӣ оварда нашудааст. Ҳамчунин фаъолияти баъзе фурӯдгоҳҳо ба таври муваққат қатъ карда шуда, қисми фазои ҳавоӣ барои тозакорӣ ва корҳои ҷустуҷӯву наҷот муваққатан баста шуд.

Ҳукумати Лаҳистон вуруди паҳподҳоро амалкарди душманона хонд, ки ҷони шаҳрвандонро ба хатар андохтааст ва нахуствазир Доналд Туск гуфт, кишвараш дар наздиктарин замон ба вуқуи як даргирии низомӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум қарор гирифтааст ва вазири хориҷаи ин кишвар Радослав Сикорский гуфтааст, ки банди чаҳоруми паймони НАТО-ро фаъол кардаанд.

Дар НАТО низ, ки Лаҳистон шомили ин паймон аст, тасдиқ кардаанд, ки дар амалиёти раҳгирӣ ва сарнагунии паҳподҳо нерӯҳои ин паймон аз кишварҳои мухталифи узв ширкат доштанд ва ҷаласаи изтирории машваратӣ барои табодули маълумотҳо гузарондаанд.

Аммо НАТО то ҳол ин ҳодисаро ҳамлаи мустақили Русия ба Лаҳистон унвон накарда, танҳо раҳбари ин паймон Марк Рютте таъкид кардааст, ки таҳлили пурраи ин ҳодиса идома дорад ва ҳар сантиметри қаламрави НАТО-ро муҳофизат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол фармондеҳи Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Беларус Павел Николаевич изҳор дошта, ки қисми аз паҳподҳо бинобар халал дар кори электроника аз масирашон хориҷ шудаанду як қисмашро системаҳои дифои ҳавоии Беларус раҳгирӣ кардаанд. Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки Беларус кишварҳои ҳамсоя Лаҳистон ва Литваро дар бораи паҳподҳо огоҳ кардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар вокуниш ба ин хабар гуфта, ки дар ин бора шарҳе намедиҳад, чун ин дар доираи ваколати ӯ нест ва ин ваколати Вазорати дифои Федератсияи Русия аст. Аммо то ҳол Вазорати дифои Русия дар ин бора чизе нагуфтааст.

Ин бори аввал нест, ки пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина дар соли 2022, силоҳҳои низомии Русия ҳарими ҳавои Лаҳистонро убур карда вориди хоки ин кишвар мешаванд. Ҳадди ақал то ин рӯз 5 бор чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нигаронии сокинонро ба бор овардааст.

Тайи 34 сол дар Тоҷикистон 3,7 миллион ҷойи корӣ таъмин шудааст

0

Бар асоси маълумоти расмӣ, мақомоти Тоҷикистон дар давоми 34 соли истиқлоли худ, 3,7 миллион ҷойҳои кории нав ташкил кардааст.

Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мегӯяд, бо ташкили ин миқдор ҷойҳои нави корӣ зиёда аз 1,1 миллион шаҳрвандони бекор ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. 

Ин мақомдори тоҷик мегӯяд, дар ин муддат зиёда аз 500 ҳазор шаҳрванд ба омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии ройгон фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон заминаи ҳуқуқиву меъёрии соҳаҳои марбут ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ такмил ёфта, самтҳои ҳунармандӣ низ рушди назаррас доштааст.

Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои шуғл”, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва ноҳияҳои Данғара ва Восеъ шаш маркази муҷаҳҳази таълимӣ ба истифода дода шудаанд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд.

Хонум Солеҳа илова кард, ки Тоҷикистон дар роҳандозии низоми рақамӣ дар бозори меҳнат низ қадамҳои муҳим гузоштааст. Барномаи “Низоми ягонаи иттилооти миллии бозори меҳнат (ЕТИС)” ҷорӣ шуда, Агентии меҳнату шуғл бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки аксари шаҳрвандони кишвар аз камбуди ҷойи кор дар кишвар шикоят мекунанд ва қриб аз нисф зиёди қувваи кории Тоҷикистон по ба муҳоҷират гузоштааст.

Мувофиқи оморҳои ғайрирасмӣ, беш аз ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, асосан дар Русия қарор доранд. Бисёре аз онҳо дар шароити сангин, бо ҳуқуқҳои поймолшуда, бе амнияти иҷтимоӣ ва дар хавфи ихроҷ зиндагӣ ва кор мекунанд.