Хона блог саҳифа 451

Раиси ҲНИТ ба Афғонистон рафтанист

0

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон барои таҳким ва тақвияти муборизаҳояш орзуи ба Афғонистон рафтанро дорад.

27-уми июли соли 2022 раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамзамон раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки шоми дирӯз бо шабакаи “Ислоҳ тв” суҳбат мекард, гуфт, ки Русияву Эрон ва Тукрия нахостанд, ки вай дар он кишварҳо бимонад ва таъкид кард: “Агар имрӯз Афғонистон ба ман иҷозат бидиҳад, ман дар Афғонистон меистам.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, меафзояд, “ҳар чӣ қадар ба ватану кишварам наздиктар бошам, ҳамон қадар барои мо, барои муборизаи мо беҳтар аст. Аммо чӣ кунем, ки ҳама кишварҳои исломӣ, ҳама кишварҳои минтақа ва ҳама кишварҳое, ки доду бедод мезананд, дифоъ аз мустазъафин, аз ислому аз мубориза инҳо дарро ба рӯи мо бастанд ва ҳамин Аврупо монд.”

Пеш аз ин раҳбари ПМТ бо як паёми кӯтоҳе дар Твиттер навишт, ки

“Русия ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон бо фишори Раҳмон эълон кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз ҷонибҳои сулҳро ба зудӣ шомили созмонҳои терорристӣ мекунад. Эрон, кафили дигар ва мизбони чандин даври музокирот дар баробари хиёнатҳои Раҳмон ба сулҳ ҳеч гоҳ вокуниши расмӣ накард.”

Гуфта мешавад, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар ҳоле барои самарабахш гардидани муборизаҳояш орзуи ба Афғонистон рафтанро мекунад, ки аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон Ҳукумати Тоҷикистон пайваста алайҳи Аморати исломии Толибон мавзеъгирӣ карда, ба яке аз пойгоҳҳои нерӯҳои зиддитолибонӣ дар минтақа табдил шудааст.

Инчунин дар робита ба ин мавзеъгириҳои Тоҷикистон Гулбуддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон ҳам чанде пеш ба Толибон “тавсия” карда буд, ки барои “маҳор кардани чолишҳо” Афғонистон ҳам метавонад ба мухолифини Эмомалӣ Раҳмон паноҳгоҳ диҳад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Амрико Русияро кишвари ҳомии терроризм эълон карданист

0

Амрико бо тасвиби қатъномае қасд дорад барои ҳимоят аз Украина ва дар инзиво қарор додан Русияро дар листи кишварҳои ҳомии терорризм ворид кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, 27-уми июли соли 2022, Маҷлиси Санои Амрико низ бо тасвиби қатъномае аз вазири хориҷаи ин кишвар хост, ки Русияро барои ҳамлаҳояш ба Чиченистону Гурҷистон, Сурия ва Украина, ки дар онҳо занону кӯдакони зиёде кушта шудаанд, дар қатори кишварҳои ҳомии терроризм қарор диҳад.

Пеш аз ин, Маҷлиси намояндагони Амрико барои ҳимоят аз Украина ва дар инзиво қарор додани Русия чунин тарҳоеро рӯи даст гирифтааст ва хонум Нэнси Плюси аз ҳомиёни қабули ин тарҳ аст.

Дар ҳоле ин тарҳҳо аз ҷониби Маҷлиси Санои Амрико рӯи даст гирифта шудаанд, ки анҷоми чунин иқдомоти ҷиддӣ танҳо дар доираи салоҳияти Вазорати умури хориҷии Амрикост, на Сано ва ё Маҷлиси намояндагони он.

Гуфта мешавад, дар ҳолати тасвиби ин қатънома Русия пас аз кишварҳои Эрону Сурия, Кӯба ва Кореаи Шимолӣ, панҷумин кишваре хоҳад буд, ки дар феҳристи кишварҳои ҳомии терорризми Вазорати умури хориҷаи Амрико қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон боз як фаъоли ҷомеа зиндонӣ шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъоли шабакаҳои иҷтиомӣ Шодрӯз Аҳроров, маъруф ба номи “Абдулло”-ро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ аз тариқи интернет” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, Шодрӯз Аҳророви 35-сола дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд. Моҳи марти соли ҷорӣ ба хотири риоя накардани қоидаҳои будубоши Русия аз ин кишвар ихроҷ шуд ва пас аз 4 рӯз мақомоти тоҷик ӯро аз хонааш боздошт карданд.

Ба гуфтаи баъзе огоҳони умур, зоҳиран Шодрӯзро мақомоти тоҷик ба сабаби он ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва баъзе камбудиҳои мақомдорони тоҷикро интиқод мекард, равонаи зиндон кардаанд.

Гуфта мешавад, додситонӣ бо айби “даъват ба ифротгароӣ аз тариқи интернет” барои Шодрӯз 7 соли зиндон талаб карда буд, аммо додгоҳ маъюб будани ҳамсару фарзанди ӯро ба инобат гирифта, аз ҳукми талабшуда як сол кам кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Шодрӯз Аҳроров пеш аз истирдодаш ба Тоҷикистон тариқи нома аз мақомоти қудратии Русия хоҳиш карда, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд, чун фаъоли ҷомеаи маданист ва дар Тоҷикистон ӯро зиндонӣ мекунанд.

Бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро зиндонӣ мекунад. Давоми як соли ахир мақомоти интизомии кишвар даҳҳо фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорону озодандешонро бо иттиҳомоти гуногун равонаи зиндон кардааст. Танҳо давоми ду моҳи ахир 7 рӯзноманигори фаъол ба монанди Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигарон бо айбҳои “ифротгароӣ” ва ё ҳамкорӣ бо ҲНИТ муттаҳам ва боздошт шудаанд.

RSF хостори раҳоии хабарнигорони зиндонӣ шуд

0

Созмони Гузоришгарони бидуни марз бо нашри баёнияе парвандаи рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷикро “қалбакӣ” хонда, хостори раҳоии онҳо шуд.

27-уми июли соли 2022, созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders (RSF) дар баёния худ гуфт, боздошти хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Сайидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “бар асоси иттиҳомоти бардурӯғ” сурат гирифтааст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз бо маҳкум кардани боздошти ин хабарнигорон аз Тоҷикистон хостааст, ки истифодаи чунин усулҳоро барои тарсонидани расонаҳо қатъ кунад.

Жанна Кавелиер, роҳбари дафтари RSF дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, “Мақомоти Тоҷикистон бояд аз иттиҳомоти бардурӯғ барои хомӯш кардани хабарнигорони интиқодгар аз ҳукумат даст кашанд ва афроди боздоштшударо раҳо кунанд.”

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фишор болои хабарнигорон ва блогерони мунтақид аз ҳукуматро афзоиш дода, дар давоми камтар аз ду моҳи ахир 7 хабарнигору блогери кишварро боздошт ва равонаи зиндон карданд.

Афзоиши камсобиқаи вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон

0

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар 2,9 баробар зиёд шудааст.

Имрӯз, 28-уми июли соли 2022 Камолиддин Муминзод, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 363 ҳазору 89 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давраи ҳисоботӣ нисбат ба соли гузашта дар маҷмӯъ 238 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ зиёдтар ба Тоҷикистон сафар кардааст, ки 2,9 баробарро ташкил медиҳанд. Инчунин дар ин давраи ҳисоботӣ теъдоди касоне ки аз кишварҳои хориҷи дур барои сайёҳат ба Тоҷикистон сафар кардаанд, 22,1 ҳазор нафарро ташкил додаанд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон меафзояд, ки аз ҷамъи шаҳрвандони хориҷие, ки барои сайёҳат дар ин давраи ҳисоботӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, 244 ҳазор нафари онҳоро шаҳрвандони давлатҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, айни замони дар Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад, ки 49 адади онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 41-то дар вилояти Суғд, 18 адад дар вилояти Хатлон, 116 адад дар шаҳри Душанбе ва 18 ширкати сайёҳӣ низ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ амал мекунанд.

Имзои санадҳои ҳамкорӣ байни Додситониҳои кулли Тоҷикистону Русия

0

Рӯзи 26-уми июли соли ҷорӣ байни Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Русия санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва истирдоди шаҳрвандон то солҳои 2024 ва 2025 ба имзо расид.

Акс аз сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон

Тавре маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, зимни сафари Краснов Игор додситони кулли Русия ба Тоҷикистон рӯзҳои 25 ва 26-уми июли соли ҷорӣ ва мулоқот бо Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон санадҳои ҳамкорие ба имзо расид.

Дар хабари Додситонӣ гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният дар самти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳон, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории идеологияҳои гуногуни динӣ- родикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд баррасӣ намуданд.“

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар самтҳои “тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, масъалаҳои истирдод ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа” мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Игор Краснов дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми июл гуфт, ки Додситонии кулли Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Русия ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, пеш аз имзои ин санадҳои ҳамкории нав байни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи амният ва боздошту истирдоди тоҷикистониён ҳамкории зич вуҷуд дошт. Ба назари онҳо, аз ин ба баъд Тоҷикистон боздошти шаҳрвандони худро, ки каме дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтаранд, бо иттиҳоми “наҳзатӣ” ва ё дигар гурӯҳҳои мамнуъ будан бештар хоҳад кард.

Камбуди 382 мошини ёрии таъҷилии тибби дар Тоҷикистон

0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои тиббӣ 382 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ намерасад.

Имрӯз, 27-уми июли соли 2022, Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар посух ба хабарнигорон гуфт, айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 748 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 160 адади онҳо таъмирталаб ҳастанд.

Ба қавли Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 588 мошини ёрии таъҷилие, ки дар муассисаҳои тиббии кишвар хидматрасонӣ мекунанд, 58% талаботи кишварро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати аз таъмир хориҷ шудани 160 адади дигари онҳо боз ҳам 382 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ намерасад.

Ба таъкиди Ҷамолиддин Абдуллозода, “имрӯз агар дар Тоҷикистон 10 миллион аҳолӣ вуҷуд дошта бошад, бояд як миллион мошини ёрии таъҷилӣ хидматрасонӣ кунад.”

Гуфтанист, раҳбарияти Вазорати тандурустӣ умедвора аст, ки агар мисли ду соли гузашта, ки 196 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии кишвар тақсим карда шуд, ин раванд дар солҳои оянда низ идома ёбад, мушкили норасоии мошинҳои ёрии таъҷилӣ бартараф хоҳад шуд.

Норасоии 4300 табиб ва ҳамшираҳои тиб дар Тоҷикистон

0

Вазорти тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни замон дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ 4300 нафар табиб ва ҳамшираҳои тиб намерасад, вале ин мушкил ҳалшаванда аст.

Имрӯз, 27-уми июли соли 2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотиаш гуфт, айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 2960 табиб ва 1340 ҳамшираҳои тиб намерасад.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода дар соли ҷорӣ 2188 нафар донишгоҳҳои давлатии тиббӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаанд ва онҳо тибқи роҳхат ба кор фиристода мешаванд.

Инчунин дар ҳамин сол аз ҷамъи 14615 нафаре, ки колеҷҳои тиббиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ хатам кардаанд, 3466 нафари онҳо ба таври буҷавӣ дар колеҷҳо дарс хондаанд. Агар инҳо тибқи роҳхат ба муассисаҳои дар онҳо кормандони миёнаи тиб намерасад, бираванд, мушкили норасоии ҳамшераҳои тиб бартараф мегардад.  

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бораи иллатҳои муҳоҷирати табибон аз Тоҷикистон гуфт, ки таҳияи барномаҳои махсуси кишварҳои ҳамсоя, додани имтиёзҳо, такмили ихтисос ва ғайра аз омилҳои асосии муҳоҷирати табибон аст.

Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид кард, ки Вазорати тандурустӣ омори дақиқеро дар ин хусус надорад, то муайян кунад, ки тамоми кормандони тиббие, ки Тоҷикистонро тарк карда, муҳоҷир шудаанд, ҳама барои кор дар муассисаҳои тиббӣ рафтаанд ё қисме аз онҳо ба корҳои дигаре низ машғул ҳастнад.

Гуфта мешавад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳоле норасонии 4300 нафар кормандони соҳаи тиб дар муассисаҳои тиббии кишварро як амри маъмулӣ медонад, ки чанд рӯзе пеш сардори Раёсати тандурустии вилоят Хатлон гуфта буд, ки “дар вилояти Хатлон як табиб аст, ки сӯхтагиҳоро табобат мекунад.”

Вокуниши раиси ҲНИТ ба изҳороти ахири додситони кулли Русия

0

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо навиштае дар Твиттер ба изҳороти ахири додситони кулли Русия дар мавриди “террористӣ хондани ҲНИТ” вокуниш кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо нашри паёми кӯтоҳе дар Твиттер гуфтааст:

“Русия ҳамчун кафили раванди сулҳи тоҷикон бо террористӣ хондани ҲНИТ – як тарафи сулҳ, иштибоҳ мекунад. Ин иқдом метавонад ба ифротишавии гурӯҳҳои муътадил, афзоиши руҳияи зидирусиягӣ ва аз байн бурдани эътимод ба гуфтушунид ва роҳҳалҳои мусолаҳатомези мушкилоти Тоҷикистон анҷомад.”

Ду рӯз пеш Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни як сафари корӣ ба Тоҷикистон, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Додситонии кулли Федератсияи Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Русия ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар дохили кишвар аз соли 2015 мамнуъ эълон акарда, раҳбарони сатҳи болоии ҳизбро аз ҳукми абад то солҳои дароз зиндонӣ кард. Аз он замон то ҳоло, бо вуҷуди талоши зиёди мақомоти тоҷик, ҳеч кишваре ҲНИТ-ро ҳамчун гурӯҳи “террористӣ” эътироф накарда буд.

Боздошти як тоҷик дар Русия бо гумони куштори бераҳмона

0

Як ҷавони 27-солаи тоҷик дар шаҳри Новосибирски Русия бо гумони куштани як ҷавондухтари 17-сола боздошт шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, шоми сешанбе ин ҷавони тоҷик бар асари рашк духтари 17-соларо дар кӯча дастикам бо 15 зарби корд куштааст. Ва ҷасади духтар бо захмҳои зиёди корд шоми сешанбе дар кӯчаи Лесочная дар ноҳияи Советскии Новосибирск пайдо карданд.

Куштор дар навори сабти як мошини роҳгузар сабт шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст. Дар он навор ба вузуҳ дида мешавад, ки марди муҳоҷим дар даст корд дорад ва дар кӯча аз паси ҷавондухтар медавад ва ӯро ба замин меандозаду бо корд чанд зарба мезанад.

Пулиси минтақавӣ дар шарҳи ин қазия мегӯяд, “муноқиша шоми сешанбе бар асари рашк сар зада, дар аввал байни гумонбар ва ҷабрдида муноқишаи лафзӣ рух медҳад. Сипас  ҷавони 27-сола бо корд ба духтар ҳуҷум карда, дастикам дар бадани ӯ 15 зарба мезанад, ки ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар ин робита ба гумони куштор парванда боз шуда, таҳқиқот идома дорад.”

Гумонбар пас аз ҳодиса фирор мекунад, вале пулис ӯро аз ноҳияи Ленин боздошт кард. Ба гуфтаи пулиси маҳаллӣ, боздошшуда қасди тарки Русияро доштааст.

Mash Siberia дар телеграм-канали худ хабар дода, ки “ҳамлаи дирӯза ба духтари 17-сола дар Новосибирск аввалин ҳодисаи Хушнуд нест. Қаблан ӯро барои содир кардани ҷинояти мушобеҳ муҳокима мекарданд – он вақт ҷабрдидаро раҳгузарон наҷот дода буданд.”

Ба иттилои манбаъ, ҷавони боздоштшудаи тоҷик Ҳамроев Хушнуд ном дошта, борҳо дар кӯчаҳо ба ҷони духтар таҳдид карда ва ҳатто боре чанд корд ҳам задааст, ки духтар дар беморхона бистарӣ шудааст. Ва соли 2020 бо гумони таҳдид ба куштор ба ҷони ин духтар боздошт ва ба муддати як сол маҳкум шуда буд.

Гуфта мешавад, ҷавон дар аввал духтарро дӯст дошта, аз ӯ хостгорӣ намудааст, вале ӯ дархости ҷавонро рад кард. Сипас Хушнуд аз пайи ҷони духтар афтода ва шоми дирӯз ӯро куштааст.